17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 467

Вокуниши “Гурӯҳи-24” ба иддаъои ВКД дар бораи Шоҳида Маҳмадҷонова

0

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” иддаъои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи узв ин гурӯҳ қаламдод кардани Шоҳида Маҳмадҷоноваро рад карда, боздошти ӯро ҷиноят болои ҷиноят хондааст.

Имрӯз, 10-уми феврали соли 2022 Ҳаракати сиёсии “

Гуфта мешавад, шоми 8-уми феврали 2022 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ карда, хабар дода буд, ки нисбати ӯ “тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.”

Шоҳида Маҳмадҷоноваи 43-сола пас аз 18 соли фаъолият ҳамчун табиб дар шаҳри Ваҳдат 3-юми январи соли 2020 зери фишори мақомот аризаи “бо хоҳиши худ” аз кор рафтанашро имзо карда буд. Вай модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва пас аз гузашти 6 рӯз замоне Ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо қарор гирифт, Вазорати корҳои дохилӣ маҷбур шуд, ки боздошти ӯро эътироф кунад.

Душанбе: Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Қирғистон

0

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбеков мулоқот кард.

Акс аз саҳфаи ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон, имрӯз, 10-уми феврали соли 2022 Сироҷиддин Муҳириддин Ҷаниш Рустенбековро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Ба қавли манбаъ, “дар рафти мулоқот ҷонибҳо зарурати рушди пайдарпайи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро бар асоси рукнҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид намуданд.”

Гуфта мешавад, 5-уми декбари соли 2018 Ҷаниш Рустенбеков бо фармони президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар Тоҷикистон Сафир таъйин шуда буд. 2-уми феврали соли 2022 пас аз низоъҳои ахири марзӣ дар Исфара Ҷаниш Рустенбеков бо фармони президенти ин кишвар аз симати сафирӣ барканор шуд.

Субҳонзода: нархи чиптаҳо поин рафтааст

0

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва ватанӣ хостааст, ки нархи билети ҳавопайморо коҳиш диҳанд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон Икром Субҳонзода, раиси Агентӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Субҳонзода мегӯяд, ин ниҳод мухолифи болоравии беасоси нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ буда, аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Русия парвоз мекунанд, даъват кардааст, ки нархи чиптаҳоро поин оранд.

Ба гуфтаи ӯ ниҳодаш, ки соҳаи авиатсияи гражданиро назорат мекунад, дар ин масъала канор намемонад ва чанде пеш бо иштироки ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ҳалли ин масъала ҷаласаи изтирорӣ ташкил намуда буд.

“Дар ин самт кор идома дорад ва аллакай натиҷаҳое ба даст омадаанд, ки нархи чиптаҳо поин рафта истодааст. Мо катъиян таъкид мекунем, ки нархи чиптахо бояд дар доираи хароҷоти дар ин хатсайрхо сарфшуда бошад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳ карда шуда, ба онҳо расман мактуб пешниҳод шудааст, то нархҳоро беасос баланд накунанд. Мо бешубҳа ҳуқуқи мусофиронамонро ҳимоя хоҳем кард”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки пас аз 1-уми январи соли 2022 арзиши парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз ду баробар боло рафт. Ба ин тартиб, тибқи тарофаҳои феълии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, як чиптаи парвоз аз Душанбе ба Маскав беш аз 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки дар моҳи декабр онро бо нархи 2,4 ҳазор сомонӣ дарёфт карда мешуд.

Муҳокимаи як мақоми собиқи Афғонистон бо иттиҳоми ҷароими ҷангӣ дар Ҳоланд

0

Додситонии Ҳоланд эълом кардааст, ки як мақоми собиқи Афғонистонро бо иттиҳоми иртикоби ҷароими ҷангӣ дар Афғонистон муҳокима мекунад.

Ба гузориши “Кобул Таймс, Додситони Ҳоланд дар бораи ҳувияти ин шахс маълумоте ироа накардааст, вале таъкид кардааст, вай 76-сола аст ва байни солҳои 1983 то 1990 мелодӣ фармондеҳ ва раиси бахши сиёсии зиндони Пуличархӣ дар Кобул будааст.

Додситони Ҳоланд афзуда, ки вай дар замони раҳбарии худ мухолифони давлати вақтро дар шароити бисёр ваҳшатнок бидуни муҳокима солҳо ба зиндон андохтааст.

Полиси ҷароими байналмилалии Ҳоланд ин фардро дар соли 2019 дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар боздошт кардааст.

Полиси Ҳоланд гуфтааст, ки ин фард дар соли 2001 вориди Ҳоланд шуда, тобеият ва ё шаҳрвандии ин кишварро ҳам дарёфт кардааст.

Диаспораи тоҷикон дар Русия ҳамла ба мағоза дар Истраро маҳкум кард

0

Диаспораи тоҷикон дар Русия ҳамла ба як мағоза дар Истраро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он гумонбар мешаванд, маҳкум мекунад. Дар ин бора ба расонаҳо Хуршеда Ҳамроқулова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав хабар дод.

“Албатта, ин ҳодисаи маъмулӣ нест. Онҳо чӣ гуна тоҷиканд, агар ҷинояткор бошанд?” — гуфт Ҳамроқулова.

Ба гуфтаи раиси Маркази фарҳангии тоҷикон, муҳоҷирони корӣ новобаста аз он ки дар кадом вазъияти душвор қарор доранд, бояд бидонанд, ки барои кумак ба диаспора муроҷиат кунанд ва ба ҷиноят даст назананд.

Хуршеда Ҳамроқулова қайд кард, ки имрӯз аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон барои меҳнати ҳалол ба Русия меоянд ва ҳеҷ яке аз онҳо қонунро нақз намекунад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 9-уми феврал чаҳор нафар бо “битаҳо” ба як мағоза дар Истра ҳамла карданд.

Онҳо директор, фурӯшанда ва шавҳарашро лату кӯб кардаанд, ки дар натиҷа зан то омадани ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аммо директор ва шавҳари он зан бо захмҳои сангин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Муҳоҷирон аз касса чанд ҳазор рублро дуздидаанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ онҳоро боздошт карданд. Тибқи тафтишот, ҳамаи онҳо зодаи Тоҷикистон мебошанд. Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои ғоратгарӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Назари худи гумонбарон ва адвокату наздиконашон то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон

0

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори як сокини шаҳри Исфанаи ин вилоят боздошт шудааст.

Тавре бахши Радиои Озодии қирғизӣ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд хабар медиҳад, гумонбари 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистон қаблан дар содир намудани ҷинояти вазнин дар Узбакистон зиндонӣ шуда, ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шудааст. Ӯ дар деҳаи Самарқандек боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Исфана ҷасади марди 58-солаи соҳиби як ошхонаи маҳаллӣ аз анбори ошхонааш пайдо шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 122 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти Қирғизистон ному насаб ва сокини кадом шаҳру деҳаи Тоҷикистон будани гумонбарро нашр накардааст ва назари худи боздоштшуда ва наздиконаш низ дастрас нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи боздошти ин шаҳрванди худ вокунише накарда ва ҳамчунин расонаҳо низ аз ҷузъиёти он хабаре надодаанд.

Меҳмоншоҳ Шарифов: фасоду дуздӣ аз хусусиятҳои аслии ҳукуматҳои ду сӯи Омуст

0

Меҳмоншоҳ Шарифов, донишманди тоҷик дар саҳифаи

Акс аз саҳифаи Фейсбуки Меҳмоншоҳ Шарифов

Ин донишманди тоҷик мегӯяд, ки Толибон дар риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон демократитар аз “демократ”-ҳои Тоҷикистонанд.

“Дар қаламрави “демократия” солҳо боз аз тарс касе эътироз намекунад, вале дар қаламрави Толибон қамчиншап шаванд ҳам, гӯё осонтар аст барои ҳуқуқҳои худ овоз баланд кардан. Ҳатто дар фарқият аз ин “демократҳо” баъзан Толибон шарм ҳам мекунанд инсонеро барои танқиди озод муҳокима карда бошанд.”, менависад ӯ.

Ба андешаи ин донишманди тоҷик дар шакл гирифтани чунин ҷомеаҳо инсонҳо гунаҳкоранд на низомҳо. Ӯ дар интиқоди низоми толибонӣ ва “демократия”-и тоҷикистонӣ мегӯяд, “ҳар ду бархоста аз фарҳанги музофотии маҳдуд ва номуваффақанд;

Ҳар ду фикри мустақил ва созанда надоранд ва аз фалсафа ва сиёсат дуранд ва наметавонанд ҳаёти лучи мардумро бо як шакли солими ҳаёт пӯшонидан…;

Ҳар ду сиёсати берун кардани дигарон, ба хусус тоҷикро аз фазои сиёсӣ пеш гирифтаанд.”

Ӯ мегӯяд, фасод, дуздӣ ва дурӯғ, ки дар ҷаҳл реша доранд, аз хусусиятҳои бунёдии ин ҳукуматҳост. Ва “фасод бо террор ва хушунат дасти ба даст мераванд.”

Ёдовар мешавем, ки мақомоти шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат 3-юми феврал Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов маъруф бо номи “Абдураҳмон-09”-ро бедалели возеҳе боздошт кард ва то шоми 8-уми феврал аз макони нигаҳдории ӯ ба наздиконаш чизе намегуфт. Дар пайи боздошти ин зани тоҷик аксари фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш намуда, баъзеҳо онро таҳқири зан ва модари тоҷик аз ҷониби нерӯҳои интизомии кишвар унвон карданд.

Маҳмадбоқиров: ман террорист нестам, аз ман чӣ мехоҳед?

0

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мегӯяд, гуноҳи ман ин аст, ки қочоқи маводи мухаддири ҳукуматдоронро дастгир намудам аз ин рӯ, манро душмани худ эълон кардаанд. Ӯ мегӯяд: “Моро аз ҷонамон сер кардед! Намедонам, ки ин ҳукуматдорон аз ман чӣ мехоҳанд?”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз чеҳраҳои саршиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд рӯз пеш мақомот нисбаташ парванда боз карда буд, рӯзи 8-уми феврал бо муроҷиати видеоие аз худ дарак дод.

Маҳмадбоқир ба мардум ва ҳукуматдорон хитоб намуда мегӯяд, ӯ террорист ва ҷинояткор нест. Танҳо аз мардуми мазлум дифоъ мекард ва пеши рафторҳои ғайриқонунии мақомотро мегирифт ва аз ин хотир 30 сол боз зери фишору таъқиби ҳукуматдорон қарор дорад.

Ӯ ҳамчунин меафзояд, ки раиси тозаинтихоби ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо ӯ хусумати шахсӣ дорад, зеро пештар борҳо Мирзонаботовро дар рӯи ҷинояти таҷовуз ба номуси духтарон дасигир кардааст ва “айни замон, ки ӯ раиси ВМКБ шудаст, хоҳиши маро куштан дорад.”

Дар идома мегӯяд, “имрузҳо  ҳукуматдорон  ягон  балоро бар сари мо меоваранд. Мо ҳам омода ҳастем. Мо силоҳ надорем, аммо бо санг ҳам бошад худро муҳофизат карда қотилонро пеш мекунем.”

Ӯ дар хитоб ба раиси ВМКБ Мирзонаботов мегӯяд, “Мардуми бечораро аз ҷонашон безор кардед. Мирзонаботов, барои ҷинояти таҷовуз ба номуси духтар ҷойи ту маҳбас аст! Фаҳмидӣ? Дар ағбаи Қизил Арт чандин маротиба  туро дастгир кардам, шарм намедорӣ?”

Ёдовар мешавем, ки мақомоти кишвар нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дастгир кардан мехоҳад, аммо ӯ худро гунаҳкор намедонад ва мардуми шаҳри Хоруғ мегӯянд, мо ӯро ба мақомот таслим намекунем ва аз ӯ ҳимоят мекунем.

Серенко: ҷони Ораз Вазирбеков дар хатар аст

0

Андрей Серенко, рӯзноманигор ва сиёсатмадори рус дар шабакаи телеграмии худ аз сӯиқасд ба ҷони Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия хабар дод.

Серенко дар истинод ба манобеи муътамади худ навиштааст, ки “Ҷони Ораз дар хатари бузург аст. Ду гурӯҳ ғайриқонунӣ вориди Федератсияи Русия шудаанд, ки вазифаашон аз байн бурдани Вазирбеков аст. Дар Маскав онҳоро се айбдоршаванда – Лутфулло (ӯ дар маҳбас аст, аммо имконияти таъсир расондан ба берунро дорад), Рустам (вокзал) ва як нафар бо номи Байен (дар бораи ӯ ягон маълумоти равшане нест) роҳнамоӣ хоҳанд кард”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ду гурӯҳ, ки барои аз байн бурдани Вазирбеков ғайриқонунӣ вориди Русия шудаанд, аз ҷониби кормандони воҳидҳои вижаи ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд.

Ба иддаои рӯзноманигори рус “Ҳадаф аз ин иқдом нахуст, маҳви яке аз раҳбарони калидии диаспораи мардуми Бадахшон дар Русия ва дуввум, бадном кардани Маскав дар назари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аст.”

Дар охир ин коршинос мақомоти расмии Русияро аз он ҳушдор медиҳад, ки ин тарҳи зидди Русия аст ва агар аз он ҷилавгирӣ нашавад, кор бар зарари Русия хатм мешавад. Чун мардуми Помир тибқи анъана русгаротарин қавм дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ яке аз раҳбарони мардуми Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз Русия дуздида ба Тоҷикистон оварда шуда буд.

Ошкор шудани қонуншиканиҳои зиёд дар корхонаҳои кишвар

0

Дар соли 2021 аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии кишвар фаъолияти зиёда аз 2,5 ҳазор корхона мавриди санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа наздик ба 12 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шудааст.

Акс аз: “Sputnik Тоҷикистон”

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки дар соли 2021 фаъолияти 2588 корхоана мавриди санҷиши комиссияи ин ниҳод қарор гирифт, ки дар натиҷа аз ин корхонаҳо 11809 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд.

Ба гуфтаи вазири меҳнат, дар натиҷаи санҷиш аз корхонаи мазкур 64 млн 582 ҳазор сомонӣ ба фоидаи буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон рӯёнида шудааст.

Ширин Амонзода ҳангоми зикри ин омор дақиқ нагуфт, ки чанде аз ин корхонаҳо давлатӣ ва чанде ғайридавлиянд, аммо гуфт, қонуншиканиҳо дар самтҳои гуногун буданд.

Аз ин оморе, ки вазири меҳнати кишвар ироа кард, фаҳмида мешавад, ки беш аз 4 қонуншиканӣ ба сари ҳар корхона рост меояд. Чизе, ки ҳамеша коршиносон ва таҳлилгарони мустақил аз он интиқод мекунанд ва аз вуҷуди қонуншиканиҳои зиёд дар корхонаҳои давлатӣ хабар медиҳанд. Ба гуфтаи баъзе онҳо, сабаби аслии зиёд будани қонунвайронкунӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон боло будани сатҳи фасод дар тамоми сохторҳо медошад.