Тоҷикистон қасд дорад то соли 2024 содироти сементро солона ба 2 миллион тонна расонад. Дар ин бора дар “ Бар асоси ин санад, афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шуда, то он вақт ҳачми истеҳсоли ин масолеҳи бинокорӣ бояд ба 7 миллион тонна дар 1 сол расонда шавад. Феълан дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул аст, ки иқтидори солонаи онҳо дар маҷмӯъ 5,6 миллион тонна маҳсулот арзёбӣ мешавад. Дар соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Тибқи оморҳои расмӣ соли гузашта беш 1,4 миллион тонна сементи истеҳсолшуда бо нархи 65,4 млн доллар ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст. Агар Тоҷикистон тавонад солона 2 млн тонна семент содир кунад, танҳо аз содироти он 98 млн доллар ба даст меоварад. Тибқи оморҳои расмӣ, тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ карда мешавад.
Тоҷикистон содироти сементро ба 2 миллион тонна расонданист
Фаластин: Ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба масҷиди Ақсо
Субҳи имрӯз, садҳо нафар аз нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо шуда, намозгузорон ва эътикофнишастаҳро мавриди ҳамла қарор доданд.

Бино ба иттилои Алҷазари Қатар, субҳи имрӯз, 15-уми апрели соли 2022 нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо дар шаҳри байтулмақдас гардида, ҳудуди 400 нафарро боздошт ва 152 каси дигарро бо зарби гулулаҳо ва гази ашковар захмӣ карданд.
Аз ҷониби дигар мақомоти фаластинӣ ин ҳамларо эълони ҷанг гуфта, муфтии Қудс ҳам эълон кардааст, ки ҳимоят аз маҷсиди Ақсо вазифаи миллӣ ва мазҳабии тамоми фаластиниҳост.
Дар аксу наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаҳои муътабари дунё аз ин ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки ҳамлаварон бо бераҳмӣ ба самти мардум ҳамла мекунанд ва намозгузорони зиёде ҳам ба хотири ҳифзи ҷони худ ба ҳар тараф пароканда шуда, аз дами тир фирор мекунанд.
Аз сӯи дигар беш аз 40 гурӯҳ ва ниҳодҳои ифротии исроилӣ ҳам тайи чанд соли ахир талош доранд, масҷиди Ақсоро тахриб ва ба ҷои он ҳайкали Сулаймонро тавре даъво доранд, дар ин макони муқаддас бино кунанд.
Таъсири ин гурӯҳҳо сол ба сол ба ҳукумат ва мақомоти исроилӣ дар ҳоли афзоиш буда, ахиран эълон карда буданд, ки қурбонии иди пасхи худро, ки имсол дар ин моҳи рамазон, рост меояд, дар ҳарами масҷиди Ақсо баргузор кунанд, иқдоме, ки ба бовари мусалмонон ноҳурматӣ ба масҷиди Ақсо дониста мешавад.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди таҳдидҳо ва ҳуҷуми сарбозони исроилӣ имрӯз ҳудуди 60 ҳазор нафар аз намозгузорон дар ҳарами масҷиди Ақсо ҷамъ омада, бо ҳам дувумин намози ҷумъаи моҳи рамазонро адо карданд.
Эътирози қирғизҳо дар назди сафорати Душанбе дар Бишкек
Рӯзи 14-уми апрел дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон гирди ҳам омада, истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро талаб карданд.

Эътирозгарон дар даст шиорҳои “Stop Rahmon” ва “Боткен замини мост” садо баланд карда, ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳуҷум ва қатли ғайринизомиён муттаҳам карданд.
Чуноне, ки дар наворҳо дида мешавад, адади эътирозгарон 7-8 нафар буда, инчунин чанд рӯзноманигор ҳам дар онҷо ҳузур дорад.
Инчунин эътирозгарон Рҳамонро диктатор ном бурда, ӯро ба он муттаҳам карданд, ки дар кишвараш ҳуқуқи инсон ва озодии баёнро саркӯб карда, интихоботи демократиро аз байн бурдааст ва барои ба дигар сӯ самт додани таваҷҷуҳи мардуми норозияш ҳар вақт дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқишаҳоро роҳандозӣ мекунад.
Аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Бишкек касе назди эътирозгарон набаромадааст. Ва ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон низ расман ба ин эътироз вокунише накардааст.
Ёдовар мешаваем, ки бори охир шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон байни марзбонон тирпарронӣ рух дод, ки дар натиҷа як марзбони 27-солаи тоҷик баъд аз захми шадид дар бемористон ҷон бохт.
Солҳост, ки муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳаргоҳе рух медиҳад, аммо тайи як соли ахир ин муноқишаҳо шиддат гирифта, ба ҷангу тирпарронӣ меанҷомад. Дар пайи ин задухӯрдҳо аз ҳарду тараф беш аз 60 нафар кушта ва наздики 300 нафар захмӣ шудаанд.
Хуҷанд: Духтарони пешвозгиранда дар чархболи Эмомалӣ Раҳмон чӣ меҷӯянд?
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд вориди шаҳри Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, 15-уми апрели соли 2022 ба шаҳри Хуҷанд рафт ва аксари онҳое, ки маҷбурӣ дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд барои истиқболи ӯ ҷамъоварӣ шуда буданд, нохурсандона Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз гирифтанд.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дирӯз, 14-уми апрел аз субҳи барвақт то поёни шаб дар шаҳри Панҷакент ҳамроҳӣ мекард, пешвоз гирифт.

Инчунин бо супориши раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода садҳо гулдухтарони донишҷӯ ва донишомӯзро, ки тайи наздик ба се моҳи ахир маҷбурӣ барои истиқболи президент омодагӣ гирифта буданд, ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон фиристоданд.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз суҳби барвақт то ҳол аксари вақтҳои худро ба лентабурӣ ва бандкашӣ барои ифтитоҳи корхонаҳои хусусии соҳибкорон, аз он ҷумла корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво, хӯроки паранда, “Орди фатир”, корхонаи истеҳсоли лифт ва ғайра бахшида аст.

Ҷолиб он, ки дар аксҳои нашр кардаи Хадамоти матбуоти Президент дида мешавад, се тан аз гулдухтароне, ки қабл аз пойин шудани Эмомалӣ Раҳмон аз чархбол дар масофаи то 100 метр дуртар ҳамроҳ бо дигарон барои истиқболи ӯ омодагӣ мегирифтанд, баъд аз пешвозгирӣ дар пушти сари Эмомалӣ Раҳмону ҳамроҳонаш назди дари вурудии чархболи президент ҳузур доранд ва барои савор шудан ба он шитоб доранд.
Гуфта мешавад, барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз пеш барои расонаҳо эълон нашудааст, вале вай ин сафарашро дирӯз, 14-уми апрел аз ноҳияи Айнӣ оғоз карда, сипас соате баъд ба шаҳри Панҷакант рафт ва тавре дар аксу наворҳо дида шуд, аксари онҳое, ки маҷбурӣ барои истиқболи ӯ оварда шуда буданд, бо чеҳраҳои боз вайро пешвоз нагирифтанд.
Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО тв
Марзбонони тоҷик: Сабаби ҳама мушкилоти марзӣ ширкати “Фароз” аст
Марзбонони тоҷик баъд аз кушта шудани як ҳамсафашон дар ҳодисаи тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо навиштани номаи кушода аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки пеши роҳи ширкати “Фароз” гирифта шавад, зеро ҳама мушкилоти марзӣ ба сабаби онҳо сар мезанад.

Дар номаи кушодаи марзбонон гуфта шуда, ки маҳз бо фармони моликони ширкати “Фароз” мақомоти марзбонӣ ба сарбозон иҷозат намедиҳанд, ки дар ҳатто дар ҳолати хатар ҳам ба сӯи қирғизҳо тир кушоянд, зеро тиҷорати ғайриқонунияшон аз қабили сӯзишворӣ ва дигар маҳсулот, ки бе боҷи гумрукӣ вориди кишвар мешаванд, халалдор мешавад.
Ин сарбозон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба хотири аз ҷинояткорон итоат кардану зери таъсири ширкати “Фароз” қарор гирифтани сардори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмон ва сардори Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда шаванд.
Дар зер номаи кушодаи марзбонони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон бидуни таҳрир оварда мешавад:
БА САРФАРМОНДЕҲИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛИ РАХМОН. МУРОЧИАТНОМАИ КУШОД АЗ НОМИ САРҲАДБОНОНИ ҚИСМҲОИ САРҲАДИИ ВИЛОЯТИ СУҒД.
Мухтарам Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Муаззами Миллат Эмомали Раҳмон!
Мо як гурӯҳ сарбозони қушунҳои сарҳадӣ маҷбур шудем ба шумо Пешвои муаззами миллат муроҷиат намоем. Мо ҳимоятгарони Ватан ҳамеша тайёр ҳастем барои ҳимояи Ватан ҷони худро фидо карда оромию бехатарии мардуми кишвари ҷоноҷонамонро таъмин намоем.
Аммо бо фармони новобастаи сардори қушунҳои сарҳади Раҷабалӣ Раҳмон, мо на танҳо аз мардуми Тоҷикистон, балки аз ҷони худ дифоъ карда наметавонем. Зеро моро фармон додаанд то дар ягон ҳолат ба сарҳадбонони қирғиз муқовимат нишон надиҳем. Дар ҳолати муқовимат нишон додан ба мо трибунали ҳарбӣ таҳдид мекунад. Командирони новобастаи мо такрор ба такрор оиди ин фармони сардори қушунҳои сарҳадӣ ба мо таъкид мекунанд. Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, вақте мо фармони кушодани оташро надорем пас чӣ хел аз ҷони худ ва аз амнияти мардуми Тоҷикистон, ки вазифаи аввалиндараҷаи мост дифоъ кунем? Ин бори аввал нест, ки сарҳадбонони қирғиз ва ҳатто мардуми мулкии Қирғизистон нисбати мо дағалӣ, ноҳурматӣ ва ҳатто зуриро раво мебинанд, зеро чунин фармон доранд, аммо мо маҷбур ҳастем, ки ба фармони командири худ итоат карда аз шаъну шарафи худ ҳимоя накунем. Ҳодисаи дирӯза, ки боз як ҳамяроқи мо аз тири қирғиз ба ҳалокат расид, косаи сабри моро лабрез кард. Мо дигар наметавонем ва намехоҳем, ки тӯъмаи тири қирғиз шавем. Имрӯз ҳолати рӯҳии сарҳадбонон, қушунҳои махсус, ки барои дифои сарҳад равон шудаанд дар сатҳи хеле паст буда, афсарону сарҳадбонон аз чунин ҳолати кор хеле норозианд. Афсарон хеле рӯҳафтода ҳастанд. Мо намедонем ба мардуми маҳаллӣ чӣ ҷавоб диҳем, зеро вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро накарда истодаем. Ҳарбиёни қирғиз иғво мекунанд, якум ба суи мо тир мекушоянд, моро мекушанд ва боз худи моро гунаҳкор мекунанд. Вақте мо дар ҳама ҳолат гунаҳкорем, пас беҳтар нест, ки мо низ мисли онҳо рафтор кунем ва ҳодисаҳои нангинро пешгирӣ кунем? Мо медонем, ки сабаби ин ҳама гузаштҳо ва фармонҳо, халал ворид накардан ба қочоқи сузишворӣ ва дигар тиҷоратҳои ғайриқонуние, ки ширкати ФАРОЗ бо воситаи Қиризистон мекунад, аз ҷумла бе пардохти боҷи гумрукӣ, вобаста аст. Ҳеҷ касе нест, ки пеши ин ҷинояткоронро гирад. Мо то замоне ба ин ҷиноят чашм мепушидем, ки тиҷорати ғайриқонунии онҳо ба амнияти Тоҷикистон ва якпорчагии он хатар эҷод намекард. Аммо ҳар як кирдор ҳадд ва сарҳади сурхи худро дорад, имрӯз ин афрод манфиати шахсии молиявии худро аз манфиати БЕХАТАРИИ ДАВЛАТ БОЛО гузошта хатти сурхро убур карданд, ки ин хеле ба амнияти давлат хатаровар аст, ки нодида гирифтани ин, хоини нисбати миллат ва давлат аст. Агар мо аз барои манфиати ин нафарҳои манфиатдор аз заминҳои Тоҷикистон даст кашем фардо таърих моро нахоҳад бахшид. Хама медонад, ки ин нафарҳои манфиатдор бо баҳонаи ҷанг нашавад, вале дар асл дар фикри тиҷорати ҳарому хунолуди худ ҳастанд. Номи тоҷикро паст зада миллату ватанро шарманда карда, ба чашми Шумо Ҷаноби Оли хок пошида, қиргизро дӯст хонда, гузашт карда, замину обҳои Тоҷикистонро фурӯхта истодаанд. Маҳз бо фармони онҳо мо сарҳадбонон шарафи худ ва шарафи миллатро ҳимоя карда наметавонем. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ин рафтори онҳо хатари бузург ба Тоҷикистон дорад. Шояд баъди яксол қирғиз даъвои ҳамаи вилояти Суғд, ноҳияҳои Мурғоб ва Лахшро кунад. Оё Тоҷикистонро бе Суғд, Мурғоб, Лахш тасаввур кардан метавон?
Аз Шумо Президенти Мӯҳтарам, кафили якпорчагии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки пеши роҳи ин хоинмиллатон гирифта шавад. Ба мо фармон дода шавад то дар ҳолати эҷоди хатар ба ҷони мо ё ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи ҳарбиёни қирғиз оташ кушоем. Чунин фармонро ҳарбиёни қирғиз барвақт гирифтагианд, барои ҳамин ҳамеша сарбозони моро мепаронанд ва ба қатл мерасонанд. Нисбати шаҳрвандони дар боло гуфта шуда чораҳои қатъии қонунӣ андешида шуда, ин хоинии онҳо пешгирӣ карда шавад. Сардори қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд, ки зери таъсири ширкати Фароз ҳастанд аз вазифа сабукдуш карда шаванд.
Ҳукумат қасд дорад содироти нахи пахтаро то 20 ҳазор тонна кам кунад
Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад дар се соли оянда содироти нахи пахтаро то 20 ҳазор тонна кам кунад. Дар ин бора дар барномаи “Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” гуфта шудааст.

Бар асоси ин санад, дар соли ҷорӣ содироти 60 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 89,9 миллион доллар дар назар гирифта шудааст, ки ин рақам дар соли 2023-50 ҳазор тонна (78,6 миллион доллар) ва дар соли 2024-40 ҳазор тонна (66 ҳазор доллар) хоҳад буд.
Ҳукумат дар ҳоле мехоҳад содироти нахи пахтаро кам кунад, ки танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар ҳудуди 21 ҳазор тонна нахи пахта содир кардааст.
Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар 388,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Гуфта мешавад, аз 3 кг пахта 1 кг нахи пахта истеҳсол мешавад.
Дар кишвар ҳудуди 30 корхонаи нассоҷӣ фаъолият мекунад, ки иқтидори умумии коркарди онҳо дар як сол то 100 ҳазор тонна пахтаро ташкил медиҳад.
Илон Маск ширкати Твиттерро хараданист
Илон Маск, миллиардери шинохта ва соҳиби ширкати Тесла қасд дорад Твиттер, яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруфи дунёро бихирад.

Бино ба иттилои Reuters, 14-уми апрели соли 2022 Илон Маск, миллиардер ва молики ширкати Тесла бо нишон додани як ҳуҷҷати танзимкунанда пешниҳод кардааст, ки бо қимати 41 миллиарду 390 миллион доллар ширкати Twitter (TWTR.N)-ро омодааст бихарад.
Ин нархи пешниҳодии Илон Маск 54,20 доллар барои як саҳмияро дар муқоиса бо нархи пешниҳодии Твиттер дар 1-уми апрели соли ҷорӣ ташкил медиҳад
Пеш аз ин Илон Маск 9 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро харида, ба ҳайъати мудирони он ҳамроҳ шуда буд. Вай сипас аз корбарони ин шабакаи пуровазадор пурсида буд, оё мехоҳанд, ки дар кори ин шабака, бавежа дар таҳрири паёмҳо тағйироте сурат бигард?
Илон Маск пешниҳод кардааст, ки омодааст ширкати Твиттерро бихарад, аммо то кунун моликони Twitter (TWTR.N) ба ин пешниҳод расман посухе ироа накардаанд.
Суҳбати С.Муҳриддин бо ҳамтои қирғизаш дар пасманзари нооромиҳо дар марз
Дирӯз, 13-уми апрел Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Руслан Казакбоев дар пасманзари даргирӣ дар марз, суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин суҳбат раҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ҳодисаи рӯзи 12-уми апрел дар Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғдро, ки дар натиҷаи он як сарбози тоҷик ҷон бохта буд, баррасӣ кардаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум карда, талаб кардааст, ки таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳамчунин ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки бо якдигар тамосҳои доимӣ хоҳанд дошт.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазирон ба бар иломаваи ҳодисаи охири марзӣ, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва вохӯрии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро, ки қарор аст 13-уми майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон байни марзбонон тирпарронӣ рух дода, Зоир Саидумаров, як марзбони 27-солаи тоҷик аз қафаси сина ҷароҳати вазнин бардошта, ҷон бохт.
Вокуниши мардум ба “Облава”-ҳои бешумор дар Тоҷикистон
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан ҳар рӯз наворе аз боздошти ҷавонон дар кӯчаҳои Душанбе нашр мешавад. Аксар корбарон онро сарбозшикор ё “Облава” меноманд, аммо мақомот мегӯяд, “Облава” вуҷуд надорад.

Корбаре бо номи Fardoi Tojikiston дар Фейсбук наворе аз лаҳзаи боздошти як ҷавон, ки зоҳиран донишҷӯ аст, нашр кард. Дида мешавад, се нафар ӯро зӯран ба мошини таксии 3333 савор мекунанд ва он ҷавон бо овози баланд гиря мекунад. Дар зери ин навор бештар аз 300 шарҳ навишта шудааст.
Дар шарҳҳои зери навор зане бо номи Наргис Рахматшоева аз ҷавони боздоштшуда Шоҳрух ном мебарад ва мегӯяд шогирдаш асту корманди ТВ “Душанбе” будааст. Ӯ афзуда, ки Шоҳрух баъди боздошт ба комиссариати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бурда шудааст.
Вокуниши корбарон гуногун аст, баъзеҳо менависанд, ки агар ин кор ҳаминхел идома кунад, дар оянда шояд одамрабоёни ҳақиқӣ дар кӯча даст ба одамдуздӣ бизананд, вале мардум гумони “Облава” карда, касе кумак намекунад.
Корбаре бо номи Умеджон Давлатов менависа: “Ягон кас намепурсад, ки киен чиен ин шахсро куҷо мебаред? Мумкин “облава” набошад, ин шахсро куштанӣ бурда истода бошанд. Чаро ҳама хомӯш гузашта рафта истодаанд?”
Дар байни шарҳнависон нафароне низ ҳастанд, ки аз ин амалкарди мақомот пуштибонӣ намуда, ҷавононро ба тарсуӣ ва содиқ набудан ба ватани худ муттаҳам намуда, мегӯянд, “онҳо ҷавонанд ва аз адои хидмат дар артиш натарсанд ва бояд рафта содиқона хидмат намоянд.”
Аммо дар посух нафарони зиёде ин бархурди мақомдоронро интиқод намуда, мегӯянд, ҳукумат бояд ин мушкилиро ҳал кунад. Корбаре менависад, “барои як давлат ба ин шакл сарбоз ҷамъ кардан шармандагист. Оғилхона нест, ки мардумро зӯран кашонда барӣ. Бояд ҳукумат талош кунад, барномаи дуруст роҳандозӣ кунад то ҷавонон ба хидмат ҳавасманд шаванд. Ба ин шакле, ки ҳоло мебаранд, аксари ин ҷавонҳо содиқона хидмат намекунанд. Ва ин кори мақомот сатҳи фасоду ришваро бештар мекунад на чизи дигар.”
Солҳост, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони алоҳида аз ин рафтори мақомот интиқоди шадид мекунанд, аммо ҳамчунон ин корро идома дорад. Дар рӯзи равшан рабудани донишҷӯён аз назди донишгоҳҳо, ва кӯчаву бозорҳо касеро водор намекунад, ки ба амали ғайриқонунии мақомот вокуниш нишон бидиҳанд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд
Президент Эмомалӣ Раҳмон пеш аз он, ки ба хонаводаи сарбози кушташуда дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ибрози ҳамдардӣ кунад, барои ҷашну пойкӯбӣ вилояти Суғд рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 14-уми апрели соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба вилояти Суғдро аз ноҳия Айнӣ оғоз карда, сипас барои иштирок дар ҷашни наврӯзӣ ва барномаи театрии он ба шаҳри Панҷакент рафт.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири кишвр Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
