Хона блог саҳифа 500

Мақомоти Тоҷикистон шиканҷаи гумонбаронро зиёд кардаанд

0

Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфтааст, ки дар соли 2021 мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар гумонбар ва пайвандони онҳоро мавриди шиканҷа қарор додаанд.

Дар ин гузориш Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон исми 25 нафаре оварда шудааст, ки ба гуфтаи онҳо мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятӣ дар вақти боздошт ва ё замони бозпурсӣ гумонбарон ва ё наздикону пайвандони онҳоро шиканҷа кардаанд.

Эътилофи зидди шиканҷа таъкид мекунад, ки наздик ба 30 нафар аз қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ба ин ниҳоди ҷамъиятӣ шикоят кардаанд, миёнгини умри онҳо аз 22 то 60-сола мебошанд.

Ба қавли эътилоф, 21 нафар аз ин қурбониён аз мақомоти корҳои дихилӣ шикоят карда гуфтаанд: “Шиканҷа ва бадрафторӣ барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ, ҷазо додани баъзе кирдорҳо ё ҳамчун чораи пешгирӣ ва паст задани шаъну эътибори шахсӣ истифода мешуд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун нисбат ба ин иддаъоҳои Эътилофи зидди шиканҷа вокунише накардааст, аммо тиқби қонунгузории кишвар ҳар навъ шиканҷа ва паст задани шаъну шарафи инсон ҳангоми бозпурсӣ ҷиноят дониста шуда, омилони шиканҷаро то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Амрико собиқ командуҳои артиши Афғонистонро ба Украина фиристоданист

0

Амрико мехоҳад садҳо нафар аз командуҳои собиқ артиши Афғонистонро бар ивази пул барои ҷанг ба Украина бифиристад.

Акс аз хабаргузории “Бохбтар”

31-уми марти соли 2022 хабаргузории “Бохтар“-и Афғонистон ба нақл аз Спутник иттилоъ дода, ки Амрико қасд дорад 400 нафар аз афсарони омӯзишдидаи артиши собиқи Афғонистонро ба Украина фиристад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод пас аз сари қудрат омадани Толибон Афғонистонро тарк карда, ҳамчун паноҳада Кохи Сафед онҳоро ба ИМА интиқол додааст.

Акнун бо гузашти зиёда аз шаш моҳ ин афсарони собиқ артиши Афғонистон, ки зери назари Созмони иттилооти марказӣ (CIA)-и Амрико омӯзиш дидаанд, дар ИМА ҳеч даромаде надоштаанд, ба ин хотир алоқманд ҳастанд, ки барои дарёфти моҳона чанд ҳазор доллар ба Украина фиристода шаванд.

Пеш аз ин ББС хабар дода буд, ки Русия низ ба хотири ҷалби нерӯҳои ҷангӣ дар Сурия чанд марказеро фаъол кардааст ва аз афсарону сарбозони довталаб даъват кардааст, ки бар ивази 7000 доллар дар як моҳ рафта дар Украина биҷанганд.

Гуфта мешавад, 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз кард ва то кунун ҷанг идома дорад. Дар муддати бештар аз як моҳи ин ҷанг зиёда аз 4 миллион нафар овара шуда, ҳазорҳо нафар ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шудаанд.

БАТР: Имсол ММД-и Тоҷикистон 3% коҳиш меёбад. Коршиносон дигар чиз мегӯянд

0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо такя ба нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодии кишвар барои солҳои 2022 — 2024 афзоиши воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилиро аз 7,9 то 8,2% пешбинӣ карда буд.

Ба назари баъзе аз иқтисоддонони тоҷик коҳиши ММД дар Тоҷикистон тавре БАТР мегӯяд, ба маротиб бештар хоҳад буд.

Абдулманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ дар суҳбат бо Аздо ТВ гуфт:

“Ба назари ман уфти ММД Тоҷикистон ҳам на камтар аз 10 дарсад хоҳад буд. Ниҳодҳои расмӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва БАТР саҳми маблағи муҳоҷирон дар ММД-и Тоҷикистонро каме бештар аз 30 дарсад медонанд. Ин натиҷагирии онҳо аз ҳаҷми интиқолоти расмӣ тавассути бонкҳост ва ин пешбиниашон ҳам бар ҳамин асос аст, ки вуруди ин маблағҳо, масалан 1,5 млрд доллар камтар мешавад. Дар ҳоле, ки интиқоли ғайрирасмӣ ҳаддиақал ду баробар бештар аз интиқоли расмист ва агар интиқоли расмӣ 1,5 млрд камтар шуд, дар умум он 4,5 млрд кам мешавад.”

Бино ба гузориши БАТР, ҳамлаи Русия ба Украина на танҳо иқтисоди Тоҷикистонро варшикаста хоҳад кард, балки иқтисоди ҷаҳониро, ба хусус ба гуфтаи гузоришгарон, иқтисоди кишварҳои фақирро баргашт ба авоили даҳаи 70-уми асри гузашта таҳдид мекунад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ҳамчунин аксари кишварҳои минтақа бо коҳиши чашмгири ММД рӯбарӯ ҳастанд. Аз ҷумла Қазоқистон 2,0%, Қирғизистон 1,0%, Точикистон 3,0% ва Узбекистон 4,0%.

Тибқи пешгӯии БАТР, ММД дар Украина дар соли 2022 20 дарсад ва Русия 10 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Оҷил! Боздошти боз як сокини Бадахшон

0

Кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ як сокини маҳаллаи Бархоруғро бо номи Манучеҳр субҳи 31-уми март дар назди маркази тиббӣ дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи Pamir Daily News, мақомот Манучеҳрро дар занозанӣ бо маъмурони пулис дар моҳи ноябри соли 2021 дар посгоҳи гузаргоҳи маҳаллаи УПД  муттаҳам мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло дар шаҳр вазъият бадтар шудааст. Роҳҳои ду тараф то маҳаллаи Бархоруғро сокинони маҳаллӣ бастаанд. Дар бинои шуъбаи корҳои дохилии шаҳр пулис барои саркӯби эҳтимолии эътирозгарон омодагӣ мегирад.

Чанде пеш Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки Шеров Манучеҳр Мисжитовичро боздошт кардааст.

Прокуратураи ВМКБ нисбати Шеров бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (237 қисми 3 банди «а» авбошӣ ва 330 қисми 1 зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат) парванда боз кардааст.

Мақомот Манучеҳр Шеровро ба он гумонбар медонанд, ки ”14 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30, дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, захмдор намуда буд. Аз санаи 9 декабри соли 2021 нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4382 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт”.

Манучеҳр Шеров ҳаммаҳалаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров буда, аз ҷумлаи 6 тан аз сокинони Бархоруғ буд, ки мақомот ду моҳ пеш аз Маҳмадбоқиров супурдани онҳоро талаб карда буданд. Аммо Маҳмадбооқир аз супурдани онҳо даст кашида буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо як фармони Президент Раҳмон, Шариф Назарзода, ки аз соли 2017 ҳамчун сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе фаъолият мекард, аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуда буд. Чунин ба назар мерасад, ки Назарзода корро аз боздошти сокинони маҳҳалӣ оғоз кардааст.

Вазъ дар Бадахшон рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нерӯҳои қудратӣ бад шуд. Баъди бераҳмона кушта шудани Гулбиддин, сокинони маҳаллӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, чаҳор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Дар пайи ин эътирозҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сокинони ВМКБ Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот баъди ин эътирозҳо чанд тан аз сокинони ин вилоятро боздошту фишор болои фаъолонро бештар кардааст.

Суриягиҳоро бо пешниҳоди моҳона $7000 ба ҷанг даъват мекунанд

0

Дар Сурия ба онҳое, ки барои ҷангидан дар сафи қувваҳои Русия ба Украина меравад, моҳона то 7000 доллари амрикоӣ ваъда кардаанд.

Як сарбози довталаби сурӣ дар гузориши хоссе ба BBC гуфт, барои ҷангидан дар сафи қувваҳои Русия бар зидди қувваҳои Украина ду шартнома вуҷуд дорад, ҷангидан дар сафи пеш 7000 доллар ва дар сафи дифоии ақибгоҳ 3500 доллар пешниҳод шудааст.

Ин сарбози довталаб, ки бо номи мустаори “Ҳасан” ёд мешавад, мегӯяд, аз баски зиндагӣ дар Сурия мушкил аст, шахсони зиёде ба ин пешниҳодҳо розӣ шуда, барои рафтан ба ҷанг омодагӣ мегиранд.

“Хонаводаам рафтанамро ба ҷанг намехоҳанд, вале ман барои ба даст овардани маблағ маҷбурам биравам”, мегӯяд Ҳасан. Ӯ бар ин бовар аст, ки аз ин сафар 90% умеди зинда баргаштан нест.

Аз ин пештар Маскав аз иштироки 16 ҳазор сарбозони хориҷӣ дар сафи қувваҳои Русия хабар дода буд. Гуфта мешавад, Русия дар дохили Сурия 14 маркази ҷамъи довталабон таъсис додааст.

Расонаҳои туркӣ дар оғози ҳамлаи Русия ба Украина аз иштироки зархаридони суриягӣ дар ҷанги Украина хабар дода буданд. Гуфта мешавад, нерӯҳои довталаби сурӣ аз Сурия ба Армения ва аз онҷо ба Русия мунтақил шудаанд.

Пас аз ҷанги дохилӣ дар Сурия иқтисоди ин кишвар хеле поин рафта, сатҳи зиндагии мардум бисёр душвор шудааст.

Газу бензин дар Тоҷикистон каме арзон шуд

0

Имрӯз 30-уми март қимати сӯзишвориҳои бензину дизел ва гази моеъ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта то 8% арзон шудааст.

Агар ҳафтаи пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам буд, имрӯз он дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба 6 сомониву 80 дирам арзон шуда, қариб 8,1% арзиши он поин рафтааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе як литр гази моеъро мешавад бо нархи 7 сомонӣ пайдо кард.

Нархи як литр бензини АИ-92 нисбат ба ҳафтаи гузашта аз 12,2 сомонӣ ба 11,6 сомонӣ (4,9%) ва АИ-95 бошад аз 12,7 сомонӣ ба 12,1 сомонӣ (4,7 %) арзонтар шудааст.

Қимати сӯзишвории дизелӣ чандон тағйир наёфта, як литри он аз 12,4 сомонӣ то 12,3 сомонӣ  (0,8 %) поин фаромадааст.

Коршиносон поин рафтани қимати фаровардҳои нафтӣ ва гази моеъро ба мустаҳкам шудани қурби рубл дар баробари доллар ва ба поин рафтани қимати сӯзишворӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут медонанд.

Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон 86 дарсади фаровардҳои нафтиашро аз Русия ва ҳудуди 90 дарсади гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Вена: Таҷлили Наврӯз ё тағйири ранги Парчами Тоҷикистон

0

Сафорати Тоҷикистон дар Вена, пойтахти Утриш дар маросими ҷашни Наврӯзи соли 2022-ро яке аз рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистонро дигар кард.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Инчунин “бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1] тасдиқ шудааст:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.”

Аммо дар расми Парчами давлатии кишварамон, ки Сафорати Тоҷикистон дар маросими Наврӯзӣ ва ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳузур донишҷӯён ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошт, рангҳои Парчам сурх, сафед ва сабз не, балки сурх, сафед ва кабуд ва тоҷу ҳафт ситора тасвир шудаанд, ки он хилофи қонунгузорӣ мебошад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Парвандаи Чоршанбиев аз нав таҳқиқ мешавад.

0

Муҳокимаи навбати варзишгари шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия бо ҳузури пайвандон ва вакилонаш баргузор шуд, аммо бе иштироки хабарнигорон.

Дар ин муҳокима қарор шудааст, суҳбати видеоии Чоршанберо, ки дар он гӯё ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кардааст, аз нав мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Хулосаи ташхисе, ки дар парванда буд, зери суол гузоштем. Бино бар онки дар хулосаи ташхис носаҳеҳӣ ва нопуррагӣ ҷой дошт, аз додгоҳ талаб кардем, ташхиси такрорӣ таъин карда шавад ва ин дафъа мутахассиси забони русиро даъват кунанд. Ниҳоят дархости вакилони дифоъ аз сӯи додгоҳ пазируфта шуд ва ташхиси такрории сиёсӣ-лингвистӣ таъин карда шуд.”

Тибқи қарори додгоҳ санҷиши навро Вазорати адлияи Тоҷикистон мегузаронад.

Пештар як сиёсатшинос аз Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар хулосааш гуфта буд, Чоршанбиев дар навор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кард.

Аммо Елизавета Колтунова, мутахассиси криминалистикаи забоншиносӣ ва устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород гуфта буд, ки “Дар суханони Чоршанбиев даъват ба ҳеч гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад”.

Дар ҳамин ҳол Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик дар вокуниш ба қарори додгоҳ, ки Вазорати адлияро масъули санҷиши суханони Чоршанбе гузоштаанд, дар саҳфаи фейсбукиаш менависад: “Дар асл ташхисро бояд коршиноси мустақил гузаронад. Касе, ки ду тараф ба ӯ эътимод кунанд ва ба бетарафиаш шубҳа надошта бошанд. Дар Тоҷикистон бошад ин “таъинот”-ист. Одатан ин коршиносон гаперо хоҳанд гуфт, ки дар даҳонашон гузоштаанд. Аз ин ташхисгарони “ҳукуматӣ”, ё “мақомотӣ” хулосаи ғайричашмдошт гирифтан, хиёлоте беш нест.”

Дар идома рӯзноманигори тоҷик менависад, ки “Худоё ин гумони мо ғалат барояд” ва бо ишора ба кормандони мақомот суол мегузорад, ки “шояд виҷдон дошта бошанд?”

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет айбдор карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.

Уфти 9%-и қурби сомонӣ дар баробари рубли русӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми 24 соати гузашта қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ 9 дарсад коҳиш дод, аммо бонкҳои тиҷоратӣ на!

Акс аз Азия Плюс

Имрӯз, 30-уми марти соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон, ки муайянкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ дониста мешавад, қурби 1000 (як ҳазор) рубли русиро баробар ба 151 сомонию 60 дирам таъйин кард.

Бонки миллии Тоҷикистон дирӯз, 29 марти соли ҷорӣ қурби 1000 рубли русиро баробар ба 139 сомонию 30 дигар эълон карда буд.

Аммо бонкҳои тиҷоратии амалкунанда дар Тоҷикистон, дар мисоли Ориёнбонк, Алифбонк, Амонатбонк ва Бонки Эсхата, ки нисбатан муштариёни зиёдтаре доранд, ҳеч кудоме аз онҳо қурби хариди рубли русиро тавре Бонки миллӣ 151 сомонӣ ва 60 дирам муайян кардааст, таъйин накардаанд.

Бо ин вуҷуд, Алифбонк қурби 1000 рубли русиро 125 сомонӣ ва фурӯши онро 147 сомониву 50 дирам таъйин карду Ориёнбонк бошад, хариди 1000 рубли русиро 130 сомонӣ ва фурӯши онро 152 сомонӣ.

Инчунин Бонки Эсхата хариди 1000 рубли русиро 140 сомонӣ ва фурӯши онро 146 сомонӣ эълон кардаву Амонатбонк ҳам хариди 1000 рубли русиро барои шахсони воқеӣ 130 сомонӣ ва фурӯши онро 131 сомонӣ, вале барои шахсони ҳуқуқӣ қурбри 1000 рубли русиро баробар ба 144 сомониву фурӯши онро 150 сомонӣ таъйин кардааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ Русияро тарк мекунанд, ба ҷуз тоҷикон

0

Муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои ИДМ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бо бад шудани авзои иқтисодӣ ин кишварро тарк карданиянд, ба ҷуз шаҳрвандони Тоҷикистон.

Баъзе аз намояндагони диаспораҳои муҳоҷирони кории кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар Русия ба хабаргузории “Ведомости” дар бораи хуруҷи шаҳрвандонашон ба кишварҳои худ хабар доданд.

Муҳоҷирон далели тарк кардани Русияро ба аз ҳад зиёд поин рафтани арзиши рубли русӣ рабт медиҳанд. Максатбек Абдуназар, диаспори қирғиз мегӯяд: “Муҳоҷирон барои кор кардан ва ба хонаҳояшон пул фиристодан инҷо меомаданд, ҳоло ба сабаби поин рафтани қурби рубли русӣ будан инҷо ба фоидаашон нест”. Ба гуфтаи ӯ, “пештар 1000 рубли русӣ баробар ба 1400 соми қирғизӣ буд, аммо ҳоло 1000 рубл ба 600 сом поин фаромадааст.”

Дар ҳамин ҳол шабакаи телеграмии “Многонационал” менависад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баракс, то охирин фурсат талош мекунанд дар Расия боқӣ бимонанд, зеро дар ватанашон ҷои кор надоранд.

Як муҳоҷири кории тоҷик бо номи Далер ба “Многонационал” гуфта, ки бо вуҷуди ҷои кори худро аз даст доданаш намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. “Ман агар ба Тоҷикистон баргардам, маро ба артиш мебаранд, ҳарчанд ятим ба воя расидаам ва дар оила писари ягона ҳастам, вале шунидам, ки мисли ман будаҳоро низ мебаранд”, мегӯяд Далер. Ӯ афзуда, ки агар дар Русия кори хубе пайдо накунад, ба Туркия мераваду ба ватанаш барнамегардад.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина субҳи рӯзи 24-уми феврал Аврупо ва Амрико алайҳи Русия таҳримҳои шадиде ҷорӣ карданд, ки ба сабаби он аксари муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойҳои кории худро аз даст доданд ва аз тарафи дигар нархи рубли русӣ бесобиқа дар ин кишварҳо поин рафт, ки ин ҳодиса муҳоҷиронро ба тасмими хуруҷ аз Русия водор кард.