Хона блог саҳифа 563

Интиқоди ҷаҳониён аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

0

Рӯзи 4-уми ноябр нишасти 39-уми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39)-и Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева баргузор гардид. Тоҷикистон дар ин нишаст аз вазъи ҳуқуқи башар ба кишварҳои аъзо гузориш дод.

Дар ин нишаст баъд аз шунидани гузориши Тоҷикистон зиёда аз 10 кишвари аврупоӣ, осиёӣ ва африқоӣ бо шумули Амрико ва Австралиё аз Тоҷикистон талаб карданд, ки зиндониёни сиёсии кишварро озод ва ба таъқибу фишор болои фаъолони ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорон хотима диҳад.

Намояднаи Люксембург дар ин нишаст аз Тоҷикистон хост, ки фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони зиндониро озод намуда, таъқиб ва фишор болои вакилони мудофеъро қатъ карда, ба таъаҳудоти байналмилалии худ дар робита ба ҳуқуқи башар пойбанд бошад.

Ҳамзамон дар ин нишаст Австралия ва Утриш ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки ба боздошти зиндониҳои сиёсӣ поён диҳад, ба гурӯҳҳои мухолифини мусолиматомез иҷозат диҳад, ки озодона ба кори худ идома диҳанд ва кафолати озодии баён дар Тоҷикистонро таъмин карда, аз иқдомҳое, ки кори расонаҳои дохилиро тазъиф мекунанд, худдорӣ намояд.

Инчунин кишвари Нидерландия аз Тоҷикистон хост, ки тамоми қонунҳое, ки озодиҳои мазҳабӣ ва диниро маҳдуд мекунанд, бознигарӣ кунад.

Дар ин нишаст кишвар Норвегия аз Тоҷикистон даъват кард, ки мубориза бар зидди шиканҷа ва хушунатро афзоиш дода, ҳама намуди хушунатҳои ҷинсиро вориди Кодекси ҷиноӣ намояд ва барои вакилон озодона фаъолият кардани вакилони мудофеи ҳуқуқ шароити яксон фароҳам оварда, озодии баёнро таъмин намояд.

Кишвари Ирландия тавсия дод, ки Тоҷикистон қонунҳои ҷазоияшро бознигарӣ кунад. Аз ҷумла тавсияҳои дигари ин кишвар ба Тоҷикистон ин бознигарии банди ҷазои ҷиноӣ барои таҳқири Президент ва дигар масулини ҳукуматӣ, фароҳам кардани шароити мусоид барои расонаҳои мустақил ва ислоҳи қонунҳое, ки дигарбошонро тавҳин ва таҳқир мекунад, буданд.

Ҳамчунин кишвари Олмон аз Тоҷикистон бобати пазируфтани паноҳандагони Афғонистонӣ изҳорӣ сипос карда, аз иқдоми Тоҷикистон дар бознигарии листи терористияш истиқбол кард.

Ҳамзамон Олмон аз вазъи озодии баён, сензураи шадид дар расонаҳо, озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Олмон ба Тоҷикистон тавсия дод, ки шароит дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳоияшро тибқи стандардҳои Нелсон Мондела фароҳам сохта, ба Салиби Сурх иҷозаи боздид аз зиндонҳо, таҳқиқоти мустақил шӯришҳои сарзада дар зиндонҳоро бидиҳад. Ислоҳи қонқни мубориза бо тероризм, ба вижа банди 17-и қонқни мазкур ва ғайра аз ҷумлаи пешниҳодоти ин Олмон ба Тоҷикистон буданд.

Дар ин Женева Тоҷикистонро ба он муттаҳам карданд, ки аз қонунҳои марбут ба мубориза зидди терроризм сӯиистифода карда, озодии баёнро маҳдуд ва фаъолони сиёсии мухолифи ҳукуматро таъқиб, боздошт, зиндонӣ ва мунтаҳо ҳама гурӯҳҳои мухолиф ва фаъоли ҷомеаро саркӯб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки нишасти 39-уми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39)-и Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Миллали Муттаҳид 4-уми ноябр дар Женева ба кори худ оғоз кард ва вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар ин нишаст ба таври онлайн ширкат кард. Нишасти 39-ми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39)-ро муовини раис Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз кишвари Баҳама хонум Кева Лоррейн Бейн мудирият мекард.

Рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

0

Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи шанбе 6-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунад.

Бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе 7-уми ноябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад. Бозиҳо соати 14:30 оғоз мешаванд.

Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 27 ва 28-уми ноябр баргузор мешаванд.

Интиқоли Ашраф Ғанӣ аз Аморот ба Амрико

0

Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистонро мақомоти амрикоӣ аз Абузабӣ, пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқол додаанд.

Аҳмад Саъидӣ, коршиноси Афғонистон дар саҳфаи Фейсбукиаш хабар дода, ки “иттилооти дақиқ ва мувассақе назди ман вуҷуд дорад, ки мақомоти амрикоӣ Ашраф Ғаниро бо як теъдод аз ҳамкоронаш аз Абӯзабӣ ҷиҳати маълумот ва таҳқиқоти бештар ба Амрико интиқол додаанд”.

Саъидӣ меафзояд, “дар миёни касоне, ки бо Ашраф Ғанӣ ба Амрико интиқол дода шудааст, Фазлӣ намебошад, балки Фазлӣ ба Сувис (Швейтсария) рафтааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки тамоми пулҳое, ки Ашраф Ғанӣ дар замони фирораш аз Афғонистон аз хазонаи ин кишвар бо худ бурдааст, аз ҷониби мақомоти Идораи хазонадории амрикоӣ силсила рақамҳои долларҳои номбурдаро шиносоӣ ва онҳоро аз доираи арзиши молӣ дар бозори ҷаҳонӣ хориҷ кардаанд. Ин пулҳо ҷаълӣ ба ҳисоб рафта, ҳар касе, ки дар оянда аз онҳо истифода кунад, дар ҳолати боздошт мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт.

Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ба торихи 15-уми августи соли ҷорӣ аз Кобул фирор кард ва худи ҳамон рӯз Толибон эълон карданд, ки идораи қудрат дар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистонро ба даст гирифтанд.

Дар ҳамон лаҳза намояндаҳои сафорати Русия дар Афғонистон аз аввалинҳо буданд, ки ба расонаҳо хабар доданд, ки Ашраф Ғанӣ пулу моли зиёдеро ҳангоми фирораш аз Афғонистон бо худ бурдааст. Иддаъое, ки баъдтар худи Ашраф Ғанӣ онро рад кард, вале бо гузашти 80 рӯз аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти Толибон то ҳол ҷузъиёти ин фирор пурра таҳқиқ ва расонаӣ нашудааст.

Рустами Эмомалӣ охирин нишонаҳои пойтахтро аз байн мебарад

0

Бо супориши Рустами Эмомалӣ, шаҳдори пойтахт фаввораи назди бинои парлумон дар маркази шаҳри Душанбе пурра аз байн бурда шуда, ҷои он  гулгашт табдил хоҳад шуд.

Фавораи назди бинои парлумони Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи муҷассамаи Исимоили Сомонӣ сохта шуда буд, яке аз нишонҳо ва осори таърихии шаҳри Душанбе шинохта мешуд, ки сокинон ва зоирон сайёҳон хотироти зиёде аз ин фаввора доранд.

Гуфтанист, пеш аз ин тобистони соли ҷорӣ бо супориши шаҳрдорӣ фаввораи назди бинои Чойхонаи Роҳат ҳам дар маркази пойтахт тахриб ва макони он ба гулшат табдил ёфта буд.

Тахриби осори боқимонда аз замони Тоҷикистони Шӯроӣ, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда буданд, тайи даҳ соли ахир суръати бештаре касб кард, ҳукумат талош дорад, ки тамоми осор ва нишонаҳои таърихиро аз шаҳри Душанбе аз байн барад ва ба ин тариқ ба наслҳои баъдӣ нишон диҳад, ки бунёнгузори Душанбеи навин Эмомалӣ Раҳмон аст.

Номаи кушодаи маҳбусони сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Ду зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ бо ирсоли номаи кушодае аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки барои бознигарии парвандаашон дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ мусоидат кунад.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдулло Розиқов

Дар нусхаи номаи зиндониёни сиёсӣ, ки ба дасти Аздо тв расид, таъкид мешавд, ки онҳо гуноҳе надоранд ба ҷуз узви ҲНИТ будан, аз ин рӯ хостори адолат шуданд. “Агар моро гунаҳгор медонанд, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест.”,- омадааст дар номаи онҳо.

Ин ду маҳбуси сиёсӣ таъкид намудаанд, ки ба муносибати рӯзи Сарқонуни кишвар, ки Раҳмон худро кафили он медонаду пуштибони волояти қонун дар кишвар ҳисобида мешавад, хостаанд ӯро бо номаи кушод аз асли воқеаи ба сарашон омада дар ҷараён бигузоранд.

Гуфта мешавад, нусхаи асли он ба ҷойи лозимӣ фиристода шудааст.

Дар поён матни комили нусхаи номаи зиндониёни сиёсиро мутолиа кунед:

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи маҳкумшудагон:

Розиқов Зубайдулло ва Ҷобир  Раҳматуллои Раҷаб бо моддаҳои

187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,

б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”,

306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ. 1, 3071 қ. 2

муҳлати ҷазо 25 ва 28 сол.

Оғози ҷазо аз 19.09.2015 с.

Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ.

Номаи кушод

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон!

Мо собиқ аъзои Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҳбас қарор дорем, қариб ба ҳамаи сохторҳои зидахли кишвар бо аризаи шикоятӣ ва муроҷиатнома арзи ҳол намудем, мутаассифона ҳамаи онҳо ба дархости мо ҷавоби рад доданд.

Имрӯз ногузир ба Ҷаноби Шумо бо умеди имдод бо мактуби кушод муроҷиат намуда, мехоҳем воқеъияти аслии қазияро ба таври муфассал баён намоем.

Шоми рӯзи 15.09.2015 с. кормандони КДАМ 13 тан аъзои РО ҲНИТ-ро бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат аз манзилҳои истиқоматиямон дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ оварда, баъди латукӯби зиёд ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Пас аз чанд рӯз бо вуҷуди дар даст надоштани далели айбдоркунанда нисбати мо аъзоёни РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2-и КМҶҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҲНИТ расман фаъолият дошт. Танҳо баъди 13 рӯзи ба маҳбас кашидани мо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ онро мамнӯъ эълон кард. Баъди содир намудани ҳукми боздошт аз тарафи гурӯҳи муфаттишони Прокуратураи генералӣ, мисли он ки кайҳо боз моро пурсида ва мутақоид карда бошанд, бо моддаҳои 187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”, 306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ.1, 3071 қ. 2 КМҶҶ ҶТ парванда боз намуда пурсупорсро оғоз намуданд. Аз чунин ранг гирифтани кор эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд. Бар замми ин  болои парвандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ни ҳоданд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Дар асл парванда ба ҷуз аз аҳли ҷомеа пинҳон доштани туҳмату буҳтон ягон нуктуи махфӣ надошт. Ин буд, ки муфаттишон аз аввал то охири рафти тафтишот танҳо ба таври ошкор саҳнасозӣ ва нақшабозиҳои беҳунарона нишон медоданд. То ҷое, ки бозпурсиҳои муфаттишон ва посухҳои мо гумонбаршудагон дар парванда дарҷ нашуд. Мо аз сардори гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ Иброҳим Иброҳимзода пурсидем, ки чаро дар парванда посухҳои мо сабт нашуд ва расму манзараҳо, хулосаҳои тиббие, ки ба мо тамоман рабт надорад дар парванда ҷой дода шудаанд?

Ӯ дар посух гуфт, аз ҷавобҳои шумо матлаб ҳосил намешавад. Бинобар ин мо ногузир ҳамаи ин далелҳоро ба алайҳи шумо ҷамъоварӣ намудем.

Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ асли воқеъаро ба назар нагирифта, парвандаро аз ибтидо то интиҳо кӯркӯрона ва ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, беасос моро гунаҳкор донистанд. Дар раванди тафтишот вақте мо барои исботи бегуноҳии хеш далелҳои қотеъ пешниҳод меанмудем, муфаттишон бо табассуми муғбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.

Аз ҷавоби онҳо бармеояд, ки мо дар асоси қонун ба хотири ҷиноят содир намудан зиндонӣ мешавем, балки дар кишвари ҳуқуқбунёди демократӣ чунин балоро фармони кадом фармонравое бар сари мо овардааст. Аз ҳама аламовару ҳайратангез он буд, ки ҳар боре дар рафти суҳбати кормандони КДАМ аз риояи қонун ва волоияти онҳарф мезадем, ҳамаи онҳо писханд зада моро ба боди масхара мегирифтанд. Ва Чуноно вонамуд мекарданд, ки ҳама кор дар дасти онҳост ва онҳо болотар аз қонун ҳастанд.

Ба ҳамин тарз Прокуратураи генералӣ якчунин парвандаи ҷаълиро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. раисикунандаи мурофиаи судӣ Сатторзода А. дар дар раванди мурофиа ба далелҳои пешниҳоднамудаи мо эътибор намедод ва мисли он ки суханҳои моро намешунид. кӯшиш мекард, ки ба санадҳои қалбакии сохтаи парвандаи прокуратура кучактарин тағйирот ворид насозад. Ин гувоҳӣ он аст, ки ӯ зери фишор қарор дошта, дар ҳалли масъала заррае мустақилият надошт. Ҳатто дар ҳолатҳои шунидани далелҳои раднопазири бегуноҳони “гунаҳгор” даст ба сӯи боло бардошта, ишора мекард, ки ӯ низ дар ҳалли дурустии масъала бечора ҳаст ва қазия дар ҷои дигар ҳал мешавад.

Дар ниҳояти кор раисикунандаи мурофиаи судӣ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳаитов  Маҳмадалӣ аз афроди шинохтаи кишварро, ки барои миллат дар ҳар лаҳзаи зарурӣ хидматашон мерасид бегуноҳ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Розиқов Зубайдуллои 77 соларо, ки бояд дар ин сину сол дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш қорор медошту ба тарбияи онҳо машғул мешуд, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуда ба иҳотаи нозирони Муассисаи ислоҳии низомаш сахтфиристод.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70 соларо, ки яке аз рӯзноманигорони озодандеши кишвар аст, ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро, ки аз беҳтарин донишманд ва дорандаи ордени Шараф буд, ба 23 сол роҳии зиндон намуд.

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаби 64 сола, Давлатов Абдуқаҳҳор ва Авазов Қиёмиддинро, ки аз афроди донишманду лаёқатанманд ба 28 солӣ ва дигар аъзои РО ҲНИТ-ро ба муҳлатҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Бояд қайд намуд, ки муҳри махфӣ доштани парванда ҷиҳати пинҳон мондани сирри он ҳама туҳмату буҳтонҳои дастандаркорони КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суде набахшид ва 99 саҳифаи ҳукми суд ба таври комил ғайри чашмдошт дар шабакаҳои интернетӣ пурра нашр шуда,сохта будани парванда назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гашт. Аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохт.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо бегуноҳони “гунаҳгор” зиёда аз 6 сол мешавад, ки паси панҷараҳои зиндон азият мекашем. Бар замми ин бо тамғаҳои экстримисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем ва баъзе қаламбадастони чоплусу муздур бо номҳои корманди академияи улум, марказҳои таҳлилӣ, хабарнигорони ношинос, кормандони муассисаҳои таълимӣ дар ВАО аз ҳарҷо ба ин нидоҳо садо баланд мекунанд, дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо бо ҲНИТ робитаи наздик доштанд ва ҳатто онро барои ҷомеаи  Тоҷикистон як ҳизби зарурӣ тавсиф мекарданд. Мо худро хуб мешиносем ва медонем, ки ба ватани азиз ва миллати сарбаландамон хиёнате накардаем ва нахоҳем кард. Ин тамғазаниҳо танҳо ба хотири он аст, ки мо дар ҷомеаи кишвар ва арсаи байналмилалӣ ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохта нашавем.

Бояд гуфт, агар моро гунаҳгор медонанад, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ба таври расмӣ фаъолият дошт ва дар давраи фаъолияти худ ба ҳеҷ қонуншиканӣ роҳ надод. Ҳизбе, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм ва дар ба даст овардани истиқлолият ва барқарории он талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбе, ки дар ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши муассир ва дар меҳварияти як ҷониби сулҳ қарор дошт.

Ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо Ҷаноби Олӣ хубтар медонед, ки маншаъи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд. Мо бар ин боварем, ки бо гузашт ва ошкор шудани ҷанбаҳои ҳаводиси номбурданазди Шумо аён гаштааст, ки ҲНИТ ва исёни мазкур ҳеҷ рабте надорад.

Дар тӯли зиёда аз 6 сол ба умеди расидани рӯзе, ки ақли солим ва ангезаи адлу инсоф боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои ба сарамон омадаро таҳаммул кардем. Вале афсус, ки умедамон амалӣ нашуд.

Имрӯз дар арафаи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили он Шумоед ва ҳамеша аз волоияти қонун пуштибонӣ менамоед, хостем ба номаи кушод Ҷаноби Шуморо дар ҷараён гузорем.

Бинобар ин, аз Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллб – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар мавриди шикастан ва дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз сари нав дидани парвандаи моро мусоидат намоед.

Маҳкумшудагон:             Зубайдулло Розиқов,  Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

01.11.2021 с.                  

Тағйироти кадрӣ дар Бадахшон

0

Субҳи имрӯз ахбору гузоришҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, ки мегӯянд Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мақомаш барканор ва раиси шаҳри Хорӯғ ба маснади ӯ такия задааст.

Тибқи гузоришҳои нашар шуда, муаллифон иддаъо доранд, ки иллати барканории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз маълум нест, аммо баъд аз зуҳри имрӯз генерал Алишер Мирзонаботов, собиқ раиси шаҳри Хорӯғ расман раиси нави вилоят муаррифӣ хоҳад шуд.

Хабари барканории Ёдгор Файзовро аз мақомаш ҳамчун раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бархе расонаҳои маҳаллӣ низ дар Тоҷикистон бо истинод ба манбаъҳои худашон таъйид карданд, аммо ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯбарӯ шуда, қисме аз он таҳсин ва қисме дигар ҳам афсус хурда, ки дар 30 соли ахир курсии раёсати вилоят беҳтар аз ӯ касе надида буд.

Бо ин вуҷуд, ҳанӯз маълум нест, ки оё ин тағйироти кадрӣ боиси боло рафтани мақоми Ёдгор Файзов дар ҳукумат гардида ё поён кашондани он аз мақомаш ва ё ин, ки иллати ин тағйирот канор задани вай аз майдони сиёсат дар Тоҷикистон аст.

Ёдгор Файзови 60-сола пеш аз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб шуданаш ба муддати 25 сол дар сохтори Фонди Оғохон кор карда, аз соли 2004 то замони раиси вилоят таъйин шуданаш дар соли 2018 раҳбарии Фонди Оғохон дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Ёдгор Файзов бо собиқаи корие, ки дар Фонди Оғохон дошт, дар байни мардуми Бадахшон аз нуфӯзи бештаре бархӯрдор буд ва яке аз далоили ба ҳайъати Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб шудан ва сипас ба болотарин мақом дар ВМКБ таъйин шуданаш ҳам ҳамин соҳибнуфӯз будани вай буд, аммо пас аз сафари ахири президент Эмомалӣ Раҳмон дар сентябри соли ҷорӣ ба ин вилоят ва аз ҳад зиёд чоплӯсӣ кардани ӯ боис шуд, ки ҷойгоҳи қаблии худро дар байни мардум аз даст диҳад.

Шиканҷаи як бемор аз ҷониби кормандони КДАМ-и Хорӯғ

0

Тайи чанд рӯзи ахир як зодаи шаҳри Хоруғ, ки гирифтори бемории рӯҳист, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад ва бо иттиҳоми ҳамла ба кормандони ин ниҳод мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.‌‌

Ҳамсояҳои боздоштшуда ба хабаргузории Pamir Daily News хабар доданд, ки рӯзи 1-уми ноябр дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Хоруғ сокини микрорайони “Тирчид”, Раимшоев Фирдавс Мусоевич, соли таваллудаш 1981, дар ҳолати мастӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.

‌‌Ба гуфтаи онҳо, Раимшоев дар ҳамсоягии Имомназаров Охирназар зиндагӣ мекунад, ки чанд рӯз пеш аз ҷониби кормандони КДАМ бо гумони нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир боздошт шуда, дар видео гуноҳашро эътироф карда буд.

Наздиконаш мегӯянд, ки Фирдавс аз хурдӣ гирифтори бемории равонӣ буд, ки гоҳе он беморӣ авҷ мегирифт.

‌‌Манобеи “Pamir daily news” мегӯянд, Фирдавс аз боздошти ҳамсояаш Охирназар хабар ёфта, маст шуда, ба назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Хоруғ меравад ва дар онҷо алайҳи ин ниҳод ва кормандони он ҳарфҳои қабеҳ мезанад. Ба гуфтаи онҳо, ин сабаби боздошти Фирдавс Раимшоев ва шиканҷа алайҳи ӯ мешавад.

‌‌Бо вуҷуди он ки наздикони Фирдавс тамоми асноди заруриро дар бораи бемории равонии ӯ пешниҳод карданд, кормандони  КДАМ дар ВМКБ Фирдавсро аз боздоштгоҳ раҳо накардаанд.

‌‌Ба иддаои наздикони Раимшоев дар СИЗО борҳо бемории ӯ хуруҷ карда, чандин маротиба мошини ёрии таъҷилӣ омадааст. Илова бар ин, дар рӯйи ӯ осори латукӯб ва захмҳои калон дида шудаанд, ки аз мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш шаҳодат медиҳанд.

‌‌Ба навиштаи “Pamir daily news” то замони нашри мавод сарнавишти Раимшоев номаълум боқӣ мемонад. Наздикони ӯ изҳори умедворӣ намудаанд, ки мақомоти вилоят ва ҷумҳурӣ тавассути расонаҳо ба қазияи ӯ таваҷҷӯҳ хоҳанд кард.

‌‌

Тоҷикистон ба СММ дар бораи ҳуқуқи башар гузориш дод

0

Дар Женева нишасти 39-мин давраи Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR-39) оғоз гардид. Айни замон намояндагони Тоҷикистон дар ин нишаст дар мавриди ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд.

Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ имрӯз 4-уми ноябр аз соати 14:30 то 18 ба вақти маҳалӣ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст ба таври онлайнӣ ширкат доранд ва ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири адлия Музафар Ашӯриён раҳбарӣ дорад.

Ашӯриён дар мавриди ҳуқуқи башар дар тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон маълумот медиҳад. Вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми суханронияш дар мавриди мустақилияти додгоҳҳо ва вакилони дифоъ таъкид кард.

Дар идома Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ суханронӣ намуда, аз ҳузури нерӯҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронӣ кард. Ӯ дар идома афзуд, ки бо вуҷуди вазъияти ноором Тоҷикистон мизбони 12 ҳазор паноҳанда буд ва ахиран ба хотири бадшудани вазъият дар Афғонистон беш аз 3 ҳазор паноҳандаи дигаро пазируфт.

Баъд аз суханронии ҳайати Тоҷикистон, иддае аз кишварҳо аз Тоҷикистон риоят ва таҳкими ҳуқуқи инсонрро талаб намуданд. Аз ҷумла намояндаи кишвари Люксембург даъват кард, ки Точикистон фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони зиндониро озод кунад, таъкиб ва фишор болои вакилони мудофеъро катъ намояд ва ба таъаҳҳудоти байналмиллалии ҳуқуқи башари худ амал кунад.

Нишасти 39-ми Баррасии Давраи Ҷаҳонии (UPR39)-ро муовини раис Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ аз кишвари Баҳама хонум Кева Лоррейн Бейн мудирият дорад.

Хабар такмил мешавад

Омбудсмен: дар зиндони нави Ваҳдат 40 не, 15 маҳбус табобат мегиранд

0

Хадамоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр  дар як баёния хабари заҳролудшавии даҳҳо маҳбус дар зиндони нави Ваҳдатро рад намуда гуфт, ки дар қисми тиббии зиндон 40 нафар не, ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат гирифта истодаанд.

Ба иддаои ин ниҳод, баъд аз нашри хабари заҳролудшавии 40 маҳбус ва талаби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои санҷиши ин қазия, рӯзи 2-юми ноябр бо супориши омбудсмен Умед Бобозода дар робита ба он санҷиш гузаронида шудааст.

Сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1 Турсунов Бахтиёр ин хабаро рад намуда, ба кормандони идораи омбудсмен  маълумотномаи Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти Вазорати тандурустиро аз 20 августи соли 2021, таҳти №57 ироа кардааст, ки дар он гуфта мешавад: “Намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ мебошад”.

Аммо дар сомона намунаи экспертиза оварда нашудааст ва гуфта нашудааст, ки чаро дар санҷиш худи Умед Бобозода ширкат наварзидааст.

Ба иддаои хадамоти матбуоти омбудсмен, санҷиш нишон дода, ки дар қисми тиббии ин зиндон ҳамагӣ 15 бемор таҳти табобат қарор дошта, чанд нафари онҳо, аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати ҲНИТ, Оқил Аёмбеков, додари Толиб Аёмбеков, ҳамчунин Мезанков В., Сангов Б., Тағоймуродов Ф., Абдуллоев Р., Ғаниев Ғ.  гуфтаанд, ки “оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.”

Ҳамчунин ду маҳбуси дигар бо номҳои Шокиров Ҳ. ва Очилдиев А, ки ба сифати табиб дар ин зиндон кор мекардаанд, гуфтаанд “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафар аз заҳролудшавии об дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст.” Аммо ин маҳкумшудагон нагуфтаанд, он 15 нафар дар қисми тиббии зиндон аз чӣ табобат мегиранд.

Инчунин онҳо иброз намуданд, ки “дар байни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангезро паҳн менамоянд.” Инҷо низ аз маҳбусон ном бурда нашудааст.

Тибқи иттилои манобеъи муътамад, дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон бо баҳонаи паҳни хабар, маҳбусони бегуноҳро шиканҷа мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Аздо тв бо такя ба манобеъи худ аввалин шуда хабар дода буд, ки “Дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат ҳудуди 40 тан аз маҳбусон заҳролӯд шуда, бо марг дасту панҷа нарм мекунанд.”

Манобеи Аздо тв аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ), ки дар шафати роҳи Душанбе-Ваҳдат нав бунёд шудааст, мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир ҳудуди 40 нафар аз зиндониён заҳролӯд шуда, беморон айни замон дар шуъбаи беҳдоштии зиндон (санчаст), дар долонҳои он ва қисме ҳам дар катҳои хоби худ бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи Аздо тв, сарчашмаи ин заҳролӯдшавии гусутурдаи зиндониён хазонаи зеризаминии оби муассиса будааст, ки дар натиҷаи дуруст ҳифозат накардани он оби ошомидании зиндон заҳролӯд гаштааст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дунболи ҷалби сармоя аст ё таъмини амният?

0

Сафири Тоҷикистон дар Эрон талош дорад бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сармояву густариши таҷорат байни Эрону Тоҷикистон бо намояндагони баландмақоми ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

Дар семоҳаи ахири сафири Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Низомиддин Зоҳидӣ даҳҳо дидору мулоқот бо раҳбарони баланмақоми Ҷумҳурии исломӣ дошта, ки охиранаш дидори ӯ бо устондори Ҳурмузгон будааст.

Дар ахбор ва баёнияҳое, ки расман тавассути сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва ё расонаҳои маҳаллӣ дар Эрон нашр шудааст, ду ҳадафи асосӣ дар ин дидору мулоқотҳо барҷасата менамояд, ки яке ҳамкориҳо барои таъмини суботу амният ва дигаре ҷалби сармоя ва рустариши таҷорат байни ду кишвар ба ҳисоб мераванд.

Ҷаноби Зоҳидӣ, ки дар гузашта дар мақоми муовини Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳам ифои вазифа карда буд, соли 2019 ба ин симат гумошта шуд. Он ҳам замоне, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мароҳили хеле сарди равобити сиёсӣ байни ду кишварро таҷриба мекарданд.

Тоҷикистон пайваста Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз мухолифин ва даст доштан дар ҷангҳои таҳмилии солҳои 1993-1997 ва сипас дар қатлҳои занҷиравии донишмандон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ кардаву Эрон бо лаҳни хеле нарм ин иддаъоҳоро рад ва ё дар хеле мавридҳои дигар сукутро интихоб кардааст.

Оғози сардии равобит байни Тоҷикистону Эрон ба солҳои 2013-2014 бар мегардад. Замоне, ки Бобаки Занҷонӣ, милярдери эронӣ дар Тоҷикистон солҳо сармоягузорӣ кардаву судашро ногирифта, наздик ба 2,5 миллиард долларашро дар Тоҷикистон аз даст дод ва сипас дар Эрон боздошт ва дар Теҳрон зиндонӣ шуд.

Соли 2015 Тоҷикистон фаъолияти дафтари Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, Ройзании фарҳангӣ, Утоқи тиҷорат ва бозаргонии Эронро дар қаламрави кишвар қатъ кард. Баъдтар ба баҳонаи мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ дар Теҳрон ин қатъи робитаҳо ба ҷанги сарди яктарафаи Тоҷикистон алайҳи Эрон шиддат гирифт ва то чанд моҳе пеш ҳам тариқи расонаҳои расмии Тоҷикистон ин ҳамлаҳо идома дошт.

Аз ҷониби дигар сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Неъматулло Эмомзода дар солҳои 2015-2017 барои мутақоид кардани раҳбарони Ҷумҳурии исломӣ ва бадном кардани мухолифин ва бахусус раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон силсила мулоқотҳоеро бо пешвоёни мазҳабии Эрон баргузор карда, талош мекард, то ҲНИТ-ро барои онҳо ҳамтароз ва ҳамкеши ДИИШ муаррифӣ намояд ва ин кори худ то ҷое муваффақ ҳам буд.

Таҳдидҳои мақомоти расмӣ тавассути расонаҳо ва лоббигарии сафири пешини кишварамон дар Теҳрон аз роҳи тағзияи маълумоти нодуруст ба пешвоёни мазҳабӣ ва таблиғот алайҳи мухолифини Эмомалӣ Раҳмон ду омили таъсиргузоре буд, ки Ҷумҳурии исломӣ дар бораи ҳузури раҳбарони ҲНИТ дар ин кишвар таҷдиди назар кунад.

Бинобар ин, барои паст кардани шиддати ин ҳамлаҳо ва ҷангҳои сарди яктарафаи ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Ҷумҳурии исломӣ дар баробар Эрон кӯтоҳ омад ва хеле аз раҳбарони Наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ин ҳизб ба он кишвар панаҳ бурда буданд, маҷбур шуд аз хокаш берун кунад.

Аммо дар моҳи сентябр ва пас аз сафари расмии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва имзои тафоҳумнома ва созишномаҳои ҷадид вазъи равобити ду кишвар нисбатан тағйир кард. Мақомоти расмӣ дар Душанбе ҳоло талош доранд, ки хеле аз равобити яхбастаи шаш соли гузаштаро об карда, бо ҳар роҳе бошад, зарари онҳоро ҷуброн кунанд.  

Аммо бо ин вуҷуд, фаъолтар шудани сафири кунунии кишварамон дар Эрон ва афзоиш додани дидору мулоқотҳо бо раҳбарони воломақоми ин кишвар ҳамоно ҳамааш барои ҷалби сармоя ва эътимод ҳосил кардан барои хуб шудани равобити сиёсӣ нест, балки баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон хатари таҳдидҳои эҳтимолиро дар Тоҷикистон бештар эҳсос мекунанд ва мақомоти Душанбе ҳоло ҳам бар ин боваранд, ки мақомоти расмии Теҳрон аз мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунанд ва дар сурати надоштани равобити хуб ва иттилооти кофӣ ҳар лаҳза метавонад ин кишвари “дӯст” ба “душман”-и ба ҳама маълум табдил шуда, як хатари дигаре манофеи онҳоро таҳдид кунад.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв, 04-11-2021 Варшава