Дар шаҳри Хоруғ ва Роштқалъаи Вилояти Мутори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳ бо низомиёни тоҷик, нерӯҳои низомии Белорус низ дида шудааст. Дар ин бора “ Ин хабаргузорӣ, ки бештар хабару ҳаводиси ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, аз қавли манобеаш менависад, ҳамроҳ бо сарбозони гурӯҳи зудамали “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як гурӯҳи зудамал аз Белорус ҳам ба Хоруғ оварда шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ҳузури афроди низомии бо зоҳири славияниро дар байни низомиёни тоҷик, ки дар Бадахшон қарор доранд, тасдиқ карда, гуфтаанд, ки “онҳо нерӯҳои вежаи Белорус ҳастанд.” Ин хабар то ҳанӯз аз ҷониби дигар манбаи муътамад тасдиқ нашудааст. Аммо дар ҳоли тасдиқи он маълум мешавад, зоҳиран Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, ки гуфта буд, “Ба Тоҷикистон бояд кумак кард”, аз сухан ба амал гузаштааст. Ёдовар мешавем, ки 10-уми январи соли ҷорӣ баъд аз ҳаводиси Қазоқистон зимни нишасти сарони СПАД Лукашенко бо нигаронӣ аз эҳтимоли такрори ҳодисаҳои ҳамсони Қазоқистон дар Тоҷикистон аз сарони кишварҳои узви ин созмон хоста буд, ки барои тақвияти низом ва таъмини амнияти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон кумак кунанд. Лукашенко гуфт, акнун фурсати хубе ҳаст, ки дар бораи Тоҷикистон суҳбат кунем: “Президенти Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон) солҳо боз аз мо кумаки низомӣ, пеш аз ҳама техникаи низомӣ талаб мекунад. Мо бояд ин корро кунем.”
Вуҷуди нерӯҳои зудамали Белорус дар Бадахшон
Мақомот: Маҳмадбоқир бояд таслим шавад. Мардум: мо ӯро намесупорем
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 4-уми феврал дар як ҷаласае бо мақомоти интизомӣ дар Хоруғ гуфт, ки рӯзҳои наздик амалиёти вежаеро барои боздошт ё аз байн бурдани Мамадбоқир Мамадбоқиров шуруъ мекунанд. Дар ин бора “Pamir Daily News” бо истинод ба манобеи худ хабар дод.

Ба иддаои манбаъ, Ятимов дар ин ҷаласа таҳдид кардааст, ки ҳарки ба ин амалиёт халал мерасонад, сӯяш тир холӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи баъзе манобеъ, дар Хоруғ навбатдории шабона аз ҷониби сокинони шаҳри Хоруғ ташкил шуда, мардум, ҳатто занон ба сӯи хонаи Мамадбоқир рафта истодаанд ва мегӯянд, ӯро таслими ҳукумат намекунанд ва то охар муқовимат хоҳанд кард.
Манобеи Аздо ТВ аз Бадахшон низ ин хабарро тасдиқ карда, афзуданд, ки ба Мамадбоқир Мамадбоқиров то соати панҷи субҳи 5-уми феврал вақт додаанд, то омада таслими мақомот шавад. Дар ғайри ин сурат амалиёти вежаро барои боздошт ё аз байн бурдани ӯ шуруъ мекунанд.
Ҳамчунин як манбаи Аздо Тв мегӯяд, ки беш аз 2000 нафар дар Бадахшон ба кӯчаҳо баромада, навбатдорӣ доранд ва бештари онҳо дар маҳаллаи Бархоруғ ҷамъ омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори Бадахшонро пӯшиш медиҳад, гуфтааст, ки рӯзи 3-юми феврал як “гурӯҳи махсуси қотилон” аз “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз Душанбе ба Хоруғ фиристода шудааст.
Ба навиштаи манбаъ, вазифаи аслии ин гурӯҳ амалиётҳои вежа бурдан барои аз байн бурдани ҷисмонии афроди махсус мебошад.
Мусоҳиби “Pamir Daily News” натавонистааст мушаххасан посух гӯяд, ки ин гурӯҳ барои аз байн бурдани кӣ ба Хоруғ фиристода шудааст. Аммо рафтани онҳоро ба Хоруғ тасдиқ кардааст.
Тайи се рӯзи ахир телевизиони давлатии Бадахшон алайҳи Мамадбоқир Мамадбокиров гузоришҳо таҳия намуда, мақомот ӯро ба лату кӯби раиси Идораи маорифи вилоят муттаҳам мекунанд.
Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ дар пахши телевизиони вилоят гуфт, ки Маҳмадбокир даъвати расмии мақомотро напазируфта, ба бозпурсӣ ҳозир нашудааст.
Манобеи “Pamir Daily News” дар Хоруғ таъкид мекунанд, ки амалиёти вежа алайҳи Маҳмадбоқир метавонад вазъро дар минтақа пурра муташанниҷ созад ва дар сурати идомаи фишорҳо эҳтимол назорати вазъ пурра аз дасти мақомот хориҷ шавад.
Тазоҳуроти тоҷикон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон
Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистони муқими кишварҳои аврупоӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил каданд.

Гуфта мешавад, тазоҳургарон ба хотири талаби раҳоии Нусратуллоҳ Саидов, яке аз наздикони марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва як ҷиноҳи сулҳи тоҷикон, ки чанде пеш дар вилояти Хатлон боздошт шуда ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе интиқол ёфт, ҷамъ омадаанд.
Хабарнигори Аздо тв, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат дошт, гуфт, ҳудуди 70-80 нафар дар тазоҳуроти назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҷамъ омада, дар баробари талаби озодии Нусратуллоҳ Саидов ҳамчунин озодии дигар зиндониёни сиёсиро аз мақомоти кишвар талаб доранд.
Дар тазоҳуроти мазкур Абдусаттори Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониëни сиëсӣ дар Тоҷикистон зимни суханронияш гуфт, ки Нусратуллоҳ Саидов сеюмин нафар аз ин хонадон аст, ки бегуноҳ боздошт мешавад. Ӯ дар идомаи суханронияш ба мақомоти кишвар муроҷиат намуда гуфт, агар Саидов озод нашавад, маҷбуранд чунин тазоҳуротро дар тамоми кишварҳои аврупоӣ барпо кунанд ва ба ҳама созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар барои озодии ӯ муроҷиат кунанд.

Шехов Абдуқодир, раиси ҷамъияти “Нур” дар Олмон дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, “Мутмаинам, ки ин таҷаммуъ фоида дорад ва мардуме, ки зери зулм қарор гирифтаанду садояшонро баланд карда наметавонанд, аз ин таҷаммуъ онҳо ҳам ҷуръат, ғайрат ва таҷриба меомӯзанд.”

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки “ба хотири дур кардани зулму бедодгарӣ ба зудӣ дар Тоҷикистон дар чунин гирдиҳамоиҳо таҷаммуъ хоҳем кард.”
Тафсилоти бештар баъдтар нашр мешавад!
Боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова дар Ваҳдат
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Шоҳида Мамадҷоноваро боздошт карда, бо гузашти 24 соат то ҳол ба пайвандонаш хабар надодаанд, ки ӯро дар куҷо нигаҳдорӣ мекунанд.

Шерзод Маҳмадҷонов, блогери тоҷики муқими Олмон, ки бо тахаллуси “Абдураҳмон-09” маъруф аст, дар як суҳбати кӯтоҳ бо АЗДО ТВ гуфт, ки 2-уми феврали соли ҷорӣ мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат модараш Шоҳида Маҳмадҷоноваро барои бозпас гирифтани телефони ҳамроҳаш, ки дар дасти онҳо буд, даъват карданд, вале вақте 3-юми феврал модараш ба шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳозир шуд, ӯро боздошт карданд.
Ба гуфтаи Абдураҳмон-09, мақомоти корҳои дохилӣ бо гузашти беш аз 24 соат аз замони боздошт, то ҳол ба пайвандонаш хабар надодаанд, ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро бо чӣ далел боздошт кардаанд ва ӯро дар куҷо нигаҳдорӣ мекунанд.
Абдураҳамон-09 мегӯяд, субҳи имрӯз 4-уми феврал падараш бо ҳамроҳи бибиаш ба назди мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат рафта пурсидаанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова дар куҷо ҳаст ва бо чӣ далел ӯро боздошт кардаанд? Мақомоти корҳои дохилӣ дар посух ба онҳо гуфтаанд, ки хабари боздошт ва дар назди кадом ниҳоди қудратӣ нигаҳдорӣ шудани ӯро пас аз 48 соат, яъне 5-уми феврал хоҳанд гуфт.
Хабари боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова аз забони писараш расонаӣ шуд, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун расман дар бораи боздошти вай иттилое надодааст.
Абдураҳамон-09 пештар ба пойгоҳи хабарии “БОМДОД” ҳам дар бораи боздошти модараш иттилоъ дода, гуфта буд, ки дар моҳҳои ахир мақомоти корҳои дохилӣ чанд маротиба наздикону пайвандонашро мавриди бозпурсӣ қарор дода буданд.
Гуфта мешавад, номи хонум Шоҳида Маҳмадҷонова, яке аз табибони тоҷик бори аввал нест, ки дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Дар гузашта ҳам барои фаъолиятҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов ва интиқодҳои ӯ аз ҳукуматдорон дар чанд маврид расонаӣ шуда, аз кори пизишкӣ маҳрум гардида буд.
Ошкор шудани ним млн тонна маҳсулоти ғайристандартӣ дар соли 2021
Кормандони Агентии “Тоҷикстандарт” дар соли 2021 ҳудуди ним миллион тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор кардаанд. Дар ин бора ба рӯзноманигорн рӯзи 3-юми феврал раиси Агентӣ Темурҷон Абдуллозода хабар дод.

Раиси “Тоҷикстандарт” гуфт, дар соли гузашта дар Агентӣ 438 ҳазору 799 кило маводи ғизоии ғайристандартӣ сабт шуда, 366 ҳазору 105 килои он ба қоидаҳои бехатарӣ мувофиқ набуда, 72 ҳазору 674 кг тамғагузорӣ карда нашудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи санҷишҳои лабараторӣ беш аз 130,8 ҳазор маҳсулоти гӯштии пастсифат, 11 ҳазору 368 кг равғани растанӣ, 6 ҳазору 511 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 40,5 ҳазор литр нӯшокӣ, 4 ҳазору 80 кг маҳсулоти қаннодӣ, 19,4 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 102 ҳазору 445 дона тухм ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ маълум гардид.
“Як қисми ин маҳсулот барои коркард фиристода шуда, як қисми он нобуд карда шуд ва нафароне, ки қонуну қоидаро вайрон кардаанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”, – гуфт Темурҷон Абдуллозода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар ин давра 42 ҳазору 33 кг маҳсулоти ғайриғизоӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, антифриз, атриёт, лампаҳо, дафтару китобҳо аз муомилот гирифта, барои коркард ё нобудсозӣ фиристода шудааст.
Эмомалӣ Рамҳон ба Чин рафт
Шоми дирӯз, 3-уми феврали соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайъат озими Чин шуд.

Президенти Тоҷикистон ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Кумитаи Олимпӣ барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV замистонаи Олимпӣ ба Пекин, пойтахти Чин сафар кард.
Ба қавли АМИТ “Ховар“, “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайъаяти воломақомоти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои замистонаи Олимпӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки пеш аз ин Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҳеч варзишгари тоҷикистонӣ дар ин бозиҳо ширкат намекунад.
Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайъати боломақоми Тоҷикистон барои дидани маросми кушодашавии Бозиҳои замистонаи Олимпӣ ба Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи “Озодӣ” 1-уми феврал Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо “China Media Group”, расонаи чинӣ бо ифтихор гуфта буд “эҳсосотеро, ки ҳангоми ҳузур дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин дар соли 2008 таҷриба карда буд, ҳанӯз ба ёд дорад. “Шукӯҳи Пекин аз омезиши меъмории қадимӣ ва муосир ба даст омадааст.”
Аз сӯи дигар ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин нигарониҳоеро ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Зеро дирӯз пойгоҳи хабаррасонии “Помир Дайли Нюс”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон(ВМКБ)-ро пӯшиш медиҳад, дар истинод ба манобеи худ иттилоъ дода буд, ки гурӯҳи аз қотилони “Алфа” аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ, марказаи маъмурии ВМКБ фиристода шудаанд.
Гуфтанист, мақомоти қудратии Тоҷикистон аксар амалиётҳои низомии худро дар ҳудуди Тоҷикистон алайҳи шаҳрвандон замоне анҷом медиҳад, ки президенти кишвар дар сафарҳои хориҷӣ қарор дошта бошад.
Бозиҳои олимпӣ миёни нигаронии Ғарб ва итминони Чин
Бино ба иттилои Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки аз суҳбат бо расонаҳои дохилӣ парҳез мекунад, ва касе ҳам аз Тоҷикитсон дар ин бозиҳо ширкат намеварзад, ба қавли “Озодӣ”, 1-уми феврал дар як суҳбати ихтисосӣ бо China Media Group гуфтааст, баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ “баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст”. Дар ҳамин ҳол Бюрои федеролии тафтишотӣ (FBI) таъкид кардааст, ки “аз таҳдиди хоссе дар ин маврид огоҳ нест, вале аз ҳама хоста ҳушёрии худро ҳифз кунанд.” Инчунин FBI ба варзишкорони амрикоӣ тавсия кардааст, ки дар замони ҳузурашон дар Бозиҳои олимпӣ гӯшиҳои мобилиашонро бо худ набаранд ва дар он ҷо аз гӯшиҳои муваққатӣ истифода кунанд. Бюрои федеролии тафтишотии Амрико бо нигаронӣ гуфтааст, ки эҳтимоли сирқати иттилоот, насби барномаҳои нохуб ва радёб дар дастгоҳҳои телефонии онҳо вуҷуд дорад. Ва ин тавсияро ҳамтоянашон дар дигар кишварҳои Ғарбӣ низ ба варзишкорон пешниҳод кардаанд. Гуфта мешавад, Амрико ва чанд кишвари Ғарбӣ бо далели ин ки Чин дар нақзи ҳуқуқи ақлиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ, аз ҷумла мусалмонони ин кишвар муттаҳам мешавад, ҳузури дипломатикии худро дар ин бозиҳо таҳрим кардаанд. Ҳамзамон Шӯрои исломии ҷаҳонӣ барои донишмандони дин бо нашри як изҳороти расмӣ гуфта буд, ки бо далели зулму ситам ва фишору шиканҷаи мақомоти чинӣ алайҳи ақаллиятҳои мусалмони ин кишвар ба мисли уйғурҳо, иштирок дар ин бозиҳоро барои мусалмонон таҳрим эълон мекунад. Пеш аз ин Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам бо нашри як гузориш хабар дода буд, ки “вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст.” Бо ин вуҷуд КДАМ гуфта буд, ки “Тоҷикистон аз Пекин ҷиҳати баргузории бехатар ва муваффақонаи Олимпиада қатъиян пуштибонӣ мекунад.”
Тошиев: ба Ворух долон дода намешавад
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки ба Ворух долон дода намешавад. Дар ин бора ӯ ба хабарнигорон рӯзи 2-юми феврал пас аз ҷаласаи пӯшидаи Парлумон дар бораи сарҳади давлатӣ гуфт.

Ба гуфтаи Тошиев, дар ҷаласа вакилон аз ӯ пурсидаанд, ки оё тибқи протокол долон ба Ворух дода мешавад ё на.
“Лоиҳаи роҳ аз тарафи шарқии деҳаи Оқ-Сой мувофиқат хоҳад шуд. Мо бояд дар фикри бехатарии аҳолии ин деҳа бошем. Дар бораи сохтмони ин роҳ дар протокол дақиқ гуфта шудааст: мақоми он тибқи тавофуқи байнидавлатӣ муайян мешавад”, – гуфт Тошиев зимни посух ба суолҳои рӯзноманигорон.
Раиси КДАМ-и Қирғизистон дар идома қайд намуд, ки то тавофуқи байнидавлатӣ ҳосил нашавад, роҳе сохта намешавад.
“Агар протокол ҳамон гуна, ки мо дар назар гирифтаем амалӣ шавад, ин ба нафъи мо хоҳад буд. Протоколро ҳар кас ба тарзи худ метавонад шарҳ диҳад, аммо матн ягона аст” — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми январи соли 2021 дар марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.
Дар натиҷаи даргириҳо 11 низомии Қирғизистон захмӣ шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон аз кушта шудани ду ғайринизомӣ ва беш аз 10 захмӣ хабар дод.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро ба барангехтани низоъ ба далели баста шудани роҳи Ӯш-Исфана муттаҳам карданд. Шаби 28-уми январ хадамоти марзбонии ҳарду ҷониб дар бораи оташбаси комил ва посбонии муштараки марз ба мувофиқа расиданд.
Моҳи майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди бунёди роҳе ба мувофиқа расиданд, ки деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараро бо Ворух мепайвандад.
Озмоиши сомонаи зидди мушакии “S-300”-и Русия дар Тоҷикистон
Расонаҳои русӣ бо нашри як навори видеоӣ аз озмоиши сомонаи зидди мушакаии Дар ин навор дида мешавад, ки низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201 Русия воқеъ дар Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёт ҳамлаи ҳавоии як душамани ифтирозии худро аз байн мебаранд. Пеш аз ин дар моҳи апрели соли 2021 созишномаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳамтои русиаш Сергей Шойгу имзо карда буданд. Сипас 12-уми ноябри соли 2021 Ҳукумати Русия эълон карда буд, ки созишномаи миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасдиқ кардааст. Гуфтанист, сомонаи зидди мушакии “S-300”-и Русия дар Тоҷикистон ҳам дар доираи ин созишномаи байни ду кишвар дар Пойгоҳи низомии 201 Русия мусатаққар шуда, аз он ҷо идора карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки 27-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми сар задани низоъҳо дар шаҳри Исфара Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон карда буд: “Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.” Аммо дар посух ба ин ҷониби Тоҷикистон амалан ҳеч аксуламале дар дифоъ аз ҳарими ҳавоии худ дар вақти низоъ нишон надод.
