Хона блог саҳифа 576

Имтиҳони Вазорати тандурустии Русия аз пизишкони хориҷӣ

0

Вазорати тандурустии Русия барои шахсоне, ки дар хориҷ таҳсилоти тиббӣ гирифтаанд, тартиби нави супоридани имтиҳонро омода кардааст, ки минбаъд тибқи он имтиҳон месупоранд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуотии Вазорати тандурустии Русия барои хатмкунандагони донишгоҳҳои хориҷӣ тартиби нави супоридани имтиҳонҳо пешбинӣ шуда, ки минбаъд тибқи он имтиҳон месупоранд. Агарчӣ онҳо бо тартиби соддашуда низ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба онҳо ҳеҷ гуна “имтиёзҳо” дода намешавад.

Гуфта мешавад, дар ин миён мутахассисон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Беларус истисно мебошанд.

Бино ба иттилои “Коммерсантъ“, рӯзи 11-уми октябр Михаил Андрончиков, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Федератсияи Русия гуфт, бо кишварҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи созишномаҳои дуҷониба мавҷуд аст мутахассисонаш бо соҳаи тиббӣ ин кишвар баробар аст. Чунки механизмҳои мониторинги сифати таълими мутахассисони хориҷӣ солҳои тӯлонӣ танзим карда шудаанд, афзуд ӯ.

«Масалан, барои мутахассисони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳсили баъдидипломӣ бо тартиби муқаррарнамудаи созишномаҳои дуҷониба бо ин кишварҳо баробар аст. Аммо мутахассисони Озарбойҷон ва Арманистон бояд дар кишвари мо таҳсилоти иловагии баъдидипломӣ бигиранд. Мутахассисони дигар кишварҳо бояд аккредитатсия шаванд ”, – гуфт муовини раиси иттифоқи касаба Михаил Андрончиков.

Вазорати тандурустии Русия мегӯяд: “Шахсоне, ки дар давлати хориҷӣ таҳсилоти тиббӣ гирифтаанд, ҳеҷ бартарӣ надоранд, аз ҷумла нафароне, ки шаҳрвандии Русияро ба таври соддакарда гирифтаанд. Тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ҷорӣ ҳеҷ имтиёзе пешбинӣ нашудааст.”

Инчунин Вазорат тартиботи нав дар бораи супоридани имтиҳонро чунин шарҳ дод, ки он бояд мутобиқи фармони ҳукумати Русия дар соли 2021 таҳти No 440 “Дар бораи тамдиди иҷозат ва дигар хусусиятҳо вобаста ба фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар солҳои 2020 ва 2021” таҳия шавад.

Тибқи ин фармон, мутахассисони хориҷӣ ба фаъолияти тиббӣ ва фармасевтӣ дар қаламрави Русия танҳо дар сурати риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешаванд:

Мавҷудияти ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва (ё) тахассус;

Бо муваффақият супоридани имтиҳони махсус бо тартиби муқаррарнамудаи “Росздравнадзор”;

Мавҷудияти сертификати забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия.

Таркиш дар масҷид ҷони 50 нафарро гирифт

0

Рӯзи ҷумъа дар масҷиди Сайидободи минтақаи Хонаободи вилояти Қундузи Афғонистон ҳамлаи маргинтиҳорӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа ҳудуди 50 нафар кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шуданд.

Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки масъулияти ин ҳамлаи мудҳишро ДОИШ бар уҳда гирифтааст.

Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳои дуру наздик ин ҳамларо маҳкум карда, онро ҷинояти зидди башарӣ номиданд.

Дар баёнияи Созмони Миллали Муттаҳид омада, ки иттилооти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки дар ин рӯйдод наздик ба дусад тан кушта ва захмӣ шудаанд. Ин сеюмин ҳамлаи маргбор дар ин кишвар дар як ҳафта аст, ки ниҳодҳои мазҳабиро ҳадаф қарор додааст.

Дар вокуниш ба ин ҳодиса Забҳуллоҳи Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанг ва сухангӯи Толибон гуфтааст, Иморати исломӣ омилони ин ҳамларо пайдо ва ҷазо хоҳад дод.

Гуфта мешавад, дар масҷиди мазкур пайравони аҳли ташаюъ намоз мегузоштанд ва таркиш ҳангоми намоз хондан рух додааст.

Мақомоти вилояти Қундуз ба расонаҳо гуфтаанд, таркиш дар дохили масҷид ҳангоме рух дод, ки беш аз сесад нафар дар ҳоли адои намоз буданд.

Оғози шиканҷаи Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндони Ваҳдат

0

Абдуқаҳҳори Давлат, рӯзноманигор ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро пас аз шиканҷа дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат ба “картсер” интиқол доданд.

Бино ба иттилои манобеи Аздо тв, дар рӯзҳои аввали моҳи окятбри соли ҷорӣ Абдуқаҳҳори Давлатро баъд аз ба зиндони нави Ваҳдат интиқол додан нахусут бо баҳонаҳои сохта шиканҷа ва сипас ба картсер интиқол доданд. Ҳамсуҳбати мо сабаби интиқоли ин маҳбуси сиёсиро ба “картсер” шарҳ надод.

Ҷамшед Ёров ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик мегӯяд: “Яке аз чорахои муҷозотӣ нисбати маҳкумшудагон ин ба картсер ва ё камераи яккаса ҷойгир намудани маҳкумшудагон мебошад. Сабабҳо барои ин муҷозот гуногун мебошанд: итоат накардан ба фармони кормандони муассиса, майдаавбошӣ кардан, истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва машруботи алкоголӣ; таҳдид ё таҳқири дигар намояндагони ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон; ташкили корпартоӣ ва ғайра.”

Ҷамшед Ёров меафзояд: Маъмулан дар Тоҷикистон ба картсер маҳз маҳбусони сиёсӣ, ки дар шароити маҳбас низ аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ дифоъ мекунанд, бар муқобили маҳдудиятҳои ғайриқонунии кормандони муассиса вокуниш нишон медиҳанд, ворид карда мешаванд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ҷамшед Ёров таъкид мекунад: “Маҳбусони сиёсӣ барои режими имрӯзаи кишвар хатар доранд, ҳарчанде дар зиндон ҳам бошанд ва ба картсер ҷой кардани онҳо ба муддатҳои гуногун ин як навъ усули шикастани руҳияи озодихоҳии онҳост.
Ҳарчанде, ки Қонун барои ворид кардани шахсро ба картсер ба танзим даровардааст ва барои ин қарори сардори муассиса ва хулосаи комиссияи махсус лозим аст, ман гумон намекунам, ки ин талаботи қонун дар Тоҷикистон нисбати маҳбусони сиёсӣ иҷро шавад.”

Дар гузашта низ Абдуқаҳҳори Давлат, зиндонии сиёсии тоҷик чандин маротиба бо сабабҳои номаълум ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ ва “картсер” бурда шуда, мавриди шиканҷаи зиндонбонҳо қарор гирифта буд.

Гуфта мешавад, моҳи майи соли 2019 низ ҳангоми бурузи ҳодисаи хунин, ки дар натиҷа 29 маҳбус ва 3 зиндонбон дар зиндони маъруф ба “кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат  кушта шуда буданд, Абдуқаҳҳори Давлат низ аз ноҳияи дастонаш захмӣ шуда, ангуштони дасташ шикаста буданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш

Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ

Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ ба расонаҳо гуфта буд, ки ба зиндони нав гузаронидани Абдуқаҳҳори Давлат ва се нафари дигар имкон дорад нақшаеро монанд ба террори Махсуми Абдусаттор, Эшони Қиёмиддин ва Шайх Темур дар пай дошта бошад.

Абдуқаҳҳори Давлат дар ҳоле ба “картсер” бурда шуд, ки чанд рӯз пеш аз ин дар бораи шиканҷа шудан ва ҳадафи ҳамла қарор гирифтани Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва Раҳматуллои Раҷаб дар ин зиндон гузориш шуда буд ва пас аз он Вазорати адлия бо пахши як изҳорот хабари латукӯб шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаро тасдиқ ва ҳамла ба Раҳматуллои Раҷабро такзиб карда буд. Аммо пайвандони Раҳматуллои Раҷаб гуфтанд, ки вай дар суҳбати телефонӣ бо тарс гап мезад.

Ҳамчунин наздикон ва пайвандони роҳбарони ҲНИТ бо ирсоли як нома ба созмонҳои ҷаҳонӣ  изҳори нигаронӣ намуда буданд, ки ҷони маҳбусони сиёсӣ дар хатар аст ва аз созмонҳо хоста буданд, то ба вазъи хешовандони онҳо дар зиндон расидагӣ шавад.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар суҳбат ба Аздо тв ин ҳодисаи шиканҷаи рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндони нави шаҳри Ваҳдатр (3/2)-ро рад накард, вале гуфт, ба мо хатти муроҷиат кунед, мо тафсилоти ин хабарро катбӣ ба шумо пешниҳод мекунем.

Абдуқаҳҳори Давлат, рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон дастгир ва майи соли 2016 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муддати 28 сол бо моддаҳои сохтаву бофта равонаи зиндон шуд.

Мақоми шиносномаи Тоҷикистон дар ҷаҳон

0

Дар шохиси ҷаҳонии шиносномаҳои кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар байни 199 кишвари дунё мақоми 90-умро ишғол кард, ки ин назар ба гузоришҳои қаблӣ 5 зина поёнтар аст.

Созмони “Henley global” (Ҳенли глобал) шохиси навашро дар якҷоягӣ бо Созмони байналмиллалии ҳамлу нақли ҳавоӣ (IATA) дар давоми 16 сол гирдоварӣ кардааст. Ин созмон дар гузориши ахираш тамоми шиносномаҳои ҷаҳонро аз ҳисоби он ки ба кадом кишварҳо бидун раводид ва ё гирифтани раводид ҳангоми расидан дар фурӯдгоҳ, рафту омад карда метавонанд, раддабандӣ кардааст.

Ин шохис 227 самтҳои гуногуни сафарро мавриди омӯзиш қарор дода, он ҳар семоҳ пас нав карда мешавад.

Дар раддабиндии ин созмон мақоми аввалро Ҷопон ва Сингапур ишғол кардаанд, ки шаҳрвандони ин кишварҳо бо 192 кишвари дунё бидуни раводид сафар карда метавнанд. Ва мақомҳои дуюму сеюмро кишварҳои Олмону Куриёи Ҷанубӣ, Финланду Итолиё ва Испониё касб кардаанд.

Аз рӯи ин раддабандӣ Тоҷикистон мақоми 90-умро касб карда, ки дар байни Ҳиндустон ва Буркина Фасо қарор дорад ва шаҳрвандонаш бо 58 давлати дунё бидуни раводид сафар карда метавонанд. Аммо аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон аз ҳама пешсаф буда, мақоми 74-умро касб кардааст ва шаҳрвандони ин кишвар бо 75 кишвар бидуни раводид сафар карда метавонанд. Қирғизистон мақоми 86 ба 62 давлат, Узбекистон мақоми 92 ба 56 давлат ва Туркманистон мақоми 96 ба 52 давлат сафар карда метавонанд.

Дар ин раддабандӣ шиносномаи Русия мақоми 52-юмро ишғол карда, бо он метавон 118 кишвари дунё бидун раводид сафар акрд.

Дар ин раддабандӣ аз ҳама охир шиносномаи Афғонистон ҷойгир шуда, мақоми 116-умро касб кардааст, ки ба 26 кишвар сафар карда метавонанд.

Индекси шиносномаи Henley & Partners як шохиси байналмиллалии кишварҳо дар мавриди озодии ҳаракат ва сафари шаҳрвандон мебошад. Кишварҳои дунё тибқи Индекси шиносномаи Henley & Partners аз рӯи он раддабандӣ мешаванд, ки кишвари мавриди омӯзиш бо чанд кишвари дигар метавонад озодона бидуни раводид ва ё гирифтани раводид ҳангоми расидан, сафар кунанд.

Аз соли 2018 ин шохис ҳар семоҳ аз нав карда мешавад. Зеро имкон дорад ҳар кишваре дар натиҷаи равобити дипломатӣ мавқеаш дар ин шохис тағйир ёбад.

Баргузории Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия

0

Ба гузориши

Ба иттилои манбаъ, аз 11-13 октябри 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шудааст.

Дар кори ҷаласа масъулини вазорату идораҳо ва роҳбарияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, сармоягузорон, инчунин субъектҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия ҷиҳати баррасии доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ иштирок менамоянд.

Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур 13 октябри соли 2021 Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва В2В вохӯриҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо иштироки беш аз 100 субъекти бахши хусусии Тоҷикистону Туркия пешбинӣ шудааст.

1 миллион сомонӣ баҳонаи боздошти қаллоби Додгоҳи олӣ

0

Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти корманди Додгоҳи олии Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Агентии мубориза бо фасод Сайнуриддин Сафарзода дар замони кор карданаш дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати судии Додгоҳи олӣ ҳудуди як миллион сомонӣ аз корафтодаҳо ва корҷӯён ба сифати пора пул гирифтааст

Гуфта мешавад, ки дар давраи кор дар ин вазифа Сафарзода аз шаҳрвандон пул гирифта, ваъда медодааст, ки баҳсҳои додгоҳиро ба фоидаи онҳо ҳал менамояд ё барои қатъи парвандаҳои ҷиноӣ мусоидат мекунад.

Вай инчунин аз як шаҳрванд барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан, миқдори муайяни пулро гирифтааст. Ҳамин тариқ, гумонбар дар маҷмӯъ  64,5 ҳазор доллар ва 210 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Нисбат ба Сайнуриддин Сафарзода бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ равон шудааст. Назари гумонбар ва адвокати ӯ то ҳол дастраси расонаҳо нест.

Поёни музокироти бенатиҷаи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Давраи нави музокироти гурӯҳҳои кории топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба охир расид.

Акс аз “dw.com”

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ҷаласаи навбатии ин ҳайат 5-уми октябр дар шаҳри Исфанаи Қирғизистон шуруъ шуда, 9-уми октябр ба охир расид.

Ба гуфтаи расонаҳои Қирғизистон, гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ин ду кишвар дар якдигарфаҳмии комил гузаштанд. Дар поёни мулоқот протокол ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки дар анҷоми ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кунанд.

Аммо гурӯҳҳои кории ҳукуматҳо дар ин ҷаласаи навбатӣ ба чӣ хулоса расиданд, чизе гуфта нашудааст. Танҳо ҳамин қайд мешавад, ки ҳайатҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар расонаҳои Тоҷикистон, ба хусус расонаҳои давлатӣ дар мавриди ин мулоқот хабаре нашр нашудааст ва ҷузъиёти он маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз даргириҳои хунини охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои ду кишвар сард шуд ва Қирғизистон марзҳои худро бар рӯи тоҷикистониён баст.

Намояндагони ду кишвар дар сатҳҳои гуногун борҳо барои ҳалли низоъ ва маълум кардану аломатгузории марзҳо дидору гуфтушунид анҷом доданд. Аммо то ҳол ба як тавофуқи умумӣ нарасидаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам ҳудуди 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол аз ин миқдор 519 киломатреш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Оғози сафари Раҳмон ба Аврупо

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз аъзои ҳукуматаш ба кишвари Белгия сафар кард.

Акс аз “Ховар”

10-уми октбри соли 2021, Хадмаоти матбуотии Президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умумри равобити хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст Раҳмон дар ин сафари худ ба Аврупо бо иддае аз раҳбори Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел, пойтахти Белгия мулоқот анҷом диҳад.

Инчунин тибқи барномаи сафар рӯзи 13 октябр Раҳмон баъд аз Белгия ба Фаронса сафар мекунад ва дар онҷо бо Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад.

Ҳадаф аз ин мулоқоту дидорҳо бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо баррасии авзои минтақа, ба хусус вазъияти охири Афғонистон гуфта мешавад.

Аз ин пештар гурӯҳе аз мухолифон, ки дар Аврупо паноҳанда ҳастанд, бо ирсоли номае аз Парлумони Иттиҳоди Аврупо талаб намуданд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафараш бихоҳанд зиндониёни сиёсиро раҳо кунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, ки мақарраш дар Лаҳистон аст, аз Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва президенти Фаронса хоста буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд то

– ҳукуматро аз чанголи хонаводааш раҳо созад;

– ба дархости созмонҳои байнулмилалӣ дар бораи озод кардани мухолифони сиёсӣ посух диҳад;

– фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳу ҷунбишҳо дар кишвар озод бошад;

– ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни асосӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ пойбанд гарданд;

– шаҳрвандони бепаноҳи афғонистонӣ билофосила дар кишвар ҷой дода шаванд.

Интизории корфармоёни рус аз муҳоҷирон

0

Русия мегӯяд, норасоии коргарон дар сохтмонҳо аз як то якуним миллион нафарро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ кайҳо боз интизори иқдомҳои мушаххас дар бораи рафъи камбуди муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Сурат: ИЗВЕСТИЯ

Александр Ручев, раиси ширкати рушд ва сармоягузории “Основа” мегӯяд, вижагии хосе, ки дар мавзӯи боз шудани марзҳо барои муҳоҷирони корӣ муайян шудааст, ин хеле мусбат аст. Бозори меҳнат кайҳо боз дар интизори амалӣ шудани лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони корӣ ба сохтмонҳо ва рафъи камбуди нерӯи корӣ буд. Дар ин бора таҳиягарон ва риелторҳо дар мусоҳиба бо “Известия” иттилоъ медиҳанд.

Пештар Ҳукумати Русия дар робита ба вуруди муҳоҷирони корӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сохтмонҳои ин кишвар лоиҳаеро ба тасвиб расонда буд ва тибқи он шумораи ҳадди аксари шаҳрвандони хориҷӣ дар доираи лоиҳа 10 ҳазор нафар гуфта мешуд, ки дар робита ба ин Александр Ручев мегӯяд:

“Умедворам, ки 10 ҳазор муҳоҷири корӣ ин танҳо дар марҳилаи аввал бошад, зеро талаботи умумии коргарон дар сохтмонҳои Русия тибқи ҳисобҳои гуногун аз 1 то 1,5 миллион нафар аст ва он афзоиш меёбад.”

Инчунин роҳбари Маркази биноҳои нави ширкати федералии “Этажи” Сергей Зайтсев қайд мекунад, ки агар раванди камбуди нерӯи корӣ идома пайдо кунад он ба бозори сохтмони манзили инфиродӣ низ таъсир мерасонад.

Бино ба гуфтаи Зайтсев, бояд як механизми соддае эҷод кард, ки бозорро барои захираи нерӯи корӣ ҳарчи зудтар пур кунад ва он самаранок бошад. Вай бар ин бовар аст, ки ҳар гуна маҳдудиятҳои қатъии қабули муҳоҷирон метавонад монеаҳои иловагӣ эҷод кунад, ки дар ниҳоят арзиши ин гуна захираҳоро афзоиш медиҳад ва метавонад ба нархи манзилҳо барои истеъмолкунандагони ниҳоӣ таъсири манфӣ расонад.

Ин коршиносон дар ҳоле аз камбуди нерӯи корӣ дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд, ки пештар коршиноси дигари рус аз паст будани музди меҳнат ба худи русҳо шикоят ва барои рафъи маоши кам дар ин кишвар хостори 3-4 маротиба кам кардани квотаҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ шуда буданд.

Таҳдиди Толибон ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Толибон бидуни ном гирифтан аз Тоҷикистон ба Эмомалӣ Рамҳон ҳушдор додааст, ки агар ба Афғонистон ҳамла кунад, мисли Амрико ва муттаҳидонаш шикаст мехӯрад.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққат ва сухангӯи Толибон дар Афғонистон бо интишори баёнияе дар 20-умин солрӯзи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон ин ҷангро тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ин кишвар хонда, гуфтааст, “бояд барои дигарон ибрат бошад, то ба фикри ҳамла ба Афғонистон набошанд.”

Ҳамзамон сухангӯӣ Вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова гуфтааст: “Маскав аз наздик вазъият дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро назорат мекунад ва дар сурати лузум қотеона амал хоҳад кард.”

Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли сухангӯи дастгоҳи дипломатии Русия Мария Захарова иттилоъ додааст: “Байни мақомоти Русия ва Тоҷикистон ва бахусус Хадамоти марзбонӣ ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар иртибототи хубе вуҷуд дорад.”

Мария Захарова таъкид кардааст, ки “мо ҳамкории худро дар заминаи тақвияти тавони низомии Тоҷикистон идома медиҳем ва дар ҳолати бад шудани авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон “Пойгоҳи 201”-и Русия дар ин кишвар ба кумаки марзбонони тоҷик мешитобад”.

Танишҳои лафзии Тоҷикистону Толибон дар ҳоле шиддат мегирад, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон ду паради низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Ва аз сӯи дигар Толибон ҳам эълон карданд, ки ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз хатари таҳдидҳои марзӣ шохаҳои “Лашкари Мансурӣ”, ки аз онҳо ҳамчун нерӯҳои вижаи маргталаб ёд мешавад, ба вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон фиристодаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои афғонистонӣ Вазорати хориҷаи Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати муваққати Толибон дар ин кишвар эълом кардааст, ки талош дорад, танишҳои лафзӣ байни Тоҷикистону Афғонистонро ба пойинтарин ҳад бирасонад.

7-уми октябри соли 2021 аз оғози ҳамлаи Амрико, Бритониё ва муттаҳидонашон дар НАТО ба Афғонистон 20 сол гузашт. Ҳамлае, ки дар соли 2001 ба суқути далвати Толибон дар Кобул мунҷар шуд. Аммо Толибон дар муддати 20 соли ҷанг ором нанишаста, ҳамеша дар ҳолати набардҳои низомӣ, сиёсӣ ва расонаӣ қарор доштанд, то ин, ки саранҷом дар рӯзи 15-уми августи соли 2021 бидуни ҷангу хунрезӣ дубора вориди Арги раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул шуда, қудратро ба даст гирифтанд.