19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 521

Муҳоҷирон метавонанд аз Русия бо қарз маблағ фиристанд

0

Низоми хидматрасонии пардохти “Золотая Корона” аз 11-уми октябри соли ҷорӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳад, ки интиқоли пулро аз Русия ба тариқи қарз иҷро кунанд. Дар ин бора “

Дар марҳилаи аввал муҳоҷирон метавонанд аз 5 то 15 ҳазор рубл қарз гиранд. Дар давоми 21 рӯз, фоиз ситонида намешавад ва пас аз ба охир расидани  21 рӯз, фоизи он 1% дар як рӯз хоҳад буд. Хидмат дар аввал дар ҳама салонҳои “Мегафон” дастрас хоҳад буд, баъдтар Золотая Корона нақша дорад, ки тамоми инфрасохтори худро густариш диҳад. Қарзҳо аз ҷониби ширкати қарзии хурди “Страна экспресс” дода мешаванд.

“Золотая Корона” аз маҳсулоти нав тавассути комиссияҳо даромад ба даст меорад. Меъёри асосӣ 1% -и маблағи пардохт хоҳад буд, аммо на бештар аз 1000 рубл, 20 доллар ё 15 евро.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июн системаҳои интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ 720 миллион доллар фиристода буданд. Ин натиҷаи беҳтарин дар се соли охир аст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муштариёни асосии низоми интиқоли пул мебошанд, дар солҳои 2020-2021 коҳиш ёфтаанд, аммо даромади онҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Ба зудӣ ба Тоҷикистон қариб 1 млн воксин ворид мегардад

0

Қарор аст дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон наздик ба як млн воя ваксина аз Чин ва Аврупо ворид гардад.

Хабаргузории АМИТ “Ховар” бо такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки “моҳи октябр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» (Чин) ва 302 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» (Аврупо) ворид карда мешавад”.

Наврӯз Ҷафаров, сардори Раёсати амнияти санитариии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар кишвар ба шаҳрвандон аз ваксинаҳои “AstraZeneca”-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech» -и ИМА ва ваксинаи русии “Спутник V” зада мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои дуру наздик дар чанд марҳила 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.

Ҳамзамон бар асоси маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 2 млн (2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар) ё 39,6 дарсади шумораи умумии аҳолии аз 18 – сола болои кишвар воксини зидди коронавирус гирифтаанд. Дар ин миён вояи дуюми воксинро ба 1 миллиону 565 ҳазору 281 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон задаанд.

Дар гузориши Вазорати тандурустӣ гуфта мешавад, ки 99,6 сокинони шаҳри Душанбе воксин зада шудаанд. Ба омори овардаи Вазорат, корбарон шак доранд.

Раҳмон дар ҷои масҷид дарахт нишонд

0

Эмомалӣ Раҳмон се сол пас аз вайрони кардани масҷиди Қайнар дар ноҳияи Восеъ тавассути муҳофизаш Мурод Саидов, дирӯз дар ҷои масҷиди вайроншуда як боғи фароғатиро ифтитоҳ кард.

Акс аз навори гузориши барномаи “Ахбор”

4-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. Ӯ дар деҳоти Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ин ноҳия ҳавзи таърихии “Қайнар”-ро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ин иншооти фарҳангӣ, ки дар он дарахтони гуногун шинонда шудааст, дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид”, ки моликаш телехе президент Мурод Саидов дониста мешавад, сохта шудааст.

Мурод Саидов дар соли 2018 масҷиди ин деҳаро, ки тавассути эшонҳои таҳҷоӣ сохта шуда буд, ба хок яксон карда буд.

Ба гуфтаи як сокини ин ноҳия, ки нахост номаш гирифта шавад, дар ин мавзеъ пештар масҷид бино шуда буд, ки онро эшонҳои маҳалла сохта буданд. Соли 2018 муҳофизи Раҳмон Мурод Саидов онро баст ва сипас харобаш кард. “Имрӯз Раҳмон дар ҷои ҳамон масҷиди эшонҳо дарахт шинонд. Ин масҷидро ду сол пеш муҳофизи Раҳмон вайрон карда буд”, – мегӯяд мусоҳиби Аздо тв.

Дар Тоҷикистон газу бензин арзон мешавад?

0

5-уми октябр, мақомоти Тоҷикистону Қазоқистон  дар шаҳри Нур-Султон дидор ва масъалаи таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи сешанбе Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Магаумов мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот инчунин намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои қазоқистонии “КазМунайГаз” ва «Тенгизшевройл» иштирок доштанд.

“Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд”, – омадааст дар хабари вазорат.

Аммо маълум нест, ки тибқи созишномаи ду тарафа кай ва чӣ миқдор маҳсулоти нафтӣ аз кишвари Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз аввали соли ҷорӣ гароншавии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба назар мерасид. Аммо баъд аз даргириҳои хунуни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нархи он якбора гарон шуд, ки дар натиҷа роҳкиро ва нарху наворо низ дар бозорҳои кишвар боло бурд. Тоҷикрон гароншавии маводи хӯрокаро низ ба гароншавии маводи сӯхт рабт медиҳанд.

Путин: Барои ҳимояти марзи Тоҷикистон омодаем

0

Валидимир Путин, Раисҷумҳури Русия мегӯяд, омодааст барои таъмини амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон кумакҳои моддӣ ва техникӣ кунад.

Акс аз Интернет

Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора Дафтари матбуоти президентҳои ду кишвар рӯзи сешанбе хабар доданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раисҷумҳури Русия, Путин дар суҳбат бо Раҳмон ӯро ба зодрӯзаш табрик гуфта, барои таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба хусус дар расондани кумакҳои моддию техникӣ барои ҳифзи марз изҳори омодагӣ кардааст.

“Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, бахусус таҳкими моддию техникии ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон бо назардошти авзоъи ахир дар ин кишвар изҳори омодагӣ кард.”, омадааст дар хабар.

Пидром: Душанбе метавонад дар сулҳи Афғонистон нақши калидӣ бозад

0

Сиёсатмадорони афғонистонӣ Душанберо макони муносиб барои гуфтугӯ ва музокитрот байни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон медонанд.

Латиф Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон дар суҳбат бо ТАСС гуфт, “Нерӯҳои муқовимат дар Афғонистон омодаанд бо намояндагони ҳаракати Толибон гуфтушунид кунанд ва ҳеҷ гоҳ музокирот бо Толибонро рад накарданд, бовар доранд, ки Тоҷикистон метавонад барои чунин муколама ин як минбари хубе шавад.”

Пидром афзуд, ки Муқовимати миллии Афғонистон аз Тоҷикистон дастгирии сиёсӣ, башардӯстона ва маънавӣ интизор аст. “Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи мардуми Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон дигар дар канор нест ва бояд дар сафи пеш бошад ва ҳамчун ҳамсояи наздиктарин қарорҳои муҳим қабул кунад”, – гуфт раиси ҲКМА.

Ба назари ин сиёсатмадор агар Душанбе ташаббус нишон диҳад, метавонад дар расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон нақши ҳалкунанда бозад.

17-уми сентябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо Имрон Хон, Сарвазири Покистон дар ҳошияи Иҷлоси ШОС дар Душанбе дар ин масъала изҳори омодагӣ карда буд.

Раҳмон пештар ҳам аз ҳаракати Толибон хоста буд, ки дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ташкил шавад ва ҳарчи зудтар ба низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшери Афғонистон хотима дода шавад.

Латифи Пидром дар ҳоле дар ин суҳбаташ бо хабаргузории “ТАСС”-и Русия изҳори ноумедӣ аз Тоҷикистон мекунад, ки хабарҳои охири Ҷамҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз Тоҷикистон ҳокӣ аз он ҳастанд, ки на танҳо Пидром, балке хеле аз раҳбарони мухолифини Толибон, ки бо умеди муборизаҳои сиёсӣ ва лоҷистикӣ алайҳи Толибон дар Душанбе ҷамъ шуда буданд, акнун аз мавзеъгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ноумед шуда, дар ҳоли тарк кардани Тоҷикистон мебшанд.

20 ҷипи ИМА ба Тоҷикистон

0

Сафорати ИМА дар Душанбе дар доираи кумакҳояш барои таҳкими марзҳо ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад мошини ҷипи J8 тақдим кард.

Арзиши ин мошинҳо ҳудуди 1,4 миллион доллар қимат дошта, ба нерӯҳои вижаи Вазорати мудофиа имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои сомонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар маросими тақдими мошинҳо сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм ва муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Хусрав Бобозода иштирок карданд.

Гуфтанист, ИМА дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва ба рушд ва ҳамкориҳои низомӣ ба маблағи 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак расонидааст.

Муроҷиати ҲНИТ ба созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар

0

Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр бо пахши

ҲНИТ дар муроҷиати худ аз созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар хоста, ки ба ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ расидагӣ кунанд. Ҳамчунин ин ҳизб аз Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ хостори зери назорати қатъӣ қарор додани зиндонҳои Тоҷикистон шуда, талаб намудааст, ки ҳатман бо зиндониёни сиёсии зери хатар дар кутоҳтарин муҳлат мулоқот намояд.

Шакли комили муроҷиатномаи ҲНИТ:

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қазияи ахири зиндониёни сиёсиашро пайгирӣ намуда аз вазъияти онҳо сахт нигарон гаштааст ва масъулияти ҳар ҳодисаи ба сари аъзояш омадаро маҳз бар души Раҳмон, Ятимов, Раҳмизода ва Умаров медонад.

ҲНИТ бар ин бовар аст, ки латукуби Ҳикматулло Сайфуллозода пас аз нашри номаи онҳо дар расонаҳо ҳадафмандона буда, таҳдиди Раҳматуллои Раҷаб низ маҳз ба ҳамин хотир сурат гирифтааст. ҲНИТ бовар дорад, ки ҷони 4 нафар аъзояш пас аз расонаӣ шудани номаи онҳо дар хатар аст ва мақомот барои тарсондан ва сокит кардани бақияи зиндониён ҳамла алайҳи он 4 нафарро тарҳрезӣ кардаанд.

Бар асоси як маълумоти дигар чанде пештар зиндонии сиёсии дигари узви ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлатро низ ба ҳамон зиндони нав интиқол додаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидҳо ба ҷони аъзои зиндонии РО, мо аз эҳтимоли рух додани ҳар тавтеаи дигаре дар ин зиндон нигарон ҳастем ва аз ҳоло эълон мекунем, ки шахсан Раҳмон, Ятимов, Раҳимзода ва Умаров масъули ҷони зиндониёни сиёсӣ мебошанд ва ҳеҷ иттифоқе дар зиндон бидуни иҷозати ин афрод руй намедиҳад.

Бинобарин ҲНИТ аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи башар, созмонҳои зидди шиканҷа, созмонҳои ҳимоят аз хабарнигорон, созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ ва тамоми неруҳои озодихоҳ дархости онро дорад, ки дар ҳифзи ҷони ин афроди бегуноҳ бетараф набошанд ва барои ҳимоят аз ҷони онҳо тамоми талоши худро анҷом диҳанд.

Бинобарин талаб мекунем, ки:

– Зиндонҳои кишвар бо василаҳои иртиботии озод ва доимӣ таъмин карда шаванд.

– Дастрасии хабарнигорон ба зиндонҳо комилан барқарор карда шавад.

– Дидор аз зиндонҳои кишвар барои созмонҳои байналмилалӣ дар ҳама ҳолат иҷозат дода шавад.

– Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ зиндонҳои Тоҷикистонро зери назорати қатъӣ қарор диҳад ва ҳатман бо зиндониёни сиёсии зери хатар дар кутоҳтарин муҳлат мулоқот намояд.

– дар сурати рух додани ҳаргуна ҳодисае нисбат ба зиндониёни сиёсӣ, ба хусус муаллифони нома, афроди дар боло зикршуда ба руйхати таҳримҳои созмонҳо ворид карда шаванд.

– Дар сурати рух додани ҳар гуна ҳамла ё ҳодисаи дигар ба зиндониёни сиёсӣ, дороиҳои афроди дар боло зикр шуда дар саросари дунё масдуд карда шаванд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин хостаҳои худро аз роҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ пайгирӣ хоҳад кард ва дар ин кор аз созмонҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ даъват ба ҳамкорӣ мекунад.

Раёсати Олии ҲНИТ

05. 10. 2021

Боздошти чанд тоҷикистонӣ бо иттиҳоми пайравӣ аз Ҳизб-ут-таҳрир

0

Нерӯҳои амниятии Русия (ФСБ) ҳашт узви созмони “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро дар яке аз минтақаҳои Маскав боздошт кард.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “Москва 24“, боздоштшудаҳо идеологияи ифротгароиро паҳн мекарданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти нерӯҳои амниятии Русия дар миёни боздоштшудагон ду нафар аз раҳбарони ин гурӯҳ низ боздошт шудаанд.

Дар навор намоиш дода мешавад, ки чи гуна нерӯҳои амниятӣ барои дастгир кардани афроди ин созмони мамнӯъ дар Русия амалиёти вижаеро ҳамроҳ бо нерӯҳои махсуси ВКД-Русия анҷом медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ чунин амалиётҳои вижа дар Маскав, Новосибирск, вилояти Новосибирск, Якутск, Красноярск ва Канск сурат гирифтааст. Дар маҷмӯъ, 31 нафарро дастгир кардаанд, ки на танҳо аъзои оддии ин созмонҳо буда, балки раҳбарони онҳоро низ боздошт кардаанд. Гуфтанист, дар миёни дастгиршудаҳо шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ҳаст.

Пештар Хадамоти ФСБ аз боздошти панҷ нафар пайравони Толибон бо шумули ду раҳбари ин гурӯҳ гузориш дода буд, ки дар миёни боздоштшудаҳо як шаҳрванди рус Сангчаров ва Мусофиров зодаи Тоҷикистонро барои як амалиёти террористӣ ва таблиғу ҷалби идеологияи ифротӣ дастгир кардаанд.

Мақомоти Русия онҳоро барои ширкат дар созмони террористӣ айбдор дониста. бар асоси моддаи 205.5 -и Кодекси ҷиноии Русия, нисбати ин афрод аз 10 то 20 соли зиндонро дар назар доранд.

Тоҷикдухтаре барандаи ҷоизаи “Духтарони Осиё” шуд

0

Баранадаи имсолаи ҷоизаи “Духтарони Осиё” дар Сингапур як ҷавондухтари тоҷик бо номи Зебо Фурқатзода шудааст.

Ҷоизаи “Духтарони Осиё” ҳамасола аз ҷониби бунёди “Боғи умеди Сингапур” (Garden of Hope Foundation) ба занон ва духтарони фаъоли Осиё эҳдо мешавад, ки дар заминаи рушд ва тавсеаи занон саҳм гузоштаанд.

Дар эъломияи ин бунёд омада, ки барандаи ҷоизаи “Духтарони Осиё – 2021” Зебо Фурқатзода, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зебо Фурқатзода дар тӯли марҳалаҳои интихоб ҳунарҳои наве омӯхтааст. Ӯ инчунин аз фаъолиятҳои нависандагияш дар Осиёси Марказӣ гуфтааст.

Зебо Фурқатзода тасмим дорад, ки достонҳои навишташудаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китобе нашр кунад ва умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида шавад.

Бунёди Боғи Умеди Сингапур (Garden of Hope Foundation) як созмони ғайри давлатиест, ки  дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, тарвиҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунанд.

Ин созмон ҳамчунин барномаҳои вижае барои ҳимоят ва дастгирии  занони осебпазир роҳандозӣ кардааст ва қурбониёни хушунатҳои ҷинсӣ, занон ва кӯдакони бозмонда аз ҷангро сарпарастӣ мекунад.

Зебо Фурқатзода, зодаи шаҳри Хӯҷанд ва донишҷӯи United World College Сингапур мебошад ва дар соли 2019 низ ӯ барандаи озмуни  «Хонандаи соли 2019» шаҳри Хуҷанд гардида буд.