16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 531

Русия Эмомалӣ Раҳмон-ро дар масълаи Афғонистон канор зад. Ҳинд ва Чин чӣ?

0

Имрӯз, 16-уми сентябр нишасти Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ бо раҳбарии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба ҷуз Владимер Путин, президенти Русия ҳама ҳузурӣ ширкат карда, ба қавли расонаҳо, баррасии вазъи Афғонистон, ҳамчун узви нозири ин созмон яке аз масъалаҳои асосии ин нишаст арзёбӣ будааст.

Баргузории нишасти СПАД дар рӯзҳое рост омад, ки айни замон дар Душанбе нишасти сарони Шӯрои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) низ дар назар гирифта шудааст.  Сарони кишварҳои Чину Русия, Манголия ва Сарвазири Ҳиндустон дар он ҳузурӣ иштирок намекунанд.

Гуфта мешавад, Чин аз кишварҳест, ки омода аст бо ҳукумати нави Кобул ҳамкорӣ кунад, дар ҳоле ки Тоҷикистон ба мисли Ҳиндустон ба таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар пофишорӣ дорад. Ӯзбекистон ва Туркманистон  омодагии худ барои ҳамкорӣ бо Толибонро расман эълом кардаанд. Русия ҳам иртибот доштан бо ин гурӯҳро инкор намекунад ва мегӯяд ба хотири бехатрии сарҳади кишварҳои осиёи марказӣ бо Толибон робита дорад. Аммо Эрон мегӯяд намехоҳад ба сиёсати дохилии Афғонистон мудохила кунад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров даъватномаи ҳузур дар нишастҳои СПАД ва СҲШ ба дасти Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон расида буд, вале вазъият тағйир кард. Аммо Амруллоҳ Солеҳ, муовини Ашраф Ғанӣ айни замон дар Тоҷикистон ҳузур дорад, вале бо вуҷуди талаби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ӯ дар ин нишастҳо роҳ наёфтааст.

Бо ин ҳол, наомадани сарони Русия ва Чин, ду узви пурнуфӯзи СҲШ ба Душанберо коршиносони тоҷик ба навъе канор задани Эмомалӣ Раҳмон дар масъаи Афғонистон медонанд.

Рӯзноманигори тоҷик Исфандиёри Одина дар саҳифаи фейсбукияш дар ин бора менависад: “Худдории раҳбарони Чин ва Русия аз ширкат дар иҷлоси гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе эҳтимолан фақат як далел дорад: Ин ки Тоҷикистон басароҳат аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят мекунад ва дар баробари Толибон мавзеъ гирифтааст. Ин ду қудрати минтақаӣ собит карданд, ки паймоншикан ва хиёнаткор ҳастанд, зеро иртибот бо гурӯҳеро, ки худашон терурист эълом кардаанд, бар яке аз шуракои бисёр муҳимми худ тарҷеҳ додаанд!”

Аммо Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) бар ин назараст, ки аз омадани Толибон ба сари қудрат бештарин фоидаро Чин мебарад ва маҳз бо дастгирии Чин Толибон тавонистанд ба чунин дастовардҳо даст ёбанд, вале чун алъон, ки ин ташаккул чӣ дар дохили худ ва чӣ дар шинохти он аз тарафи давлатҳои Ғарб бо мушкил рӯбарӯ аст, табиист, ки Чин айни ҳол аз эътирофи рӯирости он худдорӣ мекунад.

Оқои Шерзамонов мегӯяд, аз ин рӯ роҳбарияти Чин салоҳ надонист айни ҳол дар чунин нишасте, ки масъалаи марказиаш вазъи Афғонистон аст ва мавкегирии СҲШ, ки мухраи асосиаш Чин аст, ҳанӯз барвақт аст, аз ин хотир ин кишвар нахост дар сатҳи олии кишвараш дар ин нишаст ширкат кунад.

“Ҳинд ва Русия маҳз ба хотири наомадани роҳбарияти олии Ҷумҳурии халқии Чин (ҶХЧ) аз ширкат дар сатҳи боло худдорӣ карданд. Илова бар ин, ин кишварҳо низ айни ҳол дар масъалаи Афғонистон омода нестанд, ки мавкеи мушаххасашонро муайян кунанд. Русия талош мекунад, ки аз тариқи Тоҷикистон мавқеи худро дар ин нишаст муаррифӣ кунад.

Дӯстов: Мо озодии зиндониёнро талаб дорем

0

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён (Саймуддин Дӯстов), рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арафаи сафари Раҳмонов ба Иттиҳоди Аврупо талаб кардааст, ки ҳукумат зиндониёни сиёсиро озод кунад.

Дар ҷомеа Дӯстмуҳаммадиёнро яке аз мухолифон ва мунтақидони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мешиносанд, вале бо ин вуҷуд ӯ дар солгарди Рӯзи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукии худ аз ҳукумат озод намудани онҳоро талаб кардааст.

Ба гуфтаи ӯ: “Озод кардани зиндониёни сиёсӣ дар арафаи ҷашни Истиқлол аз интизориҳои аслии ҷомеаи бедори тоҷик буд, ки иттифоқ науфтоду нокорагии дастгоҳи идораи давлат ва беҳимматии меросхурон ё машваратчиёни аслии президент Эмомалӣ Раҳмонро ба тамошо гузошт.”

Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтааст, ки бояд озод намудани зиндониёни сиёсӣ дар давраи раҳбарии раҳбарони мақомоти қудратӣ ва назоратии амалкунанда сурат гирад, чун онҳо хубтар аз ҳар каси дигар медонанд, ки кӣ гунахкор асту кӣ на.

Саймуддин Дӯстов он идда аз раҳбарони мақомотро, ки зидди озод кардани зиндониёни сиёсӣ дар ҳамин шабу рӯз ҳастанд, ба надоштани андешаи миллатсозӣ ва ба давлатдории миллӣ содиқ набудан муттаҳам намуда, “одампӯфак” номидааст.

Вай таъкид мекунад: “Барои огоҳон озод кардани ин гуруҳ зиндониён дигар масъалаи сиесӣ нест, балки башарӣ ва ахлоқӣ аст. Пас салоҳ аст, ки ҳар тан аз мо озодии онҳоро талаб кунад. Оё шумои гироми, ин сатрҳоро хондед, мувофиқед?”

Ин ҳам дар ҳолест, гурӯҳе аз зинёдони сиёсии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома гуфтаанд: “Вақте, ки мо дар раванди тафтишот барои исботи бегуноҳии худамон далелҳои қотеъона пешниҳод мекардем, муфаттишон бо табассуми муғамбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.”

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 16-уми сентябри соли 2015 боздошт ва зиндонӣ намудани аъзоёну раҳбарони ҲНИТ ва хеле дигар аз озодандешон шурӯъ шуда буд. Аз ҳамин лиҳоз ҳамасола 16-уми сентябр ҳамчун Рӯзи зиндониёни сиёсӣ қайд карда мешавад.

Муроҷиатномаи маҳбусони сиёсӣ ба мақомоти Тоҷикистон

0

Гурӯҳе аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи моро дар ҳузури коршиносон ва нозирони байналмиллалӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор диҳед. Дар ғайри он ба Эмомалӣ Раҳмон ҳам гуфтаниҳои зиёде дорем.

Шакли пурраи дастнависи Муроҷиатномаи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ба идораи Аздо тв расидааст, бидуни таҳрир пешкаши хонандагон мегардонем.

Ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Аз номи маҳкумшудагони Муассисаи ЯС 3/1 СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Розиқов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

Муроҷиатнома

Пеш аз ҳама хотиррасон мекунем, ки мо собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро кормандони КДАМ рӯзи 16.09.2015 с. аз манзилҳои истиқоматиамон бидуни пешниҳод намудани ҳуҷҷат ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол дода, ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Баъди чанд рӯз бо вуҷуди надоштани гуноҳ нисбати мо ва дигар аъзои РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2 айбдор намуда, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Баъди содир кардани ҳукми боздошт аз тарафи Суд парвандаҳое бо санадҳои зиёд мисли онки гӯё моро кайҳо пурсида ва мутақоид карда бошанд, ба моддаҳои 104, 131, 179, 187, 170, 189, 195, 199, 306, 307, 32, 313, 32 КҶҶТ пурсупорс оғоз шуд. Аз ин амалан эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд.

Илова бар ин, болои паравандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ниҳодаанд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ парвандаро аз ибтидо то интиҳо воқеъяити ҳолро ба назар нагирифта, кӯркӯрона ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, моро беасос гунаҳгор донистанд.

Вақте, ки мо дар раванди тафтишот барои исботи бегуноҳии худамон далелҳои қотеъона пешниҳод мекардем, муфаттишон бо табассуми муғамбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.

Прокуратураи генералӣ бидуни далели шайъӣ ҳамин парвандаҳои сохтаро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Раисикунандаи мурофиаи судӣ Сатторзода А. дар раванди мурофиа дар зоҳир аз худ амалҳои демократӣ нишон диҳад ҳам, аммо дар асл далелҳои аз ҷониби мо пешниҳодшударо мешуниду вале онро эътибор намедод. Кӯшиш мекард парвандаҳои ҷаълии Прокуратураи генералӣ бетағйир монад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ дар ҳалли масъала мустақил набуд ва зери фишор қарор дошт. Ҳатто дар ҳолати шунидани далелҳои қотеъи бегуноҳони “гунаҳгор” даст ба сӯи боло бардошта ишора мекард, ки ӯ низ бечора аст ва қазия дар ҷойи дигар ҳал мешавад.

Дар ниҳояти сохтакориву саҳнасозиҳо раисикунандаи мурофиа Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳаитов Маҳмадалиро ба ҳабси абад, Розиқов Зубайдуллоро ба муҳлати 25 сол, Ҳикматулло Сайфуллозодаро 16 сол, Муҳаммадалӣ Файзмаҳмадро 23 сол, Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, Давлатов Абдуқаҳҳор, ва Авазов Қиёмиддинро 28 солӣ ва дигар аъзоёни РО ҲНИТ-ро ба мудатҳои тӯлонӣ маҳкум намуданд.

Бо вуҷуди муҳри махфӣ доштани парванда ва пӯшида нигоҳ доштани он, аз ҷониби дастандаркорон ҳукми суд, ки иборат аз 100 саҳифа буд ба тавари комил дар шабакаҳои интернетӣ роҳ ёфт. Ва инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ аз воқеъият огоҳӣ ёфта моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохтанд.

Бояд гуфт, агар моро “гунаҳгор” медонанд, ин ба ҷуз аъзои ҲНИТ будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба таври расмӣ фаъолият мекард. Дар давоми фаъолияти худ ба ҳечгуна қонуншиканӣ роҳ намедод. Ҳизбе, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар саҳм дошт ва дар ба даст овардани Истиқлолияти кишвар ва барқарории он талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбе, ки бидуни ҳузури он таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеа тасаввур намешуд. Ҳизбе, ки дар ба даст овардани Сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши муассир дошт ва дар меҳварияти як ҷониби Сулҳ қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки мо бегуноҳони “гунаҳгор” 6 сол боз паси панҷараи зиндон азият мекашем. Илова бар ин бо тамғаҳои “экстримизму терроризм”, хоинони миллату ватан таъна мешавем ва баъзе қаламбадастони чоплусу муздур бо номҳои корманди Академияи илмҳо, марказҳои таҳлилӣ, хабарнигорҳои ношинос, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо дар ВАО аз ҳарҷо ба ин нидоҳо садо баланд мекунанд. Дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо бо ҲНИТ робитаи наздик доштанд ва ҳатто онро ҳизби зарурӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон тавсиф мекарданд. Аз ин ҷорзаниҳои онҳо аслан парвое надорем, зеро мо худро хуб мешиносем. Медонем, ки мо ба ватани азиз ва миллати сарбаландамон хиёнате накардаем ва нахоҳем кард.

Ин тамғазаниҳо танҳо ба хотири он аст, ки мо ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохта нашавем.

Инки моро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ташабускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо худатон беҳтар медонед, ки маншаъи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд. Ба ин боварем, ки бо гузашти вақт ва ошкор шудани ҷонибҳои ҳаводиси гузашта Шумо ба дарки он расидед, ки ҲНИТ ба ин исён ҳеҷ рабте надорад. Дар тӯли 6 сол бо умеди расидани рӯзе, ки ақли солим боло гирифта ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои пешомадаро таҳаммул кардем ва мекунем. Вале афсус, ки умеди мо амалӣ нашуд.

Бино бар ин имрӯз дар арафаи Истиқлолияти кишвар, ки худро дар ба даст овардани он саҳим медонем хостем садо баланд карда бо пахши ин муроҷиатнома аз худ дарак бидиҳем.

Ба ин хотир аз Шумо қотеъона талаб менамоем, ки дар мавриди парвандаи мазкур таҷдиди назар намуда, кору кирдори моро агар гунаҳгор медонед, дар ҳузури коршиносон ва нозирони байналмиллалӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳед. Дар сурати бароварда нашудани талаби мо ногузир мешавем, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намоем ва бо ӯ низ ҳарфҳои гуфтание дорем.

Маҳкумшудагон:  

З. Розиқ

Ҳ. Сайфуллозода

М. Файзмуҳаммад

Р. Р. Ҷобир

Тӯҳфаи Қирғизистон ба Тоҷикистон: Ҳукми абади ду тоҷик

0

Рӯзи 14-уми сентябр Додгоҳи вилоятии Боткенти Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар муноқишаҳои марзии моҳи апрели имсол

Додгоҳ паси дарҳои баста бе иштироки наздикони маҳкумшудаҳо анҷом ёфтааст. Пайвандони маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Ин ду шаҳрванд пас аз даргириҳои хунини моҳи апрел ба сурати номаълум аз ҷониби Қирғистон дастгир шуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ин ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ном дошта бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ин кишвар – (моддаи 380 “ҷиноят ба зидди сулҳ” ва моддаи 391 “ғоратгарӣ”) гунаҳкор дониста шудаанд.

Аммо худи мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи якумра маҳкум ба зиндон шудани шаҳрвандони худ дар кишвари ҳамсоя вокунише накардааст.

Наздикони ин ду маҳкумшуда ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки муҳокима рӯзи 14 сентябр анҷом ёфт, вале онҳоро барои ҳузур дар мурофиа роҳ надоданд, танҳо вакили мудофеашон, Мэлс Абдураимов дар мурофиа ҳаққи ҳузур пайдо кардааст.

Абдулазиз Юнусов, падари Аскар Юнусов гуфта, ки додгоҳ ба ҷуз як навор, ки писараш ҳамроҳи афроди мусаллаҳ дида мешавад, дигар далеле надорад. Ва аз ҳукми додгоҳ нисбати писараш изҳори норозигӣ кард.

Эълони ҳукми абад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолест, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай СҲШ ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мегардад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки чун дар маслаъаи Афғонистон ва ҳимоят аз тоҷикони он сӯи Омӯ дар ин шабу рӯз Тоҷикистон дар минтақа танҳо мондааст, ҷониби Қирғизистон ин масъаларо яке аз заъфҳои кишварамон дониста, содир кардани ҳукми абадро алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун фишанг истифода кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даргириҳои марзии моҳи апрел байни Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳҳо шаҳрванд аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистон куштаншудагони ин даргириро 19 ва захмиёнро 87 нафар эълон кард. Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва 189 захмӣ хабар дода буд. Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро барои оғози ҷанг гунаҳкор меҳисобанд.

Дар пасманзари ин даргирии хунин фаъолони ҷомеаи мадании Қирғизистон як гурӯҳеро аз ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҷомеа таъсис доданд, ки вазифааш ҳисоби хасороти воридшуда бар Қирғизистон ва ҷамъоварии далоил алайҳи Тоҷикистон мебошад. Ва бо ин кор онҳо талош доранд Тоҷикистонро гунаҳкори асосии ин даргирии хунин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарка доранд. То ҳол 519 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шуда, боқӣ номуайян мондааст. Гурӯҳҳои кории ҳукуматҳо барои делимитатся ва демакратсияи марз талош доранд, вале бо гузашти моҳҳо ба натиҷаи дилхоҳ нарасидаанд.

2,8 миллион доллар кумаки ИМА ба Тоҷикистон

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмилалӣ (USAID) дар робита бо пандемияи COVID-19 фавран ба Тоҷикистон 2,8 миллион доллар кумак мекунад.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин маблағгузорӣ кӯшишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар ҳамоҳангсозии омодабошӣ, интиқол ва кафолати самаранокии ваксинаи COVID-19 дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин ин маблағ барои кормандони соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани системаи таъминоти оксиген, аз ҷумла тавассути хариди таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ барои истеҳсол, тақсим ва расонидани оксиген ба беморон равона карда шудааст.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Поммершайм қайд намудааст: “Ман аз он шодам, ки ин як қадами муҳими мо дар талошҳои муштарак барои хотима додан ба пандемияи COVID-19 мебошад. Якҷоя фаъолият намуда, мо метавонем ин балои марговарро нест кунем ва иқтисоди ҷаҳониро барқарор намоем.”

Гуфтанист, ин маблағ илова ба 9 миллион доллар кумаки ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки моҳи марти соли 2020 ба Тоҷикистон барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ҷудо шуда буд, арзёбӣ мешавад.

COVID-19: Эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон

0

Кӯдакон дар Тоҷикистон зидди Covid-19 эм карда мешаванд. Дар ин бора “

Акс аз: RG.RU

Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфта, ки масъалаи эмкунии кӯдакаон зидди коронавирус дар вазорат фаъолона баррасӣ мешавад.

Вазорат дақиқ нагуфтааст, ки аз кай эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон оғоз мегардад ва инчунин синну соли кӯдаконе, ки бояд зидди коронавирус ваксин гиранд низ муайян нест.

Ба ин монанд дар баъзе давлатҳои аврупоӣ низ барои кӯдакони аз 12-сола боло гирифтани ваксини зидди коронавирус тавсия дода мешавад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт эмкунии кӯдакони аз 12-сола болоро имконпазир гуфта буд. Ва эҳтимол барои кӯдакон ваксини Pfizer тавсия мешавад.

Дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон ваксина гирифтан барои шаҳрвандони аз 18-сола боло роҳандозӣ шуд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, то рӯзи 16 сентябр 2 млн 231 ҳазор нафар зидди коронавирус ваксин гирифтаанд, ки ин миқдор 38,3 дарсад аз шумори умумии аҳолии синни аз 18-сола болоро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон дар чанд марҳила беш аз 2,5 млн воя ваксинаҳои гуногун ворид гардидааст. Айни замон дар кишвар ба шаҳрвандон аз ваксинаҳои “Modern”-и Амрико, “AstraZenica”-и кишварҳои аврупоӣ, “CoronaVac”-и чинӣ ва ғайра зада мешавад.

“Путин ба сиёсатҳои Раҳмон дар мавриди Афғонистон мувофиқ нест”

0

Бо наздик шудани замони баргузории ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе назарҳо болои Тоҷикистон дӯхта шудаанд.

Акнун пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва мавқеъгирии Эмомалӣ Раҳмон бар алайҳи ин гурӯҳ, ки гунае аз ҳукумати ҳамашумлро дар ин кишвар талаб дорад, хеле аз ҷаҳониён ба рӯи Душанбе чашм дӯхтаанд.

Дар назар аст, рӯзи 16 ва 17-уми сентябр раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои бори аввал якҷоя бинишинанд ва сари мавзӯи Афғонистон фикр кунанд. Аммо меҳмони муҳими ин ҷаласа Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи 14 сентябр эълон кард, ки ба Тоҷикистон омада наметавонад.

Кремлин наомадани Путин ба Душанберо ба гӯшанишинӣ рабт дод ва сухагнгӯи Кремлин гуфт, ки дар атрофиёни Путин коронавирус ошкор шуда аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Валдимир Путин дар баҳори ҳамин сол воксин гирифта буд.

Қарор буд Путин аз 15-уми сентябр вориди Душанбе шавад ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон вохурда то 20 санади навро ба тавсиб расонанд. Аммо ӯ ба Тоҷикистон нарафт ва ба гӯфтаи масъулони расмии Кремлин, Путин метавонад дар нишастҳо ба таври онлайнӣ ширкат варзад.

Аз ҷониби дигар бино ба маълумоти сойти расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон 14-уми сентябр Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гуловро дар Вазорати корҳои хориҷии Туркия мулоқот карда аст.

Аз ҷузъиёти вохурии сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷаи Туркия ҷузъиёти зиёд нашр нашуда аст, танҳо ҳамин, ки “зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт”, дигар чизе ироа нашудааст.

Аммо дар ҳамин рӯз, 14 сентябри Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар муовини Вазири корҳои дохилӣ- мудири кулли Раёсати амнияти ҷамъиятии Давлати Қатар Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ барои мулоқот даъват кард. Қатар дар ҳоли ҳозир кишвари наздик ба Толибон дониста мешавад ва Толибон танҳо дар ҳамин кившар то кунун дастгоҳи расмӣ дошт.

Наомадани Путин ба Душанберо бисёре аз коршиносон рамзӣ донистаанд ва бар ин назаранд, ки гушанишинӣ танҳо баҳонае буд барои нарфтан ба Тоҷикистон. Мухбири «Коммерсант» Андрей Колесников дар ин робита мегӯяд, ғайр аз он, ӯ аслан намехост ба Тоҷикистон парвоз кунад – аз ин рӯ парвоз накард.” Ҳамзамон Путин натиҷаи санҷиши манфии коронавирусро гирифта аст.

Дар ҳамин ҳол Раиси Чин Си Ҷинпин ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ низ аз сафар ба Душанбе худдорӣ кардаанд. Онҳо низ дар ҷаласа ба таври онлайн ширкат хоҳанд кард. Чин омода аст бо ҳукумати нави Кобул ҳамкорӣ кунад, дар ҳоле ки Ҳиндустон ба таъсиси ҳукумати фарогир пофишорӣ дорад. Ҳамаи ин чи алоқамндӣ ва чӣ паём метавонад дошта бошад?

Муҳаммадҷон Кабирӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назараст, ки ҳар кадоме аз ин руйдодҳоро бояст дар ҷои худ ва дар контексти худ баррасӣ кард. Барои мисол мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия бо ВУХ- ин кишвар як рисолати корӣ аст, аммо мулоқоти сафири Тоҷикистон бо директори Амнияти умуми Қатарро метавон як амри ғайри оддӣ шумурд. Дар зимн Туркияро наметавон ҳануз кишвари наздик ба Толибон номид, чун дирӯз сухангӯи Ак Парти аз кобинаи нави Толибон ба шидат интиқод кард ва гуфт бояд дар Афғонистон як ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳама ақвоми Афғонистон шакл бигирад.

Ба гуфтаи Кабирӣ: “Феълан бозингари аслии минтақа Покистон аст ва Қатар ҳамчун бонк инҷо амал карда, ҳазинаҳои Толибонро таъмин мекунад ва шояд Чин низ дар оянда аз кишварҳои таъсиргузор рӯи Толибон бошад.”

Аммо донишманди тоҷик Сайидюнуси Истарвшанӣ бар ин назараст, ки вохӯрии сафирони тоҷик бо мақомоти туркӣ ва қатарӣ ба эҳтимоли зиёд барои даъвати онҳо ба нишасти Шонкҳой дар Душанбе аст, ба хусус ин ки ин ду кишвар нисбат ба узвият дар ин ниҳод алоқа нишон додаанд. Ман фикр намекунам, ин вохӯриҳо рабте ба таҳаввулоти Афғонистон дошта бошад. Албатта, Тоҷикистон медонад, ки ин ду кишвар равобити хубе бо Толибон доранд ва ба хусус Қатар. Бинобар ин, баъид нест бархе умур бо онҳо ба миён гузошта шаванд, масалан ҷой надодани Толибон дар Афғонистон ба мухолифони режими Раҳмон дар Афғонистон ва ё аҳёнан истирдоди онҳо. Ин баъид нест.

Дар айни замон оқои Истаравшанӣ роҷеъ ба наомадани Путин ба ин нишаст мегӯяд: “Далел, ки тараф гӯё мубтало ба куруност ё шабеҳи он, ду масъала қобили ёдоварист. Аввалан, ман баъид медонам, Путин мубтало ба ин вирус бошад, ба хусус ин ки ӯ воксан зада буд, магар ин ки коромодии ин воксанро зери суол бибарем. Аммо ин баъид аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар робита ба баҳонаи Путин меафзояд: “Ман фикр мекунам, ӯ мехоҳад нишон бидиҳад, ки чандон ба сиёсатҳои Раҳмон дар мавриди Афғонистон пас ин таҳаввулот ва омадани Толибон ба сари қудрат, мувофиқ нест; сиёсатҳое, ки чандон бо сиёсати Русия мутобиқ нест. Раҳмон мухолифати худ бо Толибонро ва ин ки онҳо тоҷикҳоро дар қудрат саҳим накардаанд, тасреҳ кардааст, ҳарчанд ба зоҳир. Ва ин, ба мазоқи Путин намехӯрад. Русия чандон бо Толибон мухолиф нест”.

Даргузашти раиси ноҳияи Мастчоҳ

0

Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ пас аз ҷарроҳие 14-сентябр дар шаҳри Душанбе аз олам дар гузашт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод, ки раиси ноҳияи Масчоҳ пас аз як “бемории кӯтоҳмуддат” даргузашт.

Аммо “Азия-Плюс” дар истинод ба манобеаш навишт, ки “Тоҳир Азиззода охирҳои моҳи июни имсол ба бемории коронавирус дучор шуд ва тақрибан як моҳ табобат гирифт”. Яке аз наздикони ӯ гуфта, ки “ду рӯз пештар бинобар беморӣ, ки ба мо то ҳол норӯшан аст, Азиззодаро ба Душанбе бурданд ва бегоҳии 14-уми сентябр пас аз ҷарроҳӣ даргузашт”.

Тоҳир Азиззода моҳи январи соли 2020 бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардида буд. Ӯ қабл аз раис шудан ба муддати 4 сол дар вазифаи муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ кор карда буд.

Пазироии Тоҷикистон аз занону кӯдакони паноҳҷӯи афғон

0

Иттиҳодияи Аврупо барои кумак ба паноҳҷӯёни афғон ба Тоҷикистон маблағ ҷудо кард, аммо мақомоти тоҷик аз паноҳҷӯёни афғон танҳо занҳо ва кӯдаконро пазируфта, мардонро бозпас фиристоданд.

Акс аз навори видеоӣ

Аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон аз нуқтаҳои гуногуни марз талоши вуруд ба Тоҷикистонро кардаанд, вале танҳо ба беш аз сад зану кӯдак иҷозати вуруд дода шуд, вале ва ба мардон на.

Чанде пеш шуморе аз муҳоҷирони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз бархурди дурушти мақомоти тоҷик шикоят карда, гуфта буданд, ки онҳоро марзбонони тоҷик ба як минтақае бурда гузоштаанд, ки на оби ошомиданӣ доранд ва на ноне барои хӯрдан.

Напазируфтани паноҳҷӯёни афғон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки 14 сентябр Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки барои ҳукумати Тоҷикистон баҳри кумак ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ 160 ҳазор евро ҷудо кардааст.

Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор гурезагони афғонистонӣ паноҳ бурдаанд.

Аммо мақомоти тоҷик дар баъзе ҳолатҳо ё паноҳанда намепазирад ва ё онҳоро пас аз вуруд дигарбора ба Афғонистон мефиристад. Гурӯҳе аз нерӯҳои давлатии Афғонистон, ки моҳҳои июн ва июл ба марзи Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, пас аз муддати кӯтоҳе ба Кобул бозпас фиристода шуданд.

Дар аввалҳои моҳи июн мақомоти тоҷик иддао карда буданд, ки то 100 ҳазор паноҳҷӯи афғонро дар Тоҷикистон пазируфта метавонанд, аммо ҳангоми паноҳ овардани афғонҳо 80 нафар бо шумули занҳо ва кӯдакон ба кишвар роҳ дода нашуданд.

Ифтитоҳи Маркази муҳоҷирати Маскав дар Душанбе

0

Дафтари

Ба иттиои хабаргузории “ТАСС“-и Русия, Кирилл Пуртов, сардори Шӯъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав гуфт, ки бо кушодани намояндагии Маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон қонунигардонии ҷараёни муҳоҷирати корӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоёни Маскав беҳтар мешавад.

“Ба шаҳрвандони Тоҷикистон патентҳое, ки аз ҷониби Маскав дода шудаанд, тақрибан 40% рост меояд. Бо кушодани намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав дар Тоҷикистон, мо эҷоди механизмҳои муассирро идома медиҳем, ки ба қонунигардонии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба Маскав, беҳтар кардани ҳамкории корфармоёни Маскав ва мутахассисони хориҷӣ нигаронида шудаанд.”

Пеш аз ин дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон низ намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуда буд, ва он ба муҳоҷироне, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, метавонанд патентҳои кории худро аз Тошканд дастрас кунанд.

Қаблан мақомоти Русия изҳор дошт, ки дар кишвар норасоии муҳоҷирони корӣ вуҷуд дорад ва дар навбати худ дар шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки дар пойтахт 200 ҳазор коргари хориҷӣ намерасад.