Хона блог саҳифа 569

Табаддулоти давлатӣ дар Судон

0

Субҳи рӯзи душанбе дар пойтахти Судон-шаҳри Хуртум табаддулоти давлатӣ аз ҷониби низомиёни ин кишвар сурат гирифт.

Дар ин бора “Ройтерз” ба нақл аз Вазорати иттилооти ин кишвар хабар дод, ки дар инқилобе, ки Судон сурат гирифт, ба тамоми маъно “кӯшиши табаддулоти давлитӣ аз ҷониби артиш аст”.

Вазорат ба ин расона гуфта, ки “Мо аз тамоми мардум талаб мекунем, ки барои пешгирӣ аз табаддулоти давлатӣ, ки аз ҷониби низомиён сурат мегирад, ба кӯчаҳо бароянд ва то суқути кӯшиши табаддулоти давлатӣ хиёбонҳоро тарк накунанд”.

Ҳамчунин ин вазорат дар як изҳороти дигар хабар дод, ки нерӯҳои артиш ба маркази радио ва телевизион ҳамла карда, шуморе аз кормандони онро муҳосира карданд.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира“, дар пайи ин табаддулот, сарвазири Судон Абдуллоҳ Ҳамдук боздошт ва ба макони номаълум бурда шудааст. Ва инчунин шуморе аз мақомдорони ҳукумати Судон боздошт шудаанд.

Дар пасманзари вуқуъи табаддулоти низомӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои арбиву аврупои ин инқилобро маҳкум карда, афзуданд, ки боздошти сарвазир ва мақомдорон авоқиби хуб надорад.

Пас аз эълони Вазорати иттилооти Судон мардум дар пойтахти ин кишвар, Хартум ба кӯчаҳо рехтанд. Расонаҳои маҳаллӣ аз бархӯрди сахти низомиён бо муътаризон хабар медиҳанд. Гуфта мешавад шуморе аз муътаризон бар асари бархӯрди пулис захмӣ шудаанд. То ҳол шумораи дақиқи захмиён маълум нест.

Кафшҳои Майкл Ҷордан – 1,47 миллион доллар

0

Кафшҳои варзишии баскетболбози машҳур Майкл Ҷордан дар як музояда (ауксион) ба маблағи рекордии 1,47 миллион доллар фурӯхта шуд.

Бино ба гузориши BBC, рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Лас-Вегас музояда баргузор гардид, ки дар он як ҷуфт кафшҳои варзишии сурх ва сафеди “Nike Air Ships 1984” бо имзои соҳибаш Майкл Ҷордан, аз ҷониби коллексионери маъруф Ник Фиорелла ба маблағи 1,47 миллион доллар харида шуд. Ин баландтарин нархи пойафзол дар таърихи варзиш аст.

Майкл Ҷордан беҳтарин бозигари баскетболи замони худ ба ҳисоб рафта, ин кафшҳоро ҳангоми бозӣ дар мавсими аввали худ дар “Chicago Bulls”пӯшидааст.

Майкл Ҷордан соли 2003 аз варзиш канор рафт.

Гуфтанист, ин гаронтарин кафши фурӯхташуда нест. Моҳи апрели соли гузашта пойафзоли рэпер Кане Уэст (Nike Air Yeezy) дар як музоядаи хусусӣ ба маблағи рекордии 1,8 миллион доллар фурӯхта шуда буд .

Русия ҷалби муҳоҷирони кориро кам карданист

0

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, ки квотаи муҳоҷирон дар соли 2022 наздик ба 124 ҳазор нафар муқаррар карда, шумораи муҳоҷирони ҷалбшударо нисбат ба соли 2019 14% кам кунанд.

Бино ба иттилои ТАСС, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия пешниҳод кард, ки квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия бар асоси раводид меоянд, дар соли 2022 ҳудуди 124 ҳазор нафар муқаррар карда шавад.

Гуфта мешавад, дар соли 2019 квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ 144,5 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба давраи пеш аз пандемия шумораи онҳо беш аз 14% кам шудааст. “Ин талабот дар соли 2022 бар асоси пешниҳоди мақомоти федералӣ ва минтақавӣ муайян шуда, аз ҷониби комиссияи байниидоравӣ, ки ба ҳайати он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия, Вазорати саноат ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисодии Русия, Вазорати сохтмон ва Вазорати рушди шарқии Русия шомиланд, тасдиқ шудааст,” – омадааст дар ин изҳорот.

Қайд карда мешавад, ки лоиҳа бо назардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ тартиб дода шудааст. Инчунин қарор дар бораи ба кор қабул кардани муҳоҷирони меҳнатӣ мутобиқи квота дар ҳоле сурат мегирад, ки агар дар дохили кишвар мутахассис пайдо карда нашавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Коженов пешниҳоди як тоҷири русро дар бораи коҳиш додани квота барои коргарони хориҷӣ интиқод карда буд.

Пештар раиси ширкати “Мираторг”, Виктор Линник дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии РБК-и русӣ аз зиёд шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия ва маъоши пасти шаҳрвандони рус изҳори нигаронӣ карда гуфт, барои коҳиш додани муҳоҷирони меҳнатӣ квота се-чор маротиба кам карда шавад.

“Вақте, ки мо муҳоҷиронро ба кишвар ворид мекунем, мо барои худи шаҳрвандони рус рақобати беадолатона эҷод мекунем”,- гуфт Линник.

Бозии Тоҷикистон бо Лубнон

0

Тими олимпии футболи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе бо мунтахаби Лубнон бозӣ мекунад.

Имрӯз, 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз мешавад.

Дар даври аввал мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сардори даста Мубин Эргашев бо тими мунхаби Лубнон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ байни тимҳо соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Содир Ҷабборов: Тоҷикистон бояд Мурғобро ба мо диҳад!

0

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иддао карда, ки ноҳияи Мурғобро Тоҷикистон бояд ба Қирғизистон бидиҳад. Ҷабборов ин иддаояшро рӯзи шанбе дар нишасти матбуотие ба хабарнигорони қирғизӣ гуфт.

Содир Ҷабборов мегӯяд, мушкилоти мо бо Тоҷикистон 30 сол боз идома дорад ва дар муддати кӯтоҳ ҳал шудани он ҳам имкон надорад.

Ман бояд бигӯям, ки мо бо Тоҷикистон се мушкилии минтақаӣ дорем. Ҷабборов мегӯяд, Тоҷикистон бозгардонда гирифтани 21 ҳазор гектарро аз минтақаи Лайлаки вилояти Бодканд талаб дорад, ки ҳоло ин заминҳо ба мо тааллуқ доранд. Ӯ дар идома афзуда, “Дар чунин сурат бояд Мурғоб ба мо супурда шавад, ки аз ҷиҳати ҳудуд хеле калонтар аст”.

То ҳол ба гуфтаҳои Ҷабборов мақомоти Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд, аммо дар шабкаҳои иҷтимоии тоҷикӣ фаъолони ҷомеаи мадании тоҷик вокунишҳои зиёд карданд.

Таҳлилгарону фаъолон мегӯянд, иддаои гирифтани ноҳияи Мурғоб аз ҷониби Қирғизистон эълони душмании ошкор аст ва чунин тарзи бархӯрд ва муомила бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шуданаш ҳам эҳтимоли кам дорад.

Аммо як қисме дигар аз фаъолон бар ин боваранд, ки дар рӯзҳо агарчи тӯл ҳам кашад, бояд масъалаи делимитатсия ва демаркатсия бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шаванд.

Раисҷумҳурони ду кишвар, Тоҷикистону Қирғизистон борҳо барои ҳалли низоъҳо ва мушкилоти марзӣ борҳо бо ҳам дидору гуфтугӯ намуданд, вале зоҳиран масъала хеле печидааст ва дар ин кӯтоҳмуддат ҳал шуданӣ нест.

Беларус ба Тоҷикистон даҳҳо генераторҳои барқӣ дод

0

Беларус ба Тоҷикистон 40 тонна кумаки башардӯстона аз ҷумла, генераторҳои барқӣ, хаймаҳо, хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дод.

Имрӯз, 25-уми октябр ин кумаки башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус таҳти сарварии генерал-майори хадамоти дохилии Беларус Александр Худолеев то ба фурӯдоҳи низомии Айнӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард.

Ҳайати Беларусро дар фурӯдгоҳи низомии Айнӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон полковник С.Исозода пешвоз гирифт.

Ӯ аз ҷониби Беларус барои дастгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларусро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда баҳои баланд дод.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон

0

Рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Узбекистон интихобти президентӣ баргузор гардид. Дар ин корзори сиёсӣ ғайр аз Шавкат Мирзиёев 4 нафари дигар барои курсии президентӣ рақобат карданд.

Рӯзи якшанбе Кумиссюни марказии интихобти Узбекистон корзори интихобтиро баргузоршуда эълон кард. Тибқи эълони ин ниҳод, дар интихобот 19,86 млн нафар ширкат варзида овозҳои худро доданд.

Мирзиёев барои бори дуюм вориди рақобат шудааст. Коршиносон мегӯянд, пирӯзии вай қатъӣ хоҳад буд, зеро рақибони ӯ ҳама номзадҳои сунъӣ буда,  дар асл онҳо ҷонибдорони худи Мирзиёев ҳастанд.

Рақибони Мирзиёев, Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби “Адолат”, Мақсуда Ворисова аз Ҳизби “Халқӣ-демократӣ”, Алишер Қодиров аз Ҳизби “Эҳёи миллӣ” ва Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби “Экологӣ”-и Узбекистон буданд, ки бо Шавкат Мирзиёев, номзад аз ҳизби Лебирал-демократ рақобат карданд.

Шавкат Мирзиёев баъд аз марги Ислом Каримов соли 2016 президенти ин кишвар интихоб шуд. Ва ҳоло барои як давраи дигар қудратро ба даст хоҳад гирифт.

Дар замони президентии Шавкат Мирзиёев муносибатҳои чандсола сарди Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйир ёфта, нармтар шуданд. Ва ду тараф марзҳои якдигарро бар рӯи шаҳрвандони худ боз карданд.

Эрдуғон сафирони даҳ кишварро аз Туркия ихроҷ мекунад

0

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбеи 23-уми октябр ба Вазорати хориҷаи ин кишвар дастур дода, ки сафирони 10 кишварро “Унсурҳои номатлуб” эълом кунад.

Аз ҷумлаи даҳ кишваре, ки тибқи фармони Эрдуғон сафиронашон бояд “Унсурҳои номатлуб” хонда шаванд, Амрико, Фаронса, Олмон, Ҳоланд, Финланд, Канада, Суид, Донморк, Зеландияи Нав ва Норвегия мебошанд.

Дар пай эъломи ин фармон, ин даҳ кишвар ба таври гуногун вокуниш нишон доданд. Кишварҳои Амрико ва Омлон гуфтаанд, ки айни ҳол дар ҳоли музокира бо дипломотҳои туркӣ ҳастанд ва барои ихроҷи сафиронашон ҷавоби шаффофи Туркияро мунтазиранд.

Аммо Норвегия, Суид ва Ҳоланд эълом кардаанд, ки то ҳол ҳеч дархости расмие дар ин хусус аз ҷониби Туркия дарёфт накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки фармони Эрдуғон дар пайи эълони пуштибонӣ ва талаби озод кардани ин даҳ кишвар аз як мухолифи ҳукумати Туркия ба номи Усмон Коволу мебошад. Коволу соли 2016 пас аз инқилоби нофарҷоми мухолифони Туркия дастгир шуд ва то ҳол парвандаи ӯ идома дорад.

Кишварҳои мазкур аз ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ёд мекунанд, аммо Туркия ӯро бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили кудатои Туркия дастгир кардааст. Инчунин дар парвандаи Коволу иттиҳоми “ҷосусӣ” низ илова шудааст. Қонундонони туркӣ мегӯянд, агар ин иттиҳом исбот шавад, ҷаноби Коволуро ҳабси абад интизор аст.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки танишҳои Туркия бо кишварҳои аврупоӣ метавонад буҳрони амиқеро дар муносибатҳои Туркия ва Иттиҳоди Аврупо эҷод кунад.

ҲНИТ: Қатли мухолифин дар зиндон ба дӯши Раҳмон аст

0

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як

Азимҷон Ваҳҳобов коршиноси масоили сиёсӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ

Азимҷон Ваҳҳобов, коршиноси масоили сиёсӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар суҳбат ба Аздо тв аз ҳодисаҳои нохӯши як моҳи охир дар зиндонҳо ёдовар шуд. Ваҳҳобов бар ин бовар аст, ки ҳамаи ин ҳодисаҳои нохуш бо ҳам рабт доранд ва мақомот бо қатли ваҳшиёнаи зиндониён мехоҳанд чанд паём ба ҳама диҳад:

“Паёми аввал ин аст, ки мақомот мехоҳад рӯҳияи адолатхоҳиро дар байни зиндониён бишканад ва ба онҳо паём дода, истодааст, ки Шумо зиндониён набояд аз дохили зиндон садо баланд кунед. Агар садо баланд кардед, оқибати Шумо ин аст ва ба таври ваҳшиёна кушта мешавад.”

Дар идома Ваҳҳобов аз суҳбатҳои ахири Раҳмонов ёдовар шуд, ки дар он ӯ гуфта буд: “Намоз хонед, масҷид биравед, аммо ба сиёсат ворид нашавед, тибқи қонун ҷавоб хоҳед дод.”

“Паёми ҳукумат ба ҷомеа ин аст, ки ҳаркасе бо режим мухолифат кард, ҳатто дар дохили зиндон амният нахоҳад дошт”

Ба иддаои коршиноси масоили сиёсӣ, ҳукумат ҳамчунин ба мухолифини дар хориҷбуда паём дода истодааст, ки “Агар Шумо муқобили сафари Раҳмонов ба Урупо мешавед, мо афроди Шуморо гаравгон дорем ва ҷавоби дандоншикан хоҳем дод.”

Азимҷон Ваҳҳобов мегӯяд: Мутаассифона ин ҷиноятҳом ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҳомии ҳуқуқи башар дида мешавад, аммо ҷавоби дандоншикане ба режими Раҳмонов дода нашудааст.”

Вай умедворӣ намуд, ки ҷиноятҳои режими Раҳмонов таҳқиқ ва нафарони ҷинояткор ба сазои аъмолашон мерасанд.

Русия: Супоридани изи ангӯшт барои муҳоҷирон ҳатмӣ шуд

0

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯйхати 59 минтақаеро омода ва пешниҳод кардааст, ки аз 29 декабр муҳоҷирон метавонанд, раванди ангушнигорӣ ва аксбардории ҳатмиро оғоз кунанд.

Акс: rg.ru

Бино ба иттилои Портали федералии санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Русия, ки рӯзи 21-уми октябр нашр шуд, омадааст, ки рӯйхати минтақаҳо бо дарназардошти филиалҳои Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди назди Вазорати корҳои дохилии Русия муайян ва раванди бақайдгириро иҷро менамояд.

Вазорати корҳои дохилии Русия ҳангоми бақайдгирии ҳатмии давлатӣ супоридани изи ангуштони шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, аксбардории онҳо, инчунин қабулу фиристодани санадҳои тиббиро ба мақомоти ҳудудии ВКД- Русия муҳим дониста, гузариши муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тасдиқ мекунад “, – омадааст дар санад.

Дар ин санади Вазорати умури дохилаи Русия феҳристи 59 минтақа қайд гардидааст ва барномарезӣ шуда, ки ин лоиҳа аз 29 декабр эътибор ва ба ҳукми иҷро дарояд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар категорияҳои хориҷиёне, ки зиёда аз 90 рӯз ба Русия сафар мекунанд, аз 29 декабри соли 2021 онҳо ба супоридани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ фаро хонда мешаванд.

Гуфтанист пас аз анҷонми ин раванд ба муҳоҷирони корӣ кортҳои пластикие, ки дорои интиқолдиҳандаи маълумоти электронӣ ҳастанданд, таҳвил дода шуда, назорат аз болои муҳоҷирон пурзӯр карда мешавад.