Хона блог саҳифа 559

Шабҳои ваҳшатноки Себистон (қисми якум)

0

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ ҶАННАТУЛЛОҲИ КОМИЛ

ШАБҲОИ ВАҲШАТНОКИ СЕБИСТОН (қисми якум)

Ба қатл расонидани Мулло Ширин

29 сол қабл – аз оғози соли 1992 то охирҳои ҳамон сол – дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара беш аз 40 нафар мардуми одии ин минтақа аз сӯйи силоҳбадастоне, ки худро мутааллиқ ба Фронти халқӣ медонистанд, қатли ом шудаанд, ки то ба ҳол аз ҷониби Ҳукумати кишвар ин қотилон муҷозот нашудаанд. Ин гурӯҳи силоҳбадаст бо ҳарки адовату душманӣ доштанд, бо баҳонаи ширкат кардани наздикони онҳо дар майдони Шаҳидон, онҳоро бидуни ҳеҷ ҷурме бераҳмона ба қатл расониданд. Молу мулки мардумро дар ин ҷамоат ғасб мекарданду бо ҳар баҳона шахсоне, ки ба онҳо писанд набуд, ба “Штаб” бурда азобу шиканҷа медоданд ва ё мекуштанд.

Ҳоло инҷо танҳо яке аз он амалҳои разилонаи он гурӯҳи ваҳшии силоҳбадастро, ки нисбати мардуми одии бечора дар он солҳо чи корҳое накарданд, ба қалам меорам. Ва дар бораи боқӣ – иншоаллоҳ дар оянда хоҳам навишт.

Баҳори соли 1992 буд, ки ин гурӯҳи ваҳшӣ ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ оғоз карда буданду аллакай чанд ҷавони Себистонро ба хотири душмании пешакӣ доштан ва бо баҳона ва туҳмати ширкат карданашон дар майдони Шаҳидон ба қатл расонида буданд. Дар бораи онҳо ҳам бо хости Аллоҳ муфассал баён хоҳам кард.

Маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо, яъне 29 сол қабл дар таърихи 11.11.1992 чанд нафар аз мардуми мулкии бегуноҳ дар Себистон аз дасти ин силоҳбадастон бераҳмона дар назди фарзандонашон ба қатл расидааст. Ман бо оне, ки он замон 10 сола будам, аммо хуб ба хотир дорам, ки дар Себистон чи амалҳои ваҳшиёнае аз ҷониби инҳо алайҳи мардуми одди рух медод. Чӣ гуна ба хонаи мо омаданду силоҳро ба рӯям кашиданд ва чӣ гуна мардумро ба “Штаб” бурда озору шиканҷа медоданд. Чӣ гуна додари се солаамро ба замин зада куштанд. Чӣ гуна Маҳсадалӣ, як ҷавони бечораро дастонашро бурида буданду ба дарё партофтанд, хуб ба хотир дорам.

Дар таърихи 11.11.1992 чанд нафар аз силоҳбадастони Фронти халқӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара бо шумули малъун Саидов Маҳманазар Фатҳуллоевич ва малъуни дигар Сайфуллоев Зайнулло бо машварати дигар силоҳбадастон нақшаи ба қатл расонидани падрам Комилов Иззатуллоҳ, Мирзоев Шерхон ва Мулло Ширин (Атоуллоев Ширин, писарамаки падарам)-ро мекашанд. Ҳамонтавре, ки худ ба ёд дораму аз модару наздикони ин шаҳидон шунидам, дар оғоз онҳо баъди маслиҳати пешакӣ ба тарафи хонаи Мулло Ширин мераванд. Ҳаво аллакай торик шуда буду мардуми деҳа тахминан намози хуфтанро хонда ҳама ба хонаҳои худ баргашта буданд. Ин қотилон бо сардории Саидов Маҳмаманазар Фатҳуллоевич ва лаъиншуда Сайфуллоев Зайнулло вориди ҳавлии Мулло Ширин мешаванд. Вақте вориди ҳавлӣ мешаванд, ӯро ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандони ноболиғаш дар хона пайдо мекунанд. Аз қазо ду фарзанди бузургаш дар хона набуданду дар Душанбе таҳсил мекарданд. Ва ба зӯри силоҳ ӯро аз хона ба берун мебароранд ва танҳо ба хотири ин ки писараш дар мадрасаи исломӣ (Қозиёти он замон) таълим мегирифт, бо дастаи силоҳ шадидан лату кӯб мекунанд. Ҳатто аз задани зиёд ӯ беҳуш мешавад ва шояд ҳамонҷо ҷон дода бошад. Аммо ин ду мухлуқи ваҳшӣ бо ин амалашон иктифо накарда, ӯро бо тири силоҳ ба қатл мерасонанд ва ҷасади пур аз хуну тикашуда ва беҷони ӯро дар кӯча мепартоянд. Ҳатто ба ҳамсояҳо таҳдид мекунанд, ки агар касе ба инҳо кумак расонад, ӯро ҳам ба қатл мерасонем. Чун дар он вақт на ҳукумат буду на қонуну қоида. Ҳама дар дасти ин силоҳбадастони ваҳшии муғултабор буд.

Сипас ҷасади ӯро як зан ва як нафари дигар пинҳонӣ аз кӯча ба хонааш мебаранд ва ин шаб сиёҳтарин шаб барои аҳлу фарзандони ин марҳум буд. Ин ду ваҳшӣ бо ин амалашон инктифо накарда, балки боз ҳам барои хунхорӣ ба тарфи хонаи Мирзоев Шерхон мераванд.

Мирзоев Шерхон писарамаки модари марҳумам аст. Шахсе, ки ҳама ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Аз ин хонавода падар ва се бародар аз дасти ин гурӯҳи ваҳшӣ ба қатл расидааст.

Идома дорад…

Таъсиси системаи ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон

0

Ҳукумати Русия созишномаи миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасдиқ кард. Қарори мазкур рӯзи душанбе дар сомонаи расмии “иттилооти ҳуқуқӣ”-и Русия нашр шуд.

“Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Русия, ки 27 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шуда ва сипас ба Президенти Федератсияи Русия пешниҳод гардад.” – омадааст дар

Созишномаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ зимни сафари кории Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Душанбе бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Баъдан ҷонибҳо шарҳ доданд, ки ҳадаф аз имзои ин созишнома баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи марзи давлатӣ дар ҳарими ҳавоӣ мебошад.

Пешгирӣ аз худкушии як ҷавонзани тоҷик дар Душанбе

0

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз як кӯшиши худкушӣ пешгирӣ карданд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар ба хабаргузории “Авеста” гуфт, ки рӯзи 15 ноябр сокинони кӯчаи Бухоро 34-и шаҳри Душанбе ба онҳо ба қасди имдодхоҳӣ хабар доданд, ки як зан мехоҳад худкушӣ кунад.

Шоҳидони айнӣ хабар медиҳанд, ки яке аз сокинони ин бинои баландошёна таҳдид кардааст, ки худро аз ошёнаи 15-ум ба замин партофта худкушӣ мекунад.

Ба гуфтаи Юсуфӣ, наҷотдиҳандагон ва равоншиноси гурӯҳи зудамали Кумитаи ҳолатҳои изтирории шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса расиданд.

Ҳангоми расидани кормандони кумита маълум шуд, ки зане сокини бинои мазкур соли таваллудаш 1994, дар болои бом истода, намегузорад касе ба ӯ наздик шавад ва таҳдиди худкушӣ мекунад.

“Равоншиносе, ки ҷузъи ҳайати наҷотдиҳандагон буд, бо ин зан ҳамсуҳбат шуд ва дар ин лаҳза наҷотдиҳандагони дигар, ки аз тирезаи пушт ба назди зан расиданд ва тавонистаанд ӯро ба дохили хона тела диҳанд. Ин зан айни ҳол ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҷавонзани тоҷик ба далели мушкилоти хонаводагӣ иқдом ба худкушӣ кардааст. Аммо расман вазъияти ӯ то ҳал шарҳ дода нашудааст.

Бино ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, аз аввали соли 2021 аз ҷониби наҷотдиҳандагони кумита наздики 200 нафар аз худкушӣ наҷот дода шудаанд.

370 ҳазор воя ваксинаи нав ба Тоҷикистон оварда шуд

0

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзҳои 14-15-уми ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 370 ҳазор ваксинаи зидди коронавирус ворид шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шаби 14-уми ноябр дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва барномаи тақсими одилонаи воксинҳо ба кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca ва 117 ҳазор воя ваксинаи Pfizer-BioNTech ворид карда шуд. Гуфтанист, 117 ҳазор воя ваксинаи Pfizer-BioNTech-ро ИМА тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ(USAID) ба Тоҷикистон тақдим карда, дар ҳафтаи оянда боз интиқоли 81900 воя ваксина дар назар аст.

Ҳамчунин субҳи 15-уми ноябр аз Латвия ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона 60 ҳазор воя воксини AstraZeneca оварда шуд. Ҳамин тариқ, дар як рӯзи гузашта ба Тоҷикистон 369 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.

Гуфта мешавад, ваксинаҳоро намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои масъули кишвар қабул кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 12-уми ноябри соли равон беш аз 47 дарсади аҳолии калонсоли Тоҷикистон, ки 2 миллиону 758 ҳазору 384 нафарро ташкил медиҳад, алайҳи вируси COVID-19 воксин карда шудаанд.

Вояи дуюми ваксинаро 2 миллиону 265 ҳазору 815 нафар гирифтаанд, ки 38,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар доираи механизми COVAX ва кумаки башардӯстона ба кишвар беш аз 5 миллион ваксинаҳои зидди коронавирус ворид карда шуданд.

Дар ҳоли ҳозир ба шаҳрвандони Тоҷикистон 5 навъи ваксина ( CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V) дастрас аст.

Тоҷикистон: Баргузории машқҳои низомии нерӯҳои зудамали СПАД

0

Аз 17-ум то 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар Фахрободи Тоҷикистон машқҳои низомии муштараки нерӯҳои зудамали кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мегардад.

Ба иттилои ин созмон, ин давраи омӯзишҳо дар ду марҳила сурат мегиранд, дар марҳилаи аввал масъалаҳои омӯзиш ва ҳамоҳангсозии ситодҳои зудамали СПАД ва дар марҳилаи дувум ба нақшагирии гурӯҳии нерӯҳои кишварҳои узви СПАД барои безарар гардонии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст дар сарҳад анҷом дода мешавад.

Гуфтанист, дар рафти таҳияи вазифаҳои таълимӣ нерӯҳои махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ, назорати маводи нашъаовар, хадамоти амнияти давлатии кишварҳои узви СПАД дар робитаи зич бо воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шароити ба қадри имкон наздик ба ҷанг омодагии муштараки худро бо ҳам таҷруба мекунанд.

Бо тағйир кардани авзои сиёсӣ дар Афғонистон ва сари қудрати омадани Толибон дар ин кишвар то рафт  ҳамсояҳои Афғонистон, бахусус Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистону Чин эҳсоси таҳдиди хатарҳои худро аз самти Афғонистон бештар ба намоиш мегузоранд. Аммо аз сӯи дигар, Толибон борҳо эълон кардаанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре ҳеч гуна хатаре таҳдид намекунад.

Таҳдиди боздошту истирдоди ҳамкорони Иззат Амон аз Русия ба Тоҷикистон

0

Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон талош доранд Шуҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷик, Қадам Исматов ва чанде аз ҳамкорони Иззат Амонро аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Шуҳрат Қудрат, вакили дифои тоҷики муқими Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Русия дар мавриди истирдоди ӯ ба кишвар гуфтушунид доранд ва ба эҳтимоли зиёд ӯро ба Тоҷикистон мебаранд.

Ин вакили мудофеи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз чанд манбаъи наздик ба ВКД ва (УБОП)-и Тоҷикистон фаҳмида, ки мақомот дар фикри боздошти ӯ ва дигар шогирдону ҳамкорони Иззат Амонанд.

“Ин хатар на танҳо ба ман, балки ба Сӯҳроби Ҷаҳон, Бахтовар Ҷумъаев ва Муҳаммадхон Эгамов низ таҳдид мекунад,” – мегӯяд ӯ.

Аммо як масъули ВКД-и Тоҷикистон ба Озодӣ ин хабарро рад карда, вале ӯро дар ҳамкорӣ бо Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифин дар Аврупо, айбдор кард.

Худи Шуҳрат Қудратов мегӯяд, бо Паймони миллӣ робита надорад ва намефаҳмад, ки ин иттиҳом аз куҷо сарчашма мегирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Русия рӯзи 8-уми ноябр яке аз шахсони наздик ба Иззат Амон, Муҳаммадхон Эгамовро дар шаҳри Маскав боздошт карданд ва бояд ба Тоҷикистон истирдод бишавад. Сабаби боздошти ӯ то ҳол расман аз ҷониби мақомоти Русия шарҳ дода нашудааст, аммо пайвандон ва дӯстонаш мегӯянд, сабаби аслияш наздикии ӯ ба Иззат Амон аст.

Хабар эҳтимоли истердод шудани Шуҳрат Қудратов ба Тоҷикистон ва боздошти Эгамов дар ҳолест, ки расонаҳо инчунин аз бекор шудани шаҳрвандии Русияи Қадам Исматов, корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи худи Исматов, мақомоти Русия шаҳрвандияшро 22-юми сентябри соли ҷорӣ бекор кардаанд, аммо худи ӯро се рӯз пеш огоҳ кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи марти имсол қазияи бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматов аз ҷониби ВКД-и Саратов расонаӣ шуда буд, аммо додгоҳ қазияро ба нафъи Исматов ҳал кард. Ва дар ин қазияи додгоҳӣ вакили дифои Қадам Истматов Шуҳрат Қудратов буд.

Талаби тавсеи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон

0

Вазири иқтисод ва дороии ҷумҳурии исломӣ дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Эрон хостори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байни ду кишварро то сатҳи 500 миллион евроро хостор шудааст.

14-уми ноябр Сафири Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири умури иқтисод ва дороии ин кишвар ҷаноби Эҳсон Хонзода мулоқот карда, ҷонибҳо бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ таъкид кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, “дар мулоқот роҷеъ ба пайгирӣ ва татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (16- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда, аз ҷумла таҳияи “Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон то соли 2030″ табодули назар сурат гирифт.”

Эҳсон Хонзода, вазири иқтисод ва дороии Эрон дар ин мулоқот таъкид карда, ки “муқаддамот ва пешниёзҳои иртиқои сатҳи равобити иқитисодии ду кишвар ба сатҳи 500 миллион евро” фароҳам оварда шавад.

Муроҷиати ҳамсари маҳбуси сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Валамати Иброҳимзода, ҳамсари маҳбуси сиёсӣ Раҳматулло Раҷаб, бо талаби раҳоии шавҳараш аз “Карсер” ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст.

Иброҳимзода дар ин муроҷиаташ мегӯяд, ки “агар муроҷиат ба Президент ҷинояти сангин бошад, пас маро низ барои ин дар паҳлӯи шавҳарам зиндонӣ кунед.”

Номаи кушодаи ин ду маҳбуси сиёсӣ рӯзи 5-уми ноябр ба дасти Аздо тв расида буд ва онро расонаӣ кард. Дар ин нома онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқи мунсифона ва аз нав бозбинии парвандаашонро дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ хоста буданд.

Абдусалом Одиназода бо 14 моддаи ҷиноятӣ айбдор шуд

0

Мақомоти Австралия Абдусалом Одиназода, донишманди биохимики тоҷик ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро бо 14 моддаи ҷиноятии ин кишвар гунаҳкор эълом кард.

Абдусалом Одиназода

Хабаргузории “West Australian” рӯзи 21 октябри соли ҷорӣ хабар дод, ки дар парвандаи Одиназода боз 14 моддаи нави ҷиноии хусусияти террористидошта илова шудааст. Аммо дақиқ гуфта нашуда, ки ин 14 парванда кадом ҷиноятҳо ҳастанд, ки Одиназодаро ба онҳо айбдор кардаанд. Ва инчунин назари худи ӯ ва вакили дифоаш дар ин хусус дастарси расонаҳо нагардидааст.

Абдусалом Одиназода 23 декабри соли гузашта пас аз як тафтишоти чандмоҳа аз ҷониби полиси федеролии Австралия (AFP), Созмони иктишофи амнияти Австралия (ASIO) боздошт шуд.

Охири моҳи декабри соли 2020 расонаҳои австралиёӣ хабар дода буданд, ки додгоҳи ин кишвар бар зидди Одиназода бо 4 моддаи ҷиноии “таблиғи терроризм” айб эълон кардааст.

Ӯ муттаҳам ба нашри постҳои онлайние мешавад, ки ба гуфтаи пулис ҳадафи онҳо таҳрики ҳамлаҳои ифротгароёна дар хориҷ аз Австралия мебошад.

Бозрасони мубориза бо терроризми Австралия аз моҳи ноябри соли 2019 то феврали соли 2020 таҳқиқи суҳбатҳои видеоии Одиназодаро, ки дар саҳифаи Фейсбукаш мекорид, оғоз карда буданд. Моҳи апрели соли 2020 ҳукми тафтиши манзилаш содир шуд ва пас аз тафтиши манзил пулис чанд василаи эелектронии ӯро мусодира кард. Мақомот бори дигар бо гумони таҳрики ангезаҳои сиёсӣ, даъват ба иқдомоти хушунатомез дар хориҷ аз Австралия таҳқиқотро оғоз кард.

Скот Лии, дастёри пулиси федералии Австралия моҳи декабр пас аз боздошти Одиназода гуфта буд, ки баъд аз “садҳо соат таҳқиқот ва ҷамъоварии шавоҳид аз тарафи тими бозрасӣ ҳукми боздошти ӯ содир гашт”.

Абдусалом Одиназода яке аз фаъолони шабакаи Фейсбук буд ва пайваста аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Одиназода аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ба нашр расидаанд. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба шогирдон дарс гуфтааст.

Боздошти як тоҷик дар Украина бо иттиҳоми “терроризм”

0

Дар шаҳри Харкови Украина як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми “терроризм” аз ҷониби маъмурони пулиси ин кившар боздошт шуд. Дар ин бора Раёсати кофтукови ҷиноии пулиси миллии Украина дар шабакаи телеграмии худ хабар дод.

Нафари боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст

Пулиси Украина видеои лаҳзаи боздошти ин ҷовни тоҷикро нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки маъмурони пулс ҳангоми боздошт ба ин шаҳрванди тоҷик мегӯянд, ки ту аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди байналмиллалӣ қарор дорӣ.

Пулиси Украина мегӯяд, ин ҷавони 29-солаи тоҷик аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар байгарди байналмиллалӣ қарор дошт ва ӯро рӯзи 11 ноябр боздошт кардааст.

Ба гуфтаи кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии пулиси миллии Украина, ин ҷавони тоҷик ҷангҷӯёнро барои ширкат дар амалиёти ҷангии гурӯҳҳои террористии мамнӯъ ба Сурия ва Ироқ мефиристодааст.

Дар хабар омада, ки “шаҳрванди тоҷики боздоштшуда ҳанӯз соли 2013 якбора ба ду созмони террористӣ пайвастааст. Пас аз он ӯ як гурӯҳеро ташкил кард, ки террористҳоро ба Сурия ва Ироқ ҷалб ва интиқол медод”.

Аммо пулси шарҳ надодааст, ки ӯ ба он ду гурӯҳе, ки мегӯянд якбора шомил шудааст, кадом гурӯҳҳои террористиянд.

Гуфтанист, ному насаб ва аз кадом минтақаи Тоҷикистон будани ин шаҳрванди боздоштшудаи тоҷик то ҳол маълум нест. Инчунин назари худи ӯ ва ё вакили дифоаш дар хусуси иттиҳомоти эълоншуда бар зиддиш дастрас нест.

Ба маълумоти пулиси Украина, ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст ва дар сурати истирдод ӯро то 12 соли зиндон таҳдид хоҳад кард.