Хона блог саҳифа 565

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири адлияи Эрон

0

2-уми окятбр Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо вазири адлияи ин кишвар Амин Ҳусайн Раҳимӣ мулоқот карда, ҷонибҳо таъкид карданд, ки сатҳи ҳамкориҳои худро афзоиш диҳанд.

Дар баёнияе, ки сафорати Тоҷикистон дар Эрон нашр кард, омадааст: “Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тӯли сӣ соли муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эрон заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.”

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири адлияи Эрон дар ҳоле сурат гирифта, ки ҳанӯз сардии равобити эҷода шуда байни ду кишвар пурра аз байн нарафтааст ва мақомоти Душанбе Теҳронро ба пуштибонӣ аз мухолифини ҳукумат Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.

Даъвати Дидбони Ҳуқуқи Башар аз СММ барои баррасии авзои Тоҷикистон

0

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) мегӯяд, вазъияти Афғонистон набояд боъиси чашмпӯшии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз собиқаи ваҳшатноки нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гардад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз Созмони Миллали Муттаҳид даъват намуда, ки масъалаи саркӯби ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар зимни дархост аз СММ навишта, ки Тоҷикистон дар соли 2015 ягона ҳизби мухолиф – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро мамнуъ эълон кард ва пас аз он шуморе аз раҳбарон ва садҳо фаъолони сиёсӣ, вакилони дифоъ ва рӯзноманигоронро зиндонӣ кард.

Инчунин СДҲБ таъкид намуда, ки мақомоти Тоҷикистон мунтақидон ва мухолифон ва ҳамчунин пайвандони онҳоро дар дохил ва хориҷ аз кишвар бераҳмона мавриди озору азият қарор додаанд. Озодии баёнро саркӯб ва расонаҳои мустақилро бастааст.

“Шиканҷа ва латукӯб дар боздоштгоҳҳо ба таври маъмул гузориш мешавад ва хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти роиҷ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин ҳуқуқи занону духтарон поймол мешавад ва аз адолат маҳруманд”,- омадааст дар баёнияи ин созмон.

Дар идома СДҲБ, ки мақараш дар Вашингтон аст, изҳори умедворӣ мекунад, ки ин ҳафта фурсати хубест барои кишварҳои узви СММ то ба мақомоти Тоҷикистон бифаҳмонанд, ки вазъияти Афғонистон боъис намешавад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ собиқаи ваҳшатноки ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро нодида бигиранд.

Сийнат Султаналиева, пажӯҳишгари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии HRW дар посух ба суоли АЗДО ТВ, ки оё ин нишаст метавонад Тоҷикистонро водор ба озодии зиндониҳои сиёсӣ кунад, чунин посух дод:

“Мутаассифона мо наметавонем мутмаин бошем, ки кишварҳои узви Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ метавонанд Тоҷикистонро водор кунанд то қарорҳои Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ барои озодии фаврии зиндониҳои сиёсиро иҷро кунад. Вале таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ метавонад фишорҳоро болои Тоҷикистон бештар кунад.

Мо номи тамоми зиндониҳои сиёсиеро, ки Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ дархости озодияшонро дорад, дар гузориши худ ворид кардем ва инчунин дар мулоқотҳои дуҷониба бо кишварҳои узви Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ин мавзуъро матраҳ сохтем ва аз онҳо хостем дар раванди нишаст ин мавзуъҳо ва номи зиндониҳоро зикр кунанд ва умедворем, ки рӯзи 4-уми ноябр ин иттифоқ хоҳад уфтод”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи ҷорӣ, рӯзи 4-уми ноябр дар Женева Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ нишасти Баррасии Давраии Ҷаҳонӣ (UPR)-ро баргузор мекунад. Ва қарор аст дар ин нишаст вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ин севумин нишасти (UPR) хоҳад буд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Задухӯрдҳои шадид байни Толибон ва ДИИШ дар Кобул

0

Дар натиҷаи ду таркиши пайи ҳам дар назди бемористони Сардор Муҳаммад Довудхон дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул даҳҳо кушта ва захмӣ ба қайд гирифта шудааст.

Субҳи имрӯз, 2-юми ноябр Билол Каримӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Толибон ба расонаҳо хабар дод, ки инфиҷори аввал дар рӯбарӯи бинои бемористони 400 бистари Кобул ва таркиши дувум низ дар наздикии ин бемористон рух додааст.

Ба гуфтаи Билол Каримӣ, бар асари ин таркишҳо чандин нафар захмӣ шуда, талафот низ вуҷуд дорад, вале ӯ дақиқ нагуфта, ки чанд нафар захмӣ ва кушта шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ дар Кобул аз интиқоли дасти кам 9 захмӣ ба бемористони Эмерҷинсӣ дар пойтахти Афғонистон хабар додаанд.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бори сеюм аст, ки дар Кобул таркишҳои мудҳише ба ин монанд рух додааст.

Пойгоҳи Тулуъ нюс дар Телеграм хабар медиҳад, ки ин таркишҳои имрӯза кори дасти ДИИШ буда, айни замон дар макони ҳодиса задухӯрдҳои шадид байни Толибон ва ДИИШ дар Кобул идома дорад.

Муштзанони тоҷик бе медал ба Ватан бармегарданд

0

Ҳамаи ҳашт муштзани тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон, ки имрӯзҳо дар шаҳри Белгради Сербия идома дорад, маҳрум шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми ноябр дар даври 1/8 ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ба майдон баромаданд.

Дар вазни то 80 кг Шаббос Неъматуллоев аз намояндаи Ирландия Кейлан Кэссиди ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг аз муштзани Тайланд Сомчай Вонгсуван шикаст хӯрданд.

31-уми октябр дар даври 1/8 финал Абдураҳмон Ёқубов, ки дар вазни то 60 кг баромад карда буд, аз муштзани Доминикан Алекс Де Ла Круз Баез ва Ҷаҳон Қурбонов (+92 кг) аз Нарендраи ҳиндӣ шикаст хӯрда буданд.

Ҳамин тариқ, ҳама варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии бокс байни мардон дар Белград шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоӣ маҳрум шуданд.

Қаҳрамонии бокси ҷаҳон рӯзи 24-уми октябр дар Сербия шурӯъ шуда, то 6-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар он миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард.

Бори аввал дар таърихи қаҳрамонӣ ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.

Модар, хоки поят мешавам барои ман насӯз, бачаат аз дунё сер шудааст!

0

Як ҷавони муҳоҷири тоҷикро мақомоти интизомии Русия боздошт кардаанд ва имрӯз 2-уми ноябр қарор аст ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Шабакаи ютубии “UFUQ tv” наворе нашр кард, ки гуфта мешавад, як ҷавони муҳоҷири тоҷик, зодаи ноҳияи Мастчоҳ бо дархости мақомоти тоҷик боздошт шудааст ва қарор аст ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Худи ин ҷавон, ки аз ӯ Надиров Аҳлиддин номбурда мешавад, пеш аз боздошташ дар наворе мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон нисбати ӯ бо моддаи 307 қисми 2 (даъват ба ифротгароӣ дар шабакаҳои интернетӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар пайгард қарор додааст.

Ба гуфтаи худи Надиров, мақомоти Тоҷикистон ба хотири он ки баъд аз боздошти Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус барномаҳои мухолифон ширкат ва суханронӣ карда буд, парванда боз кардаанд.

Ин ҷавон айбҳои эълоншуда нисбаташро туҳмат аз ҷониби мақомоти тоҷик медонад ва мегӯяд, “то имрӯз боре нашудааст, ки ман касеро гуфта бошам бароеду ҷанг кунед.” Ӯ дар идома меафзояд, “Танҳо соли гузашта баромад карда гуфта будам, ки фақат аз ҳаққи худатон талаб кунед.”

Ин муҳоҷири тоҷик таъкид мекунад, ки аз ҳаққи худ дифоъ карданро боби 2 моддаи 30-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Ва суханронии ӯ мухолифи қонун набуд.

Надиров дар хитоб ба модараш мегӯяд, ки ҳама ғамҳоро таҳаммул кардӣ инро ҳам таҳаммул кун. “Нури дида (модар) бачаат аз дунё сер шудааст, ин зиндагии ман ҳеч маъно надорад. Ба ин хотир арзиш надорад барои ман сӯхтанат, хоки поят мешавам барои ман насӯз!”

Дар охири навор дида мешавад, ки ҷавон мегӯяд аз телефони дигар нафар навор сабт мекунад ва аллаакй ӯро боздошт кардаанду телефонашро маъмурони интизомӣ бо дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав гирифтаанду ба ӯ намедиҳанд.

Баъд аз боздошти Иззат Амон дар моҳи марти соли ҷорӣ даҳҳо ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони дар Русиябуда эътироз карданд. Шуморе аз ин ҷавонон дар Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт ва ба Душанбе истирдод шуданд. Аммо то ҳол аз ҳоли онҳо касе огоҳ нест.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, эътирози мусолиматомез ҳаққи қонунии ҳар шаҳрванд аст, аммо мақомоти тоҷик бо баҳонаи ифротгароӣ ва даъват ба терроризм садҳо ҷавони бегуноҳи норозиро, ки як бор ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори норозигӣ кардаанд, боздош ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.

Даъбат ба хизмати ҳарбӣ 70% иҷро шуд

0

Даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон дар як моҳ 70 дарсад иҷро шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиа аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш, аввалин шуда нақшаи пешбинишударо шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба анҷом расонидаанд. Чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ дар даъвати тирамоҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, дар ҳоли пурра ба анҷом расонидани даъват мебошанд.

Тибқи иттилои Вазорат, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздики 80 %, вилояти Суғд 56% ва вилояти Хатлон бошад дар давоми як моҳ 54 %-и нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Гуфтанист, дар як моҳ зиёда аз 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақша гузориш додаанд. Дар умум нақшаи пешбинигардидаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон  70% иҷро шудааст.

1-уми октябр маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз ёфт, ки он то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Ба он ҷавонони аз 18 то 27-сола ҷалб мешаванд. Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ шаҳрдории Исфара хабар дода буд, ки ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух, нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор дорад.

Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст

0

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъу, писари Аҳмадшоҳ Масъуд феълан дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин бора рӯзи душанбе хабаргузории ТАСС аз қавли Кабир Восиқ, муовини пешини волии Панҷшер хабар дод.

“Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, вале гоҳе аз Афғонистон боздид мекунад то бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот мекунад”,-гуфтааст Кабир Восиқ ба ТАСС.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Кабир Восиқ навишта, ки Аҳмад Масъуд барои ҷалби кумакҳо ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ба чанд кишвари ҳамсоя ва минтақа сафар кардааст.

Ба гуфтаи вай, Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон талош дорад бо сафарҳои худ ҳимояти кишварҳои мухталифро барои пуштибонӣ ва тақвияти ин ҷабҳаи зидди толибонӣ ҷалб кунад ва кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро мутақоид созад то дар баробари ҳукумати Толибон мубориза кунанд.

Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон барои мубориза бо ҳаракати Толибон баъд аз тасаллути онҳо дар Афғонистон шакл гирифт.

Боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зану шавҳар

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон зану шавҳар, Давлатова Азиза ва Давлатов Лутфуллоро боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷинояӣ боз намудааст.

Додгоҳи олӣ тафтишоти қазияи латукӯб шудани Мадина Маҳмадҷонова аз нав оғоз кард.

Бино ба иттилои Додгоҳи олии кишвар, нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш  Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Иқдоми Додгоҳи олӣ пас аз он сурат гирифт, ки рӯзи 1-уми ноябр дар як ҷаласаи вижа шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина Маҳмадҷонова дахолат карда, онро зери назорат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки (тибқи маълумоте, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда) Азиза ҳамсари Лутфулло Давлатов охири моҳи август Мадина Маҳмадҷоноваро, ки ҳамкори шавҳараш буда ва бо гумони он ки ҳамсари дуюми шавҳараш шудааст, дар натиҷаи рашк бераҳмона латукӯб ва шиканҷа кардааст. Мадинаро 25 август дар ҳолати вазнин бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии “Шифобахш” дар ҳолати беҳушӣ оварданд. Табибон вазъи саломатии Мадинаро хеле вазнин арзёбӣ кардаанд, ҳатто беҳбуд ёфтанашро аз эҳтимол дур медонанд.

ВКД: Чин дар Тоҷикистон пойгоҳ намесозад

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бунёди пойгоҳи низомӣ аз ҷониби кишвари Чин дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.

29-уми октябри соли ҷорӣ ВКД дар сомонаи расмии худ маълумот дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистонро “маълумоти дурӯғ” хонда, таъкид кард, ки тибқи рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба дар доираи як Созишнома гузаронидани машқҳои тактикии муштарак байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин пешбинӣ шуда буд.

Дар идома ВКД қайд намудааст, ки ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Чин пешниҳод ва пардохт карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Ван Вэнбин дар як нишасти хабарӣ, ба суолҳо дар бораи ин ки оё Чин қасд дорад дар шарқи Тоҷикистон барои ВКД пойгоҳи вижа созад, посух надод. Вале гуфт, “ба таври рӯшан гуфта метавонам, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи низомӣ надорад.”

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш Парлумони Тоҷикистон санадеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он кишвари Чин дар водии Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои сарбозони тоҷик пойгоҳи низомӣ месозад.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, 27-уми октябр вакилони Парлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки ин пойгоҳ бо сармоягузории Чин ба миқдори 55 млн юан, муодили 100 млн сомонӣ сохта мешавад.

“Тибқи созишнома, барои бунёди пойгоҳи дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Вахон кумаки бебозгашт пешбинӣ шудааст. Насби таҷҳизоти махсус дар назар аст.”, – гуфт Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Парлумон.

Намояндагони Парлумони кишвар тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки аз Чин барои бунёди ин пойгоҳ ворид мешавад, аз андоз озод карданд.

Толибхон Азимзода ба Радиои Озодӣ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карда, гуфтааст, ки “баъзе масъалаҳое ҳаст, ки шарҳ дода наметавонад”. Ба гуфтаи ӯ, айни замон тартиби аснод барои ҷудо кардани замин ҷараён дорад.

Аз вуҷуди низомиёни чинӣ дар ҳудуди Тоҷикистон расонаҳои ҷаҳонӣ ду сол қабл хабар дода, сокинони деҳаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб вуҷуди пойгоҳи низомии чиниро дар ин минтақа тасдиқ карда буданд.

Ба қазияи латукӯби Мадина Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ кард

0

Рӯзи 1-уми ноябр дар ҷаласаи вижае бо ҳузури шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қазияи Мадина Муҳаммадҷонова – зане, ки аз ҷониби Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов мавриди шиканҷа ва озор қарор гирифта буд, баррасӣ шуд.

Чанде пеш фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буданд, ки шахсан ба қазияи латукуби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор расидагӣ кунад.

Талаби фаъолон дар пайи он садо дод, ки мақомот қазияи мазкурро баъд аз тафтиш пӯшонд ва мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парванда қатъ карда шуд.

Фаъолони ҳуқуқи занон аз он нигаронанд, ки Мадина Маҳмадҷонова аз ҷониби ҳамсари якуми Давлатов бераҳмана латукӯб шудааст ва саломатияш вазнин арзёбӣ мешавад, аммо бо вуҷуди он зани гумонбар афв ва аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Сомонаи шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ ба дархости фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи зан таваҷҷуҳ када, қазияро зери назорат гирифтааст. Айни замон Додситони шаҳри Душанбе вобаста ба ин қазия зану шавҳар, Азиза ва Лутфулло Давлатовҳоро боздошт кардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари мазкур баҳсҳои гармеро ба бор овардааст. Тибқи маълумоте, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, қазия аз ин қарор аст, ки Азиза ҳамсари Лутфулло Давлатов охири моҳи август Мадина Маҳмадҷоноваро, ки ҳамкори шавҳараш буда ва бо гумони он ки ҳамсари дуюми шавҳараш шудааст, дар натиҷаи рашк бераҳмона шиканҷа кардааст. Мадинаро 25 август дар ҳолати вазнин бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ оварданд. Табибон вазъи саломатии Мадинаро хеле вазнин арзёбӣ кардаанд, ҳатто беҳбуд ёфтанашро аз эҳтимол дур медонанд.

Аммо то ҳол назари Азиза Давлатова ва шавҳарашу вакили дифоъ вобаста ба ин қазия дастарси расонаҳо нест. Инчунин назари наздикони ҷабрдида Мадина Муҳаммадҷонова оиди тафсилоти қазия маълум нест.