Хона блог саҳифа 566

Боздошти раҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми бузург ва сӯиистифода аз мақоми хизматӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия боздошт шуд.

Бино ба иттилои Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Санатуллозода Суҳбатулло, ҳамчун роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич кору фаъолият мекард. Ӯ аз мақоми давлатӣ сӯиистифода намуда, ба боварии шаҳрванд “А” даромада аз ӯ маблағи 102702 сомонӣ гирифтааст.

Бар ивази ин маблағ ӯ ваъда додааст, ки ба шаҳрванд 2627 м² қитъаи заминро барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ҷудо карда медиҳад.

Нисбати Санатуллозода Суҳбатулло бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ба иттилои Агентӣ айни замон тафтишоти пешакӣ ба анҷом расида парванда ба додгоҳ фиристода шудааст.

Назари айбдоршаванд ва адвокати ӯ то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Аммо дар Тоҷикистон тамоми мансабдорони давлатие, ки бо ҷурми заминфурӯшӣ боздошт мешаванд, мақомот онҳоро ҳамчун қаллоб тибқи ҳамин моддаи 247 Кодеси ҷиноятӣ мутаҳҳам мекунад. Додгоҳ дар аксар маврид заминфурӯшонро муҷирим мешиносад, вале пас адои иҷрои ҷазо аксари заминфурӯшон дубора мансаби нав мегиранд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки солҳои ахир ҳолатҳои ришваситонӣ ҳангоми тақсими замин зиёд дида мешавад. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сӯҳбатҳояш заминфурӯшии мансабдоронро “дарди бедаво” номида буд.

Мағлуб шудани ду муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон

0

Ду муштзани тоҷик дар даври ҳаштякфинал шикаст хӯрда, аз идомаи рақобат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белград-пойтахти Сербистон маҳрум шуданд.

31-уми октябр ду варзишгари тоҷик, дар вазни-60 кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни+92 кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон Ёқубов дар рақобати аввалаш Роланд Велес (Венгрия) ва Ҷаҳон Қурбонов Элли Очола (Кения)-ро мағлуб карда буданд.

Гуфтанист аз оғози қаҳрамонӣ то имрӯз шаш варзишгари тоҷик аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.  

Имрӯз 1-уми ноябр дар даври ҳаштякфинал ду муштзани дигари тоҷик, Шаббос Неъматуллоев бо Кейлан Кассиди аз Ирланд ва Баҳодур Усмонов бо Сомчай Вонгсуван аз Тайланд қувваозмоӣ хоҳанд кард. Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошанд.

Қаҳрамонии бокси ҷаҳон рӯзи 24-уми октябр дар Сербия шурӯъ шуда, то 6-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар он миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард.

Бори аввал дар таърихи қаҳрамонӣ ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ба доди зани тоҷик нарасид

0

Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз суҳбат бо хабарнигорон дар робита ба бесарнавиштии як зани тоҷикистонӣ худдорӣ мекунанд.

Расонаҳои Афғонистон мусоҳибаи хонумеро нашр кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буда ва бесарнавишт дар кӯчаҳои Кобул саргардон аст.

Чанд рӯз пеш Убайдулло Баҳир хабарнигори “Tolonews” дар твиттераш акси хонумеро нашр кард, ки дорои шиносномаи Тоҷикистон аст, вале торихи муҳлати шиносномааш гузаштааст. Ин хабарнигори афғон аз масъулини Тоҷикистон хост ба доди ин шаҳрванди кишвари худ бирасанд, вале бо гузашти як ҳафта касе суроғи ин зани тоҷикро нагирифтааст.

Ҷаноби Баҳир дар суҳбати телефонӣ ба Аздо тв гуфт, ки чанд рӯзе аст, як хонуми тоҷикистонӣ дар назди идораи “Tolonews” истода дархости кумак мекунад, вале ҳоли равонияш чандон мусоид нест ва бисёр тарсидаву парешон аст. Ӯ гуфт, ин хабаро ба мақомоти Тоҷикистон бирасонед то ба доди шаҳрванди худ бирасанд ва ӯро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Хонум Бекназарова Х.Ф. шаҳрванди Тоҷикистон ва мутавалиди соли 1968 мебошад. 17 сол пеш бо як марди афғонӣ издивоҷ карда, ҳамроҳи ӯ ба Афғонистон меравад. Хонум Бекназарова як писар доштааст, ки дар сафи нерӯҳои пулиси Афғонистон хидмат мекардааст ва дар ҷанг бар зидди Толибон кушта шудааст. Бекназарова мегӯяд, ки ду моҳ шуд шавҳараш ӯро тарк кардааст ва ҳоло ҷойи хоб надорад ва 3 рӯзи ахир ӯ дар порк хоб аст. Борҳо ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале кормандони сафорат арзу доди ӯро нашнида ва ӯро аз сафорат рондаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо даъво кард, ки Ҳукумат омодаи пазироии сад ҳазор муҳоҷири афғон мебошад, вале сафорати Тоҷикистон бошад ҳатто ба доди шаҳрванди кишвари худ намерасад.

Хабарнигорони Аздо тв барои шарҳи мавзуъ ба сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе тамос гирифтанд, аммо ба тамосҳои мо ҳеҷ дипломате ҷавоб надод.

Омори охирини COVID-19 дар Тоҷикистон

0

Тибқи иттилои охирин омори расмӣ, дар Тоҷикистон рӯзи гузашта, 31 октябр ҳеч ҳолати нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Акс аз Илья Питалев, “РИА Новост”

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ дар аз оғози бақайдгирии бемории ҳамагир дар маҷмӯъ, то рӯзи 31 октябр 17086 нафар ба вируси COVID-19 гирифтор шуда, аз ин шумора 16960 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат омори фавтидагон аз ин бемориро 124 нафар эълон кадааст.

Тибқи оморҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвар касе ҳамчун гирифтор ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо ҳамеша оморҳои Вазорати тандурустии кишвар шубҳаи сокинонро ба бор меорад. Ба таъйиди баъзе манобеъ, ҳолатҳои гирифтор шудани ба вируси COVID-19 ҳоло ҳам дар баъзе навоҳии кишвар ҷой дорад. Аммо дар оморҳои расмӣ ин ҳолатҳоро ба қайд намегиранд.

Ашраф Ғанӣ дар садади гирифтани шаҳрвандии Лубнон

0

Раҳматуллоҳ Набил, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон дар тивиттераш хабар дод, ки президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар садади гирифтани шаҳрвандии кишвари Лубнон аст.

Раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон менависад, “маълумоте вуҷуд дорад, ки Ашраф Ғанӣ дар садади ба даст овардани тобеъияти Лубнон аст. Бештар аз ин хиради ҷамъиро ба тамасхур нагиред! Авомфиребии Ашрф Ғанӣ мардуми Афғонистонро бадбахт сохт.”

Аммо то ҳол вокунише аз худи Ашраф Ғанӣ ва ё ҷонибдоронаш дар рад ва ё тасдиқи ин хабар расонаӣ нашудааст.

Ин дарҳолест, ки аз Набил пештар Маҳбубшоҳ Маҳбуб, собиқ масъули дафтари матбуоти раисҷумҳури фирории Афғонистон хабар дода буд, ки “Ашраф Ғанӣ ба диққат авзоъи Афғонистонро зери назар дорад ва ҳамаи мулоқотҳо ва тамосҳояш мутобиқ ба меъёрҳои дипломотик ва усули кишвари мизбон созмондиҳӣ мешавад.”

Рӯзи 15 августи соли ҷорӣ баъд аз расидани Толибон ба дарвозаҳои Кобул Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард. Мунтақидони собиқ раисҷумҳур дар фурупошии ҳукумат ва мушкилоти амниятӣ ва иқтисодӣ Ашраф Ғаниро гунаҳкор медонанд.

КШНГЗС: Зиндониёни заҳролӯдшадаро наҷот диҳед

0

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари дохили Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳукумат фишор биоранд, “то ба зиндониёни бемор кӯмаки оҷили тиббӣ расонда, онҳоро аз ин ҳолати нигаронкунанда берун оварад.”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳамзамон аз Омбудсмени Тоҷикистон хостааст, ки  ҳамроҳ бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фавран ба ин зиндон рафта, зимни ошноии наздик бо беморон, вазъияти пешомадаро шарҳу тавзеҳ бидиҳад.

Инчунин дар баёния аз Намояндаҳои Созмони Афви байналмилал (Amnesty International), Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони рӯзноманигорони бидуни марз дархост шуда, ки аз зиндон боздид карда, аз наздик бо вазъияти зиндониёни заҳродлудшуда мутталеъ гарданд ва барои беҳбуд ёфтани онҳо иқдомҳои амалӣ намоянд.

Дар охири ин баёния Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз мақомот хостааст, ки “сабабгорон ва муқассирони аслии ин фоҷеаро пайдо намоянд, то муҷозот шаванд ва афкори умумиро низ аз ин иқдомҳо огоҳ созанд.”

Гуфта мешавад, ки дирӯз Аздо тв хабар дода буд, ки “Дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат ҳудуди 40 тан аз маҳбусон заҳролӯд шуда, бо марг дасту панҷа нарм мекунанд.”

Манобеи Аздо тв аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ), ки дар шафати роҳи Душанбе-Ваҳдат нав бунёд шудааст, мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир ҳудуди 40 нафар аз зиндониён заҳролӯд шуда, беморон айни замон дар шуъбаи беҳдоштии зиндон (санчаст), дар долонҳои он ва қисме ҳам дар катҳои хоби худ бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи Аздо тв, сарчашмаи ин заҳролӯдшавии гусутурдаи зиндониён хазонаи зеризаминии оби муассиса будааст, ки дар натиҷаи дуруст ҳифозат накардани он оби ошомидании зиндон заҳролӯд гаштааст.

Ифтитоҳи дафтари расмии ҶММА дар Душанбе

0

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбарияш ба дӯши писари Аҳмадшоҳ Масъуд, Аҳмад Масъуд аст, дар Душанбе намояндагии расмияшро боз кардааст.

Ба гузориши “Азия-Плюс”, сиёсатшиноси тоҷик Амири Замон боз шудани дафтари кории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанберо тасдиқ кардааст.

Аммо аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин расона гуфтаанд, ки дар ин маврид иттилоъе надоранд.

Изҳори бехабрии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта  директори Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко дар шабакаи иҷтимоии телеграмми ҳанӯз 23-уми октябр навишта буд: “Ҷабҳаи зиддитолибии муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон (Душанбе) намояндагии расмии худро боз кард.”

Ин дар ҳолест, ки Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии ҶММА дар твиттераш хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико иҷозати ифтитоҳи намояндагии ҷабҳаро дар Вошингтон содир кард.

Оқои Назарӣ таъкид карда, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон фаъолияти расмии худро дар тамоми ҷаҳон густариш хоҳад дод.

Баъд аз фирори Ашраф Ғанӣ ва тасаллути Толибон бар Афғонистон дар вилояти Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон ҳаракати зидди толибонӣ бо номи “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғониситон” таъсис ёфт.

Боздошти зиёда аз 400 муҳоҷир дар Маскав

0

Дар рафти баргузории як рейди муштараки кормандони Вазорати дохилии Русия дар Маскави нав беш аз 400 муҳоҷир боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Шабакаи телевизиони давлатии “Россия 24”, гурӯҳҳои вижаи полис ба таври шабонарӯзӣ дар минтақаҳои Комуннарко навбатдорӣ ва машғули анҷоми вазифа мебошанд. Мақомоти полис бо дархости сокинони маҳаллӣ барои тақвияти тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаҳо ҷалб шуда дар якҷоягӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, рейдҳои густурда на танҳо дар наздикии истгоҳҳои метро, ​​истгоҳҳои нақлиётӣ, балки дар хонаҳое, ки сокинонашон аз шумораи зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шикоят доранд, низ гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар ин минтақаҳо бо вуҷуди мақомот сокинони маҳаллӣ низ барои назорат кардани тартиботи ҷамъиятӣ як гурӯҳе бо номи “посбонони халқӣ” ташкил кардаанд.

Дар робита ба ин, Владимир Васенин, сардори Сарраёсати иттилооти Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав мегӯяд:

“Кормандони полиси шаҳр мунтазам дар ноҳияҳои маъмурии Троитский ва Новомосковский бар асоси систематикӣ ин чорабиниро мегузаронанд. Онҳо барои пешгирӣ аз нақзи қонунгузории муҳоҷират нигаронида шудаанд. Ба ҳудудҳои шафати метрои Прокшино таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Ҳама шаҳрвандоне, ки қонуншиканӣ кардаанд, ба шӯъбаи ҳудудии полис интиқол дода мешаванд ва тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.”

Гуфтанист, дар шафати биноҳои истиқоматӣ маҷмааҳои агросаноатӣ ҷойгир аст, ки бештари коргаронашон дар ҳудуди ҳамонҷо бар хилофи қонун хонаҳоро ба иҷора гирифта то 10-15 нафар зиндагӣ мекунанд.

Бино ба гуфтаи хабарнигори “Россия 24”, дар ҳоли ҳозир ба ин ноҳияҳо на танҳо полис, балки хадамоти андоз низ дар ин чорабинӣ ширкат меварзанд. Гуфтанист, охир, омилони вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин минтақаҳо моликони Маҷмааи истиқоматии “комфорт-класс” мебошанд ва сокинон талош доранд, ки бо чунин тоҷирон мубориза баранд.

Пештар дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев аз роҳбарони вилоятҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ инчунин аз хадамотҳои вижа талаб карда буд, ки сатҳи амният дар ҷойҳои будубош ва кори муҳоҷирони меҳнатӣ, бояд афзоиш дода шавад. Чун вуруди густурдаи муҳоҷирони корӣ хатари афзоиши ҷурму ҷиноят ва ҳамчунин ба миён омадани даргириҳои қавмиву мазҳабиро зиёд мекунад.

Пирӯзии Шаббос ва Ҷаҳон дар нахустин қувваозмоии худ дар чемпионати ҷаҳонии бокс

0

Ҷаҳон Қурбонов дуввумин муштзани тоҷик шуд, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белград, пойтахти Сербистон, дар нахустин қувваозмоӣ пирӯз шуд.

Рӯзи 28-уми октябр се намояндаи Тоҷикистон – Хусравхон Раҳимов (57 кг), Саидикром Амонов (67 кг) ва Ҷахон Қурбонов (+92 кг) ба ринг баромаданд.

Хусравхон Раҳимов ва Саидикром Амонов аз рақибони худ-Йилмар Гонсалес аз Колумбия ва намояндаи Норвегия Мартин Скогейм шикаст хӯрданд.

Ҷаҳон Қурбонов дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум ва нахустин қувваозмоӣ бар зидди Элли Очолаи Кения ба ринг баромада, бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст овард. Боксчии тоҷик рӯзи 31-уми октябр дар даври баъдӣ бо муштзани ҳиндӣ Нарендра қувваозмоӣ мекунад.

Шаббос Неъматуллоев

Ёдовар мешавем, рӯзи 26-уми октябр Шаббос Неъматуллоев, ки дар вазни то 80 кг рақобат мекунад, дар нахустин қувваозмоии худ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуда буд.

Имрӯз 29-уми октябр боз ду намояндаи Тоҷикистон Абдураҳмон Ёқубов бар зидди Ролан Верес аз Маҷористон (60 кг) ва Парвиз Каримов бо Ҷамар Телеяи амрикоӣ (92 кг) вориди ринги бокс мешаванд.

30-юми октябри соли ҷорӣ Баҳодур Усмонов бо Иля Шакирови рус (63,5 кг) ва Абдумалик Болтаев бо намояндаи Ҳиндустон Сумит (75 кг) қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳамчунин ин рӯз Шаббос Негматуллоев қувваозмоии дуввуми худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон бо Самуэл Камара аз Серра-Леоне анҷом медиҳад.

Қаҳрамонии бокси ҷаҳон рӯзи 24-уми октябр дар Сербия шурӯъ шуда, то 6-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар он миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард. Тоҷикистонро 8 варзишгар намояндагӣ дорад.

Бори аввал дар таърихи қаҳрамонӣ ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.

Тавофуқи ахири Тоҷикистону Қирғизистон

0

Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар наздикии марзи ҳамдигар ҳеҷ бино ва иншооте насозанд ва чорвои ба қаламрави якдигар гузаштаро ба ҳамдигар баргардонанд.

Акс аз “ИНТЕРГАЗЕТА”

Тавре хабаргузории “Интергазета” иттилоъ медиҳад, ин тавофуқ рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми октябр дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар бо иштироки намояндагони идораҳои ҳудудӣ ва сохторҳои қудратӣ ба даст омадааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар манотиқи баҳсии марзӣ ҳеҷ гуна иншоот бунёд накунанд, чорвоеро, ки аз хатти марзии шартӣ убур карда, дар қаламрави яке аз кишварҳо бимонанд, баргардонда шаванд ва барои мубориза бо қочоқ кори муштарак анҷом диҳанд. Масъулияти ин амалҳои якҷоя ба дӯши шӯъбаҳои Хадамоти марзбонӣ дар вилоятҳои Суғд  ва Бодканд гузошта шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, раҳбарони вилоятҳои ҳаммарзи Исфара ва Бодканд барои ҳалли мушкилоти об ҷаласаи алоҳида баргузор карданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои муайян кардани мушкилот дар он минтақаҳо якҷо бозрасӣ хоҳанд кард.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иддао кард, ки Мурғобро бояд Тоҷикистон ба онҳо бидиҳад. Ин иддаои ӯ дар ҷомеаи тоҷик вокунишҳои тундеро ба бор овардааст.

То ҳол дар бораи иддаои Ҷабборов мақомоти тоҷик расман чизе шарҳ надодаанд. Аммо сухангӯи Президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ба расонаҳо гуфт, сухани Ҷабборов таҳриф шудааст. Ба гуфтаи Султонбоев касоне ҳастанд дар миён, ки мехоҳанд байни Тоҷикистону Қирғизистон низоъ андозанд ва ба ин хотир суханони Ҷабборовро дар мавриди марз “таҳриф” карданд.

Аммо Султонбоев дақиқ нагуфтааст, ки кадом сухани Президенти Қирғизистон ва куҷои суханронии ӯ маҳз таҳриф шудааст. Ин дар ҳолесте, ки Содир Ҷабборов рӯзи 23-уми октябр ба расонаҳо гуфт, “Тоҷикистон иддаои бозпас гирифтани 21 ҳазор гектарро аз вилояти Бодканд мекунад. Ман гуфтам, мо соли 1924 ба Шумо Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем, биёед онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ намешаванд.” Аммо ин иддаъои Ҷабборовро мақомоти Тоҷикистон пурра рад мекунанд.