Ба гуфтаи раиси Маркази фарҳангии тоҷикон, муҳоҷирони корӣ новобаста аз он ки дар кадом вазъияти душвор қарор доранд, бояд бидонанд, ки барои кумак ба диаспора муроҷиат кунанд ва ба ҷиноят даст назананд.
Хуршеда Ҳамроқулова қайд кард, ки имрӯз аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон барои меҳнати ҳалол ба Русия меоянд ва ҳеҷ яке аз онҳо қонунро нақз намекунад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 9-уми феврал чаҳор нафар бо “битаҳо” ба як мағоза дар Истра ҳамла карданд.
Онҳо директор, фурӯшанда ва шавҳарашро лату кӯб кардаанд, ки дар натиҷа зан то омадани ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аммо директор ва шавҳари он зан бо захмҳои сангин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Дар вилояти Бодканди Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори як сокини шаҳри Исфанаи ин вилоят боздошт шудааст.
Тавре бахши Радиои Озодии қирғизӣ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд хабар медиҳад, гумонбари 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистон қаблан дар содир намудани ҷинояти вазнин дар Узбакистон зиндонӣ шуда, ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шудааст. Ӯ дар деҳаи Самарқандек боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Исфана ҷасади марди 58-солаи соҳиби як ошхонаи маҳаллӣ аз анбори ошхонааш пайдо шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 122 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақомоти Қирғизистон ному насаб ва сокини кадом шаҳру деҳаи Тоҷикистон будани гумонбарро нашр накардааст ва назари худи боздоштшуда ва наздиконаш низ дастрас нест.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи боздошти ин шаҳрванди худ вокунише накарда ва ҳамчунин расонаҳо низ аз ҷузъиёти он хабаре надодаанд.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз чеҳраҳои саршиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд рӯз пеш мақомот нисбаташ парванда боз карда буд, рӯзи 8-уми феврал бо муроҷиати видеоие аз худ дарак дод.
Маҳмадбоқир ба мардум ва ҳукуматдорон хитоб намуда мегӯяд, ӯ террорист ва ҷинояткор нест. Танҳо аз мардуми мазлум дифоъ мекард ва пеши рафторҳои ғайриқонунии мақомотро мегирифт ва аз ин хотир 30 сол боз зери фишору таъқиби ҳукуматдорон қарор дорад.
Андрей Серенко, рӯзноманигор ва сиёсатмадори рус дар шабакаи телеграмии худ аз сӯиқасд ба ҷони Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия хабар дод.
Серенко дар истинод ба манобеи муътамади худ навиштааст, ки “Ҷони Ораз дар хатари бузург аст. Ду гурӯҳ ғайриқонунӣ вориди Федератсияи Русия шудаанд, ки вазифаашон аз байн бурдани Вазирбеков аст. Дар Маскав онҳоро се айбдоршаванда – Лутфулло (ӯ дар маҳбас аст, аммо имконияти таъсир расондан ба берунро дорад), Рустам (вокзал) ва як нафар бо номи Байен (дар бораи ӯ ягон маълумоти равшане нест) роҳнамоӣ хоҳанд кард”.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ду гурӯҳ, ки барои аз байн бурдани Вазирбеков ғайриқонунӣ вориди Русия шудаанд, аз ҷониби кормандони воҳидҳои вижаи ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд.
Ба иддаои рӯзноманигори рус “Ҳадаф аз ин иқдом нахуст, маҳви яке аз раҳбарони калидии диаспораи мардуми Бадахшон дар Русия ва дуввум, бадном кардани Маскав дар назари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аст.”
Дар охир ин коршинос мақомоти расмии Русияро аз он ҳушдор медиҳад, ки ин тарҳи зидди Русия аст ва агар аз он ҷилавгирӣ нашавад, кор бар зарари Русия хатм мешавад. Чун мардуми Помир тибқи анъана русгаротарин қавм дар Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ яке аз раҳбарони мардуми Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз Русия дуздида ба Тоҷикистон оварда шуда буд.
Ба гуфтаи вазири меҳнат, дар натиҷаи санҷиш аз корхонаи мазкур 64 млн 582 ҳазор сомонӣ ба фоидаи буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон рӯёнида шудааст.
Ширин Амонзода ҳангоми зикри ин омор дақиқ нагуфт, ки чанде аз ин корхонаҳо давлатӣ ва чанде ғайридавлиянд, аммо гуфт, қонуншиканиҳо дар самтҳои гуногун буданд.
Аз ин оморе, ки вазири меҳнати кишвар ироа кард, фаҳмида мешавад, ки беш аз 4 қонуншиканӣ ба сари ҳар корхона рост меояд. Чизе, ки ҳамеша коршиносон ва таҳлилгарони мустақил аз он интиқод мекунанд ва аз вуҷуди қонуншиканиҳои зиёд дар корхонаҳои давлатӣ хабар медиҳанд. Ба гуфтаи баъзе онҳо, сабаби аслии зиёд будани қонунвайронкунӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон боло будани сатҳи фасод дар тамоми сохторҳо медошад.
Хабаргузории “Азия Плюс“ бо нашри як гузориши муфассал дар ин бора хабар дод, ки “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти шавҳари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки гуфта мешавад чанд рӯз боз нопадид аст, барои муайян намудани макони нигоҳдорӣ ва таҳқиқи қазияи ӯ вакили дифоъ ҷудо кардааст.”
Ҳамзамон Идимоҳ Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова ба расонаҳо гуфтааст, ки 7-уми феврал барои пайдо кардани духтараш ба Дастгоҳи иҷроия Президент, Прокуратураи генералӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.
Инчунин хеле аз фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба ин қазия дахл карда, аз он ҷумла журналист ва шоир Зафари Суфӣ, ва хабарнигор Амруллоҳи Низом ҳам бо нашри матолибе ин боздоштро маҳкум карда, аз мардум хостаанд, ки бетераф набошанд.
Аз ҷониби дигар чанде аз мувофиқони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақтҳои ҳассос баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар мешаванд, аз он ҷумла Абдуқодир Талбаков, раиси Китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе бо номи Абулқосим Лоҳитӣ бо коштани тавҳину таҳқир ва туҳмат алайҳи Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 писари Шоҳида Маҳмадҷонова ва дигар раҳбарони мухолифин пардохта, мегӯянд, ки писар бояд ба Ватан баргашта дар чунин рӯзҳои сахт канори модараш бошад.
Онҳо мегӯянд, Абдурраҳмон-09 бояд ба Ватан баргашта канори модараш бошад, ҳамон гапи мақомотро бо ибораи дигар такрор кардан аст, ки борҳо аз вай хоста буданд, ба Ватан баргардад, то мавриди афв мақомот қарор бигирад, аммо ин дафъа вақте канори модар мегӯянд, зоҳиран маълум мешавад, ки кор аз кор гузашта мехоҳанд мустақим ӯро ба зиндон назди модараш фиристанд.
Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва бо гузашти 6 рӯз то ҳол мақомот аз додани маълумот дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ вазъият қарор доштани ӯ ҳеч чиз намегӯянд.
Вазорати хориҷаи Амрикон бо интишори иттилоияе хабар додааст, ки барои пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи макони буду боши раҳбари ДИИШ дар Афғонистон то 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.
Акс аз сомонаи ББС
Ба гузориши ББС, “дар эъломияи Вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки ин ҷоиза барои радёбӣ ва дастгирии Саноуллоҳ Ғаффорӣ, ки бо номи Шаҳоб Алмуҳоҷир ҳам шинохта мешавад, таъин шудааст.”
Амрико Саноуллоҳ Ғаффориро дар ҳамлаи 26-уми августи соли 2021 ба фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул гумонбар медонад, ки дар он ҳамла 180 нафар, аз он ҷумла 13 сарбози амрикоӣ кушта шуд.
Амрико дар гузашта барои чанде аз раҳбарони Толибон, ба мисли СироҷиддинҲаққонӣ, фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ ва феълан сарпарасти Вазорати умури дохилии Толибон дар Афғонистон низ 10 миллион ҷоиза эълон карда буд. Аммо дар ҳоли ҳозир озодона дар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон гашту гузор мекунад ва ҳатто дар ҳайати намояндагони Толибон ба Осло, пойтахти Норвегия сафар карда буд.