23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 552

Гуруснанишинии паноҳҷӯён дар Литва

0

Даҳҳо нафар аз паноҳҷӯён дар Литва, ки аз шароити бади зиндагӣ ва номушаххас будани сарнавишташон ба сутӯҳ омадаанд, бо нишони эътироз аз хурдани хӯрок даст кашиданд.

26-уми юли соли ҷорӣ як паноҳҷӯе, ки дар Маркази паноҳандагон дар шаҳраки Алитуси (Alytus, Verebiejai, Lithuania) Литва  қарор дорад, дар тамоси телефонӣ ба Аздо тв гуфт: Дар байни ин паноҳҷӯён 3 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи эътирози паноҳҷӯён, дирӯз, соати 5 субҳ нерӯҳои ОМОН вориди лагер шуда 7 нафарро, ки 26-уми июл дар баргузории тазоҳурот фаъол буданд, дастгир карда бурданд. Ба истиснои як ироқӣ дигар ҳама боздошт шудаҳо африқоитабор мебошанд.

Вай афзуд, наздик ба 150 нафар паноҳҷӯ дар мактабе дар шаҳри Алитуси деҳаи Варабей Литва нигаҳдорӣ мешаванд, танҳо дар як толори варзишӣ 43 нафар зиндагӣ мекунанд.

Гуфтанист, дар давоми чанд моҳи ахир ҳудуди 3 ҳазор паноҳҷӯи ғайриқонунӣ аз тариқи Беларус ба Литва рафтааст. Аксари паноҳҷуён аз роҳи Туркия вориди Белорус шуда, сипас аз Белорус аз тариқи ҷангал ба таври қочоқ дохили хоки Литва гаштаанд.

Ин паноҳҷӯён Литваро ҳамчун дарвозаи вурудӣ ба Аврупо дониста, бештари онҳо ҳадаф доранд худашонро ба кишварҳои Авропои Ғарбӣ ва Бритонияи Кабир бирасонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Раисӣ ширкат намекунад

0

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ ширкат намекунад.

27-уми июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар конфронси хабарии ин вазорат гуфт, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳлифи ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури нави Эрон ширкат намекунад ва ба ҷои ӯ раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии Раисӣ 5-уми августи соли ҷорӣ баргузор мешавад. Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон сабаби иштирок накардани Раҳмон дар ин маросими муҳимро ба сафари ӯ ба Ашқобод марбут донист.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.

Ин дарҳолест, ки Эмомали Раҳмон соли 2013 шахсан худаш дар маросими таҳлифи Ҳасан Руҳонӣ ба Теҳрон сафар карда буд.

Дар Эрон аз замони Ҳасани Руҳонӣ даъвати раҳбарони хориҷӣ барои ширкат дар маросими таҳлиф расм шуд ва пеш аз он аз раҳбарони хориҷӣ барои ширкат дар маросими савганёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоб даъват намешуд.

Иброҳим Раисӣ моҳи июни соли ҷорӣ дар 13-умин даври интихоботи президентии Эрон бо касби 62, 17-оро раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Қарор аст маросими таҳлифи Раисӣ санаи 5-уми августи соли ҷорӣ баргузор шавад.

Иброҳим Раисӣ бидуни канор рафтан аз мансаби раиси Қувваи қазоия (Додситони кул) дар рақабатҳои интихоботӣ ширкат кард.

Пешниҳод: Муҳоҷирон ба Сибир фиристода шаванд

0

Жириновский муҳоҷирони қазоқу қирғизро бодиянишин ва тоҷику ӯзбекро деҳқон номида гуфт, ки онҳоро ба деҳаҳои холии Сибир ва Шарқи Шимоли дур фиристед.

26-уми июл раҳбари Ҳизби Либерал-Демократии Русия Владимир Жириновский дар радиои “Комсомольская Правда” суҳбат мекард, гуфт: “Бигзоред ҳатто бо оилаҳояшон биёянд.”

Раҳбари лебирал-демократҳои Русия гуфт: “Мо ба онҳо дар деҳаҳои холии Русия манзил хоҳем дод, бигзор дар он ҷо зиндагӣ кунанд. Онҳо деҳқонони хубанд ҳастанд. Масалан, қазоқҳо ва қирғизҳо бодиянишин ва тоҷикону ӯзбекҳо деҳқон ҳастанд.”

Жириновский бар ин назараст, ки бо чунин иқдом метавон мушкилоти пешомадаро ҳал кард. Аз як тараф, аҳолӣ дар кишвар меафзояд, аз сӯи дигар мушкилоти манзил ҳал ва заминҳои холӣ дар кишвар беодам намемонад.

“Ширкатҳои Русия бояд пеш аз ҳама шаҳрвандони Русияро ба кор бигиранд ва сипас муҳоҷиронро. Ҳамзамон ширкатҳое, ки мехоҳанд коргарони тоҷику узбекро бештар ҷалб кунанд, дар навбати аввал бояд онҳоро “бо қатораҳои махсус” тибқи лоиҳа ба обектҳои корӣ оварда муваққатан бо хобгоҳ таъмин кунанд ва сипас ба хонаҳояшон баранд, то ки онҳо дар роҳраҳвҳои Русия беҳуда нагарданду дар чашми сокинон натобанд.”

Чунин “пешниҳод” дар расонаҳои русӣ дар ҳоле бозтоб мегардад, ки ин сиёсатмадори рус дар канали “LDPR-TV YouTube” рӯзи 25-июл гуфт, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба Шарқу Шимоли дур ё Сибир фиристода шаванд.

Жириновский дар ин сӯҳбаташ ба қазияи ахири задухурди гурӯҳии муҳоҷирон ишора карда афзуд: “Муҳоҷирон байни худ ҷанг мекунанд, баъзан вақт дар муноқишаҳояшон пои русҳоро мекашанд.”

Вай мегӯяд: “Интихоби беҳтарин ин бе муҳоҷирон зиндагӣ кардан аст. Аммо агар кишвар бе онҳо кор карда наметавонад, пас онҳоро дар Шимолу Шарқи дур ва ё Сибир истифода баред. Онҳо бояд ба мо иншооти азим, фабрикаву роҳҳо бисозанд.”

Қаблан Русия аз норасоии нерӯи корӣ хабар дода буд ва дар навбати худ муовини сарвазир Марат Хуснуллин гуфта буд, ки тақрибан 5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ бояд то соли 2024 ба сохтмонҳои Русия ҷалб карда шаванд.

Раҳбарони бевиҷдону бесавод?

0

26-уми июл, раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Сиҷоуддин Саломзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки роҳбарони бевиҷдон ва бесавод дар шаҳри Бохтар зиёданд.

Бино ба навиштаи “Азия -Плюс”, ин гуфтаҳои раиси шаҳр замоне садо дод, ки рӯзноманигорон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва аксар нуқтаҳои хӯроквории шаҳр пурсиданд. Сиҷоуддин Саломзода аз сардухтури маркази санитариву эпидемилогии шаҳри Бохтар хост, ки ба ин суол посух гӯяд, аммо баъдтар маълум шуд, ки ӯ дар нишаст ҳузур надорад.

Раиси шаҳри Бохтар ба набудани сардухтур дар нишасти матбуотӣ вокуниш нишон дода, гуфт, ки дар маркази вилоят роҳбарони бевиҷдону бесавод зиёданд.

“Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон ва бемасъул кам нестанд. Онҳо боз бесаводанд. Одат кардаанд, ки ба ҳама масъалаҳо раиси шаҳр масъул аст. Аз ин рӯ, хоҳанд меоянд, нахоҳанд, намеоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ аз масъулони Маркази санитариву эпидемиологӣ интиқода намуда, афзуд, ки “мутахассисони маркази санитариву эпидемиологӣ худашон масъулият ҳис намекунанд. Онҳо риоя накардани меъёрҳоро ошкор намуда, ба онҳо ҷиддӣ сарукор намегиранд ва корро то ба охир намерасонанд.”

Вай афзуд: “Вақте қонуншиканиро ошкор намудӣ, бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд, то ҷавобгарии ҷиноятӣ. Вақте як бору ду бор камбудиҳоро бартараф накард, маводро ба прокуратура пешниҳод намудан лозим аст, то ки онҳо ба чунин қонуншиканиҳо расидагӣ кунанд”.

Раиси шаҳри Бохтар дар ҳоле аз ҳузур наёфтани масъулони шаҳр интиқод намуд ва онҳоро бевиҷдону бесавод хонд, ки дар шаҳри Душанбе аксари вазирону наздикони Раисҷумҳур дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муддати қариб 30 соли роҳбариаш ягон маротиба бо журналистони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор накардааст. Ҳамзамон писараш Рустами Эмомалӣ, ки аз соли 2017 инҷониб шаҳрдори пойтахт аст, ягон маротиба бо рӯзноманигорон вонахӯрадааст. Духтараш Озода Раҳмон, ки раиси Дастгоҳи президент аст, низ ягон маротиба дар ҳузури журналистон нишасти матбуотӣ доир накардааст.

Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои президент ҳам дар нишастҳои матбуотии ниҳоди зертобеаш тайи чанд соли ахир ширкат накардааст.

Дар байни домодҳо ва фарзандони мансабдори президент танҳо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Бонки миллии Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон рӯбарӯ мешавад.

Масъалаи бемасъулиятии мақомдорон дар баробари расонаҳо ва ҷомеа борҳост дар расонаҳо нашр шудааст. Аммо, то ҳол бо баҳонаҳои гуногун аксари масъулин аз посух додан дар назди мардум фирор мекунанд.

Сафари вазирони дифои Чину Ҳиндустон ба Тоҷикистон

0

Имрӯз 27-уми июл вазири дифои Ҳиндустон Раҷнат Сингҳ бо сафари расмӣ барои се рӯз вориди Душанбе шуд.

Ин сафар дар чорчӯби нишасти вазирони дифои аъзои Созмони ҳамкории Шонхай, ки дар Душанбе баргузор мегардад, иҷро шудааст.

Дар ин маврид вазири дифои Ҳиндустон дар саҳифаи тивиттериаш хабар дод. “Ман муштоқона мунтазири баҳс дар мавриди мавзуоти марбут ба дифоъ ва ҳамкориҳои минтақа ҳастам”, – менависад вазири дифои Ҳиндустон.

Дар ҳамин ҳол АМИТ “Ховар” низ аз сафари вазири дифои Чин Вэй Фэнхэ ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе хабар дод.

Ҳифзи сарҳадот: Эмомалӣ Раҳмон аз Чин кумак хост

0

27-уми июл вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нигаронӣ намуда, гуфт: “Барои мо аз ҳама муҳим мустаҳкам кардани сарҳад бо Афғонистон аст”.

Сироҷиддин Аслов дар робита ба бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон ишора карда афзуд пас аз ба дасти Толибон афтодани аксар манотиқи марзии Афғонистон бо кишварҳои узви СПАД, бо Русия гуфтушунидҳо доштанд, аммо дар барномаҳои корӣ масъалаи баргаштани марзбонони Русия барои ҳимояти марзи Тоҷикистону Афғонистон матраҳ нест.

“Ҳоло мушовирони низомии Русия дар бахши марзбонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва кор мекунанд, аммо мавзуъи баргашти марзбонони он кишвар ба марзҳои мо матраҳ нест. Ҳарчанд ҳамкориҳои низомии мо бо Русия яке аз бахшҳои асосии равобити моро бо ин кишвар ташкил медиҳад”,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Нерӯҳои Русия то соли 2005 марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро муҳофизат мекарданд. Дар солҳои ахир пас аз бад шудани авзоъ дар кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар манотиқи шимолии он борҳо дар расонаҳои Русия барои бозгаштани марзбонони Русия ба марзи Тоҷикистон чандин матлабе нашр шуд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз вазири мудофиаи Чин Вэй Фэнхэ ба Душанбе омад ва дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ матраҳ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо вазири мудофиаи Чин дар бораи рушди хатарзои вазъ дар Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда, дар самти ҳифзи марз ва таъмини амният аз Чин кумак хостааст.

Норасоии беш аз 13 ҳазор китоби дарсӣ дар Ҳамадонӣ

0

27-уми июл, Маҳдӣ Орифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотиш гуфт, ки “норасоии китобҳои дарсӣ дар ноҳия зиёда аз 13 ҳазор мебошад.”

Тоҷикистон дорои 3911 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 312 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 430 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3169 муассисаи миёнаи умумӣ буда, норасоии китобҳои дарсӣ дар аксари ин муассисаҳо вуҷуд дорад.

Ҳамзамон мактабҳои миёнаи тамоми 72 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон низ дар баробари норасоии китобҳои дарсӣ аз норасоии омӯзгорон низ танқисӣ мекашанд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аҳудуди 2 ҳазору ду сад омӯзгор аз фаннҳои гуногун намерсад.

Боздошти корманди давлатӣ дар Фархор

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз дастгир шудани як корманди идораи замини ноҳия Фархор бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод.

Манбаъ аз ин корманди давлатии боздоштшуда Раҳимзода Аскар Зоирҷон ном мебарад ва ӯ ҳамчун сармутахассис (муҳандис-заминсоз) корманди Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор кор мекардааст.

Тибқи иттилои Агентии зидди фасод, номбурда “дар давраи фаъолияти кориаш қасдан, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи ваколати мансабӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 7000 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст”.

Гуфта мешавад, нисбати Раҳимзода бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Назари муттаҳам ва ё адвокати вай маълум нест. Аммо дар Тоҷикистон тамоми мансабдорони давлатие, ки бо ҷурми заминфурӯшӣ боздошт мешаванд, мақомот онҳоро ҳамчун қаллоб тибқи ҳамин моддаи 247 Кодеси ҷиноятӣ мутаҳҳам мекунад, суд дар аксар маврид заминфурӯшонро муҷирим мешиносад, вале пас адои иҷрои ҷазо аксари заминфурӯшон дубора мансаби нав мегиранд.

Инқилоби президент дар Тунис

0

Шоми рӯзи якшанбеи 25-уми июл Президенти Тунис, Қайс Саъид чанд қарореро қабул намуд, ки аз ҷониби сисёсатмадорони кишвараш, ба хусус ҳизби Наҳзати Тунис “инқилоб бар Қонуни асосӣ” ном гирифт.

Тибқи иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира“, ӯ аз ҷумла шаби гузашта қарори барканории сарвазири ин кишвар, Ҳишом Машишӣ, бекор кардани парлумон ва инчунин бекор намудани дахолатнопазирии аъзои парлумонро қабул кард.

Раисҷумҳури ин кишвар шаби гузашта гуфт, ин қарорҳоро дар пай гирдиҳамоиҳои мардум, ки ҳукуматро дар идора ва пешгирии вируси ҳамагир гунаҳкор медонистанду ба кӯчаҳо рехта, истеъфои ҳукуматро талаб карда буданд, гирифтааст.

Аммо раиси ҳизби ҳоким – Ҳизби наҳзати исломии Тунис ҳамзамон раиси пралумони ин кишвар Рошид Ғанушӣ субҳи рӯзи душанбе ин иқдомоти Раисҷумҳурро “инқилоби президент бар Қонуни асосӣ” хонда, назди парлумон рафт, вале низомиён монеи вуруди ӯ ва аъзоёни дигари парлумон шуданд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи душанбе Рошид Ғанушӣ ба шабакаи туркии “TRT” гуфт, қарорҳои Қайс Саъид ба нафъи кишвар ва низоми демократию бисёрҳизбӣ набуда, баракс тасаллут болои ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

Вай афзуд, ки Шӯрои сиёсии ҳизбаш дар робита ба ин қазия ҷаласа ташкил намуда, қарорҳои пешгирифтаи раисҷумҳурро маҳкум карданд. Ва ҳамчунин аз ӯ хостаанд, ки қарорҳои қабул намудаашро бекор кунад.

Тунис аввалин кишвари арабие буд, ки инқилобҳои “Баҳори арабӣ”-и соли 2011 аз онҷо сар зад ва ягона кишваре низ буд, ки тавонист баъд аз инқилоб рӯ ба низоми демократӣ биёрад, аммо то ҳол даргири буҳрони иқтисодист.

Густариши бемории ҳамагири COVID-19 тайи моҳи ахир дар ин кишвар ва дуруст идора накардани кишвар дар ин вазъият эътирозҳои мардумро ба бор овард ва ҷавононро ба хиёбонҳо расонд. Теъдоди гирифтори ин беморӣ дар Тунис беш аз 500 ҳазор нафар гузориш мешавад.

Раҳоии боздоштшудаҳои маросими “Хоруғ-2012” дар Маскав

0

Қариб ҳамаи зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки шоми 24-июл аз тарафи полиси ОМОН ба хотири баргузории маросими қурбониёни ҳодисаҳои Хоруғ-2012 дар тарабхонаи назди метрои Черкизовская боздошт шуда буданд, озод шуданд.

Сомонаи хабарии Бомдод дар истинод ба манобеи худ иттилоъ дод, ҳоло дар шӯъбаҳои пулис танҳо чанд нафар боқӣ мондаанд, ки дар ҳуҷҷатҳояшон мушкил доранд.

«Ҳангоми санҷиш дар маркази иттилоотии полиси Маскав ҳуҷҷатҳои онҳо бо сабабҳои мухталиф дар байни хориҷиёни расман ба қайд гирифташуда набуданд. Шояд ин мушкили техникии маркази иттилоотии полис бошад. Вале ҳама боқимондаро бо адвокатҳои фиристодаи ҳимоятгари маъруфи зодаи Бадахшон дар Маскав Меҳмоншо Меҳмоншоев озод карданд», – гуфт мусоҳиби Бомдод.

«Дар ошёнаи якум зиёда аз 100 нафар дар шоми ёдбуди қурбониёни Хоруғ-2021 иштирок доштанд. Ва дар ошёнаи дуюм, ки ҳамватанони мо онро ба чид табдил доданд (хонаи помирӣ), як духтари волонтёр зодрӯзи худро ҷашн мегирифт, ки онҷо тақрибан 50-60 меҳмони дигар буд.

Шом тақрибан соати 20 оғоз ёфт ва соати 21 яке аз ҳамватанони мо занг зада гуфт, ки полиси ОМОН зуд ба наздамон хоҳад омад ва беҳтар аст, ки аз ин бино берун равем. Аммо масъулони ин чорабинӣ ҳамаро таскин доданд, ки ҳатто агар ОМОН омада бошад ҳам, мо ягон кори ғайриқонунӣ накардаем, онҳо тафтиш карда баромада мераванд.

Мардум ором шуд ва пас аз 10-15 дақиқа полисҳо омада онҳое, ки дар шоми ёдбуд иштирок доштанд ва онҳое, ки зодрӯзро дар болохона таҷлил мекарданд ҳамаро бурданд”, мегӯяд ҳамсуҳбати Бомдод.

Инчунин ӯ гуфт, ҳангоми боздошт полис онҳоро дар бораи занозании охири гурӯҳии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон бозпурсӣ кардааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи задухӯрди муҳоҷирон, ки шаби 12 июл дар назди метрои Кузьминкии Маскав ба вуқӯъ пайваст, мақомоти Русия пайваста рейдҳои доимӣ мегузаронанд ва ин боиси боздошти густурдаи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 24-уми июн дар тарабахонаи минтақаи метрои Черкизовскии Маскав, ки дар онҷо маросими ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои “Хоруғ-2012″ баргузор мешуд, мақомоти Русия беш аз 100 нафар иштирокчиёни ин маросимро боздошт карданд.