Хона блог саҳифа 510

ВКД алайҳи Иззат Амон парвандаи нав боз кард

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бар зидди Иззат Амон, фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки чанде пеш ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, парвандаи нав боз кардааст.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбааш аз ВКД хабар медиҳад, ки нисбати Иззат Амон бар асоси “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи нав боз шудааст. Дар ҳолати исботи ин иттиҳом 125 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндон ӯро интизор аст.

Ба гуфтаи манбаъ, як сокини шаҳри Бохтар бо номи Нурулло Воҳидов аз болои Иззат Амон шикоят бурдааст. Дар пайи шикояти Воҳидов барои анҷоми тафтишот ҳафтаи гузашта Иззат Амонро аз зиндон ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Инчунин Нурулло Воҳидов бо нашри наворе дар Ютуб иддао кардааст, ки Иззат Амон аз ӯ даҳ ҳазор доллар гирифта, то ҳанӯз барнагардондааст. Маълум нест ин навор кай ва дар чӣ шароит гирифта шудааст.

Модари ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Ашурбӣ Холова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин парвандаро беасос хонда гуфтааст, ки даъвогарро хуб мешиносад.

“Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд”, – мегӯяд модари Иззат Амон.

Назари худи Воҳидов дастраси расонаҳо нест ва то ҳол ӯро бо Иззат Амон ва наздиконаш рӯбарӯ накардаанд.

Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро даст доштан дар ҷинояти “қаллобӣ” гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октябри соли 2021 бо ҳукми додгоҳ барои напардохтани 220 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Марзҳои Тоҷикистон Узбекистон боз шуданд. Дигар озмоиши COVID-19 лозим нест

0

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти чораҳои зиддиэпидемикии Тоҷикистон шуруъ аз 15-уми марти соли равон фаъолияти марзҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба реҷаи оддӣ гузашта, озмоиши COVID-19 ҳатмӣ нест.

Акс аз “Sputnik Тоҷикистон”

Тавре АМИТ “Ховар” аз Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, баъд аз 15-уми марти соли ҷорӣ ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон дигар аз мусофирон ташхиси вирусологӣ барои мавҷудияти ин беморӣ талаб карда намешавад. Пешниҳоди гувоҳномаи эмкунии пурраи зидди коронавирус кифоят аст. Ҷониби Тоҷикистон гувоҳномаҳо дар бораи эмкуниро, ки мақомоти расмии Узбакистон ё дигар кишварҳои ИДМ дода бошанд, расман эътироф мекунад.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишвари ҳамсоя қабул карда шудааст.

“Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд”, — омадааст дар қарор.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.

Боз нархи бензину газ дар Тоҷикистон гарон шуд

0

Дар Тоҷикистон нархи бензин, газ ва сӯзишвории дизелӣ дубора гарон шуд.

Ба навиштаи расонаҳо, болоравии қимати бензин, газ ва дизел дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан дар вилояти Суғд мушоҳида мешавад.

Бино ба иттилои ширкатҳои сӯзишвории Суғд, ҳоло арзиши як литр бензини АИ 92 – 10,7 сомонӣ, АИ 95 – 11,2 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 10,9 сомонӣ ва гази моеъ – 6,3 сомонӣ мебошад.

Дар қиёс бо нархи як ҳафта пеш сӯзишворӣ 20-40 дирам гарон шуда, афзоиши нархҳо дар дигар манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе ва вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад.

Дар пойтахт қимати бензини АИ 92 -10,8 сомонӣ,АИ 95 – 11,4 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11 сомонӣ ва гази моеъ низ то 6,4 сомонӣ боло рафтааст.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш бензин вобаста ба навъи он аз 10,4 то 10,9 сомонӣ фурӯхта мешуд. Сӯзишвории дизелӣ 10,6 сомонӣ ва гази моеъ 6,2 сомонӣ арзиш дошт.

Намояндагони расмии ширкатҳои сӯзишворӣ то ҳол сабаби тағйири нархро шарҳ надодаанд. Аммо таҳлилгарон тағйири нархҳоро ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, пас аз ҳамла ба Украина рабт медиҳанд.

Мулоқоти вазирони хориҷии Украина ва Русия дар Туркия

0

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 10-уми март вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Анталияи Туркия мулоқот кунанд.

Вохӯрии қарибулвуқуи вазирони хориҷии Русия ва Украинаро вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар саҳифаи Твиттераш тасдиқ кардааст.

Ин нишасти сеҷониба, Турикия, Русия ва Украинаро лаҳзае пеш Маскав низ таъйид кард.

Оқои Чавушӯғлу зимни эъломи ин хабар дар Твиттераш навишт: “Дар пайи иқдомоти раисиҷумҳур ва талошҳои дипломатии мо (ҳукумати Туркия) вазирони хориҷаи Русия Сергей Лавров ва Украина Дмитрий Кулеба тасмим гирифтанд, ки дар “нишасти дипломатии Анталия” бо ҳузури ман ширкат кунанд.”

Қатли бераҳмонаи ҷавондухтари тоҷик аз сӯи тоҷикон

0

Як ҷавондухтари 20-солаи тоҷик дар ноҳияи Всеволожски вилояти Ленингради Русия аз ҷониби чанд шаҳрванди Тоҷикистон бераҳмона ба қатл расонида шудааст. Расонаҳо мегӯянд, чашмони ин духтар аз косахонаи сараш берун карда шудааст.

Ба иттилои “ivbg.ru“, мақомоти интизомии ноҳияи Всеволожск рӯзи 6 март бо гумони даст доштан дар куштори духтари 20-солаи тоҷик се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд. Аз боздоштшудагон, Бахтиёри 47-сола ва писари 27-солааи ӯ Хусниддин ва Қудратуллои 25-сола ном бурда мешавад. Ин духтари кушташуда дӯстдухтари Ҳусниддин гуфта мешавад.

Ба гуфтаи муфаттишон, ангезаи куштор рашк будааст. Хусниддин фаҳмида, ки дӯстдухтараш бо падараш робитаи маҳрамона дорад, ӯро ба қатл раосндааст. Аммо худи ҷавон бо падараш Бахтиёр даъвое надоштааст. Пулиси Всеволожск мегӯяд, падари ин ҷавон, Бахтиёри 47-сола низ шахсан дар ҷои куштор ҳузур доштааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки 18 сентябри соли 2021 Қудратулло ва Хусниддин, ду шаҳрванди Тоҷикистон духтарро ба деҳаи Мяглово бурда, дар он ҷо бо тамасхур нуги таппончаи травматикиро ба дахонаш андохта, чанд маротиба тир холӣ карда, сипас бо оҳан ба сараш зада куштаанд.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ҳангоми пайдо кардани ҷасади ҷавондухтари тоҷик, чашм надоштааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин кори нафарони боздоштшуда аст ё парандагон. Ҳамчунин гуфта мешавад, ҷоғи марҳум шикаста, дар гарданаш осори бӯғӣ ва дар дастонаш осори ресмон маълум шудааст.

То ҳол назари боздоштшудагон ва надикони онҳо ва инчунин аз кадом ноҳияи Тоҷикистон буданашон дастраси расонаҳо нест.

Табрик ва таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон ба занон

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи бонувон занону духтарони кишварро табрик карда, аз онҳо хост, ки сарфаву сариштакор бошанд.

Аксс аз сомонаи Хадамоти матбуоти Президент

Эмомалӣ дар ин табрикоти худ гуфт, ки “инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.

Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “тибқи дастури Роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030″ таҳия шуда истодааст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар охири ин паёмаш таъкид кард, ки “вусъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як оила, пеш аз ҳама, занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ” талош намоняд.

Дар ин паём Президенти Тоҷикистон аз модарону хоҳарони кишвар хост, ки фарзандони худро “аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва суннатҳои фарҳангии бегона эмин нигоҳ доштани онҳо кӯшиш намоянд.”

Бо пахши ин паём фаъолони маданӣ ва корбарон Раҳмонро ба он муттаҳам мекунанд, ки гуфтаҳояш бо амалҳояш мувофиқ нест. Онҳо мегӯянд, Раҳмон дар ҳоле аз модарони тоҷик изҳори ифтихору эҳтиром мекунад, ки бонуи тоҷик Шоҳида Маҳмадҷоноваро бегуноҳ ба хотири суханрониҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба (Абдураҳмон-09) зиндонӣ кардааст ва мақомот ҳатто намегузоранд наздиконаш аз ҳолаш бо хабар шаванд.

Эълони оташбас муваққат дар ду шаҳри Украина

0

Субҳи 5-уми март барои берун кардани ғайринизомиён дар шаҳрҳои Мариупол ва Волноваха байни қувваҳои Русия ва Украина оташбас эълон шуд.

“Интерфакс” аз қавли Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар шаҳрҳои Мариупол ва Волновахаи Украина, ки дар муҳосираи нерҳои Русия қарор доштанд, оташбаси муваққатии 5-соата эълон шуда, долонҳои башардӯстона аз соати 10:00-и рӯзи шанбе барои хуруҷи мардуми ғайринизомӣ таъсис доданд.

Шӯрои шаҳри Мариупол оташбас бо нерӯҳои Русияро таъйид карда, ба шаҳрвандони ин ноҳия эълон карданд, ки метавонанд бо мошинҳои шахсӣ ва автобусҳое, ки барои интиқоли мардум омода шудаанд, ба самти шаҳри Запороже ҳаракат кунанд.

Дар давраи дуюми музокироти намояндагони Маскав ва Киев барои берун кардани мардуми ғайринизомӣ аз майдони даргирҳо тавофуқ ҳосил шуда буд, ки барои наҷоти онҳо долонҳои башардӯстона таъсис дода мешавад.

Ҳаракати муҳраҳои иқтисоди дунё дар ҷанги Украина

0

Дар замони ҷанг дар бештари вақтҳо ҳар ширкат ва ҳар кишваре бар асоси манофеи кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва ё дарозмуддати худ дар яке аз тарафҳои набард паҳлӯ мегирад.

Иттиҳоди Аврупо ахиран эълон карда буд, ки мехоҳад то замистони оянда вобастагии худро дар таъмини газ аз Русия ба поён бирасонад.

Иёлоти Муттиҳида Амрико ва ширкатҳои амрикоӣ низ дар таъмини нафту газ ба Аврупо хеле саҳми хуб доранд. ИМА борҳо аз Олмон хоста буд, ки прӯжаи лӯлаи интиқоли гази Русия мавсуб “Северного потока-2”-ро қатъ кунад, аммо Олмон то ҳамлаҳои ахири Русия ба Украина ин корро накарда буд. Акнун ин прӯжа низ қатъ шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад дар таъмини энержӣ, аз ҷумла нафту газ на вобастаи Амрико бошаду на аз Русия.

Аврупо аз Қатар хоста буд, ки дар таъмини нафту газ ба Иттиҳоди Аврупо кумак кунад. Қатар дар посух гуфт, дар кӯтоҳмуддат имкон надорад, дар таъмини заг аз ҳадди муайян зиёд кумак кунад. Аммо муҳраҳое аз Исроилу Озарбойҷон ва дигар кишварҳои нафтхезу тавлидкунандаи газ барои ҷои пои мустаҳкамтар пайдо кардан дар ин бозори бузурги Аврупо ба ҳаракат даромадаанд.

Дар ҳамин ҳол кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бар ин боваранд, ки барандаи асосии ҷанги дар Украина онҳо хоҳанд буд, аммо аз сӯи дигар хуб медонанд, ки дар ду даҳсолаи ахир Русияву Амрико ва муттиҳодони онҳо дар Шарқу Ғарб  чӣ балоҳоеро бар сари Ироқу Сурия оварданд. Яке аз ҳадафҳои ҳамлаи ИМА ва муттаҳидонаш ба Ироқ барои даст овардани нафти арзон буд ва яке аз ҳадафҳои ворид шудани Русия ба ҷангҳои Сурия низ пешгирӣ аз ба роҳ мондани прӯжаи хатти интиқоли гази нисбатан арзони Қатар ба Аврупо.

Шояд ба ҳамин хотир кишварҳои Қатар, Эрон, Ироқ, Кувайт аз дигар ҳамсояҳои Арабистони Саудӣ ҳам дар замони ин ҷанг оромона ва то метавоннанд фаровардаҳои нафту газии худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ зиёдтар арза мекунанд.

Эрон низ интизор дорад, ки дар зудтарин фурсат дар парвандаи ҳастаияш бо Армрико канор биёяд ва бо бардоштани таҳримҳо дубора тавонад озодона газу нафташро ба фурӯш гузорад. Аврупо ҳам умедвор аст, ки бо бардоштани таҳримҳои Эрон нархи нафту газ, ки дар ин шабу рӯз ба болотарин ҳадди худ дар 8 соли ахир расидааст, арзонтар шуда ва аз вобастгии нафту гази Русия бораш сабуктар гардад.  

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Эрон: Афзоиши чандбаробарии равобити тиҷоратӣ бо Тоҷикистон

0

Раиси ҷумҳури Эрон мегӯянд, ки дар шашмоҳи ахир равобити тиҷоратӣ бо Тоҷикистон чанд баробар рушд кардааст.

Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон дар як сухнариаш мегӯяд: “Мо алъон бо Тоҷикистон равобити тиҷориамон аз рӯзе, ки ман рафтам ба иҷлоси Шонгоҳой то имрӯз, ки чанд моҳ бештар намегузарад, 3-4 баробар шудааст.”

Президенти Эрон дар сентябри соли 2021 пеш аз сафараш ба Тоҷикистон эълон карда буд, ки ин сафар саҳфаи наверо дар муносиботи Эрону Тоҷикистон боз хоҳад кард. Саҳфае, ки муносибатҳои сарди ду кишварро пушти сар гузошта, аз оғози муносибатҳои гамру самимӣ дарак хоҳад дод.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрону пас аз ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015 дар Душанбе ва муттаҳам кардани Эрон дар ин қазия ва пуштибониаш аз нерӯҳои мухолифин, бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сард шуда буд.

Аммо аз нимаи соли 2018 ба ин сӯ дида мешуд, ки ҷонибҳо барои тармиму бозсозии муносибатҳои худ талош доранд. Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар чанд маврид расман Эронро ба пуштибонӣ аз ҲНИТ, қатлҳои занҷиравии рӯшанфикрон ва ҳимоятҳои молӣ аз мухолифин муттаҳам кард, вале аз он тараф Эрон вокуниши ҷиддие аз худ нишон намедод.

Гуфта мешавад, пеш аз ин Тоҷикистон низ дар барои беҳтар шудани равобити тиҷоратӣ ва иқтисодиаш бо Эрон хабар дода буд, вале дар бораи ин иддаои Иброҳим Раисӣ, ки мегӯяд, тайи 6 моҳи ахир равобити тиҷоратии Эрон бо Тоҷикистон 3-4 баробар бештар гардида, то кунун чизе нагуфтааст.

Фармони нави Раҳмон дар бораи даъвати ҳарбӣ. “Облава” шиддат мегирад?

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми март бо судури фармоне ба мақомоти КДАМ ва ВКД дастур додааст, барои даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даст ба кор шаванд.

Мувофиқи фармони нави Раҳмон сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро ба охир расондаанд, аз моҳҳои апрел-майи соли 2022 ба хонаҳои худ рухсат мешаванд. Ва ҳамчунин дар моҳҳои апрел-май ҷавонони ҷинси мард аз 18 то 27-сола барои адои хидмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар фармони худ дар баробари Вазорати мудофиа ва кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, инчунин ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохила ва раисони шаҳру ноҳияҳо низ дастур додааст то ҷавононро ба сафи артиш даъват кунанд.

Дар баробари ин, ба Вазорати фарҳанг барои инъикоси мавсими даъвати ҷавонон ба артиш вазифадор шудааст.

“Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.”, омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.