14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 463

Кашфи беш аз $9 млн Қосим Роҳбар аз Бонки Швейтсария

0

Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (

Ба иттилои таҳқиқгарони ин созмон, ки онро Радиои Озодӣ низ нашр кардааст, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин миқдори пули зиёд чӣ гуна ва аз кадом сарчашмаҳо ба даст омадааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Қосим Роҳбар дар замони раиси вилояти Суғд ва вазири кишоварзии Тоҷикистон буданаш тиҷорати пахта, як маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистонро дар даст доштааст. Инчунин дар мукотибаҳои сафорати Амрико, ки чанд сол пеш як қисмаш расонаӣ шуд, ӯро ҳатто “саркардаи мафия” ҳам ном бурдаанд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон мансабдорони давлатӣ ҳаққи тиҷорат ва кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар хориҷ аз кишвару кучондани маблағ ба хориҷро надоранд.

Дар хусуси ин суратҳисоб бо доштани маблағи зиёд худи Қосим Роҳбар то ҳол ба расонаҳо чизе нагуфтааст.

Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо Қосим Қосимов машҳур буд, 3-юми октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи Роҳбар Қосимов, як мансабдори баландпояи он даврон, ба дунё омадаааст. Ӯ моҳи январи соли ҷорӣ бо фармони Президент ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуд.

Қосим Роҳбар соли 1994, дар 30-солагияш раиси собиқ ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996 раиси вилояти Суғд таъйин шуда, то соли 2006 дар ин мақом кор кардааст. Баъди тарки ин мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Ӯ аз соли 2008 то 2015 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Шуморе аз мансабдорони тоҷик дар ҷустуҷӯ қарор доранд

0

Дар вилояти Суғд ҳудуди з0 мансабдори собиқ бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ ва порагирӣ дар ҷустуҷӯи мақомоти кишвар қарор доранд.

Акс аз “Sputnik”

Раҳбари Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Шараф Аваззода 18-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, аз соли 2007 то ин ҷониб аз ҷониби Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд 28 нафар дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд, ки ҳамаи онҳо мансабдорони собиқанд.

Аз ҷумлаи мансабдорони собиқе, ки дар пайгарди мақомоти кишвар қарор доранд, номи раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Маннонзода ва собиқ раиси додгоҳи ин ноҳия Акбар Холиқзода зикр шудааст.

Ба навиштаи “Sputnik Тоҷикистон”, Аваззода дар ин нишаст  гуфтааст, рӯйхати мансабдороне, ки дар кофтуков қарор доранд, баъд аз исботи даст доштанашон дар фасод ба мақомот даъват шудаанд, аммо онҳо ба додгоҳ ҳозир нашуда, фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, Абдусамад Маннонзода давоми солҳои 2013-2015 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд ва ба гуфтаи масъулони Агентии зидди фасод дар вилояти Суғд ӯ ҳангоми дар ин мансаб буданаш барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Аз ин рӯ, нисбати ӯ бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” (гирифтани пора дар ҳаҷми калон)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст ва айни ҳол дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Вазири маорифи кишвар аз вазифааш барканор шуд

0

Вазири маориф ва илми Тоҷикстон Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақомаш барканор шуд ва дар пайи ӯ ҳарсе муовинонш низ аз мақомоҳояшон сабукдӯш шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти Президент хабар дод.

Акс аз “Asia-Plus”

Гуфта мешавад, имрӯз, 21-уми феврал бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардиданд. Ва мақоми онҳо “Саидзода Раҳим Ҳамро — вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед — муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия — муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардиданд.”

Вазири тозатаъйини маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳимҷон Ҳамро то ин дам дар вазифаи ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе кор мекард.

Дар ин тағйироти кадрии имрӯза ҳамчунин Шоҳин Саидзода, писари вазири пешини маорифи кишвар Нуриддин Сайидзода низ аз вазифаи директори Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон барканор шудааст.

Муҳаммадюсуф Имомзода ба ҳайси вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз соли 2020 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон таъин шуда буд. Ахиран номи ӯ дар авоили моҳи феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш бо ҷумлаи “Аз рафтани омӯзгорон фоҷеа насозед!” сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Коронавирус дигар дар Тоҷикистон нест?

0

Рӯзи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифтор шудан ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои “портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус” аз 17-уми феврал то ҳол ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор нашуда, бори охир 16-уми феврал 3 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, тибқи омори Вазорати тандурустии кишвар шумори умумии мубталоён ба COVID-19 аз оғози ин беморӣ дар кишвар 17385 нафарро ташкил додааст.

Шумораи умумии шахсони аз ин беморӣ шифоёфта ба 17249 нафар ё 99,2% расид.

Теъдоди фавтидагон бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Аммо ба омори овардаи мақомот коршиносон ба шубҳа менигаранд.

Боздошти 630 тоҷикистонӣ дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир

0

Агентии давлатии назорати маводи мухаддир хабар дода, ки дар соли 2021 зиёда аз 630 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир боздошт шудааст.

Хабаргузории давлатии Русия Тасс ба нақл аз Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон хабар дода, ки 630 нафар аз шаҳварндони Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар соли 2021 дар ҳудуди Русия боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар соли 2021 мақомоти интизомии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ 7 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар гардиш ва ё муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт карда, аз онҳо 453 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли ахири мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон дубаробар зиёдтар шуда, интиқоли ғайриқонунии он аз Афғонистон ба Тоҷикистон низ ҳудуди 50 дарсад афзоиш доштааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши мусодира ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки ҳифозат аз сарҳадоти Тоҷикистон бар уҳдаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буда, борҳо раҳбарони  ин ниҳоди давлатӣ тавассути расонаҳои хориҷӣ ба даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар муттаҳам шудаанд.

Мақомот шоҳиди қатли Гулбиддинро боздошт кардаанд

0

Мақомот шоҳиди қатли Гулбиддин Зиёбеков, Диловар Хуррамови 40-соларо боздошт кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи худ хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошти Диловар Хуррамов, сокини ноҳияи Роштқалъаро тасдиқ карданд. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 328 қисми 2, яъне “истифодаи зӯр ба муқобили намояндаи ҳокимият” парванда боз шуда, прокуратури вилоят онро таҳқиқ дорад.

Хуррамов 29-уми ноябри соли гузашта гуфта буд, ки шоҳиди амалиёти зидди Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аст, ду ҳафта пеш аз ҷониби мақомот боздошт гардидааст.

Наздикони Диловар рӯзи 17-уми феврал боздошти ӯро тасдиқ карданд, аммо аз суҳбат худдорӣ намуданд. Як сокини деҳаи Тавдем, ки нахост номаш бурда шавад, гуфта, ки “ӯ гуноҳе надошт, танҳо рӯзи ҳодиса аз мақомот пурсида буд, ки чаро Гулбиддинро парронданд? Дертар ӯро боздошт карданд.”

Гулбиддин Зиёбеков 25-уми ноябр дар ноҳияи Роштқалъа дар деҳаи Тавдем аввал захмӣ ва сипас бо зарби 7 тир дар роҳ тавассути мақомоти Тоҷикистон кушта шуд. Қатли бераҳмонаи Гулбиддин Зиёбеков мавҷи эътирозҳоро дар Хоруғ сипас дар Душанбеву Маскав, Лондону Ню-Йорк ва дигар бузургшаҳрҳои хеле аз кишварҳои аврупоӣ ба вуҷуд овард. Мақомот гуфтанд, Зиёбеков барои таҳқири корманди додситонӣ ҷустуҷӯ мешуд ва “ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона” кушта шуд. Чизе, ки пайвандонаш беасос медонанд.

Боздошти ин сокини деҳаи Тавдем дар ҳолест, ки вазъияти ҷамъиятию сиёсии ВМКБ зиёда аз ду моҳ боз муташанниҷ боқӣ мемонад. Аз охири мощи ноябр иртиботи интернетӣ баста шуда, воҳидҳои изофии низомӣ дар ин минтақа мустақар шудаанд. Мақомот талаб дорад, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров ва чанд сокини дигари ин вилоят худро таслими мақомот кунанд, аммо онҳо худро гунаҳкор намеҳисобанд ва мардум ҳам мегӯянд, то охир аз Мамадбоқир ва дигарон ҳимоят мекунанд. Сокинон мегӯянд, мақомот бо ҳарроҳ мардумро таҳрик мекунанд то даст ба эътироз зананд ва онҳо амалиёти дар нақша доштаашонро анҷом диҳанд.

Ҳукми 28 соли зиндон ба як русзабон дар Тоҷикистон

0

Додгоҳи вилояти Хатлон зодаи Русия Проскуряков Сергей Степановичро бо гуноҳи таҷовуз ба номуси кӯдаки ноболиғ ва сипас куштани ӯ ба 28 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал бо нашри баёнияе хабар дод, ки Проскуряков Сергей зодаи Русия буда, муваққатан дар ноҳияи Дустӣ, ҷамоати деҳоти Ҷиликули вилояти Хатлон зиндагӣ мекард.

Ба гуфтаи Додситонии кул, Проскуряков рӯзи 09.09.2021 тахминан соатҳои 15 ба 16 дар ҳолати мастӣ ноболиғ Н.Р., соли таваллудаш 17.12.2016, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи мазкурро дар кӯча вохӯрда, бо роҳи фиреб ба ҷойи хилвати беодам, дохили замини ҷуворимакка бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Сипас “барои пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш қасдан хурдсол Н.Р.-ро бо брижаи дар танаш буда буғӣ карда, ба ҳлокат расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.”

Қазияи мазкур аз ҷониби додситонии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таҳқиқ шуда, нисбати Проскуряков Сергей бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,е” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.

Дар натиҷаи таҳқиқи додситонии вилояти Хатлон, додгоҳи ин вилоят 16 декабри соли 2021 Проскуряковро бо моддаҳои мазкур гунаҳгор дониста, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Акнун бо ҳукми додгоҳ шаҳрванди Русия Проскуряков Сергей 28 соли ҷазои худро дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт мегузаронад.

Назари маҳкумшуда ва ё вакили дифоъу наздиконаш дастрас нест.

Сокинони ноҳияи Исфара бонги хатар мезананд. Аз кӣ ва аз чӣ?

0

Сокинони деҳаҳаои наздимарзии ноҳияи Исфара дар як муроҷиати хаттие ба Президент ва мақомоти қудратии кишвар гуфтаанд, “бонги хатар задан мехоҳем, зеро якпорчагии Ватану миллат дар хатар аст.”

Акси марбута аз сомонаи “sugdnews”

Сокинони деҳаҳои Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар

Дар охир аз Раисҷумҳур ҳамчун кафили сулҳу оромӣ ва якпорчагии кишвар хостаанд, ки мушкилоти онҳоро ҳарчи зудтар ҳал кунад. Талаби асосии онҳо инҳо буданд: Шахсони муносиб дар вазифаҳои сохторҳои қудратӣ оварда шавад, дар музокирот донандагони хуби забони русӣ ва огоҳ аз таърихи кишвар, босавод ва нотарс роҳ дода шавад ва аз ҳама муҳим пеши роҳи масъулони ширкати “Фароз” гирифта шавад.

Шоҳида Маҳмадҷонавора ба СИЗО интиқол доданд

0

Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба Муассисаи тафтишотии шаҳри Душанбе (CИЗО) интиқол доданд. Дар ин бора Идимоҳ Маҳмадҷонова модари Шоҳида Маҳмадҷонова ба “

Идимоҳ Маҳмадҷонова мегӯяд, ду рӯз боз ба духтараш хӯрок мебарад, вале ба ӯ иҷозат барои дидорбинӣ бо духтарашро намедиҳанд.

Идимоҳ Маҳмадҷонова бо гиря гуфтааст, ки барои дидорбинӣ бо духтараш ҳуҷҷате, ки иҷозати воридшуданро диҳад лозим аст. Чун бемор аст ҳоло онро натавонистааст бигирад.

Хонум Маҳмадҷонава то ба СИЗО интиқол ёфтанаш, дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Шоҳида Маҳмадҷонова модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва пас аз гузашти 6 рӯз бо фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо Вазорати корҳои дохилӣ маҷбур шуд, ки боздошти ӯро эътироф кунад.

Шоми 8-уми феврал ВКД-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ карда, хабар дода буд, ки нисбати ӯ “тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.”

Ҳамчунин ӯро мақомот дар ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” гумонбар дониста буданд. Дар посух ба ин иттиҳомот Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” иддаои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи узв ин гурӯҳ қаламдод кардани Шоҳида Маҳмадҷоноваро рад карда, боздошти ӯро ҷиноят болои ҷиноят хонда буд.

Наздиконаш низ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, мақомот бо боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова мехоҳанд писараш, Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 дигар бар зидди ҳукумат чизе нагӯяд ва ба Тоҷикистон баргардад.

Шоҳида Маҳмадҷонава пас аз 18 соли фаъолият ҳамчун табиб дар шаҳри Ваҳдат 3-юми январи соли 2020 зери фишори мақомот аризаи “бо хоҳиши худ” аз кор рафтанашро имзо карда буд.