Хона блог саҳифа 661

Табрикоти рамазонӣ

0

Ин бегоҳ 12 апрел дар Тоҷикистон ва аксари давлатҳои дунё мусалмонон аз моҳи мубораки Рамазон истиқбол мекунанд ва нахустин намози таровиҳро низ мехонанд.

Мо ҳайати эҷодии “Аздо тв” аз фурсати муносиб истифода бурда, бинандагони худ ҳамчунин тоҷикистониён ва тамоми мусалмонони дунёро бо фарорасии ин моҳи пурфайзу моҳи тоату ибодат муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованд барои якояки шумо бурдборӣ ва комёбиро дар корҳои дунявӣ ва ухравӣ орзумнадем.

Пулиси Санкт-Петербург чанд муҳоҷири тоҷикро пас аз як тирандозӣ боздошт кард

0

Пулиси Русия пас аз як тирандозии оммавӣ дар назди майдони Сеннаяи Санкт-Петербург даҳ нафарро боздошт кард. Дар ин бора “Lenta.ru” хабар медиҳад.

Ин ҳодиса шоми 9-уми апрел рух додааст. Дар наворҳои дурбинҳои мадорбаста дида мешавад, ки гурӯҳе аз мардон дар назди маркази савдои “Пик” воқеъ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия якдигарро мушту лагад мезананд. Дар ҷои ҳодиса гилзаҳо ва тирҳои резинӣ ёфт шуд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ яке аз ширкаткунандагон бо захмҳои корд ба бемористон интиқол ёфтааст. Ин ҷавон аз суҳбат бо полис ва журналистон худдорӣ кард. Рӯзи дигар дар кӯчаи Садовая даҳ гумонбари аз 16 то 32-сола боздошт шуданд.

Тибқи иттилои “Комсомолская правда”, дар байни мардони боздоштшуда чеченҳо ва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳастанд. Аз байни 10 нафар нисбати 4 нафар айб эълон ва ба додгоҳ фиристода шудааст, боқимонда аллакай озод карда шуданд. ВКД-и Русия нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сабабҳоии ин занозанӣ то ҳол маълум нест.

Эрон ваъда дод аз Исроил барои ҳамла ба таъсисоти ҳастаияш интиқом бигирад

0

Ҷумҳурии Исломии Эрон садама дар иншооти ҳастайӣ дар Натанзро кори дасти Исроил медонад ва ваъда дода аст, ки интиқом хохад гирифт.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник” сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода гуфт, ки Техрон сари вақт ба Исроил барои ҳамла ба иншооти ҳастаӣ дар Натанз интиқом хоҳад гирифт.

Хатибзода ин ҳамларо “амали терроризми ҳастайӣ дар хоки Эрон” номид. Вай изофа намуд Эрон сентрифугаҳои дар натиҷаи ин ҳамла осебдидаро бо навъҳои пешрафта иваз хоҳад кард.

Созмони Энержии Атомии Эрон рӯзи 11 апрел эълом дошт, ки дар шабакаи тақсимоти барқ дар корхонаи ғанисозии ураниюм дар Натанз садама рух дод, касе осеб надид, ифлосшавии муҳити зист набуд, иллатҳои ходиса мушаххас карда мешаванд.

Тасвири моҳвораии таъсисоти ҳастаии Натанз: аз Reuters

Баъдтар ноиби раиси Ҷумҳурии Эрон ва роҳбари созмони энержии атомии ин кишвар Алӣ Акбар Солеҳи гуфт, ки ин ҳодиса ҳамла ва зуҳури “терроризми ҳастайӣ” аст.

Ширкати телевизион ва радиои Исроил “Кан” бо такя ба “манбаъҳои иктишофӣ” хабар дод, ки гӯё Исроил дар паси ин ҳодисаи рухдода дар Натанз қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки “Моссад” дар ҳамлаи киберӣ ба як таъсисоти ҳастайӣ даст дорад.

Ба дунболи ин як манбаи номаълуми амрикоӣ ба хабаргузории “New York Times” дар бораи даст доштани Исроил дар ходисаро тасдик кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф низ Исроилро ба тахриби таъсисоти ҳастайӣ дар Натанз муттаҳам донист. Ба гуфтаи Зариф ҷониби Исроил ба ин васила нишон медиҳад, ки намегузорад Эрон дар лағви таҳримҳо ба пеш ҳаракат кунад.

Хабаргузории “ИРНА” аз қавли вазири хориҷаи Эрон нигошта, ки “Саҳюнистҳо мехоҳанд дар посух ба муваффақият дар раванди лағви таҳримҳо аз мардуми Эрон интиқом бигиранд” посухи мо ба худи саҳюнистхо хоҳад расид.

Гумонбар дар қатли Ҳувайдои 5-сола ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

0

Рӯзи 9 апрели соли равон мурофиаи парвандаи куштори Ҳувайдои 5-сола баъд аз таваққуфи тақрибан 5-моҳа дар Додгоҳи Маскав аз сар гирифта шуд.

Додгоҳи шаҳри Маскав қарор баровард, ки гумонбар дар қатли Ҳувайдои хурдсол Александр Семин аз нигоҳи равонӣ бемор нест ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ то ин дам ба гумони хуб набудани ҳолати равонияш дар озодӣ буд ва дар табобат мегирифт.

Шуҳрат Қудратов дар суҳбат бо “Аздо тв” ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани гумонбар Александр Семинро тасдиқ кард ва афзуд, ки дар мурофиа шахсан ширкат надошт, чун дар додгоҳ ба ҷуз падари духтарчаи кушташуда ва вакили дифои он ба касе иҷозаи вуруд дода нашуд. Ба назари ӯ тӯл кашидани муҳокима муддати се сол, ки то ин муддат танҳо исбот шуд, ки гумонбар бемории рӯҳӣ надоштааст, то андозае ба манфиати тарафи муттаҳм ҳал шудани кор будааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуд. Ӯ аввал аз ҳавлии як хона дар ноҳияи Серпухови шаҳри Маскав дуздида шуд ва пас аз як рӯз ҷасадаш аз дохили як халтаи варзишӣ пайдо гардид. Санҷиши судӣ нишон дод, ки Ҳувайдои хурдсол аввал таҷовуз шуда ва сипас бо корд кушта шудааст.

Дар ин қазия як сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Семин бо гумони даст доштан дар қатли ин кӯдак боздошт шуд.

Дар манзили ӯ муфаттишон изи пойафзоли духтар ва изи ангушти ӯро пайдо карданд. Тибқи яке аз фарзияҳо, гумонбари куштор духтарро ҳангоми бозиаш дар ҳавлӣ бо додани бозича ҷалб карда сипас ӯро рабудааст.

Дар моҳи декабри соли 2019, додгоҳ қарор баровард, ки Александр Семин воқеан дар ин амали куштор даст дорад. Аммо худи айбдоршаванда Семин дар муҳокимаҳо ширкат накард, вакили мудофеаш иттиҳомоти алайҳи Семин эълоншударо рад кардааст.

Дар таърихи 30 сентябри соли 2019 додгоҳ қарор баровард, ки бояд Семин табобати равонӣ гирад.

Ҳукми “ихвониҳо” баъд аз як солу се моҳ содир шуд

0

Ҳукми зиндон алайҳи иддае аз шаҳрвандон, ки моҳи январи соли 2020 бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” (бародарони мусалмон) боздошт шуда буданд, аз ҷониби Додгоҳи олии кишвар содир шуд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ аз 5 то 24 сол равонаи зиндон шудаанд. Дар ин бора сомонаи “Паём” бо такя ба манбаи худ хабар дод.

“Паём” менависад, ҳар кадоми онҳо аз 5 то 24 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Байни онҳо домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва як муаллими араб бештар аз ҳама ҳукм гирифтаанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Қаҳҳоров Исмоил (Мулло Исмоил , домоди Тӯраҷонзодаҳо) ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ шоир, узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ дониста мешавад.

Як устоди мисрии донишгоҳ бо насаби Байюмӣ ба 24 соли зиндон, Аҳлиддин Ҳалимов, ҷияни Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба 14 сол равонаи зиндон гаштаанд.

Ҳукмгирифтагони дигар, ки асомиашон дастраси Паём шуд инҳоянд:

Мулло Қурбоналӣ, набераи Мулло Сафаралӣ, имомхатиби собиқи масҷиди Бохтар — 7 сол;

Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам — 7 сол;

Абдулхолиқ Ҳасанов, Душанбе — 5 сол;

Алиев Абдураҳим, Ҷамоати Роҳатӣ — 7 сол

Абдумалик Ализода — 5 сол

Мирзоев Ҳикматулло, шаҳрванди Русия, муаллими донишкадаи Забонҳо раиси ташкилоти Ҷамъиятии Ҳаниф —  8 сол

Мирзоев Абдулқодир, соҳибкор — 5 сол

Мирзоев Убайдулло 5 сол

Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои забоншиносӣ мудири кафедраи арабӣ донишкадаи забонҳо — 7 сол

Сафаров Нуриддин духтури саратоншинос — 5 сол

Тоҷиддин Яъқубов номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  — 5 сол

Давлатбек, корманди бонки миллӣ мутахассиси бонкдории исломӣ — 5 сол;

Аскар, муаллими забони арабии Донишгоҳи миллӣ — 5 сол;

Ҷабборов Хайрулло, духтури бемориҳои дил дар Шаҳраки тиббӣ — 5 сол;

Ҷабборов Саъдулло, мутахассиси соҳаи энергетика. Барандаи ҷоизаи ихтирокори ҷавон барои тавлиди барқ аз васоили бодӣ, дар Роғун кор мекард — 5 сол;

Сироҷидин Маҷидов, соҳибкор, узви гурӯҳи кории иқтисодии назди раиси шаҳри Душанбе — 18 сол;

Муҳаммадсаид Маҷидов, соҳибкор — 7 сол

Муҳаммаднаим Латифӣ, аспиранти донишгоҳи миллӣ ва муаллим,  домоди Эшони Нуриддин — 16 сол;

Амриддин Каландаров, Файзобод, деҳаи Ҷонварсуз, муаллими забони тоҷикӣ дар Коллеҷи омузгории ба номи Хосият Махсумова, аспиранти донишкадаи забонҳо — 5 сол;

Сатторов Икромшоҳ, муаллими донишкадаи забонҳо, ноҳияи Данғара — 5 сол;

Қадриддин,  Журналист — 5 сол;

Маъруф аз Ромит, устоди донишкадаи исломӣ — 7 сол

Ислом Гадоев, Ромит, аспиранти академияи илмҳо, устоди донишкадаи исломӣ — 13 сол;

Гуфтанист, аввали соли ҷорӣ даҳҳо нафар бо ҷурми узвият дар ҳаракати “Ихвонулмуслимин”, ки то ин замон аз мавҷудияташ дар Тоҷикистон хабаре набуд, боздошт шуданд. Номи бархе аз онҳо дастраси расонаҳо шуда буд. Аз ҷумлаи онҳое, ки номҳояшон расонаӣ шуду тақдирашон ҳанӯз маълум нест инҳоянд:

Фирдавс Раҳимӣ, Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, собиқ раиси шаҳраки Шӯроб, собиқ раиси ҷамоати Чоркӯҳ. Зодаи Исфара.

Амонуллоҳи Абдурозиқ, мудири маркази забономӯзии “Дӯстӣ”. Ноҳияи Рӯдакӣ.

Амриддини Аслиддин, муаллим. Аз Фархор.

Убайдуллох, муаллим. Ноҳияи Нуробод.

Абдуғаффор, устоди Донишгоҳ. Зодаи Истаравшан.

Тағоев Комил Сидмуродович, с.т. 1981, сокини кӯчаи Гулистони ҷамоати Пули Сангин. Зодаи Норак.

Абдуллоев Муслиҳиддин Отамуродович, с.т. 1983, зодаи ҷамоати Тутқавули Норак.

Қорӣ, набераи Абдулло-Сиёҳак, с.т.1991, аз ҷамоати Тутқавули Норак.

Маҳмудҷон Латифӣ, зодаи деҳаи Личаки ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат, устоди фанни забону адабиёти араб дар Донишгоҳи миллӣ

Муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав меравад

0

Сардори Cитоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар Маскав интизоранд. Ӯ дар онҷо бо ҳамкорон дар (СААД) мулоқот хоҳад кард.

Сардори ситоди генералии Тоҷикистон муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал летейнант Эмомалӣ Собирзода дар миёнаи ҳафтаи оянда барои боздид ба Маскав меравад.

“Азия-Плюс” бо такя ба манбааш дар Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Собирзода дар ҷаласаи навбатии Кумитаи низомии Созишномаи амнияти дастачамӣ (СААД) ширкат менамояд, ки 14 апрел баргузор мегардад ва онро сардори Ситоди генералии Қувваҳои муссалаҳи Русия муовини аввали вазири дифои Русия генерали артиш Валерий Герасимов раисӣ мекунад.

Дар ин ҷаласа ширкати раисони ситодҳои мусаллаҳи Арманистон, Белорус, Казокистон ва Қирғизистон маддӣ назар аст.

Интизор меравад Собирзода дар ин ҷаласа ба аъзои Кумитаи низомӣ дар бораи фаъолияти самараноки (СААД) дар соҳаи низомӣ, ки Тоҷикистон дар муддати раёсаташ бар ин ташкилот дар соли 2021 ироа карда аст, маълумот диҳад.

Дар ин нишаст дар назар аст, ки чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои Аврупо шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Миёнаро баррасӣ кунанд.  Хамчунин таълими муштараки макомоти фармондехи ва назорат ва ташаккули нерухои воситахои системаи амнияти дастачамъи (СААД), фаъолкунии маркази вокуниши бухронии ОДКБ ва таъсиси вохиди  муштараки мухофизати радиатциони-биологи ва дастгирии тибби аз чумлаи барномахои ин нишаст аст.

Роҳбари “Умед-88” мурд ё кушта шуд?

0

Марги раиси зиндонии ширкати “Умед-88” ин сарусадоҳоро доман задааст, ки ӯ бо аҷали худ даргузашт ва ё кушта гардид. Вақте ӯро дар соли 2017 барои 28 сол маҳкум ба зиндон карданд, огаҳони авзоъ ишора ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон мекарданд, ки фармоишгари асосии ин ҳукм ӯст.

Айни ҳамин ишора ва иттиҳом ба самти Шамсулло Соҳибов дар замони террори шаҳид Умаралӣ Қувватов дар Туркия ҳам баланд шуда буд. Вале дар ин миён Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев, собиқ раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки саривақтии хатар тавонист, ки ҷони худро наҷот бидиҳад ва рӯи раҳи фармоишгар сабз нашавад.

Агарчанде ҳамин Рустам Набиев буд, ки “Газпром”-ро ба Тоҷикистон оварда бозори маводди сӯхтро таъмин мекард. Вай, ба намояндагӣ аз ин ширкати бузург ин тиҷорати пурдаромад дар Тоҷикистонро ба гардиш дароварда, чуноне модари марҳумаш солҳо пеш дар як суҳбати матбуотиаш тазаккур медиҳад “қасди ворид шудан ба сиёсатро дошт”, бо дарёфти аввалин “месенҷ”-ҳушдорҳои таҳдидомез на танҳо тиҷораташро дар Тоҷикистон раҳо кард, балки худаш низ ҷилои ватан намуд ва феълан дар Русия аст.

Гап дар инҷост, ки Ризо Турсунов, собиқи раиси КГБ-и Тоҷикистон дар замони Раҳмон Набиев, ки баъди тарки вазифа дар яке аз муассисаҳои тавлиди нафти Русия мақоми баландеро соҳиб шуда буд, Рустамро дар ин тиҷорат мусоидат кард ва Рустам ҳам онро ба Тоҷикистон овард. Аммо Раҳмон ва Шамсулло Соҳибови домодаш ӯро тавре фишр оварданду таҳдидҳо карданд, ки ҳам аз бозори маводи сӯхт берун бишавад ва ҳам аз Тоҷикистон ва саҳнаи сиёсии он.

Аммо, чуноне бармеояд, барои Раҷабалӣ Одинаев ва Умаралӣ Қувватов нақша таври дигар кашида шуда буд, ки ҷону ҷисмашон қурбон ва тиҷоратҳои бо хуни ҷигар сохта ва фаъол кардаашон имрӯзҳо коми Шамсулло Соҳибовро ширин мекунанд.

Фарқи ҳодисаи марги Раҷабалӣ Одинаев аз террори Умаралӣ Қувватов дар он аст, ки шаҳид Умаралиро ошкоро тир зада ҷонашро гирифтанд. Аммо Одинаевро аввал зиндон кардаву (барои 28 сол) молу мулкашро мусодира намуда, дар маҳбас дар ҳолати наздик ба марг расонида сипас дар бемористон тавре “табобат” карданд, ки дигар натавонист аз ҷо бархезад. Тоҷире, ки тӯли 20 сол дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон фаъолияти назаррас дошт ва беш аз 70 нуқтаи замонавии фурӯши маводди сӯхт – автозаправкаҳоро дар саросари кишвар ташкил ва ба кор андохта буд, бо ҳазору як ҳасрату хориву зиллат ҷон ба ҳақ таслим кард.

Дастури боздошти марҳум Раҷабалӣ Одинаевро дар як ҷаласаи ҳукумат дар моҳи октябри соли 2017 худи Раҳмон содир карда буд. Зеро дар он ҷаласа Раҳмон ӯро ошкоро интиқод кард ва билодиранг ӯро Оҷонси мубориза бо фасод дастгир ва барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони неругоҳи “Роғун”, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҳамчун қарз ба ширкати ӯ дода буд, айбдор кард. Сипас дар парвандаи ӯ барои онки муҳлати ҷазо бештар шавад “дуздии моликияти давлатӣ” ва “исрофкорӣ” изофа шуд.

Аммо воқеият чизи дигар буд. Воқеият ин буд, ки Шамсулло Соҳибов ва Эмомалӣ Раҳмон  ҳузури ӯро дар бозори маводи сӯхт таҳаммул накарданд ва василае меҷустанд, ки ӯро аз ин бозор дур андозанд. Дар ҳоле, ки равнақу ривоҷи кори “Умед-88” -ро тамоми мардум мушоҳида мекард. Ва ширкати “Умед -88” он вақтҳо ба яке аз се ширкати калони воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон табдил шуда бо “Газпром”-и Русия ва ширкати “Фароз” рақобат мекард.

Ҳанӯз дар ҳамон вақти овардани мушкил бар сари ин ширкат огаҳони авзоъ рақобат бо “Фароз”-ро далели асосии ба маҳкама кашидани вай медонистанд. Азбаски “Фароз” наметавонист бо “Газпром”-монополисти асосии бозори маводди сӯхт дар Тоҷикистон зӯрозмоӣ ва онро аз ин соҳа бадар созад, аммо чун бо “Умед-88” метавонист ин корро роҳат анҷом диҳад, ҳамин тавр ҳам кард ва тибқи қонунҳои  ҷангал луқма ва ҳаққи даҳони ӯро кашида гирифт.

Ба касе пӯшида нест, ки Шамсулло Соҳибов дар ғасби рейдерии тиҷоратҳо дар Тоҷикистон гурги борондида шудааст ва даҳҳо нафар тоҷир ба маҳзи аз контрол хориҷ гардидани нафси бетаги ӯ ҳоло дар кунҷи зиндон ҳастанд.

Айбе, ки болои раиси “Умед -88” бор карданд ин буд, ки маблағи қарзи гирифтааш аз Вазорати молияро саривақт барнагардонд. То онҷо ки аз номаҳои раиси ин ширкат аз зиндон маълум шуда буд вай ин маблағ ва фоизҳои онро саривақт пардохт карда ва тамоми уҳдадориҳояш барои неругоҳи Роғунро ҳам иҷро мекард.

Муҳимтар аз ин ҳама ҳоло замон барои пардохти қарзи гирифтааш, ҳадди ақал як соли дигар боқӣ буд. Вале агар ин тарҳ ва ё нақшаи аз қабл омодашуда барои забун гардонидани “Умед-88” намебуд ва то худи Эмомалӣ Раҳмон дар пушти он қарор намедошт, имкон надошт, ки ин миқдори пули калонро Вазорати молия ба як ширкати ғайридавлатӣ қарз бидиҳад. Ҳамагон хуб медонанд, ки Раҳмон барои вусъат ва тавсиаи тиҷорати домоду духтараш борҳо ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задааст, ки яке аз намунаҳои он ҳамин холӣ кардани арса аз рақибон ва ғасби тиҷоратҳои ба роҳ монда аст.

Раиси ширкати “Умед-88” яке аз спонсорҳои хонаводаи Раҳмон ва дӯсти наздики Рустаму Таҳминаву Озода буд. Мусаллам аст, ки ҳамин алоқа ва “доданҳо” ва “грет” карданҳои Раҷабалӣ Одинаве буд, ки чунин шароити шики тиҷорат барояш фароҳам карданд. Аммо дар ин миён нафси Шамсулло бештар калон шудан мегирифт ва чуноне гуфтем ҳама рақибони сари роҳашро, ки имкони шикасту ғасбашонро дошт мебардошт ва якнима мекард.

Барои ҳамин Абдусалом Қурбонов, зодаи ноҳияи Данғара ва вазири ҳамон вақти молияи Тоҷикистон ин 171 миллион сомонии бюҷетро бидуни розигии Эмомалӣ Раҳмон ба “Умед-88” дода наметавонист. Ин пулро доданду бар сари ӯ балоро гардон карданд. Айни ҳамин корро феълан бо Муродалӣ Алимардон, раиси Агроинвестбонк ва Тоҷиддин Пиров, раиси Тоҷиксодиротбонк карда истодаанд. Яъне аз ҳисоби пули бюҷет гӯиё барои кумак ба ин бонкҳо чанд миллиардсомонӣ дода ва ҳоло онҳоро бе ресмон бастаанд. Онҳо ҳам пулро бояд бигардонанд ва ҳам дақиқ, ки молумулки худро арзон-арзон мефрушанд ва баъид аст, ки дигар ба низоми бонкӣ шомил шаванд, чун ин низом ҳам ба монополияи хонаводаи Раҳмон мубаддал шуд.

Ширкати “Умед-88” як ширкати хусусӣ аст ва агар ки пул эҳтиёҷ дошт амсоли дигар ширкату корхона ва муассисаҳои ғайридавлатӣ аз бонкҳо ва ё ташкилоти қарзӣ дарёфт мекунад. Аммо чӣ гуна ва чаро маҳз ин ширкат тавонист, ки аз Вазорати молияи Тоҷикистон 170 миллион сомонӣ қарз дарёфт кунад ва он ҳам пуле, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои Роғун  дар тавозуни ин ниҳоди  давлатӣ нигоҳ дошта шудааст.

Ҳадафи зиндонсозии раиси “Умед-88” ин буд, ки тиҷорати дар ҳоли рушду ривоҷи ӯро ғасб кунанд, ки карданд. Ва инки ӯро дар беморхона куштанд ва ё то ба ҳолати марг расонидан ҳам идомаи анҷоми ҳамин мақсад аст то дигар бо итминон дар пешонӣ ва равоқи заправкаҳои “Умед-88” тоблуҳои “Фароз”-ро насб кунанд. Вагарна, Одинаев аз зиндон гуфт, ки раҳо кунед мебарояду дороиҳояш, аз ҷумла ҳамон 70 истгоҳи фурӯши маводи сӯхтро фурӯхта медиҳад. Аммо розӣ нашуданд. Чун ҳадаф ҳамин 70 автозаправка ва низ ҳиссаи ин ширкат дар бозор буд, ки мебоист онро тасоҳуб мекарданд.

Сабаби асосии қатли Умаралӣ Қувватов ҳам ҳамин тиҷорати фаровардаҳои нафтӣ аст. Вай ки молики асосии “Фароз” буд, ин ширкатро то ба сатҳи як ширкати пурдаромад боло бурд. Аммо Шамсулло калонтар шуду гуфт, ӯ дигар “худкифо” аст ва ин ширкат моли ӯст. Рақобати Умаралӣ Қувватов асосан бар сари ҳамин тиҷорати бензин буд, ки ба маҳзи Умаралӣ роҳи Қирғизистон ва низ масири Афғонистонро таҳти контрол гирифта буданд. Барои Умаралӣ моҳонаи 20.000 долларӣ пешбинӣ карданд, аммо рад намуд ва даст ба муборизаи сиёсӣ зад, вале Шамсулло киллер заказ карда ӯро кушт. Танҳо барои нафси бетагаш одамро кушт.

Бо ин ҳол ин дуввумин ҳодисаи марги метавон гуфт маҷбурӣ ва ғайритабиии тоҷирони маводди сӯхт дар Тоҷикистон аст. Бозори маводди сӯхт, ки онро дар Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, раиси ширкати “Фароз” ва яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тасарруфи худ гирифта ва омодааст барои дарёфти даромадҳои бештар ҷони инсонҳоро қурбонӣ гирад ва дар масоили милливу давлатӣ назири баҳси марзӣ бо Қирғизистон соя афканад.

Мо саддарсад итминон дода наметавонем, ки раиси ширкати “Умед-88” кушта гардид ва ё бо марги табиӣ аз дунё рафт, вале дар урфият мегӯянд, ки “то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад”…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Ашраф Ғанӣ гуфт, ҳаргиз истеъфо доданӣ нест

0

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон дар як ҷаласаи ҳукуматаш гуфт, ҳоло як фурсати нодири таърихӣ барои хотима додан ба ҷанги чаҳор даҳсолаи ахир ва сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст.

Ашраф Ғанӣ ҳангоми шарҳи барномаи худ барои сулҳ гуфта, ки як даричае ба сӯи сулҳ кушода шудааст.

Ғанӣ илова кард, ки “Дар давоми 42 соли охир бори аввал имкон фароҳам омада, ки Афғонистон метавонад ба як сулҳи пойдор бирасад.”

Президент Ғанӣ омодагии худро ба интихоботи пеш аз мӯҳлат бори дигар такрор кард, вале гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз мақомаш истеъфо доданӣ нест ва ба ҳеч муоҳадае низ тан намедиҳад.

Ашраф Ғанӣ мегӯяд: “Ҳеҷ кас набояд фикр кунад, ки раҳбарияти Афғонистон, муовини аввал, муовини дуввум ва президенти интихобшуда истеъфо хоҳад дод ё созишномаи нангинро имзо мекунад.”

Тарҳи сулҳе, ки Ашраф Ғанӣ пешниҳод кардааст, аз се марҳила иборат мебошад, марҳилаи якум: тавофуқи сиёсӣ рӯи оташбас зери назорати байналмиллалӣ, марҳилаи дуввум: ташкили ҳукумати сулҳ ва марҳилаи сеюм бунёди сулҳ, давлатсозӣ ва эҷоди моркет мебошад.

Ин тарҳи сулҳи Ашраф Ғанӣ аз ҷониби Гурӯҳи Толибон пазируфта нашуда аст ва ба бандҳои он хурдагириҳои зиёд намудаанд.

Қарор аст дар моҳи ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия конфронси байналмилалӣ оид ба сулҳи Афғонистон баргузор шавад.

Мақомот бо кадом роҳу усул 56 дарсад нақшаи даъват ба артишро иҷро кард?

0

Дар Тоҷикистон расман аз рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар ин муддат Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар 6-рӯзи аввал 56 дарсади нақшаи даъват ба артишро иҷро шуд.

Ин гузориши вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу суолҳои зиёдеро ба бор овард, чун бештари ҷавонон ба артиш маҷбуран ё бо усули “облава” ҷалб шудаанд. Ҳамарӯза наворҳо ва хабарҳои зиёд дар бораи облава шудани ҷавонон дар шабакаҳо нашр мешавад. Дирӯз “Паём” бо такя ба шабакаи ютубии “Хабар тв” аз як ҳолати “облава”, ки ҳатто ба беҳушии як ҷавон оварда расонд, хабар дод.

Дар наворе, ки дар шабакаи ютубии “Хабар тв” нашр гардидааст, чанд мард, ки либоси мулки ба тан доранд, мехоҳанд ҷавонеро дастгир карда ба мошини худашон шинонанд. Наворбардор бо нишон додани яке аз онҳо ӯро Нурзод муаррифӣ мекунад.

Рақами мошине, ки “облавачиҳо” мехоҳанд ҷавонро ба он шинонда баранд низ нишон дода мешавад, ки 1555АВ04 мебошад.

Дар натиҷаи кашокаш ҷавони дохили мошинбуда беҳуш мешавад ва ӯро ба замин мехобонанд. Чанд нафар садо медиҳанд, ки “мекушедаш”. Зане, ки аз ҷавон ҳимоят мекард ва зоҳиран аз наздиконаш аст, “облавачиҳо”-ро ба ҷавон наздик шудан намемонад ва ӯро бо мошини дигаре ба беморхона мебарад.

Наворбардор мегӯяд шишаи мошини ӯро низ шикастаанд ва бояд посух гӯянд. Дида мешавад чанд марди раҳгузар низ дар наҷот додани ҷавон кӯмак мекунанд.

Дар ҳамин ҳол як ҷавони дигаре бо номи Пулодзода Ҷомӣ, ки коргари ҳукумати шаҳр будааст, дар саҳифаи фейсбукияш аз “облава” шуданаш аз бинои МИҲД- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи Ҷомӣ ин ҳодиса боис шуд, ки саломатии модараш бад шавад ва ба беморхона афтад.

Пулодзода мегӯяд, ки дар дохили МИҲД- ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои супоридани озмуни ҷойҳои холии корӣ рафта буд, ки ногаҳон се нафар ӯро маҷбурӣ аз дасташ дошта, ба мошин савор карда, ба бинои Комиссариати ҳарбӣ бурданд. Ҷомӣ мегӯяд бо вуҷуди фаҳмондан, ки ин амал хато ва ӯ дар хонавода яккаписар ва аҳмзамон хизматчии давлатӣ низ мебошад, ба гуфтаҳояш касе гӯш накарда ба бинои Комиссариат бурдаанд.

Дар идома Пулодзода Ҷомӣ мепурсад: “Ман маҷбурам магар ба ноадолатӣ тоб орам? Аз осмону мақомотҳои марбута ҳеҷ кӯмаке намерасад. Модоме, ки сафарбаркуниро маъракаи сиёсӣ меномеду бо аблава кардан иҷрояш мекунед, пас фарҳанги облавакуниро риоя намоед. Одитарин паҳлуҳои зиндагии мо дорои қоидаҳои махсус аст. Ин аблаҳоне, ки ин шабу рӯзҳо ба аблавакунӣ машғул ҳастанд, на худашонро муаррифӣ мекунанд ва на ҳуҷҷат нишон медиҳанд. Дар ними шаб мошини Опел астраҷии сафед бе рақами қайди давлатӣ облава мекунад. Ин айб нест магар.? Ман АДОЛАТ мехоҳам чизи дигар не!!!”

Ӯ дар охири навиштаҳояш аз аз тамоми равшанфикрони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамояд, ки ҷиҳати барҳам додани “облава” фикру андешаҳои худашонро пешниҳод намоянд.

Ба монанди Пулодзода Ҷомӣ ва ҷавоне, ки ҳангоми “облава”-и кормандони мақомот аз ҳуш рафт, садҳо ҷавонӣ дигар низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Бо вуҷуди ҷой доштани далелҳо мақомот ҳамеша “облава”-ро дар Тоҷикистон рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бо навиштани мактуби кушодаи ба Президент Раҳмон ва раиси Дастгоҳи раисҷумҳур Озодаи Раҳмон муроҷиат намуда, мегӯяд, дар зудтарин фурсат масъалаи поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандонро, ки аз ҷониби маъмурони Комиссариатҳои ҳарбӣ сурат мегирад, пешгирӣ намояд.

“Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд”,- менависад Раҷаби Мирзо.

Ин рӯзноманигор дар идома аз дастгиршавии донишҷӯён ва маҷбуран ба артиш бурдани онҳову баъдан ихроҷ шуданашон аз донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, падару модарон тарсида – тарсида фарзандони худро ба кӯча, ба ҷои кор, барои таҳсил мефиристанд.

“Хулоса, агар тадбири ҷиддие андешида нашавад, обрӯи давлату ҳукумат, ҳукумати қонун зери суол меравад, ки фикр накунам барои ягон шаҳрванди дилсӯз ин ҳолат манфиат биёрад”.

Дар охир аз корбарони фейсбук дархост намуда, ки ҳарки аз ин мавқеъ ҷонибдор аст, зери ин матлаб имзо гузорад то онро бо ҷамъи имзоҳо ба сомонаи Президент бифиристад.

“Уральские авиалинии” омодааст маблағи мусофиронро 100% баргардонад

0

Ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”-и Русия омодааст маблағи тамоми касоне, ки аз ин ширкат билети парвоз хариданд, вале бо сабаби интишори каронавирус ва қатъи парвозҳо натавонистанд сафар кунанд, маблағашонро комил баргардонад ва ё ҳангоми иҷозати парвози доимӣ пайдо кардани ин ширкат метавонанд онҳоро ба билетҳои нав бидуни пардохти маблағи иловагие иваз кунанд.

Инҳоро мудири намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон Умед Лолаев зимни мусоҳибае бо хабаргузории “Азия-Плюс” иброз доштааст.

Ӯ дар идома меафзояд, “Тавре мебинед, айни замон нарх баланд аст, агар хатсайрҳои доимӣ боз шаванд ва дар дасти мусофир билет бошад, сарфи назар аз кай харидани он, мо онро нав мекунем ва мусофир парвоз карда метавонад. Барои билет ягон маблағи иловагӣ пардохт кардан лозим намеояд, бигзор билет ҳатто миллион сомонӣ ҳам нарх дошта бошад. Бори дигар такрор мекунам, ки билетҳое иваз мешаванд, ки ба хатсайрҳои доимӣ харида шудаанд.”

Лолаев гуфта, ки “айни замон ширкати “Уральские авиалинии” аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳои доимӣ анҷом намедиҳад. Танҳо парвозҳои чартерӣ иҷро мекунад. Ҳавопаймоҳои мо аз шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 апрели имсол парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия пас аз таътили 1-сола аз сар гирифта шуд. Айнои замон танҳо ду ширкати ҳавопаймоӣ, “Ют Эйр”-и Русия ва “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба ин парвозҳои доимӣ иҷозат доранд.

Чанд рӯзи пеш низ хабарҳо нашр шуд, ки “Уральские авиалинии” низ парвозҳои доимиро байни Тоҷикистону шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад, аммо худи ширкат инро рад кард ва гуфт, ки то ҳол иҷозатнома барои парвозҳои доимиро пайдо накардааст.