Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 52,2 дарсади ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил додааст.
Тибқи оморҳои расмӣ, дар моҳҳои январ-майи соли 2022 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ 1 миллиарду 429 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин дарвраи як соли қабл 31% ё 338,3 миллион доллар бештар аст.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ 329,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта 1,7 баробар афзоиш ёфтааст. Аммо ҳаҷми воридоти маҳсулот аз кишварҳои ИДМ нисбат ба содирот 770,3 млн доллар бештар буда, дар маҷмуъ 1 млрду 99,6 миллион долларро ташкил додааст.
Гуфтанист, дар умум, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дода, 1,8 млрди он ба воридот ва 848,2 миллион доллар ба содирот рост меояд.
Нишасти олимони дини Афғонистон ва ё лӯи ҷиргаи дарунии Толибон бо ҳузури даҳҳо тан аз донишмандони мазҳабӣ фардо дар Кобул баргузор хоҳад шуд.
Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки панҷшанбеи 30-юми июни соли 2022, нишасти олимони дин ва ё “лӯи ҷирга”-и ин кишвар барои самту сӯ додани сиёсат бо раҳбарии Толибон дар шаҳри Кобули Афғонистон баргузор мегардад.
Хабаргузории Бохтар ҳам иттилоъ дода, ки Муҳаммад Карим Халил, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ва собиқ муовини президенти ин кишвар дар замони раҳбарии Ҳомид Карзай дар вокуниш ба баргузории ин нишаст онро як “ҷиргаи даруни аморатӣ” хонда, аз Толибон хостааст, ки “ба манзури касби машруъияти миллӣ ва байналмилалӣ ба шакли маънодор вориди гуфтугӯи сулҳи байналафғонӣ шаванд.”
Аз сӯи дигар Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон шохаи Салоҳуддин Рабонӣ низ бо нашри як эъломия дар пайванд ба баргузории нишасти олимон онро намоишӣ ва фармоишӣ тавсиф карда гуфтааст, баргузории чунин нишастҳо “буҳрон ва намоиши худкомагиро бештар ба дарозо мекашонад.”
Ба гуфтаи ББС, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба рӯзи 30-юми апрели соли ҷорӣ дар бораи баргузории чунин нишасте хабар дода буд, гуфта буд, “мо ҳанӯз номе бар он намегузорем, ки номаш чӣ хоҳад буд, вале як маҷмаи афғонҳо ҷӯр (тартиб) хоҳад шуд ва болои масоил баҳс хоҳад кард.”
Пас аз он Шаҳобуддин Диловар, сарпарасти Вазорати маодин ва петрулюми ҳукумати муваққати Толибон онро “лӯи ҷирга” гуфта, эълон карда буд, ки “ин ҷирга бо мушорикати милли тамоми афғонҳо, бавежа чеҳраҳои таъсиргузор дар сулҳ баргузор хоҳад шуд.”
Аммо ахиран хабаргузории “Тасним“-и Эрон дар истинод ба қавли яке аз баргузоркунандагон ин нишаст номи онро “лӯи ҷирга” на, балки “гирдиҳамои бузурги уламои дин”-и Афғонистон гуфтааст.
Дар назар аст дар ин нишаст аз ҳар шаҳристоне се нафарӣ, ки ду тани онҳоро олимони дине, ки аз Толибон ҳимоят мекунанд, ва як нафари дигар ҳам аз раҳбарони қавмӣ барои ширкат дар ин нишаст даъват шудаанд.
Ҳомид Карзай, Президенти пешини Афғонистон, ки барои машруиятбахшӣ дар дохил ва хориҷ аз Афғонистон барои Толибон лоббигарӣ мекунад, чанд моҳ пеш тарҳи баргузории “лӯи ҷиргар”-ро пешниҳод карда буд, вале Толибон мегӯянд, ки пас аз нишастҳои Толибон дар Чин ба ин натиҷа расидаанд, ки ин нишастро баргузор кунанд.
Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба рӯзи 15-уми августи соли 2021 беш аз даҳ моҳ гузашта, вале то кунун ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро дар Кобул ба расмият нашинохтааст ва баргузории ин нишасти намодин ҳам яке аз талошҳои дигари онҳост, то касе дар дунё онҳоро эътироф кунад.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода, ки субҳи имрӯз, 29-уми июни соли 2022, сафари кории Владимир Путин, Президенти Русия дар Тоҷикистон ба поён расида, Душанберо ба мақсади Ашқобод тарк кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон ҳамтои русиаш Владимир Путинро, ки “бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт”, гусел кардааст.
Владимир Путин асри дирӯз, 28-уми июни соли ҷорӣ бо анҷоми як “сафари корӣ” вориди Душанбе гардида, бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва сипас ҳар ду пушти дарҳои баста чанд соате ҳам гуфтугӯ карданд.
Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин “вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд.”
Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироӣ аз Владимир Путин бо баргузории “Шоми дӯстӣ” даҳҳо тон меваву сабзавоти тару хушкро дар бустонсарои ҳукуматӣ ба намоиш гузошт ва интишори аксу наворҳои ин меҳмондори пурхарҷ хашми корбаронро ба вуҷуд овард.
Путин дар Тоҷикистон пушти дарҳои баста бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи интиқоли қудрат аз падар бо писар суҳбат хоҳанд кард.
Субҳи имрӯз, 28-уми июни соли 2022
Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабар дар бораи сафари Президенти Русия ба Тоҷикистон бархе аз ин мавзӯъҳоро ишора карда гуфта, ки дар назар аст дар ин сафар сарони Тоҷистону Русия дар бораи бархе “масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангию гуманитарӣ” табодули назар кунанд.
Дар ин раванд кишварҳои ғарбӣ ва бархе муттаҳидони онҳо алайҳи Русия ва тоҷирону сармоядорони наздик ба Путин таҳримҳои зиёдеро ҷорӣ карда, дар ҳоли ҳозир Маскав ва “олигарх”-ҳои наздик ба Кремлин зери фишорҳои сангин қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ ин нахустин сафари хориҷии Президенти Русия аст, ки анҷом мешавад. Ва тибқи барномаи сафар Путин пас аз дидору мулоқот бо Президенти Тоҷикистон барои мулоқот бо Президенти Туркманистон озими Ашқобод ва сипас ба Минск хоҳад рафт.