Хона блог саҳифа 537

Равишҳои шиканҷаи мақомот дар Тоҷикистон

0

Воқеаҳои ахир дар Бадахшон баҳсҳоро дар атрофи нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини амният ва суботи кишвар бори дигар гарм кардааст.

Аз куштори Гулбиддин Зиёбеков сокинони Тоҷикистон шигифт зада шуда бошанд ҳам ин куштори беасос ягона набуда,мутаасифона охирин ҳам нахоҳад буд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳофиз ва кафили ҳуқуқи шаҳрвандон ба манбаи бесуботӣ ва абзори саркӯбгар табдил ёфтааст.

“Ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ”, – бо ҳамин ҷумла шуруъ мешавад қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи Милитсия”. Аммо дар кишвар мушкил аст касеро пайдо кард, ки ба гуфтаҳои боло мувофиқ ва аз кори милиса розӣ бошад.

Аз рӯи назарсанҷиҳои расонаҳои кишвар, беш аз 80 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо аз кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ розӣнестанд, балки аз муроҷиат ба онҳо метарсанд. Дағалӣ, дуруштгуфторӣ ва зуроварӣ нисбат ба шаҳрвандон рафтори маъмулии милисаҳо шудааст.

Зиёда аз ин, тибқи омори “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ”,бадрафторӣ ва суистифода аз мақом аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли афзоиш будааст. Дар баробари бетартибии зердастони худ раҳбарияти Вазорати умури дохила на танҳо бепарвоӣ, балки дар аксар маврид ба рӯпӯшӣ даст мезадааст. Ин ташкилот ҳанӯз соли 2017 аз рӯйи омори ба дастоварда харитаи қонуншикании милисаҳоро тартиб додааст. Аз рӯйи он кормандони шуъбаҳои корҳои дохилаи шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт дар бадрафторӣ нисбат ба сокинон пешсаф будаанд.

Аз рӯйи шикояти шаҳрвандон кормандони милиса зимни боздошт нисбат ба онҳо аз зӯр кор гирифта, баъди ба шуъба овардан шиканҷа кардаанд.

Тайи даҳ соли ахир “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ” руйхати нафаронеро гирд овардаанд, ки баъд аз боздошт дар шуъбаҳои корҳои дохила зимни бозпурси кушта шудаанд, вале қотилони онҳо – кормандони милиса ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

  • Хуршед Бобокалонов, 33-сола, 27 июни соли 2009 дар Душанбе баъди боздошт аз тарафи кормандони милиса ба таври буғӣкушта мешавад. Парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст.
  • Исмонбой Бобоев, 30-сола, 19 феврали соли 2010 зимни шиканҷа бо истифода аз барқ ба ҳалокат расидааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қотилони ӯ қатъ карда шудааст.
  • СафаралӣСангов, 37-сола, 5 марти соли 2011 баъд аз шиканҷа зимни бозпурсӣ фавтидааст. Парвандаи ҷиноятӣ қатъ ва омилони маргаш афв шудаанд.
  • Баҳромиддин Шодиев, 28-сола, 30 октябри соли 2011 баъд аз шиканҷа зимни бозпурсӣ фавтидааст. Парванда нисбат ба 2 милисаи гумонбар қатъ гардида, милисаи сеюум 2 сол ҳукм гирифтааст.
  • Умар Бобоҷонов, 23-сола, 29 августи соли 2015 дар маркази шаҳри Ваҳдат барои риш доштанаш боздошт мешавад ва дар шуъбаи корҳои дохила шиканҷа шудааст. Баъд аз як ҳафта ба ҳуш наомада дар бемористон фавтидааст. Гунаҳкорони марги Умар Бобоҷонов то ҳол муаян нашудаанд.
  • Абдурахмон Назаров, 40-сола, 29 марти соли 2018 дар шуъбаи корҳои дохилаи Сино-2 дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. Парвандаи ҷиноятӣ ҳатто боз нагардидааст.

Равишҳои шиканҷа

– Аз рӯйи таҳқиқоти ташкилоти “Amnesty International” милисаҳои тоҷик зимни шиканҷа дар аксар маврид аз чӯбдастаи резинӣ ва ё ба истилоҳи руси “дубинка” кор мегиранд.

– Бархе, зимни пайдо накардани чӯбдастаи резинӣ аз пойафзоли худ истифода мебурдаанд.

– Дар утоқҳои махсуси шуъбаҳои корҳои дохилӣ барои шиканҷа аз барқ истифода мекунанд. Баъзе аз шиканҷашудагон нақл кардаанд, ки милисаҳо ба дастгоҳи барқие, ки барои шиканҷа истифода мекунанд, вобаста ба шиддати он номи “Сангтуда” ва “Роғун” гузоштаанд.

Акс аз сомнаи Интернет

Ҳамчунин муҳофизони ҳуқуқи инсон аз ҳолатҳои таҷовуз ба номус ва таҳдиди таҷовуз ба номуси чи мардон ва чи занони боздоштшуда гузориш додаанд.

Ба назари намояндагони ташкилоти “Amnesty International” дар аксар маврид мақсади кормандони ҳифзи ҳуқуқ шиканҷаро барои ситонидани пора аз хешовандони боздоштшуда истифода мекунанд. Музди миёнаи милисаи тоҷик каме бештар аз 2 ҳазор сомонӣ аст. Ба назари таҳлилгарони маҳалли даромади асосии кормандони умури дохила бо усулҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда мешавад.

Аз рӯйи маълумоти ғайрирасмӣ шумораи умумии кормандони Вазорати умумри дохила қариб 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба назари коршиносон ин миқдор аз меъёри зарурӣ қариб се баробар зиёд мебошад. Мувофиқи ченаки байналмиллалӣ барои таъмини волоияти қонун ва мубориза бо ҷиноят барои Тоҷикистон 14 ҳазор милиса кифоят аст.

Аммо новобаста аз ин, сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар нисбат ба соли гузашта 5 дарсад афзудааст (бештар аз 20 ҳазору 200 ҷиноят дар 9 моҳ).

Мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки шумораи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби раҳбарияти кишвар сараввал ба хотири ҳифзи сохтори кунунӣ ба маротиб афзоиш дода шудааст. Мухолифин бовари доранд, ки милисаи тоҷик на барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, балки барои саркӯб кардани онҳо барои ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон зарур аст.

Тоҷикистон сарбозони худро аз фурӯдгоҳи Ҳисор ба Қазоқистон фиристод

0

Нерӯҳои низомии Тоҷикистон аз фурӯдгоҳи “Айнӣ”-и шаҳри Ҳисор бо ҳавопаймои низомии Русия ба Қазоқистон парвоз карданд.

Акс аз гузориши “РИА Новости”

Хабаргузории “РИА Новости” аз дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз 7-уми январ сарбозони худро дар чорчӯби СААД бо ҳавопаймоҳои низомии Русия ба Қазоқистон фиристод ва аллакай ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Ҳисор парвоз анҷом додааст.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои “посдори сулҳи СПАД” ба Қазоқистон наздики 200 нафар низомиёни худро мефиристад.

То имрӯз аз кишварҳои узви СААД ба Қазоқистон ҳудуди 4000 нерӯи низомӣ бурда шудааст. Аз ҷумла Расия 3000, Белорус 500, Тоҷикистон 200, Қирғизстон 150 ва Арманистон 100 нафар аз нерӯҳои худро фиристодаанд.

Ба иттилои хабаргузории “ХОВАР” имрӯз намояндагони ҳарду палатаи Парлумони Тоҷикистон барои ирсоли нерӯҳои низомӣ ба Қазоқистон розигӣ доданд. Аммо баъдтар “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки гуфтаанд, “имрӯз баргузории ҷаласае дар назар нест.”

Қотилони Алиризои 21-сола ба солҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд

0

Имрӯз 7-уми январи соли ҷорӣ мурофиаи парвандаи пурсарусадои куштори Алиризо Худоёрови 21-сола ба поён расид. Дар ин бора Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод.

Гуфта мешавад, ин мурофиа дар бинои Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, додраси парванда Ғуломзода Сафарбек, ду сокини деҳаи Яшмро дар қатли ҳамдеҳаашон Алиризо Худоёров гунаҳкор шинохта, Зафарҷони Насриддинро ба 19 сол ва Абдулло Азимовро ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар мурофиаи гузашта, айбдоркунандаи давлатӣ барои Зафарҷони Насриддин 20 сол ва барои Азимов Абдулло 19 соли зиндонро талаб намуда буд.

“Ҳарчанд ин ҳукм барои ҷинояти анҷомдодаи номбурдаҳо сабук аст, вале дигар қонун аст ва ман шахсан розӣ ҳастам аз ҳукми додгоҳ. Вале мо Худоёровҳо норозигии худро дар он баён медорем, ки дар қатли бародарзодаи мо Алиризо Худоёров дасти кам 6- нафар бо шумули фармоишгар шарик ҳастанд ва феълан ду нафар ба додгоҳ кашида шуданду халос. Мо барои ҳама заҳмат ва талошҳо ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ изҳори миннатдории худро баён менамоем ва дар идома хоҳишу талаб дорем, ки боқимонда шарикони ҷиноятро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд!”, менависад Ҷунайдулло Худоёров.

Ёдовар мешавем, 12-уми июли соли 2021 дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт  6 нафар (аз хонаводаи Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо) Алиризо Худоёров, донишҷӯи соли дуюми риштаи ҳуқуқи Донишкадаи Раштро ҳадафи ҳамла ва латтукӯб қарор дода, ба қафаси синааш корд задаанд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд ин ҷавонро аз марг наҷот диҳанд. Корд ба қалби ӯ расида буд.

Кормандони ВКД  дар аввал 4 нафарро дастгир карда буданд, вале парвандаи танҳо Зафарҷони Насриддин, ки гуфта мешавад, зарбаи кордро ба қалби Алиризо Худоёров маҳз ӯ задааст ва Азимов Абдулло то ба додгоҳ расид, аммо ба гуфтаи Худоёровҳо боқӣ иштирокдорони ҷиноят бо ҳар роҳҳое аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Тоқаев: эътирозагоран террористанд ва бояд кушта шаванд

0

Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни паёмаш ба мардум ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш фармон дод, ки бидуни огоҳӣ ба сӯи эътирозгарон оташ кушоянд.

Акс аз Интернет

Тоқаев эътирозгаронро “террористҳо” ном бурда ва гуфтааст, ки ба сӯи онҳо бидуни огоҳии пешакӣ тир кушоянд то бояд кушта шаванд.

Хабаргузории “

Ҳамчунин Тоқаев зимни суханронияш таъкид намуда, ки дар ошӯбҳои ахири Қазоқистон “террористҳои хориҷӣ” даст доранд, ки аз ҷониби “ба истилоҳ расонаҳои озод ва чеҳраҳои хориҷӣ” ба майдон кашонида шудаанд.

Дар пасманзари шиддат гирифтани эътирозҳои мардумӣ дар Қазоқистон раисҷумҳури он Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои ба эътидол овардани вазъ аз кишварҳои узви СААД дархости кумаки низомӣ кард.

Ва худи имрӯз ҳам намояндагони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон барои ирсоли нерӯҳои низомӣ ба Қазоқистон розигӣ доданд.

Сӯхтор дар тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Душанбе

0

Субҳи имрӯз, 7-уми январ дар тарабхонаи маръруфи “Яккасарой”-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, бо гузашти се соат то мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ муваффақ нашудаанд, ки

Дар аксу наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳалли ҳодиса нашр шудаанд, дида мешавад, ки кормандони зиёде аз мақомоти сӯхторнишонӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистон бо мошинҳои худ дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва талош мекунанд, ки сӯхторро тезттар хомӯш кунанд, вале дида мешавад, сутуне аз дуди ғализи ин сӯхтор ҳамоно ба осмон мепечад.

Гуфта мешавад, тарабхонаи “Яккасарой”-и пойтахт яке аз бузургтарин тарабхонаҳои шаҳри Душанбе буда, барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст ва дар табақаи аввал он мағозаи мебелфурӯшӣ ҳам амал мекунад, ки зоҳиран қисме аз он дуди ғализе, ки аз маҳалли ҳодиса ба осмон мепечад, дуди мебелҳои он мағоза ҳам ҳастанд.

Тарабхонаи “Якксарой” дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ва дар шафати дарёи Душанбе ва дар ҳамсоягии бинои маъруф ба “Шарқи озод”-макони аксари расонаҳои чопии Тоҷикистон дар пойтахт аст.

Таҳқиқ ин парвандаи сӯхтор дар ин тарабхона аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон оғоз шуда, вале то ҳол сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷм зарарро муайян накардаанд.

Иззат Амон хостори бозбинии парвандааш шуд

0

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостааст, ки парвандаи ӯро бозбинӣ кунанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Муҳаммадюсуф Холов, писар Иззат Амон гуфтааст, ки ду маротиба дар зиндон бо падараш мулоқот карда, падараш хабар дода, ки барои бозбинии парвандааш ба Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кулли Тоҷикистон ариза пешниҳод кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Иззат Амон дар аризааш “масъалаи дубора баррасӣ намудани маблағи 232 сомонӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон Ҷурабек Ҷобиров, сокини ноҳияи Ҷайҳунро (пешниҳод) кардааст. Ба қавли Муҳаммадюсуф Холов, вай бо падараш сӯҳбат намуд ва Иззат Амон гуфтааст, ҳалли ин масъала ба ҳукми додгоҳ таъсир хоҳад кард.”

Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октиябри соли 2021 бо ҳукми суд ба барои напардохтани 232 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

ПМТ: Тоҷикистон набояд ба Қазоқистон нерӯ фиристад, вале парлумон иҷозат дод

0

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри як изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки барои саркӯб кардан тазоҳургарон ба Қазоқистон нерӯи низомӣ нафиристад.

Ин эътилофи гурӯҳҳои мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар амал мекунад, дар ин изҳороташ мегӯяд: “Паймони Миллии Тоҷикистон бори дигар аз тазоҳуроти мусолиҳатомез ва талабҳои одилонаву қонунии мардуми қазоқ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон истифодаи хушунат ва қатлу ғорат аз тарафи бархе нерӯҳои номаълум ва мақомоти давлатии Қазоқистонро маҳкум менамояд.”

ПМТ фиристодани нерӯи низомӣ ба Қазоқистон мухолифи қонунҳои амалкунанда ва манофеи миллии кишварамон дониста меафзояд: “Ҳузури сарбозони тоҷик дар амалиётҳои хориҷи кишвар бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллии мо сурат бигирад. Ин қарор ба ҳеҷ кадоме аз ин талаботҳо ҷавобгӯ нест.”

Ба таъкиди Паймони Миллии Тоҷикистон “ҳузури сарбозони мо дар чунин шароит метавонад аз тарафи миллати дӯст ва бародари қазоқ ҳамчун ширкати тоҷикон дар амалиётҳои саркӯбгароёна алайҳи мардуми ин кишвар ва як амали душманона қабул гардад. Ин метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хатарзо бошад ва инчунин ба муносибатҳои ду кишвар дар оянда латма ворид кунад.

Бинобар ин, Паймони Миллии Тоҷикистон талаб менамояд, ки Ҳукумати кишвар аз ин тасмими ғайриқонунӣ ва мухолиф ба манфиатҳои миллӣ ҳарчӣ зудтар даст бикашад ва ба миллати бародари қазоқ барои пайдо кардани роҳҳалҳои сиёсӣ кумак намояд.”

Пеш аз ин гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар Бишкек, пойтахти ин кишвар бо баргузории як тазоҳурот аз раҳбарияти ин кишвар хостанд, ки барои саркӯб кардани эътирозгарони Қазоқистон ба он кишвар нирӯи саркӯбгар нафиристанд. Ҳукумати Қирғизистон ҳам эълом кард, ки барои саркӯби қазоқҳо дар доираи фарохони Созмони Паймони Аҳдномаи дастаҷамъӣ (СПАД) нерӯи низомӣ намефиристад.

Аммо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) Ховар иттилоъ дода, ки имрӯз ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. “Дар иҷлосияи якҷоя танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.”

Аммо хабаргузории “Азия-Плюс” баргузории ҷаласаи муштараки Парлумонро зери суол бурда, иттилоъ медиҳад, ки “дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон субҳи имрӯз ба “Азия-Плюс” баргузории ҷаласаро рад ё тасдиқ накард. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки имрӯз баргузории ҷаласае дар назар нест.”

Гуфтанист, Қазоқистон баъд аз Русия дувумин кишварест, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик кору фаъолият мекунанд ва фиристодани нерӯи саркӯбгари эътирозгарон метавонад ҳама ҷону моли даҳҳо ҳазор тоҷику тоҷикистониро дар он кишвар ба хатар мувоҷеҳ кунад.

Кореяи Шимолӣ: Нахустин шиори озодихоҳӣ аз диктотура

0

Шиори “мардум ба сабаби ту аз гуруснагӣ мемиранд” дар деворе дар пойтахти Кореяи Шимолӣ Ким Чен Инро сахт нороҳат кардааст.

Ба гузориши Алҷазира, барои пайдо кардани соҳиби паёме, ки хитоб ба раҳбари Корияи Шимолӣ Ким Чен Ин дар деворе навишта буд: “мардум ба сабаби ту аз гуруснагӣ мемиранд”, мақомоти низомӣ ва интизомии ин кишвар таҳқиқоти густурдаеро оғоз кардаанд.

Масъулини ин кишвар матни шиорро аз девор пок карданд, вале мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахти ин кишвар барои пайдо кардани муаллифи он шиор таҳқиқоти гусутрдаеро оғоз кардааст, ки то кунун даҳҳо ҳазор нафарро мавриди тафтиш ва пурсиш қарор додаанд.

Вазорати амнияти ин кишвар ҳам аз 23-уми декабр дар ин амр даст ба кор шуда, таҳқиқоти бузургеро дар робита “ба ҳусни хатшиносӣ” оғоз карда, то кунун кормандони ширкатҳо, созмонҳо ва донишҷӯёни муқими пойтахтро дар бар гирифтааст, ва инчунин гурӯҳе аз кормандони мақомот хона ба хона гашта, сокинонро мепурсанд, ки дар рӯзе, ки он шиор навишта шуд, дар куҷо буданд ва ба чӣ корҳое машғул будаанд, вале то кунун соҳиби шиорро пайдо накардаанд.

Кореяи Шимолӣ бо шиддат тамоми интиқодоте, ки мансуб ба раҳбари ин кишвар бошанд, рад мекунад ва бо мунаққидон бархӯрди бераҳмонае анҷом медиҳад. Дар соли 2018 низ замоне таҳқиқоти додситонӣ ба ин натиҷа расид, раҳбари гурӯҳе дар ҳаккокии корикатураҳои нописанд аз раҳбари ин кишвар дар деворҳои Хонаи маданияти Пюнг Йонг, пойтахти ин кишвар даст дорад, дар назди оммаи мардум ӯро ба қатл расонид.

Фишори мақомот болои модари Чоршанбе

0

Модари Чоршанбе Чоршанбеевро кормандони додситонии вилоят маҷбур доранд, ки дар як паёми видеоӣ мардумро ором созад. Дар ин бора “Pamir Daily News ба истинод ба манбааш хабар доддаст.

Бино ба иттилои манбаъ, 4-уми январ ба Танибекова Сабзаҷон аз додситонӣ занг зада, гуфтаанд,  ки писараш Чоршанбе Чоршанбеев ба ифротгароӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мешавад ва ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон хоҳад шуд. Аз ҳамин хотир, ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки навори видеоӣ сабт карда, мардумро ором созад ва дар баробари ин гӯё мақомот муҷозоти Чоршанбеевро сабуктар мекунанд.

Аммо модари Чоршанбеев ба ин пешниҳоди корманди додситонӣ розӣ нашудааст, чун бар ин бовар аст, ки писараш ҷинояте содир накардааст.

Танибекова Сабзаҷон 5-уми январ соати 14:00 бо хоҳиши худ ба додситонии вилоят рафта, дар суҳбат бо корманди ин раёсат Аҳлиддин Аслидинзода бори дигар ба ӯ гуфтанд, ки Чоршанбе ба сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон даъват кардааст. Аммо ягон далеле, ки Чоршанбе дар куҷо чунин даъват кардааст, пешниҳод нашудааст.

Наздикони Чоршанбеев дар ҳайратанд, ки чаро мақомоти тафтишотӣ болои волидони Чоршанбе барои сабти навори видеоӣ фишор оварда истодаанд ва ин амали мақомотро ғайриқонунӣ медонанд.

Як фаъоли ҷомеаи маданӣ аз Хоруғ ба хабаргузории “Pamir Daily News” гуфтааст, ки боздошти Чоршанбеев дар миёни сокинони ин минтақа сару садоҳои зиёдро ба бор овардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати идомаи чунин фишорҳо аз сӯи мақомоти қудратӣ, боздошти Чоршанбе метавонад сабаби дигари аз сар гирифтани гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ гардад.

Варзишкори шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбеев, ки аз Русия ихроҷ шуда буд, рӯзи 30-юми декабр дар фурӯдгоҳи Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ боздошт шуд.

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Чоршанбеев бар асоси моддаҳои “Барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” ва “Даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” (моддаҳои 189 ва 307-и КҶ Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Наздиконаш ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин айбномаҳоро беасос медонанд.

Тоҷикистон ба Қазоқистон 200 нерӯи низомӣ мефиристад

0

Тоҷикистон дар чорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ором кардани вазъ дар Қазоқистон то 200 нерӯи низомии “посдори сулҳ”-ро мефиристад.

Хабаргузории русии “РИА новости” бо такя ба манобеи худ дар дохили ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон низ дар қатори кишварҳои Русия, Белорус ва дигар аъзои СААД нерӯҳои худро барои таъмини тартибот ва ба эътидол овардани вазъ ба Қазоқистон мефиристад.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз мақомоти кишвар аз омодагии худ барои иштирок ва таъмини субот дар ин кишвар хабар дода буданд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбатҳои хусусияш бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ӯ умедворӣ дода буд, ки барои ором кардани вазъ талош хоҳанд кард.

Ҳамчунин расиҷумҳури Қазоқистон эътирозгаронро “террористони байналмиллалӣ” хонда, аз кишварҳои узви СААД дархости кумаки низомӣ кард.