Хона блог саҳифа 584

Ҳушдори Толибон ба Тоҷикистон

0

Толибон бо баргузории режаи низомӣ (парадҳои ҳарбӣ)-и “нерӯҳои истишҳодӣ” (маргталаб)-и худ дар Шимоли Афғонистон, ба хусус вилоятҳои ҳаммарз, ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Хабаргузории давлатии Афғонистон Ожоси иттилоотии “Бохтар”, 23-юми сентябр хабар дод, ки шохаи нерӯҳои истишҳодӣ (маргталаб)-и Гурдони Мансурии Толибон дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон таъсис шуд.

Манбаъ меафзояд: Муъиззидин Аҳмадӣ, сарпарасти Раёсати иттилоот ва фарҳанг ва сухангӯи Бадахшон гуфтааст, ки “ин шохаи низомӣ бо ҳузури мавлавӣ Амонуддин Мансур, волии Бадахшон ҷиҳати таъмини амнияти бештари шаҳрвандони Бадахшон паради ҳарбӣ анҷом дод ва барои мубориза дар баробари ҳар навъ хатари эҳтимолӣ эъломи омодагӣ кард.”

Гурӯҳи маргталаби Толибон, ки бо номи “нерӯҳои истишҳодӣ”-и Гурдон (Баталион)-и Мансурӣ шинохта мешавад, марказҳои он дар Қандаҳору Кобул ҷойгир шуда, шохаҳои он дар вилоятҳои Шимоли Афғонистон ба мисли Қундуз, Тахор ва дар маркази вилояти Бадахшони Афғонистон таъсис шудаанд.

Ҳамзамон рӯзномаи “Independent“-и Бритониё дар ин бора навиштааст: “Ба назар мерасад расонаӣ кардани ҳузури нирӯҳои маргталаб дар Шимоли Афғонистон, ба хусус шаҳрҳое, ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарзанд, навъе паёми ҳушдор ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар рӯзҳои гузашта давлати Тоҷикистон бо рӯйкарди тундтаре ба ҳукумати Толибон тохта буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар дидор бо Имрон Хон, ҳукумати Толибонро номашрӯъ хонд, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳама мардуми Афғонистонро намояндагӣ намекунад.”

Бар асоси гузоришҳо, пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва сари қудрат омадани Толибон нерӯҳои ҳаракати “Ансоруллоҳ”, ки аксари он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ба минтақаҳои назди марзии Афғонистон бо Тоҷикистон рафтаанд.

Тоҷикистон тамоми аъзои хонаводаи раҳбари пешини “Ансоруллоҳ” мулло Амриддинро тайи як амалёте дар водии Рашт дар соли 2006 кушта буд ва дар ҳоли ҳозир раҳбарии ин ҳаракатро писари мулло Амриддин бар уҳда дорад ва мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом кардаанд, ки вуҷуди нерӯҳои ҳаракати “Ансоруллоҳ” дар манотиқи назди марзии Афғонистон бо Тоҷикистон онҳоро нигарон мекунад.

Дар ҳоли ҳозир тамоми ҳамсояҳои Тоҷикистон ва шарикони роҳбурдии он ба мисли Русия, Чин, Эрон ва шарикони бо эътимоди Тоҷикистон ба мисли Покистон ҳам расман бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамкориро оғоз кардаанд, аммо дар ин васат Тоҷикистон танҳо кишварест, ки то ҳол бар мавзеи худ пофишорӣ дорад ва таъкид мекунад, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад, сипас онро ба расмият мешиносад.

Ин пофишории Тоҷикистон ба ҳукумати Толибон хуш наомадааст, зоҳиран баргузории парадҳои ҳарбии нерӯҳои маргталаби Толибон дар шаҳрҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳам ин паёмро мерасонад, ки ҳар ду тараф нигарон ҳастанд ва ҳар лаҳза метавонад, марзи ду кишвар ноором шавад.

Кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Қазоқистон

0

Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон кӯчае бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуда, нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷик дар аввали кӯча гузошта шуд.

Акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе “dushanbe.tj”

Ба иттилои дафтари матбуоти Дастгоҳи шаҳрдории Душанбе, дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва номгузорӣ шудани кӯча ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намояндагони парлумони ду кишвар ширкат карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Қазоқистон Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон ва дигар масъулоин расмӣ ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, кӯчаи мазкур дар ноҳияи Алмаатои шаҳри Нур-Султон ҷойгир буда, дарозии он 710 метр мебошад. Он аз кӯчаи Беймбет Майлин оғоз шуда, дар хиёбони Бауржан Момишули ба охир мерасад. Ҳамчунин дар ин кӯча Мактаби гимназияи №51 ва маркази тиббии шаҳрии №6 низ ҷойгиранд.

Нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бурриши кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.

Кӯчаи мазкур қаблан бо номи кӯчаи №179 маъруф буд. Ва қарори намояндагони Парлумони Қазоқистон дар мавриди тағйири ном кардани он ба номи сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абдабдуллоҳи Рӯдакӣ моҳи марти соли 2018 қабул шуда буд.

Номгузорӣ шудани ин кӯча ба номи шоири тоҷик дар ҳолест, ки аксар донишмандон ва нависандагони тоҷик мухолифи ҷойном шудани шахсиятҳои таърихӣ ҳастанд.

Тоҷикистон ду хонандаи қирғизро раҳо кард

0

Тоҷикистон ду хонандаи қирғизро дар натиҷаи музокирот бо Қирғизистон раҳо кард.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин ду навраси 16-сола 23-юми сентябр дар марз бо Тоҷикистон ба қочоқбарон кумак мекарданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Тоҷикистон онҳоро дар минтақаи номуайяни марзӣ боздошт кардааст.

Дар гузаргоҳи “Кулунду” раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон мулоқот намуда, дар натиҷаи гуфтугӯ Тоҷикистон наврасони боздоштшударо озод кард.

Ин дар ҳолест, 23-юми сентябри соли ҷорӣ сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон кардаанд, дар натиҷа дасти кам 4 нафар: ду хонандаи мактаб, як тифл ва як сокини 31-сола ҳам захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни худ, аз ҷумла раисони Ботканду Оқсӯи Қирғизистонро аз ин ҳодиса огоҳ карда буданд, вале то кунун ҷузъиёти ин ҳодиса расонаӣ нашудааст.

Русия: Таҳияи қонуни нав дар бораи муҳоҷират

0

Русия мехоҳад қонуни ҷадидеро дар бораи муҳоҷират таҳия кунад, ки тибқи он ҳолатҳои вуруд, будубош ва дигар умури муҳоҷиронро ба шакли дигар танзим кунад.

Муовини сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, Кирилл Адзинов эълон кард, ки қонуни нав дар соҳаи муҳоҷират, ки ҳоло дар Русия таҳия мешавад, метавонад аз соли 2024 эътибор пайдо кунад.

Бино ба маълумоти

Кирилл Адзинов, муовини сардори Сарраёсати ВКД-Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират

Инчунин Адзинов афзуд, ки ду намуди вуруд ба Русия вуҷуд хоҳад дошт: раводид ва бидуни раводид. Қарор аст, як санаде ҷорӣ карда шавад, ки он ҳама ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳоло барои муҳоҷирон тартиб дода мешаванд, иваз кунад. Ҳамчунин ва аз ҷумла, мушаххас кардани қоидаҳои расонидани кумаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва гирифтани раводиди тиббӣ дар назар хоҳад буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бояд ҳуҷҷати ягона бо интиқолдиҳандаи электронӣ дошта бошанд, ки он дар дохили кишвар ҳамчун шиносномаи шахсият хидмат кунад ва барои гирифтани он муҳоҷирон бояд ба мақомоти иҷроияи федеролӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ ариза пешниҳод кунанд, инчунин аз санҷиши биометрӣ гузаранд.

Қирғизҳо хонандаҳои тоҷикро сангборон карданд

0

Сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон карда, дар натиҷа вазъи саломатии ду донишомӯз дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад.

Акс аз Азия Плюс

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Спутник” гуфтааст:

“Ҳодиса соатҳои 11-и 23-уми сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд.”

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса ҳамчунин Ҷӯрабой ном сокини 31-солаи деҳаи Сомониён ва як тифли дигар ҳам ҷароҳат бардоштанд.

Ин ҳодисаи сангборон кардани хонандагони мактаби рақами 64-и дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара рух дода, дар натиҷа дасти кам 4 нафар: ду хонандаи мактаб, як тифл ва як сокини 31-сола ҳам захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни худро дар раисони Ботканду Оқсӯи Қирғизистонро аз ин ҳодиса огоҳ карда, қазияро дар якҷоягӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Шомил нашудани “иховниҳо” ба қонуни афв

0

Бар асоси қонуни афв ҳеч касе аз гурӯҳи “ихвониҳо”-и боздоштшуда дар Тоҷикистон озод нашудааст.

Манобеи Аздо тв мегӯянд, то се рӯз қабл аз ба иҷро даромадани Қонуни афв дар Тоҷикистон наздикону пайвандони “ихвониҳо” умедвор буданд, ки зиндониёни онҳо озод мешаванд, аммо дар рӯзҳои ахир ба онҳо гуфта шуд, ки “бо фармони боло” ҳеч касе аз муттаҳамони ин парванда озод нахоҳад шуд.

Наздикону пайвандони ин гурӯҳ аз зиндониёни кишвар таъкид мекунанд, ки бо вуҷуд боварии комил надоштан ба озод шудани маҳбусони худ пас аз расонаӣ шудани қабули Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” баъзе миёнаравҳои мақомот аз онҳо хоста буданд, ки дар сурати пардохти маблағи муайяне ҳамчун ришвапулӣ метавонанд барои озод шудани зиндониён кумак кунанд, аммо дар охир омада гуфтанд, ки “фармон аз боло аст” ва ба ин хотир онҳо ҳеч коре карда наметавонанд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин миёнаравҳои мақомот барои шомил кардани номи ин зиндониён дар листи афв мешудаҳо то 40 ҳазор сомонӣ талаб карда буданд, вале вақте фармони озод нашудани онҳо “аз боло” содир шудааст, ҳама аз ин кор қафо кашидаанд.

Январи соли 2020 хабари боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми пайравӣ аз Ҳаракати Ихвонулмуслимин расонаӣ шуд.

Дар доираи парвандаи ин афрод аксар устодон ва кормадони илмии донишгоҳҳои пойтахт ва донишҷӯён буданд, ки мақомот онҳоро бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди экстримистӣ ва “маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терорристидошта“ боздошт карданд.

Фаъолияти Ҳаракати Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон дар соли 2006 мамнӯъ эълон гардид, вале мақомоти кишвар пас 14 сол дар доираи ин парванда якбора беш аз 120 нафарро боздошт ва ба муддатҳои аз 5 то 8 сол равонаи зиндон карданд.

Иззат Амон озод хоҳад шуд

0

Ҷамъе аз ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” нисбати Иззат Амон афв татбиқ гардида, вай озод мешавад.

Иззат Амон

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар суҳбат бо “АЗДО ТВ” гуфт:

Шахсоне, ки бо қисмҳои 3 ва 4-и моддаи 247 аз озодӣ маҳрум шудаанд ё нисбати онҳо бо ин модда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, пас аз ҷуброни пурраи зарар озод карда мешаванд ё парвандаи ҷиноятӣ катъ карда мешавад.”

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик ин афрод: “Агар ҷубронро пардохт карда натавонанд, нисбати онҳо афв татбиқ мешавад, аммо барои шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд аз муҳлати ҷазояшон аз се як ҳисса кам карда мешавад.”

Ҳамчунин дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки номи Иззат Амон баъд аз пардохтани пули даъвогарон, ба афв пешниҳод шудааст.

Наздикон ва пайвандонаш ба расонаҳо гуфтанд, ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, вале ба хотири раҳоии ӯ пулро пурра супурданд. Қарзи Иззат Амон назди даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар расида буд.  

Пеш аз ин котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”.

Дирӯз пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ акси нави Иззат Амонро нашр кард, ки гуфта мешавад, рӯзи 22-юми сентябр дар яке аз ҳуҷраҳо дар бинои додгоҳи шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Ин нахустин акси Иззат Амони 48-coла баъди боздошташ аст.

Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад. Моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Видео: ФСБ боздошти гумонбаронро нишон дод

0

Нерӯҳои амниятии Русия (ФСБ) навори панҷ пайрави Толибонро, ки мехостанд ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, нишон дод.

Навор: РИА новости

Дар навор дида мешавад, ки афсарони амниятӣ ба қароргоҳи гумонбарон ворид шуда, аз онҳо далелҳои шайъӣ барои анҷоми фаъолиятҳои ҷиноятӣ меёбанд.

Бино ба иттилои РИА Новости, нерӯҳои амниятии Русия фаъолияти ин ячейкаро, ки аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат буд ва аз моҳи май то сентябри соли равон фаъолият мекарданд, боздошт карданд.

Дар гузориш омадааст, ки нерӯҳои амниятии Русия 10 зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар як ҳуҷра дар Екатеринбург фаъолият мекарданд боздошт кардааст.

Хадамоти ФСБ-и Русия дар вилояти Свердловск гуфтааст, 5 ифротгарои мазҳабии боздоштшуда дар Екатеринбург аз Русия ихроҷ карда мешаванд, аммо нисбати панҷ нафари боқимонда парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст.

Гуфта мешавад, аъзоёни он идеологияи созмонҳои байналмилалии террористиро тарғиб намуда, муҳоҷирони кориро ба содир кардани ҷиноятҳо дар Русия ҷалб мекарданд.

Пештар хабар дода будем, ки дар Екатеринбург панҷ пайрави Толибон бо шумули як нафар шаҳрванди Русия бо номи Сангчаров ва Мусофиров ном шаҳрванди Тоҷикистон бо се зодаи дигари тоҷикистонӣ дар ташкили созмони террористӣ гумонбар дониста шуда, ин афродро мақомоти Русия боздошт карданд.

Дар Душанбе обро кӣ нопок мекунад?

0

Дар шаҳри Душанбе сокинон аз олуда шудани оби дарёи Душанбе маъруф ба “Душанбинка” изҳори нигаронӣ мекунанд.

Акс аз навори Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Рӯзноманигрои тоҷик, Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо нашри наворе дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки ба дарёи Душанбе дар назди пуле, ки маҳаллаи 46-ро ба Колхози Русия мепайвандад, аз як сарчашмаи номаълум оби сиёҳи ғализе ҳамроҳ бо баргу партовҳои зиёд якҷо шуда, дарёро олуда мекунад.

Шиддати ғализии ин обе, ки бо дарё ҳамроҳ мешавад, он қадр сиёҳ аст, ки бархе корбарон онро даҳшат ва бархеи дигар бо истеҳзо гуфтаанд, ки дар Душанбе нефт пайдо шуда, бо оби дарё ҳамроҳ мешавад.

Ғурбатӣ зимни пахши навор аз масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шаҳрдории Душанбе мехоҳад, ки сарчашмаи ин оби ғализро таҳқиқ кунанд ва омилни он тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аз дарёи Душанбе, ки аз васати шаҳр мегузарад, хеле аз сокинони поёноб барои нӯшидан аз он истифода мекунанд ва олудагии об зарар ба саломатӣ мардум дорад.

Тоза нигоҳ надоштани оби умумӣ аз ҷониби баъзе сокинони ва ё корхонаҳои Душанбе борҳо расонаӣ шудааст, аммо боз ҳам дида мешавад, ки беъзе мардум аз чи сабаб бошад ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Изҳори миннатдории маҷбурӣ (Видео)

0

Шурӯъ аз 21-уми сентябр бар асоси қонуни афв садҳо нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.

Навор: Фейсбук

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз зиндониёне, ки шомили афви навбатӣ шудаанд, мехоҳад дар зери дурбин аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён кунанд.

Наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳ ёфта, ки дар он дида мешавад кормандони зиндон ва ё Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз нафаре, ки шомили афв шудааст, мехоҳанд аз Президент изҳори миннатдорӣ кунад, вале ӯ чандон ба суханони кормандони КДАМ сарфаҳм намеравад.

Кормандони КДАМ мепурсанд, ки Ҳукумат ба шумо хӯрок медод? Шахси озодшуда дар ҷавоб мегӯяд, намедонам ҳукуматаш чист, лекин баъзе ҳоҷиён (бештар мардуми пулдорро мегӯянд) ош меоварданд.

Корбарон дар зери ин навор шарҳҳои зиёд навишта, кори маъмурони амниятиро интиқод намудаанд. Аксарият бар иҷборӣ будани навор ишора намуда, гуфтаанд, ки ҳукумат мехоҳад аз ҳар фурсат истифода бурда, барои Эмомалӣ Раҳмон обрӯ касб кунад.

Аммо дар чунин ҳолатҳо барои масъулони зиндон ва маъмурони амнияти кишвар фурсати хуби пул кор кардан даст медиҳад. Аз ҳар маҳбус бо роҳҳои ғайриқонунӣ маблағ меситонанд.

Биноан, корбароне навиштаанд, ки маҳбусони озодшуда на аз Раҳмон, балки аз он идда аз хешу наздиконе изҳори сипосу миннатдорӣ кунанд, ки маблағи зиёд қарз намуда онҳоро озод кардаанд.