12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 462

БОР барои рушди Тоҷикистон $500 млн ҷудо мекунад

0

Бонки осиёии рушд (БОР) дар давоми се соли оянда (2022-2024) ба Тоҷикистон 465 миллион доллар барои амалӣ намудани лоиҳаҳо ҷудо мекунад. Дар ин бора Шенни Кэмпбелл, раиси дафтари Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, БОР нақша дорад дар соли 2022 барои иҷрои панҷ лоиҳа 190 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Ин маблағҳо дар асоси грант ҷудо карда мешаванд ва лоиҳаҳо бахшҳое аз қабили энергетика, нақлиёт, бахши молиявӣ, тағирёбии иқлим (офати табиӣ) ва таъмини об дар шаҳри Душанберо дар бар мегиранд.

Шенни Кэмпбелл ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта Бонки осиёии рушд ду лоиҳаро барои харидории ваксинаҳо бар зидди COVID-19 ва татбиқи лоиҳаи обёрӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маблағгузорӣ кардааст.

Раиси БОР дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки “Тоҷикистон пас аз пандемия рушди баланди иқтисодӣ нишон дод. Аммо ин афзоиш ҷойҳои нави корӣ эҷод намекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд. Махсусан, лоиҳа дар соҳаи маориф (Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ) на танҳо барои омода сохтани мутахассисоне, ки дар хориҷа кор карда тавонанд, балки ба омода кардани мутахассисон барои бозори дохилӣ низ нигаронида шудааст”.

Тоҷикистон аз соли 1998 бо БОР ҳамкорӣ дорад. Дар муддати 23 сол БОР бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушд барои Тоҷикистон гардид. Дар ин муддат БОР ба Тоҷикистон беш аз 2,1 миллиард доллари ИМА, аз ҷумла беш аз 1,6 млрд $ ИМА дар шакли грантҳо ҷудо намудааст.

Путин ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетскро ба расмият шинохт

0

Шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Акс аз “РИА Новости”

Пас аз ба арсмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз Украина Путин бо онҳо тавофуқоти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва низомиро ба имзо расонд. Дар пайи ин амалкарди Путин Ғарб ва Амрико фавран вокуниш нишон дода, аз ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодии бузург алайи Русия хабар доданд.  

Гуфта мешавад, Раисҷумҳури Русия пеш аз имзои санади ба расмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ бо сарони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва Раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон телефонӣ суҳбат карда, аз ин иқдомаш онҳоро огоҳ кардааст.

Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин онро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, ки собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва алъон ҳам зери чатри Русия қарор доранд, ҳар чанд Укроинро шарики худ медонанд, вале то кунун дар бораи ин иқдоми Русия расман вокуниш накардаанд.

Валентина Мативиенко ба Душанбе сафар мекунад

0

Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар раъси як ҳайъат озими Тоҷикистон мешавад.

Акс аз сомонаи РИА новости

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, ки дар назар аст, рӯзҳои 24-25 феврали соли ҷорӣ Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба Душанбе сафар кунад.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни мулоқот бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Константин Косачев ва Николай Журавлёв сафари қарибулвуқӯи Валентина Матвиенкоро баррасӣ карда, “изҳори боварӣ шуд, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳими ҳамкорӣ такони нав хоҳад бахшид.”

Гуфтанист, сафари Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия хонум Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз Владимер Путин, Президенти Русия ду ҷумҳурии хундхондаи ҷудошуда аз Укроинро ба расмият шинохт ва аз Вазорати мудофиаи кишвараш хост, ки ба хотири таъмини сулҳу оромӣ нирӯҳои “посдори сулҳ”-ро ба он ҷо фиристанд.

Таркиш дар ноҳияи Қубодиён ҷони як нафарро гирифт

0

Холиёр Нурматови 41-сола, ки бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён захмӣ шуда буд, дар бемористон даргузаштааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли ҷорӣ “дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ” дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориёи нафт” дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Қубодиён таркиш рух дод.

Бар асари таркиш 14 нафар ҷароҳат бардошта, 7 мошин зарар дида, 2 чорвои калон талаф ёфтанд.

То имрӯз аз миёни захмиён 6 нафар ба хона ҷавоб дода шуда, 7 нафар дар беморхона таҳти назорати табибон қарор доранд ва 1 нафар, Холиёри 41-сола аз дуён даргузашт.

Инчунин Вазорати тандурустии кишвар хабар дод, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, табобати қурбониёни таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиёнро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфта, ки сабабҳо ва омилони таркишро муайян ва хисороти расида ҳисоб карда мешавад.

Аз дафъи “фоҷеа” то ғасби ҳокимият

0

Дирӯз, субҳи барвақти рӯзи душанбе ва оғози ҳафтаи сеюми феврали соли 2022 Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо амри Президент Эмомалӣ Раҳмон дар малаи ом салоҳиятҳои ҳокимияти қонунгузорро ғасб не, таҷовуз кард.

Қисса аз он ҷо шурӯъ шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон дар ин рӯз 4 Амр 18 Қарор ва 7 Фармонеро имзо карда, қисмеро дар вазифаҳои болотару қисмеро дар мансабҳои пойинтар ба курсӣ шинонд ва чанд нафареро ҳам бинобар ба синни нафақа расидани умрашон аз вазифа озод кард. Дар байни касоне, ки дар ин рӯз вазифаи нав гирифтанд, вазири тозатаъйини маориф ҳам буд.

Хабаргузории

Ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки дирӯз баъди имзо ва нашри фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон парлумони кишвар на даъвати ҷаласаи якҷоя додаву ва на дар хусуси тасдиқи фармоҳои Эмомалӣ Раҳмоне ҳарф зада шудааст. Сомонаи Маҷлиси миллӣ охирин матлаби худро 12-уми феврал ва сомонаи Садои Мардум охири матлабашро 19-уми феврали соли 2022 нашр кардаанд.

Аз сӯи дигар вақте субҳи барвақт пеш аз нашри хабар дар бораи имзои фармонҳои ҷадид дидаву дониста Президент Эмомалӣ Раҳмон Сарвазир Қоҳир Расулзодаро барои барканории вазири собиқ ва муаррифии вазири тозатаъйин ба бинои Вазорати маориф ва илм фиристод, ҳокимияти қонунгузорро ғасб намуда, 63 вакил, аз ҷумла ба рӯи писараш Рустами Эмомалӣ дар мақоми Маҷлиси миллӣ туф кард.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Туркманистон аз Тоҷикистон 10 ҳазор тонна олуминиюм мехарад

0

Қарор аст кишвари Туркманистон аз Тоҷикистон 10 ҳазор тонна филиззи олуминиюм харидорӣ кунад. Дар ин бора сомонаи турмании (

Бино ба гузориши манбаъ, рӯзи душанбе масъалаи хариди 10 ҳазор тонна олумениюм аз Тоҷикистон дар ҳузури раисҷумҳури ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов баррасӣ шудааст.

“Дар ҷаласаи кории рӯзи душанбе муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Чаримурат Пурчеков ба Раисиҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи корҳои марбут ба хариди 10 ҳазор тонна олуминиюм аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон маълумот дод.”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, хариди ин миқдор олуминиюм дар чаҳорчӯби созишномаи ҳамкории иқтисодӣ бо ҷониби Тоҷикистон сурат гирифта ва ин ашёи хом бояд дар корхонаи давлатии “Небитмаш”-и Туркманистон истифода шавад.

Аммо бо чӣ миқдор маблағ харидорӣ шудани олуминюми Тоҷикистон гуфта нашудааст. Ва вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ дар ин бора маълумоте нашр накардааст.

Солҳои ахир ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон нисбатан афзоиш ёфтааст.

Эъломи омодагии Байден барои мулоқот бо Путин

0

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон карда, ки президинети он кишвар тамоюл дорад, ки дар бораи танишҳои Маскав ва Киев бо Президенти Русия

Аз ҷониби дигар Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, “дар сурати зарурат раҳбарони ду кишвар метавонанд ба зудӣ дар ин бора ба мувофиқа бирасанд.”

Ҳамзамон ба қавли расонаҳо Иттиҳиди Аврупо аз ин тамоюли Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико истиқбол карда, Ҷозеф Борл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки “Аврупо аз ҳар гуна мулоқоти сарони ду кишвар ва дар ҳар сатҳ ва ба ҳар шакле, ки бошад ҳимоят мекунад.”

Гуфтанист, раҳбарони кишварҳои Олмону Фаронса, Амрикову Бритониё ва дар маҷмӯъ аксар кишварҳои таъсиргузор дар НАТО бар ин боваранд, ки эҳтимол дар рӯзҳои наздик Русия ба Укроина ҳамла мекунад, аммо сафири Русия дар Амрико ба расонаҳо гуфтааст: ” Русия ошкор омодагии худро барои ҳалли мавзуъҳо аз роҳҳои дипломатӣ баён кардааст ва мо ҳеч гуна талоше барои тасарруфи сарзамине аз кишварҳои дигар надорем.”

Аз ҷониби дигар вазири дифои Укроина ҳам гуфтааст, ки бар асоси иттилооти мо дар рӯзҳои наздик Русия ҳеч гурӯҳе аз нерӯҳои ҳамлавари худро ба марзҳои Укроин наздик накардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки агар Русия бихоҳад ин корро дар зарфи як ду ҳафта анҷом дода наметавонад.

Ҷопон ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксини зидди COVID-19 дод

0

Кишвари Ҷопон дар чорчӯбаи барномаи ҷаҳонии COVAX ба Тоҷикистон 501,2 ҳазор воя ваксини зидди коронавируси AstraZenika ворид кард. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 21-уми феврал хабар дод.

Маросими бахшидани ним миллион воя ваксин бар зидди коронавирус дар сафорати Ҷопон дар Душанбе бо ҳузури муовини вазири тандурустӣ Абдухолиқ Амирзода ва дигар намояндагони вазорат сурат гирифт.

“Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба ҷониби Ҷопон барои дастгирии доимии соҳаи тандурустии кишвар, аз ҷумла бо ваксинаҳои зидди коронавирус изҳори сипос намуд.”, омадааст дар хабари вазорат.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сафорати Ҷопон дар Душанбе, Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки аз кишвари Ҷопон ваксинаи зидди COVID-19 дарёфт кард.

Ба гуфтаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ин кишвар то ин имрӯз ба Тоҷикистон ҳудуди 8 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои башардӯстона кардааст.

Тибқи омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози пандемия то имрӯз, шумори умумии мубталоён ба COVID-19 17388 нафарро ташкил дода, аз ин шумор 17252 бемор шифо ёфтаанд.

Аммо вазорат теъдоди фавтидагонро 124 нафар эълон кардааст, ки ба ин омор аксари корбарон ва фаъолон бовар надоранд.

Темур Раҳимов бо медали биринҷӣ ба Ватан бармегардад

0

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои “Tel Aviv Grand Slam 2022”  медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг мусобиқаро аз даври дуюм оғоз карда, Серафим Компаниез аз Исроил ва Стефан Ҳегйӣ аз Австрияро шикаст дод ва ба даври нимфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Гурам Тушишвилӣ (Гурҷистон), ки баъдан барандаи медали тиллоӣ дар ин вазн гардид, мағлуб шуд. Темур Раҳимов дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Энди Грандаи кубагиро шикаст дода, сазовори медали биринҷӣ ва 1500 евро гардид.

Темур Раҳимов соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли гузашта дар мусобиқаи Grand Slam дар Боку медали нуқра ва дар Абу Дабӣ медали биринҷӣ гирифтааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи байналмилали “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки аз 17 то 19-уми феврал дар пойтахти Исроил баргузор гардид, 298 варзишгар (165 мард ва 133 зан) аз 34 кишвар ширкат доштанд. Дар байни 34 кишвар Фаронса ҷои аввал, Тоҷикистон бошад ҷойи 23-юмро ишғол кардаанд.

Дар ин мусобиқа аз варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) низ ширкат карданд.

Сомон Маҳмадбеков дар ин мусобиқа қувваозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, варзишгари бразилягӣ Ҷеферсон Сантос Юниор мағлуб кард. Вале дар даври чорякфинал аз Тоҳар Бутбул (Исроил) ва дар даври тассалобахш аз Игор Вандтке (Олмон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро ишғол кард.

Ду паҳлавони дигари тоҷик, Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал аз рақибони худ шикаст хӯрданд.

Бародари Рамазон Раҳимзода вазифаи нав гирифт

0

Имрӯз бо Фармони Президенти Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода вазифаи нав гирифтааст.

Акс аз саҳфаи фейсбукии ХМП

Дар Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон чунин омада: “Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.”

Раҳмоналӣ Раҳимзода, қудои хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта корманди гумрук буд ва дар чанд соли ахир Сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукиро бар уҳда дошт.

Пеш аз ин бархе расонаҳои мансуб ба мухолифин, аз ҷумла “Ислоҳ.нет” бо нашри як гузориши муфассал Раҳмоналӣ Раҳмизодаро ҳамчун миёнарави бародараш Рамазон Раҳимзода дар фурӯши мансабҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ муттаҳам карда буд.