Қарзҳои кредитории Ширкати саҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и “Барқи тоҷик” дар соли 2021 наздики 32,3 млрд сомониро ташкил дод. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкат хабар дод.
Акс ах “Ховар”
Бино ба оморҳои додашуда, давоми як соли гузашта (аз 1-уми декабри соли 2020 то 31-уми декабри соли 2021) қарзи умумии ширкати “Барқи тоҷик” 32 млрд 771,2 млн сомонӣ (беш аз 2,9 млрд доллар)-ро ташкил додааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млрд 288,9 млн сомонӣ (тақрибан 292 млн доллар) бештар мебошад.
Ширкати “Барқи тоҷик” асосан барқро аз НБО-и “Сангтӯда-1”, НБО-и “Сангтӯда-2” ва ҶСК “НБО-и Роғун” ворид мекунад. Ва ҳоло ин ширкат аз ҳама бештар аз Вазорати молияи кишвар қарздор аст, ки ҳаҷми умумии қарзҳояш аз ин вазорат 24,1 млрд сомонӣ (наздики 2 млрд 134 млн доллар) ташкил медиҳад. Инчунин ширкат аз “Сангтӯда-1” 2 млрд 91,6 млн сомонӣ, аз “Сангтӯда-2” 2 млрд 699,1 млн сомонӣ ва аз “НБО-и Роғун” 630,5 млн сомнӣ қарздор аст.
Гуфта мешавад, соли гузашта ширкат 4 млрд 481,4 млн кВт соат нерӯи барқро ба маблағи умумии 1 млрду 595,4 млн сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо соли 2020 хариди нерӯи барқ дар ҳаҷми 143,3 млн кВт соат, ё ба маблағи 176 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар гузориши ширкат қайд мешавад, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар соли 2021 дар маҷмуъ 2 млрд 434,5 млн кВт соат буд, ки нисбат ба соли 2020 911,6 млн кВт соат зиёд мебошад. Ва он асосан ба Афғонистон, дар ҳаҷми 1 млрд 275,2 млн кВт соат ба маблағи 635,9 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд 146,8 млн кВт соат ба маблағи 258,8 млн сомонӣ содирот шудааст.
Ба иддаои ширкати “Барқи тоҷик” маблағи умумии барқи ба хориҷ фурӯхташуда 894,7 млн сомониро ташкил дод, аммо аз ин миқдор танҳо 404,6 млн сомонӣ ворид гашт ва 490,1 млн сомонии дигар то ҳол пардохт нашудааст. Ширкат сабаби кам ворид шудани маблағҳои барқи содиротшударо ба вазъи сиёсии Афғонистон вобаста медонад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором хонда, мегӯяд, кишвараш омодааст дар таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад.
Акс аз “Sputnik”
Андрей Руденко дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт, ки “Русия омода аст, таҷрибаи худро дар мавриди аломатгузории марз бо Бишкек ва Душанбе мубодила кунад. Мо таҷрибаи бой дорем. Ба хусус бо ҳамсояи муштараки онҳо – Қазоқистон.”
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамоно ноором боқӣ мондааст ва ин масъала нигаронии ҷиддии Русияро ба бор меорад. “Мо пайваста ҷонибдори ҳалли ҳамагуна баҳсҳо ҳастем. Баҳсҳоро танҳо бо роҳи осоишта, риояи қатъии созишномаҳои оташбас, хуруҷи нерӯҳо ва техникаи низомӣ ва пешгирӣ аз барангехтани кинаю адовати миллӣ, аз ҷумла дар расонаҳо метавон ҳал кард.”, мегӯяд Руднико.
Талаби кумаки Русия барои ҳалли низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки соли гузашта низ чунин пешниҳоде аз ҷониби ин кишвар шуда буд, аммо дар вокуниш ба ин талаб ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон гуфта буданд, ки ин мушкилии дохилии онҳост ва худашон қодир ба ҳалли он ҳастанд. Аммо бо гузашти ду сол на ин ки мушкилот ҳал нашуд, балки бо даргириҳои хунин печид, ки аз ду тараф чандин нафар кушта ва захмӣ баҷо гузошт.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз 519 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо низоъҳои шадид ҳамеша дар қисматҳои мушаххаснашудаи марз сар мезанед, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия бо пахши баёнияи видеоӣ хабар дод, ки ҷонаш дар хатар аст ва аз мақомоти Русия хост аз ӯ ва хонаводааш ҳимоят кунанд.
Вазирбеков дар ин навор мегӯяд, дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадаст ва 23 сол боз дар Маскав зиндагӣ мекунад, соли 2006 ба таври қонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Дар идома ӯ қайд намуда, ки мақомоти Тоҷикистон шикори ӯро эълон кардаанд ва мехоҳанд шаҳрвандияшро лағв намуда, ба Тоҷикистон, ки шаҳрвандаш нест, истирдод кунанд.
Вазирбеков таъкид мекунад, ки ҳадафи сафар ба Тоҷикистонро надорад ва агар рӯзе онҷо пайдо шуд, пас мақомоти Тоҷикистон ӯро дуздидаанд. Ва аз мақомоти интизомиву амниятии Русия хост ӯро ҳамчун шаҳрванди ин кишвар муҳофизат кунанд.
Вазирбеков шиносномаи Русияро нишон дода гуфт, ки дар муддати будубошаш дар Русия ҳеҷ қонуншикание анҷом надодааст ва аъзҳоя ягон гурӯҳи ҷиноӣ нест. Ӯ гуфт як соҳибкори инфиродӣ аст ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул буда, кушиш дорад то тартиботро дар байни мардуми Помир дар Русия нигоҳ дорад.
Вазирбеков мегӯяд, “тамоми фаъолияти ман дар моҳҳои охир ба он равона шудааст, ки пеши роҳи ҳамлаи мақомоти Тоҷикистон болои мардуми Бадахшонро, ки ман ҳам ҷузъи ин мардумам, бигирам. Ин на зидди қонунҳои Русия аст ва на зидди қонунҳои Тоҷикистон. Вале чунин ба назар мерасад, ки бархе хеле мехоҳанд, ки ҳамаи мо хомӯш бишинем”.
Ба гуфтаи ӯ, агар мақомоти Тоҷикистон муваффақ ба лағв крадани шаҳрвандии русиягии ӯ нашаванд, имкони ҳар фитнаи дигар, аз ҷумла нобудсозии ҷисмониаш вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, ки пештар Андрей Серенко, коршиноси рус дар шабакаи телеграмии худ аз сӯиқасд ба ҷони Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, ду гурӯҳ аз Тоҷикистон, ки аз ҷониби кормандони воҳидҳои вежаи ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд, ғайриқонунӣ вориди Федератсияи Русия шуда, қасди аз байн бурдани Вазирбековро доранд.
То ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Русия ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.