Хона блог саҳифа 561

Ҷазо додани маҳбусони сиёсӣ ба хотири навиштани номаи кушод

0

Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ пас аз навиштани номаи кушод ба Эмомалӣ Раҳмон дар зиндони шаҳри Ваҳдат мавриди муҷозот қарор гирифта, онҳоро ба утоқи ҷазо (ШИЗО) бурдаанд.

Яке аз пайвандони зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб дар тамос ба Аздо тв гуфт, ки Раҳматуллоҳи Раҷаб бори охир рӯзи 8-уми ноябр ба хонаашон занг зада гуфтааст, ки масъулони зиндон ӯро ҳамроҳи Зубайдуллоҳи Розиқ ба хотири навиштани нома ба Президент танбеҳ додаанд.

Ба гуфти ӯ, Зубайдуллоҳи Розиқ низ бори охир рӯзи 7-уми ноябр ба хонаводааш телефонӣ суҳбат кардааст ва пас аз он рӯз дигар занг назадааст ва пайвандонашон нигарони вазъи саломатии ӯ мебошанд.

Манбаъ дар идома афзуд, ки рӯзи 10 ноябр ба зиндон дастовез бурданд, аммо баъд аз соате зиндонбонҳо занг зада гуфтаанд, ки “биё дастовезатро бибар, ки мо қабул када наметавонем”. Ӯ мегӯяд, вақте далели напазируфтани дастовезро пурсон шудаанд, маъмурони зиндон гуфтаанд, “Раҳматуллоҳи Раҷабро ба ШИЗО бурдаанд ва мо ба ин хотир на либос ва на хӯроке барояш қабул карда наметавонем”.

Дар ҳамин ҳол рӯйхати номи чанд зиндонӣ ба дасти Аздо тв расид, ки гуфта мешавад номҳои дарҷгардида дар он маҳбусоне ҳастанд, ки ба утоқи ҷазо (ШИЗО) бурда шудаанд. Дар он рӯйхат номи 22 маҳбус навишта шудааст, ки дар байнашон номи Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ низ ҳаст.

Ёдовар мешавем, ки номаи кушодаи ин ду маҳбуси сиёсӣ рӯзи 5-уми ноябр ба дасти Аздо тв расида буд ва онро расонаӣ кард. Дар ин нома онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқи мунсифона ва аз нав бозбинии парвандаашонро дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ хоста буданд.

14 варзишгари тоҷик ба Тошканд мераванд

0

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, 14 куштигири тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон баргузор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Тошканд 14 нафар, аз ҷумла 7 нафар оид ба самбои варзишӣ, як нафар дар байни занон ва 6 нафар оид ба самбои размӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқа аз мардон: Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Муҳаммадисо Раҷабов, Ҳамроз Раҷабов, Зафар Олимшоев, Фирдавс Насимов, Хуршед Маҷидов ва аз бонувон Шоҳида Қаландарова намояндагӣ мекунанд.

Дар самбои размӣ рангҳои кишварро Бобохон Мирзозода, Сорбон Латифов, Саидҷони Ҳайдар, Табрезшо Парпишоев, Фаридун Одилов ва Олимхоҷа Олимов ҳимоя хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Тошканд куштигирони 50 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Фонди ҷоизаи мусобиқа 231 000 долларро ташкил медиҳад.

Паҳлавононе, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои аввалро ишғол карданд, ҳар кадом 4 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳанд гирифт. Барои ҷои дуюм 3 ҳазор доллар ва ҷои сеюм 2 ҳазор доллар мукофоти пулӣ дода мешавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Тюмен маҳкум ба зиндон шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Тюмен шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон Диловар Муҳиддиновро барои 4 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳ ӯро дар истифодаи зӯроварӣ нисбат ба мансабдори давлатӣ (қисми 2 моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) гунаҳкор дониста, ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум кард. Диловар ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад. Ба иттилои додгоҳ, Муҳиддиннов дар гузашта низ доғи судӣ доштааст.

Тавре аз маводи парвандаи ҷиноӣ маълум гардид, 9-уми январи соли 2021, тахминан соати 9 ба қисми навбатии шӯъбаи корҳои дохилии №1 Тюмен оид ба рафтори ношоиста дар бинои Олимпийский 15а хабар расидааст.

Гуфта мешавад, ҳангоме кормандони пулис ба ҷои ҳодиса мерасанд, ҳама чиз дар ҳуҷра пароканда, тиреза шикаста, Диловар дар ҳолати мастӣ қарор дошта, тамоми баданаш хунолуд буд ва ба табибон иҷозат намедод, ки ӯро муоина кунанд.

Пас аз он ки корманди пулис аз Диловар талаб мекунад, ки муқовиматро бас карда ва ба сӯи идораи пулис раванд, ӯ “электрошокер”-ро гирифта, ба сари пулис мезанад.

Ба навиштаи “Avesta” Муҳиддинов дар суд ба гуноҳи худ қисман иқрор шуда, аз ҷабрдида бахшиш пурсидааст.

Аммо то ҳол назари худи маҳкумшуда ва наздикону вакили дифоаш дастараси расонаҳо нашудааст. Инчунин маълум нест, ки Муҳиддинов зодаи кадом шаҳру ноҳияи Тоҷикистон аст.

Таҷлили Рӯзи Президент чӣ суду зиён дорад?

0

Бо қарори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “Рӯзи Президент” дар кишвар бояд бо тантана баргузор гардад.

Тибқи фаромни Рустами Эмомалӣ барои таҷлили “Рӯзи Президент” дар шаҳри Душанбе ташкили конфронсҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, барои сари вақт ва дар сатҳи баланд баргузор кардани он дар Тоҷикистон тамоми раҳбарони сохторҳои марбута муавззаф гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки вакилони Парулмони кишвар соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид карда, 16-уми ноябрро “Рӯзи Президент” таъйин карданд. Дар кишвар ин рӯз бидуни истироҳат таҷлил мешавад.

Аммо таҳлилгарони мустақил бар ин назаранд, ки айни замон бо баҳонаи “Рӯзи Президент” дар кишвар маҳфилҳои васфу мадҳиясароӣ ташкил гардида сафи тамаллуқгарону чоплусон бештар мешавад.

Ба эҳтимоли зиёд дар ноҳияву деҳаҳои дуртар мақомот, бахусус мақомоти амниятии кишвар мардуми оддиро ба ин корҳо ҷалб хоҳанд кард, ки аксар аз тарс ва ё маҷбурӣ ба мадҳу ситоиши нафари аввал ва тамаллуқкорӣ мепардозад.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО

0

9-уми ноябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле дар Порис мулоқот кард.

Ин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) баргузор шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии ВКХ “Дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҳти роҳбарии хонум О.Азуле дар Созмон баҳои баланд дода, ҳамзамон мавсуфро аз номи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби Мудири кулли ин созмон ба муҳлати дуюм бо изҳори дастёбӣ ба комёбиҳои нави касбӣ табрику таҳният гуфт.”

Гуфтанист, ин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО дар шаҳри Порис бо ташаббуси Сафири Тоҷикистон дар Фаронса ҷаноби Ҷамолиддин Убайдулло баргузор шудааст.

Раҳмон: Дар 10 соли ахир наздик ба 4 ҳазор милиса соҳиби хона ва замин шуд

0

Имрӯз, 10-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар паради низомӣ бахшида ба Рӯзи милисаи тоҷик иштирок ва суханронӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ин маросими фарҳангӣ аз корнамоиҳои милисаи тоҷик таъриф ва ҷонбозиҳои онҳоро дар таъмини амнияти дохилӣ сутуд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Рамҳон танҳо дар муддати 10 соли ахир 790 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3 ҳазор милисаи дигар соҳиби қитъаҳои замин барои бунёди хонаҳои истимақотӣ гардидаанд. Инчунин дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе боз сохтмони як бинои баландошёна барои онҳо низ идома дорад.

Президенти кишвар таъкид кард, ки дар ин муддат беш аз 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ сарфароз ва 670 нафари дигар бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Таърифу тавсиф ва қадрдонии аз ҳад зиёди Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти корҳои дохили Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари мардум дар симои милиса ҳомии худро намебинад ва ҳамзамон аҳволи омӯзгорон ва дигар кормандони бахшҳои иҷтимоӣ ба маротиб бадтар аз милисаҳо мебошанд.

Сабти нави гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон

0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон пас аз сабт нагардидани ҳолатҳои гирифтории бемории COVID-19 дар кишвар бори дигар аз паҳншавии он хабар дод.

Тибқи омори рӯзи 9-уми ноябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз ду гирифтор ба вируси ҳамагири COVID-19 дар кишвар аз нав сабт шудааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ аз оғози бақайдгирии бемории ҳамагир дар маҷмуъ, то рӯзи 9-уми ноябр 17088 нафар ба вируси COVID-19 гирифтор шуда, аз ин шумора 16962 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат омори фавтидагон аз ин бемориро 124 нафар эълон кадааст.

Мувофиқи оморҳои ин ниҳод аз охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвар касе ҳамчун гирифтор ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Аммо ҳамеша оморҳои Вазорати тандурустии кишвар шубҳаи сокинонро ба бор меорад. Ба таъйиди баъзе манобеъ, ҳолатҳои гирифтор шудани ба вируси COVID-19 ҳоло ҳам дар баъзе навоҳии кишвар ҷой дорад. Аммо дар оморҳои расмӣ ин ҳолатҳоро ба қайд намегиранд.

Ҳимояти пулиси Маскав аз намозгузор дар истгоҳи метро

0

Пулиси Маскав аз як мусалмон, ки дар назди истгоҳи метро намоз мехонд, ҳимоят намуда, муноқишаро бо хушмуомилагӣ ва дар доираи қонун ҳал кард.

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дида мешавад як муҳоҷири мусалмоне дар истгоҳи яке аз метроҳои Маскав намоз мехонад ва як русзабон намохознии ӯро ба навор гирифта, амалашро ғайриқонунӣ мехонад ва бо пулис вориди баҳси лафзӣ мешавад.

Дар навор шунида мешавад, ки русзабон аз кормандони пулиc мепурсад, ки намозхондан дар истгоҳи метро ва дар назди пулис оё дурус аст?

Корманди пулис дар ҷавоб мегӯяд, ки намозгузор ягон амали ғайриқонунӣ накардааст ва танҳо намози худро хондааст. Дар идома ӯ дар хитоб ба наворгир мегӯяд, дар қоидаи истифодаи истгоҳи метро гуфта нашудааст, ки хондани намоз ғайриқонунист ва метавонед он қоидаро гирифта аз нав хонед.

Наворгир баъд аз шунидани гуфтаҳои пулис ба назди як муҳоҷири дигар меравад ва мегӯяд, чаро гуфти ҳуҷҷатҳоятро нишон деҳ.

Ин муҳоҷир дар посух мегӯяд, “ту навор гирифта истодаӣ, навор нагир ман ҳам метавонам навор гирам. Намозгузор ҳамватани ман аст, ӯ кори баде накардааст. Ӯ танҳо намоз мехонад. Бо ягон кас ҷанг накарда ва ё машруботи спиртӣ нанӯшидааст.”

Гуфтанист дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вайрон кардани қонуну қоида, нӯшидани машруботи спиртӣ ва ҷангу ҷанҷолу ба дигарон зарар расонидан манъ аст, аммо намоз хондан манъ нест.

Ҳимояти пулиси Русия аз муҳоҷир, ки хеле ҳолати нодир маҳсуб мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби корбарон истиқболи гарм шуд. Корбарон мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо аксар вақт пулис аз шаҳрванди худ ҳимоят мекард на аз муҳоҷир.

Тоҷикистон барои 52 давлати дигар ҳаққи вуруди бидуни раводидро дод

0

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як қароре барои шаҳрвандони 52 давлати дигари дунё ҳаққи вуруди бидуни раводидро содир кард.

Ба гузориши “Азия – Плюс” ин қарор якҷониба буда, танҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст ва Ҳукумати кишвар ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва КДАМ барои назорат ва иҷрои ин қарор ва инчунин огоҳ сохтани кишварҳои мазкур супориш додааст.

Гуфта мешавад, муҳлати будубоши шаҳрвандони ин 52 кишвар дар қаламрави Тоҷикистон то 30 рӯз муқаррар шудааст.

Ҳадафи ин қарор агарчи расман шарҳ дода нашудааст, вале тахмин зада мешавад, ки ин қарор ба хотири рушди соҳаи туризм ва ҷалби сармогузорони хориҷӣ гирифта шудааст.

То ин дам Тоҷикистон бо 58 кишвари дунё реҷаи бидуни раводиди дуҷониба (ё раводид ҳангоми расидан бар марз)-ро дорад. Аммо ин 52 кишвар муълум нест, ки аз тарафи худ барои шаҳрвандони Тоҷикистон реҷаи бидуни раводидро қабул мекунанд ё на.

Қарор аст аз 1-уми январи соли 2022 реҷаи бе раводиди якҷониба бо кишварҳои зерини дунё ҷорӣ гардад:

1. Австралия

2. Имороти Муттаҳидаи Араб

3. Люксембург

4. Давлати Бруней-Доруссалом

5. Кувейт

6. Қатар

7. Зеландияи Нав

8. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

9. Исландия

10. Канада

11. Швейтсария

12. Малайзия

13. Маҷористон (Венгрия)

14. Австрия

15. Аргентина

16. Олмон

17. Ҷумҳурии Доминикан

18. Индонезия

19. Италия

20. Ҷумҳурии Корея

21. Куба

22. Латвия

23. Литва

24. Ҷумҳурии Малдив

25. Лаҳистон (Полша)

26. Португалия

27. Сингапур

28. Туркия

29. Филиппин

30. Финландия

31. Фаронса

32. Хорватия

33. Чехия

34. Чили

35. Шри-Ланка

36. Эквадор

37. Эстония

38. Юнон

39. Лихтенштейн

40. Монако

41. Арабистони Саудӣ

42. Баҳрайн

43. Белгия

44. Дания

45. Испания

46. Нидерланд

47. Норвегия

48. Таиланд

49. Урдун

50. Шветсия

51. Ямайка

52. Ҷопон

Аз дастури сафорати Чин ба ВКХ то вогузории замини ба Чин

0

Эмомалӣ Раҳмон аз Чин хоста, ки артиши 20 ҳазории Тоҷикистон дар марз бо Афғонистонро мусаллаҳ ва аз нигоҳи моддӣ таъмин кунад, дар иваз барояш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон замини пойгоҳи низомиро умрбод мебахшад.

Акс аз Радиои Озодӣ

Нусхаи ду санаде ба идораи Аздо тв расида, ки бар асоси маълумоти дар онҳо дарҷ гардида, сафорати Чин дар Тоҷикистон дар як номаи фаврӣ ба Вазорати корҳои хориҷии кишварамон дастур медиҳад, ки ҳар чи зудтар заминаи мулоқоти Вей Фейхэ, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро фароҳам ва замони мулоқотро мушаххас кунад.

Ҳамзамон дар ин нома сафорати Чин дар Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мехоҳад, ки ин талаби сафоратро рад накунад ва ба он зудтар посухи мусбат бидиҳад. Зеро Вей Фейхэ, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин қарор аст аз 27 то 29-уми июл аз Тоҷикистон дидан кунад.

Дар матни санади дуввумӣ, ки ба зоҳир яке аз назидкони Эмомалӣ Раҳмон барои кудом “хоҷаи хориҷаш” таҳия кардааст, омада, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои чиниаш хостааст, ки ба вай кумаки фаврии низомӣ кунад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, танҳо Тоҷикистон метавонад, ки ҳолати муҷаҳҳаз будани артишаш аз нуфӯзи гурӯҳҳои ҳаросафкан ба минтақаи худмухтори уйғурҳо дар Чин ҷилавгирӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон аз Чин хостааст, ки артиши 20 ҳазор нафариашро дар марз бо Афғонистон бо силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ таъмин кунад, дар иваз барояш ҳудуди пойгоҳи низомии навтаъсис дар ВМКБ-ро умрбод дар ихтиёри артиши Чин вогузор мекунад.

Ин пешниҳод Эмомалӣ Раҳмон замоне сурат гирифта, ки дар тобистони соли ҷорӣ ноҳияҳои ҳаммарзи бо Тоҷикистону Афғонистон пайи ҳам ба дасти  нерӯҳои Толибон суқут карда, дар ниҳоят ба торихи 15-уми августи соли 2021 тамоми Афғонистон ба тасарруфи Толибон даромад.