Хона блог саҳифа 536

Эмомалӣ Раҳмон ҳам эътирозгарони Қазоқистонро “террорист” гуфт

0

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи мотамии умумимиллӣ дар Қазоқистон бидуни ном гирифтан аз эътирозгарони қазоқ онҳоро “радикал”, “ифротӣ” ва “террорист” номид.

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, ки тариқи он-лайн баргузор шуд, суханронӣ карда, бидуни ном гирифтан аз эътирозгарони Қазоқистон онҳоро “радикал”, “ифротӣ” ва “террорист” номид.

Бино ба иттилои Хадамоти матуботи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз саркӯби эътирозгарон дар Қазоқистон ҷонибдорӣ карда гуфт: “Тоҷикистон аз иқдомоти раҳбарияти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва барқарор намудани тартибот дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад.”

Президенти Тоҷикистон бидуни ном бурдан аз эътирозгарон дар кишварҳои узви СААД “таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин  талошҳои ҷалбу таблиғоти онҳо дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд.”

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои ноябрии 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба дунболи он панҳ гардидани домани эътирози сокинони Тоҷикистон дар кишварҳои мухталифи дунё эътирозгарони Хорeғро “гурӯҳҳои ҷинояткор” ва “террорист” хонда буданд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ҳам чанд рӯзе пеш эътирозгарони кишварашро “бандит” ва “террорист” хонда гуфт, ки 20 ҳазор “террорист” ба шаҳри Алма-Ато ҳамла карданд. Аммо баъдтар ин назарашро аз саҳфаи Тввтириаш ҳазф кард.

Дар замони баргузории эътирозҳои соли гузашта дар Беларус ҳам президенти ин кишвар Александ Лукашенко мухолифон ва эътирозгарони кишварашро “бандит”, “авбош” ва “террорист” гуфта буд.

Соле пеш Владимер Путин ҳам дар замони авҷи эътирозҳо бо раҳбарии Александ Навлний садҳо ҳазор эътирозгарони кишварашро афроди “ҷинояткор” ва ” гуӯҳҳои табаҳкор” гуфта буд.

Башшор Асад ҳам дар Сурия мухолифини худашро террорист эълон карда, 10 сол боз кишварашро ба хоку хун кашидааст. Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти Миср дар робита ба мухолифонаш аз ҳамин усули “террорист” ва “душамани халқ” эълон кардан кор мегирад.

Гуфтанист, сарони давлатҳои дорои низоми диктаторӣ ҳама барои саркӯб кардани эътирозгарони худ аз ҳамин усулҳои хушунатбор истифода карда, то метавонанд фарҳанги тарсу ҳаросро дар кишварҳои худ болои мардум таҳмил мекунанд, аммо дар муқобил чизе ҷуз фақру шӯрбахтӣ ба сокинони кишварҳояшон тақдим намекунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Дар як соли охир аҳолии Тоҷикистон 1,8% зиёд шудааст

0

Аҳолии Тоҷикистон дар як соли ахир 1,8% афзуда, ба 9 миллиону 838,4 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ҳамчунин гуфта мешавад, аҳолии Тоҷикистон дар соли 1991, ҳамагӣ 5.4 миллион нафарро ташкил дода, дар 30 соли охир аҳолӣ 1,8 баробар афзудааст.

Тибқи пешгӯии коршиносон, то аввали соли 2023 шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.

Ба иттилои мақомот дар ҳоли ҳозир давомнокии миёнаи умр дар кишвар 75 солро ташкил дода, фавти шаҳрвандон 40 %, марги модарон ҳангоми таваллуд 73 % ва фавти кӯдакони то 5 сола 85 % кам шудааст.

Додситонӣ аз ҷузъиёти қазияи Мадина Маҳмадҷонова хабар дод

0

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр бо нашри як хабарномае аз ҷузъиёти парвандаи пурсарусадои Мадина Маҳмадҷонова хабар дод.

Дар хабарнома гуфта мешавад, тафтишот муайян кард, ки Давлатова Азиза аввалҳои соли 2020 аз муносибати маҳрамонаи шавҳараш Давлатов Лутфулло бо Мадина Маҳмадҷонова огоҳ шуда, аммо моҳи июни соли 2021 хабардор мешавад, ки онҳо бо ҳам ақди никоҳи мусалмонӣ баста ва шавҳараш мақсади аз ӯ ҷудо шуданро дорад. “Аз ин ҳолат, вазъи равонии ӯ бад шуда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Мамадҷонова М.А. пайдо шудааст.”

Ҳамчунин дар идома гуфта мешавад, ки Давляатова Азиза “бо гумони он, ки шавҳараш Давлятов Л.Д. дар манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. қарор дорад ва аз ҳиссиёти рашк бо автомашинам шахсиаш тамғаи «Бехиз КХ-350», рақами қайди давлатиаш 0009 ЕН/01 ба назди манзили истиқоматии охирин омада, автомашинам хизматии шавҳарашро пайдо кардааст. Тахминан соати 13:40 дақиқа ба шавҳараш занг зада, хабар додааст, ки ӯ аз ҳолати дар хонаи Мамадҷонова М.А. буданаш огоҳ буда, дар назди автомашинааш интизор мебошад. Мамадҷонова М.А. ба назди Давлятова А.Т. омада фаҳмонидааст, ки шавҳараш дар хонаи ӯ қарор надорад. Давлятов Л.Д. аз манзили истиқоматии Мамадҷонова М.А. баромада, ба воситаи автомашинам мусофиркашонӣ ба ҷойи кораш рафта, тахминан соати 14:18 дақиқа ба воситаи телефон ба Давлятова А.Т. хабар додааст, ки дар ҷойи кораш қарор дорад.”

Додситонии кулли кишвар мегӯяд, пеш аз иҷрои нақшаи ба ҳалокат расондани Мадина, Давлатова Азиза ӯро дар мошини худ савор карда чанд соат бо ҳам дар кӯчаҳои шаҳр сайру гашт намуда, аз мушкилоти рӯзгори ҳамдигар нақл кардаанд. Ва Азиза аз ин фурсат истифода бурда, мошинро ба тарафи Варзоб меронад ва дар як ҷои беодам медорад. “Давлятова А.Т. аз ҳиссиёти рашк Мамадҷонова М.А.-ро дар дохили автомашина лату кӯб намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудан, бо гиребони куртаи дар тан доштаи Мамадҷонова М.А. гулӯи охиронро буғӣ карда, муҳлати бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст. Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова М.А. аз фаро расидани марги охирон боварӣ ҳосил карда, ба шавҳараш Давлятов Л.Д. ва дигар наздиконаш дар бораи ҳодисаи рухдода хабар додааст.”

Баъд аз ин ҳодиса мақомот нисбати Давлятова Азиза бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тодикистон парванда боз кард ва рӯзи 28-уми декабр Додгоҳи Олии кишвар ӯро бо ҳамин модда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои мҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 11 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин кард. Аммо бо татбиқи қонуни авф аз ҳукми ӯ як сол кам карда шуд.

Қазияи бераҳмона лату кӯб шудани Мадина Маҳмадҷонова аз ҷониби Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Гуфта мешавад, баъд аз буғии сахт шудан Мадинаи 32-сола наздики 4 моҳ дар бемористон дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт ва 15-уми декабр дар бемористон даргузашт.

Мақомот қазияи мазкурро дар марҳилаи аввал баъд аз тафтиш пӯшонд ва мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд.

Пас аз шуруъи дубораи парванда 3-4 мақомдори сохторҳои қудратӣ – муовни додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, чанд масъули ШВКД-и ҳамин ноҳия барои хунукназарӣ нисбати ин парванда аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Қазияи Мадина Парвиз Давлатов (Давлятов Лутфулло)-ро низ барои 8 сол равонаи зиндон кард. Аммо рӯзи 14-декабр бо татбиқи Қонуни афв ҳукми ӯ ба 5 солу 4 моҳ кам карда шуд.

Маҳкум шудани 5 зани тоҷик бо гумони иштирок дар ҷангҳои Афғонистон

0

Дар Тоҷикистон  панҷ зан бо ҷурми  иштирок дар ҷанг дар Афғонистон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин занон тобистони соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуда, айбномаи аслӣ алайҳи онҳо ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар Афғонистон аст.

Ҳарчанд мақомот дар бораи зиндонӣ намудани ин занон то ҳол маълумоти расмӣ надодааст, аммо Радиои Озодӣ исми ин занон ва ҳукми зиндони онҳоро расонаӣ намудааст: Нозия Арбобова ба 14 сол, Наргиза Халимова – 14 сол, Фарида Маҷидова – 14 сол, Дилафрӯз Ризоева – 12 сол ва Олима Камолова ба 12 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Гуфта мешавад, ин занҳо 8-уми июли соли гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда, дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2021 маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳукми онҳоро додгоҳҳои шаҳри Душанбе, ноҳияи Синои пойтахт ва шаҳри Ваҳдат содир кардаанд.

Чаро Тоҷикистон давлати фақир аст?

0

Дар рӯйхати созмони Милали Муттаҳид тақрибан дусад давлат ҷойгир аст ва мувофиқи ченакҳои байналмилалӣ давлате, ки солона ба сари ҳар нафари аҳолиаш $100 000 харҷ менамоянд, аз шумораи давлатҳои сарватманд ва ҳукуматҳое, ки ба сари аҳолиашон 1000 $  сарф менамоянд, дар қатори давлатҳои фақир ба шумор мераванд.

Тоҷикистони мо ҳам мутаасифона, дар қатори давлатҳои фақир қарор дорад. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон дар як соли охир 773 доллар буд. Мувофиқи маълумоти Сандуқи байналмилалии пул, даромади миёнаи солонаи ҳар сари аҳолӣ 833 долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаи пасттарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро баъзе давлатҳо сарватманд ва дигаре фақир мебошанд?

Мо ин ҷо чанд сабаберо, ки таҳлилгарон барои фақир шудани давлатҳо, баён намудаанд, зикр менамоем ва барои хонанда возеҳ мешавад, ки бо бартараф шудани ин сабабабҳо Ватани мо ҳам ба қатори давлатҳои пешрафта шомил мешавад.

Якумин сабабе, ки мутахассисон барои фақир шудани давлатҳо зикр менамоянд, ин бенизомӣ дар шакли идораи давлат ва ришвахӯрӣ  мебошад. Барои мисол, Вазорати андоз, ки вазифаи асосиаш пур кардани буҷаи давлат аст, дар давлатҳои фақир фақат “гум шудан” (дуздидан)-и пули андоз аз 25 то 105 млн долларро ташкил медиҳад. Дар радабандии нави созмони “Transparency International” (Шаффофияти байналмилал), ки мизони фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон “чен” мекунад, Тоҷикистон (дар миёни 180 кишвар)  дар ҷойи 149-ум қарор гирифтааст.

Муҳаққиқони амрикоӣ, ки сиёсати буҷаву андози Тоҷикистонро бо ченаки  “Commitment to Equity Assessment” арзёбӣ кардаанд, ба ин натиҷа расиданд, ки сиёсати андозу буҷаи кишвар боиси то 5,12 банди фоизӣ афзудани камбизоатӣ дар кишвар мешавад. Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, андозҳо дар Тоҷикистон “барои хонаводаҳои камбизоат сангинӣ мекунад”, аммо “қишри дорои аҳолӣ, баръакс, баробар ба сарвату сармояаш андоз намесупорад”. Яъне, дар натиҷаи ситонидани андози зиёд аз мардуми қаторӣ ва насупоридани андоз ва дуздидани будҷаи давлат аз тарафи мансабдорон, шаҳрвандони қаторӣ фақиртар ва мансабдорон золимтабиату сарватмандтар мегарданд.

Дигар соҳаҳои пуркунандаи буҷаи давлат, гумрук  ба ҳисоб меравад ва ба ибораи дигар, гумрукро дарвозаи буҷа низ гуфтан мумкин аст. Локин мутасифона, гумруки Тоҷикистон дар дасти дуздони “пагондор” карор дорад ва ҷое, ки бояд маблағ ҷамъ ва дар буҷаи давлат зам шавад, баръакс ғасби амволи мардум ва кишвар аз тарафи кормандони мақомот сол аз сол зиёдтар мешавад.

Мисоли зинда, эътирофи корманди гумруки терминали “Душанбе-1” Шаҳбоз Раҷабов  бо дуздии  моли давлатӣ дар назди Роҳбари Давлат ва ҳамон лаҳза авф шудани вай бо сабаби “ҷавон” буданаш аст. Далели дигари ришваситонии кормандони гумруки Тоҷикистон ин вуҷуди фарқи калон дар омори пешниҳодӣ бо шарикони асосии тиҷорат – Чин, Узбекистон, Русия ва ғайра аст. Бори аввал дар ин маврид соли 2013 гуфта шуд. Он замон маълумоти Вазорати тиҷорати Чин тақрибан 2,5 маротиба бештар аз маълумоте буд, ки омори Тоҷикистон пешниҳод мекард. Агар бо рақамҳо фаҳмонем, Вазорати молияи Чин моли аз ҳудудаш ба Тоҷикистон воридшударо 1 милиарду 700 милион нишон медиҳад, локин кормандони гумруки  Тоҷикистон бошанд 700 милион нишон медиҳанд.

Мутахассисони соҳаи иқтисод сабаби дуюме, ки ба фақир шудани давлат оварда мерасонад, дар хешутаборбозӣ ва маҳалбозии мансабдорон дар ҳукуматҳои худкома медонанд. Маҷаллаи “Foreign Policy” менависад: “Низоми идории Тоҷикистонро метавон бо ду калима хулоса кард: nepotism (авлодбозӣ) ва cronyism (ошнобозӣ). Тамоми мансабҳои калидӣ дар дасти хешовандону дӯстони наздики Президенти Тоҷикистон аст.  Ҳамаи захираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратҳову корхонаҳои муҳим аз сӯи чанд нафари мунтахаб назорат мешавад. (Радиои Озодӣ 22.12.2013). Агар дар солҳои аввали ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аксари мансабдорон аз як вилоят таъйин мешуданд, ҳоло бошад мансабҳои калидӣ аз як ноҳия ва болотарин мансабҳо бошад, ба  оилаи худи Раҳмон супорида шудаанд.

Сабаби сеюм, ки ба фақир шудани давлатҳо таъсир мерасонад, аз ҳолати ҷойгиршавии ҷуғрофии ин ё он давлат вобастагӣ дорад. Тоҷикистон, ки аз дасти табартақсимкунандаҳои  ҳукумати шуравӣ дар минтақаи кӯҳӣ ҷой гирифта аст ва 93% заминаш кӯҳҳо мебошад, аз ин омил бенасиб намонда аст. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, агар аз ин кӯҳҳо дуруст истифода карда шавад, имконоти васеъи иқтисодӣ ва сайёҳӣ ба даст овардан мумкин аст. Локин ҳукумати оилавии Раҳмон соле нест, ки чанд кӯҳҳои  Ватанро  бо маъданҳои зери заминиаш ба давлати Чин насупорад.

Ҳоло ширкатҳои чинӣ аксари конҳои тилло ва дигар маъданҳои Тоҷикистонро дар даст дорад. Ғайр аз “Зарафшон”, ки ширкати тоҷикӣ-чинӣ гуфта мешавад, дигар конҳо, мисли “Покруд” дар Ромит ва инчунин ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ ба пуррагӣ дар ихтиёри Чин қарор дорад. Дар соли 2019 бошад, кони нуқраи “Якҷилва” дар Бадахшон низ ба ихтиёри чиниҳо супорида шуд, ки захираи нуқра дар он конро намояндагони ҳукумати марказӣ 113 тон, вале ҳукумати вилояти Бадахшон захираи нуқраро 415 тон меҳисобанд. Дурӯғҳои ҳамешагии ҳукумат водор мекунанд, ки бовар кардан ба суханҳои ҳукумати маҳаллӣ бо мантиқ аст.

Ғайр аз оне, ки ҳукумати Раҳмон коркарди маъданҳои Тоҷикистонро ба чиниҳо медиҳад, боз чунин ширкатҳоро ҳамроҳ бо ширкатҳои Оила аз пардохти молиёти гумрукӣ озод менамояд. Коршиносон бар ин назаранд, ки озодшавии ширкатҳои чинӣ ба оилаи Раиси Ҷумҳур вобастагӣ дорад. Яъне, нафаре аз дохили оила ришваи ҳангуфтро мегирад ва болои парлумони кишвар фишор меорад, то ин ширкат аз пардохти гумрукӣ озод гардад. Чунин «гузашт»-ҳои гумрукӣ, ба носолимии рақобати тиҷорӣ ва оқибат ба муфлисшавии тоҷирони маҳалӣ оварда мерасонад.

Сабабҳое, ки бевосита дар фақиршавии давлатҳо зикр шуданд, аз ҳама пуртаъсираш фасод ва хешутаборбозӣ ба ҳисоб меравад. Мутаасифона, ин омил он қадар дар ҳукумати оилавии Раҳмон реша давонда аст, ки аз фарроши таваллудхона то курсинишини вазоратхона ҳама вазифаҳо фурӯхта мешаванд ва нархи мансабҳо ба  миқдори даромади (дуздии) ҳар мансаб вобастагӣ дорад. Дар натиҷа, вазифаталаб, ки бо маблағи муайян ба курси менишинад, ҳам буҷаи давлатро месӯзонад ва ҳам хонаи корафтодаро.

Баъзе аз ҳамватанон аз нодонӣ бошад ё аз содагӣ мепурсанд, ки Раҳмон ба танҳоӣ чӣ кор карда метавонад!? Ҷавоб чунин аст, ин  нафар чуноне ки, давлату миллатро ба ин аҳвол гирифтор кардаст, агар мехост ба ҳолати беҳтаре оварда мерасонд, фақат бояд намедуздид ва ба наздиконаш низ иҷозаи дуздиданро намедод. Барои исботи навиштаҳо аз ҳолати гузашта ва ҳозираи яке аз давлатҳои собиқ шуравӣ мисолҳо меоварем.

Гурҷистон дар соли 2004 аз ҷиҳати ришваситонӣ дар зинаи 133 қарор дошт, ҳоло бошад дар мақоми 44-ум қарор дорад. Яъне, бо омадани  Саакшивилӣ ба сари қудрат ин давлати фасодзада сад зина аз фасод канора гирифт. Саакшивилӣ ислоҳоти асосиро дар соҳаи полис гузаронида 80 фоизи кормандони ин соҳаро аз кор ронда, дар ҷои онҳо нафарони навро дар асоси озмун қабул намуд ва маоши кормандонро 10 баробар баланд бардошт. Идораҳо ва утоқҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар як бинои шаффоф сохта шуд, то муомилаи кормандон назора карда шавад.

Аз 21 намуди андоз шаштояшро боқӣ гузошт ва иҷозатномаҳое, ки барои тиҷорат дода мешуд, 85% фоизашро кам намуд. Идораҳои хизматрасонӣ дар як бино ҷамъ карда шуд, то корафтодагон дар муддати кӯтоҳ  ҳуҷҷатҳои лозимаашонро пайдо намоянд. Имрӯз дар Гурҷистон кушодани тиҷорат аз дигар давлатҳои Аврупо дида осонтар ва бо суръат ҳуҷатгузорӣ мешавад.

Чуноне мебинем, барои тағйири ҳолат ва ислоҳот кифоя аст, ки хоҳишу виҷдон бошад, то баҳри давлату милат софдилона хизмат намуда, ба наслҳои имрӯзу фардо шароити беҳтари зиндагӣ ва иззату каромати инсонӣ фароҳам оварда, номи неке аз худат боқӣ гузорӣ, то ин ки қаҳрамони болои варақҳо ва толорҳо набуда, дар ҳақиқат қаҳрамони миллӣ бимонӣ. Локин таърих гувоҳ аст, ки ҳукуматҳои фасодзада ҳамон вақт даст ба ислоҳот задан мехоҳанд, ки дар муқобилашон қувваи мардумро эҳсос карда бошанд, вале он замон дигар барои ислоҳу ислоҳот фурсат боқӣ намемонад.

Бо умеди рӯзҳои нек ва ободии Ватан ……

Сорбон Азимӣ, махсус барои Аздо тв

Раҳоии рӯзноманигорони зиндонии сиёсӣ аз утоқи ҷаримавӣ

0

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду тан зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳудуди ду моҳ дар утоқи ҷаримавӣ қарор доштанд, дирӯз озод ва ба макони муқаррарии худ интиқол дода шуданд.

Ин ду тан зиндониёни сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду мо моҳ пеш бо ирсоли номае аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои бознигарии парвандаашон дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ мусоидат кунад.

Дар он нома гуфта мешуд, онҳо гуноҳе надоранд ба ҷуз узви ҲНИТ будан, аз ин рӯ, хостори адолат шуданд. “Агар моро гунаҳгор медонанд, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест.”,- омадааст дар номаи онҳо.

Ин ду маҳбуси сиёсӣ таъкид намуда буданд, ки ба муносибати рӯзи Сарқонуни кишвар, ки Раҳмон худро кафили он медонаду пуштибони волояти қонун дар кишвар ҳисобида мешавад, хостаанд ӯро бо номаи кушод аз асли воқеаи ба сарашон омада дар ҷараён бигузоранд.

Мақомоти Тоҷикистон ва зиндонбонони Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ҷои расидагӣ кардан ба ин нома ва расонидани муҳтавои ба Прзедент Эмомалӣ Раҳмон ин ду рӯзноманигори рӯзгордида ва пирамади зиндониро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода буданд.

Субҳи дирӯз фарзандони ин ду зиндонӣ, ки дар ҷаласаи солонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз тариқи он-лайн ширкат мекарданд, аз вазъи асафбори падарони худ ҳамроҳ бо дигар зиндониёни сиёсӣ дар зиндон қисса карданд. Аммо шоми дирӯз хабар расид, ки ҳар дуи онҳоро пеш аз муҳлати таъйиншуда аз утоқи ҷаримавӣ озод карданд.

СПАД: Луканшеко гуфт, Раҳмонро наҷот диҳед!

0

Александр Лукашенко, Президенти Белорус аз сарони Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) хост, ки ба хотири пешгирӣ аз такрори ҳодисаҳои ҳаммонанди Қазоқистон дар Тоҷикистон амниятро таъмин кунанд.

Имрӯз Александр Лукашенко бо нигаронӣ аз эҳтимоли такрори ҳодисаҳои ҳамсони Қазоқистон дар Тоҷикистонро аз сарони кишварҳои узви ин созмон хост, ки барои тақвияти низом ва таъмини амнияти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон кумак кунанд.

Лукашенко гуфт, акнун фурсати хубе ҳаст, ки дар бораи Тоҷикистон суҳбат кунем: “Президенти Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон) солҳо боз аз мо кумаки низомӣ, пеш аз ҳама техникаи низомӣ талаб мекунад.” Мо бояд ин корро кунем.”

Вай такрори ҳодисаҳои шабеҳи Қазоқистонро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам аз эҳтимол дур надонист.

Ин изҳори нигаронии Александр Лукашенко дар бораи ба хатар мувоҷеҳ шудани ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи таъмини амният ва ба танзим овардани тартиботи ҷамъиятӣ рӯз то рӯз сафи эътирозгаронро бештар мекунанд.

Аз ҷониби дигар ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва таъсири он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он ҳам раҳбарияти Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ки расман аз соли 1994 ба ин сӯ дар Тоҷикистон қудартро дар даст дорад, бо гузашти наздик ба се даҳа натавонистааст, ки мардумро ба ҷои кор таъмин кунад ва рифоҳи зиндагии онҳоро беҳтар намояд.

Боздошти шуморе аз аъзои Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон тавассути Толибон

0

Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон бо раҳбарии Салоҳиддин Рабонӣ эълон кардааст, ки дар рӯзҳои ахир Толибон шуморе аз аъзои барҷастаи ин ҳизбро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои БиБиСи Ҷамъияти исломии Афғонистон бо раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди аршади марҳум проффессор Бурҳониддин Раббонӣ бо нашри баёнияе эълом кард, ки Толибон Динмуҳаммад Азимӣ ва Файзуллоҳ Ҷалол аз аъзои баланпояи ин ҳизбро боздошт кардаанд.

Толибон дар бораи боздошти Динмуҳаммад Азимӣ то кунун шарҳу тафсиле ироа накардаанд, вале тасдиқ кардаанд, ки устоди донишгоҳи Кобул Файзуллоҳ Ҷалолро боздошт кардаанд.

Пеш аз ин фарзанди Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул хабар дода буд, ки падараш тавассути Толибон боздошт шуда ва ба ҷои номаълум интиқол дода шудааст.

Ин хабар мавҷе аз эътирозҳоро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ дошт. Сипас бархе расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеи худ хабар доданд, ки Толибон Файзуллоҳ Ҷалолро ба идораи амнияти Кобул интиқол дода, мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам таъйид кард, ки Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул ба иттиҳоми “таҳрики мардум алайҳи низом” боздошт шудааст.

Муҷоҳид дар саҳифаи тивиттерияш менависад: “як инсони мутаассиб ба хотири чарандиёти худ дар расонаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудааст, ки мардумро алайҳи низом таҳрик менамуд ва ба обрӯи мардум бозӣ мекард.”

Пеш аз ин Файзулло Ҷалол дар матолибе ҷудогона Толибонро дастнишондиҳандаи Покистон хонда, гуфта буд, ки нерӯи истихборотии онҳо аз Покистон касби маъош мекунанд ва ҳеч касе ба онҳо бовар накунад, ҳар касе метавонад ё пиноҳон шавад ва ё аз Афғонистон хориҷ шавад.

Таъзияи Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Қазоқистон

0

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як нома ба ҳамтои қазоқи худ ба мардуми Қазоқистон изоҳори ҳамдардӣ ва ба осебдидагон шифои комил хостааст.

Дар матни номаи Президенти Тоҷикистон ба Президенти Қазоқистон омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!

Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам.

Халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки изҳори ҳамдардӣ ва таслияти моро ба наздикону пайвандони қурбониён бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорам.»

Ирсоли номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Тоқаев дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҳодисаҳои ахири Қазоқистон тибқи оморҳои расмӣ зиёда аз 164 нафар кушта, беш аз 2 ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди 4 ҳазор каси дигар боздошт шудааст.

Мардум дар Қазоқистон дар ибтидо барои гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаву хиёбонҳо баромада эътироз карданд, сипас ин эътирозҳо характери сиёсӣ касб карда, талаботи сиёсии эътирозгарон зиёд шуд. Сипас дар байни эътирозгарон гурӯҳҳои харобкор ва силоҳбадаст пайдо шуда, дар хеле маворид эътирозҳо ба хушунатҳо ва тахрибкориҳо табдил ёфтанд.

Қосим-Жомарт Тоқаев эътирозгаронро “террорист” хонда, аз аъзои кишварҳои узви СПАД кумак хост. Аксари мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти кишвар хостанд, ки ба Қазоқистон барои саркӯби эътирозгарон нерӯ нафиристад, вале Тоҷикистон 200 сарбозу афсар ба Қазоқистон фиристод.

Ду рӯз пеш собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистонро ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯбҳо боздошт карданд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тартиботи ҷамъиятӣ ба эътидол дароварда шудааст, аммо чун Интернет қатъ шудааст, дастрасӣ ба ахбори алтернативӣ дар он кишвар мушкил гардидааст.

Нишасти изтирории сарони кишварҳои узви СПАД

0

Имрӯз 10-уми январ нишасти изтирории кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешавад. Дар ин бора ТААС хабар дод.

Гуфта мешавад, раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар нишасти изтирорӣ чораҳои ба эътидол овардани вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ мекунанд.

Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои СПАД дар шакли видеоконфронс имрӯз, 10-уми январ баргузор мешавад. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳоди баргузор шудани ин ҷаласаро ба миён гузошта ва пешниҳоди ӯ аз ҷониби раҳбарони кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт.

Ёдовра мешавем, ки авоили моҳи январ дар Қазоқистон ба далели боло рафтани қимати гази моеъ тазоҳуроти оммавӣ ба вуқӯъ пайваст. Баъдтар дар миёни тазоҳургарон гурӯҳҳое пайдо шуд, ки даст ба бетартибиҳо заданд. Муҳимтарин задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Алмаато рух додааст. Президент Тоқаев эътирозгаронро “террорист” номид ва ба нерӯҳои низомӣ дастур дод, ки ба сӯйи эътирозгарон бидуни огоҳӣ оташ бикушоянд. Ҳамзамон ӯ аз кишварҳои СПАД кумаки низомӣ талаб кард.