25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 588

Корманди корхонаи давлатӣ бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шуд

0

Корманди шӯъбаи сабти техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат барои гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҶТ, дар ин ҷиноят шаҳрванд Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ки Абдулхайров корманди ин муассисаи давлатӣ дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2020, аз сокини Ваҳдат Ҳ.Саидмуродов барои додани шиносномаи техникӣ барои манзил 3 ҳазор сомонӣ талаб намуда, гирифтааст.

Нисбати Искандар Абдулхайров бар асоси моддаи 324 (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз тафтишот суд равон карда шудааст.

ВКД-и Тоҷикистон шахсони боэътимоди ҷомеаи шаҳрвандиро қаллоб хонд?

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боз кардани суратҳисоби бонкӣ барои кумак расондан ба оилаи қурбониён ва зарардидагони даргирии марзӣ дар шаҳри Исфара хабар дод. Бино ба навиштаи вебсайти ВКДТ суратҳисоби бонкии ин вазорат ба он хотир кушода шудааст, ки мардум фиреби қаллобон ва манфиатҷӯёнро нахӯранд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, айни замон шахсоне пайдо шудаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расондан ба зарардидагони даргириҳои марзӣ кортҳои бонкӣ гузошта, мехоҳанд мардумро фиреб кунанд.

Таъкид мегардад, ки Вазорати корҳои дохила барои се навъи асъор кортҳои бонкиро ба шаҳрвандон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла як корт барои пули миллии сомонӣ, корт барои рубли русӣ ва корти дигар барои доллари амрикоӣ.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҳоле мардумро аз қаллобону манфиатҷӯён огоҳ месозад, ки як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар, аз ҷумла рӯзноманигорон, Раҷаби Мирзо, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон бо хоҳиши мардум, ҳамчун шахсони боэътимод барои кумак расонидан ба осебдидагони Ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара кортҳои бонкӣ гузошта ва аз тоҷикистониён хостанд, ки ба он кортҳо маблағҳои хайрмекардаи худро гузаронанд то онро бурда ба муҳтоҷон расонанд.

Дар вокуниш ба хабари Вазорати корҳои дохилаи кишвар Раҷаби Мирзо дар шабакаи иҷтимоии фейсбук навишт, ки ӯ касеро фиреб надодааст ва ин амали некро маҳз бо хоҳиши мардум дорад иҷро мекунад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳар дирами воридшударо бурда ба осебдидагон мерсонанд ва ба мардум ҳамаро гузориш хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш собиқ қозӣ ва собиқ муовини сарвазири кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҳангоми ҳамдардӣ баён кардан ба сокинони осебдидаи Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло ва Ворух пешниҳод кард, ки аз ҷомеаи шаҳрвандӣ шахсони боэътимод ташаббуси кумак расонидан ба ин аҳолиро ба даст бигиранд ва суратҳисобҳои бонкӣ боз кунанд то тамоми мардуми Тоҷикистон аз дуру наздик саҳми худашонро ба хонаводаҳои зарардида бирасонанд.

Дар зимн, Тураҷонзода аз шахсони боэътимоде чун Раҷаби Мирзо, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Умед Ҷайҳонӣ ном бурда буд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 3-уми майи соли ҷорӣ Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Раҷаби Мирзо ҷоизаи “Эътимод”-ро тақдим кард, ки ин боис шуд эътимоди мардуми кишвар ба ин рӯзноманигори коркушта бештар гардад.

Тоҷикистон ба таври расмӣ талафоташ дар даргирии марзӣ бо Қирғизистонро эълом кард

0

Бар асоси хабари сомонаи “Бомдод” бо гузашти як ҳафта аз муноқиша ва даргирии марзии ахир бо Қирғизистон мақомоти Тоҷикистон бори нахуст ба таври расмӣ шумораи кушташудагон ва маҷрӯҳони ин ҳодисаро эълом карданд.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд рӯзи 6 май иттилоъ дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни муноқиша ва даргирӣ дар марзи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо Қирӯизистон 19 тан кушта ва 78 нафари дигар низ маҷрӯҳ гардиданд.

Бино ба иттилоъи расмӣ барои кумак ба оилаҳои онҳо ҳукумати Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо карда аст ва рӯзи 5 май ин кумакҳо ба оилаҳои ҷабрдидаву зарардида супурда шуд. Аз ҷумла ба ҳар оилае, ки азизонашонро аз даст додаанд 70 ҳазор сомонӣ ва ба маҷрӯҳони ин ҳодиса аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумак карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ рӯзи 5 май аз хонаҳои 10 сокини кушташудаи Исфара аёдат карда ба ҳар хонавода 70 ҳазор сомонӣ кумак супурданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми бозгашт аз Исфара ба аҳли хонадони сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки дар ҷараёни муноқиша ва даргирии ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд кумакпули супурда аст.

Барои таъйину аломатгузории марзи давлатӣ Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд

0

Рӯзҳои 01-02 май дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии якҷояи Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора рӯзи 5-уми расонаи ҳукуматии “Ховар” хабар дод.

Бино бар изҳорот “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд.”

Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки гап дар бораи чанд километр хатти марз меравад ва кадом минтақаҳоро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш раиси КДАМ-и Қирғизистон Камчибек Тошиев дар суҳбат бо сокинони деҳаи Мақсат изҳор дошта буд, ки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон тибқи қарори комиссияи кории дуҷониба то 9 май 112 километр сарҳадро муайян мекунанд. Ӯ ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ иброз дошт, ки ин созишнома зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷабборов ба имзо расида, сипас таъйин ва аломатгузории сарҳад анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин дар изҳорити муштараки ҳайатҳои ҷонибҳр гуфта шудааст, ки дар минтақаҳои Овчи Калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, гурӯҳҳои кории ҷонибҳо то 17 майи соли 2021 ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатӣ шуруъ кунанд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчыгай)якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад.

Дар изҳороти Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ин амалро “бо мақсади ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” номидаанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки пас аз ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингард ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ мекунанд.

Дар охири изҳорот гуфта шудааст, ки Ҷаласаи муштараки навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боз ҳам гарон мешавад?

0

Вазорати энергетикаи Қазоқистон бо як фармони худ содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе намудҳои дигари маҳсулоти нафтиро боздошт.

Тибқи ин фармон содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе намудҳои маҳсулоти нафтӣ ба муддати 6 моҳ аз қаламрави Қазоқистон тавассути роҳи автомобилгард манъ мебошад.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон ин иқдомро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз камбуди маводи сӯхт дар бозори дохилии ин кишвар анҷом додааст.

Мамнуияти содироти маводи сӯхт аз Қазоқистон бо роҳи автомобилгард ба дигар кишварҳо дар ҳолест, ки Тоҷикистон қисме аз маводи сӯхтро аз ин кишвар ворид мекунад.

Ба назари коршиносони соҳа мамнуияти содироти маводи сӯзишворӣ аз Қазоқистон боиси боло рафтани нархи бинзену дигар маводҳои сӯхт хоҳад шуд. Чун ду моҳ пеш низ ба далели коҳиши воридоти маводи сӯхт аз Қазоқистон, нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафта буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар мекунад. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

0

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 май барои иштирок дар паради бахшида ба 76-солгарди Ҷашни Ғалаб дар Маскав ширкат варзад. Дар ин бора ТАСС хабар дод.

Гуфта мешавад, Раҳмон бо Путин низ мулоқот анҷом хоҳад дод. Президентҳои ду кишвар зимни мулоқоти навбатӣ, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки дар охири моҳи апрел ба вуқӯъ пайваст, баррасӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои ТАСС, мавзӯи гуфтугӯи раҳбарони ду кишварро намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков ифшо кард. “Албатта вазъ дар марз гуфта хоҳад шуд”, – гуфт котиби матбуотии президенти Русия дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи Песков, Путин ва Раҳмон рӯзи 8 май дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар Маскав мулоқот мекунанд. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз шиддат гирифтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Президети Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ин Парад иштирок намекунад.

Баъд аз “Фароз” навбати IRS. Маблағи паёмакҳои мобилӣ ба ҳисоби ширкати “IRS ворез мешаванд?

0

Дар Тоҷикистон арзиши тамосҳои мобилӣ ва SMS-паёмакҳо то 60 дарсад гарон мешавад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хидматрасонии паёмакҳои кӯтоҳи мобилиро дар кишвар дар ихтиёри ширкати оффшории IRS, ки моликонаш расман маълум нестанд, вале гуфта мешавад, аз наздикони раисҷумҳур Раҳмон ҳастанд, қарор дод. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба манобеаш хабар медиҳад.

Тибқи ин хабар, аз ин ба баъд маблағи SMS-паёмакҳое, ки бештар таксиву бонкҳо, онлайн-хизматрасониҳо, букмекерҳо ва дигар ташкилоту ширкатҳо онро тариқи SMPP-шлюзҳои операторони мобилӣ ба муштариёни худ ирсол мекунанд, ба ҳисоби ширкати оффшории IRS ворез мешаванд.

Гуфта мешавад, акнун шарикони операторони мобилии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо ширкати оффшории IRS шартнома имзо кунанд.

“Дар натиҷаи монополия кардани бозор SMS-паёмакҳо тибқи маълумоти гуногун, то 60 баробар боло рафта метавонанд: аз 0,5 дирам то 30 дирам барои 1 SMS. Ин маънои онро дорад, ки алоқаи мобилӣ барои ҳамаи корбарон қимат мешавад”, омадааст дар хабар.

Аз ҳама муҳимамш ин ки ширкати офшории IRS мутааллиқ ба наздикони раисҷумҳур бо инҳисор кардани паёмакҳои мобилӣ ба маълумоти шахсӣ, мукотибаи ҳар кадоме аз корбари интернет дастрасӣ пайдо мекунад.

Дар ҳамин ҳол муовини сардори Хадомати Алоқа Илҳом Атоев ба “Азия-Плюс”, ин хабарро рад карда, гуфтааст, ки “Ин маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ман дар ин бора чизе намедонам. Аз ҷониби кӣ паҳн шудани чунин маълумоти бардурӯғро фаҳмидан даркор аст”.

Аммо коршиносони мустақил гуна шудани корро аз эҳтимол дур намедонанд. Зеро ширкати “Фароз”, ки мутааллиқ ба домоди раисҷумҳур аст, тавониста, ки аксари тиҷоратҳои бузурги кишварро инҳисор кунад. Ва ширкати оффшории IRS, ки тиқби баъзе фарзияҳо низ ба яке аз домодони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, инҳисори тиҷоратҳои боқӣ монда кори чандон душвор нест.

Чаро Қирғизистон худро ҳамчун қурбонии таҷовузи Тоҷикистон нишон медиҳад?

0

Дар ҳоле, ки оморҳои расмӣ аз додани маъумот дар бораи қурбониёни низоъи марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Азия Плюс аз қавли манбаъи худ адади қурбониёнро аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар гуфт.

Бояд гуфт, ки ин адад ҳамарӯза дар пайи афзоиш аст. Радиои Озодӣ низ дирӯз 4 апрел исмҳои 18 нафар аз қурбониёнро дар низоъи ахири марз навишта буд. 88 нафар низ дар он задухурд захмӣ шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон, ки аз аввали таниш пайваста дар расонидани иттилоот ба шаҳрвандонаш аз шаффофият кор гирифит аз 183 шаҳрванди маҷруҳ шудааш хабар медиҳад.36 нафари дигар бар асраи он задухурдҳо ҷон бохта аст.

Низоъҳо дар қитъаҳои гуногуни марзи Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан ҳамасола рух медиҳанд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 киломтр хатти марз доранд, ки танҳо 580 километри он муайян шуда аст.

Сабаби даргирҳоро коршиносон пеш аз ҳама, дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар бораи делимитатсияи сарҳад (муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариш ва харитаи он) мегуянд, ки аз соли 2002 инҷониб давом дорад ва то ҳол ба итмом нарасидааст.

Душворӣ дар раванди гуфтушунидҳо аз он сабаб ба амал омадааст, ки ҳар як тараф ҳангоми муайян кардани марзҳо харитаҳои Шӯравии солҳои гуногунро мелок қарор медиҳанд, ки барои ҳар кадом шароити беҳтареро барои соҳиб шудани қисмате аз заминҳо баҳсӣ фароҳам бикунад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар рӯзи 3-юми май дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст. Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Қирғизистон ният дорад ин хонаҳоро то ҳамин тирамоҳ барқарор кунад.

Бо вуҷуди расидан ба оташбас дар майдони ҷанг, ҳанӯзҳам даъвоҳо бар болои аз сӯи кӣ оғоз шудани низоъ идома дорад.. Ҳоло ба  иттилои Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон мехоҳад барои рӯзноманигорони расонаҳои байналхалқӣ ба вилояти Бодканд сафари корӣ ё пресс-тур ташкил кунад.

Рӯзноманигоронро ба мавзеҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебаранд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён дидаанд. Байтерек мегӯяд, “Мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем. Дар ҷои ҳодиса он чиро ки гузашт ба рӯзноманигорон нишон медиҳему шарҳ медиҳем. Онҳо бо чашмони худ ҳама чизро мебинанд ва хулоса мебароранд”.

То кунун 26 рӯзноманигор аз 20 расона, ки 10 расонаи он байналхалқӣ аст, барои рафтан ба Бодканд сабти ном кардаанд.Бар илова Додситонии кулли Қирғизистон, Тоҷикистонро ба вайрон кардани як қатор созишномаҳои байналмилалӣ дар ҷараёни низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар айбдор кард. Додситонӣ аз рӯи далелҳои ҳуҷум ва “ҷиноятҳои дигар” парвандаи ҷиноӣ боз карда, изҳор доштааст, ки 29 апрел дар минтақаи Бодканд, гурӯҳҳои бандитӣ ва нерӯҳои Тоҷикистон “ба марзҳои Ҷумҳурии Қирғизистон хиёнаткорона ҳамла карданд”.

Ба иддаои Додситонии Қирғизистон, ҳамла бо истифода аз “автоматҳо, миномётҳо, чархболҳои ҷангӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар навъҳои силоҳ” алайҳи аҳолии осоишта анҷом шудааст. Дар ҳоле, ки Додситонии кулли Тоқикистон  мегуяд, ки аввалин шуда шаҳрвандони Қирғизистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон таҷовуз нишон доданд.

Бар асоси иттилои вазорат 29-уми апрел марзбонони Қирғизистон ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ дар назди гузаргоҳи Хоҷа Аълои Исфара ҷамъ омадаанд, ки дар онҷо муҳандисони тоҷик камераҳои видеоии пешакӣ насбшударо назорат мекардаанд.

Намояндагони ҷониби Қирғизистон аз ҷумла низомиён бидуни пурсидани чизе ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сангандозиро оғоз карданд. Дар ҳоле сутунеро, ки яке аз муҳандисони тоҷик кор мекард буриданд, омада аст дар изхороти додситонии кулл.

Додситонии кулли Тоҷикистон Дар  робита ба ҳамин қазия алайҳи 200 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар марз муноқиша барпо карданд парвандаи ҷиноӣ боз карда аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 апрел низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи нуқтаи тақсимоти оби Головной оғоз ёфт. Сабаби сар задани муноқиша насб кардани як камераи назорати видеоӣ аз ҷониби Тоҷикистон  дар назди обанбор гуфта мешавад. Қирғизистон низ пештар дар ин минтақа камераи назорати видеоӣ насб карда будааст.

Дар паи кушишҳои ахири Бишкек ҷиҳати гунаҳкор донитсатни Тоҷикистон коршинос Даниил Кисилев дар хабаргузории Фергана, мегуяд “пас аз задухӯрдҳои хунин дар марз, ҳам мансабдорони Бишкек ва ҳам васоити ахбори умуми Қирғизистон ҳама чизи имконпазирро ба харҷ медиҳанд, то Қирғизистонро ҳамчун қурбонии таҷовузи Тоҷикистон муаррифӣ кунанд

Донишманди тоҷик Умед Ҷайҳонӣ ахиран, дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук навишт:

“Қирғизистон на оштӣ мехоҳад ва на оштиро мепазирад. Акнун мехоҳад рӯзноманигоронро ба марз бо Тоҷикистон бибарад то онҳо дурӯғу фиреби қирғизҳоро ба ҷаҳон парокананд. Қирғизистон бо чунин иқдоме мехоҳад афкори умумро барои ҳамла ба Тоҷикистон омода кунад. Яъне ин иқдом яке аз марҳилаҳои барномарезӣ барои ҳамла аст. Тоҷикистон бояд ин иқдомро дар нутфааш хунсо кунад. Ҳамсояе, ки оштӣ намехоҳад, ҳамзистии осоишта ҳам намехоҳад. Дигар набояд аз ёриву бародархондагӣ лоф зад. Балки: омода ба ҷанг бош, гар оромӣ бихоҳӣ!”

Ҷанги иттилоотӣ-марҳалаи ҷадид дар низои байни Тоҷикистону Қирғизистон

0

Рӯзи 28-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, сари нуқтаи тақсимоти об дар қаламрави баҳсӣ, ки ҳарду аз кишварҳо онро азони худ медонанд, низои хунине оғоз ёфт. Даргирӣ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” сар зад, ки ҷониби Тоҷикистон мехоста дар он камераҳои назоратӣ насб кунад.

Ин минтақа бо минтақаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст. Душанбе иддао дорад, ки низомиёни Қирғизистон кӯшиши забт кардани иншоотро бо истифодаи силоҳ кардаанд. Аммо Бишкек меӯяд, ки марзбонони тоҷик аввал оташ кушодаанд.

Субҳи 29-уми апрел то шоми он рӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, задухӯрди шадиди мусаллаҳона сурат гирфит. Дар натиҷаи ин муноқишаи марзӣ 183 шаҳрванди Қирғизситон маҷруҳ шуда, 36 нафар ҷон бохта аст. Маълумоти расмӣ дар бораи қурбониён аз Тоҷикистон ироа намешавад. “Радиои Озодӣ” то кунун номи 18 нафар аз қурбониёни ин муноқишаро маълум карда, ки 10 тоашон низомиён ва 8 тои дигар ғайри низомӣ будаанд.

Вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шоим 29 апрел барои оташбас дар марз ба созиш расиданд. Ва эълом шуд, ки рӯзи 29 апрел соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Маскав) оташбаси қатъӣ сурат бигирад ва нерӯҳои мусаллаҳро ба ҷойҳои истиқомати қаблии худ бозгардонанд.

Дертар дар рӯзи шанбе якуми май раҳбарони кумитаҳои амнияти милии Тоҷикистону Қирғизистон дар наворе аз ба тавофуқи комили оташбас расидан хабар доданд.

Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки тавофуқи оташбас ҳосил шудааст ва ба зудӣ артиши ҳарду кишвар аз марзҳо дур бурда мешаванд. Ба гуфтаи Тошиев тавофуқнома аз 4 банд иборат аст, аммо ҷузъитёти он шарҳ дода нашуд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар рӯзи 3-юми май дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст. Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Қирғизистон ният дорад ин хонаҳоро то ҳамин тирамоҳ барқарор кунад.

Бо вуҷуди расидан ба оташбас дар майдони ҷанг, ҳанӯзҳам даъвоҳо бар болои аз сӯи кӣ оғоз шудани низоъ идма дорад. Ба гуфтаи коршинос Даниил Кисилев дар хабаргузории Фергана, “пас аз задухӯрдҳои хунин дар марз, ҳам мансабдорони Бишкек ва ҳам васоити ахбори умуми Қирғизистон ҳама чизи имконпазирро ба харҷ медиҳанд, то Қирғизистонро ҳамчун қурбонии таҷовузи Тоҷикистон муаррифӣ кунанд”. Ҳоло ба  иттилои Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон мехоҳад барои рӯзноманигорони расонаҳои байналхалқӣ ба вилояти Бодканд сафари корӣ ё пресс-тур ташкил кунад. Рӯзноманигоронро ба мавзеҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебаранд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён дидаанд. Байтерек мегӯяд, “Мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем. Дар ҷои ҳодиса он чиро ки гузашт ба рӯзноманигорон нишон медиҳему шарҳ медиҳем. Онҳо бо чашмони худ ҳама чизро мебинанд ва хулоса мебароранд”.

То кунун 26 рӯзноманигор аз 20 расона, ки 10 расонаи он байналхалқӣ аст, барои рафтан ба Бодканд сабти ном кардаанд.

Донишманди тоҷик

Сурат: Интернет. Абдуманнон Шералиев

Абдуманон Шералиев: “Чаро кӯшиши пирӯзӣ? Қирғизистон аз рӯзи аввали ҷанги иттилоотӣ пирӯз буд. Ҳоло танҳо мекӯшад ин пирӯзиро ҳифз кунад. Метавон гуфт бохти Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ “бохти техникӣ” буд – бинобар ширкат накардан дар он. То ҳанӯз Тоҷикистон вориди ҷанги иттилоотӣ нашудааст ва он яктарафа сурат мегирад. Кӯшиши мухолифон ва баъзе фаъолону журналистон барои истодан муқобили артиши бузурги иттилоотии Қирғизистон натиҷаи камтар дорад, чун нобаробарии қувваҳо 1 бар 1000 аст.

Аммо бурдани хабарнигорони хориҷӣ ба Ботканд як ҷузъи хеле кӯчаки ин ҷанг аст”.

Эмомалӣ Раҳмон намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

0

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзодро ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидор вазъи кунунии Афғонистон, раванди барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масоили муҳимми минтақа ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва тавсеъаи муносибати бисёрҷонибаи ин кишвар бо Тоҷикистон доимо дар маркази таваҷҷӯҳи ӯст. Тоҷикистон хостаҳои ҳукумати Афғонистонро оиди истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунад. Душанбе аз гуфтушунидҳои байни афғонҳо, ки бо ин мақсад дар ҷараён аст истиқбол мекунад, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо, ки амнияти минтақаро баррасӣ мекунанд бар аҳмияти таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи таҳдидҳо ва хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноёти муташаккилонаи фаромиллӣ таъкид карданд.

Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуд минбаъд низ талош хоҳад кард то дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ва дар ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии он саҳм бигирад.

Мо аз сиёсати Ҷумхурии Тоҷикистон ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳамкорӣ ва расидан ба сулҳу суботу пешрафт дар Афғонистон қаноатмандем, гуфт Залмай Халилзод пас аз ин дидор хабар медихад АМИТ Ховар.

Ба гуфтаи ӯ Афғонистон пуле аст дар байни Осиёи Марказӣ ва сулҳу субот дар ин минтақа барои рушди тиҷорат, ҳамлу нақли молу маҳсулот барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Ин яке аз ҳадафҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико аст.