Хона блог саҳифа 495

Бонки ҷаҳонӣ: интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 25% коҳиш меёбад

0

Дар пасманзари буҳрони иқтисодии Русия, ки бар асари ҳамла бар Украина ба вуҷуд омадааст, Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, дар соли 2022 интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик ба кишварашон 25% коҳиш меёбад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2020 2,18 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон фиристоданд, аммо дар соли 2021 он ба 1,8 миллард расид ва ин омор дар соли ҷорӣ боз 25 дарсади дигар коҳиш меёбад.

Тибқи оморҳои расмӣ муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 60 ҳазору 337 нафар баргашта, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,6 баробар бештар аст.

Пас аз оғози таҳримҳои Ғарб болои Русия якбора қурби русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ уфти бесобиқа кард, аммо дар ин чанд рӯзи ахир арзиши он ба таври назаррас боло рафт. Коршиносон афзоиши қурби рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ муваққатӣ арзёбӣ карда, мегӯянд, таъсири эҳтимолии таҳримҳо ҳоло дар пеш аст. Ба гуфтаи онҳо, аллакай бозгашти худи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия баёнгари он аст, ки паёмадҳои коҳиши иқтисоди Русия дар кори онҳо таъсир расонда ва дар оянда таъсирнокии эҳтимолии он бештар хоҳад буд. Ва ин боис мегардад, теъдоди зиёдтаре аз муҳоҷирон ба ватан бар бигарданд.

Гуфта мешавад, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон аз эҳтимоли бозгашти ногаҳонии муҳоҷирони корияшон ошкоро чизе намегӯянд. Аммо ба назари таҳлилгарон бепарвоии онҳо ҷои нигаронӣ дорад. Зеро кишварҳои онҳо барои баргашти эҳтимолии мавҷи муҳоҷирон барномае рӯи даст надоранд. Эҳтимол мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ бар ин боваранд, ки ҳамлаи Русия ба Украина ба зудӣ хотима меёбад ва вазъи иқтисодӣ чандон бадтар нахоҳад шуд.

Сафари президентҳои Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония ба Украина

0

Имрӯз, 13-уми апрел Анҷей Дуда, раисиҷумҳури Лаҳистон, Эгилс Левитс, раисҷумҳури Латвия, Гитанас Науседа, раисҷумҳури Литва ва Алар Карис, раисиҷумҳури Эстония ба Киев сафар карданд.

Акс аз www.prezydent.pl

Дар ин бора Якуб Кумох, намояндаи дафтари раҳбари Лаҳистон имрӯз, 13-уми апрел хабар дод.

Кумох, ки раисиҷумҳури Лаҳистонро ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Ҳадафи мо дастгирӣ кардани Президент Зеленский ва ҳомиёни Украина дар лаҳзаи ҳалкунанда барои ин кишвар аст”.

Ба гуфтаи ӯ, Лаҳистон ташкилкундаи ин сафар буда, ба Украина кумакҳои логистикӣ мефиристад ва барои таъмини амнияти ин ҳамсоякишвараш талош мекунад.

Кумох таъкид мекунад, ки “Кишварҳои соҳили Балтик шарикони аслии мо дар масоили амниятӣ дар минтақа ҳастанд. Мо тасмим гирифтем, ки якҷоя ба Киев биравем”.

Сафари раисони ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония ба Киев нахустин сафари сарони давлатҳо ба пойтахти Украина аз замони оғози ҳамлаи Русия аст. Дуда ва Науседа бори охир бо Зеленский дар остонаи ҷанг дар Киев мулоқот карда буданд.

Пештар Матеуш Мораветский сарвазири Лаҳистон бо ҳамтоёни худ аз Чехия ва Словения дар миёнаи моҳи март ба Киев рафта бо раисиҷумҳури Украина Владимири Зеленский мулоқот карда буданд.

Чанде пеш рӯзномаи “Bild” хабар дода буд, ки раисиҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер бо раисони ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония мехоҳад аз Киев боздид кунад, аммо раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз мулоқот бо Штайнмайер худдорӣ кард. Худи раисиҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер вақти боздидаш аз Лаҳистон ин гуфтаҳоро тасдиқ кард.

Ба навиштаи “Bild”, дар ҳоли ҳозир Владимир Зеленский ба далели равобити наздики сиёсатмадори олмонӣ бо Русия дар гузашта ва аз ҷумла пуштибонии ӯ аз тарҳи “Северный поток – 2” , намехоҳад бо Штайнмайер дар Киев мулоқот кунад.

Ҳамчунин дар ҳамин моҳ раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел, садри аъзами Австрия Карл Неҳаммер ва сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон аз Киев дидан карда буданд.

Боздошти ду навҷавон бо гумони дуздии 700 ҳазор сомон

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду навҷавони 17 ва 18-сола сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон хабар дод, ки ба дуздии наздик ба 700 ҳазор сомон муттаҳам мешаванд.

Акс аз сомонаи ВКД-и Тоҷикистон

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони даҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор буда, 15-уми марти соли ҷорӣ аз мағозаи Гулов Холназар, сокини ҳамин ноҳия дар мҷмуъ 690 ҳазор сомониро медузданд.

“Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо бо як адад оҳани дарозшакл гирифта, қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд.
Сипас аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690.000 (шашсаду навад ҳазор) сомонӣ зарари махсусан калон мерасонанд.”, омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад дар шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фархор нисбати гумонбарони ҷинояти дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нафақа медиҳанд

0

Аз ин ба баъд дар Русия ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки ба синни бознишастагӣ расидаанд, нафақа дода мешаванд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел дар ҷаласаи навбатии худ созишнома миёни Тоҷикистону Русияро, ки тибқи он ба муҳоҷирони кории тоҷик нафақа дода мешавад, ба тасвиб расонд.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи порлумон изҳор дошт, ки тибқи ин санад, аз ин ба баъд Русия ва Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар кишвари якдигар кор кардаанд, нафақа диҳанд, аммо бо як шарт.

Ба гуфтаи Давлатзода талабот ин аст, ки  шаҳрвандон дар кишваре, ки кор мекунанд, бояд андози иҷтимоӣ пардохт кунанд. Яъне андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ вобастагӣ дорад.

Ҳамчунин шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон, ки дар кишвари якдигар кор кардаанд, пас аз бозгашт ба ватан қисмати кор дар Русия ҳам вақти ба нафақа баромадан ба назар гирифта шуда, ба ӯ нафақа пардохт мешавад.

Ин созишнома ҳанӯз солҳои 2014-2015 аз ҷониби Русия омода шуда, моҳи сентябри соли 2021 ба имзо расида буд. Ва имрӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онро ба тасвиб расонид.

Тибқи оморҳои ғаёрирасмӣ, дар Федератсияи Русия ҳудуди 2 млн муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Русия муҳоҷирони тоҷикро беш аз 1 млн мегӯяд, аммо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати меҳнат мегӯяд, дар хориҷ танҳо 387 ҳазор муҳоҷири корӣ доранд.

Тирпарронӣ дар марз: Боз як марзбони тоҷик кушта шуд

0

Шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон байни марзбонон тирпарронӣ рух дода, як марзбони тоҷик баъд аз захми шадид ҷон бохт.

Акс аз “Asia-Plus”

Пештар гуфта мешуд, ки Зоир Саидумаров, як марзбони 27-солаи тоҷик аз қафаси сина ҷароҳати вазнин бардоштааст ва ҳолаташ вахим аст. Баъдтар Радиои Озодӣ бо такя ба манбааш аз мақомоти кишвар кушта шудани Саидумаровро, ки сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон будааст, тасдиқ кард.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки бар асари тирпарронӣ як марзбонашон захмӣ шудааст ва сокинони наздимарзиро ба ҷои амн интиқол додаанд. Инчунин сабаби сар задани ҳодисаро мақомоти қирғиз танишҳои лафзӣ байни марзбонон гуфтаанд, аммо Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон мисли ҳамеша то ҳол ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони ҷамоати Хистеварз дар сар задани тирпарронӣ ҷониби Қирғизистонро гунаҳкор карданд, Қирғизистон бошад, марзбонони тоҷикро гунаҳкор медонад.

Пас аз сар задани ин ҳодиса мақомоти ду кишвар барои таҳқиқи он дар минтақаи Борбодуки ноҳияи Лайлак ҷамъ омаданд. Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо ба натиҷа расиданд, ки “нерӯҳои худро аз хатти марз ба маҳалли доимияшон бармегардонанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахирро пурра меомӯзанд.”

Амрико ба марзбонони тоҷик наздики $2 млн кумак кард

0

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба нерӯҳои марзбонии кишвар маҷмӯи кумакҳоеро тақдим кард, ки маблағи умумии онҳо 1 миллиону 850 долларро ташкил медиҳад.

Тавре сафорати Амрико дар Душанбе хабар медиҳад, 31-март ба марзбонони тоҷик радиостансияҳо ва мошинҳои боркаши Ҷип J8 ба маблағи 1,1 миллион доллар туҳфа кардааст. Ба гуфтаи намояндагии ИМА, ин кумак ба нерӯҳои марзбонӣ имкон медиҳанд, ки дар шароити маҳдуди минтақаи наздимарзӣ ҳаракат ва иртибот барқарор кунанд.

Гуфта мешавад, маблағи умумии кумакҳои Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки шомили дастгоҳҳо ва қисмҳои эҳтиётии ҷипҳо, коргоҳи нигоҳдорӣ ва омӯзишӣ аст, 1.85 миллион долларро ташкил медиҳад.  

Аз ин пештар, моҳи ноябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба марзбонон 18 адад мошини Ҷип J8 ба маблағи 1,4 миллион доллар тақдим карда буд.

Амрико аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон дар самтҳои амният, аз ҷумла омӯзиши низомиён, интиқоли таҷҳизот ва фанновариҳо ба маблағи беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки дар тӯли ин муддат ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 400 адад мошин ба маблағи беш аз 13 миллион доллар супурда шудааст.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳбоз Шариф

0

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон номаи табрикотӣ фиристод.

Акс аз сомонаи Президент

Асри имрӯз, 12-уми апрели соли 2022, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи табрикотӣ ба Сарвазири тозаинтихоби Покистон Шаҳбоз Шариф хостори беҳтар шудани равотиби ду кишвар шуд.

Дар ин номаи тарбрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, “итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин вазифаи сермасъули давлатӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.”

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки барои боз ҳам беҳтар кардани робитаҳои ду кишвар “омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор менамоям.”

Гуфтанист, дирӯз, 11-уми апрели соли 2022 Шаҳбоз Шариф, бародари Навоз Шариф бо касби 174 раъй дар як раъйгирии бидуни рақиб дар парлумони Покистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллии ин кишвар ба унвони Нахуствазир интихоб шуд.

Пеш аз ин рӯзи 10-уми апрел парлумони ин кишвар ба собиқ Нахуствазири он Имрон Хон раъйи адами эътимод дода, дар торихи Покистон якумин Сарвазире буд, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ аз қудрат канор ронда мешавад.

Бохти пайҳами “Истиқлол” дар Лигаи каҳрамонҳои КФО-2022

0

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022-ро низ бохт.

Дар бозии дуюми худ “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Шарҷа”-и Аморот Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи “Истиқлол” голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-ум ба нишон расонида, ҳисобро боз кард. Аммо дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Шарҷа” ду тубро ба ҳадаф расониданд.

Дастаи “Истиқлол” дар бозии якумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи “А” аз дастаи “Ал-Райян”-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда буд.

Бозии навбатии худро дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ин мусобиқа, 15-уми апрел бо пешсафи гуруҳи “А” – тими “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ мегузаронад, ки дар ду бозӣ пайиҳам ду ғалаба ба даст оварда аст.

Пас аз ду даври бозиҳо, дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар гурӯҳи “А” бо касби 0 хол дар мақоми охирон қарор дошта, шонси аз ҳама кам дар гурӯҳро барои баромадан ба даври дигар дорад.

Бозиҳои гурӯҳи “А” дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар Арабистони Саудӣ гузашта истодааст.

Нерӯҳои фаластинӣ: Исроил қатлу боздоштҳоро қатъ кунад

0

Нерӯҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза эълон кардаанд, ки Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва Қурдси ишғолиро танҳо намегузорем.

Бино ба иттилои рӯзномаи “Раъюулявм”-и чопи Ландан, мақомоти мисрӣ, ки ба ҳайси миёнҷигар байни нерӯҳои муқовимати фаластинӣ ва Исроил амал мекунанд, имрӯз нерӯҳои муқовимати фаластиниро зери фишор қарор дода, ҳушдор додаанд, ки вориди маърака нашаванд, то Исроил ба Ғазза низ ҳамла накунад.

Манбаъ меафзояд, Исроил аз мақомоти Миср хостааст, ки ба нерӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза фишор оваранд, то дар ҳаводиси кунунии Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддас ширкат наварзанд ва дар айни замон ҷабҳаи Ғаззаро гарм накунанд, вагарна натиҷа он мешавад, ки Исроил амалиёти низомии кушодаеро низ алайҳи Ғазза оғоз мекунад.

Аммо, нерӯҳои муқовимати фаластинӣ ва дар раъси онҳо Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар посух гуфтаанд, ки суботу оромии Ғазза наметавонад давомдор бошад, агар Исроил қатлу куштор, боздоштҳои худсарона ва бесуботиро дар Каронаи Бохтарӣ қатъ накунад, нерӯҳои фаластинӣ дар Ғазза ҳарфҳое зиёде (дар майдони ҷанг) барои гуфтан бо Исроил доранд. Ҳамос ҳам таъкид карда, ки барои то шаш моҳи ҷанг омодагӣ дорад.

Пеш аз ин вазири ҷанги Исроил дар суҳбат бо расонаҳои хориҷӣ эълон карда буд, ки артиши Исироил барои ҳама сенарюҳо омодааст, ва метавонад майдони ҷангро ба Ғазза ё Лубнон интиқол диҳад.

Гуфта мешавад, тайи як моҳи ахир шаҳрҳои мухталифи Исроил обистани бесуботӣ ва нооромиҳо гардида, дар ин муддат даҳҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шудаанд.

Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон

0

Рӯзи 11-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, Расиҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармоне шуморе аз мансабдоронро аз вазифаҳояшон сабукдӯш ва ба мақомҳои дигар таъйин кард.

Раҳмон дирӯз бо фармоне Субҳонзода Икром Субҳонро аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда ва ба вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард.

Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз вазорату корхонаҳои давлатӣ муовинонашон шахсони нав таъйин карда шуд. Аз ҷумла ба вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Абдулозода З. Н. ва муовини вазири молияи кишвар Қурбонзода С. С. ва инчунин муовини раиси Кумитаи дин, муовини вазири корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои кишвар шахсони нав таъйин шуданд.

Ба назари бархе аз коршиносон яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи кадрии кишвар ин аст, ки кадрҳо мутахассисони соҳа нестанд ва ҳар кас аз ҳисоби наздикӣ ба Раҳмон ва оилаи ӯ ва ё миқдори маблағи додааш метавонад вазифаеро соҳиб шавад, кадри он соҳа нест ва дар натиҷа он соҳа рӯ ба шикаст меорад.