1.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 46

Пагоҳ муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия ба охир мерасад

0

Фардо, 10-уми сентябри соли 2025, муҳлати додашуда ба шаҳрвандони хориҷӣ барои қонунӣ гардондани будубошашон дар Русия ба поён мерасад.

Тибқи қарори қаблӣ, муҳоҷирон дар Русия бояд то 30-уми апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро танзим мекарданд, аммо бисёре аз муҳоҷирон натавонистанд ин корро анҷом диҳанд. Ва рӯзи 28-уми апрел Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Тибқи қонун бояд муҳоҷирон дар ин муҳлат дар идораи муҳоҷират бо пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, худро сабтином кунанд. Инчунин муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз ниҳодҳои давлатӣ қарздор набошанд.

Ҳамзамон муҳоҷирон то замони қонунигардонии будубош ҳаққи хариди амволи ғайриманқул ва нақлиёт, издивоҷ, сабти тиҷорат, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва шомил кардани кӯдакон ба кӯдакистону мактабҳоро надоранд.

Дар идораи муҳоҷирати ВКД ба расонаҳо гуфтаанд, ки аз 11-уми сентябр нафаронеро, ки будубошанро дар Русия қонунӣ нагардондаанд ихроҷ ва ҳамчунин ворид шудан ба ин кишварро барои солҳои тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки пештар мақомоти Тоҷикистон рӯйхати шахсони таҳти назорати Русия бударо нашр кард, ки номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки муҳлати ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё бекор шудаанд, инчунин онҳое, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, оварда шуда буд.

Ҷашни Истиқлол муборак бошад!

0

Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли худро аз Иттиҳоди шӯравӣ эълон кард. Акнун аз ин рӯзи фархунда 34 сол сипарӣ мешавад.

Доштани як давлати мустақил барои тамоми миллатҳои дунё як орзуст ва озодихоҳони дунё ҳамеша барои соҳибдавлат шудану ба истиқлол расидан талошу ҷонфидоиҳо кардаанд.

Ҳама хуб медонад, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо баҳои ҷони садҳо фарзанди ба номуси ин миллат ба даст омадааст. Вале мутаассифона имрӯз ин кишвари соҳибистиқлолро як оилаи нолоиқ ва ба тамоми маъно диктатор ҳукумронӣ мекунаду талошу заҳмати дигаронро нодида мегиранд.

Дар ҷашни Истиқлол аз онҳое, ки дар ҳақиқат барои ба даст овардани истиқлол ҷонфидоӣ кардаанд, номе гирифта намешавад ва ҳама заҳамоти дигарон ба номи Раҳмону оилаи ӯ сабт мешавад.

Ҳамватанони азиз, ин ки соҳиби давлати мустақилем ин як неъмати бебаҳост ва қадри фарзандони ин миллатро, ки заҳматҳои воқеиро онҳо кашидаанд, бояд донист.

Ҷашни Истиқлол барои якоякатон муборак бошад ҳамватанони гиромӣ!

Фоҷиа дар ноҳияи Рудакӣ: Қатли модар ва 3 фарзандаш

0

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як занро ҳамроҳи се фарзандашро пайдо карданд.

Ҳодисаи қатли модару ду духтар ва як писар шоми ҷумъаи 5-уми сентябр рух додааст, вале ҳамсояҳо ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд.

Аз кушташудаҳо модари оила Шаҳло, ду духтараш бо номҳои Ҳабиба ва Ҳамида, ки дар синфҳои 9 ва 10 таҳсил мекарданд ва писараш Шараф, ки хонандаи синфи 6 будааст, ном мебаранд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба яке аз ҳамсояҳои онҳо менависад, ки шавҳари Шаҳло дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст ва баъди кор накардани телефонҳои аҳли оила ба ҳамсояҳо занг зада, хоҳиш мекунад ба хонаи онҳо раванд.

Ва вақте зани ҳамсоя бо як ҳамсояи дигар вориди хонаи онҳо мешаванд, мебинанд ҳама ҷо кофтагӣ, бӯйи ғализ мебарояду дар як ҷойгаҳ Шараф даҳонаш бо “скотч” печонидагӣ мурдааст ва доду фарёд карда, мебароянд. Пас аз ин пулис омада, дар хона ҷасадҳоро пайдо мекунанд.

Мақомоти расмӣ то кунун тафсилоти ҳодисаро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки нафаре дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудааст ё не.

Аммо сокинони деҳа мегӯянд, ин ҳодиса мардумро сахт нигарон ва тарсондааст ва ҳатто дар мактабҳо миёни хонандагону омӯзгорон танҳо дар бораи ҳамин фоҷиа суҳбат меравад.

Арусшавандаашро кушту ҷасадашро оташ зад

0

Як ҷавони 20-солаи сокини вилояти Суғд бо иттиҳоми одамкушӣ боздошт шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, ки ӯ бо гумони куштану оташзадани ҷавондухтари 19-сола гумонбар аст.

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки гумонбаршаванда аз сабаби он ки пас аз хостгорӣ аз ҷониби волидони арусшавандааш ҷавоби рад мегирад, 5-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз ҳиссиёти рашки зиёд арусшавандааш ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Зафарободро ба мошини худ савор намуда, ба самти номаълум бурда ва дар дохили мошинаш 16 корд ба баданаш задааст.

“Сипас бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан ҷабрдидаро тариқи кашола намудан ва бераҳмии махсус ба дохили бинои сохтмонаш нотамоми деҳаи Логин дароварда, бо воситаи моеъи сӯзишвории бензин оташ зада, ба ҳалокат расонидааст.”, омадааст дар хабари ВКД.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гумонбаршаванда ҳоло дар боздошт қарор дорад ва бар зидди ӯ бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

То ҳнӯз назари гумонбаршаванда ва наздикони ӯ ва ҳамчунин ҷониби ҷабрдида дар робита ба ин ҳодиса дарстраси расонаҳо нашудааст ва ҷузъиёти ин қазия маълум нест.

Аммо коршиносон даст ба ҷиноятҳои вазнини куштор задани ҷавононро ба тарбияи нодурусти хонавода, зарбу лат ва зӯроварӣ аз ҷониби волидон, дур мондан аз эҳсосоти отифӣ, монанди меҳрубонӣ надидан аз ҷониби падару модарон ва дигар мушкилоти равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ марбут медонанд.

Непал: бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ба кушта шудани даҳҳо нафар анҷомид

0

Дар натиҷаи эътирозҳои хиёбонӣ дар Непал ба хотири баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ 19 ҷавон кушта шуд.

Пас аз ба ҳалокат расидани ҷавонони муътариз, ҳукумати Непал рӯзи 9 сентябр эълон намуд, ки басташавии шабакаҳои иҷимоӣ бекор карда мешавад. Ҳамзамон, комиссияи махсус барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса ва пешниҳод намудани чораҳои ислоҳӣ таъсис дода шудааст.

Ин ақабнишинии ҳукумати Непал дарҳоле аст, ки рӯзи 4 сентябри соли 2025 бо судури фармоне дастрасӣ ба 26 шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, WhatsApp, YouTube ва X (Twitter)-ро маҳдуд кард. Сабаби асосии ин иқдом — иҷро накардани талаботи қонунӣ аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ оид ба сабти ном ва танзимшавӣ дар дохили кишвар гуфта шуд.

Аммо ин тасмим вокуниши сахти ҷомеаро ба бор овард. Ҳазорон ҷавон, бахусус намояндагони насли Z, бо шиорҳои “Коррупсияро қатъ кунед, на шабакаҳоро” ба кӯчаҳои пойтахт – Катманду баромаданд. Эътирозҳо ба задухӯрди шадид бо нерӯҳои амниятӣ табдил ёфтанд.

Бар асоси гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ, дар натиҷаи тирпаронӣ 17 то 19 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳодиса ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва созмонҳои ҳуқуқи башарро ба ташвиш овард. Онҳо иқдоми ҳукуматро ҳамчун “цензураи рақамӣ” ва нақзи озодии баён арзёбӣ карданд.

Имтиҳони муошират бо занон барои муҳоҷирон дар Русия

0

Дар Русия чанд қонуни наве таҳия мешавад, ки ҳадафашон сахттар кардани қоидаҳо барои муҳоҷирони корӣ мебошад.

Ҳизби “Одамони нав”-и Русия пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар имтиҳони вежа барои муҳоҷирон дар бораи қоидаҳои муошират бо занон ҷорӣ карда шавад. Муаллифи лоиҳаи қонун ва муовини раиси Думаи давлатӣ Владислав Даванков мегӯяд, ки ҳар касе ба Русия меояд, бояд қоидахои асосии муошират бо занонро омӯзад ва дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани онро донад.

Илова бар ин, Даванков пешниҳод кардааст, ки ҳамаи муҳоҷирон ба хотири пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар баробари шаҳрвандони Русия ҳатман дар паёмрасони “MAX” сабти ном шаванд.

Пешниҳоди дигари ҳизби “Одамони нав” ин боло бурдани арзиши шаҳодатномаи ронандагӣ то 20 ҳазор рубл барои муҳоҷирон мебошад. Ҳоло он ҳамагӣ 4 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Сабаби ин пешниҳодро ба паст будани сифати ронандагии муҳоҷирон ва рух додани беш аз 2000 садамаи нақлиётӣ аз аввали сол бо айби муҳоҷирон гуфтаанд. 

Инчунин вакилони Дума аз ин ҳизб талош доранд то шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия маҳдуд карда шавад, яъне на бештар аз як хонандаи муҳоҷир дар як синф бошад. Ба гуфтаи муаллифон, ин иқдом ба омӯзгорон ва кӯдакон кумак мекунад ва ҳамгироии кӯдакони муҳоҷирро суръат мебахшад.

Яке аз лоиҳаҳои дигари Ҳизби “Одамони нав” – низоми профилҳои рақамии “Мигрант ID” аз аввали соли 2026 фаъол хоҳад шуд, ки он назорат аз болои хориҷиёни қонунӣ иқоматдошта дар Русияро пурзӯр менамояд.

Раҳбари ин ҳизб Алексей Нечаев дар шарҳи ин қонуну пешниҳодҳо гуфта, ки дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо бузургтарин ихроҷ аз кишвар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2024 аз ин кишвар 190 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуданд, яъне 90 ҳазор нафар бештар аз соли қаблӣ.

Тоҷикистон 3000 тонна кумак ба Афғонистон фиристод

0

Ҳукумати Тоҷикистон аз ирсоли кумакҳои башардӯстона ба зарардидагони заминларзаи Афғонистон хабар дод.

Тавре мақомоти расмӣ иттилоъ медиҳанд, рӯзи 8-уми сентябри соли 2025, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000 тонна кумакҳои башардӯстонаро барои мардуми осебдидаи Афғонистон ирсол кард.

Гуфта мешавад, ин кумакҳо тавассути 100 мошини боркаш ба сӯи Афғонистон роҳсипор шуда, ба минтақаҳои зарардида расонида мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар таркиби кумакҳо маводи ғизоӣ, либос, хайма, болопӯшҳои зимистона, масолеҳи сохтмон, оби нӯшокӣ, ангишт ва дигар ашёи зарурии рӯзгор шомил мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадиде, ки шаби 31-уми август дар Афғонистон рух дод, зиёда аз 2200 нафар ҷони худро аз даст доданд ва хисороти ҷиддӣ ба манзил ва зиндаги мардум ворид шудааст. Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ҳамчун иқдоми ҳамдардӣ ва дастгирии ҳамсоякишвар арзёбӣ мешаванд.

Нархи об дар Душанбе 300% гарон шуд

0

Аз 1-уми сентябри соли 2025, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, нархи оби нӯшиданӣ ва хидматрасонии корезӣ ба таври назаррас боло бурда шуд.

Қарори мазкур, ки аз ҷониби КВД “Обу корези Душанбе” нашр гардид, вокуниши васеи сокинонро ба бор овардааст.

Ба иттилои расмӣ, барои аҳолие, ки бо ҳисобкунак истифода мебаранд, нархи об барои ҳар як метри мукааб аз 2,26 сомонӣ ба 2,60 сомонӣ расид. Аммо барои онҳое, ки бе ҳисобкунак об мегиранд, пардохт якбора тақрибан то 300% афзоиш ёфтааст. Масалан, сокинони биноҳои баландошёна ҳоло 28,07 сомонӣ месупоранд, дар ҳоле ки қаблан 10,61 сомонӣ мепардохтанд.

Сокинон ва истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин болоравии шадиди нарх изҳори норозигӣ кардаанд. Як корбар ҳисобу китоб карда менависад: 

“Ман дар як сол барои 4 нафар пардохт мекардам, ҳарчанд тибқи санадҳо дар хонаи мо 3 нафар сабт шудаанд. Пештар 400 сомонӣ месупоридам. Ҳоло ҳисоб кардам, ки барои як нафар 337 сомонӣ мешавад ва барои 4 нафар дар як сол — 1347 сомонӣ. Оё ин одилона аст? Вой бар ҳоли он оилаҳое, ки беш аз 10 нафар дар як хона зиндагӣ мекунанд.”

Корбари дигаре гарон шудани қимати обу корезиро “беинсофӣ” гуфта, менависад:

“Беинсофӣ — 300%! Дар ин хонаҳои бисёрошёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, ҷойи насби ҳисобкунаки об вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам насб кардани он имконнопазир аст.” Ин корбар мегӯяд, бархе сокинон, ки нафақахӯранду пули нафақаи онҳо аз 500 сомонӣ бештар нест, онҳо чӣ кор кунанд?!  

Бархе дигар бо нигаронӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон дар қиёс ба аксар кишварҳои минтақа кишвари дорои оби фаровон аст, ба ҷои он ки об арзон бошад, баракс аз ҳама гаронтар шудааст.

Ба назари огоҳон, дар аксари кишварҳои дунё, маҳсулоте, ки захираи фаровон дорад, мисли нафт, газ ё маъдан, одатан барои мардум бо нархи арзон пешниҳод мешавад. Вале, дар Тоҷикистон, баръакс, бо вуҷуди он ки оби нӯшиданӣ яке аз захираҳои бойи табиӣ маҳсуб меёбад, сокинон маҷбуранд онро бо нархи гарон харидорӣ кунанд.  

Ҳамзамон, дар гӯшаҳои зиёди кишвар мардум ҳанӯз ҳам аз мушкили беобӣ ва камбуди дастрасӣ ба оби тоза ранҷ мебаранд. Ҳолате, ки боз ҳам суоли ҷиддӣ дар бораи одилона ва дастрас будани хидматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистонро ба миён меорад.

Намояндаи нави ИА дар Тоҷикистон

0

Радослав Дарски сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 5-уми сентябри соли ҷорӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Насредин Исматулло нусхаи эътимодномаи раҳбари навтаъйини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро қабул кардааст.

Гуфта мешавад, то намояндаи ИА дар Тоҷикистон таъйин шуданаш, Радослав Дарски муовини мудири раёсати сиёсати аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон буд ва ҳамчунин дар намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон, Гурҷистон ва ба ҳайси муовини сафири Лаҳистон дар Минск кор кардааст.

Ӯ хатмкардаи бахши равобити байналмилалии Донишгоҳи Вротслави Лаҳистон буда, дар баробари забони лаҳистонӣ забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Маълум нест ҷаноби Дарски барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чӣ талошҳоеро хоҳад кард, аммо худи ӯ гуфтааст, ки қасд дорад дар таҳкими муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон саҳм гузорад ва ташаббусҳои рушди кишварро дар доираи ҳамкориҳои васеътари минтақавӣ дастгирӣ намояд.

Гуфта мешавад, дар мансаби раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски дипломати литвонӣ Раймундас Кароблисро иваз кард. Ҷаноби Кароблис соли 2022 сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Пешниҳоди нави Амрико барои оташбас байни ҲАМОС ва Исроил

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе аз пешниҳоди нави тарҳи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил хабар дод.

Трамп мегӯяд, Исроил пешниҳоди нав дар мавриди озод намудани гаравгонҳо ва поён додани ҷанг дар Ғаззаро пазируфтааст, вале мунтазири ҷавоби ҲАМОС аҳстанд.

Раисҷумҳури Амрико дар баробари пешниҳоди намудани ин тарҳи худ гуфтааст, ки имкон дорад бо пазируфтани шартҳои пешниҳодӣ ҷанг дар Ғазза поён ёбад, вале ӯ таъкид карда, ки дар ҳоли напазируфтани шартҳояш аз ҷониби ҲАМОС ин “охирин огоҳӣ” ба онҳо хоҳад буд.

Хабаргузории амрикоии “Axsios” бо такя ба манобеи худ хабар дода, ки ҳафтаи гузашта фиристодаи Амрико дар Ховари Миёна Стив Витков ба ҲАМОС тарҳи созишномаи оташбасро пешниҳод кардааст. Зоҳиран, ин ҳамон чизест, ки Трамп имрӯз аз он хабар дод.

Ин расонаи амрикоӣ дар истинод ба ду манбаъ гуфтааст, ки тарҳи оташбаси наве, ки ҳукумати Трамп пешниҳод кардааст, озодии тамоми гаравгонҳо дар як дафъа аз ҷониби ҲАМОС ва дар иваз поён додани ҷанг дар Ғазза аз ҷониби Исроилро дар бар мегирад.

Манбаъ мегӯяд, бо қабули ҲАМОС Исроил маҷбур аст даст аз ишғоли Ғазза бардорад ва барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона иҷозат диҳад.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии 12-и Исроил мегӯяд, ин тарҳ нуктаҳоеро дар бар мегирад, ки дар созишномаҳои қаблӣ набуданд. Аз ҷумла:

. Дар рӯзи якуми оташбас бояд ҲАМОС 20 асири зинда ва 28 ҷасади дигарро раҳо кунад.

. Дар муқобил Исроил садҳо зиндонии фаластинӣ, аз ҷумла чанд нафар аз онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд ва ё барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, озод мекунад.

. Исроил амалиёти “Аработи Ҷадъун 2”-ро, ки аввали моҳи сентябр барои ишғоли комили Ғазза оғоз кардааст, мутаваққиф мекунад.

. Гуфтушунидҳо то расидан ба сулҳи ниҳоӣ ва ба таври комил поён додани ҷанг идома мекунад.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, ҲАМОС шоми якшанбе тариқи миёнаравҳо пешниҳодоте аз ҷониби Амрико дарёфт кардааст. Ин ҷунбиш мегӯяд, омодааст ба мизи музокирот бишанад ва қазияи озодии гаравгонҳоро баррасӣ кунад, ба шарти он ки ҷониби Исроил ба таври возеҳ поёни ҷангро эълон кунад ва ба таври комил артишашро аз Навори Ғазза берун бикашад ва як ҳайате аз фаластиниёни мустақил барои идораи Ғазза ташкил шаваду дар ҳол корро оғоз кунанд.

Яке аз шартҳои дигари ҲАМОС ин аст, ки бояд барои идомаи оташбас замонати пойбандии Исроил ба таври ошкору сареҳ гирифта шавад, ки мисли таҷрибаҳои қаблӣ аҳдшиканӣ ва адами пойбандӣ ба созишномаҳоро такрор намекунад ва он дар шакли як тавофуқи ҷудогона сурат бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 18-уми август кишварҳои миёнҷигар, мисли Қатар ва Миср тарҳи оташбасеро пешниҳод намуда буданд, ки Исроил онро напазируфт. Аз ҷумла, дар он гуфта мешуд, ки оташбас дар марҳилаи аввал 60 рӯз идома мекунад ва то ин муддат гуфтушунидҳо барои ба таври комил поён додани ҷанг идома хоҳанд кард.

Инчунин гуфта мешуд, ки дар давоми 60 рӯз Исроил гузаргоҳҳоро боз мекунад то кумакҳои башардӯстона вориди Ғазза шаванд. Ва ҳамзамон ҲАМОС 10 асири зинда ва 18 ҷасади дигарро ба Исроил таҳвил медиҳад ва дар муқобил Исроил 1700 зиндонии фаластиниро озод мекунад, ки 45 нафарашон ҳукми абад гирифтаанд ва 15 нафари дигар барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.