Хона блог саҳифа 575

Пикети эътирозии тоҷикон дар Лаҳистон

0

Гурӯҳе аз мухолифин, ки дар ҷамъи онҳо пайвандони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон низ ҳузур доранд, имрӯз 13-уми октябр дар шаҳри Варшава дар назди бинои Иттиҳоди Аврупо ҳамоиши эътирозӣ ташкил карданд.

Бино ба гуфтаи масъулони ин ҳамоиш, пикети эътирозӣ бо ҳадафи изҳори норозигӣ аз истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар мақарри Иттиҳоди Аврупо дар Белгия ва Фаронса ва инчунин талаби озодии зиндониёни сиёсӣ баргузор шудааст.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ мегӯяд, “мо дар инҷо ҷамъ омадаем, то ки ба гӯши ҷаҳониён ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар бирасонем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-як диктатор ба Аврупо сафар кардааст, ба хусус ба мақарри дафтари Иттиҳоди Аврупо дар кишвари Белжик дар шаҳри Брюссел ва набояд як диктатор, як шахсе, ки 30 сол боз дар Тоҷикистон як режими хонаводагӣ ташкил кардааст, дар кишварҳои истиқбол шавад. Зеро вай тамоми қонунҳои кишвар, қонунҳои байналмиллалиро зери по карда, мардум ва фаъолони сиёсиро ба солҳои тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум кардааст.”

Абдусаттор мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва режими ӯ бояд бидонанд, ки имрӯз ба ҳар ҷинояте, ки ӯ даст мезанад, ҳама сабт мешаванд ва ба забонҳои дигари дунё тарҷума ва ба созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва кишварҳое, ки дар онҷо ҳуқуқи инсон ва каромати инсонӣ ҳифз мешавад, расонида мешавад.

Дар ин ҳамоиши эътирозӣ намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон-эътилофи мухолифин дар хориҷ, аз ҷумла муовини раиси он Алим Шерзамон, Исломиддин Саидов намояндаи ПМТ дар Лаҳистон, Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шарҳвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо шумули Азимҷон Ваҳҳобов, инчунин пайвандони зиндониёни сиёсӣ, Муҳаммадиқбол Ҳисайнов, Ҳисомиддин Розиқов ва дигарон иштирок доштанд.

Дар охири ин ҳамоиши эътирозӣ ба дасти намояндаи Иттиҳоди Аврупо номаи эътирозӣ супорида шуд.

Сафари Раҳмон ба Фаронса

0

Эмомомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 12 октябр вориди Порис-пойтахти Фаронса шуд. Раҳмон баъд аз сафари дурӯзаи худ аз Белгия ба Фаронса рафт.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон Раҳмонро дар фурӯдгоҳи ин кишвар раҳбарони меҳмонхона ва намояндагони сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар истиқбол карданд.

Аксҳое, ки дафтари матбуоти Президент нашр кардааст, дар ҳақиқат ҳеч яке аз намояндагони воломақоми давлатӣ ҳангоми пазироии Раҳмон дида намешаванд.

Ҳамчунин то лаҳзаи омода шудани хабар дар ҳеч яке аз

Зафар Сӯфӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Сурат: Фейсбук

“Дар Фаронса маъмулан як намояндаи раисҷумҳур дар фурӯдгоҳ пешвоз мегирад. Албатта меҳмонҳое, ки барои Фаронса муҳим бошанд ё сарвазир ва ё ҳатто худи президент пешвоз магирад, ки хеле кам иттифок уфтода пешвозгирии худи президенти Фаронса.”

Ба гуфтаи ӯ, “Дар назди дари даромади Касри Элиса пешвоз гирифтан дигар як расми маъмулӣ ва ташрифотист. Омадани Раҳмонов сафари давлатӣ нест, ба фикрам бештар чанбаи корӣ дорад ва асли ҳадафи аз пеш барномарезишудаи сафар ин ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон дар музеи Гиме аст. Дигар ҳамааш барномаҳои ҷонибӣ ва барои кори таблиғотӣ ва муҳим вонамуд кардани сафар ва шахси Эмомалй Рахмон асту бас.”

Аммо адиби тоҷик меафзояд:

“Ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон дар музеи Гиме аст. Иттифокан муҳимтарин бахш аз сафари раисҷумҳур ба Фаронса, аз назари ман, ҳамин ифтитоҳи намоишгоҳ аст, зеро аз ин тарик Тоҷикистони азиз барои фаронсавиҳо муаррифӣ мешавад. Корҳои фарҳангие аз ин қабил ҳатман бештар асаргузор ва мондагор аст.”

Аммо дигарон бар ин назаранд, ки истиқболи расмии президентҳо одатан дар Қасри Эллиса сурат мегирад на дар фурӯдгоҳ. Ба эҳтимоли зиёд Раҳмонро Эммануэл Макрон имрӯз 13 октябр дар қасри раисҷумҳур истиқболи расмӣ гирад.

Ҳадаф аз ин сафар ва мавзӯҳои баррасимешуда то ҳол расман нашр нашудааст, аммо ба эҳтимоли зиёд бештар дар масоили иқтисоду фарҳанг ва масоили доғи амниятӣ, ба хусус вазъияти Афғонистон дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.

Пешниҳод: Президентро “Кадушоҳ” насозед!

0

Донишманди тоҷик ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Умед Ҷайҳонӣ пешниҳод карда, ки раҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бояд раҳбаронеро, ки кадуву харбузаву тарбузу дигар полезиҳоро сари роҳ раисҷумҳур мечинанд, сахт муҷозот кунад.”

12-уми оятбяри соли 2021 Умед Ҷайҳонӣ ин пешниҳод худро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ироа карда гуфт:

“Ба ин далел, ки инсон дар зеҳни худ миёни падидаҳо, рухдодҳо, мафҳумҳо ва дигар ҳолатҳои зеҳнӣ пайванде эҷод мекунад, ки онро дар равоншиносӣ “тадоъӣ” меноманд. Ин ҳамон аст, ки русҳо “ассоциация” ва “ассоциативное мышление” меноманд. Яъне ҳар касе раисҷумҳур ва кадуро дар канори ҳам дид, беихтиёр онҳоро бо якдигар пайванд мезанад ва дар зеҳнаш “Кадушоҳ”-ро таҷассум мекунад.”

Ин донишманди тоҷик меафзояд:

“Дастгоҳи иҷроия бояд чинишу намоиши ҳаргуна кадуву дигар фаровардаҳои кишоварзӣ дар маросими боздиди раисҷумҳур аз шаҳру ноҳияҳоро қатъан мамнуъ кунад. Бавижа дар ин замон, ки раисҷумҳур воқеъан ва дар амал пешвои тоҷикони ҳар ду канораи Ому шуда, ки нақши таърихии ӯст, аз ин кадукориҳо бояд шадидан пешгирӣ шавад.”

Ба таъкиди Умед Ҷайҳонӣ:

“Обрӯи раисҷумҳур баробар аст бо обрӯи кишвар ва миллат. Ҳаргуна тавҳин ба раисҷумҳур баробар аст бо тавҳин ба кишвар ва миллат. Дастгоҳи иҷроияи Президент бояд ин масъаларо дар назар дошта бошад.”

Гуфтанист, дар солҳои ахир муд шудааст, ки дар Тоҷикистон бо ороиш додани саҳнаҳои аҷибу ғариб аз маҳсулоти полезӣ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишварро пешвоз бигиранд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз ин тарзи истиқбол кардан хушаш меояд ва ахиран сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро дар Душанбе бо ҳамин усули саҳнаороӣ аз маҳсулоти полезӣ пешвоз гирифта буд.

Афзоиши 27,7дарсадии аҳолии Тоҷикистон

0

Шумориши аҳолии Тоҷикистон нишон дод, ки нуфуси кишвар ба 10 млн нафар наздик шудааст. Аз соли 2010 то 2020 27,7 дарсад саршумори аҳолӣ афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон кори барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилӣ аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар саросари Тоҷикистон ба анҷом расонид ва натиҷаи онро 12 октябр эълон кард.

Сомонаи “Sputnik Тоҷикистон” аз қавли Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ дар як маҳфили эълони натиҷаҳои ин маърака гуфт, “аз рӯи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил дод”.

“Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 2 миллиону 97, 1 ҳазор нафар ё 27,7% ва нисбат ба маълумотҳои шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 бошад, 347,8 ҳазор нафар ё 3,7% зиёд шудааст”, – гуфт Гулнора Ҳасанзода.

Тибқи ин омори Агентӣ 26,2 дарсади аҳолии Тоҷикистон шаҳрнишин ва боқӣ 73,8 дарсади дигар деҳотнишин ҳастанд.

Аммо тибқи ин омор шумораи мардҳо аз занҳо бештар гуфта мешавад. “Шумори мардҳо ба 4 миллиону 901 ҳазор ва занҳо 4 миллиону 760 ҳазор нафар расидааст”. Тибқи омори соли 2020 занҳо аз мардҳо ба андозаи 141 ҳазор камтаранд, аммо тибқи омори соли 2010, (ки мардҳо 3 млну 817 ҳазор буданд ва занҳо 3 млну 745,5 ҳазор) шумори занҳо аз мардҳо 71,5 ҳазор камтар буд.

Ин барӯйхатгирӣ бо ҳимояти Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), тибқи Барномаи тақвияти омори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои давраи 2020-2023 анҷом шуда, тавассути ҳукумати Русия ба маблағи 2.15 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сомонаи “Countrymeters.info”, ки теъдоди аҳолии ҷаҳонро ба таври онлайн лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, дар таҳияи ин матлаб теъдоди аҳолии Тоҷикистонро зиёда аз 9 миллион 800 ҳазор нафар эълон карда, теъдоди занҳо 50,2% ва адади мардҳо 49,8% мегӯяд.

Кӣ рост мегӯяд: Раҳмон ё Толибон?

0

Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон таъкид кардааст, ки ин гурӯҳ бо ҳамсояҳои Афғонистон, бахусус бо Тоҷикистон ягон мушкил надоранд ва он чи дар расонаҳо вуҷуд дорад, гузоришҳои манфӣ мебошанд.

Амирхон Муттақӣ, акс аз Интернет

Ба гузориши

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз Интернет

Инчунин дар оғози соли ҷорӣ низ наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки дар он собиқ сухангӯи Толибон ва яке аз муассисони ин ҳаракат бо номи мулло Абдулманнон Ниёзӣ Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ҳамкори худ дониста, эълом карда буд:

“Мо як дафтар дар Қазоқистон ва дафтари дигаре дар дохили Тоҷикистон боз кардем. Як нафари қандаҳорӣ бо номи Ҳоҷӣ Фазлмуҳаммад ва нафари дигаре бо номи Ҳоҷӣ Иброҳим аз тариқи Тоҷикистон дафтари Толибон дар Тоҷикистонро боз кардаанд. Тамоми имконот ва пайсаи Русия, ки барои задани Амрикоиҳо (ба Толибон) дода мешуд, аз тариқи Тоҷикистон дода мешуд.”

Ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ дар Кобул суқут кард ва Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор намуд. Ҳамон рӯз нерӯҳои Толибон аз дохили Арги раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълон карданд, ки Аморати исломӣ қудратро пурра дар Афғонистон ба даст гирифтааст.

Бо ин вуҷуд, сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон корҳои худро қатъ накарда ва Эмомалӣ Раҳмон, ки даъвои мухолифат бо Толибонро дорад, то ҳол сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро бозхонд накардааст. Баракс ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ҳамоно идома дорад.

Таҳияи қоидаҳои нави вуруди муҳоҷирон ба Русия

0

Вазорати корҳои дохилии Русия нақша дорад, ки раванди тартиби вуруди муҳоҷирон ба Русияро тағйир диҳад. Ҳамчунин дар назар аст ба вижа баъзе марҳилаҳои бақайдгирии муҳоҷирон дар кишварҳояшон пеш аз вуруд ба Русия амалӣ карда шавад.

Александр Горовой, муовини аввали вазири ВКД-Русия

Дар ин бора муовини аввали вазири умури дохилаи ин кишвар Александр Горовой ба портали идоравии “МВД Медиа” хабар дода гуфт, ки ин шӯъба дар Вазорат қоидаҳои нави вуруди хориҷиёнро таҳия мекунад.

“Барои ин гузаронидани раванди расмиёти муҳоҷират дар хориҷ аз Русия ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла ба монанди гузаштани муоинаи тиббӣ, ки натиҷаҳои он дар Русия эътироф карда мешаванд, бақайдгирии биометрӣ ва гирифтани як ҳуҷҷати ягона, бақайдгирии суғуртаи тиббӣ, имкони интихоби корфармоҳои тахминӣ,” – гуфт Александр Горовой.

Ӯ инчунин таъкид кард, ки барои контроли будубоши хориҷиён назорат ҷорӣ карда шуда, чораҳои пешгирикунанда таъмин карда мешаванд.

Илова бар ин, муҳоҷирони корӣ аз тариқи аккаунти шахсии худ дар портали ягонаи Хадамоти давалатӣ ё тавассути замимаи махсуси мобилӣ дар бораи ҳама қарорҳои қабулшуда, маълумотҳои зарурӣ ва паёмадҳо зуд хабардор карда мешаванд.

Горовой хотиррасон карда мегӯяд, ки муҳоҷирон ҳангоми ворид шудан ба кишвар ҳатман шартномаи вафодориро қабул мекунанд ва дар ҳолати вайрон кардани он боиси аз даст додани ҳуқуқи будубошашон дар кишвари мо мегардад.

“Чунин созишномаи ӯҳдадории хаттӣ баёнгарӣ он аст, ки дар бораи риояи тартибу қоидаҳо ва меъёрҳое, ки дар ҷомеаи Русия қабул шудааст, онро фаро мегирад. Ва инчунин худдорӣ кардан дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, сӯиистифода кардан аз озодии иттилоот, аз ҷумла кӯшиши бадном кардан ё барангехтани арзишҳои ахлоқӣ ва дигар арзишҳои конститутсионӣ “, – шарҳ дод муовини аввали вазири ВКД-Русия.

Горовой дар охири мусоҳибааш бо “МВД Медиа” афзуд, ки мақомот ба нақша гирифтааст, ки агар шахсоне риояи талаботро ё режими қонуни будубошро дар Федератсияи Русия вайрон мекунанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд бо ёрии технологияҳои IT макони онҳоро пайдо карда ба ҷавобгарии маъмурӣ бикашанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Русия эълом дошт, ки оянадаи наздик дар Тоҷикистон як намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав таъсис дода мешавад ва бо кушодани намояндагии Маркази муҳоҷират дар Душанбе қонунигардонии ҷараёни муҳоҷирати корӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоёни Маскав беҳтар хоҳад шуд.

Раҳмон дар Брюссел бо кӣ мулоқот кард?

0

Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корияш ба Шоҳигарии Белгия бо як қатор аз масъулони ин кишвар ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел

Рӯзи 11-уми октябр Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард. Дар ин мулоқот масоили рушди ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоду саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷумла яке аз масоили баррасишуда дар мулоқоти Раҳмон бо Шарл Мишел масоили доғи минтақа ва бахусус Афғонистон буд.

Ҳамчунин Раҳмон рӯзи 11-уми октябр бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл низ мулоқот дошт.

Дар ин дидор масоили иқтисоду тиҷорат, энергетика, фарҳанг ва маориф меҳвари асосии гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифтанд. Инчунин гуфта мешавад, дар масоили Афғонистон низ суҳбатҳо сурат гирифтааст.

Ин намояндаи аврупоӣ баъд аз мулоқот бо Раҳмон дар ҳисоби твиттерияш навиш: “Раҳмон барои табодули муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла оғози Созишномаи мукаммали шарикӣ ва ҳамкорӣ ва муҳокимаи амиқ оид ба Афғонистон омада буд. Тоҷикистон дар таъмини амнияти Афғонистон нақши вижае дорад, мо саъю талошҳои шуморо барои дарёфти роҳҳои ҳалли минтақавӣ дастгирӣ мекунем, ки ба мардуми Афғонистон манфиат меорад.”

Инчунин Раҳмон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйе дидор дошт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар ростои сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо муҳокима карда шуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Иттиҳоди Аврупо барои баррасии масоили амниятии Афғонистон Раҳмонро даъват кардааст. Эмомалӣ Раҳмон аз оғози омадани Толибон ба сари қудрат аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбарияшро писари Аҳмадшоҳ Масъуд, Аҳмади Масъуд ба дӯш дорад, пуштибонӣ кард.

Аммо иддае аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, ки ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, аз он шикоят доранд, ки баъд аз ба охир расидани муҳлати раводидашон Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дубора раводидашонро тамдид намекунад.

Онҳо мегӯянд, агар Эмомалӣ Раҳмон худро мудофеъи мардуми Афғонистон эълон кардааст, ҳаддиақал иҷозат диҳад, ки раводиди онҳо дигарбора тамдид шавад ва ё онҳое, ки дар марз банд мондаанд, иҷозати вуруд бидиҳад.

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки “як ҳамкасби афғонистониам визояш тамом шудааст, мутаасифона онро барояш тамдид накарданд. Ба тамоми ниҳодҳои марбута рафтем, илтимосу зораву тавало кардем, млн. ҳуҷҷат пешниҳод кардем, нашуд. Ҳоло маҷбур аст ба Афгонистон бо роҳи заминӣ бар гардад. Кадом роҳи гумрукӣ ба самти Афғонистон кор мекарда бошад? Аз кадом роҳ бояд бар гардад?

Бечора ба пои худаш ба лонаи марг меравад. Ман ва худаш ҳам дақиқан медонем, ки ӯро дар ҳамон марз дастгир карда мекушанд, аммо аз Худо мехоҳем, ки дар пеши чашмони зану фарзандонаш накушандаш.”

Корбарон Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистонро барои надодани раводид ва ҳолати онҳоро ба инобат нагирифтан интиқод мекунанд. Инчунин сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва консулгариҳои кишвар дар бузургшаҳрҳои Афғонистон низ дарҳои худро бар рӯи паноҳҷӯён ва дар умум афғонистониҳо бастаанд, вале тибқи гузоришҳо ҳамакнун нахри як раводиди 60 долларии Тоҷикистон дар бозорҳои сиёҳи Афғонистон бо нахри зиёда аз 400 доллар фурӯхта мешавад.

Эътирозҳои мухолифин дар Аврупо

0

Имрӯз, 12-уми октябр гурӯҳе аз мухолифини тоҷик дар назди бинои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Литва даст ба эътироз заданд.

Ба гуфтаи баргузоркунандаҳои ин ҳамоиши эътирозӣ ҳадаф аз ин кор талаби озодии зиндониёни сиёсӣ ва эътироз барои ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ва истиқболи ӯ дар мақарри Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел мебошад.

Дар ин ҳамоиш Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ, Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ, Абдушукур Манонов, намояндаи ҲНИТ дар Литва (падараш дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон кушта шудааст), Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ ва дигарон ширкат ва суханронӣ карданд.

Иштироккунандагони ин ҳамоиш ба масъулони Иттиҳоди Аврупо, ба хусус вакилони Парлумони Аврупо ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел муроҷиат карда, аз онҳо талаб шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Тоҷикистон қудратро ғасб карда, озодандешон, сиёсатмадорон ва равшанфикронро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст, дар сатҳи баланд истиқбол нашавад.

Ҳамзамон иштироккунандагони ҳамоиш аз масъулони Иттиҳоди Аврупо хостаанд, ки аз Раҳмон ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ва инчун озод кардани маҳбусони сиёсӣ, ки дар парвандаҳояшон аз ҷониби Кумитаи боздоштҳои худсаронаи СММ қарор қабул шудааст ва дар байни онҳо шаҳрвандони солхӯрда низ ҳастанд, талаб карда шавад.

Супоридани номаи эътирозӣ ба намояндаи ИА

Дар охир дастандаркорони ин ҳамоиш бо як намояндаи баландмақоми Иттиҳоди Аврупо дар Вилнюс мулоқот карданд. Ва ба ӯ номаи эътирозӣ супурданд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон шоми 10-уми октябр бо як сафари расмӣ ба Иттиҳоди Аврупо сафар кард. Ӯ дирӯз бо ҷамъе аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Белгия дидору мулоқот дошт. Қарор аст фардо рӯзи 13-октябр ба Фаронса низ сафар кунад.

3 миллион доллари ФАУР ба Тоҷикистон

0

Аз ҳисоби маблағҳои Бунёди авруосиёии устувор ва рушд (ФАУР) барои татбиқи лоиҳаи “Ташхиси мобилии COVID-19” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион доллар грант ҷудо карда мешавад.

Тибқи иттилои ФАУР, созишномаи грантиро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳхорзода ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи Блоки лоиҳавии ФАУР Андрей Широков имзо кардаанд.

Ин лоиҳа ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди COVID-19 ва оқибатҳои пандемия, пеш аз ҳама тавассути баланд бардоштани сатҳи таъминот бо воситаҳои зарурии техникии тиббӣ, кумак хоҳад кард.

Гуфта мешавад, бо маблағҳои грантӣ 5 лабораторияи сайёри санитарию эпидемиологӣ ва тақрибан 20 ҳазор тестҳо барои озмоиши ройгони COVID-19 дар байни аҳолии Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд.

‌‌

Истиқболи Аҳмад Масъуд аз ба расмият нашинохтани Толибон

0

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Толибонро ба анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкӯшӣ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Акс аз Интернет

12-уми окятбари соли 2021 Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри як баёния аз истодагии мардум ва эътирози онҳо зидди амалкардҳои Толибон дар Афғонистон таҳсин ва ташаккур кард.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар баёни таъкид мекунад: “Эътирозҳои пайиҳам ва густурдаи мардумӣ ва мадании шумо дар шаҳрҳои Афғонистон ва гӯша-гӯшаи ҷаҳон, ки дар пайи фарохони муқовимат сартосарӣ анҷом ёфт ва аз ҷону амнияти хеш дар ин роҳ моя гузоштед, фасли ҷадидеро дар таърихи ин сарзамин ва муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ гушуд.”

Аҳмад Масъуд ҳамзамон Толибонро ба иртикоби “ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам карда, раиси ҷумҳури фирории Афғонистон Ашраф Ғаниро ба анҷоми “хиёнати миллӣ” гунаҳкор хондааст.

Инчунин раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, “мо аз мавзеъгириҳои мантиқӣ ва муносибатҳои ҷаҳон дар қиболи расмият надодан ба идораи толибонӣ ва таъкид рӯи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон истиқбол менамоем ва интизор меравад, ки ин сиёсати адами шинохт бо қотеъият ҳамчунон идома ёбад.”

Дар поёни ин баёния зикр шуда: Ҷабҳаи муқовимат барои гузор аз вазъияти мавҷуд ба вазъияти матлуб саъй менамояд, то Худо бихоҳад рӯзе шоҳиди баргардондани машруъият ва сулҳи пойдор дар Афғонистон бошем.”

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанде қабл бо сабаби таҳдидҳои амниятӣ ба Тоҷикистон панаҳ оварда буд, вале ҳоло дар ин баёния нагуфтааст, ки айни замон дар куҷо ва кадом кишвар ба сар мебарад. Инчунин дар ин баёния ҳеч ишорае ҳам дар бораи Тоҷикистон ва пуштибонӣ ёфтан ё дастгирӣ наёфтани ҷабҳаи зери раҳбариаш аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ҳам чизе нагуфтааст.