Хона блог саҳифа 660

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз олам даргузашт

0

Домулло Ҳикматуллҳои Тоҷикободӣ, як рӯҳонии шинохтаи тоҷик шаби 13-уми апрел баъд аз намози хуфтан дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Нилуфари Азиз дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод.

Гуфта мешавад, ин рӯҳонии шинохта як соли охир бемор буд.

Ба навиштаи ин рӯзноманигор маросими ҷаноза ва дафни Домулло Ҳикматуллоҳ рӯзи чоршанбе соати 10 дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод баргузор мешавад.

Домулло Ҳикматуллоҳ соли 1941 дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт дар оилаи деҳқон ба дунё омада, тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардааст.  Ӯ таълимоти ибтидоии диниро дар даврони Шӯравӣ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.

Ӯро “аз бузургтарин ва яке аз охирин намояндагони мактаби таърихии тасаввуфу тақво дар тамоми минтақа” меноманд.

Бо вуҷуди он ки Домулло Ҳикматуллоҳ дар водии Рашт  (як пойгоҳи аслии мухолифини солҳои 90) зиндагӣ мекард, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекард ва мардумро ба қатъи мухолифати мусаллаҳона ва оштӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ даъват мекард.

Домулло Ҳикматуллоҳ ҳафт сол пеш дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон итоат аз сарварон, бахусус “итоат ба подшоҳ”-ро воҷиб дониста буд. Ҳарчанд гурӯҳе дигар аз рӯҳониён бо чунин андеша мувофиқ нестанд. Ҳамчунин аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи раиси ҷумҳурӣ дуо кунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ  дар назди Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ, аз эҳтироми хоссае бархӯрдор буд ва Раҳмон зимни сафарҳояш ба водии Рашт, шахсан ба хонаи ин рӯҳонӣ барои зиёрат мерафт.  

Вазорати меҳнат: аз сохтакории хуҷҷатҳо барои сафар ба Русия парҳез кунед

0

Вазорати меҳнат, муҷочират ва шуғли аҳолӣ аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҳуҷҷатҳоро барои сафар ба Русия сохтакорӣ накунанд.

Дар муроҷиати Вазорат дар сафҳаи фейсбук аз шахрвандон даъват мекунад, ки аз хариди билети ҳавопаймо ба хатсайрҳои “Уральские авиалиний” бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (асос барои вуруд ба Русия) худдорӣ кунанд.

Ширкати “Уральские авиалинии” ба якчанд шаҳри Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад. Бо ин хатсайрҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандоне, ки барои вуруд ба Русия асос доранд ба қаламрави ин кишвар ворид шуда метавонанд.

Билет ба ин хатсайрҳо нисбат ба парвозҳои доими гаронтар аст. Аз ин рӯ, Вазарати меҳнат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии “Уральские авиалинии” ба доми қаллобон гирифтор нашаванд зеро ки пас аз ворид шудани шаҳрвандон бо санадҳои қалбакӣ ба Русия  барои онҳо мушкилӣ пеш меояд.

Ҳамчунин хотирасон мешавад, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Маскав тавассути ду ширкати ҳавои “Сомон Эйр” ва “Ют Эйр” ҳафтае як маротибаи ба самти Душанбе -Маскав- Душанбе сурат мегирад. Нархи билетҳо ба харду самт 500 доллар муқаррар шуда аст.

Зикр мегардад шаҳрвандони Точикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Русияро доранд метавонанд ба Агентии бо кор таъминкуни дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорат муроҷиат намоянд.

Додгоҳи олии кишвар “ихвониҳо”-ро аз 5 то 23 сол равонаи зиндон кард

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел тафтиши парвандаи тақрибан 120 нафаре, ки моҳи январи соли 2020 бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” (бародарони мусалмон) боздошт шуда буданд, ба анҷом расонда, ҳукми онҳоро эълон кард. Додгоҳ гумонбарони ин қазияро бо солҳои гуногун равонаи зиндон намуд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 12 апрел бо такя ба манобеаш навишт, ки ин арфод аз 5 то 23 сол маҳкум ба зиндон шуданд. “Танҳо ду нафар бо иттиҳоми “хабар надодан” ба пардохти ҷарима муҷозот шуданд”.

Ин афрод бо 3 банди моддаи 307 ва банди 1 моддаи 179-и Кодеси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Аммо то ҳол дар мавриди ин иттиҳомот назари худи маҳкумшудаҳо ва ё наздиконашон дастарс нест.

Як манбаъ ба “Аздо тв” бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, муҳоқимаи ин афрод паси дарҳои баста, ҳатто бе ҳузури наздиконашон сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта зимни нишасти хабарие гуфта буд, ки парвандаи ин афрод муҳри махфӣ надорад ва паси дарҳои баста доир намегардад. Аммо вакилони дифои онҳо ба хотири “муҳри махфӣ” доштани парвандаҳо ба рӯзноманигорон чизе намегӯянд.

Гуфта мешавад, ин афроди боздоштшуда ҳамагӣ қишри босаводи ҷомеа буда, камтарини онҳо дорои маълумоти олӣ мебошад. Аксари онҳо, мутахассисони соҳаҳои гунонун, устодони донишгоҳҳо, номзадҳои илм, аспирантону докторон ҳастанд.

Мақомот ин боздоштҳоро мубориза бо терроризм унвон мекунад. Аммо созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар борҳо аз Тоҷикистон интиқод карданд, ки бо баҳонаи терроризм ва ифротгароӣ даст ба саркӯби равшанфикрон ва дигарандешон мезанад.

Номгӯи баъзе аз маҳкумшудаҳо:

1. Қаҳҳоров Исмоил соли таваллуд 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Хатмкардаи риштаи адабиëтшиносии “Донишгоҳи Исломии Исломободи Покистон” бо дараҷаи магистр. Соҳиби якчанд маҷмӯаҳои шеърӣ, инчунин муҳаққиқи китоби “Маъдан-ул-ҳол”-и Мавлавӣ Ҷунунӣ, узви Иттифоқи Нависандагони шаҳри Ваҳдат (ҳукми зиндон: 22 сол).

2. Мирзоев Ҳикматуллоҳ соли таваллуд 1968, зодаи ноҳияи Файзобод, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 9 фарзанд. Муаллими калон ва омӯзгори забони арабӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳукми зиндон: 7 сол).

3. Сафаров Меъроҷиддин соли таваллуд 1984, зодаи ноҳияи Файзобод, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Доктори соҳаи забоншиносӣ, мудири кафедраи забонии арабии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳукми зиндон: 7 сол).

4. Сафаров Нуриддин соли таваллуд 1993, зодаи ноҳияи Файзобод. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ихтисоси анколог-саратоншинос, ҷои кор дар беморхонаи Қарияи Боло (ҳукми зиндон: 5 сол).

5. Ҷабборов Хайруллоҳ соли таваллуд 1982, зодаи шаҳри Норак, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Хатмкардаи Донишгоҳи Африқоии Судон бо ихтисоси табиб ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо дараҷаи ординатура, духтури бемориҳои қалб дар беморхонаи Медгородок (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

6. Исоев Қадриддин соли таваллуд 1984, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Хатмкардаи факултаи Журналистикаи ДМТ ва унвоҷӯи ҳамин факулта, корманди Пажӯҳишгоҳи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

7. Алиев Убайдуллоҳ соли таваллуд 1985, зодаи ноҳияи Нуробод ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Докторанти факултаи таърихи ДМТ, мудири Маркази таълимии забономӯзии “Маърифат-2012” (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

8. Латифов Фатҳуллоҳ соли таваллуд 1986, зодаи ноҳияи Айнӣ, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Аспиранти факултаи Филологияи ДМТ, муаллими калони ҳамин факулта ва корманди Маркази тестӣ (ҳукми зиндон: 5 сол).

9. Қурбонов Маъруф соли таваллуд 1986, зодаи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Аспиранти факултаи Таърихи ДМТ ва собиқ устоди таърихи ДИТ (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

10. Яъқубов Тоҷиддин соли таваллуд 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Номзади илми филология ва мудири кафедраи забони арабии факултаи Забонҳои Осиë ва Аврупои ДМТ (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

11. Ҷабборов Саъдуллоҳ соли таваллуд 1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Хатмкардаи Донишгоҳи Политехникӣ бо ихтисоси энергетик, барандаи ҷоизаи ихтироъкорони ҷавон барои тавлиди барқ аз васоили бодӣ ва корманди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун (ҳукми зиндон: 5 сол).

Русия бо тартиботи наваш кори муҳоҷиронро душвор кард?

0

Аз нимаи моҳи март дар Русия тартиби нави корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора “Известия” бо такя ба Вазорати меҳнати Русия хабар дод.

Ин тағйироти асосӣ дар бораи ҷалби коргарони хориҷӣ мебошад. Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои дигар ба Русия танҳо бо дархости мушаххас, барои як лоиҳаи мушаххас даъват кардан имконпазир хоҳад буд.

Инчунин, талабот нисбати он ширкатҳое, ки коргарони хориҷиро ба кор қабул кардан мехоҳанд, сахттар шудааст: акнун барои ин бояд ширкатҳо 250 нафар коргар дошта, даромади солонаи онҳо беш аз 2 миллиард рубл бошад.

Ҳамаи ин, ба гуфтаи мақомоти Русия, имкон медиҳад, ки бозори меҳнат сафед карда шавад ва муҳоҷирони корӣ дар асоси эҳтиёҷоти воқеии худ кор кунанд.

Дар бозорҳои кишвар равғани хӯрока бо фарорасии моҳи Рамазон гарон шуд

0

Арзиши як литр равған дар як ҳафтаи охир дар бозорҳои Суғд 40 дарсад боло рафта, ба 25 сомонӣ баробар шудааст. Сокиноне, ки дар остонаи моҳи Рамазон барои харид ба бозор рафтаанд, дар бораи гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ бахусус равған мегӯянд.

Шарифа як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Sputnik” гуфт, ки як ҳафтаи қабл нархи равған ҳамагӣ 18 сомонӣ буд. Ба иддаои ин сокин қиммати он якуякбора 7 сомонӣ зиёд шуда, ба 25 сомон баробар шуд. Дар ин миён нархи як литр равғани доғнашудаи пахта ҳам аз 16 сомонии қаблӣ ба 22 сомонӣ расидааст.

Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар шароити ҳозира, ин нарх хеле гарон буда, баъзеҳо имкони хариданро надоранд.

Дар робита ба боло рафтани нархи равған Фаридун яке аз фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” гуфта, ки як ҳафта мешавад ширкатҳои воридкунанда, ин навъ маводи ғизоиро бо нархи баландтар ба онҳо дастрас мекунанд.

Ҳамчунин дар идома ин фурӯшанда таъкид кардааст, ки дар боло рафтани нархи равған даст надоранд ва сари ҳар як зарфи се ё панҷ литра танҳо 1, 5 ё 2 сомонӣ монда мефурӯшад.

Бо баланд шудани нарх ҳатто фурӯшандаҳо зарар дида, ин боиси сустшавии суръати савдои онҳо шудааст.

Абдуғанӣ Почоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” сабаби боло рафтани қиммати равғанро ба боло рафтани қурби доллар, баста будани роҳҳо ва коҳишёфтани ҳаҷми воридоти ин навъ маводи ғизоӣ аз Русия ва дигар кишварҳо медонад.

Ин масъули бозор ҳамчунин таъкид намуд, ки аксар корхонаҳои равғанкашии ҳудуди вилоят ба таври кофӣ фаъол нестанд ва маҳсулоте, ки дар онҳо тавлид мешавад талаботи бозорро дуруст таъмин карда наметавонад.

Ҳамчунин сокинон аз дигар шаҳру навоҳии кишвар болоравии қиммати маҳсулоти ғизоиро тасдиқ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар остонаи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Ҳатто бо ба анҷом расидани ин моҳ нархҳо қимматар шуда, ба ҳолати пештараи худ барнамегарданд. Тоҷирон ҳамеша болоравии нархҳоро ба набуди маҳсулот ва боло рафтани қурби доллар рабт медиҳанд.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон таъкид намуд, ки тоҷирон молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд.

Ихтисоси беш аз ним миллард доллар барои хариди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон

0

Тоҷикистон имсол барои хариди маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ беш аз 546 миллион доллар ҷудо мекунад. Тибқи гуфтаҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ (ба истиснои гази моеъ) дар ҳаҷми 531,1 ҳазор тонна ба маблағи 344,2 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Ва воридоти гази моеъ дар ҳаҷми 442 ҳазор тонна ба маблағи 202 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Тибқи омори расмӣ, тақрибан 90 дарсади сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистонро аз Қазоқистон меоранд. Тибқи омор, дар ду моҳи соли равон дар кишвар беш аз 2,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ ва мазут) истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 30,7% камтар аст.

Зимнан, Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 82 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст. Тавре ба хабаргузории “Авеста” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд, дар ин давра беш аз 81,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 37,6 миллион доллар ворид карда шудааст.

Русия ва Қазоқистон таъминкунандагони асосии маҳсулоти нафтӣ ба шумор мераванд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозори сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ супорад.

Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон меояд

0

Қарор аст аз 10 то 12 моҳи июни соли ҷорӣ Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манбаи худ дар ҳукумати кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, дар барномаи ин сафари раисҷумҳури Узбекистон баррасии дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар тамоми соҳаҳо, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшуда дар назар аст.

Ҳамзамон зикр мешавад, ки байни Душанбе ва Тошканд бастаи нави созишномаҳо дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, тиҷорату молия, бахши кишоварзӣ ва фарҳангу илм бояд ба имзо бирасад.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 сурат гирифта буд, ки он ба нарм шудани муносибатҳои қаблан сардшуда дар замони Ислом Каримов оварда расонд.

Яке аз дастовардҳои муҳими ин сафар боз шудани марзҳо ва инчунин имкони сафари шаҳрвандони ду кишвар бидуни виза буд. Баъд аз он низ Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар нишастҳои гуногун ба Душанбе сафарҳои расмӣ дошт.

Сафари раиси САҲА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

0

Анн Линде раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо рузҳои наздик дар Осиёи Марказӣ хохад буд ва аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Хабаргузории “Спутник”аз қавли котиботи матбуотии Вазорати корҳои хориҷии шоҳигарии Шветсия иттилоъ дода, ки вазири умури хориҷаи Шветсия Анн Линде ба ҳайси раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф меорад.

Сурат: ИА Regnum

Ба иттилоъи манбаъ сафари вазири умури хориҷаи Шветсия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 11 то 15 апрел сурат мегирад.

Анн Линде аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазокистон ва Қирғизистон боздид менамояд.

Бино ба хабарҳо вазири умури хориҷаи Шветсия дар ҷараёни сафараш бо роҳбарони сиёсии ҳар як аз кишварҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулокот намуда аз дафтарҳои САҲА ва дигар муассисаҳо дар Осиёи Марказӣ дидан хоҳад кард.

Мавзӯъи гуфтушунидҳо густариши ҳамкории САҲА ҳамчун созмон ва давлатҳои иштирокчии он дар Осиёи Марказӣ мебошад.

ВКД гуфт, Имомалӣ “облава” нашуда, балки бо иттиҳоми террористӣ дастгир шуд

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба як навори “облава”-е, ки чанд рӯзи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, изҳори назар кард.

Дар он навор дида мешуд, ки чанд нафар бо либоси мулкӣ мардеро ба мошин маҷбуран савор карданӣ мешаванд ва чанд зан ба ин амал монеъ шуданд, дар натиҷа мардуми зиёд ҷамъ омада ин амалро “облава” арзёбӣ карданд.

Тибқи иттилои ВКД дарвоқеъ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди микрорайони 46-уми пойтахт сокини 39-солаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ Идибегов Имомалӣ Ҷӯрабековичро бо гумони робита бо террористон дастгир кардаанд.

Ҳамчунин дар хабари ВКД омадааст, ки Идибегов Имомалӣ солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият намуда, бо истифода аз шабакаҳои интерентӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус “ДИИШ” нишон дода, ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна тарғиб ва паҳн намудааст.

Ба навиштаи ВКД-и Тоҷикистон Имомалӣ дар якҷоягӣ бо шарикони ҷиноии худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович – шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қаламрави Федератсияи Русия як қатор амалҳои террористиро ба нақша гирифта, илова бар ин, онҳо ба фонди “Давлати исломӣ” маблағи муайян ворид кардаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда Имомалӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Бино ба иттилои ВКД 6 апрели соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, Идибегов Имомалӣ Ҷӯрабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Мақомот ҳамсар ва ронандаи таксиро низ дар сабти навори боздошти Имомалӣ ва нашри он гунаҳкор шумориданд. Ба гуфтаи мақомот онҳо ин боздоштро “облава” номиданд, дар ҳоле, ки он чунин набудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки дастгир кардани Идибегов Имомалӣ дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ва моддаи 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар гузориш омадааст, нисбати шаҳрвандоне, ки ҳангоми боздошти гумонбар И.Идибегов ба кормандони милиса монеа эҷод кардаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш шабакаи ютубии “Хабар тв” навореро нашр намуд, ки дар он “облава”- и як ҷавон аз ҷониби одамони номаълум нишон дода мешуд.

Дар ин навор дида мешавад, ки чанд мард, ки либоси мулкӣ ба тан доранд, мехоҳанд ҷавонеро дастгир карда ба мошини худашон шинонанд. Наворбардор бо нишон додани яке аз онҳо ӯро Нурзод муаррифӣ мекунад.

Рақами мошине, ки мехоҳанд ҷавонро ба он шинонда баранд низ нишон дода мешавад, ки 1555АВ04 мебошад.

Дар натиҷаи кашокаш ҷавони дохили мошинбуда беҳуш мешавад ва ӯро ба замин мехобонанд. Зане, ки зоҳиран аз наздикони шахси беҳушшуда буд, аз ҷавон ҳимоят мекард. Наворбардор мегӯяд шишаи мошини ӯро низ шикастаанд ва бояд посух гӯянд. Дида мешавад чанд марди раҳгузар низ дар наҷот додани ҷавон кӯмак мекунанд.

Аммо таҳлилгарон ва коршиносон ба изҳороти ВКД ба шубҳа менигаранд, онҳо мепурсанд, ки агар ин ҷавон ҷинояткор буду дар кофтукоб қарор дошт, чаро маъмурони милиса бо либоси мулкӣ ва он ҳам дар роҳ аз даруни мошин маҷбурӣ ӯро боздошт кардан мехоҳанд?

Чаро ӯро аз хонааш боздошт накарданд? Ӯро дар кӯча чӣ гуна дар ҳол шиносоӣ карданд ва бе кумаки КДМ ва пулис хостанд боздошт кунанд? Одатан шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд, дар роҳ бо ин шева боздошт намешаванд.

Ба дор овехтани фарзандону худкшии Шаҳло Шарипова гувоҳи бемории рӯҳист ё мушкилоти оилавӣ?

0

Рӯзи 10-уми апрел сокинони деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки “ба дарахтҳо овезон буданд”. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона, ҷасадҳои ёфтшуда аз Шаҳло Шариповаи 32-сола ва се фарзандаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳа будааст.

Ба назари сокинони деҳа Шаҳло Шарипова ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, баъд даст ба худкушӣ задааст.

“Имрӯз дар Некнот тӯй буд. Як гурӯҳ бачаҳо баъд аз маърака ба тамошои кӯли Кулак рафтаанд. Дар назди кӯл боғи калон аст ва дар дарахти себ се кӯдаку модарашро бо рӯймол овехта дидаанд”, – гуфт яке аз сокинон ба Радиои Озодӣ. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ҳодисаро тасдиқ карда, онро худкушӣ номиданд.

Ба иттилои ВКД Шарипова Шаҳло Эркиновна бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, 3 фарзанди ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи «Боғи Ниёз»-и ҳамин деҳаи Некнот, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст. Сипас худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта ба ҳалокат расонидааст. Дар ҳамин ҳол ВКД нагуфтаанд, ки ҷанҷол бар сари чӣ сар задааст.

Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз соати чаҳори бегоҳ тақрибан 300 метр дуртар аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо рух додааст. Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева ҳафтаи гузашта дар ҷое, ки ҳодиса рух додааст ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинонда буданд.

Ба қавли раиси маҳалла боре ҳам сокинон аз нооромӣ ё ҷанҷол дар ин хонавода хабар надодаанд.

Дар гузашта мақомот чанд ҳодисаи ба ин монандро ошкор кардаву баъзе аз онро худкушӣ номида буданд. Аз ҷумла, Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Дар пайи ин ҳодиса Додгоҳи Ҳисор Фатҳулло Шариповро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак, соли 2016 худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт. Ба ҳамин монанд моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт. Дар натиҷа модар наҷот ёфту ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Ҳамчунин дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Равоншиноси шинохтаи тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров, дар суҳбат ба “Аздо тв” қазияро шарҳ дода мегӯяд, ҳодисаи худкушии Шаҳло Шариповаи 32-сола “метавонад гувоҳии бемории рӯҳии ин зан бошад ва ҳолати дар даҳшат будани равони ӯро нишон медиҳад, вале амали қасдгирӣ низ доштани ин воқеъа аз эҳтимол дур нест.”

Ба назари ин коршинос эҳтимол дорад ин зан аз зӯроварӣ дар оила ранҷ мебурда ва даст ба ин кори мудҳиш задааст.