Хона блог саҳифа 570

Дар Тоҷикистон орд чаро гарон шуд? Шарҳи Вазорати кишоварзӣ

0

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабабҳои гарон шудани ордро дар бозорҳои кишвар ба кам ворид шудан ва гарон шудани он дар худи Қазоқистон рабт дод. Дар ин бора АМИТ “Ховар” аз қавли масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод.

“Имсол бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад”, – гуфт, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Абдуқодир Ятимов.

Тибқи маълумоти масъули Вазорати кишоварзӣ, талаботи солонаи бозори дохилии Тоҷикистон ба орд бештар аз 700 ҳазор тонна мебошад ва ба гуфтаи ин масъули вазорат Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони кишварро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотӣ аз Қазоқистон ва Русия ворид карда мешаванд.

“Ховар” навишта, ки дар бозорҳои кишвар аз ҷониби соҳибкорон як халта орд бо нархи  аз 260 то 280 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Аммо гузорише, ки Аздо тв дар охири моҳи сентябр тибқи маълумоти корбарони шабакаи Фейсбук нашр кард, маълум шуд, ки як халта орди навъи якум дар бозорҳои кишвар аз 245 то 330 сомонӣ гарон шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ орди навъи якум дар бозорҳои Душанбе аз 240 то 255 сомонӣ гуфта мешавад, аммо корбарон дар Фейсбук нархи онро дар бозорҳои пойтахт аз 250 то 285 сомонӣ арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи корбарон, дар бозорҳои вилоятҳои кишвар нархҳо фарқ мекунад, барои мисол, дар вилояти Хатлон аз 270 то 280 сомонӣ ва дар вилояти Суғд аз 245 то 280, дар ВМКБ, ки каме гаронтар ба назар мерасад, корбарон нархи ордро аз 280 то 330 сомонӣ гуфтаанд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои тобеи марказ як халтаи 50-килоӣ аз 250 то 300 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

“Баракат” бо гузашти қариб як шабонарӯз ҳамоно месӯзад

0

Бо гузашти қариб як шабонарӯз аз оғози сухтор дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дуди ғализи он ба осмон мепечаду оташ хомӯш намешавад.

Фарзони Муҳаммадӣ, мухбири Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш дода мегӯяд, ки сӯхтор дар ҳаҷми қариб як гектар замини бозорро фаро гирифта, бист раста аз нуқтаҳои чӯб ва тахтафурӯширо ба коми худ фурӯ бурдааст ва ҳаҷми зарар тибқи оморҳои ғайри расмӣ зиёда аз ду миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Бозори Баракати ноҳияи Боҷон Ғафуров калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ дар сатҳи вилояти Суғд дониста мешавад, ки дар ҳудуди он зиёда аз 400 дукону мағоза ва нуқтаҳои фурӯши тоҷирон ба тиҷорат машғул буданд.

Сӯхтор асосан дар растаҳои фурӯши чӯбу тахта ба вуқӯъ пайваста, иллати то ҳол муваффақ нашудани сохторҳои сӯхторхомӯшкунӣ ҳам дар он аст, ки чӯбу тахтаҳо дарун-дарун месӯзанду оби оташнишонон ба тамоми онҳо намерасад.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса аввалин нишонаҳои сӯхтор дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоми дирӯз 21-уми окятбр тақрибан соати 19:00 дида шуд ва сипас хабари ин сӯхтор аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ расонаӣ гардид.

Бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир буда, дар байни сокинон ба бозори Баракати Хуҷанд ҳам маъруф аст.

Бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2010 сохта шуда, масоҳати умумии ин бозор 7,78 гектар заминро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 400 дукону мағоза ва нуқтаҳои савдо амал мекунанд.  

А.Солеҳ: Афғонистон аз Ровилпиндии Покистон идора мешавад

0

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъд аз ғайбати беш аз 45-рӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ дарак дод.

Амруллоҳ Солеҳ дар паёми тозаи худ дар саҳфаи твиттериаш гуфтааст, ки натиҷаи дуюним моҳи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон, афзоиши фақр, бардадории занон зери номи шариъат, коҳиши тавлиди нохолиси миллӣ, маҳдудияти расонаҳо ва озодии баён будааст.

Вай дар бораи авзоъи кунунии кишвараш гуфтааст, “акнун тасмимгирӣ дар бораи Афғонистон дар *Ровилпиндии Покистон анҷом мешавад. Афғонистон бузургтар аз он аст, ки тавассути Покистон балъида шавад”.

Дар ҳоле ин паёми Солеҳ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дирӯз 21-уми октябр вазири хориҷаи Покистон Маҳмуд Қурайшӣ ҳамроҳ бо вазири амнияти ин кишвар генерал Файз Ҳамид тайи як сафари расмӣ вориди Кобул шуда, ваъда кардаанд, ки Покистон ба хотири пешгирӣ аз суқути иқтисоди Афғонистон 5 миллиард рупия ба ҳукумати Толибон кумак мекунад.

Гуфта мешавад, дар давоми зиёда аз ду моҳи ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бори дувум аст, ки Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистон ва раиси хадамоти амниятии ин кишвар расман ба Кобул сафар мекунанд.

Амруллоҳ Солиҳ, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон худро расман иҷрокунандаи мақоми президентӣ медонад ва то ҳол талош дорад, ки дубора ҷумҳурии исломиро барқарор ва ҳукумати Толибонро аз қудрат канор биронад.

Солеҳ ва хеле дигар аз мансабдорони собиқ ҳукумати Афғонистон бар ин боваранд, ки презиндти фирорӣ Ашраф Ғанӣ, ки аз нигоҳи қавмӣ мисли аксар раҳбарони Толибон ва сарвазири Покистон Имрон Хон ҳама паштун ҳастанд, якҷоя барои ба қудрат расидани Толибон талош кардаанд. Аммо Покистон ин иддаъои Солеҳ ва ҳамтоёнашро пайваста рад карда, раҳбарони давалти пешинро фосид ва муқассири суқути Ҷумҳурии исломии Афғонистон хондааст.

_____________________

*Ровилпиндӣ яке аз шаҳрҳои шинохтаи Покистон аст, ки дар ҳамсоягии Исломобод, пойтахти ин кишвар ҷойир мебошад.

Оғози баррасии як парнвади ҷиноятии таҷовуз ба номуси кӯдак

0

Додгоҳи вилояти Хатлон баррасии навбатии парвандаи ҷиноятии Рустам Болтахоновро оғоз кард. Номбурда, дар таҷовуз ва қатли духтари 9-солаи сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гумонбар дониста мешавад.

Дар ин бора “Азия-Плюс” аз қавли муовини додситони додгоҳи вилояти Хатлон Шамсулло Яҳёзода, ки ҳамзамон раисикунандаи ин парвандаи ҷиноятӣ аст, хабар дод.

Тавре манбаи “Азия-Плюс” хабар дод, Рустам Болтахонов бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 104 (Одамкушӣ), 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) гумонбар дониста мешавад.

“Азбаски мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад, ба матбуот алҳол чизи дигаре гуфта наметавонем. Вақте ки ҳукм содир шуд, сипас аз тафсилоти парванда маълумот хоҳем дод”, – гуфт Шамсулло Яҳёзода.

16-уми августи соли равон дар деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хурсон духтараки 9-сола, ки аз ӯ номбурда намешавад, ғайб зад. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд худи ҳамон шаб ҷасади ӯро аз ҷуйбори хонаи Рустам Болтахонов пайдо карда буданд.

Маъумрони интизомӣ Болтахоновро ҳамчун гумонбар дастгир карданд ва ӯ дар аввалин пурсиш иқрор шуд, ки духтарчаро аввал таҷовуз ва сипас аз тарси он ки сирраш фош нашавад, буғӣ карда куштааст.

Ба ин монанд рӯзи 19-уми октябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо низ ба хотири таҷовуз ва қатли кӯдаки ноболиғ, Руфайда Иноятова бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ (куштор ва таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста, ба ҳасби абад маҳкум кард.

Фаврӣ: Сухтор дар бозори Баракати Бобоҷон Ғафуров

0

Ин лаҳзаҳо бозори Баракат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар коми оташ месӯзад.

Шаби 21-22-уми окятбри соли ҷорӣ дар бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сухтор сар зад, ки дар натиҷа даҳҳо дукону мағоза ва нуқтаҳои савдои тоҷирон ба коми оташ рафтанд.

Дар ин наворҳо дида мешавад, ки аз дуди ғализи ин сухтор сутунҳое дар осмон мепечанду алангаи оташи сухтор аз масофаи дур намоён мешавад.

Бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир буда, дар байни сокинон ба бозори Баракати Хуҷанд ҳам маъруф аст.

То замоне ин хабар таҳия мешуд, ҳанӯз нерӯҳои сухторхомӯшкунӣ ба ҷои ҳодиса нарасида буданд ва сабабҳои сухтор ҳам то ҳол ба мардум ва ба хусус тоҷирон гуфта нашудааст.

Бозори Баракати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2010 сохта шуда, масоҳати умумии ин бозор 7,78 гектар заминро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 400 дукону мағоза ва нуқтаҳои савдо амал мекунанд.  

7 рузи рухсатӣ барои пешгирӣ аз коронавирус дар Русия

0

Путин гуфт, ки барои пешгирӣ аз мавҷи ҷадиди коронавирус дар Русия 7 рӯзи рухсатӣ бо назардошти музди меҳнати кормандон муқаррар карда шавад.

Сурат: kremlin.ru

Тибқи санаде, ки рӯзи чоршанбеи 20-уми октябр дар вебсайти Кремл нашр шуд, президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи таътили кормандон аз 30 октябр то 7 ноябр имзо кард.

Гуфта мешавад, Путин дар мулоқот бо мақомоти давлатӣ пешниҳоди кобинаи вазиронашро тайид карда гуфт, ҳоло назорат кардани авҷи нави эпидемия хеле муҳим аст.

“Фармон дар бораи эълони рузҳои рухсатӣ бо ҳифзи музди меҳнати кормандон аз 30-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2021 бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи нави коронавирус”, омадааст дар фармон.

Инчунин дар фармон омада, ки раисони минтақаҳои кишвар бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ва хусусиятҳои паҳншавии COVID-19 ҳақ доранд, ки дар минтақаҳояшон рӯзҳои ғайри кории бо музди меҳнатияшонро то 30 октябр эълон кунанд ва онро пас аз 7 ноябр тамдид намоянд.

Ба ҳукумати Русия супориш шуда, ки муассисаҳои фарҳангӣ ва тандурустӣ дар ҳолати ғайрикорӣ чӣ гуна фаъолият мекунанд, муайян карда шавад.

Ҳамзамон ба роҳбарони тамоми сохторҳои Федератсияи Русия низ супориш шуда, ки барои муассисаҳои дахлдор дар вилоятҳо, минтақаҳо бояд ин қарори президент фаҳмонида шавад.

Бар асоси ин Фармони Путин мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомот ва шӯъбаҳо вазифадор мешаванд, ки шумораи кормандонашонро муайян ва барои фаъолият накарданашон дар рӯзҳои рухсатӣ маъоиши онҳоро аз ҳисоби маблағҳои муносиби буҷаи Федератсияи Русия таъмин намоянд.

Гуфтанист, ки фармони президент аз рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

Толибон: ҷомеаи байналмиллаӣ маҷбур аст моро ба расмият бишносад

0

Вазорати корҳои хориҷаи Русия баъд аз нишасти машваратии ҳайати Толибон ва кишварҳои дигар дар Маскав зимни изҳороте эълом дошт, ки бидуни ба расмият шинохтани Толибон бо онҳо ҳамкорӣ мекунад.

Акс аз Алексей Куденко, “РИА новости”

“Муносибатҳо бо Афғонистон бояд бо назардошти воқеияти нав – баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон ҳамчунон бояд ба роҳ монда шавад.”, – омадааст дар изҳороти ВКХ-и Русия.

Дар нишасти рӯзи чоршанбеи Маскав ҷониби Русия ва дигар иштироккунандагони нишаст, новобаста аз эътирофи расмии ҳукумати нави Афғонистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, бо Толибон ҳамкорӣ карданро хостор шуданд.

Дар нишаст ба зарурати таъсиси “ҳукумати фарогир, ки манфиатҳои ҳамаи қувваҳои асосии қавмиятҳои Афғонистонро дар бар гирад, таъкид карданд.

Бино ба қавли Котиби матбуотии Президенти Русия, Дмитрий Песков, кишвари Русия гуфтушунид бо намояндагони ҳаракати Толибонро, ки ҳамчун ҳаракати радикалӣ ва террористӣ шинохта шудаанд, барои беҳтар фаҳмидани вазъ дар Афғонистон зарур мешуморад. “Тамосҳои мустақим маҳз барои беҳтар фаҳмидани ҳадафҳои Толибон, хати асосии онҳо чист ва нақшаҳои онҳо барои миёнамуҳлат ва дарозмуддат чӣ ҳастанд, зарур аст.”, – мегӯяд сухангӯи Кремл.

Дар ҳамин ҳол Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси вузарои Толибон дар суҳбат бо “Афғонистон-нтернешнл” гуфт, дар нишасти Маскав ҳама кишварҳои иштироккунанда иттфоқи назар доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон барқарор шавад ва маблағҳои мунҷамидшудаи ин кишвар бозпас гардонида шавад, то маоши коркунони давлат ва устодони донишгоҳҳо пардохт шавад.

Ӯ дар идома гуфт, агарчи кишварҳо ба расмият шинохтани Афғонистонро расман эълон накарданд, вале изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ худ баёнгари ба расмият шинохтани Афғонистон аз сӯи онҳост.

Оқои Ҳанафӣ такъдик дошт, ки ба расмият шинохта шудани ҳукумати нави Афғонистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаққи миллӣ ва ҳуқуқии афғонҳост ва бояд, ки ҳама кишварҳои ҷаҳон ба ҳуқуқи афғонҳо эҳтиром бигузоранд ва онро ба расмият бишносанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе, 20-уми октябр дар Москва нишасти сеюми “Шакли Маскав” оид ба Афғонистон баргузор шуд. Дар он бо шумули Толибон, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Чин иштирок доштанд.

Донишмандон гурдаи хукро дар инсон пайванд карданд

0

Табибон дар шаҳри Ню-Йорк муваффақ шуданд, ки гурдаи хукро дар инсон пайванд кунанд.

Табибон ин озмоиши худро болои зане, ки ба марги мағзӣ дучор шуда буд, гузарониданд ва ин таҷрибаи онҳо дар муддати се шабонарӯз ҳеч нишонаи манфие ба бор наовардааст.

Гуфта мешавад, ин амали пайвандсозии гурда (трансплантатсия)-ро табибон дар муҳити хориҷ аз бадани бемор, ки ба рагҳои хунгарди ӯ пайваст буд, назорат карда, натиҷаи ин пайвандсозиро “бисёр табиӣ” арзёбӣ карданд.

Доктор Роберт Монгомери, ки ин тадқиқотро роҳбарӣ кардааст, ба Ройтер гуфт, “пешобе, ки ин гурдаи пайвандшуда ба вуҷуд овард, ба ҳамон миқдоре аст, ки аз гурдаи кӯчонидашудаи як инсон метавон интизор дошт. Сатҳи ғайримуқаррарии креатинин, ки яке аз нишонаҳои норасоии гурда аст, пас аз пайвандсозӣ (трансплантатсия) ба ҳолати муқаррарии худ баргашт.”

Пажӯҳишгарон чандин сол аст, ки бар рӯи эҳтимоли истифода аз аъзои ҳайвонот барои амали пайвандсозӣ мутолиа ва пажӯҳишҳо анҷом медоданд, вале ба мувофиқ наомадани кори аъзои бадани ҳайвонот дар инсон рӯбарӯ мешуданд. Ва ин амали пайвандсозии гурдаи ҳавон дар инсон пас аз мутолиаи даҳсолаҳо аввалин бор аст, ки табибон бо он даст меёбанд.

Ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон ба хабарнигорон (Видео)

0

Наворҳои нашршуда нишон медиҳанд, ки яке аз нерӯҳои Толибон дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон бо силоҳ ба хабарнигор ҳамла мекунад.

Дар ин навори нашршуда дида мешавад, ки як толиби силоҳбадаст ба самти хабарнигори хориҷие, ки дар дасташ дастгоҳи аксбардорӣ дорад, мехоҳад ҳамла мекунад ва хабарнигор ба қафо гурехта, даст боло мекунаду хоҳиш менамояд, ки бо қундоқи силоҳ ӯро назанад.

Бино ба иттилои Тулӯънюс, пеш аз нашри ин навори видеоӣ Хабаргузори “Омоҷнюс” низ иттилоъ дода буд, ки дар тазоҳуроти имрӯзи Кобул шуморе аз нерӯҳои Толибон ба хабарнигорон ҳамла кардаанд.

15-уми августи соли ҷорӣ Толибон расман қудратро дар Кобул ба даст гирифт, Аморати исломии худро дубора эълон карда, маҳдудиятҳоеро болои мардум ва бахусус хабарнигорон ҷорӣ карданд. Тазоҳуроти сокинонро бидуни иҷоза мамнӯъ эълон карданд, вале бо ин вуҷуд ҳамоно хеле аз сокинон дар манотиқи мухталифи Афғонистон эътирозҳои худро аз тариқи роҳпаймоҳои гурӯҳӣ анҷом медиҳанд.

Толибон аз замони ба қудрат расиданашон талош мекунанд аз худ чеҳраи муътадил ба ҷаҳониён нишон диҳанд, то афкори умум нисбат ба онҳо тағйир кунад, вале бо гузаште беш аз ду моҳ то ҳол ҳеч кишвари дунё онҳоро ба расмият нашинохтааст.