Хона блог саҳифа 522

Бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон кушода мешавад?

0

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфт, бузургтарин масҷиди Тоҷикистон аз комиссияи давлатӣ гузашта ва омода аст дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз кунад.

Давлатзода рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, ки ифтитоҳи масҷид моҳи марти соли 2020 пешбинӣ шуда буд, аммо ба далели пандемияи коронавирус намояндагони Қатар ба Точикистон омада натавонистанд ва ба ин далел кушодашавии масҷид ба таъхир афтод.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Давлатзода дар ин нишаст таърихи дақиқи ифтитоҳи бузургтарин масҷиди кишварро нагуфт, танҳо зикр кардааст, ки: “Мо интизори омадани меҳмонон ҳастем”.

Сохтмони ин масҷиди бузурги кишвар расман соли 2009 бо сармоягузории давлати Қатар оғоз шуда буд, вале бо далелҳои зиёд то ҳол дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз накардааст. Гуфта мешавад, ин масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе дар масоҳати 12 гектар сохта шуда, аз чаҳор манораи бузург бо баландии 65-метрӣ ва як гунбази асосии баландияш 47 метр ва боз 20 гумбази хурди дигар, инчунин толорҳои хурду калон барои нишасту вохӯриҳо ва қабули меҳмонон, китобхона, як осорхона ва ғайра иборат аст.

Сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

0

Субҳи имрӯз, 8-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари серӯза озими вилояти Суғд шуд.

Акс аз саҳфаи Хадамоти матбуоти президент

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” Президенти Тоҷикистон дар ин сафари худ дар кори “таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ” ширкат мекунад.

Ҳамзамон дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳҳои алоҳидае аз мардум дидор ва суханронӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта борҳо таҷриба нишон додааст, ки аксар коргоҳу корхонаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳо онҳоро ифтитоҳ карда буд, пас аз чанд рӯз аз фаъолият бозмонданд.

Гуфта мешавад, аксар корхона ва коргоҳҳое, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин сафари серӯзаи худ ба вилояти Суғд дар рафти таъсис ва ифтитоҳи онҳо ширкат мекунад, коргоҳу корхонаҳои хусусӣ буда, бо пули тоҷирону соҳибкорон сохта шудаанд.

3,1 миллион сомонӣ ҷаримаи шаҳрвандон барои риоя накардани қонуни танзим

0

Маблағи умумии ҷаримаҳо барои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар соли 2021 ҳудуди 3,1 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини кишвар дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар соли гузашта дар Тоҷикистон 123353 туй ва ҷашну маросимҳои халкӣ ба кайд гирифта шуда, ин нишондод нисбат ба соли 2020, 28 ҳазору 48 адад зиёд аст.

Дар ин муддат додгоҳҳои кишвар 681 парвандаи маъмурӣ барои нақзи қонун дар бораи танзимро баррасӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2020, 72 парванда зиёд аст. Аз ин шумора 13-тои онҳо қатъ гардида, аз рӯи 668 парвандаи маъмурӣ чораҳои дахлдор андешида шудаанд.

Маблағи умумии ҷарима барои нақзи қонуни мазкур 3 миллиону 96,5 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Шаҳрвандони кишвар аз он шикоят доранд, ки бо қабули ин қонун дар соли 2009 сатҳи фасод боло рафта, танзимгарон бештар мардуми оддиро ҷарима мебанданд ва вазирону наздикони раисиҷумҳур, ки ҷашну туйҳои серхарҷ баргузор мекунанд, боре ҳам ҷарима нашудаанд.

Нуриддин Саид: Ба “Гурӯҳи 44” ҳечгоҳ “эфир” дода намешавад

0

Имрӯз 8-уми феврал раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки ба “Гурӯҳи 44” барои гуфтани суханҳояшон дар телевизиони Бадахшон “эфир” дода намешавад.

Нуриддин Саид мегӯяд, ҳар иттилооте, ки таблиғгари сиёсати ҳукумат набошад ва бар хилофи манфиати миллӣ бошад, ҳаққи пахш кардани онро надорад. Ӯ дар мисоли “Гурӯҳи 44” гуфт, ки “ҳеҷ гоҳ эфирро ба чунин шахсиятҳо намедиҳанд”.

“Гурӯҳи 44” аз ҳисоби афроди ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз гиридиҳамоиҳои сокинони ин вилоят дар охирҳои моҳи ноябр дар шаҳри Хоруғ муштаракан барои ба эътидол овардани вазъ ташкил шуд ва ҳамчун ҳайати музокиракунанда аз тарафи мардум бо намояндагони ҳукумат дониста мешуд.

Давоми фаъолияти худ “Гурӯҳи 44” борҳо аз қонуншиканӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои қудратӣ хабар дода, дар ин робита онҳо ба раиси палатаи болоии Парлумон Рустами Эмомалӣ ва Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда буданд. Аз ҷумла онҳо дархост намуда буданд, ки вазъ зери назорат гирифта шавад, чунки мақомоти қудратӣ бо амалҳои худ сулҳу суботро дар вилоят ва кишвар зери хатар мегузоранд.

Дар пайи пахши наворҳои зиёд аз телевизион Бадахшон ва сиёҳ кардани чеҳраҳои саршиноси ин вилоят, “Гурӯҳи 44” бо муроҷиатҳои пай дар пай ва навиштани нома ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хоста буд, ки ба онҳо иҷозат дода шавад то ним соат дар телевизиони Бадахшон суханҳои худро ба мардум бирасонанд.

Аммо Нуриддин Саид имрӯз ба хабарнигорон гуфт, номаи онҳо ба унвонии Кумита телевизион ва радиои кишвар нарасидааст ва агар ҳам мерасид ба онҳо иҷозати суханронӣ дода намешуд.

 

Роид Салоҳ пас аз 15 сол вориди Масҷид-ул-Ақсо шуд

0

Шайх Роид Салоҳ, раҳбари ҷиноҳи шимолии Ҷунбиши исломии Фаластин баъд аз 15 соли маҳрумият тавонист дирӯз намози шомро дар масҷиди Ақсо бихонад.

Акс аз Алҷазира

Тавре дар

Бори ахир 13-уми декбари соли гузашта шайх Роид Салоҳ аз зиндон озод шуд. Мақомоти исроилӣ ӯро бо иттиҳоми таҳрики мардум алайҳи ишғолгарони Фаластин равонаи зиндон карда буданд.

Оғози музокироти гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон

0

Аз 10 то 15-уми феврали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон гуфтушуниди навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор мешавад.

Гурӯҳи кории топографии Қирғизистонро Назирбек Берубоев, намояндаи вижаи Кабинаи вазирон дар масоили марзӣ раҳбарӣ мекунад. Аммо раҳбари гурӯҳи кории Тоҷикистон то ҳол маълум нест.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар натиҷаи 8 мулоқоти ҳайатҳо аз 1-уми майи соли 2021 то имрӯз беш аз 81 километр хатти марзӣ муайян шудааст.

Гуфта мешавад, дар муайянсозии марз санадҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 истифода хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марз беш аз ду моҳ мутаваққиф шуда буд. Тасмим дар бораи аз сар гирифтани онро тарафҳо пас аз муноқишаи моҳи январ гирифтанд.

Таҳдиди Назарзода: Мамадбоқир таслим ва ҷавонон шабона гаштанро бас кунанд

0

Ризо Назарзода, шаҳрдори шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муроҷиати телевизионии худ аз Мамадбоқир Мамадбоқиров хостааст, ки худро ба мақомот таслим кунад.

Тибқи иттилои Пойгоҳи хабарии “Помир Дайли Нюс“, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, Ризо Назарзода, шаҳрдори шаҳри Хоруғ, дар як муроҷитаи видеоии худ, ки аз тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон пахш шуд, Мамадбоқир Мамадбоқировро сардори як гурӯҳи ҷиноятӣ номида, аз вай хостааст, ки ба мақомот таслим шавад.

Ба гуфтаи Назарзода, “гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноии Хоруғ” ба рушди минтақа монеъ мешаванд ва аз ин рӯ, мардум бояд ба онҳо муқобилат кунанд.

Шаҳрдори Хоруғ Мамадбоқи Мамадбоқировро раҳбари як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ номида, аз ӯ хостааст, то дар доираи қонун ҷавоб диҳад.

Ҳамзамон шаҳрдори маркази маъмурии ВМКБ аз ҷавонони Хоруғ даъват намудааст, ки гаштзании шабонаи худро қатъ кунанд ва таҳдид кардааст, ки агар гаштзаниро қатъ накунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Абдураҳмон-09 дар куҷо аст?

0

Бедарак шудани хонум Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки тоҷик дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат наздикону пайвандони ӯро сахт нигарон кардааст.

Акс аз Озодӣ

Наздикону пайвандон ва фарзандони хонум Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон маъруф ба “Абдурраҳмон-09” бо гузашти зиёда аз 100 соат намедонанд, ки вай зиндаву саломат ҳаст ё на?

Абдураҳамон-09 дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо гузашти зиёда аз 4 шабонарӯз то ҳол ба хонаводаи онҳо хабар надодаанд, ки модарашон дар куҷо ҳаст ва бо чӣ иттиҳоме ӯро боздошт кардаанд?

Пеш аз ин АЗДО ТВ хабар дода буд, ки 2-уми феврали соли ҷорӣ мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро барои бозпас гирифтани телефони ҳамроҳаш, ки дар дасти онҳо буд, даъват карданд, вале вақте 3-юми феврал ӯ ба шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳозир шуд, ӯро боздошт карданд.

Ба гуфтаи Абдураҳамон-09 4-уми феврал падараш бо ҳамроҳи бибиаш ба назди мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат рафта пурсидаанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова дар куҷо ҳаст ва бо чӣ далел ӯро боздошт кардаанд? Мақомоти корҳои дохилӣ дар посух ба онҳо гуфтаанд, ки хабари боздошт ва дар назди кадом ниҳоди қудратӣ нигаҳдорӣ шудани ӯро пас аз 48 соат, яъне 5-уми феврал хоҳанд гуфт.

Хабари боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова аз забони писараш расонаӣ шуд, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун расман дар бораи боздошти вай иттилое надодааст.

Абдураҳамон-09 пештар ба пойгоҳи хабарии “БОМДОД” ҳам дар бораи боздошти модараш иттилоъ дода, гуфта буд, ки дар моҳҳои ахир мақомоти корҳои дохилӣ чанд маротиба наздикону пайвандонашро мавриди бозпурсӣ қарор дода буданд.

Гуфта мешавад, номи хонум Шоҳида Маҳмадҷонова, яке аз табибони тоҷик бори аввал нест, ки дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Дар гузашта ҳам барои фаъолиятҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов ва интиқодҳои ӯ аз ҳукуматдорон дар чанд маврид расонаӣ шуда, аз кори пизишкӣ маҳрум гардида буд.

Ду рӯз беҳуш хобидани Амридин Аловатшоев баъд аз шиканҷаи шадид

0

Амриддин Аловатшоев дар пайи шиканҷаи сахти мақомоти Тоҷикистон ду рӯз беҳуш хобидааст.

Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардуми Бадахшон, ки аз Маскав рабуда шуда буд, дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифта, беш аз ду рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст. Дар ин бора Алим Шерзамонов муовини раиси ПМТ дар саҳфаи фейсбукаш хабар дод.

“Бино ба иттилои расида, ду рӯз қабл Амриддин Аловатшоев мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифта, дар пайи он беш аз ду рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор гирифтааст. Ӯ то ҳол ба адвокат дастрасӣ надорад ва ба ӯ ёрии тиббӣ низ расонида намешавад”- менависад Алим Шерзамонов.

То ҳол мақомот ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.

Дар ҳамин ҳол “Pamir Daily News” дар истинод ба манобеи худ хабар медиҳад, ки Аловатшоевро охирҳои моҳи январ ба амакаш нишон додаанд, аммо амакаш пас аз суҳбат бо кормандони КДАМ дар бораи дар чӣ вазъият қарор доштани Амриддин чизе ба мардум ва расонаҳо намегӯяд.

Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Мақомоти тоҷик то рӯзи 2-юми феврал боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯро рад мекарданд.

Юсуф Раҳмон Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 2-юми феврал баргузор гардид гуфт, ки Аловатшоев аз соли 2018 дар пайгард қарор дошт ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва истирдод шуд, аммо ӯ нагуфт, ки бар зидди Аловатшоев бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки худи ҳамон рӯз, яъне 2-юми феврал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ гуфт, ки Аловатшоев Амриддин бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва Душанбе истирдод нашудааст, балки худи ӯ “аз Русия баргашт ва мо ӯро дастгир кардем, чунки нисбати ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.”

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Аловатшоев аз пеш парванда оғоз шуда буд ва дар пайгард қарор дошту бо дархости Тоҷикистон боздошт ва истирдод шудааст, аммо Рамазон Раҳимзода гуфтаҳои ӯро рад мекунад ва мегӯяд, ӯ дар пайгард қарор надошт, худи ӯ ба кишвар баргашт ва баъдан боздошт шуд. Инҷо кӣ ҳақиқатро мегӯяд номаълум аст.  

Наздикон ва нафароне, ки Аловатшоевро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба корҳои ҷиноӣ даст назадааст.

Амриддин Аловатшоев, дар миёни диаспораҳои сокинони ВМКБ дар Русия эътибори зиёд дорад. Ӯро марди дорои обрӯву эътибор ва ҳамеша омодаи дастгирии ҳамватанон медонанд.

Хулосаи хабарҳои 6-уми феврал дар бораи Бадахшон

0

6-уми феврал хабарҳои зиёде дар мавриди вазъияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар расонаҳои гуногун нашр шуд, ки хулосаи онҳоро сомонаи “

“Pamirdailynews” аз вуҷуди сарбозони белорусӣ дар Бадахшон хабар дод. Хабаргузорӣ аз қавли манобеаш менависад ҳамроҳ бо сарбозони гурӯҳи зудамали «Алфа»-и КДАМ як гурӯҳи зудамал аз Белорус ҳам ба Хоруғ интиқол дода шудааст. Ин хабар ҳанӯз аз ҷониби ҳеҷ манбаъи мӯътамад тасдиқ нашуда, аммо сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки байни низомиёни тоза дар Хоруғ ҳузрпайдокарда афроде бо зоҳири славянӣ дида шудаанд. Манобеъ меафзоянд, ки “онҳо нерӯҳои вежаи Беларус ҳаастанд”.

****

Телевизиони Бадахшон дар як гузориши ахираш 9 нафар аз сокинони Бадахшон, бахусус сокинони маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғро ҷинояткор номида, эълом дошт, ки онҳо расман дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Аз ин гузориши телевизиони Бадахшон бармеояд, ки ба эҳтимоли зиёд аксари онҳо ҷавононе ҳастанд, ки дар гирдиҳамоиҳои моҳи ноябр, ки пас аз бераҳмона кушта шудани Кулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ доир гашт, ширкат кардаанд ва мақомот алайҳи онҳо парванда боз кардааст.

****

Вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯйхати ародеро пешниҳод кардааст, ки бояд ба ҷои Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба мақомот таслим карда шаванд. Ӯ таҳдид карда, ки дар сурати иҷро нашудани ин талаб, амалиёти низомӣ дар Хоруғ ногузир аст.

Тибқи иттилоъи Pamir Daily News ин рӯйхат ба шакли зер аст:

1.Ақназаров Ақназар Алиназарович, с.т. 1992;

2.Зикилобеков Сино Файзиллобекович,  с.т. 1993;

3.Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович,  с.т. 1984;

4. Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, с.т. 1986;

5. Носиралиев Сафаралӣ Шакаралиевич,  с.т. 1973;

6. Шеров Манучеҳр Мисжитович, с.т. 1986.

Гуфта мешавад аз ҷониби  мақомот гуфтугӯ бо мардумро раҳбари ВМКБ Алишер Мирзонабот ва вакил Азиз Гиёзода мебаранд.

****

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабаре нашр кард, ки онро “Pamirdailynews” низ нашр кард, гуфта мешавад, “Бино ба иттилои расида, ду рӯз қабл Амриддин Аловатшоев мавриди шиканҷаи шадид қарор гирифта, дар пайи он беш аз ду рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор гирифтааст. Ӯ то ҳол ба адвокат дастрасӣ надорад ва ба ӯ ёрии тиббӣ низ расонида намешавад.”

****

Паймони миллии Тоҷикистон, иттҳоди мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар аз роҳанозии марафони онлайнӣ дар Ютуб барои ҳимояту дастгирӣ аз мардуми Бадахшону Хоруғ хабар дод.

Ин марафон дар саҳифаҳои ютубии Паймони миллии Тоҷикистон, Паём ТВ ва Ислоҳ ТВ ҷараён хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад марафон то ором шудани вазъи Бадахшон идома хоҳад кард.

****

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он гурӯҳе аз сокинони Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ дар муроҷиати видеоӣ мегӯянд, сабаби ин ҳама нооромиҳо дар Бадахшон фасодкории мақомот, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Онҳо меафзоянд, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз чеҳраҳои шинохта ва лидерони мардумии Бадахшон ин қонуншиканиҳои мақомотро ошкоро мегуфт ва аз мардум мехост, ки ба ришвакорӣ ва фасоди онҳо шарик нашаванд. Аз ин рӯ мақомоти кишвар мехоҳанд ӯро ҷисман аз байн баранд. Дар охир онҳо таъкид мекунанд, ки то нафаси охир аз Маҳмадбоқир ҳимоят хоҳанд кард.

****

Намояндаи Кумитаи норвежии Хелсинки Мариус Фоссум дар саҳифаи твиттерии худ аз макомоти Тоҷикистон хост аз ҳар гуна хушунат ва хунрезӣ дар Хоруғ пешгирӣ кунанд.

“Аз Хоруғ хабарҳои нигаронкунанда мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд аз хунрезӣ ва доғ кардани вазъи инфиҷорӣ ҷилавгирӣ кунанд” — навиштааст Фоссум.

Манбаъ: “Паём.net”