14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 409

Боздошти як ҳамкори Иззат Амон дар Русия

0

Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда ва эҳтимол ба Душанбе истирдод мешавад.

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ 

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, Эмомалӣ Холови 30-сола, ки дар гузашта дар “Маркази тоҷикон” ба ҳайси ихтиёрӣ кор мекард ва ба муҳоҷирон кумак мерасонд. Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара аз моҳи марти соли 2021 ӯро ба гумони “тундгароӣ” дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

Пайвандон ва наздикони Холов мегӯянд, кормандони пулис ӯро рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченскийи вилояти Курски Русия дастгир кардаанд. Беш аз як моҳ мешавад, ки Эмомалӣ дар боздоштгоҳ қарор дорад ва то ҳол ояндаи ӯ маълум нест.

Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки чанд фарзандашон шаҳрвандии Русияро доранд ва аз номи онҳо ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат мекунанд, то ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.

Ба гуфтаи хонум Боймуҳаммедова шавҳараш ҳеч гуноҳ накардааст, танҳо ба муҳоҷирон ёрӣ додааст. Пайвандони вай меафзоянд, дар сурати истирдоди Эмомалӣ ба Душанбе, ӯро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Ин бори аввал нест, ки аз фишору боздошти ҳамкорони Иззат Амон хабарҳо нашр мешавад. Пештар Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон, дар Русия дастгир шуда буд ва Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохта, дар умум ба муҳлати 15 сол равонаи зиндонаш карданд.

Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Толибон дар Балхоб ба “қатлҳои саҳроӣ” муттаҳам шуданд

0

Созмони афви байналмилал Толибонро дар Балхоби Сари пули Афғонистон ба анҷоми “қатлҳои саҳроӣ” муттаҳам карда, вале Толибон ин иттиҳомро рад мекунад.

Созмони афви байналмилал бо нашри баёнияе дар саҳфаи Тввитриаш мегӯяд, “аз гузоришҳои марбут ба эъдомҳои саҳроӣ ва осеб дидани мардуми осоишта дар вулусволии Балхоби вилояти Сарипул башиддат нигарон аст.”

Ин созмон ҳар ду тарафи ҷангро ба риояи қонунҳои ҷангӣ даъват карда, гуфтааст, “ба аҳолии осоишта ва моликияти ҷамъиятӣ осеб нарасонанд” ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ хостааст, ки аз муҷозотҳои оммавӣ чашмпӯшӣ накарда, барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар талош кунанд.

Аммо дар вокуниш ба он Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин иттиҳоми Созмони афви байналмилалро “беасос” хонда, гуфтааст: “Ҳеч талафот ва зиёни мулкӣ дар Балхоби Сари пул надорем.”

Сухнагӯи Толибон Созмони афви байналмилалро ба ироа карда натавонистани “маълумоти дуруст аз минтақа” муттаҳам карда, таъкид мекунад, “намедонем ин созмон рӯи кадом асноди мувассақ чунин иддао дорад?!!”

Аз сӯи дигар Муҳаммади Муҳаққиқ, яке аз раҳаброни ҳазораҳои Афғонистон, ки айни замон дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебарад, дар суҳбат ба VAO NEWS гуфтааст, ки дар ҷангҳои ахир байни нерӯҳои Толибон ва пайравони мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид ҳудуди 50 нафар кушта шудааст, ки 20 тани онҳо афроди низомӣ ва ҳудуди 30 каси дигар мардуми мулкӣ будаанд.

Ҷанги Толибон дар вулусволии Балхоби вилояти Сари пули Афғонистон бо мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, яке аз собиқ фармондеҳони Аморати исломӣ тайи чор рӯзи ахир шиддат гирифтааст.

Маҳдӣ Муҷоҳид аз ҳазораҳои Афғонистон аст ва иллати истодагарии худро ҳақталабӣ барои ҳамқавмони худаш дар низоми идории Аморати исломӣ мегӯяд, вале Толибон ӯ ва нерӯҳояшро “боғӣ” ҳукм карда, алайҳи онҳо эълони ҷанг кардаанд.

Гуфта мешавад, пас аз шиддат гирифтани ҷанг байни нерӯҳои Толибон бо нерӯҳои Маҳдӣ Муҳоҷид ҳазорҳо нафар барои ҳифзи ҷони худ хонаҳои худро тарк карда, ба ҷойҳои амн, аз он ҷумла ба баландкӯҳҳои атрофи Балхоб панаҳ бурдаанд.

Путин ба Тоҷикистон меравад

0

Президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ озими шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Имрӯз, 28-уми июни соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки  Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст дар ин сафар сарони Тоҷистону Русия бо ҳам мулоқот карда, дар бораи бархе “масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангию гуманитарӣ” табодули назар кунанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ин дидор “дар чаҳорчӯби муҳокимаи масоили амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳи махсусро ба вазъи марзи байни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир хоҳанд кард.”

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ ин нахустин сафари хориҷии Президенти Русия аст, ки анҷом мешавад. Ва тибқи барномаи сафар Путин пас аз дидору мулоқот бо Президенти Тоҷикистон барои мулоқот бо Президенти Туркманистон озими Ашқобод хоҳад шуд.

Боздошти модар ва бародари журналист Анора Саркорова

0

Мақомоти Тоҷикистон модар ва бародари хонум Анора Саркорова, журналисти шинохтаи тоҷикро аз хона боздошт карда ва бо худ бурданд.

Субҳи имрӯз, 27-уми июни соли 2022 журналисти шинохта Анора Саркорова дар саҳфаи

Хонум Анора Саркорова бо интиқод аз ин тарзи бархӯрди мақомоти Тоҷикистон, ки онро “адалти тоҷикӣ” хондааст, меафзояд: “Дар Тоҷикистон падар барои писар посух медиҳад, модар барои духтар ва бародар барои хоҳар.”

Вай таъкид мекунад, ки мақомоти Тоҷикистон бо роҳи фишороварӣ мехоҳанд ҳама дар кишвар хомӯш бошанд ва касе дар бораи қонунвайронкуниҳои оммавӣ ва нақзи ҳуқуқи инсонҳо гап назанад.

Аз сӯи дигар боздошти модар ва бародари хонум Анора Саркорова бо бархе вокунишҳои тунде ҳам аз ҷониби бархе мувофиқони ҳукумат ва ҳам аз сӯи бархе мухолифони он рӯбарӯ шудааст. Мувофиқони ҳукумат ӯро муттаҳам мекунанд, ки ба хотири “реклама”-и худ модарашро қурбонӣ кардаасту мухолифони ҳукумат бошанд, ин амали мақомотро хилофи қонун ва арзишҳои милливу инсонӣ қаламдод карда, мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов “дарахти қудрати худро бо ашки модарону хуни писарони онҳо обёрӣ мекунанд.”  

Гуфта мешавад, хонум Анора Саркорова ва шавҳараш Рустами Ҷонӣ ҳар ду зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, ва тайи ҳашт моҳи ахир, ки вазъияти ҳуқуқи инсон дар ин вилоят буҳронӣ шудааст, аз хориҷ истода фаъолона дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум ҳимоят ва аз рафторҳои ғайриқонунии мақомот интиқод мекунанд. Ин интиқодҳои онҳо боис шудааст, ки наздикону пайвандонашон дар Тоҷикистон мавриди шиканҷаҳои равонӣ ва боздошту бозпурсиҳои мухталиф қарор бигиранд.

Толибон: Тоҷикистон дар мавриди қабули чархболҳо “тасмими ҳушёрона” бигирад

0

Бархе коршиносони мансуб ба Толибон мегӯянд, ки Амрико мехоҳад Тоҷикистону Ӯзбекистонро мисли Эрону Покистон бо Афғонистон даргир кунад ва байни онҳо тухми ниқофро бикорад.

Бархе огоҳони умури низомии Афғонистон ба мисли Носир Ҳаққонӣ ва Азиз Истоникзай аз Кобул мегӯянд, ки Тоҷикистон дар бораи вогузории қисме аз чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии Афғонистон аз “тасмимҳои ҳушёрона” кор бигирад.

Ин коршиносони Афғонистон эҳтимол ба намояндагӣ аз Толибон дар расонаҳо суҳбат мекунанд, таъкид доранд, ки дар ҳоли ҳозир Ҳукумати Аморати исломӣ дар бораи таҳвил гирифтани чархболҳои низомии Афғонистон аз Тоҷикистону Ӯзекистон аз “диплумосии нармӣ сиёсӣ” кор мегирад, вале агар рӯзе расад, ки забони ин диплумосӣ тағйир кунад, дар зарфи 24 соат вазъият дигар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи онҳо, таёраҳо ва чархболҳои низомие, ки аз ҷониби Амрико ба ҳукумати пешини Афғонистон дода шуда буд, тибқи қонунҳои байналмилалӣ фарқе намекунад, ки давлатро кӣ ва ё кудом гурӯҳе идора мекунад, ҳамаи онҳо моликияти тамоми афғонистониҳо мебошанд.

Носир Ҳаққонӣ ҳам мегӯяд, “Тоҷикистон ҳам агар ҳол ин таёраҳоро аз Амрико қабулаш бикунад, локин дар оянда ҳеч гоҳ афғонҳо ё ҳукумати Афғонистон, ки агар ӯ Аморати исломӣ бошад ё дигар ҳукумат бошад, фаромӯшашон намекунад ва ҳаққи худро аз он талаб карда мегиранд.”

Ин коршиносон таъкид мекунанд, ки қисме аз мардуми Афғонистон тавассути ҳамин таёраҳо ва чархболҳое, ки айни замон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд, кушта шуданд, хонаҳояшон вайрон карда шуд ва мулкашон мавриди бобмбарон қарор гирифта буд, акнун, ки ҳукумат тағйир кардааст, бояд ба Афғонистон баргардонида шаванд.

Пеш аз ин хабаргузории Reuters  иттилоъ дода буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад, ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Афғонистонро ба Тоҷикистон вогузор кунад.

Гуфта мешавад, ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ аз ҷониби Амрико ба нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳадя шуда буд ва рӯзи суқути Кобул ба дасти Толибон, бархе халабонҳои афғонистонӣ бо ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карда буданд.

Толибон ҳам дар муддати беш аз даҳ моҳи раҳбарии дар Афғонистон борҳо аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дархости бозгардонидани ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро карданд, вале Тошканду Душанбе ба дархостҳои онҳо ҷавоби рад дода буданд.

Аммо акунун, ки Амрико масъалаи таҳвили бархе аз ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои низомии артиши пешини Афғонистон ба Тоҷикистонро матраҳ кардаа мегӯяд ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳоро ба Толибон, ки ҳукумати Афғонистонро дар даст доранд, бозпас намедиҳад.

Боз як тоҷик дар Украина кушта шуд

0

Бар асари ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина шаҳрванди Тоҷикистон Измиддин Зайниддинови 38-сола кушта шудааст.

Акс аз Радиои Озодӣ

Дирӯз 23-юми июни соли 2022, ҷасади Зайниддиновро аз зери харобаҳои қаҳвахонае дар ин шаҳр пайдо карда, дар яке аз қабристонҳои Харков ба хок супурдаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари марги Измиддин Зайниддинови 38-соларо тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ӯ ду сол пеш аз Русия барои кор ба Украина омада буд ва корҳои гуногунро иҷро мекард.

Гуфта мешавад, қаҳвахонае, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар он буд, дар канори роҳ ҷойгир будааст. Тавре маълум гардид, Измиддин зодаи ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, зан ва ду фарзанд доштааст.

Гуфта мешавад, 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия бо раҳбарии Владимир Путин ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро оғоз кард ва то кунун ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Дар натиҷа ин ҳамлаҳои Русия, беш аз 8 миллион нафар дар ин кишвар муҳоҷир, ҳазорҳо нафар куштаву ҳазорҳо каси дигар захмӣ ва ба ин монанд ҳазорҳо каси дигар боздошт шудаанд. Дар миёни захмиён ва кушта шудаҳо аз ҳарду ҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо омори дақиқи онҳо вуҷуд надорад.

Дувумин заминҷунбӣ дар Пактико низ қурбонӣ дошт

0

Вилояти Пактикои Афғонистон субҳи имрӯз низ шоҳиди як заминларзаи дигар буд, ки дар натиҷа зиёда аз 15 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ба иттилои бархе расонаҳои Афғонистон, субҳи имрӯз, 24-уми июни соли 2022, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ дар вулусволии Гиёни вилояти Пактикои Афғонистон як заминҷунбии дигаре ба қайд гирифта шудааст.

Аҳмадуллоҳ Васиқ, яке аз сухангӯёни Толибон дар Афғонистон дар саҳфаи Тввитриаш хабар додааст, ки дар натиҷаи ин заминҷунбӣ 5 нафар кушта ва дасти кам 11 каси дигар ҳам ҷароҳат бардоштааст.

Гуфта мешавад, ин заминларза дар ҳоле рух додааст, ки ду рӯз пеш, шаби 22-уми июни соли ҷорӣ дар ин вилояти Афғонистон заминҷунбии шадиде ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа дасти кам 1500 нафар кушта ва беш аз 2000 каси дигар захмӣ шуданд ва инчунин ҳазорҳо каси дигар хонаву дар ва дороиҳои худро аз даст доданд.

Номзадии узвияти Украина ва Молдова дар ИА пазируфта шуд

0

Украина ва Молдова пас аз талошҳои зиёд тавонистанд, ки номзадии узвияти худ дар Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро ба даст оранд.

Ба гузориши хабаргузории “Садои Олмон“, 23-уми июни соли 2022 сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар нишасти “торихӣ”-е дар Брюссел ба пазируфтани Украина ва Молдова ба унвони номзад ба мақоми узвият дар Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ карданд.

Ҳафтае пеш раҳбарони чор кишвари аврупоӣ, аз он ҷумла Олмону Итолия ва Фаронса ба Украина сафар карда, дар Киев гуфта буданд, ки дар нишасти қарибулвуи Иттиҳоди Аврупо номзадии Украинаро барои дарёфти номзадӣ дар ин созмон ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дарёфти номзадӣ ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз оғози кор барои расидан ба дарёфти узви комилҳуқуқҳи ин иттиҳодия аст. Ва ба гуфтаи ББС, аммо ҳеч замонате барои таъйиди узвияти Украина вуҷуд надорад ва мумкин аст (ин амр) солҳо тӯл бикашад.

Пеш аз ин Туркия низ дар соли 1999 мақоми номзадӣ дар Иттиҳоди Аврупоро дарёфт карда буд ва бо гузашти 23 сол то ҳол натавонистааст, ки ба таври комил ба созмон бипайвандад.

Инчунин кишварҳои ҳавзаи Булқон, бахусус Мақдунияи Шимолӣ ва Албания, ки солҳост номзадии ин иттиҳодияро ба даст овардаанд ва дар роҳ нишебу фарозҳои зиёдеро барои дарёфти узвияти комил паси сар кардаанд, дар нишасти дирӯз баҳси пазироии онҳо бенатиҷа анҷом шуд.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо барои пазируфтани аъзои ҷадиди худ шартҳои зиёдеро пеши рӯи онҳоро мегузорад, ки муҳимтарини онҳо риоия ҳуқуқи башар, ислоҳоти ҷомеъ дар қонунгузориҳо, низоми судӣ ва гумрукӣ ва иқтисодӣ аст.

Баррасии масоили Афғонистон байни Тоҷикистону Эрон

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Президенти Эрон дар умури Афғонистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 23-ум июни соли 2022, Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон дар раъси як ҳайъати эронӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот “вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак”-ро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, заминларзаи ахири Афғонистон, ки зиёда аз 3500 нафар кушта ва захмӣ дошта, ҳазорон каси дигарро бехонаву дар кардааст, имрӯзҳо ҳамсояҳои Афғонистонро барои кумак кардан ба зарардигони ин ҳодиса бештар муттаҳид кардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз аввалин кишварҳое буд, ки кумакҳои худро дар ҳавопайво ба оседидагони ин заминларза расонд ва як чархболи низомии кумакрасони Тоҷикистон низ дар аввалин соатҳои рӯзи 22-уми июни соли ҷорӣ дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт.

Тоҷикистон дар раддбандии FIFA 6 зина боло рафт

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро баъд аз бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар раддабандии нави “FIFA” беҳтар кардааст.

Имрӯз 23-юми июни соли 2022 дар раддабандии нави “FIFA” дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз зинаи 114-ум ба зинаи 108-ум боло баромад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт  дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб карда, бори аввал дар таърих ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистон бо тимҳои Қирғизистон (0:0), Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) бозӣ карда, бо ба даст овардани 7 хол мақоми якумро дар гурӯҳи “F” касб карда буд.

Дар рейтинги ҷаҳонии “FIFA” дар панҷгонаи беҳтаринҳо Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия қарор доранд.

Эрон дар миёни тимҳои осиёӣ дар ҷои аввал қарор дошта, Ҷопон дар мақоми дуввум, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Қатар дар ҷойҳои баъдӣ қарор доранд.

Дастаҳои мунтахаби футболи Узбекистон дар мақоми 77-ум, Қирғизистон мақоми 95-ум ва Туркманистон дар ҷои 135-ум қарор доранд.