Имрӯз 10-уми март аввалин музокироти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина дар Анталияи Туркия бо ҳузури вазири корҳои хориҷии кишвари мизбон Довуд Човушуғлу оғоз шуд.
Акс аз хабаргузории “Anadolu”
Тавре расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, субҳи имрӯз 10-уми март нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Туркия, Русия ва Украина, ки бо миёнҷигарии Туркия дар Анталия баргузор мегардад, оғоз шуд.
Ин нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи Русия ва Украина аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина аст.
Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, нишасти сеҷониба ҳудуди якуним соат идома карда, аммо ҷонибҳо ба чӣ тавофуқ расиданд ва натиҷаи ниҳоии нишаст чӣ шуд, то ҳол пурра эълон нашудааст.
Қаблан се даври музокироти Русия ва Украина дар марзи Беларусу Украина баргузор шуда буд, ки аксаран бенатиҷа буданд. Дар вохӯрии ахир ҷонибҳо дар бораи ташкили долонҳои башардӯстона барои берун кардани ғайринизомиён аз майдони даргирӣ ба мувофиқа расиданд, вале дар чанд маврид тибқи қарордод амалӣ нашуд.
Рӯзи 24 феврал бо дастури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Украина амалиёти низомӣ оғоз шуд. То имрӯз беш аз 2 миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳанда шуда, қисми зиёде дар дохили Украина банд мондаанд.
Субҳи рӯзи 10-уми март дар минтақаи марзии ҷамоати Чоркӯҳи Исфара байни марзбонони тоҷик ва қирғиз тирпарронӣ рух дода, аз ҷониби Тоҷикистон як марзбон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Тавре расонаҳо хабар доданд, ин ҳодиса субҳи имрӯз тахминан соати 09:30 рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз ҷониби онҳо касе кушта ва ё захмӣ нашудааст.
Радиои Озодӣ шарҳи ҳодисаро аз қавли манбааш дар мақомоти маҳаллии Исфара чунин навишт: “ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон меоянд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз луқмапартоӣ мешавад ва беогоҳӣ ба ҷониби мо тир холӣ мекунанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса меафтад ва як деҳқон захм мебардорад.”
Аммо “Sputnik Тоҷикистон” аз қавли Зикрулло Каримов, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ навишт, ки ӯ мегӯяд, “субҳи 10 март сарҳадбонони қирғиз ба сӯйи чанд сокини деҳа, ки ба шинонидани ниҳол дар заминҳои худ машғул буданд, шиллик карданд.”
Рӯзи чоршанбе, 9-уми март кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба хотири ҳамлаи Русия ба Украина таҳримҳои тозаеро болои Маскав ва Минск ҷорӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар рӯйхати нави таҳрмҳои Аврупо алайҳи Маскаву Минск қатъи дастрасии се бонки Белорус ба шабакаи байналмилалии “SWIFT” ва низ 14 алигарху 146 сенатори рус ворид карда шуданд.
Комиссиюни Аврупо бо интишори матлабе дар ҳисоби Твиттериаш хабар дод, ки кишварҳои ИА ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки “содироти қитъаҳо ва технологияҳои дарёии сохти Русияро мамнуъ ва арзҳои рамздори диҷитолиро низ вориди таҳримҳо кунанд”.
We are further tightening the net of sanctions responding to Russia’s military aggression against Ukraine
🔹Listing 160 individuals: oligarchs, Russian Federation Council members 🔹Belarus banking sector 🔹Export of maritime navigation technology to Russia 🔹Adding crypto-assets
— European Commission 🇪🇺 (@EU_Commission) March 9, 2022
Пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина, Ғарб барои ин ки Русия нерӯҳояшро аз Украина берун кашад, таҳримҳои шадиде болои Маскав ҷорӣ кард. Бар асари таҳримҳо аксари ширкатҳои пурнуфузи ғарбие, ки дар бозори Русия фаъол буданд, фаъолияти худро қатъ карданд. Аз ҷумла худи ҳамин рӯз ширкатҳои “McDonald’s”, “Coca-cola” ва ғайра аз қатъи фаъолияти худ дар бозорҳои Русия хабар доданд.
Аммо Садои Олмон мегӯяд, ки Вазорати мудофиаи Русия масирҳои ин “долонҳои гуманитарӣ”-ро ба самти Русия ва Белорус боз кардааст.
Аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина 14 рӯз мегузарад. Русия субҳи 24-уми феврали соли 2022 ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз карда буд. Ба гуфтаи Созмони Миллали Муттаҳид дар муддати ин 14 рӯзи ҷанг дар Украина наздик ба 2 миллион нафар муҳоҷир шудааст.
Русия мегӯяд, ки замоне қатъ хоҳад кард, ки Украина пайвастани Қримро ба хоки Русия расман бишносад ва истиқлолияти “Ҷумҳурии халқии Луганск” ва “Ҷумҳурии халқии Донетск”-ро эътироф карда, бо ворид кардани тағйирот дар Сарқонуни ин кишвар аз пайвастан ба НАТО ва дигар блокҳои низомӣ худдорӣ варзад.