Хона блог саҳифа 744

Ҳодисаи садамаи маргбори “пули кӯҳна”-и Хуҷанд таҳқиқ мешавад

0
Сурат: Фейсбук

Мақомоти вилояти Суғд баъди садамаи фоҷиабори болои “пули куҳна”-и шаҳри Хуҷанд Рустамхуҷа, бародари Баҳром Азаматов масъули Бозрасии давлатии автомобилии Суғдро боздошт кардааст.

Манбаи “Спутник” аз сохтори интизомии Суғд хабар додааст, ки мақомоти тафтишотӣ дар пайи рухдоди садамаи фоҷиабор дар болои пули Сирдарёи Хуҷанд, Азаматови хурдиро дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Спутник” “Рустам Азаматов, ду рӯз пеш дастгир шудааст ва нисбати ӯ бо моддаҳои 212 қисми 2, (вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гаштааст) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Мурофияи додгоҳии ӯ дирӯз дар суди Хуҷанд доир гаштааст”.

Гуфта мешавад, Рустамхуҷа Азаматов, сокини 23 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бародари Баҳром Азаматов, масъули додани рақамҳои давлатӣ барои восиатҳои нақлиёт дар БДА Суғд мебошад.

Шаби 3 октябр дар рӯи пули куҳнаи болои Сирдарё дар Хуҷанд садамаи фоҷиаборе рух дод, ки дар пайи он Акбар Ғаффорзода, корманди 32 солаи шуъбаи кофтукоби ҷиноии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

РВКД дар вилояти Суғд ба расонаҳо гуфта буданд, ки ҳодиса бо сабаби ба самти муқобили ҳаракат баромадани мошини тамғаи Mersedes GL ҷип, рақамаш 01 74, ки ба Баҳром Азаматов, масъули БДА Суғд тааллуқ дорад, рух додааст.

Дар Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби наздикон ва фарзандони мансабдорон хеле зиёд, дида мешавад, ки бо ҷаримаҳои ночиз аз ҷавобгарӣ озод мегарданд. Бархеи дигар баъди гирифтани доғи судӣ дар мақомоти давлатӣ низ фаъолият доранд.

Шикояти наздикони Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон

0

Ҳикматулло Сайфуллозода собиқ сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сардабри рӯзномаи “Наҷот” дар зиндон аз беморӣ ранҷ мебарад, хонаводааш мегӯянд, барои табобаташ шароит надоранд, вале масъулини зиндон мегӯянд, Сайфуллозода бемор нест ва мушкиле надорад.

Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, ба Радиои Озодӣ гуфтааст: шавҳараш пас аз гирифторӣ ба коронавирус дар зиндон ҳоли хубе надорад ва хонавода низ бинобар тангдастӣ наметавонанд ба ӯ кумак кунанд.

Рӯзи 13-уми октябр Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“шаҳварам бемории фишорбаландӣ ва дил доранд, баъди гирифторшавӣ ба коронавирус дар аввали моҳи май то ҳол сиҳатияшон хуб нест. Аз сабаби он, ки ман ҷое кор намекунам ва шароити харидани доруҳоро надорам, он кас дар дохили зиндон азоб мекашад. Дар дохили зиндон ба он кас дору ҳам намедиҳанд”.

Сангинова дар идома гуфтааст, шароити молии хонаводааш хуб нест ва ӯ ба танҳоӣ ду писарашро дар хонаи иҷора бузург мекунад. Барои доруҳо дар як моҳ то 200 сомонӣ ва барои табобати ӯ ҳар се моҳ ҳудуди 1500 сомонӣ лозим аст, ки надорем, гуфтааст, ҳамсари Сайфуллозода.

Сардори  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Мансурҷон Умаров, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, вазъи сиҳатии Сайфуллозода хуб аст, вале тастиқ кардааст, ки дар дар маҳбас на ҳама доруҳо дастрас мебошад.

Умаров гуфтааст, дар дохили зиндон танҳо беморони сил ва СПИД ройгон табобат мешаванд ва баъзе маводҳои доруворӣ харидорӣ мешаванд, ки барои он аз сӯи ҳукумат маблағ ҷудо мешавад.

“Аммо на ҳама доруҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳаст, аз ин хотир хешу табори маҳбусони бемор барои онҳо доруҳое, ки инҷо нест, мефиристанд”, – мегӯяд, Умаров.

Вале наздикони маҳбусон гуфтаҳои Умаровро рад мекунанд, ба гуфтаи онҳо дар зиндон барои зиндониён ҳеч навъи доруро ройгон намедиҳанд.

Умаров гуфтааст, агар воқеан хонаводаи Сайфуллозода имкони харидани доруҳои ӯро надоранд, онҳо омодаанд то ҳадди тавон ба ӯ маводи доруворӣ кумак кунанд.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-сола дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва баъдан барои 16 сол равонаи зиндон шуд. Мақомот он сол Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода мегӯяд, шавҳараш одами эҷодкор буд ва ба ягон ошубу ҷиноят рабт надорад. Ӯ мехоҳад ҳукми шавҳараш бозбинӣ ва аз зиндон озод шавад.

Аз оғози моҳи май ва баъди он ки мақомот мавҷудияти коронавирусро тасдиқ карданд, 11 маҳбус бо нишонаҳои ин беморӣ фавтидаанд. Масъулони Идораи зиндонҳо гуфтанд, марги маҳбусон аз илтиҳоби шуш аст, на коронавируси нав.

Пайвандони чанде аз маҳбусон моҳи май бо ирсоли номае ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон “сабук” ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон  дар он вақт дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Бино ба гуфтаи баъзе пайвандони зиндониён, баъд аз эълони пандемия дар Тоҷикистон масъулони зиндонҳо барои зиндониён ва наздиконашон маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд. Аз ин рӯ, хонаводаи аксари маҳбусон шикоят доранд, ки моҳҳост аз ҳоли маҳбусонашон хабаре надоранд ва мақомот пандемияро баҳона карда намегузорад вохӯрие анҷом ёбад то аз ҳоли онҳо огоҳ шаванд.

Сафи Талбандаҳо меафзояд, шароити вазнин ё бекасиву муҳтоҷӣ?

0
Сурат: vkd.tj

Сомонаи “Фараж” дар як гузориши худ, аз зиёд гардидани талбандаҳо дар вилояти Хатлон хабар додааст.

Ба навиштаи вебсайти “Фараж” дар кӯчаву хиёбон ва бозори марказӣ маъмурияти вилояти Хатлон нафарони зиёд ба талбандагӣ машғуланд.

Аксари афроде, ки дар кӯчаву бозорҳои шаҳри Бохтар талбандагӣ мекунанд, синнашон аз 60-сола боло буда, байни онҳо кӯдакони ноболиғ ва занони миёнасолро низ вохӯрдан мумкин аст, омадааст дар хабар.

Беш аз 10 нафар талбандаҳо, ба хабарнигори “Фараж” гуфтаанд, ки тангии рӯзгор, нигоҳубин нашудан аз ҷониби фарзандон, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтану барнагаштани шавҳарон, бекасиву маъюбӣ онҳоро водор кардааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳо нишаста, аз мардум кумак талаб мекунанд.

Тоҷинисо Содиқова — зодаи ноҳияи Қубодиён, ки ӯ дар назди бозори “Фаровон” ба талбандагӣ машғул аст, гуфтааст:

се фарзанд дорам, фарзанди калониам писар асту дар як садамаи нақлиётӣ маҷрӯҳ шуд, худам низ маъюбм, ки 120 сомонӣ нафақа мегирам ба ҳеҷ чиз намерасад.

Дар идома гуфтааст: Барои нигоҳубини фарзандонам ва барои харидории дору, лавозимоти мактабӣ, китобу қалам ва хӯрокашон ҳар рӯз ба кӯча баромадаву аз мардум кумак талаб мекунам,- ба ҷуз талбандагӣ дигар чорае надорам.

«Рӯзе то 20 сомонӣ ҷамъ мекунам, мутаассифона, рӯзе мешавад, ки як сомонӣ ҳам пайдо намекунам. Мисли ман чунин касоне, ки ба кумаки мардум ниёз доранд, имрӯзҳо хеле зиёданд». Гуфтааст, ин модари муҳтоҷ.

Сокини  дигар аз шаҳри Бохтар Малика гуфтааст: шавҳарам ба Русия рафта, дигар барнагашт ва бо ду фарзандам танҳо мондам.

“Фарзанди калониам дар мактаби №12-и шаҳри Бохтар таҳсил мекунад. Ӯро маҷбур кардаанд, ки «пули китобҳоятро биёр» ва ман барои додани пули китоби фарзандам ва таъмини зиндагӣ ба кӯча баромада, талбандагӣ мекунам. Худам маъюбаму дар аробачаи маъюбӣ нишастаам». Гуфтааст,  ҳамсуҳбати Фараж.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз баста гардидани марзҳо бо Русия сафи бекорон дар Тоҷикистон зиёд гардид ва айни замон аксари шаҳрвандоне, ки ба мардикорӣ мерафтанд, наметавонанд зиндагиашонро пеш баранд, маҷбуранд даст ба корҳои сиёҳ бизананд.

Дар шаҳри Душанбе баъд аз таъйини Рустами Эмомалӣ ба шҳрдории Душанбе талбандаҳоро дар кучаҳо боздошта ба шуъбаҳои милиса мебаранд ва онҳоро ҷарима мекунанд.

Сурат: avesta.tj-ҳангоми рейд дар Хуҷанд

Чанд рӯз қабл дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардида буд, ки дида мешуд, ду корманди милиса як ҷавонро ба зур дошта мебаранд, дар аввал навишта буданд, ки ҷавононро ба хизмат мебаранд, пасон Вазорати корҳои дохили дар як изҳороташ гуфт, он ҷавон ба талбандагӣ машғул будааст.

Дар Тоҷикистон нархи озуқаворӣ боз боло рафт

0

Сокинон ва фурӯшандаҳои бозорҳои шаҳри Душанбе аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал нигаронӣ доранд. Соҳибкорон омили боло рафтани нархи маҳслотро ба болороавии доллар рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон, гуфтаанд, масъалаи боло рафтани нархи маҳсулотро назорат доранд, рӯзҳои наздик назари худро ироа хоҳанд кард.

Сокинони шаҳри Душанбе тайи як моҳи охир аз боло рафтани  нархи орд, равған, тухм, гушт, шакар ва дигар маводи ниёзи аввал нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо як моҳ боз арзиши ин маҳсулот кам кам боло меравад, фурӯшандаҳо низ ин ҳолатро тасдиқ кардаанд.

Як фурӯшанда дар яке аз мағозаҳои шаҳри Душанбе ба шарти бурда нашудани номаш ба “Sputnik” гуфттааст:

“ ба таври мисол, нархи як халтаи навъҳои гуногуни орд ҳоло аз 235 то 245 сомонӣ арзиш дорад ва аз як моҳи қабл 10 сомонӣ фарқ мекунад, як бушкаи 5 – литраи равғани писта аз навъи “Олейна”, ки қаблан 68 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 75 сомонӣ ё ба ҳамин миқдор равғани пахта аз 59-60 сомонии қабл ба 65 – 70 сомонӣ баробар шудааст, як дона тухм ҳамин як ҳафтаи қабл 80 – 90 дирам буд, ҳоло 1 сомонии расо аст. Як кило шакар ҳам ки як ҳафтаи қабл 8 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло 50 дирам гарон шудааст”.

Болоравии арзиши маводи ниёзи аввал дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низ ба чашм мехӯрад. Тоҷирону харидорони дигар манотиқ низ аз гаронии арзиши маводи аввалия нигаронӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба “Sputnik” гуфтанд, ки вазъи нарху навои кишварро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор додаанд ва рӯзҳои наздик хулосаҳои худро ироа хоҳанд кард.

Як соҳибкори дигар ба шарти бурда нашудани номаш гуфтааст:

“Азбаски ин намуди маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад, харидуфурӯши он низ ба доллар – пули байнулмилалӣ сурат мегирад. Қурби доллар, ки боло рафт, ба таври худкор таъсири худро ба қиматҳо мерасонад”.

Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 1 доллари амрикоиро баробар бо 10 сомониву 33 дирам муайян кардаст.

Ба иттилои бонки милли Тоҷикистон қурби доллар тайи як моҳи ахир ҷаҳиши хеле ночиз ба ҳадди 2 дирам доштааст. Аммо дар “бозори сиёҳ” қурби доллар аз қурби расмӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Соҳибкорон ҳам борҳо шикоят карда буданд, ки дар бонкҳо ба қурби расмие, ки Бонки миллӣ муайян кардааст доллари кофӣ наметавонанд ба даст оранд. Ҳоло дар бозори сиёҳ 1 доллар баробари 11 сомонӣ ва бештар аз он арзиш дорад.

Оё ПМТ мардумро ба инқилоб даъват кардааст?

0

Баъд аз эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ПМТ – эътилофи нерӯҳи мухолиф дар хориҷи кишвар изҳорот пахш кард.

Зимни нашри изҳороти худ натиҷаҳои эълоншудаи интихоботро комилан рад карда, гуфтааст, ки худи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ буд ва раванди онро мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ надонистааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар фикри беҳбуд бахшидани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар нестанд, аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳақ доранд барои тағйири ҳукумат аз роҳҳои қонунӣ истифода намоянд.

ПМТ – эътилофи нерӯҳои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ аз кишвар аст, ки раҳбарии онро Муҳиддин Кабирӣ бар душ дорад. Аъзоёни ин Паймон бо роҳҳои қонунӣ ва мусолиматомез хостори тағйири низоми давлатдории Тоҷикистон ҳастанд.

Соли пеш Додгоҳи олии кишвар Паймони Миллии Тоҷикистонро дар ғайб шомили ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ намуда фаъолияти онро дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард.

Баёнияи ПМТ дар бораи натиҷаи интихоботи президентии ғайриқонунӣ дар кишварПаймони Миллии Тоҷикистон пештар дар…

Gepostet von Паймони Миллии Точикистон am Montag, 12. Oktober 2020

Хабари фаврӣ! Хона ба коми оташ рафт, сӯхторнишонӣ дер расид (Видео)

0
Сурат: аз навори корбарон

Имрӯз 13.09.2020 корбарон ба “Аздо тв” наворе фиристоданд, ки гуфта мешавад дар деҳаи Наврӯзи ш. Ҳисор хонаи сокини ин деҳа Алиҷон оташ гирифтааст.

Сокинон мақомоти сӯхторнишониро оҷилан даъват мекунанд, аммо то омадани онҳо хонаи Алиҷон ба коми оташ фурӯ рафтааст.

То ҳол дар мавриди талафот хабаре дастрас нест. Хабар дар ҳоли такмилёбист, ҷузъиёти ин ҳодиса баъдтар нашр мешавад.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави гирифторон ба вируси COVID-19 сабт шуд

0
Сурат: РИА Новости

Рӯзи 12-уми октябр Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифторони бемории каронавирусро 38 нафар эълон кард.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз 30-юми апрели соли равон (замони эътирофи мавҷудияти вируси COVID-19 дар кишвар) то ба имрӯз дар Тоҷикистон 10 ҳазору 260 нафар ба каронавирус гирифтор шудаанд, ки бештар аз 9100 нафари онҳо шифо ёфта, 79 кас ҷон бохтаанд.

Вале ин омори аз ҷониби Вазорати тандурустӣ пешниҳод гардидаро ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чандон қабул надорад ва мегӯянд, воқеият чанд баробар бештар аз омори расмист.

Коршиносони соҳа бар ин назранд, ки  ин омори ироа гардида ба ҳеҷ ваҷҳ баёнгари вазъи кунунии Тоҷикистон нест, зеро ба гуфтаи онҳо ҳамарӯза дар шабкаҳои интернетӣ аз вазъи гирифтор гардидан ва ҷон додани сокинон аз каронавирус ё илтиҳоби шуш хабарҳо интишор мегардад, ки ин воқеиятҳо омори расмии мақомотро зери шубҳа қарор медиҳад.

Дар аввали шуюи вируси дар Тоҷикистон аз ҷониби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вебсайте барои сабти омори дақиқи гирифторон ва фавтидагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.

Ин вебгоҳ бештар аз 400 нафарро дар рӯйхати фавтидагон шомил карда буд, аммо баъд аз қабул гардидани қонун дар бораи ахбори нодуруст дар мавриди каронавирус дар кишвар он вебгоҳ фаъолиятшро қатъ кард ва ҳоло дигар ҳама ба омори расмии Вазорати тандурстӣ иктифо мекунанд.

Дар вилояти Хатлон масъулон ҳудуди 2 гектор заминро ғақриқонунӣ фурӯхтаанд

0
Сурат: Интернет

Дар Хатлон 3 ҳазор нафарро барои вайрон кардани қонунгузории замин 1 милиону 450 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.

Ҳурматзода Фатҳулло раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ба  “Фараж” гуфтааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 ҳазору 605 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1926,12 гектар ошкор карда шуд, ки аз тарафи кормандони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо вилоят 3 ҳазору 111 нафаро барои вайрон кардани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ  ҷарима карда шуданд.

Ба гуфтаи Ҳурматзода барои дар маҳал бартараф кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 3605 дастур, 3111 адад протоколу қарор дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба маблағи 1 миллиону 449 ҳазору 882 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки ба суратҳисоби махсуси  Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо 1 миллиону 210 ҳазору 929 сомонӣ ворид карда шудааст.

Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар идома иброз доштааст, ки  барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар ин давра ба мақомоти прокуратура 239 маводи маъмурӣ пешниҳод карда шуда, барои маҷбуран ситонидани ҷаримаҳо 124 маводи маъмурӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шудааст.

Аз тарфи прокуратура нисбати маводи пешниҳодгардида тибқи қонунҳои амалкунанда чораҷуӣ карда шуда, дар маҳал 128 ҳолати қонунвайронкунии замин бартараф карда шудааст, гуфтааст Ҳурматзода.

Иттиҳоди Аврупо: Тоҷикистон бояд талош кунад то интихоботҳояш мутобиқи меъёрҳои демократӣ гузарад

0

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 12 октябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфтааст, Ҳукумати Тоҷикистон бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу холисона анҷом пазиранд.

Питер Стано сухангӯи Идораи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ин баёнияи расмиро нашр кард, ки  дар он омадааст, бо вуҷуди он ки интихобот орому муназзам сурат гирифт, чанде аз тавсияҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки интихоботи порлумонии моҳи мартро назорат карданд, аз ҷумла дар робита ба муҳити матбуот ва дигарандешии сиёсӣ иҷроношуда мондаанд.

Дар баёния омадааст, “талошҳои чашмгире зарур аст, то ҷараёни интихобот бо уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дигар уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои як интихоботи демократӣ мутобиқ карда шавад.”

Ҳамчунин дар баёния ба зарурати озодии матбуот барои инъикоси холисонаи таҳаввулоти сиёсӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар таъкид шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ҳозир аст барои амалӣ кардани тавсияҳои нозирони байналмилалӣ барои баргузор кардани интихоботи демократӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои маҳдуд кардани озодии баён, саркӯби матбуоти мустақил ва дигарандешон танқид мешавад.

Дар баёния гуфта мешавад:

“Мо як ҳамкори қобили боварӣ дар амри тақвияти ҳамкориҳо, модернсозии иқтисод, рушди муназзами мунсифонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мемонем.”

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, қарор аст, то якуним моҳи дигар дидгоҳи худро аз ҷараёни интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин сухангӯйи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) Катя Андрутс, ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,   намояндагони ин созмон раванди интихоботи Тоҷикистонро танҳо дар Душанбе назорат карданд, ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд”.

Ба гуфтаи Хонум Андрутс “Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон якчанд шакли назорати интихоботҳоро дорад. Интихоботи президентии Тоҷикистонро, ки дирӯз баргузор шуд, як гуруҳи хурди нозирон мушоҳида карданд. Гурӯҳ аз 7 коршинос иборат буд, ки танҳо дар Душанбе қарор доштанд. Ҳайати назорати интихобот рӯзи 28-уми сентябр кори худро оғоз кард ва ин гуруҳ то 17-уми октябр дар Тоҷикистон мемонад.”

Хонум Андрутс дар идома гуфтааст: коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Комиссия интихобот рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар раъй додаанд, ки 90.92 % овозҳоро  ташкил медиҳад.

Интихоботи президентӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ягон ҳизби мухолиф дар он ширкат надошт. Раҳматулло Зойиров интихоботи баргузоргардидаро ғайри демократӣ ва ғайриконистутсионӣ уновн намуд, ки ҳизбаш онро таҳрим карда буд.

Ҳамчунин Муҳиддин Кабрӣ раиси Паймонӣ Миллӣ интихлботи баргузоргардидаро ғайри қонуни номид.

Дар вилояти Хатлон 19 ҳазор нафарро ба ҷои кор таъмин кардаанд, аммо кордоштаҳо маошашонро гирифта наметавонанд

0

Дар вилояти Хатлон дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 19 ҳазору 386 нафар сокини вилоят бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд, ки  бахши зиёди онҳоро занон ташкил медодаанд.

Баҳодур Азиззода муовини сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Фараж гуфтааст:

“дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 31 ҳазору 699 нафар шахси бекор муроҷиат карда, аз ин 27 ҳазору 475 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 643 нафар зиёд мебошад”.

Азиззода дар идома гуфтааст, аз шумораи шахсони ба қайдгирифташуда 19 ҳазору 386 нафар бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шудаанд. Ба гуфтаи Азиззода аз байни афроди ба қайдгирифташуда 12 ҳазору 889 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Азиззода мегӯяд, ки дар ин давра ба 2771 нафар бекори дар қайди мақомоти Агентӣ буда кумакпулӣ таъйин карда шуда ва ба 4039 нафар кумакпулӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ дода шудаст, шумораи нафароне, ки кумакпулӣ гирифтаанд 173 нафар шахсони аз кор озодшуда, 784 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда, 3 ҳазору 82 нафарашон ҷавононе, ки аз сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар баргашта будаанд.

Ин ин омор дар ҳолест, ки чанде қабл сокинони вилояти Хатлон шикоят доштанд, ки дар баробари дар руйхати камбизоатон қарор доштанашон наметавонанд, кумакпулиҳоро дастрас кунанд.

Дар баробари ин табибон, омӯзгорон ва дигар кормандони мақомоти давлатӣ  дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кулоб наметавонанд, ки чанд моҳа маошҳояшонро дастрас кунанд.

Ҳамчунин рӯзи 6 июни соли равон Зафар Абдуллоеви 62 сола аз сабаби гирифта натвонистани маблағҳояш аз шуъбаи молияи Кулоб худро дар аввал корд зада пасон оташ зада буд, ки дар натиҷа даргузашт.