Хона блог саҳифа 456

Афзоиши тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон

0

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти молу колоҳо байни Тоҷикистону Афғонистон ба андозаи 6 миллион доллар зиёдтар шудааст.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон афзоиш ёфтааст .

Ба гуфтаи мақомоти гумруки Тоҷикистон дар ин давраи ҳисоботӣ маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон асосан содироти семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквориро ташкил додааст.

Аммо, гуфта мешавад, дар ҳамин давраи ҳисоботӣ содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш наёфтааст.

Тоҷикистон дар ин давраи ҳисоботӣ ба маблағи 50 миллион доллар зиёдтар ба Афғонистон нерӯи барқ содир кардааст.

Аз сӯи дигар мақомоти Толибон дар Афғонистон эълон кардааст, ки ба наздикӣ ҳудуди 13 миллион доллар аз пули барқи истифодашударо ба ширкати “Барқи тоҷик” пардохт мекунанд.

Толибон 11 моҳ қабл дубора дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд ва то ҳол ҳеч кишваре, аз ҷумла Тоҷикистон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст, бо вуҷуди расман эътироф накардани Толибон тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон рушд кардааст.

Беҳтарин футболбози ҷавони тоҷик дар Русия шаурма мефурӯшад

0

Аминҷон Алиаҳмадов, беҳтарин футболбози ҷавони тоҷик дар соли 2021, ҳоло ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар Русия шаурма мефурӯшад.

Бино ба иттилои шабакаи инстаграми “komanda.tj”, Аминҷон Алиаҳмадов, ки соли гузашта беҳтарин футболбози ҷавони лигаи олии Тоҷикистон дониста шуда буд, ҳоло дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Киржачи вилояти Владимири Русия қарор дорад ва ба фурӯши шаурма машғул аст.

Аминҷон сабаби ба муҳоҷирати корӣ рафтанашро ба дастгирӣ наёфтанаш дар кишвар рабт дода гуфтааст, ки “ҳарчанд ӯ беҳтарин футболбози ҷавони лигаи олӣ эътироф шуда бошад ҳам, лекин дастгирӣ наёфта, пулкоркунӣ рафт”.

Шабакаи инстаграми “komandatj” дар истинод ба Аминҷон менависад, ки “ӯ дар вақтҳои холӣ аз кор ҳамроҳи дӯстонаш футболбозӣ мекунад. Намояндагони дастаи “Ротор”-и Киржач бозии Аминҷонро дида, назди худ даъват карданд. Дар бозии аввалини санҷишӣ Аминҷон 4 гол зада, 2 маротиба муваффақона барои гол задан ба ҳамдастааш тӯб партофт”.

Худи Аминҷон, ки дар гузашта бозигари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буд гуфтааст, ки шояд бо дастаи “Ротор”-и шаҳри Киржач, ки дар мусобиқаи вилояти Владимир бозӣ мекунад, қарордод ба имзо расонад.

Ба муҳоҷирати корӣ рафтани варзишгарони тоҷик ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Бештари ин варзишгарон аз сабаби дастгирӣ наёфтан ва надоштани шароити хуб варзишро бо корҳои вазнин дар Русия иваз мекунанд.

Пештар аз ин низ хабари ба муҳоҷирати корӣ рафтани Дилшод Восиев, яке аз футболбозони шинохтаи тоҷик расонаӣ шуда буд, ки баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд.

Ба гуфтаи коршиносон  набудани ҷойи кор, маоши хуб ва фасодзада будани тамоми сохторҳои Тоҷикистон, на танҳо варзишгаронро, балки тамоми қишри ҷомеаро маҷбур кардааст, ки барои ёфтани ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Ошкор шудани “ҷиноятҳои ҷангӣ”-и кормандони ВКД дар Бадахшон

0

Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар рафти “амлиётҳои махсус”-и худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон даст ба “ҷиноятҳои ҷангӣ” задаанд.

Имрӯз, 14-уми июли соли 2022, наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ки нишон медиҳад, кормандони “ОМОН”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҷасадҳои беҷони 5 тан аз сокинони мулкӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳнасозӣ мекунанд.

Дар ин саҳнасозӣ, ки ҳудуди 90 сонияи он ба сурати махфӣ филмбардорӣ шудааст, ба вузӯҳ дида мешавад, ки кормандони “ОМОН” ҷасадҳои беҷони ин афроди кушташударо аз ҷойҳои дигар оварда паҳлӯи ҳам мехобонанд ва барои муваҷҷаҳ сохтани ҷиноятҳои худ ба дасти онҳо силоҳ ҳам мегузоранд.

Бону Анора Саркорова, журналисти шинохтаи тоҷик бо нашри ин навор дар саҳфаи телегарамии худ зери унвони “

Ҳукумат аз ин саҳнасозӣ ва тасвирҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ хеле сӯиистифода намуд ва пайваста иддао мекард, ки ин афроди кушташуда мусаллаҳ буданд ва алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ муқовимат нишон доданд, аммо ин навор дурӯғ будани ҳамаи он иддаоҳои мақомот ва ҳукуматро нишон медиҳад.

Аз сӯи дигар, бо дидани ин навор, бинанда худ шоҳиди он мешавад, ки осори шиканҷа дар сару рӯи аксари ин афроди мулкӣ вуҷуд дорад ва бархе аз онҳо ҳам аз ноҳияи сар ва ҳам аз ноҳияи пойҳояшон захмӣ шуда, ҳамоно хуни онҳо аз ҷасадҳои беҷонашон ҷорӣ мешавад.

Инчунин дар ин навор, дида ва хуб шунида ҳам мешавад, ки худи кормандони “ОМОН”-и Вазорати корҳои дохилӣ ду нафарӣ ва чор нафарӣ ҷасдаҳоро аз ҷойҳое дигар кашонда меоранд ва бо садои баланд ҳам ҳаёҳу карда мегӯянд, ки “сарша бар усн”, “уша биёр”, “иша қафо кн”, “писталета дар дастш мон”, “камтар қафо бест”, “криша тоза кардагӣ нест” ва ғайра.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар чанд амлиёти худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ҳудуди 70 нафарро ба сурати бераҳмона куштанд ва беш аз сесад каси дигареро ҳам боздошту бозпурсӣ ва қисме аз онҳоро равонаи зиндон карданд.

Ин қатлҳои занҷирваӣ ва оми сокинон дар Бадахшон вокунишҳои зиёдеро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд овард ва ахиран ҳам Парлумони Аврупо бо аксарияти оро ин кирдорҳои ҳукуматро маҳкум карда буд.

Шоҳиён Иргашев ва ҳамроҳонашро “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ” номид

0

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пеш аз ҳукми ниҳоии додгоҳ “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷинотӣ” номид.

Имрӯз, 14-уми июли соли 2022 зимни нишасти хабарӣ Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Суди Олии Тоҷикистон дар посух ба суоли рӯзноманигорон Улфатхоним Мамадшоева ва Фаромӯз Иргашевро “саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ” номида, гуфт, ки тафтишот идома дорад ва парванда ба додгоҳ нарасидааст.

Як рӯзноманигор дар ин нишасти хабарӣ аз Шоҳиён пурсид, ки парвандаи рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева, генерал Холбаш Холбашев ва адвокатҳо Фаромӯз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаровро, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт шудаанд, оё ба додгоҳ расидааст ва онҳо ба кадом моддаҳо гумонбар мешаванд? Дар посух Шоҳиён гуфт, ки онҳо “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, то ҳол тафтишот идома дорад ва парванда ба мақомоти судӣ ворид нагардидааст.

Шоҳиён дар ҳоле аз ин нафарон “саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ” ном мебарад, ки то ҳол ҳукми додгоҳ нисбати ин ашхос содир нашуда, тафтишот ҳам ба анҷом нарасидааст.

Дар идома Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, ки судҳои ВМКБ якчанд парвандаҳои маъмурӣ нисбати шаҳрвандоне, ки майдавбошӣ содир кардаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи талаботи қонун нисбати онҳо ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Инчунин Шоҳиён зикр кард, ки тафтишоти парвандаҳои нафароне, ки дар ҳодисаҳои охири Бадахшон иштирок карда, на онқадар ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, ба мақомоти судӣ ворид шуда истодаанд ва дар нишастҳои матбуотии оянда дар бораи онҳо маълумот хоҳад дод.

Тағйироти кадрӣ дар Суди иқтисодии Тоҷикистон

0

Президенти Тоҷикистон бо анҷоми як қатор тағйироти кадрӣ раис Суди вилояти Хатлон ва Суди иқтисодии ин вилоятро ҳам аз вазифа барканор кард.

13-уми июли соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури фармонҳое Мирзозода Рустам Пираҳмадро аз вазифаи раиси Суди вилояти Хатлон ва Хайриддинзода Азизбекро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии ин вилоят барканор кард.

Дар ин фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи иллати барканории ин судяҳо гуфта шудааст, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа “озод карда шаванд.”

Эмомалӣ Раҳмон зимни судури фармонҳои худ Ёқубзода Абдураҳмон Холдорро низ аз вазифаи раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барканор кард ва инчунин 8 судяи дигареро ҳам аз мақомҳои худ дар суди шаҳри Душанбе, судҳои ноҳияҳои Сино, Рудакӣ, Ёвон ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ сабукдӯш кард.

Гуфта мешавад, маълмулан судяҳо дар Тоҷикистон барои панҷ сол дар як мансаб таъйин карда мешаванд, аммо ин муқаррарот ҳамеша риоя намешаванд.

Дар аксари авқот судяҳо дар як мансаб камтар аз як сол кор карда, Президент ҷойи онҳоро тез-тез тағйир медиҳад. Аз сӯи дигар, дар давоми камтар аз се моҳи ахир Эмомалӣ Раҳмон дасти кам чанд судяро аз вазифаҳояшон барканор карда буд. Ва иллати барканории онҳо “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта мешуд.  

Ҳамзамон, бархе аз коршиносони тоҷик ҳам мегӯянд, ки яке аз иллатҳои асосии ин тағйироти пешазмуҳлат дар мақомоти судӣ вуҷуд доштани омилҳое чун ришвадиҳӣ ва ришватситонӣ барои ишғоли мансабҳост ва худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз фоидабигирҳои асосии он дониста мешавад.

Посух ба вазири фарҳанг: “Беҳтараш ба кори одамон халал нарасонед”

0

Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов ба изҳороти вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар мавриди иҷозат надодани намоиш “Манқурт. Реквием” вокуниш кард.

Барзу Абдураззоқов дар саҳифаи фейсбукаш дар мавриди изҳороти вазири фарҳанг гуфт, ки посухи вазири фарҳанг аз хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки 6-уми июн содир шудааст, фарқе надорад.

Ин коргардони шинохтаи тоҷик менависад, ки ин хулоса сатҳи зеҳнӣ ва касбии онҳоеро, ки фарҳанги як халқро дар ихтиёр доранд, инъикос мекунад ва агар чунин ҷавобро на аз Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанд, балки аз ягон ташкилоти дигар мегирифт, танҳо табассум мекарду мебахшид.

Коргадон мегӯяд, аз посух мешавад хулоса баровард, ки ҳама чиз тамом шуд ва дар оянда ҳеҷ чиз нахоҳад буд, на театр, на драма, на адабиёт, на одоб, на ахлоқ, на худи фарҳанг!

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, посухи худро дар 30 саҳифа баъд аз як рӯзи расман баста шудани намоиш омода кардааст, аммо ба хотири амнияти ҳамаи иштирокчиёни намоиш, маҷбур шудааст нашри онро мавқуф гузорад. “Чун мақомот рӯзноманигор Далери Имомалиро, ки аз се иштирокчии намоишномаи “Манқурт. Реквием” буд, боздошт карданд.”

Дар охири посухаш ин коргардони шинохтаи тоҷик аз Вазорати фарҳанг даъват намудааст, ки беҳтараш ба кори одамон халал нарасонанд ва корро омӯзанд.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода

Ёдовар мешавем, ки 12-уми июли соли ҷорӣ вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода зимни нишасти хабарӣ ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди манъи намоиши “Манқурт. Реквием”-и коргардон Барзу Абдураззоқов гуфт, ки “коргардон аз матни аслии муаллиф Чингиз Айматов дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ пазируфта нашуд”. Ин посухи Давлатзода ба хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг монанд буд.

Хулосаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги ҶТ

Барзу Абдураззоқов рӯзи 12-уми июл ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.

“Мо муҳитро ба Тоҷикистон овардем ва ин фоҷиаи як зани тоҷик бо фарзанди манқурташ буд. Мо ба сиёсат дахл накардем. Мо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳлил кардем. Ҳанӯз ба ин назарам, ки манқуртизатсия яке аз масъалаҳои муҳими мардуми мост. Инки мегӯянд, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ созгор нест, тарс аз русҳо аст, ки мабодо хафа нашаванд,” – афзуд ӯ.

Намоиши “Манқурт. Реквием”, аз рӯйи асари маъруфи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов “Дуроҳаи бӯронӣ” дар коргардонии Барзу Абдураззоқов таҳия гардид.

Қарор буд, ин намоишнома 20-уми май дар театри “Падида” рӯйи саҳна меомад. Вале рӯзи 19 май мақомот иҷозаи намоиши онро надоданд.

Ин намоиши Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе буд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ мақомот соли 2009 низ нагузошта буданд, намоиши “Девонагӣ. Соли 93”, ки ӯ дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, идома ёбад.

Барзу Абдураззоқов солҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад. Ӯ соли 2013 аввал ба Бишкек рафт ва ду сол пайҳам коргардони беҳтарини Қирғизистон эътироф шуд. Дар гузашта раёсати театри Камоли Хуҷандӣ ва театри ҷавонони Душанберо бар уҳда дошт.

Боло рафтани қурби доллар нисбат ба евро

0

Дар 20 соли ахир барои аввалин бор қурби доллари амрикоӣ дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ дар баробари евро пешӣ гирифтааст.

Коллаж аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 14-уми июли соли 2022, Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 доллари амрикоиро баробар ба 10,4887 сомонӣ ва қурби 1 евроро баробар ба 10,4981 сомонӣ эълон кардааст, аммо дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ ин рақам фарқ мекунад.

Аз нимаи дуюми 13-уми июли соли ҷорӣ дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ қимати доллари амрикоӣ дар баробари евро пешӣ гирифт ва акнун 1000 доллар бо арзиши 997,77 сент муомила карда мешавад.

Уфти қурби евро дар баробари доллари амрикоӣ аз оғози соли ҷорӣ шуруъ шуд ва пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва боло рафтани қимати эенержӣ, бахусус нафту газ дар ҷаҳон шиддати он бештар гардид.

Аммо аз сӯи дигар бо таъсирпазирӣ аз ҷанги Украина, коҳиш ёфтани воридоти гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва эҳтимоли пурра қатъ гардидани воридоти гази Русия ба ин кишварҳо пойдории евроро дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ зери суол қарор додааст.

Инчунин хеле аз сармоягузорон низ барои ҳифзи сармояҳои худ бозорҳои амнтареро ҷустуҷӯ карда, суботи доллари амрикоиро дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ нисбат ба евро авлотар медонанд ва ба ин хотир равнақи муомилоти худ бо доллари амрикоиро афзоиш додаанд.

Гуфта мешавад, евро соли 1999 вориди муомилаи бозорҳои ҷаҳонӣ шуд ва арзиши он боре дар декбари соли 2002 низ дар баробари доллари амрикоӣ суқут карда буд, аммо бо гузашти камтар аз як сол дубора дар сабқати арзҳо аз доллар пешӣ гирифт ва суботи худро мустаҳкам карда буд.

Ҷасади кӯдаки 10-солаи ғарқшударо пайдо карданд

0

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҷасади кӯдаки 10-соларо, ки 2-юми июл дар дарёчаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ғарқ шуда буд, рӯзи 13-уми июл пайдо карданд.

Акс аз сомонаи КҲФ

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-уми июли соли ҷорӣ ду хоҳар, яке 10 ва дигарӣ 12-сола ҳангоми убур аз болои канали дериватсионие, ки аз қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузарад ба об афтода ғарк шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ин ду хоҳар ҳангоми убур аз болои канал “аз ҷойи номувофиқ” гузаштан хостанд, ки дар натиҷа ба об сарозер шуданд.

Гуфта мешавад, ҷасади якеро имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда худи ҳамон рӯз пайдо ва ба волидонаш супурданд. “Аммо барои пайдо кардани хоҳараки 10-солаи ӯ лозим омад тӯли чанд рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шаванд.” ва “билохира, рӯзи 13-уми июли соли равон ҷасади духтари дуюм низ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.”

Ҳамасола бо фарорасии фасли гармо дар Тоҷикистон кӯдакони зиёде бо сабабҳои гуногун ғарқ мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинон хоста, ки ҳангоми гузар аз болои пул ва убур аз каналу ҷӯйборҳо ва ҳангоми шиноварӣ эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу наздикони худро дар хатар наёяндозанд.

Раҳмон аз афзоиши нерӯи барқ гуфт, вале аз қатъи “лимит” чизе нагуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 13-уми июл зимни сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гуфта, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати нерӯгоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт–соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Раҳмон зимни суханронишя ишора кард, ки барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” давоми солҳои 2008 – 2021 “аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуда ва барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.”

Ҳангоми суҳбат, раисҷумҳур таъкид кард, ки 30 соли истиқлоли кишвар “287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст.”

Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд ва онро дастоварди назарраси соҳа номид.

Раисҷумҳури кишвар дар ҳоле аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ мегӯяд, ки ҳамасола бо расидани фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон барқ аз аҳолӣ қатъ мегардад ва дар сармои сахти зимистон аҳолӣ аз бебарқӣ ранҷи зиёд мекашанд.

Ҳамчунин ӯ нагуфт, ки бо афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ имсол ҳам дар кишвар “лимит” ҷорӣ мешавад ё на.

Дар ин суханронӣ низ дар мавриди фурӯши нерӯи барқ ва даромади он ишорае нашуд, ҳатто маълум нест, маблағҳое, ки аз фурӯши барқ ба даст меоянд, ба буҷаи кишвар ворид мешаванд ва ё ҷайби нафари муайяне.

Дар суҳбати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорони иҳтемолӣ ба НБО-и “Роғун” ишорае нашудааст. Дар ҳоле ки бино ба гузоризи “Reuters”, ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо барои сармоягузорӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳори омодагӣ карда буд.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории “Reuters” гуфта буд, ки тарҳи НБО-и “Роғун” ҳудудан 8 милярд доллар ҳазина дорад ва Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз ҳудуди 3 милярд доллар дар ин пуружаи бузурги энержӣ сармоягузорӣ кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои такмили нерӯгоҳи “Роғун” аз Иттиҳоди Аврупо дархости кумаки молӣ ва фаннӣ кардааст ва ин иттиҳодия низ омодааст дар “Роғун” сармоягузорӣ кунад.

Шикояти Твиттер аз Илон Маск

0

Ширкати Твиттер аз додгоҳе дар Амрико хостааст, ки Илон Маскро водор кунад, то тибқи қарордоди қаблӣ ин ширкатро бихарад.

Бинои ба иттилои Садои Олмон, 12-уми июли соли 2022, ширкати Твиттер аз додгоҳи иёлати Делавэри Иёлоти Муттаҳида дархост кард, ки Илон Маскро муваззаф кунад, то тибқи маълумоти созишномаи қаблӣ барои ҳар як саҳмия 54 доллару 20 сент қарордоди хариду фурӯши ин ширкатро ба поён бирасонад.

Дар шикоятномаи ширкати Твиттер омадааст, ки “Зоҳиран Маск бовар дорад, ки вай бар хилофи ҳама ҷонибҳои қонуни шартномаи Делавэр озод аст, ки ақидаи худро тағйир диҳад, ба ширкат зарар расонад ва фаъолияти онро халалдор кунад”.

Твиттер дар шикояти 60-саҳифагии худ далели хуруҷи Маск аз ин созишро “дурӯягӣ” номида, гуфтааст:

“Рафтори Маск ба содагӣ ва амиқан тасдиқ мекунад, ки ӯ мехоҳад қарордоди ҳатмие, ки ихтиёран имзо кардааст, вайрон кунад ва дар ин раванд қасд дорад ба Твиттер зарар расонад.”

Гуфтанист, 25-уми апрели соли 2022 Илон Маск бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст оварда буд, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд, аммо баъдтар даъво карда буд, ки дар бораи теъдоди саҳифаҳои ғайрифаъоли Твиттер ба вай иттилои комил пешниҳод нашудааст ва агар ин мушкил бартараф нашавад, қарордоди харидро бекор мекунад.