14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 421

Панҷ тоҷикистонӣ дар Олмон равонаи зиндон шуд

0

Додгоҳе дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар “амалиётҳои ҳаросафканӣ” ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Акс аз DW

Ба гузориши хабаргузории “Deutsche Welle”-и Олмон, 31-май соли 2022 додгоҳе дар шаҳри Доюселдорфи Олмон панҷ тоҷикистониро бо иттиҳоми даст доштан дар як гурӯҳи ҳаросафкании муртабит ба ДИИШ аз 3 солу 8 моҳ то 9 солу шаш моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Дар ин гузориш иддао шудааст, “ин афрод аз яке аз чеҳраҳои баҷастаи ДИИШ дар Афғонистон дастур дарёфт мекарданд”, ва маҳоратҳои низомии худро бо истифода аз бозиҳои “пейнтбол” тақвият мекарданд.

Бархе дигар аз расонаҳои олмонӣ мегӯянд, ин афрод дар соли 2012 ба ин кишвар паноҳанда шуданд ва аз соли 2019 тамосҳои худро бо Афғонистон барқарор кардаанд. Ба иддаои онҳо “ин афрод қасд доштанд яке аз мунтақидони исломро ба қатл бирасонанд.”

Хабаргузориҳои олмонӣ гузоришҳои худро аз қавли мақомоти ин кишвар таҳия карда, вале назари маҳкумшудагон, адвокатҳо ва ё пайвандону наздикони онҳо дар ин бора маълум нест. Аздо тв ҳам то ҳол натавониста аз адвокатҳо ва пайвандони маҳкумшудагон дар бораи то куҷо даст доштани онҳо дар гуноҳи бар зиддашон эълоншуда маълумоте дастрас кунад.

Болоравии қурби рубли русӣ дар муқобили пули миллӣ-сомонӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ наздик ба 6 дарсад пойин бурд.

Имрӯз, 31-уми майи соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар муқобили қурби рубли русӣ ҳудуди 6% пойин бурда, айни замон арзиши 1 рубли русиро баробар ба 0.1770 сомонӣ таъйин кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз, 30-юми майи соли ҷорӣ дар ин бонк қурби 1 рубли русӣ баробар ба 0,167,5 сомонӣ эълон шуда буд. Акнун бо ҳисоби имрӯз, арзиши 1000 рубли русӣ баробар ба 177 сомонӣ таъйин шудааст.

Аммо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба монанди Коммерсбонки Тоҷикистон хариди 1000 рубли русиро 140 ва фурӯши онро 195 сомонӣ эълон кардааст. Дар Бонки байналмиллалии Тоҷикистон бошад, арзиши 1000 рубли русӣ ҳангоми харид 170 ва дар вақти фурӯш 185 сомонӣ таъйин гардидааст.

Бо ин ҳол дар Халиқ бонк Тоҷикистон бошад, қурби 1000 рубли русӣ барои харид 160 ва барои фурӯш 180 сомонӣ муқаррар гардидааст. Аммо дар Ориёнбонку Амонатбонк ва Бонки Эсхата бошад арзиши 1000 рубли русӣ ҳангоми харид аз 155 сомонӣ то 175 сомонӣ ва дар вақти фурӯш аз 156 то 180 сомонӣ эълон шудааст.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҷанги Русия ва ҳамлаҳои нерӯҳои ин кишвар алайҳи Украина қурби рубли русӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ба таври сунъӣ боло ва пойин бурда шудааст, ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дар ин муддат борҳо арзиши пули миллӣ-сомониро болову паст намуда, аммо бонкҳои тиҷоратии кишвар, ки бо мардум доду гирифт доранд, ҳамеша дар ин бора ба фарқ аз Бонки миллӣ қурби муайянкардаи худро доранд.

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо раҳбари Эрон

0

Раҳбари Эрон дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон гуфт, ” таваҷҷӯҳ ба зарфиятҳои дарунӣ аслиҳаи таҳримро аз кор меандозад.”

Асри дирӯз, 30-юми майи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон ба мулоқоти Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманӣ рафт.

Раҳбари Эрон дар ин мулоқот бо Президенти Тоҷикистон гуфт, “нигарониҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бораи Афғонистон муштарак аст” ва дар бораи вуҷуди таҳримҳо афзуд, “он чизе, ки ин аслиҳаро аз кор меандозад, таваҷҷӯҳ ба нерӯҳо ва зарфиятҳои дарунӣ аст.

Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот “масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро муҳокима карданд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон пас аз 9 соли вақфа ба Эрон сафар кард. Дар ин 9 сол то тавонист бар алайҳи ҷумҳурии исломӣ тохт, фаъолиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро маҳдуд кард. Расман Теҳронро ҳомии терроризми байналмилалӣ муаррифӣ намуда, даҳҳо нафар аз таҳсилкардаҳои тоҷик дар Эрон бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба зиндон фиристод. Аммо диплумосии нарми Эрон дирӯз Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур кард, ки дар қалби Теҳрон назди парчами Эрон таъзим кунад.

ВКД аз қатли чанд зодаи Рӯшон хабар дод

0

Ба иддаои ВКД ин нафарҳо аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, 31-уми май, соати 09:30 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ба ном “зиддитеррористӣ” дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон ба қатл расонида шудаанд.

Кушташудагон Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар мебошанд.

Маълум нест ин нафарон дар кадом ҳолат ба қатл расонида шудаанд, аммо ВКД менависад, ки онҳо “ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд”.

ВКД ҳамаи ин нафаронро “аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ” номида, аз зинда дастгир шудани “яке аз роҳбарони ин гурӯҳ” Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар хабар додаааст.

Дар идома ВКД менависад, ки “зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хати Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти Калашников бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд” .

ВКД дар ҳоле аз ин амалиёти ба ном “зиддитеррористӣ” хабар медиҳад, ки як рӯз пеш яъне шоми 30-юми май дар сомонааш исми 10 сокини ноҳияи Рӯшонро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳои ахир дар ноҳияи Рӯшон таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд, нашр карда буд. Ва субҳи имрӯз чанд тани ин нафарони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, боздошт ва ба қатл расонида шудаанд.

Таҳқиқ ва ростиозмоии он чӣ Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи қатли ин сокинони ВМКБ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои Аздотв имконнопазир аст, аммо дар гузашта кормандони ин вазорат худашон чандин ҷиноятҳои сангини дигаре ба мисли қатли собиқ вазири корҳои дохилӣ генерал Маҳмадназар Салихов-ро анҷом дода, сипас ба мардум дурӯғ гуфта буданд, гӯё вай худаш худкӯшӣ карда бошад.

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба парчами Эрон таъзим кард?

0

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон аз чанд ҷиҳат хабарсоз шуд, вале таъзими ӯ бар парчами ҷумҳурии исломӣ рекорди тамоми чоназаниҳои қаблии ӯро шикаст.

30-юми майи соли 2022, хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, ки раванди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳронро инъикос мекард, аксеро зери унвони “таъзими Эмомалӣ Раҳмон ба парчами Эрон” нашр кард, ки хабарсоз шуд.

Дар ин акс дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ки то чанд рӯзе пеш Эронро кишвари ҳомии “терроризми байналамилӣ”, “омили қатлҳои занҷираӣ” дар кишварамон ва мабалағгузории рақиби сарсахташ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ мекард, он рӯз бо камоли пуррӯйӣ назди парчами Эрон таъзим мекунад.

Пеш аз хабарсоз шудани таъзими Эмомалӣ Раҳмон ба парчами Эрон ҷомадонҳои аҷиби ӯ, ки ҳангоми фурӯд аз таёра дар дасти муҳофизони ӯ дар фурӯдгоҳи Меҳрободи Эрон ба чамши дурбини расонаҳо роҳ ёфта буд, низ хабарсоз шуда, фарзияҳои мухталиферо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда буд.

Бо ин вуҷуд, дар хеле аз аксу наворҳои нашр шуда аз рафти ин сафар дида мешуд, ки Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо Вазири нерӯ

Путин тавониста дар давоми ҳукумти ду даҳсолааш лаҷоми ҳар дуро ба даст бигирад ва ҳар дуро гар бихоҳад ба як дигар душман кунад ва ё агар бихоҳад мисли ҳамсарони талоқталаб сарони Теҳрону Душанберо бо ҳам оштӣ бидоронад. Шояд ба ҳамин хотир аст, ки Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои Русия ба Украина расман зиддияте аз худ нишон надод, вале Эмомалӣ Раҳмон дар сафари ахири худаш ба Маскав назди Владимир Путин ҳам сар хам карда буд. Сар хам кардани ӯ назди Путин дар рӯбарӯи сарони дигар кишварҳо чандин паём дошт.

Аз сӯи дигар маълум аст, ки як ҳукумати заъиф дар Кремлин наметавонад таъмини амният ва ҳифзи суботи сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистонро бар Русия тарҷеҳ диҳад. Ба иборати возеҳтар, Эмомалӣ Раҳмон низ ин масъаларо хуб дарк карда, акнун мехоҳад барои пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ барои худаш зери домони раҳбари ҷумҳурии исломӣ паноҳгоҳи амнеро онҷо интихоб кунад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Боздошти ҳамсари раиси парлумони ИМА дар ҳолати мастӣ

0

Шавҳари раиси Маҷлиси намояндагони ИМА бо иттиҳоми дар ҳолати мастӣ рондани мошин боздошт шуд.

Акс аз ББС

Ба иттилои ББС, Пол Пелосӣ, ҳамсари Нэнси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи пулис, оқои Пелосии 82-сола шаби шанбе дар Напа, дар шимоли Сан-Франсиско боздошт шудааст.

Пол Пелосӣ бо иттиҳоми вайрон кардани ду қоидаи ронандагӣ боздошт ва бо пардохти 5 ҳазор доллар ҷарима раҳо шудааст.

Сухангӯи хонум Пелосӣ гуфта, ки вай дар замони рух додани ҳодиса ҳузур надошт ва дар ин бора чизе намегӯяд. Ҳар дуи онҳо тақрибан 59 сол боз бо ҳам якҷоя зидагӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз анҷоми сафараш дар Эрон ба Тоҷикистон баргашт?

0

Эмомалӣ Раҳмон, ки расман бо сафари дурӯза асри дирӯз вориди Теҳрон шуда буд, имрӯз ҳамзамон аз хориҷ ё дохили кишвар нишаста 3 судяро аз вазифаҳояшон барканор кард?

Имрӯз, 30-юми майи соли 2022,

Гуфта мешавад, маъмулан вақте сарони кишварҳо ва ё меҳмонони олиқадари хориҷӣ вориди Теҳрон мешаванд, ба дидору мулоқоти раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ мераванд, вале то кунун ҳеч яке аз мақомоти расмӣ ва расонаҳои ду кишвар иттилоъ надодаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Алии Хоманаӣ мулоқоте дошта ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз расонаӣ шудани фармони Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе дар хусуси барканори кардани ин се судя Хадамоти матбуоти президент дар сомонааш хабар дода, ки Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси ҷумҳури исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот кардааст.

Бо ин ҳол, имрӯз 30-уми май зоҳиран сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон идома дорад, вале маълум нест ӯ кай ва чӣ гуна фармони аз кор озод кардани судяҳоро дар Душанбе имрӯз имзо кардааст.

Аз сӯи дигар Хадамоти матуботи Эмомалӣ Раҳмон расман дар бораи 16 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ҳангоми ин сафар хабар додааст, вале Хабаргузории расмии Эрон IRNA мегӯяд, ки ҷонибҳо 17 зери 17 санад имзо кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии ҳамтои эрониаш Сайид Иброҳим Раисӣ, асри 29-уми майи соли ҷорӣ расман барои ду рӯз дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ вориди Теҳрон шуда, бо истиқболи Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён дар фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон рӯбарӯ гардида буд.

Имзои 16 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон

0

Мақомоти расмии Тоҷикистону Эрон дар ҳузури раҳбарони ду кишвар дар Теҳрон 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

30-уми майи соли 2022 мақомоти баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон дар бораи ҳамкориҳои оянда зери 16 тавофуқнома имзо карданд.  

Ба гуфтаи Хадамоти Президенти Тоҷикистон, мақоти ҳар ду кишвар “густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ҳамкориҳои фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.”

Санадҳои имзошуда ба таври зайл зикр шудаанд:

-Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили Кумитаи муштараки сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ;

– Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022- 2030;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳифозати муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гаршдишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони биржа ва коғазҳои қиматноки Эрон;

– Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Гуфта мешавад, дирӯз, 29-уми майи соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати баландмақоми кишвар бо даъвати расмии Президетини Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд ва имрӯз дар ҳузури сарони ду кишвар 17 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти Русия аз ду баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ҳушдор додаанд.

Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти амнияти федероли Русия дар мусоҳибае бо “Российской газете” гуфта, ки дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст.

“Танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 3,5 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки ин муомилоти ғайриқонунӣ дар соли 2020 ба 1,7 тонна баробар буд”, мегӯяд Кулишов.

Ба гуфтаи Кулишов, вазъияти душвори Афғонистон боиси пайдошавӣ ва ташдиди гурӯҳҳои ҷинояткори “мутахассис дар тавлид ва қочоқи маводи мухаддир” ба кишварҳои ҳамсоя гаштааст.

Муовини якуми Хадамоти амнияти федероли Русия мегӯяд, ҳамчунин вазъи мавҷуда дар Афғонистон хатари “ҳуҷуми паноҳҷӯён”-ро ба кишварҳои ҳамсоя, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия бештар мекунад ва аъзои созмонҳои террористии байналмилалӣ фаъолтар мегарданд.

Бо мақсади пешгирӣ ва дур сохтани таҳдидҳо, ба монанди қочоқи маводи мухаддир ва вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия “мо бо шарикони тоҷику қирғизу қазоқ ҳамкории зич дошта, дар баъзе мавридҳо чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоем.”, мегӯяд Кулишов.

“Савғотӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Эрон

0

Сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 9 соли вақфа ба Эрон ва ҷомадонҳои махсуси ӯ дар ин кишвар хабарсоз шуд.

29-уми майи соли 2022

Эмомалӣ Раҳмон одат кардааст, ки матни суханрониҳои худро дар ҳамагуна маросими расмӣ ва маҷлисҳои ҳукуматӣ аз рӯи коғаз бихонад ва дар муддати наздик ба се даҳаи раҳбариаш ин таҷриба ҳам борҳо сурат гирифта, ки ҳар вақте берун аз матни таҳия шуда, сарашро бардошта хориҷ аз протколҳои расмӣ чизе бигӯяд, ба воқеияти ҳол ва тарзи бархӯрадаш бо мардум ва ё расидагӣ ба мушкилоти ҷомеа наздиктар мебошад.

16-уми сентябри соли 2021 Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон бо даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва дидору мулоқотҳои расмӣ нахустини сафари расмии худро пас аз расидан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон оғоз карда буд.

Бо ин вуҷуд, сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба Эрон сурат гирифта, ки тайи ду ҳафтаи ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо нафар аз эътирозгарони мусолиматомез тавассути мақомоти қудратӣ кушта ва захмӣ шуд ва беш аз 150 каси дигар боздошт гардид.

Инчунин террори шаҳид Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони маҳаллӣ дар ин вилоят дар расонаҳои эронӣ ҳамчун “яке аз раҳбарони шиаёни Тоҷикистон” бозтоби густурдае доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз 18 соли имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тавонисти рақиби худ ва яке аз тарафҳои муқтадири Иттиҳоди нерӯҳои опазитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро амалан аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф кунад, аксари раҳбарони онро зиндонӣ ва мобақиро фирорӣ диҳад ва Эронро кишвари ҳомии “терроризим”, даст доштан дар қатлҳои занҷираӣ ва тарҳрезу маблағузори ҳодисаҳои хунин дар Тоҷикистон муаррифӣ намояд.

Аммо имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар кулвораш дасти кам парвандаи зиндонӣ кардани 5 (панҷ) узви хонаводаи марҳум Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва дар гузашта раиси ИНОТ-ро, ки бо кафолату замонати пойдории сулҳу суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз он ҷумла зери фишору фиребҳои мақомоти эронӣ зери созишномаи сулҳ имзо гузошта буд, ҳамчун “савғотӣ” ба Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумуҳурии исломии Эрон бурдааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв