13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 522

Сахтар шудани ҷазо барои таълими динӣ дар Тоҷикистон

0

Аз ин ба баъд ҷазо барои таълими ғайриқонунии динӣ дар Тоҷикистон боз ҳам сахттар мешавад. Пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ, дар сурати такрори он шахс аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Акс аз навори ВКД 

Ҳукумати кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро ба Парлумон фиристодааст, ки мувофиқи ин лоиҳа ҷазои сангинтаре барои амалисозии таълимоти ғайриқонунии динӣ пешбинӣ шудааст, ба хусус агар он тариқи Интернет бошад.

Тибқи манбаи “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, “қаблан барои чунин қонушиканиҳо танҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб – аз 48 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд”.

“Ба гуфтаи манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки агар шаҳрванди бо ин далелҳо ба ҷазои маъмурӣ ҷалбшуда ин амалро дар муддати як сол такрор кунад, метавонад ба муҳлати аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.”, – омадааст дар хабар.

Дар Тоҷикистон бар асоси одатҳои мардумӣ аксари кӯдакон таълимоти ибтидоии диниро дар масҷид назди муллои маҳалла ва ё дар хонаи рӯҳоние мегирифтанд. Дар соли 2008 ҳукумат бо тасвиби қонуне дар парлумон ин амалро маҳдуд ва ғайриқонунӣ ҳисобида аксари рӯҳониёнро ба хотири таълим додани “ғайриқонунии динӣ” ҷарима ва ҳатто зиндонӣ кард.

Соли 2018 ҳукумати кишвар ба Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” тағйирот ворид кард. Тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуд ва танҳо марказҳои талимии динии давлатӣ ба ин кор вазифадор шуданд. Он замон гуфта мешуд, дар кишвар мадрасаҳои динии давлатӣ фаъолият мекунанд, вале баъди ин қонун беш аз 20 мадрасаи динии назди масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳру вилоятҳои кишвар баста шуд. Ҳоло танҳо як донишкадаи исломист дар кишвар, ки таълими динӣ медиҳад.

Қарзи “Брешно” назди кишварҳои ҳамсоя ба 62 миллион доллар расидааст

0

Қарзи Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои нерӯи барқ ​​тақрибан ба 62 миллион доллар расидааст.

Дар ин бора рӯзи Душанбе шабакаи телевизионии “ToloNews” бо такя ба изҳороти ширкати “Брешно”-и Афғонистон иттилоъ дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи содиркунандаи барқ ​​- Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон нома фиристода ваъда додааст, ки қарзро пардохт мекунанд ва аз онҳо хостааст, ки барқро хомӯш накунанд.

Ҳамчунин ин ширкат ба Миссияи кӯмаки СММ дар Афғонистон муроҷиат кардааст, то дар пардохти қарз ба онҳо кӯмак расонанд. Дар изҳороти ширкати “Брешно” қайд карда мешавад, ки дар сурати кӯмак пайдо накардан, ширкат маҷбур мешавад барои пардохти пул “ба афғонҳое фишор оварад, ки пули истифодаи барқи худро надодаанд, ҳатто агар имкон надоранд”.

Дар ҳамин ҳол масъулони “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки ширкати “Брешно” ваъда додааст, ки қарзашро “баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ” дар Афғонистон мепардозад.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як намояндаи дафтари матбуоти “Барқи тоҷик” рӯзи 5-уми октябр гуфт, умедворанд, ки ҷониби Афғонистон пули барқро медиҳад ва “вобаста ба эҳтиром ва риояи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, имрӯзҳо ҳар шабонарӯз ба Афғонистон, дар доираи талаботи истифодабарӣ, ба миқдори то 30 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад”.

Ёдовар мешавем, рӯзи 29-уми июл Маҳмадумар Асозода, муовини аввали ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон ба миқдори 457,9 миллион киловат соат барқ додаанд.

Бо ин ҳол, манбаъ нагуфтааст, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон чӣ қадар қарздор аст. Аммо гуфта мешавад Ширкати “Барқи тоҷик” як киловат барқро ба Афғонистон бо нархи 4,5 сент мефурӯшад.

Вокуниши раҳбарони кишварҳо ба фошкориҳои “ICIJ”

0

Қисме аз раҳбарони ҷаҳон ба ифшои “Асноди Пандора” вокуниш нишон доданд.

Акс аз ҳисоби твиттерии ICIJ

“Асноди Пандора” сарвати махфии раҳбарони ҷаҳонро бо теъдоди тақрибан 12 млн санад рӯзи 3-октябр ифшо кард. Дар он номи 35 раҳбар ва беш аз 300 мақомдорони баландпояи кишварҳои дунё дарҷ гардидааст. Тибқи он раҳбарони кишварҳо маблағҳои ҳангуфт ва ширкатҳои офшорие доранд, ки дар ҷазираҳои офшорӣ ба номи наздиконашон сабт шудааст.

Гуфта мешавад, дар таҳқиқи ин аснод беш аз 600 рӯзноманигор аз 117 кишвар ширкат варзидаанд. Ва ин гуруҳ 11,9 млн санадро ҷамъоварӣ ва баррасӣ кардаанд.

Созмони “Консорсиюми байналмиллалии таҳқиқоти журналистӣ” (

NEW: #PandoraPapers reveals the inner workings of a shadow economy that benefits the wealthy and well-connected at the expense of everyone else.

Дар вокуниш ба ин аснод рӯзи душанбе Котиби матбуотии президенти Русия Дмитри Песков гуфт, Путин маблағҳои махфӣ надорад ва кишвараш ҳеч далеле барои санҷиши ин аснодро намебинанд. Ва маълумот дар бораи Путинро “таҳрифшуда” хонд.

Дар ин аснод 29 ҳазор ширкати фарозаминӣ баррасӣ шудаанд. Тибқи танҳо он подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II беш аз 30 ширкатро ба хотири гурез аз андоз дар маконҳои офшорӣ сабт кардааст ва даромади онҳо низ ба ҳисобҳои офшорӣ ворез мешавад.

Аммо подшоҳи Урдун дар вокуниш ба ин фошкориҳо гуфт, “ин ҳамлаи навбатӣ болои Урдун аст, вале мо қавитарем”.  Бо ин гуфтаҳо ӯ ҳама фошкориҳои “Асноди Пандора”-ро рад кард.

Ҳамчунин баъди нашри ин хабар мардуми Покистон истеъфои нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро талаб кардаанд.

Мудири ин созмони таҳқиқотӣ Ҷерард Райл мегӯяд, нашри маводи пулшӯйии раҳбарони кишварҳо боз дар рӯзҳои наздик идома меёбад. Пеш аз ин низ фошокориҳои “Асноди Панама” низ сару садоҳои зиёдеро барпо карда буд.

Видео: ABC News In-depth

Таҷдиди феҳристи афроди алоқаманд бо терроризми Бонки миллии Тоҷикистон

0

Бонки миллии Тоҷикистон феҳристи афроди алоқаманд бо терроризмашро бозбинӣ карда, номи аксари мухолифинро аз ин рӯйхат ҳазф кардааст.

Акс аз Интернет

Дар феҳристи Бонки миллӣ, ки бо номи “Рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афроди алоқаманд бо терроризм ба қайд гирифта шудаанд”, дида мешавад, ки исми аксари мухолифин ҳазф шудааст.

Дар ин феҳристи ҷадид дида мешавад, ки аз хонаводаи раҳбари ПМТ ба ҷуз исми худи ӯ, Муҳиддин Кабирӣ ва писари калониаш Рӯҳулло Тиллозода дигар ҳама бастагонаш ҳазф шудаанд.

Инчунин дар ин феҳрист дида мешавад, исми аксари фаъолони ҷамеаи шаҳрвандӣ, ки ду соли пеш аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчун афроди алоқаманд бо терроризм сабт шуда буд, бахусус 7 рӯзноманигори тоҷик бо шумули Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайрои Бахтиёр, Амруллоҳи Низом, Шуҳрати Раҳматулло ва дигарон низ ҳазф шудааст.

Инчунин дар ин феҳристи азнав шудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки исми 2417 нафар сабт шудааст, ҳанӯз ҳам исми баъзе касоне, ки 7 сол пеш фавтидаанд, то ҳол вуҷуд дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо супориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 2019 бори дувум феҳристи тақрибан 3000 афроди алоқаманд бо терроризмро нашр карда буд, ки он бо вокуниши корбарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон рӯбарӯ шуда буд.

Твиттер саҳфаи сухангӯи Толибонро масдуд кард

0

Твиттер сафҳаи Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибонро масдуд кард. Аммо то ҳол вокуниши ин намояндаи Толибон дастраси расонаҳо нашудааст.

Баста шудани саҳифаи шахсии сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико изҳори норозигӣ карда буд, ки Твиттер ҳисоби корбарии ӯро бастааст, вале Толибон ҳаррӯз твит мекунанд ва моликони ин шабака ҳисоби онҳоро масдуд намекунад.

Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта аз як додситони додгоҳе дар Флоридои Амрико хост, то аз Твиттер талаб кунад, ки ҳисоби корбарияшро дубора боз кунанд ва ӯ ҳаққи нашр кардан дошта бошад.

Ширкати Твиттер дар моҳи январи имсол ҳисоби корбарии Доналд Трампро ба далели “хатари таҳрик ба хушунат” пок карда буд. Твиттер бо вуҷуди вокунишҳои зиёди Трамп то ҳол онро барқарор накардааст.

Тоҷикистон дорои бадтарин сифати интернет дар Осиёи Марказӣ

0

Дар нашри сеюми солонаи

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар ҷаҳон мақоми 104 -умро ишғол мекунад ва аз ҳамаи панҷ ҷузъи DQL ақиб мемонад.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки сифати интернет дар Тоҷикистон яке аз бадтарин дар ҷаҳон ва Осиёи Марказист.

Суръати алоқаи мобилии ин кишвар яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон буда (12,63 Мбит / с), дар байни 110 кишвар дар мақоми 108-ум қарор дорад.

Ин пажӯҳиш нишон медиҳад, ки дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон назар ба сатҳи ҷаҳонӣ тақрибан 70% бадтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз 10 кишваре, ки холҳои баландтарин доранд, 6 -тоаш мисли соли гузашта дар Аврупо ҷойгиранд.  Дания мисли соли гузашта  дар DQL дар ҷои 1 -ум, Кореяи Ҷанубӣ бошад дар мақоми 2-юм қарор дорад.

Финляндия дар ҷои сеюм,  Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷгонаи аввалро дар байни 110 кишвар мебанданд.  Панҷ кишвар бо бадтарин нишондиҳандаҳо Эфиопия, Камбоҷа, Камерун, Гватемала ва Ангола мебошанд.

Имрон Хон аз Раҳмон хост бо Толибон “оштӣ” кунад

0

Нахуствазири Покистон Имрон Хон аз Эмомалӣ Раҳмон хостори робитаи наздик ва ҳамоҳангӣ барои мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон шудааст.

Акс аз Дафтари матбуоти Президент 

Ба иттилои Дафтари матбуоти нахуствазири Покистон Имрон Хон рӯзи 2-юми октябр бо Эмомалӣ Раҳмон тамоси телефонӣ анҷом дода, дар масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон ва расидагӣ ба ниёзҳои башардӯстонаи мардуми ин кишвар тавассути ҷомеаи байналмиллалӣ гуфтугӯ карданд.

Имрон Хон инчунин барои пешгирӣ аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвари ҳамсоя, хостори тақвият бахшидани равобити иқтисодӣ бо он шудааст.

Ҳамчунин тибқи иттилои Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта, ки вазъи кишвари ҳамсоя ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад. Раҳмон гуфта, рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.

Ба таъкиди ҷониби Тоҷикистон омили асосии истиқрори сулҳ дар Афғонистон ин роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар мебошад.

Чандест Имрон Хон барои ҳимоят аз Толибон талошҳои дипломатиро афзоиш додааст. Ӯ дар суханронияш дар Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи байналмиллалӣ хост давлати Толибонро ба хотири мардуми Афғонистон ба расмият бишносанд.

Аммо ҷомеаи байналмиллалӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ташкили ҳукумати ҳамашумул, даст кашидан аз хушунат ва ҳақ додан ба занон дар умури идориро ба миён гузоштаанд.

Боздошти собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон аз боздошти собиқ директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон хабар дод.

Шариф Комилзода, акс аз “Озодӣ”

Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон “Шариф Комилзода, ки дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор” мекард, бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва азхудкунии наздик ба 400 ҳазор сомонӣ, боздошт шудааст.

Агентии зидди коррупсия мегӯяд, Шариф Комилзода “бо сармуҳосиби Муассисаи мазкур Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби маблағи умумии 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.”

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид мекунад, “нисбати собиқ директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Шариф ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Тибқи маълумоти Википедия Шариф Комилзода, 1-уми апрели соли 1958 дар ноҳия Ғончӣ таваллуд шуда,

  • Соли 1979 — Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст
  • Солҳои 1981—1985 — Омӯзгор, омӯзгори калони кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода
  • Солҳои 1985—1988 — Аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав
  • Солҳои 1988—1998 — Омӯзгори калон, Мудири кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода
  • Солҳои 1998—1999 — Сардори шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 1999—2001 — Раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2003—2011 — Сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ

Шариф Комилзода аз соли 2015 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, то замони боздошт дар ин муассиса фаъолият мекард.

Маҷбур насоз, ки бигӯям: Зоҳир Ағбар ба хонаат баргард!

0

Рӯзномаи “Миллат”-и Тоҷикистон ба Зоҳир Ағбар, софири ҳукумати собиқи Афғонистон ҳушдор дода, ки маҷбур насозед дар чунин вазъияте бигӯям, ки Зоҳир Ағбар ба хонаат баргард!

Акс аз рӯзномаи “Миллат”

Ин рӯзнома дар пасманзари эълони баёнияи ҳукумати нави Афғонистон, ки чанд рӯзе пеш нашр шуд, вокуниш карда, менависад, ки он як тавтиаест барои аз саҳна дур кардани Аҳмад Масъуд ва шикастани Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва инчунин машруъияти бахшидан ба Толибон.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳоло нақши ҳамоҳангсозии амалкардҳои ин гурӯҳро, ки баёнияи ҳукумати расмии Афғонистонро эълом карданд, сафири собиқ ҳукумати Афғонистон дар Тоҷикистон Зоҳир Ағбар ба уҳда дорад.

Дар матлаби нашр намудаи “Миллат” аз Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва Фазл Аҳмади Маънавӣ ҳамчун кӯдатогар бар зидди Ҷабҳаи муқовимат ном бурда ва иддао карда, ки аз зикри номи бархе дигар худдорӣ меварзад.

Дар матлаб Зоҳир Ағбар ба он муттаҳам мешавад, ки як гурӯҳ аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Ашраф Ғаниро, ки дар фурӯпошии артиши ин кишвар саҳм доранд, мизбонӣ мекунад.

“Онҳо дар таббонӣ бо Ҳанифи Атмар, вазири хориҷаи Ашраф Ғанӣ баёнияи ахирро содир кардаанд. Ҳадафашон ин аст, ки аз номи муқовимат бо роҳбарии Ашраф Ғанӣ бо толибон вориди муомила шаванд, ҳукуматро расман таслим кунанд ва бар ивази он аз Толибон имтиёз бигиранд.”, – омадааст дар матлаби рӯзномаи Миллат.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъе аз шахсиятҳои саршинос дар ҳукумати қаблии президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо судури эъломияе, ки 28-уми сентябр дар расонаҳо нашр шуд, аз барқарории давлати пешин, Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд.

Ин Эъломия аз 18 банд иборат буда, срапарасти ҷумҳурии исломӣ муовини аввали раёсатиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ муаррифӣ шудааст.

МАВЛУД ХУҶАСТА БОД, ҚАҲРАМОНИ ДАВРОНИ МО!

0

Ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт, ки медали биринҷии худро аввал дар бозиҳои қаҳрамонии Чин ва баъдан дар Бозиҳои олимпии Лондон – 2012 ба даст овард ва ҳамин тавр номи худро дар сафҳаи таърихи Тоҷикистон навишт: аввалин бонуе, ки аз бокс дар Бозиҳои олимпӣ нишон овард!

Акс аз барномаи “ИМШАБ live”

Ин ғалаба ба ӯ шӯҳрати зиёд тақдим намуд. Шояд бархе гумон кунанд, ки акнун сарвати бешуморро ҳам соҳиб аст. Аммо Мавзуна Чориева ҳарфҳои ногуфтаи зиёде дорад: барояш чӣ ваъда карданд ва чӣ доданд?

Президент Эмомалӣ Раҳмон, соли 2012 вақте барояш ордени “Шараф” медод, насиҳаташ кард, ки дар фикри ояндаи шахсиаш бошад ва издивоҷ намояд. Ин корро кард, аммо аз саҳнаи варзиши калон ҳам канор рафт.

Дуруст, ҳоло дар Кумитаи олимпӣ масъулияте дорад, вакили мардум дар маҷлиси Душанбе ҳам шуд, беш аз 50 шогирдон, аз ҷумлаи духтаронро тарбия мекунад, аммо ӯро дигар дар саҳнаи бокс намебинем.

Соли 2014 дар ҷараёни як мусобиқаи дигар ҷароҳат бардошт ва бо ҳамин саҳнаи боксро тарк кард. Ин маъноеро надорад, ки ҷуръати Мавзунаро касе гирифта метавонад.

Августи соли 2012, вақте шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қатори дигарон дар фурӯдгоҳ пешвозаш мегирифту дасташро фишурд, бо шӯхӣ пурсид:-      

Чаро мисли мӯштзанҳо дастамро намефишорӣ?Мавзуна ҳам дар ҷавоби ин шӯхӣ паст наомад:-      

Метарсам, ки дастатон зарар набинад.Убайдуллоев бо табассум аз ӯ канор рафт…

Чанд сол пеш, вақте муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ки бокс ва ҷанги бидуни қоида “ҳаром” аст, барояш посухи сазовор дод: “Ин фикри шахсии ӯст! Ҳазрати Муҳаммад (САВ) аз варзиш ҷонибдорӣ мекарданд. Алҳамдуллилоҳ мусалмонам ва панҷ вақт намозамро мехонам. Аз Худо илтиҷо дорам, ки оилаи ман устувор бошаду шавҳару духтарамро нигаҳбон”.

Ӯ дар як сӯҳбати дигараш изҳор намуда буд, ки қабл аз шавҳар кардан ба ҳаёти оилавӣ омода набуду тарзи тайёр кардани хӯрок ва сомон додани чандин корҳои хонаро намедонист:- Вақте хонаводаи ҳамсарам ба хостгорӣ омаданд, модарам ошкор ба онҳо гуфт, ки фарзанди ман ҳоло омода нест.

Вале  ҷониби дигар модарамро ором карда, гуфтанд,  ки мо ҳама корҳоро ба ӯ ёд медиҳем.Соли 2012, пас аз бозгашт аз Бозиҳои олимпӣ, кормандони маҷаллаи “VIPZONE” ӯро ба як толори ҳусни занона даъват карданд, то эҳсоси занонаи ӯро санҷанд, ҳолати аҷибе пеш омад.

Мардум одат карда буданд, ки Мавзунаро доим дар либоси варзишӣ бубинанд. Худаш ҳам иқрор шуд:- Ба ман зиёд мегуфтанд, ки ба духтари муқаррарӣ монанд нестам ва гӯё хислатҳои мардонаро дар худ бештар дорам.

Албатта баъзан сахтам мерасид, аммо талош мекардам ба ин гуна гапҳо таваҷҷӯҳи зиёд накунам. Хеле хуб медонам, ки мардуми мо қаҳрамонҳои худро дӯст медорад. Аммо ин гуна вокуниши ҷиддиро тасаввур намекардам.

Хоса, ҳангоме, ки дар Кӯлоб маро “Шери нар!” мегуфтанд, худамро гум кардам. Бовар кунед, ғайр аз ҷузвдони варзишӣ ҳич гуна сумкаи занонаро ба даст нагирифтаам…Дар толори зебоӣ, пас аз он, ки устоҳо ӯро оро доданд, ба оина нигаристу бо шӯхиву самимона гуфт:-      

ВАҲ, АКНУН МАН МИСЛИ АНҶЕЛИНА ҶОЛӢ МЕНАМОЯМ!                 Вақте дар гӯшҳояш гӯшвора мемонданд, гуфт дарди сахте эҳсос мекунад. Устоҳо посух доданд, ки дар майдони бокс зарбаҳои бамаротиб сахтарро мехӯрад ку, ӯ оромонаву самимӣ ҷавоб дод:- ДУХТАР БУДАН МУШКИЛТАР АСТ!

Ҳоло ин бону, ки имрӯз 29 сола шуд, акнун духтари 8 солаи худ – Бибиосияро тарбия мекунад. Барояш ҳам корҳои хонаро меомӯзонад ва ҳам мегӯяд шояд дар оянда варзишкор шавад.

-Ман ҳич гоҳ талош надоштам, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ бошам ва одамони зиёд дунболи ман барои дӯстӣ бидаванд. Ягона чизе, ки мехостам, ин буд, ки бояд ҳамеша фикри мустақилонаи худро дошт, ҳамчуноне зиндагӣ намуд, ки мехоҳӣ.

Бигзор одамони даркориат кам, аммо беҳтарин бошанд!Ӯ акнун як бонуи хонавода аст. Аммо дигар маълум шуд, ки қаҳрамониву ҷасорат ҷинс надорад. Ҳатто дар намудҳои варзишие, ки то наздикӣ мардонааш мехонданд.

«МО БО ТУЕМ, МАВЗУНА!» …

«Мавзуна – чемпион, Мавзуна қаҳрамон,  Мавзуна беҳтарин, Муштзан аст дар ҷаҳон!»Ин таронаи нави овозхон Иззат Шарифӣ буд, ки рӯзи мусобиқаи ҳалкунандаи Мавзуна дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд.

Ҳунарманд барои он ки тавониста бошад ба ҳамватани дастболои худ дастгирие шавад,  шакли нотамоми таронаи навашро ба шабакаи иҷтимоӣ гузошт, то зуд паҳн шаваду ба гӯши Мавзуна ҳам бирасад. Вагарна ин суруд хеле тӯлонитар аст.Аммо танҳо Иззат Шарифӣ набуд, ки рӯзи 8 – уми августи соли 2012 мехост бо ягон роҳе Мавзунаро мухлисӣ намояд. Нақл мекунанд, ки занону ҳатто кампирҳои тоҷик низ он рӯз рӯ ба рӯи шабакаҳои телевизионӣ нишастанду набарди Мавзунаро тамошо карданд. Ҳам дар Кӯлоб, ҳам дар Хуҷанд, ҳам дар Рашт ва ҳам дар Душанбеву Хоруғ.

Ҳатто кампири момааш Солеҳамоҳ Файзуллоева ҳам дар Кӯлоб нишаставу зарбаҳои задаву қабулкардаи Мавзунаро бо душворӣ тамошо менамуд ва ҳар замон дуо медод:-       Худоё, набераи номбардорамро ҳифз кун!

Ҳамсоязанҳояшон дар кӯчаи “Якуми Май” – и шаҳри Кӯлоб, ки 10 -12 сол пеш очаи Мавзунаро масхара мекарданд: «духтара чиву машқаш чӣ», ҳоло ба сӯи Нақшонбӣ Қурбонова – модари Мавзуна, бо ифтихор менигаристанд. Зеро акнун ин духтар на танҳо обрӯи ин оила ва ҳатто кӯчаву шаҳру вилоят, балки нангу шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекард!

«ТУ ҲАТМАН ЛИДЕР ХОҲӢ ШУД!»

Ин бори аввал ҳам набуд, ки рақибону хилофкоронаш ахиран ба тавонмандии Мавзуна қоил мешаванд. Нӯҳ сол пеш муштзани рус София Очигаева – қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, зимни як мусобиқаи байналмилалие дар Қазоқистон бо ҳисоби холҳо Мавзунаро мағлуб намуд. Аммо дар як мусоҳибааш ин русдухтар, ки инак дар Олимпиадаи Лондон медали нуқраро гирифт, гуфт, ки «бо тоҷикдухтаре қувваозмоӣ кардам, ки хеле болаёқат бошад ҳам, дар ринг аз ҳад худнамоӣ мекард ва ман ӯро дар ҷояш шинондам».

Ин ҳарфҳо ба Мавзуна ва падараш сахт расиданду ин духтаракро аз нав ба мусобиқа даъват карданд. Мавзуна ғолиб омад ва София баъди мусобиқа пешаш омаду дасташро фишурду гуфт: “Ту ҳатман лидер хоҳӣ шуд!”

Пеш аз мусобиқаи ниҳоии худ дар Лондон, ки мебоист София бо ҳарифи қаблии Мавзуна дастбагиребон мешуд, ӯ дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки агар масъулони бахши варзишии Тоҷикистон қувваозмоии Чориеваро ба баҳс кашанд, ҳақ мебароянд. Бигзор ин эътирофи София аз як ҷониб то ҷое тарс аз ҳарифи пурқудрате мисли Кэтӣ Тейлор дониста шавад, аммо дар асл маънии пазируфтани ҳунару маҳорати Мавзунаи тоҷикро дошт. Бо Мавзунае, ки ӯро шикаст дода буд.  

Дар асл набарди ахири Мавзуна, бо вуҷуди бохташ, ҳамаро мафтун кард. Ҳатто рақибонашро. Кэтӣ Тейлор зимни мусоҳиба бо рӯзномаҳову шабакаҳои телевизионӣ эътироф кард, ки Мавзуна барояш ҳарифи нобоб аст ва набард бо ӯ хело вазнин   мегузарад. Пит Тейлор, падари Кэтӣ, ки мураббии ӯ ҳам ҳаст, Мавзунаро «ҳарифи хатарнок» номид ва аз ҳаракатҳои чусту чолоконаи  ӯ ситоиш кард.  

Ӯ дар сӯҳбатҳояш  гуфт, ки сабқати Мавзуна бо муштзани хитоӣ Ченг Донг ӯро дар ҳоли шок қарор дод. Зеро Мавзуна аз болои муштзане пирӯз шуд, ки қадаш 17 сантиметр баландтар буд. Зимнан, ба гуфтаи раиси собиқи Кумитаи варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, эҳсос мешуд, ки Пит Тейлор ба Мавзуна, ҳарчанд ӯ рақиби духтараш буд, нигоҳи меҳрубононаву падарона дорад.

Ин меҳрубониву эътироф то ҷое буд, ки ҳатто вақте Мавзуна зарбаи хуб мезад, ба нишони «офарин!» нарангушташро боло мекард. Дар бозии чаҳорниҳоӣ бо Ченг Донг, шореҳи телевизиони Русия  аз ибтидо мегуфт, ки Мавзуна шансе барои пирӯзӣ надорад, зеро қади Донг баландтару дастҳояш дарозтаранд. Аммо  бозии Мавзуна ӯро маҷбур сохт то дар поёни набард назарашро дигар кунад. Дар бозӣ бо Кэтӣ Тейлор бошад, ин ё шореҳи дигари ҳамон шабакаи телевизионӣ аз ҳаракатҳои Мавзуна ба ваҷд омад ва бо эътирофи ҳунари  ӯ такрор мекард: «ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!»  

Аҷаб нест, ки ҳазорон нафари дигар дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳам баъд аз тамошои набарди Мавзуна бо Кэтӣ Тейлор бо ӯ ҳамовоз шуданд: «ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!»«ДАР ПУШТИ МАН 7 000 000 НАФАР АСТ!»Дар ҳақиқат, набарди Мавзуна бо Тейлор дар шароити бисёр номусоиди равонӣ барои варзишгари мо сурат мегирифт.

Сухан дар бораи шумораи зиёди мухлисони муштзани ирландӣ мерафт, ки бо садопароканиву қарсзаниашон аз нигоҳи психикӣ ба Чориеваи 19 – сола таъсир расондан мехостанд. Ҳол он ки намояндаи онҳо қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон ва бар илова ба сол ҳам аз Мавзунаи мо 7 сол бузург буд. Инро метавон идомаи ҳамон тарсе арзёбӣ кард, ки қабл аз мусобиқа падари Тейлор мегуфт.

Албатта дар ин миён садои ҷонибдорони варзишкори тоҷик ҳам ба гӯшҳо мерасид, вале дар муқоиса бо мухлисии ирландиҳо заиф буд.Дуруст аст, ки Ирландия аз Лондон масофаи зиёде надораду ҳузур пайдо кардани ҷонибдорони варзишгари ин кишвар мантиқист. Аммо, агар Тоҷикистон ҳам сарватмандони зиёде медошту ақаллан сеяки толорро онҳо ба худ машғул медоштанд, шояд натиҷаи бозӣ дигар муаррифӣ мегашт.

Инсофан бояд иқрор шуд, ки ягон бозии дигари муштзанӣ дар Лондон ин қадар пурҳаяҷону пурсадо анҷом нагирифт, ки бозии Мавзунаву Тейлор дар худ дошт. Бо ин ҳама, Мавзунаи мо худро аз даст надод ва тавре баъди ин мусобиқа дар сӯҳбатҳояш гуфт, ӯ тавонист ҳарифу мухлисони ӯро масхара ҳам намояд.

Ҳатто пас аз бозӣ, вақте журналистон дар бораи «таъсири омма» (эффект толпы) ба натиҷаҳои бозӣ пурсон шуданд, Мавзуна дилпурона иброз дошт:- Дар ин толор чанд нафар аз Тейлор ҷонибдорӣ карданд? 5000 ё 10 000 нафар? Дар пушти ман бошад 7 000 000 нафар меистод!Манзури қаҳрамони мо аҳолии онвақтаи Тоҷикистон буд, ки дар ҳақиқат самимона аз Мавзуна Чориева пуштибонӣ мекарданд. На танҳо барои он ки ӯ як бону асту хеле ҷавон… На танҳо барои он ки кадоме аз варзишгарони дигарамон натиҷаи арзанда ба даст наоварда буданд, на танҳо барои он ки …

Танҳо барои он ки ӯ дар ҳақиқат самимона, ҷасурона ва қаҳрамонона дар майдон рақобат мекард! Ва ин ҳам пас аз он ки баъди раунди дуввум дасти Мавзуна лат хӯрдаву баромада буду рақибаш новобаста аз ин, дар ду раунди охир аслан аз бозӣ мегурехту ба Чориева имкони бозии хубро маҳдуд мекард.

Дар бораи холҳои бадастовардааш, ки ҳакамон сарфи назар карданд, мебоист масъулини тоҷикистонии ҳамроҳаш ба Лондон рафта сахт пофишорӣ мекарданд. Бубинед, ҳатто пас аз Олимпиадаи онвақта як медали тиллои варзишкори беларусро бо сабаби истифода аз доруи мамнӯъ аз ҳисоб берун карданду бозиро ба рақиби ӯ ҳалол донистанд. Вале масъулини мо натавонистанд холҳои ҳалолкардаи Мавзунаро низ ҳимоя кунанд. Аз ҷониби дигар, ин набард нишон дод, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ масъалаи «обрӯдорон» ва «беобрӯҳо» дар миён аст ва  адолати варзиширо зери суол мебарад.

Ба гумони ғолиб дар мусобиқаи байни Тейлор ва Чориева низ маҳз дастовардҳои қаблии аввалиро ба ҳисоб гирифтанду бохташро аз ҷониби навқадаме чун Мавзунаи тоҷик «шармандагӣ» донистанд.

Аз ин рӯ месазад Мавзунаро ғолиби ин мусобиқа унвон кард…БА БОЗИҲОИ ОЛМИПИИ ДИГАР БО «МУШКИЛОТИ ЛОНДОНӢ»?Мавзуна Чориеваро на танҳо ғолиби ин мусобиқа ва медали биринҷии ӯро на танҳо бояд тиллоӣ ҳисоб кард. Агар мо шароитеро низ ба ҳисоб гирем, ки дар Тоҷикистон варзишгарон доранд, мешавад гуфт ӯ қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳатто ҷаҳон аст. Ҳамон соли 2012 бисёриҳо дуруст ва мантиқиву одилона масъалаи истеъфои аксари  мақомдорони бахши варзиширо дар миён гузоштанд.

Ин як таҷрибаи ҷаҳонист, ки бо поён ёфтани як сикли олимпӣ ва натиҷагирӣ аз он, дар сурати кам будан ё набудани дастовардҳо, масъулини варзиши мамлакат курсиҳои худро холӣ мекунанд. Ба болои ин, агар даҳу садҳо масъалаҳои вуҷуддоштаи ин соҳаро, ки бисёрии вақт ба амбитсияву худхоҳӣ ва нафъҷӯии масъулин рабти бевосита доранд, зам намоем, гуфтан мумкин, ки раисони федератсияву ассотсиатсияҳои варзишӣ ва бархе аз масъулони Кумитаи олимпӣ барои истеъфо рафтан хеле дермонӣ ҳам кардаанд.

Хоса, вақте ҳатто натиҷагирии Олимпиадаи Пекин – 2008 – ро дар Лондону Бразилия ва инак Токио анҷом надоданд…Дар ин сурат, беҳтар нест, ки мисли мураббияҳои дастаҳои футболамон онҳоро барои бахшҳои дигари варзишамон аз хориҷа биёрем? Хотиррасон мешавем, ки ин таҷрибаро бисёрии кишварҳо пас аз он гирифтанд, ки масъулини варзишашон чун дар мо бо худхоҳиву манфиатҷӯӣ вақти худро сарф кардаву ба ҳамдигар ва хоса варзишгарон халал мерасонданд.

Савол ин аст, ки оё дар ҳақиқат дар мо мехоҳанд мушкилоти вуҷуддоштаро аз бехаш ҳал кунанд ва ба Бозиҳои нави олимпӣ бо боварӣ ворид шаванд?           Ё фикр дорем ин масъаларо боз пешопеши олимпиадаи навбатӣ дар миён гузоштан мумкин аст?Агар посух ҳамин аст, пас аз он олимпиада низ метавон аз ҳоло умедҳоро канд…Аммо ҳоло ба Мавзуна Чориева мавлудашро хуҷаста мегӯему иқрор мешавем:

Ӯ ВОҚЕАН ҲАМ ҚАҲРАМОНИ МОСТУ ӮРО ҲИЧ ГОҲ ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ!

Матлаб аз саҳфаи фейсбукии Раҷаб Мирзо бардошт а шудааст.