14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 422

Бенишон шудани зодагони Бадахшон дар Фурӯдгоҳи Душанбе

0

27-уми майи соли ҷорӣ чанд тан аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз Маскав ба Душанбе баргаштаанд, пас аз расидан дар фурӯдгоҳ бе нишон шуданд.

Pamir Daily News, ки бештар хабарҳо ва ҳодисаҳои Бадахшонро пӯшиш медиҳад, менависад, ки аксари онҳо сокинони Хоруғ ва Роштқалъа мебошанд.

“Онҳо бори охир аз фурӯдгоҳи Душанбе дар тамос шуда, хабар доданд, ки ҳамаи мардони каму беш қавиро дар фурӯдгоҳ боздошт карда, ба самти номаълум бурда истодаанд”, –  менависад Pamir Daily дар истинод ба манбааш.

Инчунин дар нуқтаҳои марзӣ бо Узбекистон ва дар фурӯдгоҳи Душанбе аз мавҷудияти рӯйхати муайяни сокинони ВМКБ хабар дода мешавад.

Бино ба қавли як манбае, ки чанд рӯзи пеш аз марзи заминӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, дар нуқтаҳои марзбонии кишвар рӯйхати ягонаи номгӯи сокинони Бадахшон тартиб дода шудааст. “Агар шиносномаат аз ВМКБ дода шуда бошад, онҳо маълумотро аз рӯйхати тартибдодашуда барои сокинони ин вилоят тафтиш мекунанд ва танҳо пас аз тафтиш барои убури сарҳади давлатӣ иҷозат медиҳанд”, мегӯяд манбаъ.

Тафсилоти ин хабар пас аз пайдо шудани маълумоти бештар такмил мешавад.

Боздошти чанде аз аъзои “Комиссияи 44” дар Бадахшон

0

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз даҳ узви “Комиссияи 44” аз ҷониби мақомот бозпурсиву боздошт шудаанд. Дар ин бора Pamir Daily News хабар медиҳад.

Яке аз боздоштшудагон Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси ҷавоне, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзадиашро гузошта буд ва инчунин Музаффар Муборакшоев, Манучеҳр Холиқназаров ва дигарон мебошанд.

То ҳол мақомоти кишвар расман сабаби бозпурсиву боздошти ин фаъолонро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар истинод ба манбааш хабар додааст, ки рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ беш аз даҳ узви “Комиссияи 44” ба додситонӣ даъват шуда, “баъди бозпурсӣ дар бораи дарёфти пул аз хориҷа” ба боздоштгоҳ бурда шудаанд”, ки дар байнашон ҳуқуқдон Фаромуз Иргашев низ вуҷуд дорад.

Як узви “Комиссияи 44” бо шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, “тақрибан 13 нафар боздошт шудаанд, ки бархе аз онҳо аъзои гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои моҳи ноябр ҳастанд ва маълум нест, ки алайҳи онҳо парванда боз шудааст ё на”.

Дар идома ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтааст:

“дар гузашта муҳоҷирони бадахшонӣ барои фаъолияти “Комиссияи 44” ва таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ба таври расмӣ кумак карда буданд. Вале аз созмону кишварҳои хориҷӣ чизе нарасидааст, ки мояи нигаронӣ бошад. Танҳо муҳоҷирон кумак карданд, зодагони Бадахшон. Мардум фақат мехостанд, ҳақ ба ҳақдор бирасад. “Комиссияи 44” намояндаи онҳо буд”.

Ёдовар мешавем, ки  “Комиссияи 44” моҳи ноябри соли 2021 дар пайи эътирозҳо дар Хоруғ пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа ташкил шуд. Бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуда буд.

Ба қавли баъзе огоҳони умур, зоҳиран мақомот мехоҳад бо туҳмате “Комиссияи 44”-ро ғайриқонунӣ эълон намуда, аъзои онро, ки аксаран аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастанд, равонаи зиндон кунад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе ба Эрон сафар мекунад

0

Қарор аст фардо якшанбе 29-уми майи соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати баландпояи мақомҳои давлатӣ ба Эрон сафар кунад. Дар ин бора

То лаҳзаи омодашавии ин хабар расонаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла АМИТ “Ховар” ва Маркази матбуоти Президент дар ин бора чизе нашар накардаанд.

Гуфта мешавад, ин сафар бо даъвати раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он гуфтугӯҳои ҳайатҳои олии ду кишвар ва ҳамчунин имзои чанд санади ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар назар аст.

Иброҳим Раисӣ тобистони соли гузашта бо ҳадафи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шонҳой ба Душанбе омада буд, ки дар ҷараёни он Эрон ҳамчун узви ин созмон пазируфта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир 9 соли пеш дар маросими қасамёдкунии раисҷумҳури собиқи Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ин кишвар сафар карда буд. Пас аз тирагиҳо дар муомилаҳои дипломатии ду кишвар, тайи ду соли ахир он рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Пулиси Русия як муҳоҷири тоҷикро бо гумони сӯиқасд ба ҷони ноболиғ меҷӯяд

0

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони сӯиқасд ба ҷони ноболиғ дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

Акс аз: “krsk.aif.ru”

Ба гуфтаи манобеъ, рӯзи панҷшанбеи 26 майи соли ҷорӣ як зани 19-сола сокини вилояти Ленинград ба пулиси шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат карда, гуфтааст, ки шавҳари собиқаш ба як ноболиғ аз рӯи рашк бо корд ҳамла кардааст.

Дар тафсилоти ин хабар омада, ки “ҳодиса субҳи 26 май, тахминан соати 07:45 ҳангоми поён омадан аз ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Комсомолская, маҳаллаи Красный Бори ноҳияи Тосненский рух додааст.”

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, шавҳари собиқи ин зани ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон буда, аз рӯи рашк ба шиками як навраси 17-сола дастикам 5 корд задааст. Ҷабрдида бо захмҳои зиёди корд дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст.

Пулис мегӯяд, вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, марди муҳоҷимро дар пайгард қарор додааст.

Далели ҳуҷуми шаҳрванди Тоҷикистон ба ноболиғи 17-сола дақиқ нест, ки дар кадом ҳолат сурат гирифтааст. Ва ҳамчунин муносибати ноболиғи захмишуда бо ҷавонзани 19-сола низ зикр нагардидааст.

Оё дар даргириҳои Хоруғ баҳси мазҳабу пой Толибон дар миён аст?

0

Баъзе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ва шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ бар ин назаранд, ки сабаби аслии даргириҳо дар Бадахшон баҳси мазҳабист, ки Толибон ҳам дар он даст доранд.

Рустами Ҷонӣ, журналисти тоҷик ва яке аз фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Толибон ба хотири дигар будани эътиқоди мазҳабии помириҳо даст ба маҳви ҳувияти онҳо задаанд. Аммо, ба қавли ӯ, бархе аз баёни ин воқеият худдорӣ мекунанд.

Ба назари ин журналисти тоҷик, баҳси мазҳабии помириҳо аз дер боз Толибонро нороҳат мекунад. Ӯ дар матлаби худ ҳушдор медиҳад, ки дар Бадахшон “ҳаводиси хунине дар пеш аст”, зеро ба қавли муаллиф, Толибон фарқияти мазҳабиро намеписанданд ва аз ин сабаб дар Бадахшон ба террори бадахшониҳо машғуланд.

“Ин хостаи Толибонро ҳукумати Тоҷикистон хуб медонад ва дар ҳалли масъалаи помириҳо хуб истифода мебарад. Баъдан ормони ҳукумати тоҷик низ ташкили як давлатби бидуни дигарҳост ва офарандаи мазҳаби ягона дар он ҳукумат бо ҳамин чеҳраи истибдодиаш аст.”, менависад муаллиф.

Аммо бархе дигар бар ин назаранд, ки дар ин даргириҳои хунини Бадахшон баҳси мазҳабӣ дар миён нест, зеро агар чунин мебуд дар Душанбе ҷамоатхона ва ё Маркази динии исмоилиён қомат намеафрӯхт. Ин гурӯҳ мушкили асосиро дар вуҷуди раҳбарони мардумӣ ва нуфузи онҳо дар байни мардум мебинанд, ки дар Бадахшон ин чиз бештар дида мешавад ва ба қавли онҳо Эмомалӣ Раҳмон аз чунин раҳбарон “сахт метарсад”.

МАТЛАБИ КОМИЛИ РУСТАМИ ҶОНИРО МЕТАВОНЕД ДАР ЗЕР МУТОЛИА КУНЕД:

ШАРИКИИ ТОЛИБОН ВА АМНИЯТИ ТОҶИК ДАР ВОҚЕАҲОИ ПОМИР

Нерӯҳои амниятии тоҷик ва Толибон дар маҳви помириҳо шариканд. Бидуни шак, дар инҷо мазҳаб ва ҳуввияти помириҳо нақши калидӣ дорад ва хуб истифода мешавад.

Бархе аз баёни ин воқеият парҳез мекунанд ва мехоҳанд нишон диҳанд, ки баҳси мазҳаб ва Помир дар миён нест.

Баҳси мазҳаби помириҳо барои Толиб аз масъалаҳои асосист ва аз дер боз онҳоро нороҳат мекунад. Мисли ҳар қудрати идеологӣ ин фарқро намехоҳанд ва ормони онҳо ташкили давлате бо як фаҳмиш ва дид аст. Ҳоло ба терори онҳо дар Бадахшон машғуланд ва ҳаводиси хунине дар пеш аст.

Ин хостаи Толибонро ҳукумати Тоҷикистон хуб медонад ва дар ҳалли масъалаи помириҳо хуб истифода мебарад. Баъдан ормони ҳукумати тоҷик низ ташкили як давлатби бидуни дигарҳост ва офарандаи мазҳаби ягона дар он ҳукумат бо ҳамин чеҳраи истибдодиаш аст.

Баҳси ҳуввияти помириро онҳо ба ин хотир ба миён кашиданд, ки бар ҷомеаи тоҷик таҳоҷум ба мардуми Помирро тавҷеҳ кунанд.

Бо ин бофтаи худ ба ҷое расиданд: бештари тоҷикистониҳо аз куштори помириҳо чашм пӯшиданд ва Толибон омодаанд ҳар фирории Помирро ба нерӯҳои амниятии тоҷик таслим кунанд.

Бояд донанд:

Ҳувияти “помирӣ” фақат марбути мардуми Шуғнон, Рушону Вахон нест. Чунин мехоҳанд бинамояд ва шигофе дар миёни помириҳо андозанд.

Балки..

Он дар вуҷуди ҳар дарвозӣ, ванҷӣ, язғуломӣ, яғнобӣ ва ҳатто қирғизҳои Мурғоб вуҷуд дорад. Баъзан ин чизро дар Кӯлоб низ мушоҳида кардан мумкин аст, агар аз назари инсоф бингарем.

Худи ҳукумат низ бо бегона сохтани помириҳо ва аъмоли ношоистааш далели вуҷуди ҳуввияте бо номи помирист.

Ҳамин дигар будан, дигар андешидан ва ранги фарҳангии худро ҳифз кардан, дар ниҳоди қишре аз ҷомеаи тоҷик рашк, ҳасад ва нафратро ба вуҷуд овардааст ё онро офариданд.

Ҳоло онки ин дигар будани онҳо дар ниҳоди фарҳанги Тоҷикистон нафаси тоза аст ва ҳаррангиро ба вуҷуд овардааст.

Ба назар мерасад, ду қудрат, Толибон ва Ҳукумати Тоҷикистонро ин чиз намефорад ва мехоҳанд ин сарвати бебаҳоро бо гироишҳои бардурӯғи худ бикушанд.

“Сомон Эйр” парвозҳо ба шаҳрҳои Қазон ва Новосибирскро аз сар мегирад

0

Ширкати “Сомон Эйр” аз барқарор шудани парвозҳои доимӣ дар хатсайрҳои Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд хабар дод.

“Asia- Plus” дар истинод ба дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр” хабар медиҳад, ки аз 9-уми июни соли ҷорӣ парвозҳо дар ҳарду масир ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон соати 17:40 ва аз Қазон ба Душанбе соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст. Парвоз аз Хуҷанд ба Новосибирск соати 20:30 ва шаби ҷумъа соати 03:00 ба самти муқобил сурат хоҳад гирифт. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.

Гуфта мешавад, мусофироне, ки ба Русия парвоз мекунанд (ба истиснои шаҳрвандони Русия) бояд бо худ шаҳодатнома бо натиҷаи санҷиши манфии COVID-19, ки на дертар аз 48 соат пеш аз ворид шудан ба Русия дода шудааст, дошта бошанд.

Дар нишасти Муколамаи амнияти минтақаӣ чӣ гуфта шуд?

0

Субҳи 27-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе давраи 4-уми нишасти Муколамаи амнияти минтақаӣ дар бораи Афғонистон бо ҳузури дабирони шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақа баргузор шуд.

Нишасти имрӯза бо ҳузури котибони шӯроҳои амниятӣ ва мушовирони амнияти миллии кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Покистон бидуни ҳузури намояндагони Толибон баргузор гашт.

Дар нишаст масъалаи зарурати беҳбуд бахшидани равобити нақлиётӣ дар саросари минтақа ва рушди низоми маориф барои барқарории иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ҳамчун омилҳои асосии амнияти иқтисодии минтақа ва Афғонистон дониста шуд.

Дар охири нишаст аз ҷониби иштирокдорон изҳороти муштараке қабул гардид, ки дар он ғайри қобили қабул будани истифодаи қаламрави Афғонистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ барои паноҳгоҳ, омӯзиш, тарҳрезӣ ё маблағгузории ҳамагуна амали террористӣ алайҳи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа таъкид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки давраи 3-уми нишасти Муколамаи амнияти минтақаӣ дар бораи Афғонистон моҳи ноябри соли 2021 дар пойтахти Ҳиндустон доир шуда буд. Дар он нишаст низ намояндагони Толибон ширкат надоштанд. Ва ҳамчунин таъкидҳое бар зарурати амнияти минтақа, амнияти нақлиётӣ, расондани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъкидҳо шуда буд.

Аз моҳи августи соли 2021 Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, вале то кунун ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба таври расмӣ эътироф накардааст.

Боздошти раҳбари нави ДИИШ дар Туркия

0

Мақомоти Туркия имрӯз, 26-уми май аз боздошти раҳбари нави гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) хабар дод.

Акс аз сомонаи “stringfixer.com”

Мақомоти аршдаи Туркия дар суҳбат бо расонаи “Bloomberg” аз боздошти раҳбари нави ДИИШ дар як амалёти печидае дар шаҳри Истанбул хабар доданд.

Гуфта мешавад, пулиси зидди террурсими нерӯҳои амниятии Туркия мардеро боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли қавӣ баъд аз кушта шудани раҳбари пешини ДИИШ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Сурия ин фарди боздоштшуда гурӯҳи ДИИШ-ро раҳбарӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол расонаи дигари туркӣ “OdaTV” фарди боздоштшударо Абул-Ҳасан Ал-Қурайшӣ муаррифӣ карда, вале шарҳ надодааст, ки ин маълумотро аз куҷо ба даст овардааст. Ин расона мегӯяд, Президенти Туркия аз боздошти раҳбари ДИИШ хабар дорад ва эҳтимол меравад рӯзҳои наздик расман боздошти раҳбари нави ДИИШ Абул-Ҳасан Ал-Қурайширо эълон кунад.

Ба гузориши расонаҳои туркӣ, хонае, ки раҳбари ДИИШ дар он зиндагӣ мекард, аз тарафи пулиси Туркия рузҳо таҳти назорат қарор доштааст ва амалиёти мазкурро шахсан раиси пулиси Истанбул Зафер Акташ роҳбарӣ мекард.

Охирин раҳбари ДИИШ 3-уми феврали соли 2022 дар Сурия кушта шуд. Абубакри Бағдодӣ, раҳбари аввалини ин гурӯҳ, ки соли 2014 хилофати худро эълон карда буд, моҳи октябри соли 2019 дар як амалиёти махсуси Амрико дар Идлиби Сурия кушта шуд.

Баъд аз кушта шудани Бағдодӣ ДИИШ Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо раҳбари нави худ эълон кард ва ӯ низ дар як амалиёти вижаи Амрико аввали соли ҷорӣ дар Идлиб кушта шуд. Пас аз таъйиди куштани шудани раҳбари дуюми ДИИШ, ин созмон Абул-Ҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо, ки гӯё аз қабилаи Қурайш аст, раҳбари ҷадиди худ эълон карда буд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

0

Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафарҳои кории худ ба шаҳур ноҳияҳои кишвар имрӯз ба минтақаи Кӯлоб рафта, даъват кард, ки “ҳушёриву зиракии хударо аз даст надиҳанд.”

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, субҳи имрӯз Эмомалӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафта, аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кардааст.

Президент Эмомалӣ тайи ин сафари худ ба ноҳим Шамсиддини Шоҳин бештар вақти худро дар дидор бо афсарону марзбонони кишвар, аз ҷумла дар дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Русия, ки ҳоло ба дидбонгоҳи сарҳадии “Сари ғор” маъруф аст, гузарондааст.

Ин дидбонгоҳ дар соли 1993, дар вақти ҷанг байни нерӯҳои Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) мавриди ҳамла қарор гирифта, 25 афсари рус кушта шуда буд. Аммо ба назар мерасад, ваҳшати он ҳамла ҳамоно дар зеҳни Эмомалӣ Раҳмон нақш бастааст.

Зеро Хадамоти матбуоти Президент мегӯяд: “Новобаста аз вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли фоҷеа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд…”

Ин чунин дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии “Ёл” дар ин ноҳия дидан карда, бо вазъи сарбозону афсарони он аз наздик шинос шудааст.

Бо таваҷҷуҳи авзоъи сиёсиву иқтисоди Тоҷикистон ва минтақа Эмомал Раҳмон бо нигаронӣ аз мақомоти аманиятӣ ва интизомии кишвар, ба хусус аз афсарони сарҳадбон даъват кардааст, ки “ҳӯшёриву зиракии худро аз даст надода, содиқонву софдилона хизмат кунанд.”

Дар идомаи сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи дурдасти кишвар бо мардум, ба хусус деҳқонон низ дидору мулоқотҳое доштааст. Вай дар ин мулоқотҳо аз онҳо хостааст, ки барои афзоиши содироти мева ва маҳсулоти полезии кишвар зиёдтар талош кунанд.

Баъзе таҳлилгарони мустақил бар ин назаранд, ки эҳсоси ноамнӣ ва нигарониҳои Эмомалӣ Рамҳон дар ин рӯзҳои ахир нисбат ба гузашта хеле зиёдтар шудааст, зеро аз як тараф гаронӣ ва рушди бекорӣ дар кишвар мардумро ба дод овардаву аз тарафи дигар амалиётҳои даҳшатофари мақомоти қудратӣ ва қатли даҳҳо нафар аз сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва боздошту зиндонӣ кардани садҳо каси дигар эҳтимол хашму ғазаби мардумро боз ҳам бештар кунад.

Бинои “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ба фурӯш гузошта шуд

0

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон”- Тоҷиддин Пирзода, рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ ба музояда гузошта шуд. Масъули гузаронидани музояда раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мебошад.

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки 22 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, беш аз 125,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 11 миллион доллар) нархгузорӣ шудааст. Дар сурати пайдо шудани харидорон нархи он метавонад боло равад ё дар сурати набуди харидор эҳтимол нарх поин оварда шавад.

Раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ – масъули гузаронидани музояда, ҳмчунин меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳомдори аслии “Тоҷиксодиротбонк” тааллуқ дошт, ба фурӯш гузоштааст.

Нархи ибтидоии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ (ҳудуди 25 миллион доллар) муқаррар шудааст. Ин меҳмонхона дар маркази шаҳр дар масоҳати зиёда аз 2 гектар замин бунёд шуда, дорои 139 ҳуҷра мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми майи соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳам додани ду бонк, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” хабар дода буд. Ҳарду ташкилоти қарзӣ аз соли 2015 бо буҳрон рӯ ба рӯ буда, пасандозҳои амонатгузоронро баргардонда наметавонистанд.

Ҳангоми барҳам додани ин бонкҳо, “Агроинвестбонк” тақрибан 28 ҳазор ва “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор муштарӣ доштанд.