9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 527

Тоҷикистон ду хонандаи қирғизро раҳо кард

0

Тоҷикистон ду хонандаи қирғизро дар натиҷаи музокирот бо Қирғизистон раҳо кард.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин ду навраси 16-сола 23-юми сентябр дар марз бо Тоҷикистон ба қочоқбарон кумак мекарданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Тоҷикистон онҳоро дар минтақаи номуайяни марзӣ боздошт кардааст.

Дар гузаргоҳи “Кулунду” раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон мулоқот намуда, дар натиҷаи гуфтугӯ Тоҷикистон наврасони боздоштшударо озод кард.

Ин дар ҳолест, 23-юми сентябри соли ҷорӣ сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон кардаанд, дар натиҷа дасти кам 4 нафар: ду хонандаи мактаб, як тифл ва як сокини 31-сола ҳам захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни худ, аз ҷумла раисони Ботканду Оқсӯи Қирғизистонро аз ин ҳодиса огоҳ карда буданд, вале то кунун ҷузъиёти ин ҳодиса расонаӣ нашудааст.

Русия: Таҳияи қонуни нав дар бораи муҳоҷират

0

Русия мехоҳад қонуни ҷадидеро дар бораи муҳоҷират таҳия кунад, ки тибқи он ҳолатҳои вуруд, будубош ва дигар умури муҳоҷиронро ба шакли дигар танзим кунад.

Муовини сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, Кирилл Адзинов эълон кард, ки қонуни нав дар соҳаи муҳоҷират, ки ҳоло дар Русия таҳия мешавад, метавонад аз соли 2024 эътибор пайдо кунад.

Бино ба маълумоти

Кирилл Адзинов, муовини сардори Сарраёсати ВКД-Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират

Инчунин Адзинов афзуд, ки ду намуди вуруд ба Русия вуҷуд хоҳад дошт: раводид ва бидуни раводид. Қарор аст, як санаде ҷорӣ карда шавад, ки он ҳама ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳоло барои муҳоҷирон тартиб дода мешаванд, иваз кунад. Ҳамчунин ва аз ҷумла, мушаххас кардани қоидаҳои расонидани кумаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва гирифтани раводиди тиббӣ дар назар хоҳад буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бояд ҳуҷҷати ягона бо интиқолдиҳандаи электронӣ дошта бошанд, ки он дар дохили кишвар ҳамчун шиносномаи шахсият хидмат кунад ва барои гирифтани он муҳоҷирон бояд ба мақомоти иҷроияи федеролӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ ариза пешниҳод кунанд, инчунин аз санҷиши биометрӣ гузаранд.

Қирғизҳо хонандаҳои тоҷикро сангборон карданд

0

Сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон карда, дар натиҷа вазъи саломатии ду донишомӯз дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад.

Акс аз Азия Плюс

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Спутник” гуфтааст:

“Ҳодиса соатҳои 11-и 23-уми сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд.”

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса ҳамчунин Ҷӯрабой ном сокини 31-солаи деҳаи Сомониён ва як тифли дигар ҳам ҷароҳат бардоштанд.

Ин ҳодисаи сангборон кардани хонандагони мактаби рақами 64-и дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара рух дода, дар натиҷа дасти кам 4 нафар: ду хонандаи мактаб, як тифл ва як сокини 31-сола ҳам захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни худро дар раисони Ботканду Оқсӯи Қирғизистонро аз ин ҳодиса огоҳ карда, қазияро дар якҷоягӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Шомил нашудани “иховниҳо” ба қонуни афв

0

Бар асоси қонуни афв ҳеч касе аз гурӯҳи “ихвониҳо”-и боздоштшуда дар Тоҷикистон озод нашудааст.

Манобеи Аздо тв мегӯянд, то се рӯз қабл аз ба иҷро даромадани Қонуни афв дар Тоҷикистон наздикону пайвандони “ихвониҳо” умедвор буданд, ки зиндониёни онҳо озод мешаванд, аммо дар рӯзҳои ахир ба онҳо гуфта шуд, ки “бо фармони боло” ҳеч касе аз муттаҳамони ин парванда озод нахоҳад шуд.

Наздикону пайвандони ин гурӯҳ аз зиндониёни кишвар таъкид мекунанд, ки бо вуҷуд боварии комил надоштан ба озод шудани маҳбусони худ пас аз расонаӣ шудани қабули Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” баъзе миёнаравҳои мақомот аз онҳо хоста буданд, ки дар сурати пардохти маблағи муайяне ҳамчун ришвапулӣ метавонанд барои озод шудани зиндониён кумак кунанд, аммо дар охир омада гуфтанд, ки “фармон аз боло аст” ва ба ин хотир онҳо ҳеч коре карда наметавонанд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин миёнаравҳои мақомот барои шомил кардани номи ин зиндониён дар листи афв мешудаҳо то 40 ҳазор сомонӣ талаб карда буданд, вале вақте фармони озод нашудани онҳо “аз боло” содир шудааст, ҳама аз ин кор қафо кашидаанд.

Январи соли 2020 хабари боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми пайравӣ аз Ҳаракати Ихвонулмуслимин расонаӣ шуд.

Дар доираи парвандаи ин афрод аксар устодон ва кормадони илмии донишгоҳҳои пойтахт ва донишҷӯён буданд, ки мақомот онҳоро бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди экстримистӣ ва “маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терорристидошта боздошт карданд.

Фаъолияти Ҳаракати Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон дар соли 2006 мамнӯъ эълон гардид, вале мақомоти кишвар пас 14 сол дар доираи ин парванда якбора беш аз 120 нафарро боздошт ва ба муддатҳои аз 5 то 8 сол равонаи зиндон карданд.

Иззат Амон озод хоҳад шуд

0

Ҷамъе аз ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” нисбати Иззат Амон афв татбиқ гардида, вай озод мешавад.

Иззат Амон

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар суҳбат бо “АЗДО ТВ” гуфт:

Шахсоне, ки бо қисмҳои 3 ва 4-и моддаи 247 аз озодӣ маҳрум шудаанд ё нисбати онҳо бо ин модда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, пас аз ҷуброни пурраи зарар озод карда мешаванд ё парвандаи ҷиноятӣ катъ карда мешавад.”

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик ин афрод: “Агар ҷубронро пардохт карда натавонанд, нисбати онҳо афв татбиқ мешавад, аммо барои шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд аз муҳлати ҷазояшон аз се як ҳисса кам карда мешавад.”

Ҳамчунин дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки номи Иззат Амон баъд аз пардохтани пули даъвогарон, ба афв пешниҳод шудааст.

Наздикон ва пайвандонаш ба расонаҳо гуфтанд, ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, вале ба хотири раҳоии ӯ пулро пурра супурданд. Қарзи Иззат Амон назди даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар расида буд.  

Пеш аз ин котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”.

Дирӯз пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ акси нави Иззат Амонро нашр кард, ки гуфта мешавад, рӯзи 22-юми сентябр дар яке аз ҳуҷраҳо дар бинои додгоҳи шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Ин нахустин акси Иззат Амони 48-coла баъди боздошташ аст.

Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад. Моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Видео: ФСБ боздошти гумонбаронро нишон дод

0

Нерӯҳои амниятии Русия (ФСБ) навори панҷ пайрави Толибонро, ки мехостанд ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, нишон дод.

Навор: РИА новости

Дар навор дида мешавад, ки афсарони амниятӣ ба қароргоҳи гумонбарон ворид шуда, аз онҳо далелҳои шайъӣ барои анҷоми фаъолиятҳои ҷиноятӣ меёбанд.

Бино ба иттилои РИА Новости, нерӯҳои амниятии Русия фаъолияти ин ячейкаро, ки аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат буд ва аз моҳи май то сентябри соли равон фаъолият мекарданд, боздошт карданд.

Дар гузориш омадааст, ки нерӯҳои амниятии Русия 10 зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар як ҳуҷра дар Екатеринбург фаъолият мекарданд боздошт кардааст.

Хадамоти ФСБ-и Русия дар вилояти Свердловск гуфтааст, 5 ифротгарои мазҳабии боздоштшуда дар Екатеринбург аз Русия ихроҷ карда мешаванд, аммо нисбати панҷ нафари боқимонда парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст.

Гуфта мешавад, аъзоёни он идеологияи созмонҳои байналмилалии террористиро тарғиб намуда, муҳоҷирони кориро ба содир кардани ҷиноятҳо дар Русия ҷалб мекарданд.

Пештар хабар дода будем, ки дар Екатеринбург панҷ пайрави Толибон бо шумули як нафар шаҳрванди Русия бо номи Сангчаров ва Мусофиров ном шаҳрванди Тоҷикистон бо се зодаи дигари тоҷикистонӣ дар ташкили созмони террористӣ гумонбар дониста шуда, ин афродро мақомоти Русия боздошт карданд.

Дар Душанбе обро кӣ нопок мекунад?

0

Дар шаҳри Душанбе сокинон аз олуда шудани оби дарёи Душанбе маъруф ба “Душанбинка” изҳори нигаронӣ мекунанд.

Акс аз навори Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Рӯзноманигрои тоҷик, Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо нашри наворе дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки ба дарёи Душанбе дар назди пуле, ки маҳаллаи 46-ро ба Колхози Русия мепайвандад, аз як сарчашмаи номаълум оби сиёҳи ғализе ҳамроҳ бо баргу партовҳои зиёд якҷо шуда, дарёро олуда мекунад.

Шиддати ғализии ин обе, ки бо дарё ҳамроҳ мешавад, он қадр сиёҳ аст, ки бархе корбарон онро даҳшат ва бархеи дигар бо истеҳзо гуфтаанд, ки дар Душанбе нефт пайдо шуда, бо оби дарё ҳамроҳ мешавад.

Ғурбатӣ зимни пахши навор аз масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шаҳрдории Душанбе мехоҳад, ки сарчашмаи ин оби ғализро таҳқиқ кунанд ва омилни он тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аз дарёи Душанбе, ки аз васати шаҳр мегузарад, хеле аз сокинони поёноб барои нӯшидан аз он истифода мекунанд ва олудагии об зарар ба саломатӣ мардум дорад.

Тоза нигоҳ надоштани оби умумӣ аз ҷониби баъзе сокинони ва ё корхонаҳои Душанбе борҳо расонаӣ шудааст, аммо боз ҳам дида мешавад, ки беъзе мардум аз чи сабаб бошад ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Изҳори миннатдории маҷбурӣ (Видео)

0

Шурӯъ аз 21-уми сентябр бар асоси қонуни афв садҳо нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.

Навор: Фейсбук

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз зиндониёне, ки шомили афви навбатӣ шудаанд, мехоҳад дар зери дурбин аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён кунанд.

Наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳ ёфта, ки дар он дида мешавад кормандони зиндон ва ё Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз нафаре, ки шомили афв шудааст, мехоҳанд аз Президент изҳори миннатдорӣ кунад, вале ӯ чандон ба суханони кормандони КДАМ сарфаҳм намеравад.

Кормандони КДАМ мепурсанд, ки Ҳукумат ба шумо хӯрок медод? Шахси озодшуда дар ҷавоб мегӯяд, намедонам ҳукуматаш чист, лекин баъзе ҳоҷиён (бештар мардуми пулдорро мегӯянд) ош меоварданд.

Корбарон дар зери ин навор шарҳҳои зиёд навишта, кори маъмурони амниятиро интиқод намудаанд. Аксарият бар иҷборӣ будани навор ишора намуда, гуфтаанд, ки ҳукумат мехоҳад аз ҳар фурсат истифода бурда, барои Эмомалӣ Раҳмон обрӯ касб кунад.

Аммо дар чунин ҳолатҳо барои масъулони зиндон ва маъмурони амнияти кишвар фурсати хуби пул кор кардан даст медиҳад. Аз ҳар маҳбус бо роҳҳои ғайриқонунӣ маблағ меситонанд.

Биноан, корбароне навиштаанд, ки маҳбусони озодшуда на аз Раҳмон, балки аз он идда аз хешу наздиконе изҳори сипосу миннатдорӣ кунанд, ки маблағи зиёд қарз намуда онҳоро озод кардаанд.

Раҳмон “қайчӣ”-ашро ба “жалюзӣ” иваз кард

0

Эмомлӣ Рамҳон, расиҷумуҳури Тоҷикистон аз анъанаҳои пешини худ, ки пайваста дар ифтитоҳи биноҳо аз қайчӣ истифода мебурд, даст кашида ба “жалюзи” гузаштааст.

Ба иттилоъи сомонаи расиҷумуҳур, Раҳмон дирӯз 22 сенябр дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро ифтитоҳ карда аст.

Дар расми ифтитоҳи ин бино дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои қайчии маъмулӣ, ки солҳо дар вақти ифтитоҳи биноҳо аз он истифода мекард, инак пешрафт карда, ин биноро аз тариқи пардабардорӣ бо истифода аз “жалюзи” ифтитоҳ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон солҳо дар вақти ифтитоҳи биноҳо, корхона ва муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ аз қайчӣ истифода мекард, ва кор то ҷое расида буд, ки мардум ва мухолифони ӯ бо ҳазл қайчиро ҳамсафари раиси ҷумҳур медонистанд.

Ин бинои ду ошёнаро тӯли дӯ сол сохтаанд ва худи Раҳмон барои гӯзоштани санги асоси ин бино дар соли 2019 ба онҷо сафар карда буд. Масоҳати умумии бино 620 метри мураббаъ гуфта мешавад.  

Дар ошёнаи якуми бинои маъмурӣ ошхона, толори маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ ҷойгир мебошанд.

Ҳамчунин дар ин ноҳия Раҳмон зимни сафари кориаш боғчаи бачагона, тарабхона ва дигар биноҳои хурде, ки соҳибкорони маҳаллӣ сохтаанд ифтитоҳ карда аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар торихи 18-ум сентябри ҳамин сол ба ин минтақа сафар кард. Сафари кории раиси ҷумҳур дар  ноҳияҳои водии Рашт идома дорад.

Намояндаи доимии Толибон дар СММ муаррифӣ шуд

0

Ҳукумати муваққати Толибон дар Кобул намояндаи доимии худ дар Созмони Миллаи Муттаҳидро муаррифӣ кард.

Хабаргузории “Ройтерз” гузориш дод, ки Таҳрики Толибон, ки ҳоло дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтааст, рӯзи чоршанбе 22-уми сентябр Суҳайл Шоҳинро ҳамчун намояндаи доимии ин ҳаракат дар СММ муаррифӣ кард.

Ҳукумати Толибон тайи як номае аз Дабири кулли СММ Антони Гутерриш дархост карда, ки ба вазири корҳои хориҷаи Толибон Амирхони Муттақӣ дар 76-умин нишасти солоноаи Маҷмаи умумии СММ иҷозати суханронӣ кардан дода шавад.

Гуфта мешавад, номаи ҳукумати Толибон ба ин ниҳоди бузурги байналмиллалӣ ба маънои пешгирӣ аз суханронии намояндаи пешини собиқи ҳукумати Афғонистон дар давраи Ашраф Ғанӣ, Ғулом Исҳоқзай дар ин минбари байналмиллалӣ мебошад.

Бино ба таҳлили коршиносон, пазириши намояндаи Толибон аз сӯи СММ метавонад дастоварди муҳимме барои ҳукумати ташкилшудаи Толибон дар ростои касби машруъияти байналмиллалӣ ва ба расмият шинохтани Толибон бошад.

76-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи сешанбе 22-уми сентябр оғоз ёфт. Дар ин нишаст раҳбарон ва намояндагони 193 кишвари узви СММ ширкат варзида суханронӣ хоҳанд кард ва ё сабти суханронияшонро мефиристанд, ки дар онҷо шунида мешавад.