Хона блог саҳифа 577

Пешниҳод: Сигнолҳои худравҳо ба мусиқии форам иваз карда шаванд

0

Ҳиндустон сигнали мошинҳоро аз садои оддии гушхарош ба оҳангҳои миллии ин кишвар иваз карданист.

Бино ба иттилои хабаргузории ҳиндии “The Times of India”, вазири ҳамлу нақли ин кишвар тасмим дорад қонунеро барои қабул ба парлумони ин кишвар ироа кунад, ки тибқи он мехоҳад садоҳои гӯшхароши худравҳоро дар хиёбонҳои пуриздиҳом ба навоҳои мусиқии миллии Ҳиндустон иваз кунад.

Вазири ҳамлу нақли Ҳиндустон Нитин Годкори ва ҳамзамон намояндаи парлумони ин кишвар рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт: “Ман ин тарҳро меомӯзам ва ба зудӣ раванди ҳуқуқии онро пайгирӣ хоҳам кард. Аз ин ба баъд, мо мехоҳем, ки сигнолҳои ҳама худравҳо ба садои мусиқии миллии Ҳиндустон шабоҳат дошта бошанд, то ин барои мардум форамтар бошад.”

Ин мақоми ҳиндӣ афзуда, ки тарҳи ӯ барои худравҳои ёрии таъҷилӣ, пулис ва дигар мошинҳои давлатӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ҳиндустон яке аз кишварҳоест, ки аз лиҳози таҷаммуъи аҳолӣ ва ҳаракати зиёди васоили нақлиёт дар шаҳрҳояш, яке аз пурғавғотарин шаҳрҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Автобусҳо, мошинҳои боркаш, таксиҳо, мотосиклҳо, мошинҳои хусусӣ, мошинҳои боркаш ё сечархаҳо дар кӯчаҳо бидуни ҳеч риояи қоидаи роҳ фақат бо сигнол додан мегарданд.

Дар Суғд аз 500 бехона 1 нафар ба қайд гирифта шудааст

0

Тибқи як таҳқиқот нафарони бехонаву сарпаноҳ танҳо дар вилояти Суғд 500 нафарро ташкил дод, аммо расман дар мақомоти вилоят 1 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Акс аз “Asia-Plus”

Бино ба иттилои “Азия-Плюс”, ин таҳқиқот аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” бо сармоягузории Фонди ҷамъиятии “Нотебене” ва гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шудааст.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, нафарони бехонаву сарпаноҳ аз сабаби надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аз ҳуқуқҳои иҷтимоию тиббӣ маҳрум будан, қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб мешаванд.

Ба гуфтаи раҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” Баҳринисо Абдураҳмонова, рӯз ба рӯз шумораи афроди бехонаву сарпаноҳ дар вилояти Суғд дар ҳоли афзоиш аст.

Таҳқиқот сабабҳои бехонумон шудани ин афродро гуногун арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки баъзе ба далели муноқишаҳои оилваӣ, фурӯхтани хона дар пайи мушкилии иқтисодӣ, қарздорӣ аз бонкҳо, баъди озод шудан аз маҳбас ва баъди баромадан аз хона – интернатҳо бепаноҳгоҳ мондаанд. Таҳқиқот мегӯяд, 52 дарсади онҳо пеш аз чунин ҳолат соҳиби хона будаанд, вале бо далелҳои гуногун дар кӯча мондаанд.

Раҳбари ташкилоти “Диёр” афзуда, ки ин афрод аз сабаби надоштани мадорики муҳим наметавонанд сари вақт табобат гиранд ва дар натиҷа аксарашон ҷавон мемиранд.

“Бесарпаноҳон ҳамчунин, нафарони ихроҷ ё депортшуда, муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони баъзе ақаллиятҳои миллӣ ва то ҳатто ноболиғон ҳастанд. Онҳо дар биноҳои вайронаи сохтмонаш нотамом, таҳхонаҳо, гаражҳо,  қабристонҳо дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари ин гурӯҳ аз сабаби бесаводӣ ва тангдастӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва аз ин рӯ  наметавонанд ёрии тиббӣ бигиранд. Онҳо бар асари бемориҳои музмин ва сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД, гепатит, сиррози ҷигар, сил ҷавон мемиранд”, – мегӯяд Абдураҳмонова.

Ҳамзамон гуфта мешавад, беш аз нисфи онҳо шахсони 44-сола буда, 2 дарсадашон ноболиғон ҳастанд.

“Таҳқиқот байни 100 нафар афроди бесарпаноҳ нишон дод, ки 54% онҳо аз 18 то 44 сола, 14% аз 44 то 60 сола ва 2% аз 60 сола боло ва ё то 18 сола мебошанд. Инчунин, 94% шаҳрванди Тоҷикистон буда, 4% шахсони бешаҳрванд ва 2% хориҷиён ҳастанд. Аз рӯйи ақалиятҳои миллӣ аз ин шумора 42% тоҷикон, 25% ӯзбекҳо, 21% русҳо буда, 12% дигар тотору украин, кореягӣ ва африқоӣ мебошанд.”, – омадааст дар таҳқиқот.

Муаллифони таҳқиқот мегӯяд, давлат барномае барои ёрии ҳуқуқӣ ба афроди бесарпаноҳ надорад ва бояд ба ин сиёсат таҷдиди назар кунад ва набояд ин қишр аз ёрии ҳуқуқӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумат дур монанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи камбизоатӣ ва кумак ба ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамасола аз созмонҳои байналмиллалии молӣ кумакҳои ҳангуфт дарёфт мекунад, вале дар оморҳои расмӣ ба ҷои 500 нафар танҳо як нафар сабт мешавад. Ва Ҳукумат ҳам дар мавриди ин ки ин кумакҳо дар куҷо ва чӣ гуна масраф мешаванд, омода нест ба ҷомеа гузориш пешниҳод кунад.

Хутбаи Ширин Амонзода ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

0

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик тавсия додааст, ки тибқи қоидаҳои шариати исломӣ назм ва назофатро риоя кунанд.

Сурат: migrantocenter.ru

Намояндаи Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик тавсия додааст:

“Агар шумо муйлаб ва риш мондаед, тибқи қоидаҳои шариати Ислом бояд ҳар рӯз онро тозаю покиза нигоҳ дореду тарзе онро нигоҳубин намоед, ки атрофиён аз шумо тарс надошта бошанд.”

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик таъкид мекунад: “Намозро дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Федератсияи Россия муайян намудааст, адо намоед. Дар ҷойҳое, ки хондани намоз манъ карда шудааст бояд дар он ҷой намоз нагузоред.”

Илова бар ин, ба муҳоҷирони меҳнатӣ инчунин тавсия дода, ки пас аз кор ба китобхонаҳо, театрҳо, осорхонаҳои ин кишвар рафта фарҳанг, таърих, забони мардуми русро биомӯзанд ва онро эҳтиром кунанд. Ва агар имконпазир аст, ба донишгоҳҳои Русия ғоибона дохил шаванд.

Ҳамзамон намояндагӣ таъкид мекунад, ки шабакаҳои иҷтимоиро бо эҳтиёт ва самарнок истифода намоянд, “аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намуда, қимматарин арзиши инсониӣ – вақти худро сарфа накунед.”

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Маскав муҳоҷирони кории тоҷикро ба касбомӯзӣ, хондан дар донишгоҳҳои олӣ ва рафтан ба театру дигар ҷойҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ бо пул ва имконоти худи муҳоҷирон тарғиб карда, насиҳат кардааст:

“Агар дар марказҳои дилхӯшӣ шароб нӯшидед ва ё хоҳиши тамоку кашидан доред, пас бояд донед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидан ва истифода бурдани онҳо манъ мебошад.”

Дар охир намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия мерасонад, ки дар сурати пайдо шудани суол ва ё мушкилоти дигаре ба ин Намояндагӣ муроҷиат кунанд.

Намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Париж

0

211 адад нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж бурда шудааст.

Гуфтанист, дар ин осорхона аз рӯзи 13-уми октябр соли ҷорӣ то 10-уми январи соли 2022 намоиши нигораҳои таърихӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҳоли ҳозир аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон 70 нигораи нодир ва аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон зиёда аз 140 нигораи нодир ба Париж бурда шудаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо забонҳои гуногун намоиши филмҳои тоҷикӣ ва наворҳо дар бораи мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манобеи Аздо тв, Эмомалӣ Раҳмонов рӯзҳои наздик ба Париж сафар ва аз ин намоишгоҳ дидан хоҳад кард.

Таърихи бунёди Музеи Гимей соли 1889 замоне оғоз ёфт, ки фаронсавӣ Эмил Гиме, ки ба фарҳангҳои халқҳои дигар таваҷҷӯҳ дошт, дар заминаи коллексияи хусусии ашёҳои Шарқ як муассисаи хурди фарҳангиро таъсис дод.

Бори аввал Эмил Гиме коллексияи худро соли 1879 дар Лион ба намоиш гузошт ва баъд соли 1889 коллексияи Гиме ба Париж кӯчид.

Ҳоло дар ин осорхона мешавад бузургтарин коллексияи осори фарҳанги шарқиро, ки аз Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Корея оварда шудаанд, пайдо кард.

Ҳамоиши эътирозии аъзои “Гурӯҳи24” дар Олмон

0

7-уми октябри соли ҷорӣ ҷамъе аз аъзои “Гурӯҳи24” дар шаҳри Кёлни Олмон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Ба навиштаи сомонаи расмии “Гурӯҳ24”, ҳадаф аз ин ҳамоиши эътирозӣ дар назди бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Олмон дар шаҳри Кёлн баррасии мунсифонаи парвандаҳои паноҳҷӯёни сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо будааст.

Дар гузориш омадааст: “Иштирокчиёни ин ҳамоиш бо дар даст доштани овезаҳо ва шиорпартоиҳо аз Ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талаб намуданд, ки дар таҳқиқ ва аз нав баррасӣ намудани қазияҳои мухолифин ва паноҳҷӯёни сиёсӣ ба адолат ва қонунҳои байналмилалӣ такя намоянд.”

Пештар ин гурӯҳ эълон карда буд: “Ахиран мақомоти кишвари Олмон ва бархе аз кишварҳои Аврупо ба дархости як теъдод аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ дар бори додани паноҳандагӣ ҷавоби радд доданд, ки ин ҳодиса метавонад ба истирдоди ин муборизин ва мухолифин ба Тоҷикистон сабаб гардад.”

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки дар ҳоли ҳозир аксари мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо панаҳ овардаанд, бо сабабҳои мухталиф дархости панҳодагии бархе аз мухолифини тоҷикро рад намуда, тайи се соли ахир дасти кам се нафари онҳоро ба Тоҷикистон истирдод карданд, ки дар натиҷа ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

“Freedom Now”: Тоҷикистон зиндониҳои сиёсиро озод кунад

0

Имрӯз, 7-уми октябри соли 2021 пешнишасти 39-уми Баррасии даврии ҷаҳонӣ (UPR) бо ширкати намояндагони ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Женева оғоз ба кор кард.

Созмони миллали муттаҳид (СММ) аз ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дар пешнишасти 39-уми Баррасии даврии ҷаҳонӣ (UPR) ширкат кунанд ва гузоришҳои ҷойгузини худро дар бораи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Баррасии даврии ҷаҳонӣ вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро моҳи январи соли 2022 дар Женева баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин пешнишасти 39-ми Баррасии даврии ҷаҳонӣ созмонҳои “Freedom Now”, “IPHR”, “Lawyer for Lawyer” ва “IBAHRI” ширкат ва суханронӣ карданд, вале аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии Тоҷикистон касе дар ин пешнишасти 39-ум ширкат надошт ва мухолифини табъидӣ ба шумули ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Паймони Миллии Тоҷикистон ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти зиндониён низ касе ширкат накардааст.

“Freedom Now” дар ин нишаст аз боздоштҳои худсаронаи раҳбарони мухолифин изҳори нигаронӣ кардааст ва боздошти раҳбарони зиндонии ҲНИТ, Зайд Саидов, раиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва муйсафеди 80 сола Дониёр Набиевро дорои ангезаҳои сиёсӣ донист. Инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ҳукми СММ барои озодии беқайду шарти зиндониёни сиёсиро ба иҷро гузорад.

Намояндаи “Freedom Now” дар ин нишаст гуфт, моҳи ноябри соли 2018 ва майи соли 2019 дар зиндони Тоҷикистон ду ошӯб рух дод, ки дар натиҷа тақрибан 80 нафар маҳбусон, аз ҷумла чанд узви ҲНИТ кушта шуданд.

Созмони “Freedom Now” аз Тоҷикистон хостааст, ки иҷозаи таҳқиқоти мустақил ва шаффоф дар мавриди шӯришҳои зиндонро диҳад ва натиҷаи он таҳқиқотро ба таври густарда нашр кунад.

Кобул: Фурӯши дороиҳои қарздорон барои пардохти қарзи барқ

0

Ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон ният дорад амволи мансабдорони ҳукумати барканоршударо барои пардохти қарзи барқ фурӯшад.

Бино ба иттилои  “ToloNews“, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе директори аз ҷониби “Толибон” тайъин шудаи ин ширкат Сафиуллоҳ Аҳмадзай хабар додааст.

Ба гуфтаи Сафиуллоҳ Аҳмадзай, пас аз анҷом ва тасдиқ ёфтани чораҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати муваққат, ширкат ба фурӯши амволи қарздорон ва мансабдороне, ки Афғонистонро тарк кардаанд, оғоз мекунад.

Аммо ба назари собиқ директори ширкати энержии “Брешно” Амонуллоҳ Ғолиб, ин чораи пешниҳодшуда метавонад мушкилоти мавҷударо танҳо дар муддати кӯтоҳ ҳал кунад.

Рӯзи 5-уми октябр Ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон иттилоъ дод, ки қарзи Афғонистон назди кишварҳои ҳамсоя барои нерӯи барқ ​​тақрибан ба 62 миллион доллар расидааст.

Дар хабар гуфта мешуд, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи содиркунандаи барқ ​​- Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон нома фиристода ваъда додааст, ки қарзро пардохт мекунад ва аз онҳо хостааст, ки барқро хомӯш накунанд.

Ҳамчунин ин ширкат ба Миссияи кӯмаки СММ дар Афғонистон муроҷиат карда буд, то дар пардохти қарз ба онҳо кӯмак расонанд. Дар изҳороти ширкати “Брешно” қайд карда мешуд, ки дар сурати кӯмак пайдо накардан, ширкат маҷбур мешавад барои пардохти пул “ба афғонҳое фишор оварад, ки пули истифодаи барқи худро надодаанд, ҳатто агар имкон надоранд”

Дар ҳамин ҳол, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи сешанбе гуфтанд, ки ҳар ду кишвар кумак, аз ҷумла интиқоли барқро ба Афғонистон идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин котиби матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ низ таъкид кард, ки Душанбе бо вуҷуди қарз интиқоли барқ ​​ба Афғонистонро дар зимистон қатъ намекунад.

Кумакхоҳии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи ҷаҳонии пул

0

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи ВКХ, 6-уми октябр мулоқот бо иштироки муовини Вазир Шараф Шерализода ва ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот доир ба робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, таҳкими самтҳои он ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дарназардошти вазъи минтақа гуфтугӯ карданд.

Гуфтанист, ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз 22-юми сентябр то 8-уми октябри соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.

Ҳамчунин рӯзи 5-уми октябр Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор Пиотр Трабинский оид ба Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналиилалии Пул хоҳиш кардааст, ки барои афзоиши дастгирии молӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 21 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумӣ 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон зимистони имсол лимити барқ бекор мешавад?

0

Имсол сатҳи об дар обанбори “Норак” ба андозаи лозимӣ ҷамъ шудааст. Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли нерӯи барқ ва содироти он омори дақиқ пешниҳод намекунад.

Бино ба иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр ҷараёни об дар дарёи Вахш хуб ба назар мерасад ва ба тавлиди нерӯи барқи лозимӣ барои аҳолии кишвар кофӣ аст.

Хабаргузории “Авесто” дар истинод ба манбааш аз Вазорати энергетика хабар дод, ки сатҳи об дар обанбори Норак дар ҳадди 910,69 метр аст, ки амалан ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2020 мувофиқат мекунад.

Масъулони бахши энергетикаи кишвар хабар доданд, ки 3-уми октябр воридшавии об дар минтақаи обанбори Норак 566 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 метри мукааб дар як сония бештар аст.

Воридшавии об ба дарёи Вахш ва ҳаҷми захираи обанборҳо имкон медиҳад, ки истеҳсоли муътадили нерӯи барқ ​​барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ ва содироти он дар ҳаҷми хурд имконпазир гардад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз зиёда аз 37,8 миллион кВт / соат нерӯи барқ ​​тавлид мешавад, ки 35,1 миллион кВт / соати он барои истеъмоли дохилӣ истифода мешавад. Қисми боқимонда ба кишварҳои ҳамсоя содир карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вазорат як моҳ қабл дар мавриди истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ ба хориҷ оморҳое дода буд, ки ба омори имрӯзааш мувофиқат намекунад.

Пештар гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳамарӯза ба Афғонистон тақрибан 9 миллион кВт / соат нерӯи барқ ​​интиқол медиҳад. “Танҳо моҳи август ба кишвари ҳамсоя 8,8 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​содир шудааст”, гуфта буданд аз Вазорати энергетика ба “Авесто”.

Тибқи оморҳои қаблӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна беш аз 61 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид мешавад. Тақрибан 45 миллион кВт / соат дар дохили кишвар истифода шуда, боқимонда нерӯи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон фурӯхта мешавад. Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи беш аз 55 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон дар мавриди истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷаҳон дар ҷои 8-ум ва дар минтақа мақоми аввалро ишғол мекунад. Аммо кишвари ҷангзадаи Афғонистон бо барқ таъмин асту аҳолии Тоҷикистон дар сармои зимистон аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.

Русия: маъоши баланд хоҳед, теъдоди муҳоҷиронро камтар кунед!

0

Барои бартараф кардани мушкилоти музди паст дар кишвар квотаҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ кам карда шавад.

Виктор Линник (Сурат: РБК)

Виктор Линник, раиси ширкати “Мираторг” дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии РБК-и русӣ аз зиёд шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия ва маъоши паст ба шаҳрвандони рус изҳори нигаронӣ кард.

Мираторг як ширкати агросаноатӣ ва бузургтарин холдинги муттаҳидшудаи кишоварзӣ дар Русия мебошад, ки он ба истеҳсоли хӯроки чорво, парвариши ҳайвонот ва то коркарди гӯшту фурӯши маҳсулотҳои таёр маъруф аст.

Вай дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 4-уми октябр пахш шуд, барои ҳалли ин мушкилот пешниҳод кард, ки барои коҳиш додани коргарони хориҷӣ квота се-чор маротиба кам карда шавад.

“Вақте, ки мо муҳоҷиронро ба кишвар ворид мекунем, мо барои худи шаҳрвандони рус рақобати беадолатона эҷод мекунем”,- гуфт Виктор Линник.

Бино ба гуфтаи ӯ, вақте ба кишвар муҳоҷирони кориро ворид мекунанд, арзиши музди кор коҳиш меёбад. Дар ин ҳолат, русҳо дар як вазъияте қарор мегиранд, ки бо коргарони хориҷӣ рақобат карда наметавонанд ва бо чунин маоши кам ба касбҳои оддӣ талабот кам мегардад.

“Албатта, вақте маош кам аст, кадоме аз фарзандони мо ба кори дуредгарӣ ё хиштчинӣ мераванд?” – афзуд президенти Мираторг.

Ба андешаи ӯ кӯшиши бартараф кардани мушкилот тавассути воридоти муҳоҷирон як хаёли хом аст ва барои аз ин вазъият баромадан “сабабҳои зиёде” мавҷуд ҳастанд. Аз ҷумла бояд иваз кардани коргарони хориҷӣ бо маҳбусонро фикр кард ва инро “ақли солим” меҳисобад.

Ба таъкиди вай: “Агар мо ба рушди холдинг ё саноат аз ҷиҳати стратегӣ назар кунем, набояд масъалаи муҳоҷирон дар мадди аввал бошад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пасманзари маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус, мақомоти Русия борҳо дар бораи камбуди муҳоҷирони корӣ ҳарф мезаданд. Аз ҷумла, норасоии қувваи кории хориҷӣ дар соҳаи сохтмон ва инчунин дар соҳаи кишоварзӣ иттилоъ медоданд ва вазъияти пешомадаро як фоҷиа ном мебурданд.

Пештар низ шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин дар як мусоҳибааш хуруҷи муҳоҷирони кориро аз Русия яке сабабҳои таваррум дар ин кишвар шудааст номид.