Хона блог саҳифа 564

Нисбати Худоёров бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда боз шудааст

0

Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рашт нисбати Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо иттиҳоми “авбошӣ” парванда боз кардааст.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Рашт Самеъбой Фатҳуллоев ба Радиои Озодӣ парванда боз шудан нисбати Худоёровро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, алайҳи Худоёров тибқи қисми 3-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Гуфта мешавад, Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 27-уми октябр дар муноқишаи байни хонаводагӣ бо оилаи гумонбарон дар қатли Алиризо Худоёров тарафи дигари муноқишаро бо табар таҳдид кардааст. Аммо худи Худоёров инро рад карда мегӯяд, ҳангоми муноқиша дар дасташ табар набуд.

“27-уми октябр модарам аз хонаи хоҳарам бармегашт. Дар роҳ Алишери Насриддин, узви оилаи гумонбар дар қатли Алиризо, ба модарам зарба мезанад. Сутунмуҳраи модарам осеб дидааст. Ман дар ҳезумшиканӣ будам. Ба ман хабар доданд. Табарро ба дасти писарам дода, давида рафтам. Бе ягон зӯрӣ муноқишаро ором кардам.”, мегӯяд Ҷунайдулло ба Озодӣ.

Дар ҳамин ҳол тарафи муқобил низ саддарсад намедонанд, ки ҳангоми муноқиша дар дасти Ҷунайдулло табар буд ё не.

“Ҳамон рӯз маросими дафни амакам, Мансур Ҳомидови 73-сола, буд. Дар назди масҷиди деҳа истода будем. Модари Ҷунайдулло аз роҳ мегузашт. Алишер бо шӯхӣ гуфт, ки аз марги амаки мо хурсанд шудед. Вай дар ҷавоб гуфт, агар ҳамоне ки набераамро корд зад, мефавтид, беҳтар буд. Ҷанҷол хест. Ҷунайдулло омаду таҳдид кард, аммо дар дасташ табар буд ё не, ба ёдам нест.”, нақл кардааст хонаводаи гумонбарон дар қатли Алиризо.

Муноқишаи оилаи Худоёровҳо бо як оилае ҳамдеашон баъд аз кушта шудани Алиризо Худоёрои 21-сола шиддат гирифт. Худоёровҳо бар ин боваранд, ки Алиризоро чанд нафар аз ҳамдеҳагонашон бо маслиҳати пешакӣ ба қатл расондаанд. Аммо оилаи гумонбаршудаҳо инро рад мекунанд.

Ҷунайдулло Худоёров сокини деҳаи Яшми ноҳияи Рашт соли 2018 бо иттиҳоми “салафият” боздошт ва барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд, аммо соли 2019 бар асоси Қонуни авф озод гардид.

Даъват аз соҳибкорон барои сармоягузорӣ дар н.Рашт

0

Дар Форуми минтақавии соҳибкории “Рашт-2021”, ки дар ноҳияи Рашт 2-уми ноябр баргузор гардид, аз соҳибкорон хоста шуд, ки барои рушди иқтисоди ноҳия сармоягузорӣ кунанд.

Ҳадаф аз баргузории ин форум шиносоӣ бо имкониятҳои соҳибкорӣ дар самти васеъ намудани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сармоягузорӣ дар водии Рашт, пайдо намудани роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, дарёфти бозорҳои фурӯш, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорию сармоягузорӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ширкаткунандагони форум ҷорӣ кардани усулҳои нави ҷалби сармоя ва фанновариҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳбуди сифати маҳсулотро баррасӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ ва як қатор ширкатҳои ватаниву саноатӣ ширкат варзиданд.

Аз соҳибкорону сармоягузорон дархост шуд, ки талошҳои худро барои таъмини рақобати солим ва рушди иқтисодии водии Рашт равона созанд.

Дар пайи натоиҷи форуми “Рашт-2021” 6 санад барои рушди бахши сайёҳӣ, саноати кишоварзӣ, занбӯрпарварӣ ва содироти асал ба имзо расид.

Талаби сармоягузорӣ аз соҳибкорон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамасола даҳҳо соҳибкору сармоягузорӣ маҳаллӣ ба хотири гарон будани андозҳову фишори мақомоти ниҳодҳои мухталиф, кори худро дар дохили кишвар қатъ карда, дар хориҷи кишвар сармоягузорӣ мекунанд.

Кумакхоҳии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз тағйири иқлим

0

Тоҷикистон дар ҳошияи Конфроси 26-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз шарикони байналмилалии худ хост, ки барои пешгирӣ аз таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим кумак кунанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ 3-юми ноябр муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар нишасти мазкур “аз шарикони байналмилалӣ даъват ба амал овард, то ба иқдомҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар мавриди пешгирии таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим, роҳандозии тадқиқот ва арзёбии фарогири паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба кишварҳо ва мустаҳкам намудани зарфияти ниҳодҳову сохторҳои давлатҳои осебпазир мусоидат кунанд.”

Ҳамзамон Музаффар Ҳусейнзода дар мавриди нақши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, инчунин моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаш намуд.

Тоҷикистон дар ҳоле аз шарикони байналмилалии худ барои пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо кумак хостааст, ки ба гузориши ББС дар ин Конфронс 190 кишвар ва созмонҳои ҷаҳон ваъда доданд, ки аз масрафи ангишт ҳамчун нерӯи тағйирдиҳандаи иқлим ва омили олӯда шудани ҳаво худдорӣ мекунанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои офтобӣ, дорои пиряхҳо ва конҳои бузурги ангишт ба ҳисоб рафта, вале бо ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ва корхонаҳои кишвар мардумро маҷбур мекунад, ки барои таъмини гармӣ солона ҳазорҳо тонна ангиштро масраф карда, ҳаворо олӯда намоянд ва ба ин васила ба суръати тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат кунанд.

Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР26) дар шаҳри Глазгои Шотландия идома дорад. Чорабинии ҳошиявии сатҳи баланд таҳти унвони “Мустаҳкам кардани иқтидори кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ дар раванди пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба об дар давраи COVID-19: таҷриба ва роҳҳалҳо” бо ташаббус ва ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, СММ ва Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда (IRENA) баргузор гардид.

Вакили қирғиз: Тоҷикистон намегузорад қирғизҳо ба ватанашон биёянд

0

Як намояндаи Парлумони Қирғизистон иддао карда, ки Тоҷикистон қаиғизтабороне, ки дар ноҳияҳои Мурғоб ва Лахш зиндагӣ мекунанд, намегузорад ба Қирғизистон назди хешу таборашон биёянд.

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Чинара Урумкалиева, вакили Парлумони Қирғизистон дар нишасти парлумонӣ ин масъаларо бардоштааст.

Ӯ гуфта, ки “ба далели баста шудани марзҳо қирғизҳои бумии Тоҷикистон, ки дар навоҳии Мурғобу Ҷергатол (Лахш)-и Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, наметавонанд ба дидори хешовандонашон ба Қирғизистон биёянд.”

Ин вакили Парлумони Қирғизистон дар идома мегӯяд: “Онҳо наметавонанд ҳатто барои ҷанозаи волидонашон ба Қирғизистон биёянд. Тоҷикистон ба онҳо иҷозат намедиҳад.”

Урумкалиева иддао карда, ки қирғизҳои Тоҷикистон метавонанд барои дидорбинии хешу наздиконашон тавассути кишвари сеюм ба Қирғизистон ворид шаванд, вале дар чунин ҳолат марзбонони қирғиз ба онҳо роҳ намедиҳанд.

Ӯ гуфта, ки қирғзтаборони Тоҷикистон айни замон ба далели ин мушкилот омодагӣ мебинанд, ки пас аз кушода шудани марзҳо комилан ба Қирғизистон кӯч банданд.

Аммо то ҳол ҷониби Тоҷикистон дар мавриди воқеии будан ё набудани сухани намояндаи Парлумони Қирғизистон вокунише накардааст.

Баъд аз даргириҳои хунини моҳи апрели имсол Қирғизистон марзҳояшро яктарафа ба рӯйи тоҷикистониён баст. Он замон ҷониби кишвари ҳамсоя гуфта буд, ки то ҳал шудани мушкилоти марзӣ марзҳояш баста мемонад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон масдуд шуданд

0

Шоми рӯзи 3-юми ноябр дар Узбекистон дастрасӣ ба чандин шабакаҳои иҷтомӣ якбора қатъ гардид.

Қарори масдуд кардани чанд шабакаи иҷтимоӣ, мессенҷер ва видеохостингҳоро дар Узбекистон ниҳоди Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия (Узкомназорат) 3 ноябр содир намуд.

Далели масдуд кардани ин шабакаҳо иҷтимоӣ нақзи қоидаҳои коркарди маълумоти шахсӣ гуфта мешавад.

Ин ниҳоди узбекистонӣ таъкид мекунад, ки маҳдудиятҳо бинобар нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти шахсии шаҳрвандони Узбекистон берун аз кишвар сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои ТААС, Узбекистон шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Telegram, YouTube, Instagram, Одноклассники, ТикТок, Twitter, Skype ва Вконтактеро ба далели зикршуда масдуд кардааст.

Тавре “Узкомназорат” дар сомонааш хабар дод, маҳдудиятҳо дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо аз 3 ноябр эътибор пайдо карданд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёнв 29 октябр қонунеро ба имзо расонд, ки тибқи он муҷозот барои нақзкунандагони қонуни маълумоти шахсӣ сахттар гардидааст.

Гуфтанист, ки қонуни нав барои пешгирӣ аз истифодаи маълумоти шахсии шаҳрвандони Узбекистон гирифта шудааст.

Фаъолон: “Ширкати “Мегафон”-ро бойкот кунед!”

0

Фаъолони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз муштариёни ширкати мобилии “Мегафон” даъват кардаанд, ки ин ширкатро таҳрим кунанд ва аз симкорҳояш дигар истифода накунанд.

Ин иқдоми фаъолон ҳам дар пайи қазияи латукӯби бераҳмонаи зани ҷавон – Мадина Маҳмадҷонова аз ҷониби Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов – як масъули ин ширкат, ки дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро барпо кард, гирифта шудааст.

Қазияи Мадина Муҳаммадҷонова ҳафтаи охир доғ буд. Мувофиқи хабарҳои расида, ин зани ҷавон пас аз латукӯб шудан дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дошта, то баҳол ба худ намомада аст ва тақдири ояндаашҳам номуайян гуфта мешавад. Шаҳбоз Абдуразақов, фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бародари коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдуразоқов дар ин бора дар саҳифаи фейсбукаш вокуниш нишон дода, аз муштариёни “Мегафон” дар Тоҷокистон даъват карда аст, ки ин ширкатро бойкот кунанд.

Абдуразоқов менависад, ки магар бойкот эълон кардани ширкате, ки аз озори ҷинсии яке аз раҳбаронаш чашм пӯшидааст, кори сахт аст?

“Дар давоми чанд рӯз флешмоб ташкил кунед ва симкортҳои ин шикратро ба ширкати дигар иваз кунед. Бо истифода аз хидматрасониҳои ин ширкат шумо касонеро, ки ин ҳама аъмоли зиштро рӯпӯш кардаанд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунед”, таъкид мекунад ӯ.

Шаҳбоз Абдуразоқов ҳамчунин навишта, ки “Аз рӯи он чизе ки ман дар бахши тоҷикии ФБ тайи ин се-чаҳор рӯз хондаам, чунин як гапе ҳаст ҳаст, ки ин мардак дар ширкати “Мегафон” яке аз вазифаҳои баландро ишғол мекунад.

Ин мардак солҳост, ки зердастонашро озори ҷинсӣ мекарда. Бархе аз қурбониёни ин таъқиб маҷбур шуданд, ки ҷои корашонро тарк кунанд, баъзеи дигар бо дили нохоҳам розӣ шудаанд ва баъзеҳо ихтиёран”.

Гуфта мешавад, ки Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар охирҳои моҳи август маъшуқаи ҳамсараш, Мадина Муҳаммадҷоноваро дуздида аз шаҳр берун бурда аст. Ин зани ҷавон то ҳаде латукӯб ва шиканҷа шудааст, ки муддати 73  рӯз аст ба худ намада.

Бо вуҷуди ин пештар мақомот қазияи мазкурро баъд аз тафтиш пӯшонд ва мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд.

Назари муттаҳамон ва ё вакили мудофеи онҳо ба ин қазия то ҳол маълум нест. Додситони куллли Тоҷикистон дар шарҳи қазия рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки дар қазияи латукӯби Мадина Муҳаммадҷонов ду нафар, Азиза Давлятова ва шавҳараш Лутфулло Давлятов гумонбар дониста мешаванд. Нисбати онҳо бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст ва ба онҳо аз 7 то 15 соли  зиндон таҳдид мекунад.

Бизнеси нав дар зиндонҳои Тоҷикистон

0

Дар зиндонҳои Тоҷикистон ба маҳбусони сиёсии “дардисарсоз” либоси ғафси зимистона (бушлат)-ро бепул, аммо ба дигар маҳбусон бар ивази пул медиҳанд.

Як корманди зиндон бо шарти ифшо нашудани номаш ба Аздо тв хабар дод, ки раёсати зиндонҳо дар дохил тиҷорати наверо шуруъ кардаанд. Ба иддаои ӯ, кормандони зиндонҳо либосҳои зимистонаро ба нафароне, ки “дардисарсозанд”, монанди зиндониёни сиёсӣ бе пул тақсим мекунанд. Аммо аз маҳбусони дигар барои он пул талаб доранд.

Ин корманди зиндон мегӯяд, тибқи қонуну қарорҳои маҳбас маҳбус ҳақ дорад бо либосҳои зарурӣ таъмин шавад ва хусусан либосҳои зимистона бояд бе пул ба маҳбусон дода шавад.

Гуфта мешавад, нархи ин либосҳо аз 300 то 2000 сомонӣ нарх дошта, аз ҳама арзонаш сифати хеле паст дорад.

Бештари маҳбусон аз оилаҳои камбизоат буда, имкони хариди либоси ғафси зимистона (бушлат)-ро надоранд ва аз раёсати зиндонҳо талаб доранд, ки ин либосҳо ба онҳо бепул дода шавад.

Сокинон: Азоб мекашем азоб, аз бебарқӣ безор шудем!

0

Чанд сокини вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва онҳоро бе барқ гарм карда намешавад, аз бебарқӣ ранҷ мебаранд ва намедонанд дигар ба кӣ муроҷиат кунанд.

Акс аз навори гузориши бебарқӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Як сокини ноҳияи Ёвон, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос ба Аздо тв гуфт, дар маркази ноҳия дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунад ва барқ надоранд. “Дар инҷо агар барқ набошад умуман зиндагӣ карда намешавад. На хӯроки гарм дорем на хонаи гарм. Кӯдаконамонро ба қишлоқ фиристодем хонаҳои зешу табор”, гуфт манбаъ.

Ҳамсуҳбати Аздо тв дар идома афзуд, ки “масъулон набояд хонаҳои баландошёнаро бо хонаҳои заминӣ баробар ҳисоб кунанд, дар қишлоқ ҳезум пайдо мешавад, аммо дар баландӣ хонаро бо чӣ гарм кунем? Тамоми ҷо муроҷиат кардем, фақат мегӯянд барқ мешавад, вале кай мешавад номаълум”.

Ҳамчунин наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуда, ки дида мешавад аксари мардуме, ки дар баландошёнаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд, барқ надоранд ва барои гарм шудани худ ва кӯдакони хӯрдсолашон ба берун мебароянд.

Мақомоти барқи ноҳия иддао кардаанд, ки муштариёни картавияшон бо барқ таъминанд. Аммо сокинон инро рад карда гуфтанд, агарчи барои харидани барқ корт ҳам доранд, вале барқ нест.

Дар навор дида мешавад, ки як модар, ки сокини хонаҳои баландошёна аст, бо гиря мегӯяд, “азоб кашида истодаам азоб, безор шидам аз бебарқӣ. Ман маъюбам, пойям дард мекунад миёнам дард мекунад, газ надорам, барқ нест, бечою хӯрок меистем.”

Аксари сокинон, ки имрӯзҳо аз бебарқӣ ранҷ мебаранд, мегӯянд, касе ба мушкилии онҳо расидагӣ намекунад. Ба иддаои сокинон дар баъзе навоҳӣ, кӯчае, ки раисон ва пулдорон зиндагӣ мекунанд, барқ ҳаст, аммо барои мардуми оддӣ нест.

Масъулини “Барқи тоҷик” пайваста ҷорӣ шудани лимитро рад мекунанд ва мегӯянд, ки дар зеристгоҳҳои барқӣ таъмир ҷараён дорад ва ин лимити муваққатӣ ба хотири он аст.

Аммо фаъолони ҷомеаи маданӣ ва сокинон мегӯянд, ки агар ҳукумат таъмир карданӣ бошад, ё мардумро огоҳ кунад ва ё ин ки пеш аз фаро расидани фасли сармо чунин корро кунад.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз бо аъзои Ҳукумат ҷаласаи корӣ дошт, дар мавриди бардоштани лимити барқ чизе нагуфт. Баръакс масъулонро барои захира кардани хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ супориш дод.

Кодекси нави андоз қабул шуд

0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи навбатии худ тарҳи Кодекси андозро дар таҳрири нав ба тасвиб расонид.

вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода

Кодекси нави андозро ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ намуд.

Ба гуфтаи вазири молия, дар таҳрири нав теъдоди андозҳо аз 10 банди мавҷуда ба 7 адад коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, маблағи андоз аз арзиши иловашуда (НДС) тадриҷан кам карда мешавад. Аз соли оянда меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз то 15 дарсад поин хоҳад омад. Дар соли 2023 ин нишондод 14% ва дар соли 2027 меъёри андоз аз арзиши иловашуда то 13% поин оварда мешавад.

Ҳамчунин андози ҳифзи иҷтимоӣ 5% коҳиш ёфтааст. Акнун корфармоён ба ҷойи 25%, барои ҳар корманд ба андозаи 20 дарсади маош ба буҷа молиёти ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

Бар пояи таҳрири нав, андоз аз истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт ба андоз аз молу мулк якҷо карда шуд ва андози аксиз аз хизматрасониҳои воситаҳои электронӣ аз 5 дарсади қаблӣ ба 7 дарсад афзоиш ёфт.

Даъватҳо ба коҳиши андоз ё молиёт солҳо боз дар Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон ва коршиносони байналмилалӣ садо медиҳад. Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки Кодекси андози Тоҷикистон бори вазнинест бар дӯши соҳибкорон ва се маротибае, ки он дар даври соҳибистиқлолӣ иваз шуд, ҳеҷ яке аз ин таҳрирҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити муносибу мусоид фароҳам насохтанд.

Дар як таҳқиқоти “Paying Taxes 2019” (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифта буд, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Моҳи декабри соли 2019 намояндаи вақти Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Прадип Сривастава пешниҳод кард, ки тамаркузи қонунгузории андози ҷумҳурӣ, ки айни замон ба ҷамъоварии маблағ равона шудааст, тағйир дода шавад ва маслиҳат дода буд, ки дар Кодекси нави андоз ба ҳавасмандгардонии андозсупорандагон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

‌‌Гуфтанист ҳудуди 70%-и буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз пур карда мешавад.

‌‌‌‌‌‌‌‌

Дар бораи лимити барқ Э.Раҳмон чӣ гуфт?

0

Эмомалӣ Раҳмон 2-уми ноябр дар ҷаласаи машваратии Ҳукумат дар мавриди захира кардани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ барои замистонгузаронӣ таъкид кард, вале аз бекор шудани лимити барқ чизе нагуфт.

Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазир, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ дар Қасри миллат машварати корӣ доир кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Прзединет дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дода, ки барои зимистонгузаронӣ омода шуда, маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ захира карда, муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолиро бо барқу гармӣ таъмин намоянд.

Ин дастури Эмомалӣ Раҳмон дар бораи захира кардани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ дар ҳоле сурат гирифта, ки тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар моҳи гузашта дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 6 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванду боқӣ 18 соат аз нерӯи барқ маҳрум карда мешаванд.