19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 535

Фарохони умумии Аҳмад Масъуд дар Афғонистон

0

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо интишори як фарохони умумӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём кунанд.

Аҳмад Масъуд, дар паёми савтие ишғоли Панҷшерро аз сӯи Толибон рад намуд ва тамоми мардуми Афғонистонро ба қиём алайҳи Толибон даъват кард. Масъуд мегӯяд, ки Толибон то ба ҳол ба назорати  комили Панҷшер даст наёфтааст ва муқовимат алайҳи гурӯҳи Толибон дар ин вилоят идома дорад.

Аҳмад Масъуди хурдӣ, ки ҳоло масъуляти раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро бар уҳда дорад, бо мурҷиати савтие аз неруҳои муқовимат даъват кард, то алайҳи Толибон қиём кунанд ва таъкид намуд, ки  то озод шудани кишвар ва “пирӯзӣ барои Афғонистон” муқовимат кунанд.

Масъуд мегӯяд: “дирӯз пас аз эъломияи уламои сартосари кишвар, ҷабаҳаи муқовимати миллӣ файсалаи уламора наҳоӣ ва лаббайк гуфт ва эҳтиром гузошт, аммо Толибон хушбахтона ки тиннати вақеъии худро нишон доданд ва билохира бар хилофи чизе, ки дар зоҳир мегуфтанд, нишон доданд, ки на боваре ба шариъат доранд, на боваре ба Қуръон доранд ва на файсалаи уламои сартосари Афғонистнро боварманд ҳастанд”.

Ӯ ҳамазамон гуфт, ки баъд аз файсалаи уламо, Толибон ҳуҷуми густурдаеро болои миллату мардуми мо шурӯъ карданд, ки боъиси кӯшта шудани теъдоди зиёде аз ҳамаватанони мо, аз ҷумла бахше аз хонаводаи мо шуд.

Дар зимн Аҳмад Масъуд гуфт: “Ман аз тамоми мардуми Афғонистон, ҳамаи бародарону хоҳарони мо дар тамоми гӯшаҳои кишвар даъват мекунам, ки ба истибдодгарон муқовимат кунанд”.

Масъуд ҳамчунин дар хитоб ба ҷомеъаи Ҷаҳонӣ гуфт, ки мутаассифона иҷоби фурсати ғалат ба Толибон ва додани фурсати сиёсӣ боис шуд, ки онҳо ҳам фурсати сиёсӣ пайдо бикунанд ва ҳам ба дунё нишон бидиҳанд, ки онҳо тағйир карданд. Дар ҳоле, ки Толиб ба ҳиҷ унвон тағйир накарда, балки золимтар ва ифротитар шуда аст.

Пештар Ҷабҳаи муқовимат эълон карда буд, ки ба пешниҳоди уламои Афғонистон дар барои “қатъи фаврии ҷанг” мувофиқ ҳаст ва дар ҳоли берун рафтани низомиёни Толибон аз вилояти Панҷшер онҳо ҷангро қатъ мекунанд. Аммо Толибон пешниҳоди мусолаҳаро рад кард ва сухангӯи ҳаркат гуфт, “Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер фурсати гуфтугӯро аз даст додааст”.

Панҷшер аз замони суқути Кобул дар рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ то кунун дар муҳосари Толибон қарор дорад ва тайси 10 рӯзи ахир ҳамла ба вилоят оғоз шудааст.

ПМТ як моҳ 80 оилаи афғонро бо хӯрок таъмин карданист

0

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон таъмини якмоҳа хӯрокӣ 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон дар мондаанд, бар уҳда гирифт.

5-уми августи соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар як мизи гирд пас аз таҷлили сесолагии ин созмон суҳбат мекард, дар посух ба ин, ки оё Паймони Миллии Тоҷикистон метавонад, 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз банд мондаанд, кумак кунад, гуфт бале, эълон кунед, Паймони Миллии Тоҷикистон ин корро хоҳад кард.

Пеш аз ин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода эълон карда буд, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон 80 оилаи муҳоҷир ҳузур дорад ва Тоҷикистон ба сабаби надошти зерсохторҳои қабули муҳоҷирон наметавонад аз онҳо пазироӣ кунад.

Инчунин телевизиони Эронинтернешнал наворе нашр кард, ки дар он 80 паноҳҷӯи Афғонистон иддаъо мекарданд, пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон мақомоти тоҷик онҳоро фиреб дода, ба нимҷазирае дар байни Омӯдарё овардаанд.

Дар навор ин муҳоҷирон аз надоштани сарпаноҳ, ба охир расидани маводҳои хӯрака ва авҷ гирифтани беморӣ дар байни онҳо шикоят карда, аз созмонҳои байналмилалӣ талаби кумак мекарданд.

Фармони Президент дар Турсунзода арзиш надорад

0

Наздик ба 10 сол мешавад, ки як оилаи серфарзанди тоҷик дар шаҳри Турсунзода наметавонад аз тариқи аризабозӣ соҳиби як қитъа замин шавад.

Як сокини ҷамоати Қаратоғи деҳаи Маданияти шаҳри Турсунзода мегӯяд, бо вуҷуди он ки Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи додани замини наздиҳавлигӣ ба номаи онҳо посухи мусбат додааст, аммо раиси шаҳр, Акрамзода Парвиз дар иҷрои ин фармон хунукназарӣ мекунад ва фармонро сари ватқ иҷро кардан намехоҳад.

Ин сокин, ки худро Абдуллоҳ Баев муаррифӣ кард, дар тамос ба Аздо тв гуфт, баъд аз хабаре, ки Аздо тв дар бораи вазъи ин хонавода дар таърихи 19 ноябри соли 2020 нашр карда буд, масъулони ҷамоати Қаратоғ омада, гуфтанд, ки шумо ин масъаларо расонаӣ накунед ва тамоми асноди лозимаро дар ҳол тартиб доданд, аммо акнун раиси шаҳр, Акрамзода Парвиз моҳҳо мешавад, ки корро ба таъхир гузоштааст.

Ба гуфтаи Абдуллоҳ Баев, “Ҷамоат ҳуҷҷатҳои моро тартиб дода, ба раиси шаҳр фиристод, раиси шаҳри Турсунзода бояд қарори тақсими заминро қабул кунад, аммо моҳҳо мешавад онро қабул накардааст. Борҳо наздаш даромадан хостем, посбонҳои назди дар намегузоранд ва мегӯянд, ки мисли шумо даъвогарон зиёд аст. Хубаш интизор шавед”.

Баев иддао дорад, ки то ба тартиб даровардани аснод аз тарафи ҷамоат чанд сол мунтазир буданд, аммо баъд аз тартиби онҳо низ интизорияшон тӯл кашид.

“Дар ҳукумати шаҳр мегӯянд, асноди шумо камбудӣ дорад ба ҳар тараф мефиристанд, вақте меравем онҳо мегӯянд, аснодатон ҳеч мушкилие надорад. Мақомоти шаҳр бо ин оваракарданҳояшон пора мехоҳанд, агарчи ошкор намегӯянд, вале пайдост, ки то пора надиҳӣ касе коратро иҷро намекунад”, – афзуд ин сокини шаҳри Турсунзода дар тамос бо Аздо тв.

Абдуллоҳ Баев иддао дорад, ки дар ҳавлии 6,5 сотиқа 6 бародар ҳамроҳи зану фарзанд ва модари пирашон, ки дар маҷмӯъ беш аз 20 нафар ҳастанд, зиндагӣ доранд.

Хонаводаи Баевҳо ду маротиба, як бор соли 2012 ва такроран соли 2014 барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба идораи ҷамоъати Қаратоғ ариза додаанд, вале мақомот гуфтаанд, ки дар хонаи шумо 5 нафар кор мекунад ва шумо оилаи камбизоат маҳсуб намешавед, аз ин хотир аз додани замини наздиҳавлигӣ ба оилаи Баевҳо худдорӣ кардаанд.

Абдулло мегӯяд, нафароне ҳастанд, ки солҳои 2018 ариза доданд ва ҳоло соҳиби замин ҳастанд. Дар деҳаи маданият, ки Абдулло онҷо зиндагӣ мекунад, замин гарон буда, як сотиқ замин онҷо 3000 доллари амрикоӣ нарх доштааст.

Онҳо соли 2015 маҷбур шудаанд ба худи Президент нома бинависанд ва соли 2016 Дастгоҳи Президент ба номаи оилаи Баевҳо посух гуфта аз ҳокимияти иҷроияи маҳаллии шаҳри Турсунзода талаб карда шуд, ки шароити зиндагии оилаи Баевҳоро санҷанд ва дар сурати воқеият доштани иддаои шаҳрванд барои онҳо замин ҷудо карда шавад. Аммо ҳангоми расидани нома ба идораи ҳукумати шаҳри Турсунзода ба онҳо гуфтаанд, ки ҳоло вақти замин тақсимкунӣ нест.

Надоштани замин ва хона дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосии сокинон ба ҳисоб меравад. Мақомти кишвар вазифадор шудаанд, ки барои камбизоатон ва ниёзмандон, хусусан онҳое, ки дар як ҳавлӣ чанд оила зиндагӣ мекунанд, барои сохтани хона замин ҷудо кунанд. Аммо бо вуҷуди ин, аз ришваситонии мақомоти баъзе ноҳияҳо ҳангоми тақсим кардани заминҳо сокинон борҳо гузориш додаанд.

Фирори 6 фаластинӣ аз зиндони Исроил

0

Шаш тан аз маҳбусони фаластинӣ, ки дар зиндони Исроил нигаҳдорӣ мешуданд, бо кандани нақби зери заминӣ аз зиндон фирор карданд.

Бино ба гузориши шабакаи хабарии

Бо вуҷуди он, ки зиндон мустаҳкам буда ва сахт муҳофизат  мешавад, шаш маҳбус тавонистаанд аз он фирор кунанд ва мақомоти Исроил бо иштироки чархболи полис, дар ҳол пас аз маълум шудани фарор дар гирду атрофи зиндон корҳои ҷустуҷӯиро оғоз кардаанд.

Радиои артиши Исроил хабар дода, ки мақомот аз тарси ҷой доштани нақбҳои дигар ба интиқоли тақрибан 400 маҳбусони зиндони Ҷалбуъ ба дигар зиндонҳо дар соатҳои наздик оғоз хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки 4 нафар аз маҳбусони фарорӣ ба ҳабси абад маҳкум будаанд ва як нафари онҳоро Исроил дар ҳамла ба қароргоҳи ҳизби Ликуд дар Бейт Шеан дар соли 2002, ки дар он 6 исроилӣ кушта шуда буд, гунаҳкор медонад.

Гуфта мешавад, зиндони “Ҷалбуъ” аз мустаҳкамтарин зиндонҳои Исроил ба ҳисоб меравад. Исроил 4850 асири фаластинӣ дорад, ки байни онҳо 41 зан, 225 кӯдак ва 540 муҳбусони маъмурӣ вуҷуд дорад.

Шойгу барои муҳоҷирон дар Русия кор ёфт

0

Онҳое, ки мехоҳанд ба Сибир кӯчанд ва бо рушди он машғул шаванд, бо як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла “Ипотекаи Сибирӣ”, таъмин карда мешаванд.

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия. Сурат: Хадамоти матбуоти ВМФР

Ба гуфтаи Сергей Шоёгу, визири мудофаи Русия барои рушди Сибир вуруди муҳоҷирони корӣ ба ин минтақа мусоид мешавад, то онҳо дар сохтмони шаҳрҳои нави Сибир иштирок кунанд.

Сергей Шойгу дар мусоҳиба бо РБК, ки рӯзи душанбе нашр шуд, изҳор дошт: “Эҳтимолан барои татбиқ кардани лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ мо вуруди захираҳои меҳнатӣ бояд вуҷуд дошта бошад”, – таъкид кард Шойгу.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз омадани одамони нав, дар ин қаламрав тиҷорат, хадамоти гуногун ба роҳ монда мешавад, ки боиси воридшавии боз ҳам бештари одамон ва густариши минбаъдаи бахши хизматрасонӣ мегардад.

Вай инчунин меафзояд, ки барномаи рушди Сибир аз хурӯҷи аҳолии ин минтақа пешгирӣ мекунад. Ва механизми ҷалби муҳоҷирон ба Сибир таҳия шавад. Бояд қарзҳои имтиёзнок дар доираи “Ипотекаи сибирӣ” фикр кард ва онро ҷорӣ кард.

“Мо дар бораи барномаи дарозмуддати рушди минтақаи Сибир дар тӯли даҳсолаҳо сухан гуфта истодаем, ки он бояд на танҳо ба хориҷшавии оҳолӣ хотима бахшад, балки ин иқдом барои ҷалби аҳолӣ ба Сибир баштар хоҳад шуд ва шароити беҳтарро фароҳам меоварад”, – изҳор дошт Сергей Шойгу вазири мудофиаи Русия.

Гуфта мешавад, ҳукумати Русия барои иҷрои пешниҳодҳои барномаи “Рушди Сибир” онро ҳамин тирамоҳ омода хоҳад кард. Дар барнома таъсиси марказҳои илмӣ, аз ҷумла рушди навини энергетика, истеҳсоли моторҳои барқӣ, маснуоти чӯбӣ, батареяҳо ва ғайраро дар бар мегирад, дар назар аст.

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Равшан”-и Кӯлоб

0

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар давраи ҳаштуми Чемпионати Кока-Колаи Тоҷикистон бо дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ кард.

Ин бозӣ, ки рӯзи 5-уми сентябр дар майдони марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, пас аз ин муваффақият, “Истиқлол”-и Душанбе бо касби 42 имтиёз аз Хуҷанд 10 имтиёз пеш шуд.  

Дар ин бозӣ голҳоро дар дақиқаи 13 ва 60-ум Манучехр Ҷалилов ва дар дақиқаи 80-ум Ислом Зоиров заданд.

Коҳиши интишори коронавирус дар Тоҷикистон

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар гузориши охирини худ, ки рӯзи 5 сентябр нашр шуд, аз коҳиши интишори коронавирус дар кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар давоми як шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷумҳурӣ 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда ва ҳеч ҳолати марг бо сабаби ин беморӣ сабт нагардидааст

“Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии ин беморӣ дар кишвар то рӯзи 5 сентябр  дар кишвар 16984 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16849 нафар (99,2%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд”, омадааст дар хабари вазорат.

Барои пешгирии бемории ҳамагир аз кишварҳои дуру наздик дар чорчӯби барномаи башардӯстонаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт – COVAX ба Тоҷикистон беш аз 2 млн воя воксини “AstraZeneca”-и Аврупо, “CoronaVac”-и чинӣ ва “Moderna”-и Амрико барои шаҳрвандони кишвар ройгон тазриқ мешавад.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия

0

Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиджи Ди Майо рӯзи 4-уми сентябр ба Тоҷикистон омад.

Луиджи Ди Майо бо Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом додааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ таъкид намудаанд.

Вазирони корҳои хириҷа вазъ дар Афғонистон ва минтақаро баррасӣ намуда, ба ягонагии равишҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ таъкид карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи тамосҳо ва машваратҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия ва минтақа изҳор намуданд.

Талаби баста шудани сафорати Покистон дар Тоҷикистон

0

Иддае аз фаъолони ҷомеаи мадании тоҷик дар шабакаи иҷтимоии

6-уми сентябр соли 2021, фаъолони мадани тоҷик аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хостаанд, ки ҳамлаҳои шаби гузашта ба Панҷшерро маҳкум кунад ва сафорати Покистон дар Тоҷикистон баста шавад.

Панҷшер пас аз суқути Кобул дар санаи 15-уми августи соли ҷорӣ ба дасти Толибон то кунун дар муҳосира ва тайи 10 рӯзи ахир мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ин вокуниши фаъолони мадании тоҷик низ пас шиддат гирифтани ҳамлаҳои нерӯҳои Толибон ва ахбори зидду нақиз дар бораи суқути Панҷшер ба вуҷуд омадааст.

Пеш аз ин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) дар Панҷшер иттилоъ дода буданд, ки дар байни нерӯҳои Толибон, ки ба ин вилоят ҳамла мекунанд, шаҳрвандони покистонӣ низ ҳузур доранд. Инчунин гузориш шуда, ки шаби гузашта тайёраҳои бидуни сарнишини покистонӣ ба Панҷшер ҳамла кардаанд.

Қонуни афв қабул шуд

0

Имрӯз, 6-уми сентябр Парлумони Тоҷикистон Қонуни афвро, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон онро ба Маҷлиси намояндагон фиристода буд, қабул кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, муовини додситони кулли Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода тарҳро дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки қонуни мазкур зиёда аз 16 ҳазор нафарро шомил мегардад.

Инчунин Талбакзода таъкид дошта, ки қонуни афв барои касоне, ки бо иттиҳоми терроризм, баромадан ба зидди сохти конститутсионии кишвар, одамкушӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум шудаанд, татбиқ намешавад.

Ҳамзамон миуовини додситони кул таъкид дошт, ки онҳое, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд дар ин тарҳ ворид намешаванд. Муҳлати татбиқи қонуни мазкур ду моҳ гуфта мешавад.