19.3 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 474

Мақомот вуҷуди каронавирус дар зиндонҳоро рад кард

0

Бобохонзода Фирӯз, сардори шуъбаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон гирифтор шудани зиндониёнро ба бемории коронавирус рад кард.

Ӯ дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералии кишвар, ки дирӯз 13 июл баргузор шуд, гуфт, “дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон хушбахтона ҳолатҳои беммории COVID-19 умуман ба қайд гирифта нашудааст”.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони зиндониён, ба хусус зиндониёни сиёсӣ аз гирифтор шудани наздиконашон ба бемории каронавирус дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон борҳо шикоят карда буданд.

Соли гузашта Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб узви зиндонии ҲНИТ, ки дар зиндони рақами 1 адои ҷазо мекунад дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ташхиси рентгени падарашро ба як табиби хориҷӣ нишон дод ва ин пизишк гуфтааст, “90 дарсад падари шумо гирифтори СOVID-19 аст”.

Мақомти Тоҷикистон бо вуҷуди даргузашти 11 маҳбус бо нишонаҳои коронавиурс гирифтор шудани маҳбусон ба бемориро инкор мекарданд ва ҳамаи онҳоро “илтиҳоби сахти шуш” гуфтанд. Аммо баъдтар агарчи расман тасдиқ накарданд, вале вуҷуди онро дар дохили зиндонҳо рад ҳам накарданд.

Чанде пеш “Аздо тв” аз гирифтор шудани 57 зиндонӣ бо нишонаҳои коронавирус дар зиндони рақами яки пойтахт хабар дода буд. Манобеи “Аздо тв” гуфтанд, мақомот ва зиндонбонҳо сари вақт ба ёрӣ ва муолиҷаи гирифторони коронавирус намешитобанд.

Як манбаъ за дохили кишвар, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос бо “Аздо тв” гуфта буд:

“Дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 маъруф ба зиндони рақами яки Душанбе як хешамон зиндонӣ аст, хабар дод, ки дар ин зиндон 57 нафар бо нишонаҳои COVID-19 бемор шудаанд”.

Вуҷуди ин бемориро дасти кам се манбаи дигар, ки наздикону пайвандонашон дар ин муассисаи ислоҳӣ ба сар мебаранд ва бо онҳо тамос доранд дар суҳбат бо “Аздо тв” таъйид карданд.

Таҳдиди Хадамоти зиддиинҳосорӣ ба гаронфурӯшон

0

Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон нархҳо дар нуқтаҳои савдоро дар арафаи “Иди Қурбон” назорат хоҳад кард.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, ки хадамот бо дигар сохторҳои марбута ба хотири пешгирӣ аз болоравии нархҳо дар арафаи “Иди Қурбон” нархи хӯроквориро назорат мекунад.

“Пеш аз идҳо, мо як ситод таъсис медиҳем, ки нархгузорӣ дар давраи ид ва мавҷудияти барчаспҳоро танзим мекунад, зеро дар ҳақиқат дар кишвар аксар вақт болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла меваҳо дар давраи ид мушоҳида мешавад”- гуфт муовини аввали директор.

Қурбонзода дар идомаи суҳбаташ таҳдид кард, ки қонуншиканон ҷарима ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили Иди Қурбонро рӯзи сешанбе 20-уми июл эълон кард.

Ҳамасола бо наздик шудани идҳо, сокинон аз болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз пешгирии болоравии нархҳо гуфта буд, аммо баъд аз таъкидҳои Раҳмоновҳам болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо мушоҳида мешавад.

Сарпрокурори ҳарбӣ: Наворҳои “Облава” 15 сол пеш сабт шудаанд

0

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон вуҷуди “Облава”-ро рад карда, гуфт, он наворҳои нашра шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, 15 сол пеш сабт шудаанд.

Сарпрокурори ҳарбӣ, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон ЗОИРЗОДА ИКРОМ ОЙМАҲМАД дар посух ба суоли хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж”, Ҷамила Мирзбозхонова тасдиқ кард, ки баъзе ҳолатҳо худи шаҳрвандон ба даъватгоҳ ҳозир намешаванд ва ин боис мегардад, ки масъулони комиссариятҳои ҳарбӣ онҳоро ба хидмати артиш маҷбурӣ баранд. “Инро қонун муайян кардааст ва ба мақомоти дохила иҷозат чунин корро доддааст”.

Ӯ дар идома афзуд, “Мутаассифона боз наворҳое ҳастанд, ки пештар 15 сол пеш ба навор гирифта шудаанд ва аз тарафи шахсони иғвогар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, ки оиди онҳо низ дар солҳои пеш қарори қонунӣ қабул карда шудааст”.

Аммо дар мавриди як навори пурсарусадое, ки ҷанҷоли зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён оварда буд, гуфт, он дастгиркунии ҷинояткор аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ буд, ки мо ба онҳо посухи худро тариқи ВАО додем.

Bei Facebook anmelden
Melde dich bei Facebook an, um dich mit deinen Freunden, deiner Familie und Personen, die du kennst, zu verbinden und Inhalte zu teilen.

Ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳангоми оғози мавсими “Облава” шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наврҳои боздошт ва рабудани ғайриқонунии ҷавонон аз ҷониби кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ мешавад. Ҳатто баъзеҳо ҳангоми сабт макон, таърихи рӯз ва соатро низ мегӯянд. Ва ҳеч кадоми он наворҳои сабти куҳна будани онро нишон намедиҳад. Ва 15 сол пеш ҳам аз сабаби пешрафт накардани технологияи муосир имкони сабти чунин наворҳо набуд.

Пешниҳод: Финали Евро-2020 аз нав баргузор шавад

0

Зиёда аз 125 ҳазор нафар бо имзои туморе мехоҳанд бозии ниҳоии Қаҳрамонии Евро-2020 дубора баргузор шавад.

Дар портали Change.org муроҷиатномае гузошта шудааст, ки дар он талаб мешавад бозии ниҳоии Қаҳрамонии Евро-2020 байни дастаҳои мунтахаби Италия ва Англия аз нав гузаронида шавад.

Муроҷиатномаро дар саҳфаи Change.org як корбар бо номи Sharon Guilmen баъд аз финали қаҳрамонии Евро – 2020 нашр кардааст. Тайи се рӯзи ахир зери ин муроҷиатнома зиёда аз 125 ҳазор имзо ва садҳо назар гузошта шудааст.

Ба иддаои тартибдиҳандаи ин муроҷиатнома бозии финалии қаҳрамони Евро-2020 байни тимҳои миллии Италия ва Англия, комилан ноадолатона баргузор шуд. Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки “аз бозигарони итолиёвӣ касе аз майдон ронда нашуд, дар ҳоле ки онҳо бозигарони англисро мисли ғулом ин тарафу он тараф мекашиданд. Пас аз ин ҳама тела доданҳо, кашонидани бозигарон ба як сӯи дигар ва зарбаҳо чӣ гуна ба Италия иҷозат дода шуд, ки пирӯз шавад? Аён аст, ки доварии яктарафа буд. Бояд ягон бозигари Италия аз майдон ронда мешуд ва бозӣ бояд бо доварони боинсоф аз нав гузаронида шавад”.

Ёдовар мешавем, ки финали қаҳрамонии Евро-2020 рӯзи 11-уми июл байни тимҳои миллии Анлия ва Италия дар майдони Лондон баргузор гардид. Англия дар дақиқаи дуюми бозӣ гол зад, аммо бартариро нигоҳ дошта натавонист ва дар нимаи дуввуми бозӣ Италия ҳисобро баробар кард. Дар вақти изофӣ ҳисоб иваз нашуд ва Италия дар зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиби Евро-2020 эълон шуд.

Вокуниши Толстой ба задухурди муҳоҷирон

0

Муовини раиси Думаи давлатӣ ба задухӯрди гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав бо ибораи “шумо дар меҳмониед” вокуниш нишон дод. Аммо додгоҳе дар шаҳри Маскав шаш нафари онҳоро ба муддати 15 рӯз аз озодӣ маҳрум кард.

Муовини раиси Думаи давлатӣ Петр Толстой ба занозании оммавии муҳоҷирон дар Маскав бо ибораи “шумо дар меҳмониед” вокуниш нишон дод. Вай дар ин бора дар канали Telegram-и худ навиштааст.

Толстой шаҳрвандони хориҷиро ба риояи қонунҳои Русия таъкид кард ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш умедворӣ кард то иллати ин қазияи пешомадаро таҳлил кунанд.

“Ман мехоҳам ба иштирокчиёни ин муноқиша хотиррасон кунам: Шумо инҷо меҳмонед, лутфан қонунҳои будубош ва урфу одатҳои Русияро риоя кунед. Задухӯрду кордзанӣ дар ин ҷо қабул нест ва тибқи қонун ҷазо дода мешаванд. Оромии сокинони пойтахт бояд таъмин бошад”,- навиштааст Петр Толстой.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз шаби 13-июл хабар дода шуд, ки дар наздикии метрои Кузминкии шаҳри Маскав ҳудуди 200 нафар аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо ҳам занозанӣ кардаанд.

Бино ба маълумоти расонаҳои русӣ аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳастанд ва сабаби занозании оммавӣ духтарон будаанд. Аммо баъзе расонаҳои дигар аз зодагони Тоҷикистон ва Қирғизистон гузориш додаанд.

Додгоҳи Кузминскии Маскав шаш нафар иштирокчиёни занозании оммавии муҳоҷиронро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Дар ин бора “РИА Новости” аз котиби матбуотии суд, Кристина Каленова хабар дод.

Каленова мегӯяд, шаш боздоштшуда дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шуда, додгоҳ онҳоро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Боздоштшудагон бо қисми 6.1 моддаи 20.2 (Иштирок дар ҷамъомадҳои беиҷозат, ки ба фаъолияти объектҳо ва ба таъминоти ҳаёт халал мерасонанд”) -и Кодекси маъмурии Федератсияи Русия айбдор карда мешаванд. Аммо дар бораи ҳуввияташон чизе гуфта нашудааст.

Мақомоти Маскав задухӯрди гурӯҳии муҳоҷиронеро, ки дар назди истгоҳи метрои Кузминки рух дод, ҳамчун ҳолати фавқулодда арзёбӣ мекунанд.

Иди Қурбон: Даромади беш аз 220 ҳазор сомонии Маркази исломӣ

0

14-уми июл Маркази исломии Тоҷикистон Қорор қабул кард, ки имсол Иди саиди Қурбон санаи- 20-уми июл таҷлил карда шавад.

Дар ин Қарор, ки нусхаи он ба Аздо тв низ фиристода шудааст, омадааст, ки сокинони кишвар намози Идро соати 6:30 ба вақти маҳаллӣ дар масҷидҳо адо мекунанд.

Ҳамзамон Маркази исломии кишвар аз имомхатибон даъват кардааст, ки “дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимониу бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.”

Маркази исломии Тоҷикитсон ҳамзамон тамоми масҷидҳои ҷомеъи кишварро, ки дар онҳо намози ид хонда мешавад, муваззаф кардааст, ки ба хотири баргузории намози Ид ҳиссаи онро низ дар ҳаҷми 600 сомонӣ аз ҳисоби хайротпулии мардум ҷудо карда фиристанд.

Қарор аст Маркази исломии Тоҷикистон дар ин мавсим ҳудуди 220 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хайроти мардуми намозгузор дар масҷидҳо даромад касб кунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон “49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 4058 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.”

Тоҷикистон: Боздошти 4 тонна ангур дар Қирғизистон

0

Субҳи рӯзи 13 июл дар вилояти Бодканди Қирғизистон ду мошини боркаш, ки гуфта мешавад, аз Тоҷикистон ангур интиқол медодаанд, боздошт шуд.

Ба иттилои хабаргузории қирғизии “24.kg, ин мошинҳоро кормандони милиса 13-уми июл соати 05.00 дар деҳаи Ак-Татири вилояти Бодканд боздошт карданд.

“Ду мошини боркаш аз минтақаи Лайлак ба самти шаҳри Ботканд равон буданд. Аз онҳо 450 қуттӣ ангур пайдо карданд. Ронандагон шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буда, аз соҳиби мошини аввал И.Насиров ном бурданд ва дуввумиро намедонанд. Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи махсуси сохторҳои қудратӣ барои таҳқиқи қазия кор мекунанд ”, – гуфтанд маъмурияти вилоят.

Ба гуфтаи намояндагони иттиҳоди мардумӣ, ҳаҷми ангурҳои боздоштшуда 4 тонна будааст. Пас аз боздошт онҳоро ба шӯъбаи Хадамоти гумрук дар минтақа супориданд.

Пас аз даргириҳои хунини моҳи апрел Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва он замон гуфта буд, ки то ҳал шудани мушкилот марзро боз нахоҳад кард.

Нигаронии Русия аз таъсиси пойгоҳҳои низомии ИМА

0

Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт: “Вуҷуди пойгоҳҳои низомии Амрико дар қаламарви кишварҳои узви “СПАД”  ба манфиати минтақа созгор нест.”

Ба иттилоъи ТАСС , “таъсиси пойгҳҳо ё дигар обектҳои низомии ИМА дар қаламрави  кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), мувофиқи созишнома, бояд дар доираи розигии созмон сурат бигирад ва барои гирфтани чунин тавофуқнома, то ҳол ҳеҷ кишваре ба ин созмон ариза надодааст.”  

Лавров мегӯяд, “роҳбарияти Амрико дар Пентагон мегӯяд, ки онҳо мехоҳанд қувваҳои худро дар атрофи Афғонистон ҷойгир кунанд, то дар ҳолати зарурӣ ба қаламрави Афғонистон зарба зананд. Ман фикр намекунам, ки худро гаравгони чунин сиёсати Иёлоти Муттаҳида намудан ба манфиъити касе  бошад, ки дар сӯрати зарбаи ҷавобӣ қурбонии асосӣ хоҳад буд”, – меафзояд Оқои Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид мекунад: “Ва аз ҳама муҳимтар, мехоҳам аз амрикоиҳо бипурсам, ки агар онҳо бо доштани як континенти садҳазора дар тӯли 20 сол дар дохили кишвар натавонистанд ба чизе ноил шаванд, пас бо ҳузури ба таври назаррас хурдтар, хориҷ аз қаламрави Афғонистон чӣ чи чизеро мехоҳанд ба даст биоранд?”

Вай мегӯяд, “ман фикр мекунам, ки ҷавоб ба дараҷаи кофӣ рӯшан  аст, ба эҳтимоли зиёд онҳо мехоҳанд дар минтақа ҳузури низомии худро таъмин кунанд, то дар вазъи минтақа таъсиргузор бошанд. Ман фикр мекунам, ки ҳама инро мефаҳмад ва аз ӯҳдадориҳое, ки дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ мавҷуданд, берун нахоҳанд рафт”, – хулоса кард Лавров.

Ин суханҳои Вазири умури хориҷаи Русия замоне садо медиҳад, ки пештар нашрияи The Wall Street Journal дар бораи он, ки ИМА метавонад нерӯҳояшро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад хабар дода буд.

Тоҷикистон: Қиматшавии нерӯи барқ

0

Болоравии нархи истифода аз нерӯи барқ ​​дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, аммо маълум нест, ки чӣ қадар.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 12-уми июл зимни нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон гуфт, ки имсол дар Тоҷикистон боло бурдани нархи истифода аз нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Вазир, ин масъаларо комиссияи кории назди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон омӯхта истодааст.

Дар идомаи суҳбаташ Ҷумъа Далер иброз дошт, ки кор дар ин самт ҳанӯз ба итмом нарасидааст, зеро он бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин Вазир қайд намуд, ки ду сол боз нархи истифодаи нерӯи барқ боло бурда нашудааст.  “Соли гузашта, бинобар пандемияи коронавирус, нархи истифодаи нерӯи барқ ​​боло нарафт, дар ҳоле ки боло бурдани он дар нақша буд.”

Қаблан дар назди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд, ки бо аз нав  кардани нархи истифода аз нерӯи барқ ​​машғул аст.

Гурӯҳ аввали моҳи майи соли равон бо супориши сарвазир Қоҳир Расулзода ва бо дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.

Бори охир нархи истифода аз нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 – 17% афзоиш ёфта буд. Аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2019 барои ҳар як киловатт ба ҷои 19,37 дирам, 22,66 дирам пардохт мекунанд.

Дар ҳоле аз болоравии нархи нерӯи барқ гуфта мешавад, ки пештар сокинон аз ҳаргуна тасмими мақомот барои боло бурдани нархи барқро танқид кардаанд. Ба иддаои мақомот нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст.

Юсуф Раҳмон: Бедарак шудани 230 кӯдак дар шаш моҳ

0

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 230 ҳолати бедарак шудани нобилоғон ба қайд гирифта шудааст.

13-уми июли соли ҷорӣ Прокурори генералии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, беш аз 200 каси ноболиғони бедарак шударо пайдо карда ба соҳибонашон баргардонидаанд, вале то кунун ҷустуҷӯи 14 кӯдаки боқӣ монда идома дорад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо кӯдак бедарак мешавад ва на ҳамеша мақомоти кишвар муваффақ мешаванд, ки кӯдакони ноболиғ ва дар умум афроди беномунишон шударо сари вақт пайдо кунанд. Ҳолатҳое ҳам ба қайд гирифта шудааст, ки пас аз гум шудани афроди ноболиғ ҷасади беҷони онҳоро мақомот дар ҳамкорӣ бо соконини кишвар пайдо кардаанд.