29.6 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 467

Вазири “ҷоғшикаста” ба кор баргашт

0

Имрӯз, 3-юми август, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар қабули шаҳрвандон иштирок мекунад.

3-юми август дар суҳбат ба Аздо тв аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, ки қабули шаҳрвандон бо иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва бо ҳузури ҳайъати комиссияи вазорат аз соати 14 то 16 баргузор мегардад.

Ҳамзамон Суғдмеҳри Маъруфзод, корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо Аздо тв ҳузури вазирро таъйид кард, вале гуфт, агар кадом сафари хидматие пеш наояд, ҷаноби вазир низ дар қабули шаҳрвандон иштирок мекунад.

Дар вазорат нагуфтанд, ки ҷаноби вазир Ҷамолиддин Абдуллозода кай аз Маскав баргаштааст, вале таъкид карданд, ки вазир дар ҷои кор ҳузур дорад ва имрӯз дар қабули шаҳрвандон ширкат мекунад.

26-уми июли 2021, Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки вазир барои имзои қарордоди ворид кардани воксин ба Маскав сафар карда аст. Аммо пас аз чанд соат Радио Озодӣ дар гузорише хабар дод, ки вазири тандурустӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Дар ин гузориш гуфта мешуд, хоҳарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фавти модарашон аз коронавирус вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро латукӯб карда, дар натиҷа ҷоғи вазир осеб дидааст.

Хабари латукӯби вазири тандурустӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёди корбарон рӯ ба рӯ шуд, қисме аз он ҳимоят карданд ва қисме дигар ин ҳодисаро фоҷеа хонданд. Инчунин хабари латукӯби вазири тоҷик дар расонаҳои ҷаҳонӣ бозтоб ва ба эътибори низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон латма зад.

Маҳкум шудани блогери тоҷик ба 2 солу 4 моҳ дар Маскав

0

Додгоҳи Пресненскии Маскав блогери тоҷик Кароматулло Ҷаборовро барои “пранк”-и ҳаҷвияш дар метрои Маскав ба ду солу чор моҳи зиндон маҳкум кард. “Боқимонда шариконаш ҷазои шартӣ гирифтанд”, – гуфт адвокати ӯ Роман Шахманов ба ТАСС.

Шахманов инчунин шарҳ дод, ки Ҷаборов ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва эҳтимол меравад ӯ дар се ҳафтаи оянда озод карда шавад. Зеро суд вақти дар боздоштгоҳи муваққатӣ буданашро ба назар мегирад.

Ин блогери тоҷик моҳи феврали соли 2020 вориди метро мешавад ва дар вагон бо овози баланд эълон мекунад, ки “коронавирус аллакай дар ин ҷо аст.” Пас аз он ӯ худро ларзонда ба замин меафтонад, гӯё гирифтори COVID-19 шудааст. Он вақт дар пойтахт ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда буд.

Кароматулло Ҷаборов он лаҳзаи видеоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун пранкер дар блогҳояш нашр кард, ки сару садоҳоеро ба бор оварда буд. Пас аз чанд рӯз мақомоти интизомӣ ӯро боздошту ба авбошӣ айбдор ва додгоҳ блоггерро ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Вакили мудофеи блогери тоҷик қайд кард, Ҷаборов барои шухии кардааш, ки боиси тарсидани мусофирон ва таъхири қатораи метро шудааст, ҷуброни хисороти овардаашро пардохт кардааст.

Вазири молия: Касе пул нагузаронд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ пули мо куҷо шуд?

0

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, ба суратҳисоби боз кардаашон барои дастгирии зарадидагони муноқишаҳои марзӣ касе маблағ ворид накардааст.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, суратҳисобро боз карданд, вақте шаҳрвандон ба он маблағ нагузарониданд ба созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат карданд, то тариқи ин суратҳисобҳо ба зарардидагони муноқишаи марзӣ кумаки худро расонанд.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, яке аз ташабубскороне, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои зарардидагони муноқишаи марзӣ маблағ ҷамъоварӣ карда буд, дар шабакаи Фейсбук акси расиди 10000 сомонӣ таҳвил додаашро ба суратҳисоби ҳукумат нашр кард. Ӯ менависад, ки “пас 10000 сомонии ворид кардаи мо куҷо рафт?

Охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои хунин рух дод, ки дар натиҷа садҳо нафар аз ду ҷониб захмӣ ва даҳҳо каси дигар ҷони худро аз даст дод ва ҳамчунин даҳҳо хонаи дигар сӯхта валангор шуданд. Дар пасманзари ин даргириҳо ҷамоеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои кумаки зарардидагон суратҳисоб боз кадрда, аз хайрхоҳон ҷамъовароварии кумакҳоро оғоз карданд.

8-уми майи 2021 Вазорати корҳои дохилаи кишвар бо нашри як иттилоия хайрхоҳон ва ташаббускорони ҷомеаи шаҳрвандиро, ки ба ҷамъоварии кумакҳо ба осебдидагон машғул буданд, қаллоб хонда, эълом кард, ки ҷамъоварии маблағро манъ кунанд вамардум кумакҳои худро ба суратҳисоби махсуси мақомот фиристанд. Аммо имрӯз маълум шуд, ки қаллобони асосӣ асосӣ дар Вазорати молия нишастаанду мақомот ин туҳматро ноҷо ба ташаббускорони ҷомеаи шаҳрвандӣ зада буданд.

Нигаронии пайвандони маҳбусони сиёсӣ аз сарнавишти зиндониён

0

Наздикони зиндониёни кӯчонидашуда беш аз як ҳафта мешавад аз ҳоли пайвандонашон дар дохили зиндон хабар надоранд ва ин чиз онҳоро нигарон кардааст.

Як гурӯҳ аз пайвандони зиндониёни сиёсӣ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфтанд, ки сар аз 25-юми июл – рӯзе, ки 1700 зиндониро аз маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе ба маҳбаси наве дар шаҳри Ваҳдат кӯчониданд, аз маҳбусашон хабаре нест.

Ба гуфтаи онҳо, “пештар зиндониён ҳар ҳафта бо телефон суҳбат мекарданд, аз ҳолашон бо хабар будем, вале баъд аз рӯзи 25-уми июл аз ҳолаш умуманон хабар надорем ва намедонем дар кадом шароит қарор доранд”.

Наздикони маҳбусон мегӯянд, пеш аз интиқоли маҳбусон аз Идораи зиндонҳо ба онҳо занг зада гуфта буданд, ки биёянд ашёи маҳбусонашонро то ҷобаҷо шудани онҳо ба хона баранд.

Ба гуфтаи наздикони маҳбусон нигаронии онҳо аз он аст, ки маъмурони зиндонҳои кишвар барои интиқоли маҳбусон аз мошинҳое истифода мекунанд, ки ғунҷоиши 50 нафарро дорад, аммо онҳо дар ин мошинҳо аз ҳад зиёд савор мекунанд. Ҳодисаи интиқоли маҳбусон аз зиндони Хуҷанд ба Душанбе соли 2019 ва дар роҳ ҳалок шудани иддае аз онҳо пайвандони маҳбусонро сахт нигарон кардааст.

Ҳисомуддини Абдурозиқ, писари зиндонии сиёсӣ ва узви аршади ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, “модарам мегӯяд, тахминан аз интиқолашон ба зиндони нав 10 рӯз мегузарад то ҳол тамос нагирифтааст ва намедонем чӣ гап асту чӣ ҳол дорад. Хабаре надорем. Пештар аз зиндони рақами як ҳар ҳафта як ё ду маротиба занг мезаданду суҳбат мекарданд. Аммо аз зиндони нав хабаре нест.”

Ба қавли ӯ, шояд шароити тамос гирифтан надоранд ва ё иҷозат намедиҳанд, ки тамос бигиранд. “Чуноне медонем, зиндони нав низомаш сахт аст шояд суҳбат кардани зиндониён бо хонаводаҳояшонро маҳдуд карда бошанд”, – афзуд Ҳисомуддин.

Ҳамчунин Шуҳрати Раҳматуллоҳ фарзанди маҳбусии сиёсӣ ва узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ Раҳматуллоҳи Раҷаб низ нигаронӣ кард, ки хонаводаашон бо падараш беш аз як ҳафта мешавад ҳеч тамосе надоранд ва аз шароити зиндони нав огоҳ нестанд.

Ҳамзамон Ҷамшед Ёров, бародари вакили дифои зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров ба “Аздо тв” гуфт, бародарашро низ ба зиндони нави шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд, вале то ҳол аз ӯ хабаре надоранд. “Маъмурони зиндон ба хонаводаи мо хабар доданд, ки биёед либосу ашёи Бузургмеҳрро баред. Наздиконамон ҳама ашёи ӯро гирифтанд. Бузургмеҳр дар танаш як либос дошт, ман ҳайронам, ки давоми беш аз 10 рӯз ӯ бо як либос чӣ гуна мегашта бошад? Онро агар шӯяд, чӣ мепӯшад?”  

Ба аҳмин монанд чанд нафари дигар низ аз ҳоли зиндониёнашон нигаронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Музаффар Ашӯриён вазири адлияи Тоҷикистон 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз омодагӣ Идораи зиндонҳои кишвар барои кӯчонидани маҳбусон зиндони рақами яки шаҳри Душанбе ба маҳбаси навбунёд дар шаҳри Ваҳдат хабар дода буд. Аммо ин зиндон дар куҷои шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, касе намедонад. Танҳо мақомот гуфтаанд, шароити маҳбаси нав аз маҳбаси рақами яки Душанбе ба маротиб беҳтар аст ва дар ҳуҷраҳо нафарони камтар ҷой карда мешаванд.

Сарраёти иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон (СИҶҶТ) борҳо аз тарафи созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар дар бораи шароити нигаҳдории маҳбусон дар маҳбасҳои кишвар мавриди интиқод қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, дар ҳуҷраҳои нигаҳдории зиндониён 80 нафар ва ё беш аз он одамон нигаҳдорӣ мешавад, ки умуман ба ҳеч шароите ҷавобгӯ нест.

Солҳои 2018 ва 2019 бо баҳонаҳои гуногун дар зиндонҳои Душанбе ва Хуҷанд даҳҳо маҳбус кушта шуданд. Маъмурони зиндонҳо кушта шудани маҳбусонро ба ошӯбҳо ва ё дармондани нон дар гулӯ ва ғайра рабт доданд, вале касе аз пайвандони онҳо ва аксари фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин иддаъои мақомот бовар накарданд.

Собянин: камбуди муҳоҷиронро яке аз сабабҳои таваррум номид

0

Хуруҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия яке аз сабабҳои болоравии сатҳи таваррум дар ин кишвар шудааст. Дар ин бора шаҳрдори Маскав Сергей Собянин 2-юми автуст дар мусоҳиба бо

Вай гуфт, бинобар маҳдудиятҳои коронавирус дар соли гузашта ва баста шудани кор дар сохтмонҳо, ки дар соли гузашта ҳудуди ду моҳ замон бурд, пудратчиён маҷбур шудаанд, ки бисёри коргарон, аз ҷумла муҳоҷиронро аз кор озод кунанд.

Ба гуфтаи Собянин, норасоии қувваи корӣ, ки ҳангоми пандемия ба вуҷуд омадааст, сабаби болоравии арзиши хидматҳо ва болоравии нархҳо дар тиҷорат ва дигар соҳаҳо гардидааст.

«Дар ҳақиқат, норасоии қувваи корӣ дар Маскав ба андозаи хеле калон вуҷуд дорад. Ман тахминан фикр мекунам, ки 200 ҳазор коргар намерасад. Қисман дар хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар соҳаи хизматрасонӣ ва савдо, дар сохтмонҳо ва ғайра, ки ин боиси болоравии арзиши меҳнат шудааст ва ҳама чизи дигар низ боло рафтан гирифт. Зеро вақте, ки музди меҳнат бе афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ боло меравад, ҳар як иқтисоддон ба шумо мегӯяд, ки он ба чӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мо афзоиши таваррумро мушоҳида мекунем”, – шарҳ дод Собянин.

Зиёд иҷро шудани Буҷети давлатӣ

0

Дар шашмоҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба беш аз 13,2 млрд сомонӣ баробар шудааст. Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6,5 дарсад ё 809,6 млн сомонӣ бештар будааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 2-юми август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2021 тибқи нақшаи пешбинигардида амалӣ шуда ба соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳудуди 13 млрд равона гардидааст.

Вазири молияи кишвар афзуд, барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,2 млрд сомонӣ, идрорпулӣ 43 млн сомонӣ, нафақа 1,5 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 186 млн сомонӣ пардохт шудааст.

Қаҳҳорзода дар ҳоле аз зиёд иҷро шудани буҷети давлатӣ мегӯяд, ки дар нишастҳои матбуотии давраи гузашта наздики 5 дарсад ё 400 млн сомонӣ кам иҷро шудани буҷет мегуфтанд. Ва иҷро нашудани буҷетро тибқи нақша ба вазъияти пандемӣ рабт дода буданд.

Токио-2020: Парвиз Одинаевро дар бозиҳо роҳ надоданд

0

Кумитаи байналмилалии паралимпӣ тасмим гирифт, ки Парвиз Одинаевро аз рӯйхати иштирокчиёни Токио-2020 хориҷ кунад.

Варзишкори тоҷик Парвиз Одинаевро барои ширкат дар мусобиқаи пауэрлифтинг дар Токио роҳ надоданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мураббии варзишгар, Толеъ Холназаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тасмимро Кумитаи байналмилалии паралимпӣ пас аз бознигарии натиҷаҳо гирифтааст.

Толеъ Холназаров мегӯяд, ки дар соли 2020, бинобар пандемияи коронавирус, онҳо натавонистанд дар арсаи ҷаҳонӣ рақобат кунанд, аз ин рӯ бисёр варзишгарон ба Паралимпиада роҳ наёфтанд.

Холназаров ҳамчунин таъкид кард, ки Одинаев тамринҳоро идома дода, ба дигар мусобиқаҳо омодагӣ мебинад.

Пештар дар Дубай мусобиқаи пауэрлифтинг дар категорияҳои гуногун баргузор шуда буд, ки дар он ба ҷуз Одинаев, Бахтиёр Донаёров низ ширкат дошт.

Одинаев дар ин мусобиқа беҳтар баромад намуда, тибқи рейтинги номзадҳо барои иштирок дар озмун мебоист ба он роҳхат мегирифт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ дар Токио аз 24-уми август то 5-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 22 намуди варзиш 4400 варзишгар аз кишварҳои гуногун иштирок мекунанд.

Боздошти Аскар Акаев дар Бишкек

0

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон бо даъвати раиси ҷумҳури феълии ин кишвар Содир Ҷабборов ба Бишкек сафар кард, вале пас аз вуруд боздошт ва айни замон дар бинои Кумитаи давлати амнияти миллӣ (КДАМ)-и ин кишвар мавриди бозпурсӣ қарор дорад.

Сомонаи хабарии “24.kg”, дар истинод ба КДАМ-и ин кишвар менависад, “Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошт, ба Бишкек супурда шуд.” Аскар Акаев дар солҳои 1992 ва 2003 дар чанд парванда бо фасоди молӣ муттаҳам мешавад.

Дар иттилоияи КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад: Тафтишот ба амали ҳамаи шахсони муттаҳаме, ки дар амалисозии лоиҳаи маъруф ба “КУМТОР” дар замони раҳбарии Аскар Акаев даст доштанд, баҳои ҳуқуқӣ додааст. КДАМ барои барқарор кардани адолати таърихӣ дар робита ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Аскар Акаев ва ворид кардани ӯ ба қаламрави ин кишвар фаолона талош мекард.”

Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносони қирғиз дар суҳбат ба Аздо тв гуфтанд, ба гумони ғолиб Аскар Акаев, нахуст президенти Қирғизистон, ки дар Русия ба сар мебурд, бо даъвати Содир Ҷабборов, ки омада дар Қирғизистон модарашро зиёрат кунад, розӣ шуд ва ба кишвараш сафар кард, вале фиребаш карданд.

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, ки аз соли 1991 то 2005 раҳбарии ин кишварро ба уҳда дошт, баъд аз канор рафтан аз қудрат кишварашро тарк карда, дар давлатҳои Русия ва Беларус ба корҳои илмӣ ва тадрис машғул буд.

Русия нерӯҳои низомияшро дар размоиш ду баробар афзоиш дод

0

Русия шумори сарбозон ва муҳиммоти ҷангияшро дар размоиши минтақаи Ҳарб-Майдон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад, ду баробар афзоиш дод.

Хабургузории ТАСС рӯзи душанбе иттилоъ дод, ки Русия шумораи нерӯҳои низомии худро дар размоиши муштараки сеҷониба, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия, ки аз 5 то 10 август дар 20 километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон баргузор мешавад, ба 1,8 ҳазор нафар афзоиш дод. Гуфта мешавад, воҳидҳои низомии ин кишвар низ ду баробар афзоиш дода мешавад. Мувофиқи барномаи қаблӣ Русия бояд 1000 сарбозашро ба ин тамрин мефиристод.

“Мувофиқи қарори фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин, шумораи ҳайати низомии Русия, аз қабили техникаи низомӣ ва муҳиммоти махсуси ҷангӣ барои иштирок дар машқҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон то 420 адад афзоиш дода шудааст”, – омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин размоиши сеҷонибаи Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон беш аз 2,5 ҳазор сарбоз ва тақрибан 500 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ ҷалб карда мешаванд.

Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти вазирони дифои кишварҳои СҲШ дар Душанбе гуфта буд, ки ин кишварҳо барои нобуд сохтани гурӯҳҳои ифротӣ, гузаронидани размоиши муштараки низомӣ таҳия хоҳанд кард.

Сарбозони Русия асосан аз пойгоҳи низомии “201”-и ин кишвар дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Ин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тибқи тавофуқномаи соли 2012 байни ду кишвар то соли 2042 дар хоки Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Пас аз ҳамлаҳои Толибон ба шаҳру навоҳии Афғонистон ва тасарруфи навоҳии марзии он Тоҷикистон вазъи марзро “хатарнок” арзёбӣ мекунад. Тоҷикистон барои тақвияти ва муҳофизат аз марз 20 ҳазор сарбози эҳтиётиро ба марз эъзом кардааст. Бар иловаи ин борҳо аз Русия ва давлатҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ин замина дархости кумак карда буд.

Тағйири парвозҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе

0

Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод, ки тамоми парвозҳо ва фурӯди ҳавопаймоҳо муваққатан ба муддати як моҳ шабона анҷом мешаванд.

Маркази матбуоти Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ додааст, ки “бо сабаби таъмиру таҷдиди хати парвози фурудгоҳ ба реҷаи парвозҳо тағйирот ворид гардида, аз 01 август то 01 сентябри соли 2021 тамоми парвозу фуруди хатсайрҳо шабона аз соати 19-00 -и бегоҳ то соати 08-00 –и субҳ анҷом дода мешаванд.”

Ҳамзамон ширкати “Сомон-Эйр” дар сафҳаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки бинобар оғози корҳои таъмиру тармим дар Фурӯдгоҳ дар вақти тамоми парвозҳо тағйирот ворид шуда, “мусофирони хатсайрҳое, ки вақти парвозиашон тағйир пазируфтаанд, пешакӣ огоҳонида мешаванд.”

Дар таърихи Тоҷикистон фаъолияти авиатсионӣ ду сол пеш аз автомобил ва 5 сол пеш аз қатора-поезд сабт гардидааст. 3-юми сетнябри соли 1924 аввалин парвоз тариқи ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) аз Бухоро ба Душанбе дар ҳайати сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев анҷом шудааст.