-0.1 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 49

Қатъи равобити иқтисодии Туркия бо Исроил

0

Туркия фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Исроил баста, равобити иқтисодиро бо ин кишвар қатъ мекунад.

Дар ин бора 29-уми августи соли ҷорӣ, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар ҷаласаи изтирории парлумони кишвараш, ки вазъи Ғаззаро баррасӣ доштанд, хабар дод.

Ба гуфтаи Фидон, Исроил дар Навори Ғазза қатли ом анҷом дода, ба расонидани кумаки башардӯстона монеъ мешавад ва гуруснагиро ҳамчун силоҳ истифода мебарад.

Ӯ изҳор дошта, ки Туркия иҷозат намедиҳад киштиҳои туркӣ ба бандарҳои Исроил ворид шаванд ва киштиҳое, ки техникаи низомӣ ба Исроил мебаранд, ба бандарҳои Туркия роҳ ёбанд.

Ба иддаои ин вазири турк, то имрӯз ягон кишвар нисбат ба Исроил чунин қадамҳои ҷиддӣ набардоштааст, ҷуз Туркия.

Ҳамчунин Ҳокон Фидон Исроилро дар нооромсозии Сурия муттаҳам намуд ва гуфт, ки Тел-Авив мехоҳад ихтилофи қавму мазҳабҳоро барои тақсим кардани ин кишвар истифода барад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар Туркия тавонад бо Исроил равобити дипломатӣ ва тиҷоратияшро пурра қатъ кунад, ин метавонад ба иқтисоди Исроил зарба ворид карда, боиси болоравии қимати чиптаҳои ҳавопаймо, сӯзишворӣ ва дигар маводҳо дар Исроил хоҳад шуд. Ва эҳтимол як хезиши бузурги мардумӣ алайҳи ҳукумати Натанёҳу низ аз эҳтимол дур нест.

“Роғун” бо чӣ миқдор пул ва кай сохта мешавад?

0
Коллажи-Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо кормандоин НБО “Роғун” гуфт, ки то моҳи августи соли 2027 Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Худи Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни суханронияш дар ин дидор таъкид кард, ки аз оғози истифодаи ду чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” 9,1 миллиард кВт-соат барқ тавлид шудааст, ки аз рӯи арзиш 2,1 миллиард сомонӣ (тақрибан $219 миллион)-ро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки бояд то поёни соли 2026 чархаҳои доимии панҷум ва шашуми ин нерӯгоҳ насб карда мешаванд, ки бо насби онҳо тавлиди барқ боз ҳам бештар мегардад. Гуфта мешавад, чархаҳо ва дигар таҷҳизоти асосии тавлиди барқи ин нерӯгоҳро ширкати австриявии “Voith Hydro” таъмин намудааст.

Мақомоти кишвар ин пружаи бузургро солҳо боз оғоз кардаанд, ки вале тақрибан ҳар сол маълумот дар бораи маблағии умумии он тағйир меёбад. Қаблан ҳаҷми умумии ин лоиҳа 3 миллиард доллар гуфта мешуд, вале ҳоло ин маблағ ба 8 миллирад доллар бардошта шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, соли 2024 барои лоиҳаи НБО “Роғун” 2,8 миллиард сомонӣ (тақрибан $292 млн) маблағ ҷудо шуда буд, ки бо истифода аз захираҳои дохилии кишвар ин миқдор ба 4,8 миллиард сомонӣ (зиёда аз $500 млн) расид. Аммо соли 2025 хароҷоти ин лоиҳа ба 4,3 миллиард сомонӣ (тақрибан $450 млн) баробар шудааст.

Кори ин лоиҳа ба таври расмӣ ва оммавӣ аз соли 2008 оғоз шудааст. Худи мақомоти кишвар хароҷоти умумии ин лоиҳаро аз оғози кор, аз соли 2008 то кунун намегӯянд чӣ миқдор масраф шудааст, аммо сомонаи TRT GLOBAL дар як гузорише маҷмуи сармоягузорӣ аз ҳамаи манбаъҳоро то кунун зиёда аз 48,1 миллиард сомонӣ (тақрибан $5 млрд) арзёбӣ кардааст.

Тоҷикистон то кунун барои бунёди ин лоиҳа аз даҳҳо созмону бонкҳои молиявии ҷаҳонӣ маблағҳои ҳангуфт гирифтааст, вале то ҳол дар ҳеч омори расмие маълумот надодааст, ки маблағҳои умумии гирифтааш, чӣ миқдор аст. Аммо тибқи ииттилои расмӣ, Бонки ҷаҳонӣ ба ин лоиҳа дар маҷмуъ $650 млн ҷудо карда, ки $350 миллиони он дар шакли грант мебошад.

Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди ин нерӯгоҳ бо Бонки осиёии Рушд дар ҳаҷми 500 миллион доллар, Бонки исломии Рушд ва фондҳои арабӣ ба маблағи 450 миллион доллар ва ахиран бо Фонди Рушди Қатар ба маблағи 50 миллион доллар шартномаҳо баста шудааст. Ҳоло гуфтушунидҳо оид ба гирифтани қарзҳо ва грантҳои нав ба маблағи 1,7 миллиард доллар идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” лоиҳаи бузургтарини энергетикии Тоҷикистон буда, анҷоми сохтмони он то соли 2031 ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷом, он бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи 13 то 17 миллиард кВт / соат хоҳад буд.

Дар Русия телеграм-бот бо номи “Стоп мигрант” фаъол шуд

0

Дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти “Стоп мигрант” фаъол шуд.

Муаллифони тарҳ вакилон аз ҳизби “Справедливая Россия – За правду” буда, тариқи ин бот шаҳрвандон метавонанд дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ аз ҷониби муҳоҷирон хабар диҳанд.

Раҳбари ин ҳизб ва вакили рус Сергей Миронов гуфта, ки ба бот метавон паёмҳо дар бораи “хонаҳои резинӣ”, будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар кишвар, вайрон намудани қоидаҳои ҷамъитӣ, рафтори дағалона ва дигар ҳолатҳои қонуншиканиро ирсол кард.

Ӯ иддао карда, ки ҳамаи муроҷиатҳо санҷидаву ба пулис фиристода мешаванд ва аз мақомоти қудратӣ вокуниши муносиб ба ҳар як муроҷиатро талаб хоҳанд кард. Вале, маълум нест бо хабарҳои дурӯғе, ки аз ҷониби русҳо ворид хоҳад шуд, чӣ хоҳанд кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки фаъол шудани чунин ботҳо дар замоне ки муҳоҷирбадбинӣ дар Русия ба авҷи худ расидааст, боиси зиёд ворид шудани маълумотҳои дурӯғу носанҷида дар бораи муҳоҷирон мешавад ва он метавонад барои шаҳрвандони хориҷӣ дардисарсоз гардад.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷирӣ буда, ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд шуда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад то бо пули андози ба гуфтааш русҳо ин кор сурат нагирад.

Генералҳои Тоҷикистон чӣ корнамоӣ кардаанд?

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба чанде аз мақомдорони низомияш рутбаҳои баландари генерлӣ дод.

Ин маросим рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ бо ҳузури низомиёну кормандони соҳаҳои қудратии кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ин маросим бо фармони раисҷумҳур ба гурӯҳе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳу додситонӣ ва низомиён барои “хидмати намунавӣ”, “саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон”, “мубориза бо ҷинояткорӣ”, “нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ” ва “ҷасорату фидокорӣ” мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсуси олии низомӣ дода шудааст.

Агарчи дар хабари Дастгоҳи Президент ном ба ном гуфта нашудааст, ки ба киҳо аз мақомдорони баландпояи сохторҳои қудратӣ чӣ рутба дода шудааст, аммо ба навиштаи расонаҳои дохилӣ, дар ин маросим, аз ҷумла ба Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар, Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ва Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон рутбаи нави низомии генерал-полковник дода шудааст.

Рутбаи баландтарини низомӣ гирифтани бархе аз ин мақомдорони соҳаҳои қудратӣ вокуниши корбарон ва мунтақидонро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, бархе мепурсанд, ки Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар ҳоле унвони рутбаи баландтар мегирад, ки соли гузашта рутбаи генерал-лейтенант гирифта буд. Дар давоми як сол чӣ корҳои бузургеро анҷом дод, ки имрӯз генерал-полковникро сазовор шуд?!

Инчунин Эмомалӣ Собирзода, вазири дифоъ, ки соли 2018 рутбаи генерал-майорро гирифта буд, дар давоми 6-7 сол чӣ корнамоиҳое дошта, ки тавонист ду рутбаи баландтарини низомиро ба даст биёрад?!

Ба гуфтаи мунтақидон, Тоҷикистон ягона кишварест, генералу номзади илмҳояш хеле зиёд аст. Мақомдорони соҳаҳои қудратии он бидуни корҳои ҷиддии низомӣ, аз ҷумла иштирок ва идораи ҷангу амалиёти низмоӣ рутбаҳои генералиро “сазовор” мешаванд.

Шумораи дақиқи генералҳои Тоҷикистон маълум нест, вале ба гуфтаи бархе огоҳон, агар мисли “Диссернет” ниҳоди мустақиле пайдо шаваду ин рутбадоронро тафтиш кунад, шояд беш аз 50% онҳо ба ҷуз таҷрибаи корӣ дигар корнамоиҳое накардаанд. Ва ин баёнгари вуҷуди ришваву фасодкорист, ки ҳар мақомдоре барои болотар рафтани мақомаш пули бештаре пардохт мекунад, то мақомҳои болотаре гирад ва ба унвону рутбаҳои давлатӣ ва генералӣ “сазовор” гардад.

Чаро Кумитаи тафтишотӣ ва ВКД-и Русия маълумоти дурӯғ доданд?

0

Марде, ки дар Маскав бо корд ба кормандони пулис ҳамла кард, ҷавони 25-солаи зодаи шаҳри Саратов ва шаҳрванди Русия Шеравган Кунджумов мебошад. Дар ин бора сомонаи “Агентство” бо истинод ба маълумоти “Росреестр” хабар дод.

Ҳодисаи ҳамла ба кормандони пулис рӯзи 27-уми август дар наздикии шоҳроҳи “Щёлковский” рух дода буд. Ҳамлагар аввал ду шиша бо моддаҳои оташзананда ба самти мошинҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ГБУ “Жилищник” партоб карда ва сипас ба пулис бо корд ҳамла кардааст.

Кумитаи тафтишотии Русия худи ҳамон рӯз аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи суиқасд ба ҷони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва боздошти як “шаҳрванди хориҷӣ” хабар дода буд. Шабакаи телеграмии “База” дар истинод ба манбаъҳои худ дар ВКД ҳамлагарро “шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон” номид.

Аммо, тибқи маълумоти “Агентство”, боздоштшуда шаҳрванди Русия Шеравган Кунджумов буда, дар шаҳри Саратов ба дунё омадааст ва дар 14-солагӣ шиносномаи русиро дарёфта кардаву баъдтар ба шаҳри Балашиха кӯчидааст.

Инчунин гуфта мешавад, ӯ соли 2017 бо иттиҳоми омодасозии таркишҳо дар маркази савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ боздошт гардида, соли 2019 додрас ӯро бо ҳафт моддаи Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла барои омодагӣ ба амалҳои террористӣ айбдор дониста, ба қариб 8 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи низомаш умумӣ маҳкум карда буд.

Он замон дар қарори додгоҳ гуфта мешуд, ки Кунджумов, “пайрави ақидаҳои ифротгароии исломӣ буда”, бо пешниҳоди узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ҳамроҳ бо се шаҳрванди Тоҷикистон барои анҷоми амалҳои террористӣ омодагӣ медид, то ба ҳукумати Русия таъсир расонад ва онҳоро водор кунад, ки нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ намоянд. Дар ҳамон қарор Шеравган Кунджумов шаҳрванди Русия гуфта шудааст.

Шеравган баҳори соли ҷорӣ ба озодӣ баромада, таҳти назорати маъмурӣ будааст ва бе иҷозати пулис ҳаққи аз ҳудуди минтақаи бақайдгириаш берун шуданро надоштааст. Бар асоси маълумоти дарёфтӣ, суроғаи охирини бақайдгирии ӯ шаҳри Балашиха будааст ва маълум нест чӣ гуна ба шаҳри Маскав рафтааст.

Мақомоти Русия то ҳол сабаби сар задани ин ҳодиса ва ҷузъити дигарашро нашр накардаанд. Инчунин шарҳ дода нашудааст, ки чаро Кумитаи тафтишотӣ ва ВКД-и Русия маълумоти носанҷидаро нашр кардаанд.

Занозании гурӯҳии тоҷикону узбекҳо дар Русия

0

Дар як ҳафтаи охир дар шаҳри Санкт-Петербург ва атрофи он ду занозании гурӯҳӣ бо иштироки зодагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия рух додааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, 26-уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Янино-1 наздикии Санкт-Петербург миёни зодагони Тоҷикистон ва Узбекистон занозании гурӯҳӣ бо истифода аз мушту лагад ва чӯб сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, сабаби асосии низоъро баҳсҳои ҳаррӯза дар майдони сохтмонӣ гуфта, 3 муҳоҷири тоҷики аз 22 то 26-соларо саркардагони ин занозанӣ номидаанд.

Нисбати онҳо тибқи моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия “Авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Боқимонда 23 иштирокчии дигар, аз ҷумла 9 шаҳрванди Тоҷикистон ва 14 шаҳрвандии Узбекистонро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Илова бар ин, маълум шуд, ки яке аз шаҳрвандони Узбекистон ғайриқонунӣ дар Русия қарор дошта, ӯро дар боздоштгоҳ барои ихроҷ аз Русия ҷой кардаанд.

Номи иштирокчиёни занозанӣ ва назари онҳо дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин ба роҳбарияти идораи минтақавӣ дастур додааст, ки аз раванди тафтишот ҳисобот диҳанд.

Пештар аз ин, шаби 21-уми августи соли ҷорӣ, пулис аз як занозании бузурге дар даромадгоҳи яке аз хонаҳои шаҳри Санкт-Петербург хабар дода буд.

Гуфта мешавад, аввал миёни чор нафар муноқиша сар мезанад, вале ҳамсояҳое, ки мехостанд онҳоро ҷудо кунанд, худашон ба муноқиша кашида шуданд.

Нерӯҳои амниятӣ ба ҷои ҳодиса рафта, 35 иштирокчии занозаниро боздошт кардаанд ва то ҳол ному насиби 29 нафарро муайян карданд. Дар миёни боздоштшудаҳо ду шаҳрванди Русия, ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон ва 19 шаҳрванди Узбекистон буданд. Ягона зани боздоштшуда як сокини 43-сола буд, ки зодрӯзашро таҷлил мекардааст ва бузургтарин боздоштшуда 48-сола ва ҷавонтаринаш 24-сола буданд.

То ҳол мақомот ҷузъиёти дигари ин ҳодиса, аз ҷумла маълумот дар бораи осебдидагон, номи иштирокчиён ва боз шудан ё нашудани парвандаро нашр накардааст.

Ин ду занозании гурӯҳӣ бо иштироки муҳоҷирон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ ва латтукӯб мекунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти амниятии ин кишвар асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити вазнини муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаҳои ахири занозанӣ миёни муҳоҷирон метавонад вазъи онҳоро аз будааш бадтар кунад.

Боздошти сокини Бохтар бо иттиҳоми фиреби шаҳрвандон

0

Дар шаҳри Бохтар як сокини маҳаллӣ бо гумони фиреб додани шаҳрвандон боздошт шуд.

Гумонбар, ки Садулоев Қодир ном бурда мешавад, бо ваъдаи гирифтани визаи корӣ ба Англия аз сокинон маблағ гирифта, вале ба ваъдааш амал накарда, пули шаҳрвандонро барои фоидаи шахсии худ сарф кардааст. Ӯ бо 20 ҳолати ҷиноятӣ айбдор дониста мешавад.

Садулоев дар чанд марҳила аз ҳар як ҷабрдида аз 8 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ гирифта, дар маҷмуъ 200 ҳазор сомонӣ бо шаҳрвандон зарар овардааст.

Мақомот мегӯянд, нисбати Садулоев Қодир тибқи моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ин ҳодиса бори дигар нишон медиҳад, ки дар пайи шароити сахт ва рӯзгори пурмушкил дар Русия, муҳоҷирони тоҷик талош доранд ба кишварҳои Аврупо ва Амрико барои ёфтани ризқу рӯзӣ ва зиндагии беҳтар раванд. Ин гуна фиребкорӣ на танҳо зарари молӣ ба бор меорад, балки боварии муҳоҷиронро ба роҳҳои қонунӣ ва созмонҳои хидматрасон низ коста мекунад.

Тарси мақомоти Русия аз зиёдшавии номи “Муҳаммад” дар ин кишвар

0

Дар вилояти Астрахон номи Муҳаммад ба яке аз маъмултарин номҳо миёни навзодони мард табдил ёфтааст.

Ба иттилои расонаҳои Русия, дар соли 2024 ин ном дар мақоми дуюм қарор гирифт, аммо чанд соли пеш дар минтақаи Ханти-Мансийск низ ба ҷойи аввал баромада буд.

Сергей Миронов, раиси фраксияи “Справедливая Россия — За правду” дар Думаи давлатӣ, ин равандро натиҷаи тағйироти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дониста, гуфт, ки он бояд аз ҷониби ҷомеа ва сиёсатгузорон ҷиддӣ баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, интихоби номи Муҳаммад аз ҷониби хонаводаҳои зиёди шаҳрвандон нишонаи нигоҳдории арзишҳои динӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Ин тамоюл метавонад ба равандҳои демографӣ ва сиёсати миллӣ таъсир гузорад.

Мақомот мегӯянд, чунин тағйирот нишон медиҳад, ки ҷомеаи Русия рӯ ба гуногунрангӣ дорад ва дар оянда масъалаҳои ҳамзистӣ ва мутобиқсозии фарҳангҳо бештар аҳамият хоҳанд ёфт.

Сергей Миронов яке аз мухолифони муҳоҷирони корӣ шинохта мешавад ва борҳо аз ҳузури муҳоҷирон дар Русия норозигӣ баён кардааст.

Мушкилот бо Қирғизистон поён ёфт, вале бо Толибон шуруъ шуд?

0

Ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, ҳафтаи ахир байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа як нерӯи Толибон кушта шудааст.

Як наворе, ки расонаҳои афғонистонӣ нашр карданд, дида мешавад, марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ аст.

Дар ин навор, яке аз нерӯҳои марзбонии тоҷик дар хитоб ба Толибон мегӯяд, “Дар Афғонистон мухолифони мо бо яроқ ҳастанд”. Ӯ мехост Толибонро ба он муттаҳам кунад, ки мухолифони мусаллаҳи ҳукуматро дар худ ҷой додааст.

Аммо як намояндаи Толибон дар ҷавоб мегӯяд: “Шумо 350 нафарро бар алайҳи Иморати исломӣ дарс дода истодаед. Ин ошкор аст. Ин мавзуъро доман назан.”

Зоҳиран, намояндагони Тоҷикистон мехостанд аз асли баҳсу музокира берун рафта, Толибонро ба муттаҳам кардан хомӯш кунонанд. Вале Толибон намояндагони тоҷикро маҷбур месозанд, ки аз мавзуи аслӣ дур нараванд, зеро суханҳои зиёде барои гуфтан доранд, ки бар зарарашон меанҷомад.

Ин намояндаи Толибон дар идомаи суҳбаташ таъкид мекунад, ки “Мо зулмро намепазирем ин мавзуи (ба вуҷуд омада) кӯчак аст, ҳеч чизи дигарро доман назанед, ҳаминро ҳал кунед. Ин ба нафъи ҳамаамон аст. Лекин ба ин шакле, ки ту равон ҳастӣ, ба ин шакл пеш бравӣ, ҳам бар зарари туст ва ҳам бар зарари мо.”

Ҷониби Толибон аз музокиракунандагони тоҷик талаб мекунанд, ки баҳси онҳо танҳо сари як масъала аст. “Қумандон соҳиб, як мавзуст, ҳамин об дар ҷои аслиш бравад, дӯстии мову шумо дар ҷояш мемонад ва ҳеч мушкиле нест. Мо фақат мехоҳем об ба ҳаму шакле, ки дар солҳои гузашта буд, ба ҳамон шакл биравад, мо ҳеч мушкиле надорем.”, таъкид мекунад намояндаи Толибон.

Баҳс аз куҷо сар зад?

Ба иттилои расонаи “Афғонистон Интернешнал”, рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд сурат гирифт. Дар натиҷа 1 нерӯи марзбонии Толибон кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуд.

Гуфта мешавад, ин даргирӣ бар асари тахриби маҷрои дарёи Панҷ аз тарафи ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон сурат гирифтааст.

Бо гузашти чанд рӯз аз ин ҳодиса то ҳанӯз шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон нашр нашудааст ва маълум нест ҷонибҳо сари ин масъала ба чӣ тавофуқ расиданд.

Чанде пеш ҳам Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон ба заршӯи ва ҷамъоварии тилло дар лаби дарёи Панҷ машғуланд ва ин чиз мақомоти Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, заршӯӣ дар лаби соҳили дарёи Панҷ боиси тағйири маҷрои дарё мешавад ва дар оянда сабаби омадани селҳои бузург мегардад, ки ба аҳолӣ зарари ҷиддӣ ворид мекунад.

“Ралик” бори дигар боздошт шуд

0

Рэпсари ҷавони тоҷик Муродов Рамазон, маъруф бо тахаллуси “Ралик”, бори дигар дар Душанбе боздошт гардид.

Ин навбат, мақомоти милитсия ӯро бо гумони рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт карданд. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии пойтахт, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуда, аллакай таҳқиқи парвандааш ба поён расида, он ба додгоҳ барои судури ҳукм фиристода шудааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Муродов қаблан низ барои чунин қонуншиканӣ ҷарима ва маҳдудияти панҷсолаи ронандагиро гирифта буд. Ҳоло дар сурати тасдиқи қонуншиканӣ, ӯ метавонад то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва то 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шавад.

Ин дар ҳолест ки ӯ қаблан, рӯзи 23 июли соли 2024, пас аз интишори чанд навори интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуда буд. Дар наворҳои худ “Ралик” иддао карда буд, ки пушти шабакаҳои “Парвиз ТВ” ва “Ҳодиса ТВ” мақомоти қудратии кишвар меистанд. Ба гуфтаи ӯ, шабакаи аввал ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва шабакаи дувум ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмумин Ятимов тааллуқ доранд.

Ӯ дар наворҳои худ аз чанд мақомдори баландпояи кишвар, аз ҷумла генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон (муовини аввали ВКД) ва Ҳасан Асадуллозода, додараруси раисиҷумҳури кишвар шадидан интиқод карда буд.

Муродов Рамазон баъдтар, рӯзи 12-уми декабри соли 2024, бо нашри як видео аз озод шуданаш хабар дод ва гуфт, ки иштибоҳ кард. Ӯ зимни узрпурсӣ аз мардум ва мақомоти кишвар гуфт, ки саломатияш хуб набуд ва ваъда дод, ки худро “ислоҳ” мекунад.