13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 410

Сӯиистифодаи муфаттишони парвандаҳои Далеру Абдулло

0

Муфатташини парвандаҳои рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ бо сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ ба наздикони онҳо иҷозати мулоқот намедиҳанд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, бо гузашти як ҳафта аз замони боздошти рӯзноманигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ то ҳол пайвандони онҳо натавонистаанд, ки бо азизонашон дидор ва мулоқот кунанд.

Ин расона дар истинод ба қавли наздикону пайвандони онҳо навишатааст, ки азизони Далеру Абдулло ҳар рӯз ба хотири дидорбинӣ бо онҳо назди боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мераванд, вале муфаттишон ба онҳо иҷозат намедиҳанд, то даромада аз аҳволи онҳо бо хабар шаванд.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва вакили пешин гуфтааст: “Муфаттиш ҳақ надорад, барои хешу табори наздик иҷозаи вохӯрдан надиҳад. Аммо дар Тоҷикистон муфаттишон бисёртар аз ин сӯистифода мекунанд ва иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд.”

Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, бархе муфаттишон дар хеле ҳолатҳо аз ваколатҳои худ ҳадди аксари сӯиистифодаро мекунанд ва “гоҳо мешавад, ки ҳатто ба худи ҳимоятгар ҳам иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд. Дар парвандаҳои пурсарусадо онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба адвокат ҳам вохӯрӣ надиҳанд ва аз ваколатҳои худ сӯистифода мекунанд.”

15-уми июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Абдулло боздошт ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд ва бегоҳи худи ҳамон рӯз ҳамкори ӯ Абдулло Ғурбатӣ низ аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе боздошт ва сипас ҳар ду ба ҳабс гирифта шуданд.

Пеш аз ин боздошт низ Далери Имомалӣ тавассути кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Дар он вақт гуфта мешуд, ки яке аз прокурорҳои ин ноҳия, ки писари вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди раиси Суди олӣ аст, бо раво доштани зӯргӯӣ ва хушунат ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задааст. Раво доштани ин хушунат алайҳи Далери Имомалӣ мавҷе аз вокунишҳоро дар дохили кишвар ба вуҷуд оварда буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар дуи ин хабарнигори тоҷикро бар асоси бархе моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам карда, айни замон бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ҳам дирӯз, 22-уми июн бо нашри як баёни аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ҳар дуи хабарнигорон ва блогерони тоҷикро фавран озод карда, парвандаи онҳоро қатъ кунад, зеро дар кори онҳо ҳеч гуна қонуншикание дида намешавад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикитсон муфаттишони парвандаҳо аксаран дар ҳолатҳое ба наздикону пайвандони афроди боздоштшуда иҷозати мулоқот намедиҳанд, ки осори латукӯб ва шиканҷаи мақомот дар сару рӯ ва бадани боздоштшудаҳо дида шавад.

Ин амр боис шудааст, ки наздикону пайвандони ин рӯзноманигорони тоҷик низ бо диди шубҳа ва ба муфаттишони парвандаҳо ва адвокати онҳо муносибат карда, гапи онҳоро дар хусуси он, ки мегӯянд, аҳволи Далеру Абдулло хуб ҳаст, зери шубҳа бурда, мегӯянд: “Агар ҳамааш хуб бошад, пас чаро онҳоро нишон намедиҳанд?”

Болоравии қурби рублу уфти доллар дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон уфти қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ идома дошта, вале қурби рубли русӣ боло меравад.

23-юми июни соли 2022, Бонки миллии Тоҷикистон арзиши доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро поин бурда, 1 долларро баробар ба 10,58 сомонӣ таъйин кард.

Дар ҳоле, ки арзиши 1 доллари амрикоӣ як рӯз пеш баробар ба 10,60 сомонӣ ва ҳафтаи пеш он 11,01 арзиш дошт, Бонки миллӣ қурби евроро низ дар як рӯз тағйир дода, аз 11,18 сомонӣ барои 1 евро то 11,17 поин фаровард.

Бо ин вуҷуд, дар чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ боло рафта, айни замон расман арзиши ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 177,5 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон хариди 1000 рубли русиро 140-177,5 сомонӣ эълон карда, ба қимати 179-185 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Ҳамзамон дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикикистон ба фарқ аз қурби муайянкардаи БМТ 100 доллари амрикоиро бо арзиши 900-970 сомонӣ харида, онро ба қимати 985-1059 сомонӣ мефурӯшанд. Инчунин гуфта мешавад, ки дар “бозори сиёҳ” низ барои 100 доллар 1 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда, бо арзиши 1030 ё 1040 сомонӣ онро мефурӯшанд.

Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъйинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, то ҳол дар бораи омилҳои уфти доллар дар баробари сомонӣ изҳори назар накардааст.

Бо вуҷуди пойин рафтани қурби доллари амрикоӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ нархи озуқаворӣ дар Тоҷикистон боло рафта, нигаронии сокинони кишварро ба бор овардааст.

Тасаллияти Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

0

Вазорати корҳои хориҷии кишварамон ба намояндагӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Вазири корҳори хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин. Акс аз манбаъҳои боз.

Тибқи иттилои сомонаи

Гуфта мешавад, заминларзаи Афғонистон шаби 22-уми июни соли ҷорӣ дар манотиқи ҷануби шариқи ин кишвар ва қисме аз минтақаҳои ҳаммарзи Покистон бо Афғонистон рух дода, ки тибқи оморҳои ахир дар асари ин ҳодиса зиёда аз 3500 нафар кушта ва захмӣ ба ҷо гузошта ва ҳазор каси дигарро бехонаву дар кардааст.

Муҳоҷири тоҷик барои пешниҳоди пора равонаи зиндон шуд

0

Як шаҳрванди Тоҷикистон барои тағйири ному насаб дар шиноснома ва вуруди дубора ба Русия  ба муддати 4 сол равонаи зиндон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Kaluga News”, як шаҳрванди Тоҷикистон соли 2016 аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуда буд. Аммо соли 2017 дар ватани худ ӯ  ном, насаб ва номи падарашро иваз карда, соли 2020 дубора бо шиносномаи нав вориди Федератсияи Русия шудааст.

Ин муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия кору фаъолият мекарда, дар моҳи майи соли 2021 ҳангоми пешниҳоди додани пора ба маблағи 30 рубли русӣ дар шаҳри Обнинск дастгир шудааст.

Додгоҳи шаҳри Обнинск ин шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи давлатии ва пешниҳоди додани пора ба муддати чаҳор сол дар зиндони низомаш вазнин маҳкум кард. Тибқи ин қарори додгоҳ ин муҳоҷир пас аз интиҳои ҷазои муайяншуда дубора аз ин кишвар ихроҷ карда шавад.

Гуфта мешавад, иваз кардани ному насаб барои бозгашт ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон амри маъмулӣ аст. Қаблан низ чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз сабаби тағйири ному насаб дар шиноснома дар Русия боздошт шуда буданд.

Афғонистон: Беш аз 3500 кушта ва захмӣ дар заминларза

0

Оморҳои ахир аз талафоти инсонӣ дар заминларзаи Афғонистон нишон медиҳанд, ки бар асари ин ҳодиса зиёда аз 3500 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Зери акси ин пирамард ҳам навишта шудааст, ки аз як хонавода танҳо ӯ зинда мондааст.

Шабакаи “

Омори воқеии кушта шудагон, захмиҳо ва осебдидагон дар ҳоли афзоиш аст, зеро то кунун мардум ва дигар ниҳодҳои кумакрасон натавонистаанд, ки тамоми оворҳои ба ҷо монда аз ин ҳодисаро бартараф карда, теъдоди дақиқи кушта шудаҳо, захмиҳо ва ҳаҷми зарарҳои ба ҷо монда аз ин ҳодисаро пешниҳод кунанд.

Гуфта мешавад, то замони таҳияи ин гузориш дар Тоҷикистон на Эмомалӣ Раҳмон ва на Вазорати корҳои хориҷӣ то ҳол дар бораи қурбониён ва зарардидагони заминларзаи Афғонистон изҳори назар накардаанд, вале дар бархе аксу наворҳо дида мешавад, ки як чархболи кумакрасон дар маҳалли ҳодиса ҳузур дорад ва дар рӯи он бо ҳуруфи крилӣ исми Тоҷикистон навишта шудааст.

Муаррифии сафири нави Амрико дар Тоҷикистон

0

Президенти Амрико Ҷо Байден номзад ба сафири нав дар Тоҷикистонро муъарифӣ кард.

Ҷо Байден ва Мануэл П. Микаллер

22-уми июни соли 2022, Ҷо Байден Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо судури

Ҷон Марк Поммершайм

Мануэл П. Микаллер, Сафири барҳол (феълии) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершаймро иваз хоҳад кард. Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми январи соли 2019 таъин шуд ва 22 феврали соли 2019 савганд ёд карда буд.

Зиндагинома:

Мануэль П.Микаллер, хурдӣ, дипломати аршади дастгоҳи равобити хориҷӣ, ва дорои унвони вазир-мушовир мебошад.
Ҳоло ӯ ба ҳайси муовини сафири  ИМА дар Катмандуи Непал кор мекунад. пеш аз ин, Микаллер дар Сафорати ИМА дар Улан-Батор, Муғулистон муовини сардори намояндагӣ (ва кордори муваққатӣ) буд.

Микаллер инчунин дар вазифаи муовини директори Дафтари Ҳиндустон дар Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Вазорати Умури Хориҷа дар Вашингтон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи раиси шӯъбаи сиёсӣ-иқтисодии сафорати ИМА дар Тоҷикистон кор кардааст.
Вай дар корномаи дипломатии худ таҷрибаи кор дар кишварҳои Марокаш, Муғулистон, Непал ва Тоҷикистонро дорад.

Мануэль П.Микаллер, мадраки лисонси (бакалавр) худро аз  Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс ва магистерияшро дар риштаи мудирияти бозаргонӣ аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин фориғутаҳсили Донишгоҳи Дифоъи Миллӣ мебошад. Вай забонҳои русӣ, порсӣ-тоҷикиро медонад.

Афзоиши 30%-и ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон

0

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳудуди 36,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 30% бештар аст.  

Ба гузориши хабаргузори “Asia-Plus” дар истинод ба Агении омори Тоҷикистон, ҳудуди 97 дарсади ҳаҷми савдои дуҷониба дар ин давра содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Афғонистон ташкил додааст.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон иборат аз интиқоли барқ ​​боқӣ монда, семент ва баъзе навъҳои маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ аст ва тақрибан нисфи гардиши мол миёни ду кишварро пули содироти барқ ташкил медиҳад.  

Дар ҳоле аз афзоиши ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон гуфта мешавад, ки баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон то кунун расман ҳеч кившаре дар дунё ҳукумати онҳоро эътироф накардааст. Тоҷикистон низ чандин маротиба расман зидди Толибон мавқеъ гирифта буд.

Гуфта мешавад, дар давоми раҳбарии Толибон дар Афғонистон, бархилофи мавқеъгириҳои расмӣ, доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва транзитии Тоҷикистону Афғонистон, бахусус интиқоли молу колоҳои тиҷоратии мансуб ба домодҳо ва наздикону пайвандони Эмомалӣ Раҳмон ҳам нисбат ба гузашта дар ин масир афзоиш доштааст. Афғонистон дар миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар мақоми ҳаштум қарор дорад.

Дидбони ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон хост, журналистони зиндониро озод кунад

0

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар бо нашри як баёния боздошт ва зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷикро маҳкум кард ва хостори озодии онҳо шуд.

Имрӯз, 22-уми июни соли 2022, созмони

Инчунин созмони Дидабони ҳуқуқи башар латукӯби хабарнигорони Радиои Озодӣ аз он ҷумла Муллораҷаб Юсуфиро низро дар ин баёнияи худ маҳкум кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи як моҳи ахир хабару гузоришҳои зиёде дар бораи так таки ин журналистон расонаӣ шуда буд ва онҳо гуфта мешуд, ки пеш аз боздошт онҳоро таҳдиду бозпурсӣ кардаанд ва мавриди шиканҷаи мақомот қарор гирифтани онҳо, расонаӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, тайи як моҳи ахири мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳдиду фишорҳои худ алайҳои рӯзноманигорону блогнависон ва хеле аз корбарони фаолони шабакаҳои иҷтимоиро афзоиш додаанд.

Инчунин тамоми ин афроде, ки айни замон дар пушти миллаҳои зиндон ба сар мебаранд, рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷикистоние ҳастанд, ки дар хеле мавридҳо нисбат ба бархе сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон назарҳои интиқодӣ доранд ва акнун пеш аз дигарон худи онҳо қурбонии дидгоҳои интиқодӣ ва фошгӯиҳояшон гардидаанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷермӣ Вейр

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо роҳбари ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария Ҷеремӣ Вейр мулоқот кард.

Имрӯз, 22-уми июни соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Қасри миллат раҳбари ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария-ро ба ҳузур пазируфт.

Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти президент, “Эмомалӣ Раҳомн вохӯрии имрӯзаро имкони хуби муҳокимаи масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, тиҷорати мол ва логистикаи марбут ба он арзёбӣ карданд.”

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар барои ҳамкорӣ байни ширкати  “Трафигура Групп”-и Швейтсария ва ширкатҳои тоҷикистонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, Корхонаи Муштараки “Зарафшон”, Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Талко Голд” гуфтугӯ карданд.

Инчунин, тарафҳо дар бораи “коркарди маъданҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро низ суҳбат карданд.

Гуфта мешавад, “дар вохӯрӣ ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нерӯи барқ ва манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот табодули андеша карданд.”

Афзоиши талафоти ҷонии заминларзаи Афғонистон

0

Оморҳои охир аз Афғонистон ҳокӣ аз онанд, ки теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи шаби гузашта дар шарқи ин кишвар ҳудуди як  ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мавлавӣ Шарафуддин Муслим, муовини вазири умури дохилии ҳукумати Толибон дар умури ҳаводиси табиъӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, дар заминларзаи шаби гузашта дар чанд вилоят 920 нафар кушта ва 610 нафар захмӣ шудаанд.

Аммо пойгоҳи иттилоърасонии Лента дня дар Телеграм дар бораи теъдоди ҷонбохтагони ин ҳодиса дар Афғонистон гуфтааст, 1150 нафар кушта ва 810 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Пеш аз ин хабаргузории “Бохтар”-и Афғонистон бо нашри гузорише дар ин бора иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи заминларзаи шаби гузашта дар вилоятҳои Пактико ва Хуст беш аз 280 нафар кушта ва зиёда аз 600 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.”

Бар асоси маълумоти идораи зилзиласанҷии Амрико шиддати ин заминларза ба миқёси рихтер 6,1 балро ташкил дода, маркази он вилояти Хуст будааст. Таконҳои ин заминҷунбӣ дар минтақаҳои ҳамҷивор аз он ҷумла дар Кобул ва бархе ноҳияҳои наздисарҳадии Покистон низ эҳсос шудааст.

Гуфта мешавад, шаби гузашта дар шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд ва шиддати ин ҳодиса он қадр такондиҳанда буд, ки дар манотиқи ҳамҷивор дар хоки Афғонистон ва Покистон ҳам мардум онро эҳсос карданд.