Хона блог саҳифа 562

Таҷаммуъи бузурги паноҳҷӯён дар марзи Белорусу Лаҳистон

0

Дар марзи Беларусу Лаҳистон (Полша) гурӯҳи бузурги паноҳҷӯён ҷамъ омадаанд, ки эҳтимолан шаҳрвандони кишварҳои Ховари Миёна ҳастанд ва мехоҳанд тариқи Лаҳистон вориди Аврупо шаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дида мешавад садҳо муҳоҷир ба сӯи марзи Лаҳистон равонанд ва афроди мусаллаҳ бо либоси низомӣ онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин нерӯҳои марзбонии Лаҳистон чанд навореро нашр кард, ки  дида мешавад, чӣ гуна паноҳҷӯён симхорҳоеро, ки дар марз кашида шудаанд, мебуранд ва мехоҳанд вориди хоки Лаҳистон шаванд.

Лаҳистон тасмим гирифтааст, гузаргоҳи “Кузнитса” дар марз бо Беларусро ба далели маскун шудани садҳо муҳоҷир дар наздикии ин кишвар бибанданд.

“Дар робита ба вазъ дар марзи Лаҳистону Беларус ҳаракати нақлиёт дар гузаргоҳи марзии “Кузнитса” аз 09.11, аз соати 07:00 қатъ карда мешавад”, – омадааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Лаҳистон.

Бино ба иттилои расонаҳо дар назди сарҳади Лаҳистон бо белорус 2-3 ҳазор, ҳатто то 4 ҳазор муҳоҷир ҷамъ омадаанд ва талоши убури марзро доранд.

Вазъ дар марзи Беларусу Лаҳистон чанд моҳ аст, ки ба далели вуруди зиёди муҳоҷироне, ки талош доранд ба Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд, хеле бад арзёбӣ мешавад. Танхо дар давоми 24 соати охир марзбонони ин кишвар 309 кушиши убури ғайриконунӣ аз сарҳадро сабт карданд.

Мақомоти Лаҳистон, кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо, ки бо Беларус ҳамсарҳад ҳастанд ва худи Иттиҳодияи Аврупо Минскро дар ташкили буҳрон дар марз муттаҳам мекунанд. Ба иддаои онҳо Александр Лукашенко дар посух ба таҳримҳо алайҳи ӯ, чунин вазъро қасдан эҷод намуда, марзбонони Беларус ба муҳоҷирон, асосан аз Ироқ барои расидан ба марзи Лаҳистон ва кӯшиши убури он кумак мекунанд.

Мақомоти Беларус дар навбати худ Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро дар бархӯрди “ғайриинсонӣ” бо паноҳандагон муттаҳам мекунанд.

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар ин маврид гуфт, ки Минск дигар ба транзити муҳоҷирон ба Иттиҳодияи Аврупо дахолат нахоҳад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоӣ алайҳи ин кишвараш “ҷанги гибридӣ” роҳандозӣ намудаанд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ мақомоти Лаҳистон дар марз бо Беларус вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Рӯзи 7-уми ноябр, тавре нашрияи “Азаттик”-и белорусӣ хабар дод, ҷасади як сарбози лаҳистонӣ дар марз пайдо шуд. Ва ҳоло сабаби марги марзбони лаҳистони таҳқиқ мешавад.

39 медали Тоҷикистониён дар Олимпиадаи ҷаҳонии Анталия

0

Хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе аз Антилияи Туркия бо 39 медал ба Тоҷикистон баргаштанд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дода, ки хонандагони мактабҳои миёна, ки барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ омода мешаванд, дар як навбати худ аз Туркия бо 10 медали тило, 12 нуқра ва 17 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Раёсати маъорифи пойтахт аз кадом мактаб будани ин хонандагон ном нагирифта, вале гуфтааст, ки тамоми иштирокчиёни ин Олимпиадаи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» зери дасти устодони бо таҷриба дар пойтахт омода ва ба Олимпиада фиристода шуда буданд.

Дар ин олимпиада 59 нафар аз Тоҷикистон иштирок карда, аз се ду ҳиссаи ширкаткунандагон барои Тоҷикистон ифтихорофар буданд, ки тавонистанд дар озмунҳои мухталиф, аз ҷумла озмунҳо аз фаннҳои дақиқ ширкат кунанд.

Гуфтанист, ки аз 31-уми октябр то 7-уми ноябр Олимпиадаи байналмилалии Анталия дар Туркия баргузор гардид, ки дар он 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе низ ширкат намуданд.

Ширкати IRS барои зимистон омодагӣ мебинад

0

Раҳбарияти ширкати IRS (

Гуфта мешавад, ки ширкат барои пешгирӣ аз зарарҳои эҳтимолии барфу тарма 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 ли сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намудааст.

Масъулини ширкати IRS иддао кардаанд, ки тармими роҳи Душанбе-Хуҷанд – ки дар ихтиёри ин ширкат қарор дорад, дар аввлавияти кори онҳо қарор дорад, ба хусус дар фасли сармо масъулон мунтазам барои рафъи паёмадҳои тармафароӣ кор мекунанд.

Иддаои масъулини ширкат барои тоза нигоҳ доштани роҳ аз тармафароӣ ва тармими ҳамешагии он дар ҳолест, ки ронандагони мошинҳо, ба хусус мусофиркашон аз вазъи ногувор ва хатарнок будани он дар фасли зимистон нигаронӣ мекунанд.

Раҳбарияти ширкат гуфтаанд, ки имсол таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва аз нақша барзиёд иҷро гардидааст. Ба гуфтаи масъулин, дар минтақаи Варзоб масоҳати 111759 метри мураббаъ ва дар Зарафшон 169305 метри мураббаъи роҳ имсол таъмир гардид.

Инчунин зикр мешавад, ки дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна  ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шуда, 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.

Мусофирон ва мусофиркашон ҳамеша шикоят мекунанд, ки масъулини ширкат аз мошинҳое, ки аз ин роҳ истифода мекунанд, маблағи ҳангуфт мегирад, аммо роҳ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ нест. Ба хусус нақбҳои торику роҳҳои ноҳамвори он. Ва ҳамасола даҳҳо мошин дар ин роҳ садама мекунад ва ё аз баландӣ ба поён сарозер мешавад, ки боиси марги шаҳрвандон мегардад.

Роҳи Душанбе – Чаноқ дар Тоҷикистон ягона роҳи пулакӣ маҳсуб мешавад, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад. Ин роҳ соли 2009 бо сармоягузории як ширкати чинӣ бо маблағи 296 млн доллари амрикоӣ бозсозӣ шуда, соли 2010 ба кор оғоз кард.

Вале то ҳол ҳукумати Тоҷикистон моликони асосии ин роҳро ошкор намекунад. Инчунин маълум нест, ки даромади ин роҳ дар куҷо ва чӣ гуна масраф мешавад.

Коршиносони мустақил ҳадс мезананд, ки зоҳиран даромади роҳи мазкур ба ҷайби яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон меравад. Вале аз намояндагони Ҳукумат касе ҳам омода нест дар ин бора чизе бигӯяд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии роҳи Душанбе-Чаноқ 354 километр буда, дар масири он 3 нақб (Майхура, Истиқлол ва Шахристан) ва 24 силсиладевори ҳифозатӣ вуҷуд дорад.

Нахуствазири Ироқ: Мо омилони сӯиқасдро мешиносем

0

Субҳи якшанбеи 7-уми ноябр маҳҳали сукунати Мустафо Ал-Козимӣ, нахсутвазири Ироқ дар Бағдод тавассути тайёраи бидуни сарнишини бамбгузоришуда мавриди ҳамла қарор гирифт.

Субҳи ҳамон рӯз пас аз интишори хабари ҳамла ба хонаи нахуствазир ҷаноби Муста Ал-Козимӣ дар сафҳаи тветтриаш хабар дод, ки аз ин ҳамла ҳеч зараре ба вай нарасида ва сиҳату саломат аст. Ӯ аз мардум хост, ки оромиши худро ҳифз кунанд.

Мустафо Ал-Козимӣ баъдтар дар ишора ба ҳамла ба хонааш дар як суханрониаш гуфт, ки омилони ин ҳамларо ба хубӣ мешиносад ва мақомот дар зудтарин фурсат онҳоро боздошт ба панҷаи қонун хоҳанд супорид.

Ҳамла ба ҷони нахуствазири Ироқ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон вокунишҳоеро ба бор оварда, раҳбарони хеле аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба милсли Ирону Укроин, Амрико ва Созмони Миллали Муттаҳид онро маҳкум карданд.

Нахуствазири Ироқ гуфт, ки омилони ин ҳамларо мешиносад, вале аз онҳо ном набурд, ки пушти ҳамла чӣ касоне ва ё гурӯҳҳое ҳузур доранд, аммо расонаҳои марбут ба ном “меҳвари муқовимат” ва бархе раҳбарони ташакилотҳои сиёсии Ироқ ангушти ишораро болои Амрико ва Исроил бурдаанд.

Гуфтанист, мақомоти корҳои дохилӣ, амниятӣ ва артиши Ироқ гуфтаанд, ки субҳи якшанбе тавассути се тайёраи бидуни сарнишин ба хонаи нахуствазири Ироқ Мустафо Ал-Козимӣ ҳамла сурат гирифта, падофанди ҳавоии ин кишвар тавониста ду тайёраро пеш аз расидан ба мақсад дар ҳаво сарнагун кунанд, вале сеюмӣ тавониста ба ҳадаф бирасад.

Хатлон: 50%-и шаҳру ноҳияҳо ба замистон омода нестанд

0

Аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои замистонгузаронӣ то ҳол дастикам 50 дарсад омода нашудаанд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

7-уми ноябр АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки қариб тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то рӯзи 1-уми ноябри соли ҷорӣ барои замистонгузаронӣ дастикам 50 дарсад ҳам омада нушадаанд.

Ба иттилои манбаъ, “ба ҳолати 1 ноябр захираи ангишт дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 20 то 80 дарсад таъмин гардида, дастрасӣ ба ҳезум низ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Муъминобод, ва Шамсиддини Шоҳин аз 30 то 40 фисад таъмин гардидааст. Аммо захираи сӯзишвории дизелӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо барои соҳаи маориф ба талабот ҷавобгӯ нест.”

Ба гуфтаи ҳавошиносон, замистони дар пеш истода барои Тоҷикистон хеле сардтар нисбати соли гузашта хоҳад буд ва талабот ба нерӯи гармидиҳӣ аз қабили захираи ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ зиёдтар хоҳад шуд. Аммо то кунун бар иловаи ҷорӣ кардани лимити интиқоли нерӯи барқ ба сокинони кишвар ҳукумат ва масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон натавонистаанд, ки бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлу муассисаҳои таълимиро бо нерӯи гармидиҳӣ таъмин намоянд.

Гуфтанист, ки камкорӣ ва каммасъулиятӣ аз ҷониби ҳукумати марказӣ сурат гирифта, сипас ҳукуматҳои маҳалӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва бахусус манотиқи кӯҳистониамон ҷуръат намекунанд, ки бо қарз муассисаҳои иҷтимоӣ ва таълимиро дар фасли замистон бо нерӯҳои гармидиҳӣ таъмин намоянд.

Темур Раҳимов дар “Grand Slam Baku-2021” соҳиби медали нуқра шуд

0

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои “Grand Slam Baku-2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Озарбойҷон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи байналмиллалӣ Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразилия ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба кард.

Дар даври ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо паҳлавони ҷопонӣ Сайто Татсуро, қувваозмоӣ намуда шикаст хурд. Ҳамин тариқ, Темур Раҳимов соҳиби медали нуқра гардид.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷудои “Grand Slam Baku-2021”  6 варзишгар: Муҳаммадраҳим Сарахонов, Хушвахт Идиев, Ҳақназар Назаров, Амирҷони Насимҷон, Ҷахонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов бошад, ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар вазни -73кг дар рақобати аввалаш дар даври дуюм бар Виктор Степру аз Молдова пирӯз шуда, дар чорякфинал аз намояндаи Олмон Лукас Веннеколд ва дар рақобати дигар аз варзишгари Русия Аюб Хоҷалиев шикаст хурд.

Дигар варзишгарон дар рақобати аввалашон аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд.

Дар ин мусобиқа Маҳмадбаек Маҳмадбеков, ки Русияро намояндагӣ мекунад, дар даври ниҳоӣ бар варзишгари ҷопонӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 5-7-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуда, Дар он 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд.

Ба иштирокчиёни мусобиқа, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои аввалро ба даст овардаанд, ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 5 ҳазор евро, барои ҷойҳои дуюм ва сеюм 3 ҳазор ва 1,5 ҳазор евро дода шуд.

Ҳушдори таҳдидомези Толибон ба нерӯҳои ҷабҳаи муқовимат

0

Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Панҷшер аз ҷониби Толибон хитоб ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ҳар куҷое бошед, одрас диҳед, ҳамонҷо рафта шуморо саркӯб мекунем.

Абдулҳамид Хуросонӣ, ки ба намояндагӣ аз Толибон амнияти Панҷшерро бар уҳда дорад, дар як паёми видеоӣ хитоб ба нерӯҳои муқовити миллии Афғонистон онҳоро “мунофиқ”, “бағоватгар” (саркашон) ва “муфсидин” хонда, гуфтааст, ки ҳеч гуна муқовимате вуҷуд надорад ва ин як тиҷорат аст. “Чорто муфсидин дар хориҷ шишта, дар Тоҷикистону дигар ҷойҳо ва чорто муздурони худро дар ғорҳои кӯҳ ҳастанд, мисли мӯш мебароянд як-як навор мегиранду равон мекунанд ва мардумро мағшуш месозанд.”

Ин намояндаи Толибон мегӯяд, “мо бароятон членҷ додем, ҳар ҷое бошед, ба суроғатон меоем, саркӯбатон мекунем. Ҳар касе бошед. Агар дигарон ҳам дар баробари шумо иродаи саркӯб надоша бошанд, мо шахсӣ мезанематон. Ҳар касе зери ҳар унвоне дар баробари Иморати исломӣ бағоват кунад, мо саркӯбашон мекунем.”

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии ин кишвар шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз замони суқути давлати Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон ба рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ дар Кобул аз таъсиси ҷабҳаи худ дарак додаанд.

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки дар ин авохир ҳузурашон дар майдонҳои набард ва сиёсат камрангтар нишон дода мешавад, асосан дар таллу тепа ва кӯҳҳои вилояти Панҷшер, Андаробҳои Бағлон ва қисман ҳам дар Бадашони Афғонистон ҳузур доранд.

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия

0

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои Австрягиаш Михаэл Линҳарт дар Душанбе доир шуд.

6-уми ноябр, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Австрия дар рафти мулоқоти худ дар мавриди “масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.”

Ҳамзамон дар ин рӯз форуми тоҷирони Тоҷикистону Австря дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони давлатӣ баргузор гардида, ҳар ду ҷониб имкониятҳои ҳамкорӣ кардан дар бахшҳои хусусӣ ва сармоягузорӣ кардан дар тарҳҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ба хусус дар “бахши хусусӣ дар соҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамикунонӣ, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ, лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва дигар самтҳои ҳамшарикии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аҳаммияти махсус дорад. Ба ин мақсад, фаъол намудани абзорҳои нав ва муосири густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди ҳамоишҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои муштараки соҳавӣ амри зарурӣ мебошад.”

Ин нишасти соҳибкорон бо ҳузури беш аз 60 нафар баргузор шуда дар он роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ва ширкату соҳибкорон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ намуда, дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо истифода аз имкониятҳои фаровони дуҷонибаи истифоданашуда табодули афкор намуданд.

Гуфтанист, сафари давараии вазири корҳои хориҷии Австрия ҳамроҳ бо ҷамъе аз мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорони ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо меҳварияти Афғонистон сурат гирифта, қарор аст то фардо, 9-уми ноябр аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳам диданд кунанд.

Қазияи Мадина Салимзодаро ҳам барканор кард

0

Муовини аввали додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Суҳроб Салимзода, аз мансабаш барканор шуд. Барканории ӯ дар пайи қатъи парвандаи Азиза Давлатова, ки дар латукӯб ва сӯиқасд ба ҷони Мадина Маҳмадҷонова гумонбар мешавад, сурат гирифтааст.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Суҳроб Салимзода ҳафтаи гузашта аз мансабаш барканор шуда, рӯзи ҷумъа охирин рӯзи корияш будааст.

Гуфта мешавад, ин дуввумин масабдори сохторҳои қудратист, ки дар пайи қатъ кардани тафтиши парвандаи Азиза Давлатова, ки дар бераҳмона латукӯб ва то дами марг расондани Мадина Маҳмадҷонова гумонбар дониста мешавад, аз мансаб барканор мешаванд.

Ҳафтаи гузашта низ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Синои-2 шаҳри Душанбе Зафар Исмоилзода низ дар пайи қазияи мазкур аз симаташ сабукдӯш шуда буд.

Озодӣ аз чанд манбаъи муътамадаш хабар дод, ки сабаби асосии барканории Зафар Исмоилзода ва Суҳроб Салимзода аз мақомҳояшон “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” мебошад.

Суҳроб Салимзода, бародари Шерхон Салимзода, собиқ Додситони кулли Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар охирҳои моҳи август маъшуқаи шавҳараш, Мадина Муҳаммадҷоноваро то ҳаде латукӯб ва шиканҷа кардааст, ки муддати инак беш аз ду моҳ мешавад дар ҳолати беҳушӣ (кома) дар бемористони “Шифобахш” бистарӣ аст ва то ҳол ба худ наомадааст.

Бо вуҷуди ин мақомоти ноҳияи Сино қазияи мазкурро баъд аз тафтиши кӯтоҳе мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд. Ҳоло қазияи мазкурро Додситони кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Сафари намояндаи Амрико ба Тоҷикистон

0

Томас Вест, намояндаи ҷадиди Амрико дар умури Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Ин намояндаи Амрико қарор аст дар сафари худ ба як қатор аз масъулони баландпояи кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дидору гуфтгӯ анҷом диҳад. Меҳвари гуфтушуниди намояндаи Амрико бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди Афғонистон хоҳад буд.

Вай гуфта, нахуст ба кишварҳои аврупоӣ ва сипас ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад ва бо муттаҳидон ва шарикони Иёлоти Муттаҳида дар мавриди иқдомоти баъдӣ дар мавриди Афғонистон суҳбат хоҳад кард.

Ин намояндаи Амрико афзуда, барои он ки иқдомоти ҷомеаи байналмиллалӣ дар масоили Афғонистон муассир бошад, бояд кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ якҷониба амал кунанд.

Томас Вест баъд аз истеъфои Залмаи Халилзод, собиқ корманди Вазорати умури хориҷаи Амрико ва намояндаи ин кишвар дар умури сулҳи Афғонистон ба вазифаи ӯ таъйин шуд.