Хона блог саҳифа 493

Се инфиҷори бузург шаҳри Кобулро такон дод

0

Бар асари се инфиҷори бузург, ки имрӯз,19-уми апрел дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод, беш аз 25 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, ду таркиши пайҳам дар назди мактаби таҳсилоти умумӣ ба номи Абдураҳим Шаҳид дар қисмати ғарбии Кобул рух дод, ки шумораи бештари қурбониён аз ҳисоби донишомӯзони ин мактаб будаанд.

Мақомоти расмии Толибон мегӯянд, бар асари ин таркишҳо 6 нафар куштаву 11 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо шоҳидони воқеа кушташудаҳоро бештар аз эълони расмӣ гуфтанд.

Тавре Закариё Улфат, омӯзгори мактаби Абдураҳим Шаҳид дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, якум инфиҷор замоне рух дод, ки хонандагон аз мактаб берун мешуданд ва бар асари он дастикам 20 то 25 хонанда кушта шудаанд. Гуфта мешавад, дар миёни кушташудагон кӯдакони хурдсол низ ҳастанд.  

Инфиҷори дуввум замони интиқоли захмиён ва фавтидагон рух дод, вале то ҳол омори дақиқе дар бораи теъдоди талафоти ҷонӣ бар асари инфиҷори дуввум вуҷуд надорад. Гуфта мешавад, шумораи қурбониён рӯ ба афзоиш аст.

Ҳамчунин як таркиши дигар дар Маркази таълимии “Мумтоз” ба вуқуъ пайвастааст.

Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳи амниятии Толибон дар Кобул, се таркиш дар ғарби Кобулро таъйид карда гуфт, ки бар асари ин таркишҳо шаҳрвандони шиъаи Афғонистон, ки дар ғарби Кобул ҷойгиранд, талафот дидаанд.  

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, ҳодисаи имрӯзаро шадидан маҳкум карда, онро “кори дасти душманони сулҳу пешрафт дар Афғонистон” хондаанд.

Ҳамчунин Эрон ин ҳамлаи террористӣ дар ғарби Кобулро маҳкум кардааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли гузашта низ дар ҳамин минтақаи Кобул таркише рух дода буд, ки бар асари он 85 нафар, аз ҷумла духтарони донишомӯз ҷон бохта буданд.

Фаъол шудани Системаи миллии ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон муаллифони тарҳе бо номи Системаи миллии ҷустуҷӯ барои рақобат кардан бо Гугл, Яндекс ва дигар барномаҳои ҷустори иттилоотӣ вориди бозор шудаанд.

Намои зоҳирии саҳфаи авввали СМҶ

Субҳи имрӯз, 19-уми апрели соли 2022 Файзуллоҷон Сафаров дар бораи ин ҷустуҷӯгари бахши тоҷикии Интернет дар

Системаи миллии ҷустуҷӯ, ки дар саҳифаи асосиаш худро бо номи “DODAHO” (ДОДАҲО) муаррифӣ кардааст, 3 намуди хидамтрасониеро, аз он ҷумла пайдо кардани маълумоти умумӣ зери унвони “ҷустуҷӯ”, дар бораи аксу суратҳо бо номи “тасвир” ва дар бораи видеоҳо “навор”-ро барои муштариён пешниҳод карда, вале дутои ахири он ҳам зери коркард қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, суръати кор дар ин пойгоҳи ҷустори интернетӣ нисбат ба пойгоҳҳои “Google”, “Yandex”, “Yahoo”, “MSN” ва ғайра, ки дар асл барои забонҳои англисӣ ва русӣ сохта шуда, сипас барои корбарони дигар забонҳои зиндаи дунё низ шароити ҷусторро ба вуҷуд овардаанд, сустар ва хадамоти он низ маҳдудтар мебошад.

Ҳамлаи ҷангандаҳои исроилӣ ба Ғазза

0

Бомдоди имрӯз ҷангандаҳои исроилӣ ба пойгоҳҳои нерӯҳои муқовимати исломии фаластинӣ дар ҷануби Ғазза, ки 16 сол боз дар муҳосира қарор дорад, ҳамла карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, бомдоди имрӯз, 19-уми апрели соли 2022 ҷангдандаҳои исроилӣ чанд мавқеи нерӯҳои муқовимати исломии фаластиниро мавриди ҳамла қарор доданд ва дар натиҷа бо посухи падофанди ҳавоии Ҳамос рӯбарӯ шуданд.

Ин ҳамлаи ҷангандаҳои исроилӣ ба ҷануби Ғаззаи Фаластин дар соати 01:35 дақиқаи шаби гузашта ба пойгоҳи “Алқодисия”-и мансуб ба Ҳамос анҷом шуд ва бар илова ҷангандаҳои исроилӣ як мушакеро ба минтақае дар ғарби шаҳри Рафаҳ партоб карданд, вале гуфта мешавад, он натаркидааст.

Аз ҷониби дигар, гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии Ҳамос ҳам эълон кардааст, ки шаби гузашта соати 01:35 падофанди ҳавоии нерӯҳои муқовимат ба кор даромада, ҷангандаҳои исроилиро, ки ба ҳарими ҳавоии Ғазза ворид шуда буданд, тавассути мушакҳои замин ба ҳаво муқобила карданд.

Ҳамзамон сухангӯи артириши исроилӣ ҳам иддаъо карда, ки ҳамлаи ҷангандаҳои имрӯз ба Ғазза дар посух ба партоби мушаке аз самти Ғазза сурат гирифта, ки бо тавассути падофанди ҳавоии ин режим дар ҳаво аз байн бурда шуд.

Гуфта мешавад, фишори мақомоти қудратии исроилӣ ба фаластиниҳои муқими Ҷанин ва урдугоҳи Ҷанин ва байтулмақддас боис шуда, ки ҷавонони фаластинӣ бо ин фишорҳо бо вокунишҳои мухталифи худ муқобила кунанд ва суботи нисбиро дар Телавив ва дигар бузургшаҳрҳои исроилӣ зери суол баранд.

Урдун дипломати исроилиро эҳзор кард

0

Дар пайи ҳамлаҳои пулиси Исроил ба масҷиди Ақсо ва куштаву захмӣ шудани фаластиниҳо

Вазири умури хориҷаи Урдун Айман Сафадӣ рӯзи душанбе зимни эҳзори кордори сафорати Исроил дар Уммон ва додани номаи эътирозӣ, аз авоқиби ҳамлаҳои бедалели пулиси Исроил ба масҷиди Ақсо ҳушдор дод ва талаб намуд, ки Исроил фавран нерӯҳояшро аз дохил ва атрофи масҷид берун кунад.

Аз ин пештар Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун аз “иқдомоти ғайриқонунӣ ва таҳрикомези Исроил” интиқод карда буд.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи душанбе беш аз 560 шаҳракнишини яҳудӣ бо ҳимояти пулис ба саҳни масҷиди Ақсо ҳамла намуда, бо намозгузорони фаластинӣ даргир шуда, шумореро захмӣ карданд.

Идораи авқофи исломӣ дар Қудс дар баёнияи имрӯзааш гуфт, ки пулиси Исроил бо даъвати ифротгароёни яҳудӣ ба масҷид ва намозгузорону эътикофнишастагони мусалмон ҳуҷум намуда, дару тирезаҳои торихии масҷидро шикаста, садҳо нафарро аз дохили масҷид захмӣ ва боздошт карданд.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли Идораи умури зиндониёни Фаластин хабар доданд, ки то субҳи рӯзи душанбе пулиси Исроил беш аз 650 фаластиниро боздошт карда ва бар асари даргириҳо захмиёни фаластинӣ аз 170 нафар ҳам гузаштааст.

Яҳудиён мехостанд иди Пасхи худро, ки бо моҳи Рамазон рост омад, дар дохили масҷиди Ақсо барпо кунанд, ки ин боиси даргирӣ байни мусалмонон ва яҳудиён гашт. Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, пулис аз аъмоли ғайриқонунӣ ва тахрибкоронаи шаҳракнишинони яҳудӣ пуштибонӣ мекунад ва ин боис гашта, ки задухӯрдҳо идома пайдо кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 15-уми апрели соли 2022 нерӯҳои исроилӣ вориди ҳарами масҷиди Ақсо дар шаҳри байтулмақдас гардида, ҳудуди 400 нафарро боздошт ва 152 каси дигарро бо зарби гулулаҳо ва гази ашковар захмӣ карданд.

Аз ҷониби дигар мақомоти фаластинӣ ин ҳамларо эълони ҷанг гуфта, муфтии Қудс ҳам эълон кардааст, ки ҳимоят аз маҷсиди Ақсо вазифаи миллӣ ва мазҳабии тамоми фаластиниҳост.

Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот 50% коҳиш ёфтааст

0

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон содироти маҳсулот беш аз 50% коҳиш ёфта, воридоти он назар ба се моҳи аввали соли гузашта 43% зиёд шудааст.

Бино ба иттилои Агентии омори кишвар, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 1 млрд 677 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 дарсад камтар аст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки воридоти маҳсулот ба кишвар дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 1 миллиарду 207,2 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 362,7 миллион доллар ё 43% зиёд мебошад.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба маблағи 470 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 479,6 миллион доллар ё 50,5% камтар аст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, Русия – 364,9 миллион доллар, Қазоқистон – 353,9 миллион доллар ва Чин – 344,4 миллион доллар буда, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо ин кишварҳо зиёда аз 63%-ро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2021 ба фарқ аз имсол шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Швейтсария маҳсуб меёфт, ки бо гардиши моли дуҷонибаи 721 млн доллар 40% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меомад. Гуфта мешавад аз Тоҷикистон ба Швейтсария, сангҳои қиматбаҳо ва филизот содирот мешуд, ки он дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар семоҳаи аввали соли гузашта Тоҷикистон бо 94 кишвари дунё додугирифти дуҷониба анҷом дода буд, ки ин рақам имсол низ бе тағйир боқӣ мондааст.

Беш аз $51 миллион кумаки башардӯстона дар се моҳ

0

Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз 44 кишвари дунё беш аз 51 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз кишварҳои кумакрасон ба маблағи беш аз 51 миллиону 843,9 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид шуда, дар маҷмуъ 5 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Кумакҳо аз орд, равғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра иборат буда, аз ҳама бештар ИМА – 39,7%, Чин – 36,9% ва Ҷопон – 7,9% ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд.

Ҷамъе аз кишварҳои исломӣ қуръонсӯзӣ дар Суидро маҳкум карданд

0

Бархе аз кишварҳои исломӣ ва раҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ оташ задани нусхаи Қуръони каримро тавассути раҳбари яке аз ҳизбҳои ифротии кишвари Суид (Шведсия) маҳкум карданд.

14-уми апрели соли 2022 Росмус Полудан, раҳбари ҳизби “Stram Kurs” (Роҳи сахт) нусхае аз Қуръони карим, китоби муқаддаси мусалмононро дар ҳузури даҳҳо нафар аз ҳамҳизбиҳо ва ҳимояти полис оташ зад, ки дар натиҷа мавҷи эътирозҳоро дар ин кишвар ба вуҷуд овард.

Оташ задани нусхаи Қуръони карим тавассути раҳбари ҳизби “Stram Kurs” Росмус Полудан, ҳизби рости ифротии Суид, ки сабабгори эътирозҳои густурдае дар ин кишвари Аврупои ғарбӣ гардид, на танҳо хашму ғазби мусалмонони муқими ин кишварро ба вуҷуд овард, балки бо вокуниши хеле аз кишварҳои исломӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст.

Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ, ба монанди Арабистони Саудӣ, Қатар, Эрону Ироқ, Миср ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ҳам ин амали раҳбари ҳизби рости ифротии Суидро ҳар кадоме дар алоҳидагӣ маҳкум карда, аз давлати Суид хостаанд, ки аз ин пас иҷозат надиҳад, касе бо номи озодии баён эҳсосоти наздик ба ду миллиард мусалмонро ҷариҳадор кунад.

Кишварҳои исломие, ки бо судури баёния ва ё эҳзори кордорҳои сафоратҳои Суид дар Бағдоду Теҳрон ба вазоратҳои хориҷии Ироқу Эрон ин рафтори Росмус Полуданро омили таҳрик кардани афрод ба ифротгароӣ, таъассуб ва динситезӣ қайд карда, гуфтаанд, ки чунин амалҳои тавҳиномез ҳамзистии мусолиматомезро дар ҷомеа зери хатар мегузорад.

Дар натиҷаи эътирозҳои густурда, ки бо хушунат ҳамроҳ будаанд, тайи чор рӯзи ахир дар манотиқи мухталифи кишвари Суид идома дошт, ва даҳҳо нафар осеб дидааст.

Раҳбари ҳизби “Stram-kurs“, тибқи гуфтаи баъзе расонаҳо дар рафти даргириҳо захмӣ шудааст ва тарафдорони ин ҳизби ифротӣ, ки бо мухолифони ҳамоишҳои эътирозии худ, аз он ҷумла мусалмонони муқими ин кишвар даргир шудаанд, 8 корманди полисро ҳам захмдор карда, даҳҳо худрави шахсӣ ва полисро баъд аз қуръонсӯзӣ ба оташ кашидаанд. Мақомоти қудратии Суид ҳам ахиран ворид амал шуда, ҳудуди 20 нафарро боздошт кардаанд.

Пеш аз ин ҳам дар соли 2019 дар арафаи интихоботи парлумонӣ Росмус Полудан нусхае аз Қуръони каримро дар Дания оташ зада гуфта буд, ки мухолифи он аст, ки дар ин кишвар мусалмонон ҳузур дошта бошанд.

Гуфта мешавад, 14-уми апрели соли 2022 раҳбари ҳизби рости ифротии кишвари Суид Росмус Полудан, ки қасд дорад дар интихоботи парлумонии тобистони соли ҷорӣ роҳ барои вакилони ҳизбаш ба парлумон ҳамвортар шавад, нусхае аз Қуръони каримро дар ҳузури даҳҳо нафар аз ҳамзибиҳояш ва полиси кишвараш ба оташ кашид.

Зеленский: Русия мехоҳад дар Мариупол ҳамаро нобуд кунад

0

Владимир Зеленский расиҷумҳури Украина рӯзи якшанбе гуфт, Русия мехоҳад минтақаи шарқии Украина (Донбас)-ро пурра хароб кунад ва хусусан дар Мариупол ҳамаро нобуд карданист.

Зеленский дар муроҷиати видеоие рӯзи якшанбе гуфт, сарбозони рус дар рӯзҳои наздик барои ҳамлаи густарда ба шарқи Украина омодагӣ мегиранд ва “мехоҳанд Донбассро ба таври комил ба хок яксон кунанд”.

Ӯ ҳамчунин дар суҳбати як рӯзи пеш ҳам аз вазъияти Мариупол нигаронии ҷиддӣ намуда, вазъияти он шаҳри соҳилиро “ғайри инсонӣ” тавсиф намуда, аз кишварҳои ғарбӣ хостори “ҳарчи зудтар” таъмини силоҳҳои вазнин шуд.

Зеленский таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои Русия дар шарқи Украина ба силоҳҳои вазнин ниёз дорад, зеро ба гуфтаи ӯ, “Русия қасд дорад, дигар минтақаҳоро дар Луганск ва Донетск низ нобуд созад”.  

Раисҷумҳури Украина ба Русия ҳушдор дод, ки дар ҳоли пурра аз байн бурдани сарбозони украинӣ дар Мариупол масири гуфтушунидҳо бо Маскав комилан қатъ мешавад ва ин амал барои ба охир расондани ҷанг монеаи ҷиддӣ хоҳад шуд.

Аз ин пештар Русия иддао кард, ки шаҳри Мариупол тақрибан ба дасти нерӯҳоияш афтодааст ва ба нерӯҳои украинии “Азов” муҳлат дода буданд, ки дар давоми чанд соат таслим шаванд. Аммо сарвазири Украина Денис Шмигал рӯзи якшанбе гуфт, шаҳр суқут накардааст ва нерӯҳояшон таслим нашуда, гуфтаанд, ки то охир меҷанганд.

Фошкориҳои журналист аз зиндон

0

Маҳмадюсуф Исмоилов, журналисти тоҷик, ки бо иттиҳими гирифтанм пора дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба 11 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуда буд, озод шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 16-уми апрели соли 2022 журналисти зиндонии тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов баъд аз 8 солу 10 моҳи адои ҷазо аз зиндон озод шуд.

Ин журналист, ки худро қурбонии матолиби интиқодиаш аз мақомот дар минтақа, аз он ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия Ашт медонад, худро гунаҳкор намедонад ва дар суҳбат бо Фарзон Муҳаммадӣ, журналисти “Радиои Озодӣ” гуфт, “ҳамун духтаре, ки маро ба гирифтани пора айбдор карда буд, баъди як сол навишт, ки маро маҷбур карданд. Ман он духтарро гунаҳкор ҳисоб намекунам.”

Маҳмадюсуф Исмоилов дар ҷои хом ва ё маҳалли нигаҳдорӣ дар зиндон мегӯяд:

“Дар як утоқ 80 нафар будем, утоқ мисли толор (зал) аст, ҷои хоб дуқатора, наздик-наздик гузошта шудааст. Ҳол он ки аз рӯи қоида 1,5 метр бояд аз ҳам дур бошад, аммо ин хел нест.”

Ба гуфтаи Маҳмадюсуф Исмоилов, дар низомномаи зиндон тартиби нигаҳдорӣ ва барномаҳо дигар асту дар амал дигар. “Дар он ҷо мақомоти қудратӣ ҳеч гоҳ намемонданд, ки мардум ягон чизе (ба монанди арзу шикоятҳо) нависанд, мардум пинҳонӣ менавиштанд, ман ҳам барои суду прокурор менавиштам, вале афсус, ки зиндонбонҳо мегирифтанду намедоданд.”

Вай таъкид мекунад, ки дар оинномаи он ҷо гуфта шудааст, ки зиндониён ба кор таъмин карда мешаванд, вале амалан он ҷо ҳеч коре нест. Бар илова, дар соли 2018 бидуни ҳуҷҷат бо супориши Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон тамоми радиоҳо аз зиндониён барчида шуд ва то ҳол зиндониҳо ҳаққи гӯш кардани радиоро дубора дарёфт накардаанд.

Маҳмадюсуф Исмоилов мегӯяд, бо қарори додгоҳ то се сол ҳаққи машғул шудан ба корҳои рӯзноманигориро надорад. Ҳудуди 230 сомонӣ нафақа мегирад, вале барои идома зиндагӣ, ба кори ҳаҷвнигорӣ машғул мешавад, зеро ин ҳаққро касе аз ӯ нагирифтааст.

Маҳмадюсуф Исмоилов соли 2013 бо иттиҳоми пора гирифтан дар ҳаҷми 400 сомонӣ боздошт ва сипас ба муддати 11 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд. Расонаҳо ва созмонҳои дохилӣ ва хориҷии ҳомии ҳуқуқи башар ин ҳукмро ноодилона ва сангин гуфта, борҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон сокинони Исфараро ба сабру таҳаммул даъват кард

0

Расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба вилояти Суғд рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо сокинони шаҳри Исфара онҳоро ба сабурӣ ва ба эҳсосот дода нашудан даъват кард.

Акс аз маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон

Раисҷумҳур зимни суханронияш раванди мушаххас кардану аломатгузории хатти марзиро хеле мураккаб хонда, ба гуфтаи ӯ ба мувофиқаи ниҳоии расидан ва аломатгузорӣ кардани он вақти зиёд металабад.

“Ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд.”, мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ мегӯяд, ҳанӯз аз соли 2002 байни Тоҷикистону Қирғизистон комиссияи байниҳукуматӣ барои мушаххас ва аломатгузорӣ кардани хатти марзӣ таъсис ёфта буд ва дар давоми 20 соли фаъолияти ин комиссияи давлатӣ аз 987 километри марзи муштараки байни ду кишвар 663,7 киломатери он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Ӯ ҳамчунин аз сокинони шаҳри Исфара хост, ки бояд бо ҳамсояҳои қирғизи худ муомилаи нек дошта, бо ҳамдигарфаҳмӣ кору зиндагӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки мардуми Исфара бояд “бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.”

Ӯ бо таъкид изҳор дошт, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигаре вуҷуд надорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сокинони Исфараро ба сабурӣ ва эҳсосотӣ нашудан даъват мекунад, ки бори охир рӯзи 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон байни марзбонон тирпарронӣ рух дода, як марзбони 27-солаи тоҷик баъд аз захми шадид бардоштан дар бемористон ҷон бохт.

Раҳмон дар суханронии худ дар Исфара ҳамдардие ба хонаводаҳои марзбонони кушташудаи тоҷик баён накард. Чизест, ки ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон, ба хусус мухолифони ҳукумат интиқод мешавад.