Хона блог саҳифа 550

Кумаки 30 млн долларии БОР ба Тоҷикистон

0

Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои бозсозии системаи обёрӣ ва заҳбурӣ дар ноҳияи Ёвон дар ҳавзаи поёни Вахш ба Тоҷикистон 30 миллион доллар кумаки молӣ ихтисос додааст.

Ба гуфтаи дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ин маблағҳои грантӣ бо ҳадафи афзоиши ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва инчунин рушди имконоти занон дар идораи замин ва об ба кишвар тақдим мешавад.

Мудири генералии Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков мегӯяд: “Ин лоиҳа ба баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва истифодаи об дар системаҳои интихобшудаи обёрӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуда, онҳоро ба вазъи иқлим ва офатҳои табиӣ устувортар ва амнияти озуқавориро беҳтар мекунад.”

Ба иттилои хабаргузории “Авесто”, дар чорчӯби тарҳи мазкур каналҳои обёрӣ ва иншооти ба он вобаста таъмир ва навсозӣ мешаванд, насосҳои замонавии обкашӣ насб мегардад ва ҷӯю заҳбурҳо дар минтақаи лоиҳа тоза карда мешаванд.

“Лоиҳа ба ҳамгироии сиёсати гендерӣ дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва Агентии мелиоратсия ва обёрӣ барои баланд бардоштани иштироки занон дар идоракунӣ ва дастрасӣ ба хадамот мусоидат мекунад.”, омадааст дар хабар.

Аз замони пайвастани Тоҷикистон ба БОР дар соли 1998, ин бонк ба бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушди кишвар табдил ёфта, дар умум ба маблағи беш аз 2,2 миллиард доллар кумакҳои гуногун кардааст. Аз ин миқдор тақрибан 1,7 миллиард доллари он ҳамчун кумакҳои бебозгашт (грант) гуфта мешавад.

Толибон: Касе ҳақ надорад занеро маҷбур ба никоҳи худ дарорад

0

Раҳбари Толибон Ҳибатуллоҳ Охунзода бо интишори як фармон дастур додааст, ки барои таъмини ҳуқуқи занон дар Афғонистон иқдомоти ҷиддиеро амалӣ намоянд.

Дар ин фармон омадааст, ки  ризоияти духтарони болиғ дар аснои никоҳ зарурӣ аст ва “ҳеч касе занеро бо ҷабру икроҳ ба никоҳ маҷбур карда наметавонад.”

Дар банди дувуми ин фармон омада, ки “зан мол нест, балки инсони озоду асил аст ва ҳеч касе онро дар бадали сулҳ дода наметавонад.”

Гуфтанист, дар баъзе манотиқи Афғонистон расме вуҷуд дорад, ки ҳангоми фавти шавҳар бародарони ӯ бо занаш издивоҷ мекунанд. Дар ин фармони ҷадиди раҳбари Толибон дар бораи занҳои бева, таъкид шудааст, ки пас аз сипарӣ кардани иддаи шаръӣ (пас аз вафоти шавҳар 4 моҳу 10 рӯз ва дар ҳангоми ҳомила будан то таваллуди фарзанд) зани беваро на бародари шавҳар ва на касе дигар ба зӯр ба никоҳ дароварда наметавонад.

Инчунин дар бораи тақсими мерос ва маҳрум накардани занон аз мероси шавҳар ва падару модаронашон низ дар ин фармон таъкид шудааст, ки “зан дар моли шавҳари фавту шудааш, фарзандон, падар ва дигар наздикон ба таври фарзият ва асабият ҳаққи мерос ва саҳми собит дорад ва ҳеч касе вайро аз ҳаққаш маҳрум карда наметавонад.”

Ҳамзамон дар бораи таъмини адолат дар хонаводаҳое, ки дорои чандҳамсарӣ ҳастанд, гуфта мешавад, ки “касе, ки чанд зан дорад, мукаллаф аст, ки ҳуқуқи ҳамаи занонро баробар бидаҳад ва дар байни онҳо бо адолат рафтор намоянд.

Бозтоби ин фармони ҷадиди раҳбарони Толибон дар расонаҳо ва дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври гусутрда мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, аксари корбарон гуфтаанд, ки ин ҳуқуқро ислом ба занҳо додааст, на раҳбари Толибон, ки гурӯҳаш бо ҳаросафканӣ шуҳрат дорад.

Карзай: Амрико ва муттаҳидонаш бояд бо Толибон ва давлаташон кор кунанд

0

Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай аз Амрико ва муттаҳидонаш хостааст, ки омада дар Афғонистон бо мардум ва Толибон, ки сари қудрат ҳастанд, кор кунанд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳибае бо BBС гуфтааст, ки Амрико ва муттаҳидонаш беҳтар аст биоянд ва ба мардуми Афғонистон кумак кунанд, ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мардуми Афғонистон кумак кунанд, то афғонҳо кишварашонро бисозанд, марҳам ба захмҳое, ки бар ҳама тарафҳо ворид шуда, бояд гузошта шавад.

Ҳомид Карзай таъкид мекунад, ки барои беҳтар шудани вазъият дар Афғонистон Амрикову муттаҳидонаш ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд “бо Толибон ва давлаташон кор кунанд.”

Ҳомид Карзай мегӯяд, мухолифи ба парвоз даровадани ҳавопаймоҳои Амрико дар осмони Афғонистон аст ва таъкид мекунад, ки Афғонистон мехоҳад бо Амрико дӯст бошад, аммо ба парвоз даровардани ҳавопаймоҳо дар осмони Афғонистон ин иштибоҳ аст ва онро таҳаммул нахоҳанд кард.

Амрико ва муттаҳидонаш пас аз ҳузури низомии 20-сола дар Афғонистон тобистони имсол аз ин кишвар хориҷ шуданд ва ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки пас аз Ҳомид Карзай дар курсии президентии ин кишвар нишаста буд, рӯзи 15-уми августи соли 2021 суқут кард ва Толибон дубора сари қудрат омаданд.

Амрико охирин нерӯҳояшро пас аз суқути давлати Ашраф Ғанӣ бо кумак ва миёнаравии кишварҳои назири Русия ва Қатар аз хоки Афғонистон берун кард ва таҳримҳоеро алайҳи Толибон эъмол карда буд, аз байн набардошт, дороиҳои Афғонистонро мунҷамид (блок) карда, низоми бонкии кишвар бо буҳрони азиме рӯбарӯ шуда, иқтисоди он суқут кардааст.

Пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ артиши ин кишвар аз ҳам пошид ва Толибон ба осонӣ бидуни хунрезӣ ба сари қудрат омаданд. Аксари чеҳраҳои матраҳи ҳукумати пешин Афғонистонро тарк карданд, аммо Ҳомид Карзай тарки ватан накарда, ҳамоно дар Кобул ҳузур дорад.

Боздошти Чоршанбе Чоршанбеев дар Маскав

0

Варзишгар ва блогери тоҷик Чоршанбе Чоршанбеев барои пойга дар нақби Лефортово ва беҳуҷҷат рондани мошин дар Маскав боздошт шуд. Дар ин бора Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Маскав хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, варизшгари тоҷик аз рӯи сабти навори пойгаи ӯ, ки дар Инстаграм гузошта шудааст, боздошт гардид.

Маъмурони интизомии Маскав варзишгари тоҷикро дар роҳи МКАД боздошт намуда, ба шӯъбаи Сарраёсати ВКД-и Маскав бурдаанд. Худи Чоршанбе ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ки навори дар Интернет нашршуда тобистони соли ҷорӣ сабт шудааст.

Ҳамчунин Чоршанбеев барои бе ҳуҷҷат рондани мошин бозпурсӣ шудааст. Гуфта мешавад, ӯ бо худ шаҳодатномаи ронандагии миллиро доштааст, ки дар қаламрави Русия эътибори қонунӣ надорад.

Ҳамзамон мошини ин варзишгар суғуртаи ҳатмӣ надоштааст ва ҳоло “Camry”-и ӯро ба таваққуфгоҳи махсус фиристодаанд.

Мошинеро, ки Чоршанбеев идора мекард аз нафаре бо номи Иракли Качарава буда, қариб 100 ҷаримаи напардохта доштааст.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи рухдода дар роҳ бо ширкати Чоршанбе Чоршанбев нест. Моҳи августи соли 2021 Чоршанбе бо мошини BMW дар Қазон ба сутуни канори роҳ бархӯрда буд.

Ӯ сабаби ба садама дучор шуданашро ба кормандони БДА гуфта буд, ки пеши роҳи ӯро гирифтанд ва аз ҳамин хотир ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст.

Чоршанбе Чоршанбеев 26 сол дошта, 15-уми майи соли 1995 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ӯ ба варзиши каратэ киокушинкай ва баъдтар ба муҳорибаҳои омехта рӯй оварда, дар мусобиқаҳои Тоҷикистон ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст.

Ӯ аз соли 2016 дар Маскав зиндагӣ мекунад ва узви “Fight Nights Global”, “HFC”, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва варзишгари MMA мебошад. Чоршанбе Чоршанбеев яке аз баҳсбарангезтарин варзишгар дар қаламрави Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба шумор меравад.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо намоядаҳои САҲА

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаҳои воломақоми Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Стокҳолм мулоқот кард.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 2-уми декабри соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДНДҲИ) Маттео Мекаччи ва бо намояндаи САҲА оид ба озодии воситаҳои ахбори омма (ВАО) Тереза Рибейро мулоқот намуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон бо ДНДҲИ, аз ҷумла мусоидати ниҳоди мазкури САҲА дар татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби ченаки инсонии созмон, инчунин ҳамкориҳо дар пасманзари вазъият дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикиситон дар мулоқоти алоҳидае бо Тереза Рибейро “роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо САҲА дар соҳаи озодии баён ва матбуот мубодилаи афкор намуданд.”

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш пурра иҷро шуд?

0

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки даъвати тирамоҳӣ ба артиш ба анҷом расидааст, аммо нагуфтааст, ки он чанд дарсад иҷро шуд.

Вазорат менависад, ки даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки он аз 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ идома дошт ва ҷавонони аз 18 то 27 сола ба он даъват мешуданд, рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ пурра ба анҷом расидааст.

Аммо дар идома зикр кардааст, ки “тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.”

Мисли хабарҳои қаблӣ сомонаи Вазорати мудофиа ягон омори дақиқеро наоварда, танҳо навиштааст, ки “нахуст дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон даъвату гусели муҳофизони ояндаи Ватанро тибқи нақшаи ба онҳо пешбинишуда ва дар муҳлати муайян иҷро намуданд.”

Вазорати мудофиа дар ҳоле аз пурра ба анҷом расидани даъвати тирамоҳӣ мегӯяд, ки дар бисёре аз манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол “облава”-и ҷавонон идома дорад. Ҳатто ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки донишҷӯёнро аз донишгоҳҳо “облава” кардаанд.

СММ: Барои фақирони Афғонистон 4.5 млрд доллар кумак талаб кардем

0

Расонаҳои Афғонистон аз ҳодисаи тирандозие дар Кобул хабар медиҳанд, ки дар натиҷа 4 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Ба навиштаи пойгоҳи телеграмии “Кобул тайм”, “шифохонаи EMERGENCY дар Кобул таъйид мекунад, ки чаҳор нафар дар натиҷаи таркиш дар чорроҳоии Салим Корвони шаҳри Кобул захмӣ шудаанд.”

Пеш аз ин шабакаи Алҷазираи Қатар низ дар истинод ба манобеи худ аз шаҳри Кобул хабар дода буд, ки субҳи имрӯз дар назди фурӯдгоҳи Кобул садои тирандозӣ шунида шудааст.

Садои тирандозӣ ва таркиш дар пойтахти Афғонистон дар ҳоле шунида мешавад, ки Созмони Миллали Муттаҳид аз раванди суқути фоҷеабори иқтисоди ин кишвар хабар додааст.

Ҳамзамон ба иттилои ин расона, Мортин Грифитс, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башарии Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, ки ин созмон 4.5 миллиард доллар барои ёрирасондан ба мардуми фақири Афғонистон аз кишварҳои кумаккунанда тақозои кумак кардааст.”

Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳоле барои мардуми камбизоати Афғонистон тақозои кумак кардааст, ки бо гузашти зиёда аз сеюним моҳ аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ Толибон натавонистаанд, ки Суҳайл Шоҳин, сухангӯӣ ин гурӯҳ дар Қатарро ба ҳайси намояндаи худ дар Созмони Миллали Муттаҳид ба курсии Намояндаи Афғонистон бишинонанд.

Тоҷикистон паноҳҷӯёни афғонро ба дасти Толибон супорид

0

Мақомоти Тоҷикистон як хонаводаи афғонистониро, ки аввали моҳи ноябр ба кишвар паноҳанда шуда буд, пас аз як ҳафтаи вуруд бурда ба дасти Толибон супориданд.

Як зани рӯзноманигори афғон ба Раидои Озодӣ хабар дода, ки мақомоти тоҷик ӯ ва 13 узви хонаводаашро, ки ба Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда омада буданд, напазируфтанд ва онҳоро бозпас гардониданд.

Ин зан иддао карда, ки пас аз оне, ки хонаводаи онҳоро ба дасти марзбонони Тоилбон супоирданд, онҳо тағояшро боздошт карда ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

“Замоне онҳоро ба Толибон месупурданд, “марзбонони тоҷик ашк мерехтанд, вале гуфтанд, агар ин коррро анҷом надиҳанд, худашон зиндонӣ мешаванд”. Ӯ гуфт, бо вуруд ба Афғонистон тағояшро Толибон боздошт карданд ва ду ҳафта аст, ки аз сарнавишташ хабаре надоранд”- омадааст дар хабари Озодӣ.

Мақомоти тоҷик дар аввал гуфта буданд, ки то сад ҳазор паноҳандаи афғонистониро метавонанд пазиранд, аммо баъдар вақте оилаҳои зиёде аз Афғонитсон аз тарси Толибон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд, ба кишвар роҳ дода нашуданд ва ҳатто баъзеро баъд аз ворид шудан бозпас гардонад.

“Дафтари СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 19-уми ноябр аз истирдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон бонги изтироб зада буд. Дар изҳороти созмон гуфта мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон 11-уми ноябр 11 марду зан ва кӯдаконро ба Афғонистон “зӯран баргардониданд”.

Мақомоти тоҷик сабаби напазируфтани паноҳҷӯёни афғонро ба далелҳои иқтисодӣ ва амниятӣ рабт медиҳад.

Нахустин даргирии марзбонони Толибон бо марзбонони Эрон

0

Шоми рӯзи чоршанбе 1-уми декабр дар марзи Афғонистону Эрон байни нерӯҳои ду кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Талафоти ҷонӣ аз ду тараф ба қайд гирифта нашудааст.

Ин нахусутин даргирии марзбонони эронӣ бо ҳамотоёни афғонистонии худ дар замони раҳбарии Толибон буда, дар манотиқи назди сарҳадии вилояти Нимрӯзи Афғонистон бо Сиистони Балучистон сурат гирифтааст.

Саид Хатибзода, сухангӯи

Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи Гумруки Эрон ҳам ба “Меҳрнюс” гуфтааст, ки аз субҳи имрӯз ҳамлу нақли колоҳои тиҷоратӣ аз гузаргоҳи Милк дар вилояти Сиистон ва Балучистон аз сар гирифта шуд.

Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ахбори зиду нақизи зиёде дар бораи ин даргирӣ нашр шудааст, вале расонаҳои эронӣ иллати онро ҳамла ба кишоварзони ин кишвар гуфтаанд, аммо нерӯҳои Толибон аз он сӯи тафоҳум таъриф кардаанд.

Иштироки варзишгарони ҷавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё/Уқёнус-2021

0

Дар қаҳрамонии ҷудои Осиё/Уқёнус, ки рӯзҳои 2 то 5-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мегардад, аз Тоҷикистон 16 варзишгари ҷавони ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмиллалии ҷудо дар қаҳрамонӣ миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар қаҳрамонӣ миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлат иштирок хоҳанд кард.

Аз Тоҷикистон ба мусобиқаи наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва ба мусобиқаи ҷавонон 9 нафар писар мераванд.

Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2 ва 3-уми декабр ва миёни ҷавонон 4 ва 5-уми декабр доир мегарданд.

Дастаи мунтахаби наврасон, ки дар қаҳрамонии Осиё/Уқёнус-2021 иштирок мекунанд, аз инҳо иборатанд:

-50кг – Ҷасур ЛУТФИШОЕВ

-52кг – Меҳрона МАҲМАДЗОДА

-60кг – Сируш ЭРКАЕВ

-66кг – Муҳаммад ЮСУФЗОДА

-73кг – Сунатулло МУСОЕВ

-90кг – Сомонӣ КИШВАРОВ

+90кг – Парвиз АБДУРАҲМОНОВ

Дастаи мунтахаби ҷавонон, ки дар қаҳрамонии Осиё/Уқёнус-2021 иштирок мекунанд:

-66кг – Хурсандқул КУГАНОВ

-66кг – Абубакр ШЕРОВ

-73кг – Муҳаммадиқбол ТОШОВ

-73кг – Масъуди АҲМАДЗОД

-81кг – Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ

-81кг – Шодмон РИЗОЕВ

-81кг – Раҳматулло МИРЗОЕВ

-100кг – Мансур РАҲМОН

+100кг – Давлатҷон НАЗРИЕВ