14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 464

Тоҷикистон беш аз $111 млн кумаки башардӯстона дарёфт кардааст

0

Дар соли 2021 Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ба маблағи 111 миллиону 390 ҳазор доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумат, Тоҷикистон аз 62 кишвари ҷаҳон беш аз 29 ҳазор тонна кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Кумакҳое, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд аз орд, равғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра иборат буданд.

Ба сегонаи донорҳои беҳтарини Тоҷикистон Чин – 29,2%, ИМА – 20,7% ва Русия – 8,9% шомиланд.

Мусодираи 4 тонна маводи мухаддир давоми як сол дар кишвар

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон давоми соли 2021 беш аз 4 тонна маводи нашъадорро дар саросари кишвар ёфт ва мусодира кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2020 наздик 70 дарсад бештар мебошад.

Ҳабибулло Воҳидзода, диретори АНМН, акс аз “Asia-Plus”

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 4 тоннаю 83 килою 274 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 68,4% ё 1 тоннаю 658 килою 36 грамм зиёд мебошад.

Ба иттилои сардори Агентӣ, “Вазорати корҳои дохилии кишвар 2 тоннаю 29 килою 774 грамм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 1 тоннаю 663 килою 659 грамм, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент – 357 килою 638 грамм, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 30 килою 727 грамм ва Хадамоти гумрук 1 килою 121 грамм маводи нашъавоварро мусодира карданд.”

Воҳидзода дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки дар давоми як соли охир кормандони Агентӣ 159 ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд, ки нисбат ба соли 2020 15 ҷиноят ё 10,4% зиёд мебошад.

Вокуниши Тоҷикистон ба таҳдидҳои Толибон

0

Мақомоти қудратии Тоҷикистон изҳороти ахири Толибон дар хусуси ирсоли артиши 10 ҳазорнафараи Афғонистон ба манотиқи Шимолу Шарқи ин кишварро амали таҳрикомез хонда гуфтаанд, ки марз зери назорат аст.

Хабаргузории давлатии Русия Тасс ба нақл аз манобеи худ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “Тоҷикистон ба ҳама гуна сенаряҳои эҳтимолӣ аз ҷониби Афғонистон омодааст ва дар сурати таҳдиди хатар чораҳои ҷавобӣ меандешад.”

Мақомоти қудратӣ гуфтаанд, ки артиши Тоҷикистон барои посух додан ба ҳама гуна сенарияҳои эҳтимолӣ дар марз бо Афғонистон омодааст.

Пеш аз ин Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Вазорати дифои миллии Афғонистон гуфта буд, ки артиши 10 ҳазорнафараи мусаллаҳ то дандонро ба Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон фиристодаанд ва баъдтар эълом кард, ки ” урдуи муқтадир ва таълимдида ва дорои гуруҳҳои фидоӣ ё пешмарга ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти мудерн НАТО бо чархболҳои ҳимоявӣ барои ҳифзи сарҳадоти кишвар дар Шимолу Шарқи Афғонистон мустақар ва шаби гузашта дар нуқтаҳои сифрӣ ҷобаҷо шуданд.”

Сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Вазорати дифои миллии Афғонистон таҳдид карда, ки “дар сурати кӯчактарин таҳдид аз сӯи ҳар кишвари ҳамсоя амали барқосо хоҳанд кард.”

Инчунин хабаргузории “Regnum“-и Русия дар истинод ба Интерфакс ҳам иттилоъ дода буд, ки “пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тамринҳои худ бо ширкати чархболҳои ҷангӣ ва системаи дифои дурпарвози ҳавоии S-300PS (ҳифозати ҳавоӣ)-ро оғоз кардааст.”

Даргузашти Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

0

Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Хатлон ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Акс аз сомонаи Азия Плюс

Субҳи имрӯз, 17-уми феврали соли 2022 Аловуддин Ҷаъфарович Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон вафот кард.

Мақомоти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон то кунун расман дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе нагуфтаанд, вале иддае аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ иллати марги вайро “сактаи қалбӣ” унвон кардаанд.

Аловуддин Абдуллоев, дорандаи унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буд, ки ба танҳоӣ ҳамчун як театри зинда амал мекард.

Аловуддин Абдуллоев 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Қурғонтеппа(ҳоло Бохтар)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст.

Вай пас аз хатми Донишкадаи санъати Тоҷикитсон дар соли 1989 фаъолияти кориашро аз Театри мазҳака ва мусқии шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, дар як замони кӯтоҳ ба яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар таблид ёфта буд.

Дар назар аст асри имрӯз, 17-уми феврали соати 16:00 ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷ. Абдуллоев баргузор шавад.

Идораи АЗДО ТВ даргузашти ин марди ҳунарро зойиъаи миллат дониста, ҳамдардии худро ба аҳли хонавода, дӯстдорони санъати волои ӯ, ки қариби кулли тоҷикистониҳоро дар бар мегиранд ва шогирдону пайравонаш мерасонад.  

Пешигирӣ аз қочоқи 229 кг маводи мухаддири тоҷикистониён дар Узбекистон

0

Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон аз талоши қочоқи 229 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Акс аз сомонаи “l-a-w.ru”

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 15 феврал дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳангоми тафтиш аз як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Узбекистон ба Русия ҳаракат мекард, 232 бастаи маводи мухаддири героин бо вазни умумии 229 килло ёфт ва мусодира шуда.

Аммо ин мошини боркаши аз гузаргоҳи “Фотехобод”-и Тоҷикистон чӣ гуна бидуни монеае гузашта то гузаргоҳи “Ойбек”-и Узбекистон расидааст, инчунин он ба кӣ тааллуқ доштанаш маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид расман вокунише накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони гумруки Узбекистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур маводи нашъадор пайдо мекунанд. Моҳи ноябри соли 2021 низ дар ҳамин гузаргоҳи “Ойбек” аз дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон ба Русия ангур мебурд, беш аз 150 килло маводи мухаддир ёфт ва мусодира карда буданд.

Таҳдиди Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон

0

Сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Толибон гуфта, ки нерӯҳои пешмаргаи онҳо дар марзҳои Тоҷикистону Узбекистон ҷобаҷо шуда, “дар сурати кӯчактарин таҳдид аз сӯи ҳар кишвари ҳамсоя амали барқосо хоҳанд кард.”

Фасеҳуддин Фитрат,

Пеш аз ин Толибон эълон карда буд, ки “10 ҳазор артиши муқтадир ва то дандон мусаллаҳ бо мудернтарин таҷҳизоти системи НАТО ва Амрико дар вилоёти Шимол ва Шимолу Шарқ ҷо ба ҷо” хоҳанд шуд.

То ҳол Тоҷикистону Узбекистон ба ин таҳдидҳои ахири Толибон расман вокуниш нишон надодаанд.

Аммо Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон кард, ки нерӯҳои ҳарбии он дар ҳоли баргузории тамринҳои низомӣ бо ҷангандаҳои МИ 24 ҳастанд.

Интерфакс ҳам иттилоъ дода буд, ки “пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тамринҳои худ бо ширкати чархболҳои ҷангӣ ва системаи дифои дурпарвози ҳавоии S-300PS (ҳифозати ҳавоӣ)-ро оғоз кардааст.”

Вакили Порлумони Аврупо: Тоҷикистон бояд саркӯби бадахшониҳоро қатъ кунад

0

Вакили Порлумони Аврупо аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз бадтар шудани вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даст аз саркӯби сокинони он бардорад.

Виола Фон Крамон, намояндаи Парлумони Аврупо дар Твиттераш аз вазъи Бадахшони ибрози нигаронӣ намуда, дар навиштаи худ саҳифаи ҳукумати Тоҷикистонро қайд кардааст.

“Мо муноқиша дар ВМКБ-ро, ки метавонад бо қувваи нав аланга гирад, хеле нодида мегирем. Барои ҷилавгирӣ аз ин Ҳукумати Тоҷикистон бояд саркӯби бадахшониҳоро қатъ кунад, интернетро барқарор ва кушторҳоро таҳқиқ кунад”,- навиштааст Крамон.

Қаблан вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи бонуфузи бритониёии “The Guardian” изҳор дошт, ки “мо дар бораи дархости маълумот ва қабули қарор дар бораи ҳодисаҳои моҳи ноябр, ки ҳанӯз ҳам оқибатҳои хуб надорад, баррасӣ дорем, зеро дар ВМКБ мардум аз озодии баён тамоман маҳруманд ва хонаводаҳои кушташудагон талаби адолат доранд.”

Дар идома ӯ қайд карда буд, ки истифода аз нерӯи аз ҳад зиёд ва тирандозӣ ба сӯи эътирозгарон, ҳатто агар онҳо санг ҳам партоянд, қобили қабул нест ва хушунатҳоро бештар мекунад. Ин ҳодисаҳо бояд фавран тафтиш карда шаванд ва ҳамаи онҳое, ки аз салоҳияти худ баромадаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазъияти ҷамъиятию сиёсии ВМКБ зиёда аз ду моҳ боз муташанниҷ боқӣ мемонад. Сабаби муноқишаҳо дар моҳи ноябри соли гузашта кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини маҳаллӣ дар ҷараёни амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Зиёда аз ду моҳ аст, ки иртиботи интернетӣ баста шуда, воҳидҳои изофии низомӣ дар ин минтақа мустақар шудаанд. Мақомот талаб дорад, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров ва чанд сокини дигари ин вилоят худро таслими мақомот кунанд, аммо онҳо худро гунаҳкор намеҳисобанд ва мардум ҳам мегӯянд, то охир аз Мамадбоқир ва дигарон ҳимоят мекунанд.

Муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро бо корд захмӣ кард

0

Як муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро дар Маскав бо зарбаи корд захмӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи “

Бино ба иттилои манбаъ, ин ду корманди полис дар пайи хабари занозанӣ бо ширкати се нафар дар даромадгоҳи яке аз биноҳо дар кӯчаи Мединская, ба ҷои ҳодиса омада буданд.

Ҳангоми боздошт як иштирокчии занозанӣ, бо корд ду корманди пулисро захмӣ карда, дастони онҳоро буридааст. Пас аз ин ба ҷои ҳодиса дастаҳои иловагии полис омаданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагар зодаи Тоҷикистон Раҳмон Х.-и 23-сола буда, дар Маскав ҷои истиқомати доимӣ надоштааст.

Ду полиси маҷрӯҳро бо захмҳои буридаи дастонашон дар бемористон бистарӣ карданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Назари худи гумонбар ва наздиконаш дастраси расонаҳо нест.

Размоиши низомии “Пойгоҳи 201”-и Русия дар Тоҷикистон

0

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон карда, ки нирӯҳои он дар ҳоли баргузории тамринҳои низомӣ бо чархболҳои низомии МИ 24 ҳастанд.

Сомонаи Афғонистон-Интернашнл дар як хабари фаврӣ иттилоъ дода, ки нерӯҳои низомии “Пойгоҳи 201”-и Русия дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли баргузории тамринҳои низомӣ бо ҷангадаҳои MI 24 машғул ҳастанд.  

Пеш аз ин хабаргузории “Regnum“-и Русия дар истинод ба Интерфакс ҳам иттилоъ дода буд, ки “пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тамринҳои худ бо ширкати чархболҳои ҷангӣ ва системаи дифои дурпарвози ҳавоии S-300PS (ҳифозати ҳавоӣ)-ро оғоз кардааст.”

Ин тамринҳои низомии “Пойгоҳи 201”-и Русия дар манотиқи назди марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоле баргузор мешаванд, ки се рӯз пеш Фасиҳуддин Фитрат, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Вазорати дифои миллии Афғонистон бо раҳбарии Толибон эълон карда буд, ки 10 ҳазор артиши мусаллаҳ то дандон ва муҷаҳҳаз бо пешрафтарин таҷҳизоти низомии НАТО ва Амрико дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон, манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷо ба ҷо шудаанд.

Фитрат дар саҳфаи Тввитриаш таъкид кардааст, ки ин лашкари 10 ҳазорнафарӣ “дар баробари ҳар амали мусаллаҳона иқдом ва омилини онро ба ҷаҳаннам хоҳанд фиристод.”

Вай афзуда, ки онҳо “дар камтарин замони дигар тайёраҳои ҷангӣ низ омода ва ин нерӯи муқтадирро ҳимояти ҳавоӣ хоҳанд кард.”

Ин паёми сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи Толибон бо вокунишҳои зиёде дар ин шабака рӯбарӯ гардида, қисме ҳам гуфтаанд, дар замоне, ки миллионҳо нафар дар ҳукумати зери нуфузи онҳо дар Афғонистон бо фақру тангдастӣ дасту панҷа нарм мекунанд, эълони ин паём нанг ва нафратофар аст.

Гуфта мешавад, дар замоне, ки буҳрони беэътимодӣ байни Русия ва кишвариҳои ғарбӣ бар сари Укроина камрангтар шуда, таҳдиди хатари ҳамлаҳо зиёдтар мешавад, Толибон низ дар он сӯи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам фаъолтар шуда, эҳтимоли таҳдиди хатарҳо аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳои он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар шудааст.

Ба банди ғуломӣ гирфтор шудани тоҷикон дар Қазоқистон

0

Аз аввали соли 2022 дар Қазоқистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз банди одамрабоён озод карда шуданд. Дар ин бора Нина Балабаева, директори “Маркази тавонбахшӣ ва мутобиқсозии иҷтимоӣ-психологии “Родник” хабар дод.

Акс аз Интернет

Ба гузориши сомонаи “BaigeNews.kz”, Балабаева зимни нишасти хабарӣ дар мавриди ҷиноятҳои қочоқи инсон дар Қазоқистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар миёни қурбониёни ғуломӣ дар ин кишвар аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон қарор доранд.

“Дар соли 2020 бунёди мо ба 35 нафар, аз ҷумла 30 мард ва 5 зан кумаки ҳуқуқӣ расонд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон қурбонии одамрабоӣ ҳастанд. Инчунин як нафарии дигар аз шаҳрвандони Лаҳистон, Русия, Қирғизистон қарор доранд. Аммо дар соли 2021 ба 60 нафар, 51 мард ва 9 зан кумак кардем. Аз ин шумор 1-нафарӣ аз шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва як шахси бешаҳрванд ва боқӣ 56 нафар шаҳрвандони Узбакистон буданд.”, – мегӯяд ин ҳомии ҳуқуқ.

Ба гуфтаи Балабаева, муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ҳамсоя дар Қазоқистон одатан ҳангоми ҷустуҷӯи кор дар банди одамрабоён гирифтор мешаванд. Қочоқбарони одам ба корҷӯён ваъдаи маоши зиёд мекунанд ва бо ин роҳ онҳоро ба доми худ меоранд. Ӯ меафзояд, “на танҳо ҳангоми ҷустуҷӯи кор одамон ба ғуломии меҳнатӣ дучор мешаванд, балки ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки шахс пас аз нӯшидани шароб дар курсӣ хобида, пас аз бедор шудан худро дар асорат ва ғуломӣ ёфтаанд “.

Аз ин пештар низ ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон солҳо дар банди одамрабоён ва ё корфармоёне қарор доштанд, ки онҳоро дар асорати худ гирифта ва бемузд кор мефармуданд.